Методҳои тарбия

 Таснифоти методҳои тарбия.
2. Методҳои ташаккули рафтор.
3. Методҳои ташаккули шуур.
, 4. Методҳои ёрирасон: ҳавасманд- кунй ва ҷазо.

 

1. Таснифоти методҳои тарбия ‘ Метод – тарз, роҳ, усул буда, қисми мураккаби ҷараёни тарбиявӣ ҳисобида мешавад. Бо ёрии вай мақсади ҷамъият ҳаллу фасл мегардад.Педагоги шӯравй

А.Макаренко ба метод баҳои баланд дода,-вайро асбоби асосии таъсиррасонӣ ба шахс.номидааст, яъне воситаҳое дар назар дошта мешаванд, ки бо ёрии онҳо ба шууру рафтори тарбиягирандагон таъсир расонида, сифатҳои дилхоҳ дар одамон (насли наврас) пайдо кардан мумкин.

Методҳои тарбия якранг ва доимй нестанд. Интихоби онҳо ба махрати тарбиятгар ва синну соли тарбиягиранда вобастагӣ дорад:

1. Ҳар як метод роҳи маърифату дигаргунсозиҳои вақеиятро ифода мекунанд;

2. Дар маркази ҷараёни тарбия насли тарбиягирандаи оянда меистад (бошууру некахлок,) бо ҷаҳони мураккабу ботинй (гам, талабот, ҷҷдду ҷаҳц, мақсаду маром) дорад, мақсади таҷрибаи ҳаётро омухтан дорад;

3. Ҳамаи мақсаду мундариҷаи тарбияро бо нозукиҳои ташаккули шахсияти

тарбиягирайда ба назар мегирад;

4. Муносибати номақбули тарбиягирандаро доимӣ ислоҳ менамояд.

Аз ин рӯ, мебоист методҳои тарбияро ба ду гурӯҳҳои асосй ва як гурӯҳи ёрирасон тақсим намоем:

1. Методҳои ташаккули фаъолияти рафтор (талаб, ёд додан, машқ, мусобиқа, супоришҳои ҷамъиятй).

Гурӯҳи ёрирасон: Ҳавасмандгардонй ва ҷазо. Педагог А.Макаренко ба талаботи педагогй ниҳоят баҳои баланд додааст: “…Бе талаботи самимона, ошкоро, боварибахш, гарму ҷӯшон ва қатъй ба тарбияи коллектив шурӯъ кардан мумкин нест”.

Талабгузорй бевосита ва бавосита мешавад:

а) Бевосита-характери дастурй дошта, дар шакли фармону дастур зоҳир мегардад. Вай дар асоси рағбати тарбиягиранда ба вуҷуд оварда мешавад.

б) Бавосита-ҳукмфармоиро пинҳон медорад б.о тариқи маслиҳат, илтимос, ишора зоҳир мегардад. Вай дар асоси рағбати тарбиягиранда ба вуҷуд оварда мешавад.

Ёд додан: -Бе-линский В,-Г-. -маслиҳат дода буд, ки ба тарбиятгиранда насиҳат раво набуда, балки рафтори оқилонаро бояд ёд дод. Ҳаёти тарбиятгирандаро чунон бояд ташкил кард, ки вай ба талаботи умумй, ташкили

дурусти-ҷои…. кор, мунтазам иҷрокунии вазифаҷреҷаи’

корй, навбатдориро ёд гирад, чунки ҳар як амали цому.хащаккиду б.етартиб,~ бекорию вақтгузаронии бемазмун тарбияро нобуд мекунад.

Барои ёд додан такрори мунтазами амалиёт лозим аст, ки машқ меноманд. Бо сабаби доимӣ, пай дар пай ба иҷро расонидани амал шакли устувори одат пайдо мегардад. Вазифаи асосии машқ кардан аз ҳосил намудани ҳолати устувори рафтор иборат аст. Мисол:

( Ту аз шахси колонсол пеш гузашта ба рӯи вай дарро сахт пӯшидй, ки ин кори хуб нест.

(1. Макаренко А.С. Проблемы школьного советского воспитания- соч. т. V. с.150.)

