Таснифот ва тавсифи психологии намудхои мизоҷ

                             Нақша:

1.Таълимоти И.М.Сеченов ва И.П.Павлов дар бораи типҳои фаъолияти олиии асаб.

2.Маълумот дар бораи ташкилёбии асоси физиологии мизоҷ.

3.Тағйирёбанда будани мизоҷ.

Ҳанӯз ҳам дар таърихи  психология олимон мизоҷро ба чор шакл (тип) ҷудо карда буданд, ки дар заминаи чор тип мизоҷ навъҳои зерини он ба монанди: мизоҷи  сангвиникӣ, холерикӣ, флекматикӣ ва меланхоликӣ муайян карда шудааст. Ғайр аз ин  мизоҷро ба типҳои миёнаю фардӣ ва омехта низ ҷудо мекунанд. Вале дар адабиёти психологӣ оид ба чор навъи мизоҷ тавсифи пурра дода шудааст. Бо вуҷуди ин омӯзиши  типҳои фардӣ ва омехтаи мизоҷ тадқиқоти мукаммалро талаб мекунад. Муайян карда  шудааст , ки тавсифи  психологии типҳои мизоҷ моҳияти психологии ҳар як навъи  мизоҷро дар бар мегирад ва табиист, ки мизоҷ ба хусусиятҳои типҳои фаъолияти олии  асаб, майнаи сар вобаста аст. Пеш аз ҳама дар маҷмӯъ мизоҷ хусусиятҳои ҳаяҷони  эмотсионалӣ, суръати ҷоришавии қувваи просессҳои психикӣ, хусусиятҳои серҳаракатӣ , бо  тезӣ тағирёбии кайфияи рӯҳӣ ва ё табъи шахсро дар ин ё он мавқеи ҳаёти зиндагӣ ифода  менмаояд. Хусусиятҳои мизоҷ ба қувваи протсессҳои асосии асаб, ҳаяҷон ва боздорӣ,  суръати ҷоришавии фаъолияти психики шахс , таносуби протсессҳои асаб ва ба типҳои фаъолияти олии асаб вобаста аст. Чор навъи мизоҷ, ки дар боло зикр кардем, ҳар кадоми  он дар тарзҳои рафтор ва шаклҳои муоширати ҳар як одам зоҳир мегардад.  Лекин дар ҳаёт як намуди софи мизоҷ бе алоқаи байниҳамии дигар навъҳои   вуҷуд дошта наметавонад.  Зеро ки дар ҳар як навъи мизоҷи одамон омехтагии типҳои дигари мизоҷ вуҷуд дорад. Танҳо аз рӯи хусусиятҳои хосу нотакрори зоҳиршавии ин ё он хелҳои мизоҷ хусусиятҳои махсуси мизоҷи сангвиникӣ, холерикӣ, меланхоликӣ ва флегматикиро муайян кардан мумкин аст.  Бо назардошти  асосҳои умуминазарявӣ тавсифи психологии типҳои асосии мизоҷ ва хелҳои онро дида мебароем.

            Мизоҷи сангвиникӣ.- Намояндагони ин типи мизоҷ шахсони улфатпазир, зиндадил, боғайрат, серҳаракат буда, тез бо дигарон  муошират барқарор мекунанд.

