Баҳо ва баҳогузорӣ ба фаъолияти донишандӯзии хонандагон

 

Зермавзӯъҳо:

  1. Баҳо, баҳогузорӣ ва аҳамияти он
  2. Балл ва балдиҳӣ
  3. Меъёрҳои баҳогузорӣ

1.Баҳо натиҷаи назорати фаъолияти таълимӣ – идоракунии хонандагон аст. Яъне баҳо дар натиҷаи назорат муқаррар кардан, аз тарафи хонандагон иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон  гузошташуда мебошад. Баҳои фаъолияти хонандагон дар муҳокимаю мулоҳизаҳои баҳогузорӣ ва хулосаҳои муаллим ифода мегардад, ки он чӣ дар шакли шифоҳӣ ва чӣ дар шакли хаттӣ ба амал бароварда мешавад. Ифодаи миқдори баҳо  (системаи 5 бала) мебошад. Баҳогузорӣ ин ҷамъбаст кардани натиҷаи донишҳои азхудкардаи хонанда  аст. Асоси онро бақайдгирии натиҷаҳои назорати ҷорӣ, даврӣ ва ҷамъбастӣ ташкил менамояд.

Аҳамияти  баҳогузорӣ  барои кори таълим ниҳоят  муҳим аст.  Баҳогузорӣ дар талабагон  муносибати дурустро ба кори хониш барору нобарориҳои худ мепарварад. Баҳо дар хонанда як ҳиссиётеро нисбати худ  пайдо мекунад. Муаллим маълум менамояд, ки маводи таълимиро кӣ хуб, кӣ суст аз худ кардаву кӣ умуман намедонад, ҳамин тавр омӯзгор чораҳо андешида кӯшиш менамояд, ки хонандагон маводро ба дараҷаи даркорӣ азхуд кунанд. Муаллим ба кори худ аз   нуқтаи назари танқидӣ нигариста, роҳҳои беҳтарини таълимро  ҷустуҷӯй мекунад, усули таълимро таѓйир медиҳад, роҳу воситаҳои муносибати фардиро бо хонандагон дарёфт менамояд. Баҳогузорӣ ба мавқеи хонандагон дар байни ҳамсолон, назди волидон низ таъсир мерасонад. Баҳои хуб муваффақиятҳо меораду баҳои паст боиси нобаробариҳо шуда, хислатҳои шахсияти хонандаро пайдо кунонда, мавқеи ӯро дар байни ҳамсолону калонсолон дигаргун месозад.

Балл аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда маънояш кура мебошад. Дар педагогика намуди шартии баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат, малака ва рафтори хонандагон мебошад. Бо балл баҳогузорӣ дар ҳар мамлакат ҳар хел аст. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руссия, як қатор мамолики Аврупо ва давлатҳои муштаракулманофеъ системаи 5 бала (1,2,3,4,5) истифода бурда мешавад. Дар Нидерландия бошад, системаи 10 бала, дар Италия системаи 11 бала, дар Эрон системаи 20 бала ва ѓайра истифода бурда мешавад. Ба ѓайр аз ин дар баъзе мамлакатҳо масалан, дар Германия бали беҳтарин 1 ҳисобида мешавад, вале дар дигар мамлакатҳо, масалан, дар Тоҷикистон баръакс бали пасттарин 1 ҳисобида мешавад.

Системаи баҳогузории 5 бала ба фаъолияти таълимии хонандагон таърихи ба худ хоси пайдоиш дорад. Ҳанӯз солҳои 20-уми асри XX, дар он даврае, ки дар педагогика шаклҳои ташкилии таълими лоиҳавӣ ва бригадавию лабораторӣ амал мекард, ба хонандагон ба таври инфиродӣ баҳо гузоштан вуҷуд надошт. Он вақт баҳо ба кулли гурӯҳ ё бригада гузошта мешуд. Ин тавр баҳогузорӣ фаъолияти таълимии хонандагонро ҳавасмандӣ намебахшид. Баъди он системаи дузинагии баҳогузорӣ ба вуҷуд омад, ки дар асоси он ба фаъолияти хонандагон хаттӣ қаноатбахш ё ѓайриқаноатбахш гӯён баҳо мегузоштанд.