Пас аз хайру хуш бо дустат, аз қафои вай даҳ қадам нагузошта дарро тез пушидан низ кори хуб нест ва ҳок/.

Ба вуҷуд овардани вазъияти тарбиявй дар тарбиятгирандагон ҷиҳатҳои мусбии тарбияро пайдо мекунад.

Мусобиқаи байни ду гурӯҳи тарбиягирандагон-аз фикр карда баромадани роҳҳои беҳтарини ҳалли ғолибият, омухтани таҷрибаи якдигарй, мустаҳкамкунии риштаи дустй, ба ҳамдигар ёрирасонй, муносибати бошууронаро инкишоф медиҳад.

Ба супоришҳои ҷамъиятй, (навбатдории муташаккилона), хоҷагидорӣ, кабудизоркунй, ороиши манзил ва ҳоказо дохил карда мешаванд, ки малакаи муфиди меҳнатӣ, ташкилотчигй ва маърифатиро мепарварад.

2. Методҳои таъсиррасонй ба шуур.

(сӯҳбат, нақл, мубоҳиса, лексияҳои сиёсӣ, ахлоқй,

эстетикӣ ва диг.).’

Аслиҳаи асосии ин гуруҳи методҳо ин сухан. аст, ки набояд аз панду насиҳати дуру дарози дилгиркунанда иборат бошад. Мисолҳо бояд аз ҳаёти ҳамсолон гирифта шуда, дар бораи он фикру дархостҳои худ чун таҳлил ва мулоҳизаронй ба роҳ монда шавад. Ин метод оқибат ба • худшийосй ва ба худтарбиякунй мерасонад.

Яке аз маълумтарин методи гурӯҳ фаҳмондадиҳӣ аст (ҳимоя, намоиш).

Дигар методи ин соҳа мисол овардан мебошад. Мисол овардан бо ақидаи В.Белинский “Касро руҳбаланд мекунад” таассуроти идеалиро ба амал меорад.

Мисолҳои аз тарафи шахсони калонсол овардашаванда дар тарбиягирандагон рафтор.у кирдори хубро пайдо мекунонад ва дар тақлид намуна шуда хизмат хоҳад кард.

Образи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ ва давомдиҳандагони ақидаи ӯ идеалй ахлоқӣ шуда, хизмат карданаш мумкин ё аз ҳаёти қаҳрамонон – С.Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, қаҳрамонони ҷангӣ дуюми ҷаҳонӣ Тӯйчй Эрйигитов, Ходи Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов ва диг. Инчунин ибрати рафиқон, пешқадамони соҳа дар тарбия роли бағоят калон мебозад. Дар ин ҷода ибрати худи тарбиякунанда аз ҳама боло меистад. Одами хушбахт ҳамонест, ки дар назди устоди одоби некӯдощтаад намунаи ибрат кор омӯхта ба вай пайравӣ мекунад, чунки рафтору одоби ношоистаро дар устод дидани шогирд талх ва ногувор мебошад.

Паҳншудатарин метод дар кори тарбияи ин соҳа аз лексияю суҳбатҳои мутахассисон оиди сиёсат, одоб, ахлоқи ҳамида аст. Барои дар амал татбиқ шудани методи мазкур ба талаботҳои зерин риоя намудан лозим:

– мавзуъ бояд муҳим ва ба талаботи шунаванда мувофиқ бОшад;

– дар суҳбат мисолҳо аз ҳаёти шунавандагон оварда шаванд;

– забони баён ва ҷамъбасту хулосаҳо оммафаҳм бошанд;

– суҳбат шавқовар ва андешаронии фаъолро ташкил

кунад;

– гоҳ-гоҳ ба шухии бамаврид барои гарму нарм гузоштани сӯҳбат роҳ диҳад;

– дар сӯҳбат асбоби айёнй, мисолҳои аниқ, воситаҳои айёнй истифода карда шавад.

Бояд ҳаминро ҳам қайд кард, ки танҳо бо гузоштани сӯҳбат машғул шуда, аз вай натиҷаи дилхоҳро дар рафтори тарбиягирандагон умедвор шудан имконнопазир аст.