Онҳо  нисбат ба  ҳамаи ҳодисаю воқеахои  ҳаёти зиндагӣ  ва ҷамъиятӣ  ҳисси таваҷӯҳи беандоза  доранд. Сангвиниҳо одамони шӯху беқарор, хушҳол , болидарӯҳ ва ботамкин мебошанд . Онҳо зиндагӣ ва ҳаётро бисёр дӯст медоранд ва ба қувваю ғайрат ва имконияти зеҳнию ақлонии худ боварии зиёд дошта, дар бартараф намудани  душвориҳо истодагарӣ намуда, мушкилиҳои бавуҷудомадаро бартараф месозанд. Эмотсияҳо ва ҳиссиётҳое, ки дар қиёфаи шахсони сангвиник ба вуҷуд меояд бо тезӣ  вазъи рӯҳии онҳоро фаро мегирад. Ҳиссиёти онҳо муддати дер давом намекунад ва ҷои ҳаяҷони эмотсионалиро ҳолати боздорӣ ва мӯътадили кори системаи асаб, майнаи сар ишғол мекунад. Ҳиссиёт дар ҳаёти сангвиникҳо нақши муассир мебозад.  Сангвиникҳо дарди ҳиҷрон,пазмон шудан, ҳисси танҳоӣ, дарду алам ва ғаму андӯҳро бо  тезӣ аз сар мегузаронанд. Ҳатто онҳо душвориҳое, ки боиси озуртахотирӣ, ғаму андӯҳи  зиёди онҳо гардида буданд, онҳоро пай дар пай бартараф месозанд. Онҳо бо аҳли гурӯҳ  тез худро мутобиқ сохта, унс мегиранд, забони якдигарро ёфта, дар коллектив муносибатҳои дӯстона барқарор мекунанд.  Чунин типи хонандагон аксаран бачагони хушмомила, ҳушёр, ҷусту чолок, зиндадил, ҷамъиятӣ ва зирак буда,ба дилу дидаи  дигарон ба осонӣ роҳ меёбанд. Лекин дар онҳои кибру ғурур, бепарвоӣ ва аз ҳад зиёд ба қувваю ғайрат ва имконоти худ боварӣ доштан дар фаъолияти сангвиникҳо ҷой  доранд. Онҳо метавонанд бо коллективи синф ва дигар одамон ба  осониӣ дар иртиботи доимӣ  бошанд. Ва барои онҳо муносибатҳои   судманди дуҷониба барқарор намудан  бо дигарон мушкил нест. Хусусиятҳои хоси мизоҷи бачагони сангвиник дар қиёфа ва имову ишораҳои онҳо дар ҷараёни таълим  бисёр равшан зоҳир мегардад.Муаллим бояд дар рафти дарс маводи таълимиро  таъсирбахшу шавқовар баён намояд ва хонандагон материали таълимиро хуб дарк  кунанд. Дар он сурат идроки маводи таълимӣ ҳисси таваҷҷӯҳ ва эмотсияҳои мусбати хонандагонро бедор месозад. Эмотсияҳои мусбат барои аз бар намудани маводи таълимӣ  мусоидат карда , ба мӯътадил гузаштани тезӣ, моҳирӣ, мустақилии ақл ва умуман суръатафзоии кори тафаккур  мусоидат карда қобилияти фикрӣ, муҳокимаронӣ, ба хотиргирӣ ва дар хотирнигоҳдории маводи таълимиро афзун мегардондад. Эмотсия ва ҳиссиёти мусбат имкон медиҳад, ки  тақсимот ва кӯчонидани диққати бачагони сангвиник бо осонӣ барои дарк кардани маводи таълими равона гардад. Бар асари якранг баён намудани  маводи таълимӣ ва таъсирбахшу пурмазмун набудани баёни муаллим шиддатнокии фаъолияти кори  системаи асаб, майнаи сар зиёд шуда, ҳисси таваҷҷӯҳи хонандагонро омӯхтани маводи  таълимӣ ба худ ҷалб наменамояд. Дар натиҷаи ин хонандагон маводи таълимиро пурсамар аз худ намекунад ва дар майнаи сари онҳо ба тезӣ ҳолати  кӯчонидани диққат ба вуҷуд намеояд.

