Қисмҳои таркибии тарбия

Метод ва воситаҳои тарбия

Одам маҳз бо шарофати ҳамин қисматҳои тарбия аз ҳайвон фарқ мекунад. Гирифтани тарбия барои одам синну сол надорад, он ҳама вақт ба тарбия мӯҳтоҷ аст. Аз ин лиҳоз Саъдии Шерозӣ чунин гуфтааст:

В-одамиро, ки тарбия накунӣ,

То ба садсолагӣ харе бошад!

Бояд гуфт, ки қисматҳои таркибии тарбияро дар рафти омӯзиши ҳамаи фанҳои таълимӣ истифода бурдан мумкин аст.

  1. Методи тарбия ин мазмун, роҳ ва усулҳои тарбия мебошад. Он аз истилоҳи юнонӣ гирифта шуда дар забони тоҷикӣ маънои роҳ ё равишро дорад. Методи тарбия дар раванди ташаккули сифатҳои шахсият барои инкишофи муҳити талаботию сабабнокӣ, тафаккури хонандагон барои ҳосил кардани маҳорату малакаҳои рафтори ҳамида ва инчунин барои таҳриру такмили он истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва ѓайра, ки дар рафти таълим ва тарбия ба вуқӯъ мепайвандад, фаҳмида мешавад.

Методҳои тарбия бисёранд ва олимони ин соҳа онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардаанд:

а) Методҳои ташаккули шуури шахсият – ба  шуури хонандагон таъсир мекунанд, ки ба он услубҳои фаҳмонидан, панду насиҳат, маслиҳат, илтимос, хоҳиш, ҳикоя, сӯҳбат, ибрат ва намуна дохил мешаванд.  Ин методҳо ба инкишофи ҳисси ирода, ақлу заковат ва ташаккули эътиқоду ақидаҳои кӯдакон мадад мерасонад.

б) Методҳои ташкили фаъолият  ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ – дар ҷараёни фаъолият таҳти коркунӣ ва робита  ташаккул меёбад. Фаъолият ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ на фақат олами ботинии шахсиятро ифода мекунад, ҳамчунин он омили  ҳалкунандаи худҳаракатдиҳӣ ва инкишофи  шахсият мебошад. Ба ин гурӯҳ методҳои талаботи педагогӣ, афкори умум, ёддиҳӣ, супориш, муҳайё намудани вазъиятӣ тарбиявӣ шомил мешаванд.

в) Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ – вазифаҳои иҷрошуда ислоҳи камбудиҳо ва ҳавасмандгардонии рафтор ва фаъолияти тарбиягирандагонро фаро мегирад. Кирдори  амалиёте, ки аз тарафи хонандагон анҷом меёбад, баҳри пойдору устуворӣ ва минбаъда  инкишофдиҳии онҳо бояд аз ҷониби муаллим маъқул ё маҳкум карда шавад. Ба ин гурӯҳ методҳои мусобиқа, ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ дохил мешавад.

г) Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ – ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ва муаллим кӯмаки зиёд мерасонад. Ба методҳои асосии назорат инҳо дохил мешаванд: мушоҳидаи педагогӣ, сӯҳбат, самти бомаърифатӣ, фаъолияти корҳои ҷамъиятӣ, иҷрои супоришҳои органҳои худидоракунӣ, омӯхтани рафтори тарбиятгирандагон ва ѓайра.

Усули тарбия – қисми методи тарбия буда, вай дар равандҳои педагогӣ аз он ҷудо мешавад. Усули тарбия нисбати метод хусусияти мустақилӣ дорад. Усулҳои тарбия ва методҳо ба якдигар зич алоқаманданд, онҳо дар вазъи мушаххаси педагогӣ ба якдигар табдил меёбанд. Ба усулҳои тарбия шарҳдиҳӣ, нақл, сӯҳбат, одаткунӣ, ташкили ҳаёт мувофиқи тартиби рӯз, ибратнишондиҳӣ, маслиҳатдиҳӣ, насиҳатгӯӣ, пандомӯзӣ, боварикунонӣ, илтмоскунӣ танбеҳдиҳӣ, айбкунӣ, маҳкумкунӣ ва ѓайра дохил мешавад.

  1. Воситаҳои тарбия он чорабинӣ ё шаклҳои кори тарбиявӣ (маҷлис, ахбор, сӯҳбат, мубоҳиса, вохӯрӣ, шабнишиниҳо ва ѓайра) намудҳои фаъолияти хонандагон (машѓулиятҳои таълимӣ, маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳо, олимпиадаҳо ва ѓайра), инчунин ашёи намоишдиҳӣ (суратҳо, кинофилмҳо ва ѓайра), ки дар равиши амалиёти ин ё он метод истифода бурда мешавад, ба ҳисоб мераванд. Чунончи, барои дар хонандагон амалӣ гардонидани методи ибрат ва намуна аз чунин воситаҳои тарбия иятифода бурдан мумкин аст: сӯҳбати эзоҳӣ, ахлоқӣ, санъатӣ, ҷаласа, машқ ва дигар воситаҳои тарбияро ба методҳо мансуб медонанд, ки ин хатои калон аст. Зеро ин методҳо ба сифати воситаҳо барои амалӣ гардонидани методи ибрат ва намуна чун ҷузъиёти таъсиррасон истифода бурда мешаванд. Яъне методҳои сӯҳбати этикӣ, ҷаласа, мубоҳиса, намоиши филмҳо, муқоиса, машқ ва ѓайра ҳамчун қисмати шакли ину он методи тарбия истифода шуда, вазифаи воситаи методро адо мекунад.

Адабиёт:

  1. Вульфов В.Д. Основы педагогики. – Москва, 2000.
  2. Победоноссев Г.А. Совершенствуем систему воспитания, – Москва, 1989
  3. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  4. Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди 8. – Душанбе, 1988.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.