Мубоҳиса(баҳс)

Ин метод шавқи тарбиягирандаро ба масъалаҳои ахлоқ, эстетика, адабиёт, санъат, муносибат, ҳиссиёт ошкор карда, барои таҳлилу хулоса баровардан ёрй мерасонад. Дар мубоҳиса ақидаи шахсй, мустақилияти тафаккур, мантиқ, ҳам маҳорати шунавидани мусоҳиб ва бо вай дар ин ҷараён муносибат кардан, сайқал меёбад.

Мундариҷаи баҳсро хониши адабиётҳои нав, тамошои филму намоишҳо, матбуоти даврй, маҷаллаю рӯзномаҳо ғанӣ мегардонад.

Баҳс афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳад, чунки таҷриба, муносибати байни ҳамдигарӣ дар коллективи коргарону шахсони алоҳида ба баҳо сазовор гардонида мешавад. Худи гузориши масъалаи ташкил ва гузаронидани баҳс тайёрии пухта ва пешакиро металабад ва роли роҳбарикунандагии сарвари баҳс ниҳоят бузург мебошад. Дар баҳс каҷфаҳмиҳоро бартараф намуда иштирокчиёни баҳсро ба маҷрои дуруст равон мекунад. Дар охир баҳсро ҷамъбаст намуда, яъне таҳлил карда, баҳои объективона медиҳад.

4. Методҳои ёрирасон : ҳавасмандкунй ва ҷазо.

Ҳавасмандкунй баҳоест барои қадр кардани меҳнат. Агар вай ношоиста ва бардурӯғ бошад, пас тарбиягирандаро худбин, шуҳратпараст менамояд, ки аз ин бояд эҳтиёт шуд.

Ҷазо ин баҳоест ба рафтори ношоистаи субъект, ки аз рафтору одатҳои бади дар оянда ба одам ва ҷомеа зарароваранда бозмедорад.

Методҳои дар боло омада гуруҳи сеюм ё асосй ҳисоб намеёбанд, балки ёрирасон мебошад. Сабаб дар он аст, ки дар педагогика барои таълиму тарбия ҳавасманд гардонидан ё ҷазо додан мумкин нест. Ҳар кас агар дар кори таълим-ва тарбия худро аз тарафи нек ё бад нишон диҳад, вай барои худ некӣ ё бадӣ мекунад, чунки таълиму тарбияи хуб барои муҳассил шарт аст, яъне кори Ҳаррӯзаи дар низомнома навишташудаи ҳар як донишандӯз ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои олимон талаботҳои зерин оиди ҳавасмандкунӣ ва ҷазо ба миён омадааст:

– ниҳоят эҳтиёткорона ба рафтор баҳо додан зарур аст;

– хоҳем, ки ҳавасмандкунӣ, ҷазо таъсири хуб бахшад, баҳодиҳй аз тарафи соҳибобрӯ ба иҷро расонида шавад, чунки он афкори умумиро инъикос мекунад;

– ҳавасмандкунй ё ҷазодиҳй бояд бомаврид ва инфиродй бошад, яъне сабаб, вазъият, гуноҳ чуқур санҷида шавад;

– ҳавасмандгардонию ҷазо набояд зуд-зуд гузаронида шавад, ки эътибор ва таъсири он заиф мегардад;

– аз ҳавасмандгардонй ва ҷазодиҳй коллектив низ васеъ бояд истифода барад, ки таъсири он бисёр муфид аст.

а) . Ҳавасмандкунй

(таъриф кардан,-таҳеиннома додан, мукофот додан, ном ё расмро. ба тахтаи фахрй ҷой додан, раҳматнома эълон кардан, мукофотпулӣ додан).

б) . Ҷазодиҳй

(сарзаниш, огоҳй додан, муҳокима намудан ва дигарҳо).

Хулоса, ҳавасмандкунй ва ҷазо аз масъалаҳои муҳими кори тарбиятгар ба ҳисоб рафта, ба маҳорати вай вобастагй дорад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.