     Албатта, дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани тарбияи хусусиятҳои мизоҷи хонандагон  муаллим метавонад дар онҳо ҳисси коллективизм, масъулиятшиносӣ, нисбат ба худ серталаб будан ва дар баробари ин шавқу ҳаваси маърифатиро ба таълиму меҳнат ва  ҳаёти ҷамъиятӣ тарбия намояд.  Ҳангоми фароҳам будани шароити тарбиявӣ ва мунтазам ба роҳ мондани тарбияи мақсаднокӣ, муташаккилӣ мумкин аст, ки дар бачагони хоси мизоҷи сангвиникӣ ба осонӣ хусусиятҳои сабукфикрӣ, тангназарӣ ва бемасъулиятӣ ба кору фаъолият доштанро бартараф сохтан мумкин аст. Вобаста ба ин дар онҳо хислатҳои беинтизомӣ, бепарвоӣ ва кори саркардаро ба охир нарасонидан , ба таълим,меҳнат ва дигар фаъолиятҳо мушоҳида карда мешавад.      Хусусиятҳои хосу фарқкунандаи зоҳиршавии мизоҷи  сангвиникиро дар рафтори хонандаи синфи 3-юм Сафои И. дида мебароем. Сафои И. бачаи шӯху беқарор, зиндадил, серҳаракат, боғайрат, ҳушёр ва чустучолок буда, дар  рафти дарсҳо бодиққатӣ зоҳир карда, мутамарказият ва устувории диққаташро ба  идроки маводи таълимӣ равона месозад. Дар лаҳзаҳои дарс бо шарикдарсаш бисёр сӯҳбат мекунад. Имову ишораҳояш бисёр ифоданок буда, ҳаракатҳои  чашмонаш ғайримуқаррарӣ аст. Зоҳиран чунин менамояд, ки гӯё  ӯ ба дарси муаллими забони  модарӣ бедиққати зоҳир карда истодааст. Хусусиятҳои манфии мизоҷи Сафои И. ин аст, ки ӯ маводҳои пештара омӯхтаашро аз нав такрор намекунад, бепарвоӣ зоҳир мекунад ва  масъулиятро  ба души худ намегирад. Баъзан хислати саркаши кардан, ба худписандӣ роҳ  додан, аз болои худ кам кор кардан дар фаъолияти Сафои И. мушоҳида карда мешавад. Диққати ӯро муддом ҳодисаю воқеаҳои на чандон  муассири дохили синф мушавваш  месозад. Доимо Сафо дар ҳалқаи ҳамсифонаш бо шавқу завқ ва хоҳиши том дар бораи  сайру гашти оммавии иди баҳорӣ «Наврӯзи оламафрӯз», китобҳои мутолиакардашуда ва  филмҳои тасвирии тамошокардаашро   бо шавқу завқи зиёд ба ҳамсинфонаш ҳикоя мекунад. Сафои И.дар вазъияти нав ва шароити ғайриоддӣ худро ба даст гирифта, даступо гум намекунад ва  баръакс худро ба шароити нав тез мутобиқ месозад. Масалан вақте ки бачагони  фаъол,пешқадам ва аълохонро аз мактабҳои ноҳияи Кӯлоб ба боғи  «Табиатшиносони ҷавон» ва маркази «Техникони ҷавон» ба сайру саёҳат сафарбар намуданд, дар байни онҳо  Сафои И ба осонӣ бо ҳамсолони худ ва бо гурӯҳи ахтарон ошноӣ пайдо карда, то анҷоми  экскурсия фаъолӣ нишон дод. Сафои И ба ғайр аз таълим гирифтан дар вақтҳои холигиаш  дар муҳити оила ба парвариши сабзавот ва гулпарварӣ машғул мешавад.  Агар  Сафои И аз  фанҳои таълимӣ  баҳои «ду» ва ё «се» гирад ,бисёр хафа шуда кӯшиш мекунад, ки баҳои дуро  фардо ё пасфардо бо баҳои хубу аъло иваз кунад. Ору номус, ҷасурӣ ва қатъиятӣ ба  шахсияти Сафои И хос аст. Чи гуна супорише, ки ба ӯ дода шавад, бе мушкилӣ  супориши додашударо иҷро мекунад. Агар ба ӯ ором, бо лафзи ширин ба тариқи хоҳишу илтимос  муроҷиат намоем вай ҳатман супориши додашударо ба сомон мерасонад. Фишороварӣ, дуғу пӯписа ва бисёр танқид карданро ӯ дӯст намедорад. Сафои И.сирри дилашро ба кассе  намегӯяд. Баъзан аз хатогии содиркардаи худ пушаймон шуда, нисбат ба фаъолияти хеш  ҳисси қаноатманд набудан зоҳир мекунад. Дар рафти таълим ӯ кӯшиш мекунад, ки  масъалаҳоро ҳарчи тезтар ҳал кунад ва агар ҷавоби  масъала нодуруст барояд ҳам барои  ҷавоби дурусти масъаларо ёфтан саъю кӯшиш менамояд.

