Тарбияи ахлоқии хонандагон

 

Зермавзӯъҳо:

  1. Тарбияи ахлоқии хонандагон.
  2. Вазифаҳо ва мазмуни тарбияи ахлоқӣ.
  3. Хусусиятҳои синну соли хонандагон дар тарбияи ахлоқӣ.
  4. Шаклҳо ва услубҳои тарбияи ахлоқӣ.

Тарбияи ахлоқӣ қисми таркибии тарбия буда, он муносибати байни одамонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба тартиб медарорад. Ахлоқ ҳамаи муносибатҳои хулқу одоби одамонро дар бар мегирад ва яке аз шаклҳои шуури ҷамъият мебошад. Ахлоқ, пеш аз ҳама, бо шароити ҳаёти моддии ҷамъият муайян карда шуда, ҳастии ҷамъиятии одамонро инъикос мекунад. Дар баробари таѓйир ёфтани сохти ҷамъиятї ахлоқи одамон низ таѓйир меёбад. Ахлоқ ҳодисаи таърихӣ – ҷамъиятӣ буда, дар ҷамъияти синфӣ характери синфӣ дорад. Тарбияи ахлоқ аз оила оѓоз ёфта дар муассисаҳои томактабӣ ва мактаб идома меёбад. Дар мактаб хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, интернатсионализм, муносибати демократӣ ба меҳнат, гуманизм, коллективизм, рафоқат, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ба назари танқидӣ баҳо дода тавонистан ба рафтори худ тарбия карда мешавад.

Моҳияти ахлоқ аз он иборат аст, ки одамизод ва ахлоқ бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонад, инсон дар ҳар ҷомеа аз рӯи қоидаҳои мавҷудаи он амал ва зиндагӣ мекунад.

Одобу рафторро ахлоқ муайян карда,  муносибати одамонро ба аҳли ҷомеа, давлат ва истеҳсолот нишон медиҳад. Ахлоқу одобро чӣ тафовутест? Ахлоқ бо донишу ҷаҳонбинӣ ва олами ботинии инсон алоқаманд аст; одоб бошад, рафторест, ки дар ҳаракату муносибатҳои ҳар кас ба чашм мерасад.

Меъёр ва аломатҳои тарбияи ахлоқ  аз инҳо иборат аст: фаъол будан, хизмати беѓаразона ба ватан кардан, мунтазам ѓанӣ гардонидани тарбияи ахлоқии худ ва ѓайра.

Бояд гуфт, ки ахлоқ оид ба тафовути нек ва бад баҳс карда роҳи камолот ва хушахлоқ шудани одамонро мунаввар менамояд.

Бадриддин Ҳилолӣ дар бораи ахлоқ чунин гуфтааст:

Ахлоқ маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,

Баҳоре дар  камоли эътидол аст.

  1. Тарбияи ахлоқӣ дар асоси арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва умумибашарӣ ба амал бароварда мешавад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ аз инҳо иборат аст:
  • ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият;
  • барҳам додани иллату камбудиҳои ахлоқӣ;
  • тарбияи интизоми бошуурона;
  • инкишофи ҳаматарафаи шахсият.
  • Ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият ин яъне дар рӯҳияи адлу инсоф, фарқ надоштани амалу сухан, инсондӯстӣ, муҳаббат ба ҷамъият ва ватан тарбия кардан аст. Ин вазифаҳоро дар машѓулиятҳои дарсӣ, корҳои берун аз синфию берун аз мактабӣ амалӣ кардан мумкин мебошад.
  • Барҳам додани иллату камбудиҳои ахлоқӣ – камбудиҳои ахлоқии бачагон пеш аз ҳама дар мактаб ва  оила ба назар мерасад. Алалхусус, дар мубориза ба нуқсонҳои ахлоқии хонандагон муаллиму волидайн нақши муҳим  мебозанд. Мактабу оила дар якҷоягӣ кор карда, дар фарзандон самимият, ташаббускорӣ, фаъолиятнокӣ, меҳнатдӯстӣ барин сифатҳои хуби ахлоқиро бояд паравариш намоянд.
  • Тарбияи интизоми бошуурона – яке аз вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ мебошад, ки дар фаъолияти ҳаррӯза, рафтору кирдор дар муомила бо дигарон, яъне дар ҷаҳонбинии шахс падидор мегардад.  Танҳо муаллимоне, ки хислатҳои некро соҳибанд, ба хонандагон тарзи рафтори  дурустро дар ҷамъият ёд дода метавонанд.
  • Инкишофи ҳаматарафаи шахсият – мақсади он одамони хушрафторро тайёр кардан аст. Дар ин ҷода истифода намудани панду ҳикматҳои ахлоқии ниёгонамон ниҳоят муҳим аст.