Ин намуди баҳогузорӣ низ сифати фаъолияти таълимии хонандагонро пурра тавсиф карда наметавонист. Маҳз соли 1935 баҳогузории 5 зинагии хаттӣ  ҷорӣ карда шуд, ки хеле хуб, хуб, миёна, бад ва хеле бад гӯён менавиштанд.

     Соли 1944-ум бошад, ба ҷои баҳогузории 5 балаи хаттӣ  баҳогузории 5 балаи рақамӣ   дар Тоҷикистон расмӣ гардид, ки ҳоло ҳам мавриди истифода қарор дорад.

  1. Натиҷаи санҷиш баҳогузорӣ ба дониш мебошад, ки муаллим онро дар дафтару рӯзномаи хонанда ва журнали синф сабт менамояд. Баҳо аз сифати дониш, иҷрои барномаи таълимӣ, самараи кори хониши хонандагон ва дараҷаи инкишофу пешрафти онҳо далолат медиҳад. Дар ҷараёни тамоми соли таҳсил баҳогузорӣ аз рӯи талаботҳои асосӣ ба дониш ва маҳорати хонандагон сурат мегирад. Намудҳои санҷиш ва баҳогузорӣ инҳоянд:
  • санҷиш ва баҳогузорӣ дар рафти машѓулиятҳои ҳаррӯза;
  • санҷиш ва баҳогузории чорякӣ;
  • баҳогузории солонаи хониш;
  • имтиҳонҳои хатмкунӣ ва аз синф ба синф гузаронӣ.

Баҳогузорӣ ба дониши талабагон аз рӯи мақсадҳои гузошташуда ва имкониятҳои синну солии онҳо амалӣ гардонида мешавад. Дар вақти баҳогузории тартиби 5 бала, дурустии баёни мавзӯи нав, истилоҳоти илмӣ, мустақилии ҷавоб, саводнокии нутқ ва пайдарҳамии мантиқии нақл ба ҳисоб гирифта мешавад.

Баҳои «5» ба дониши амиқ ва комилан азхудкардаи ҳаҷми барномаи таълимӣ, мустақилона баён кардани мавод, мантиқан, бенуқсон ҷавоб додан гузошта мешавад.

Баҳои «4» ба хонандае гузошта мешавад, ки ӯ мазмуни асосии мавзӯъ ва барномаи  таълимиро медонад, мустақилона маводи таълимиро нақл мекунад, вале дар вақти хулосаҳои ҷамъбастӣ ва ҷавобгӯӣ ба андаке хатогиҳои ҷудогона роҳ медиҳад.

Баҳои «3» ба хонандае гузошта мешавад, ки ӯ маводро хондааст, масъалаҳои асосии мазмуни мавзӯъро медонад, вале донишаш мукаммал нест, фикрашро возеҳ баён карда наметавонад, ҷавобаш канда-канда буда, ба кӯмаки муаллим ниёзманд аст.

Баҳои «2»  ба хонандае гузошта мешавад, ки маводро азхуд кардааст, дар вақти ҷавобгӯӣ ба хатогиҳои даѓал роҳ медиҳад, ба саволҳои иловагии муаллим ҷавоб дода наметавонад.

Баҳои «1»ба хонандае гузошта мешавад, ки маводи барномавиро намедонад, дар бораи мавзӯи таълимӣ тасаввурот надорад ва ба саволҳои иловагии муаллим ҷавоб дода наметавонад. 

Адабиёт:

  1. Амоншвили Ш. А. Воспитателҳная и образовательная функции оценки учения школьников. –Москва, 1984
  2. Аҳмадов Т. Ашӯрова Д. Педагогика дар саволу ҷавобҳо. –Душанбе, 2007
  3. Полонский В. М. Оценка знаний школьников. –Москва, 1982

#

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.