 Мизоҷи флегматикӣ.     Одамоне, ки ба ин навъи  мизоҷ мансубанд аксари онҳо  шахсони оромтабиат, ботмакин ва сустҳаракат буда,бисёр гап заданро дӯст  намедоранд.Дар рафти фаъолият  ба  шитобкорӣ роҳ намедиҳанд.  Ҳангоми иҷрои  ин ё он супоришу ҳалли ягон масъала  аввал дуруст андеша карда ва баъд амал менамоянд, душвориҳоро бартараф месозанд.  Онҳо барои риояи тартибу низом дар вазъияти муқаррарӣ саъю кӯшиш мекунанд. Кори саркарданро ба охир мерасонанд. Ҳангоми иҷрои ягон фаъолият мунтазам тартибу интизомро риоя мекунанд.   Дар онҳо (флегматикҳо) просессҳои психикӣ нисбатан оҳиста ва хело суст мегузорад. Бинобар ин хусусияти оҳиста ва саросема нашуда, ин ё он амалро ба сомон расонидан ба флегматикҳо таъсири манфӣ мерасонад ва ба онҳо  имкон  намедиҳад, ки маводи таълимиро тезтару хубтар ба хотир гирифта, дар хотир нигоҳ  доранд, аз нав ба ёд биёранд, тез фикр кунанд ва ба моҳияти машқу масъалаҳо  сарфаҳм  раванд. Флегматикҳо дар рафти муоширати байнишахсӣ ботамкинӣ, оромӣ ва сабру тахаммулро пешаи худ карда ба одоби рафтор риоя мекунанд. Сабру қаноат ва бомулоҳиза рафтор кардан бештар хоси  бачагони мизоҷи флегматикидошта мебошад.  Дар ҳама ҷабҳаи ҳаёт  онҳо ботамкинӣ,сабру таҳамул зоҳир карда, ба эҳсосот дода нашуда дар кору фаъолият худдориро афзалтар мешуморанд.

     Шахсони флегматикиро ба осонӣ асабонӣ кардан ва беинтизомиро дар фаъолияти онҳо ба вуҷуд овардан бисёр душвор аст. Зеро ки флегматикҳо  худ табиатан ҷангу ҷидол  ва муноқиша карданро  дӯст намедоранд. Ҳатто онҳо дар ҳолати барор накардан  ва аз сар  гузаронидани душворӣ ва ба ҳодисаҳои нохуш гирифтор шудан ҳам ақли  солимро ба кор бурда қобилияти баробарвазнии худро риоя мекунанд. Дар натиҷаи  мақсаднок ба роҳ мондани тарбия дар шахсияти флегматикҳо бе душворӣ чунин  хислатҳои мусбат ба монанди: сабру таҳаммул, ором кор кардан, қобилияти кордонӣ ва  устувориро тарбия кардан мумкин аст.  Дар вазъияти душвор ва зиёд будани қувваи  фишор дар флегматикҳо чунин хислатҳои манфӣ ба монанди: нохушӣ, камҳавсалагӣ,  шиддатнокии асабӣ, ғайрифаъолӣ, тамбалӣ ва беташаббусӣ ташаккул меёбанд. Ҳатто дар  баъзан мавридҳо ҳам флегматикҳо ба ҳаёти зиндагии одамони атроф ва нисбат ба худ  бемасъулиятӣ нишон медиҳанд.