Гуфтам: – чӣ кунам, ки бар табиб ҳоҷат набошад?

Гуфт: – кам хӯрдану кам хобидану гуфтан.

Гуфтам: – аз мардумон кӣ оқилтар аст?

Гуфт: – он ки кам гӯяду беш шунавад ва бисёр донад.

Хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ дар тарбияи ахлоқӣ шарти муҳими пешрафти кор мебошад. Агар муаллим, роҳбари синф хусусиятҳои хонандагонро донад, самарабахшии кори тарбиявии ӯ меафзояд. Дар мактаб тарбияи ахлоқӣ, ки аз боѓча оѓоз намуда буд, идома меёбад, муаллим одатҳои хуби ахлоқиро, ки хонанда дар боѓча пайдо кардааст, инкишоф медиҳад. Яке аз хусусиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ин аст, ки онҳо ба калонсолон бовар мекунанд, супоришҳои онҳоро бечунучаро иҷро мекунанд.

Онҳо дар сини 7-10 солагӣ аз қоидаҳои рафтор воқиф гашта, риояи онҳоро зарур мешуморанд. Тарбияи ахлоқии хонандагони синфҳои V-VI бо як хусусият фарқ мекунад. Дар ин синну сол хонандагон бисёртар донистани қоидаҳои ахлоқиро пайдо мекунанд, ба одобу рафтори рафиқон ва худашон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медиҳанд. Шуури ахлоқии ин хонандагон инкишоф ёфта, мафҳумҳои меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, хоксориву фурӯтанӣ, адлу инсоф, қатъият ва ѓайраҳоро мефаҳманд.

Дар синфҳои VII-XI бошад, мафҳумҳои обрӯй, қарз, вазифа ва масъулият ба онҳо фаҳмову дастрас мегардад. Одами аз ҷиҳати ахлоқӣ тарбия гирифта шахсест, ки на танҳо  донишҳои ахлоқиро аз бар намудааст, балки дар вазъияти  ѓайриоддӣ чи тавр рафтори дуруст карданро медонад. Ҳамин тавр, тарбияи ахлоқии хонандагон бо назардошти хусусиятҳои синну сол ва фардии онҳо бояд ба роҳ  монда шавад. Дар синфҳои ибтидоии мактаби асосӣ ва миёна талабе вуҷуд дорад, ки шакл, тарзу усулҳо, воситаҳои тарбияи ахлоқӣ мувофиқи вазифаҳо ва дараҷаи тарбияи шогирдон бошад.

Тарбияи хислату сифатҳои ахлоқӣ бидуни таъсиррасонӣ ба шуур, ҳиссиёт ва рафтору одоби хонанда имконнопазир аст. Барои таъсиррасонӣ ба онҳо шаклҳо ва услубҳои тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд омадааст, ки ин шаклу услубҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Ба гурӯҳи якум услубҳое шомиланд, ки бо ёрии онҳо шуури ахлоқӣ, муҳокимаҳо, баҳодиҳӣ, мафҳумҳо, эътиқод ташаккул меёбад. Сӯҳбати ахлоқӣ, нақлҳо оид ба мавзӯъҳои ахлоқӣ одоб, лексияҳо, мубоҳисаву конфронсҳо бахшида ба масъалаҳои ахлоқӣ, экскурсияҳо ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.

Гурӯҳи дуюми услубҳо  ба ташкили ҳаёт ва фаъолияти хонандагон нигаронида шуда, ба пайдо кунонидани таҷрибаи муносибативу рафтори ҷамъиятӣ хизмат мекунад. Ба ин гурӯҳи шаклу услубҳои тарбияи ахлоқӣ машқ ва одаткунӣ мутааллиқ мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки шаклҳо ва услубҳои тарбияи ахлоқӣ аз якдигар ҷудо, дар алоҳидагӣ гӯё истифода мешуда бошанд. Ҳаргиз чунин нест. Услубҳо ҳангоми ташаккулдиҳии шахсияти том якҷоя дар алоқамандии зич корбаст мешавад  ва ҳамеша бо вазифаҳои тарбия, хусусиятҳои  синну солии хонандагон ва дараҷаи  тарбияи  гирифтагиашон мувофиқ мебошад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.