      Бо мақсади тақвияти фикрҳои дар боло зикршуда хусусиятҳои хос ва фарқкунандаи  мизоҷи флегматикиро дар рафтори хонандаи синфи 5-ум -Илҳом дида мебароем. Илҳом ҳангоми иҷрои супоришҳои синфӣ ва ба хона додашуда фикр  мекунад, саросема намешавад ва масъалаҳоро бо як низоми дуруст иҷро менамояд. Ҳангоми ба саволҳои муаллим ҷавоб додан И.Илҳом саросема нашуда, оҳиста аз ҷояш бархоста каме хомӯш истода ва баъд ба саволҳои муаллим ҷавоб медиҳад. Хонанда Илҳом  И  маводи таълимиро хуб донад ҳам ӯ саросема нашуда мавзӯро ботафсил аз нав ҳикоя  мекунад. Ё ин  ки агар ӯ маводи таълимиро хуб надонад ва ба қувваю ғайрати худ боварӣ надошта бошад, он гоҳ вай хомӯширо ихтиёр мекунад ва ба саволҳои муаллим ҷавоб намедиҳад. Сустҳаракатии флегматикҳо ва нисбат ба ҳамсинфон оҳиста иҷро намудани  супоришҳои таълимӣ муаллимро қаноатманд намегардонад, балқи ӯро ба ташвиш меорад. Дар натиҷаи ин муаллим аз Илҳом И иҷрои супориши синфӣ ва ба  хона додашударо месупорад ва ҳатто ӯро ба тахтаи синф ҳам гоҳҳо даъват мекунад.  Ҳамсифонаш Илҳомро дӯст медоранд ва нисбат ба ӯ ҳисси таваҷҷӯҳ доранд. Дар  танаффусҳо Илҳом даву тоз карданро дӯст намедорад. Бачаҳо базӯр аз дастонӣ ӯ дошта  мехоҳанд, ки  бо ӯ аҳлона бозӣ кунанд.  Вале сустҳаракатӣ,камгапӣ, оромтабиатӣ ҳама  вақт барои фаъолии Илҳои монеъ мегарданд. Илҳом бисёр бачаи боинтизои, мунису  ғамхор,хушмуомила, гапдаро ва ростқавл мебошад. Ӯ бо осонӣ дар вазъияти душвор ва  ғаримуқаррарӣ худро ба даст мегирад. Бо вуҷуди  ин баъзан мавридҳо ӯ амалу ҳаракатҳои худро  идора карда наметавонад. Ӯро бо осонӣ раҷонидан ва асабонӣ кардан  ва ё дар ҳолати ғамгинӣ болидарӯҳ гардонидан душвор аст.Зимни сӯҳбат бо роҳбари синфи Илҳом маълум шуд, ки ӯ  соли  5- ум аст, ки дар мактаб таълим мегирад. «Ман ягон  маротиба  беҳуда бо овози баланд қоҳ-қоҳ ханда кардани ӯро надидаам»-мегӯяд роҳбари синфи ӯ.

 Мизоҷи холерикӣ.  Намояндагони ин навъи миҷоз бо хусусиятҳои улфатпазирӣ, чустучолокӣ , серҳаракатӣ ва бо тезӣ ба ҳаяҷон омадан, оташиншудан фарқ мекунанд. Просессҳои психики дар қишрҳои мағзи сари холерикҳо бо суръати тез ва хело шиддатнок мегузарад. Холерико шахсони бетамкин мебошанд ва қувваи просесси ҳаяҷҷоннокии асаб нисбат ба  боздорӣ дар онҳо бартарӣ дорад. Холерикҳо ҳар як фаъолиятро бо шавқу ҳавас ва хоҳиши том шурӯъ мекунанд.  Ва дар рафти таълим фаъолию ташаббус нишон медиҳанд. Холерикҳо ҳамеша имконияти қувваи системаи асаби худро дар ҷараёни фаъолият ба назар нагирифта онро бисёр сарф  мекунанд. Бинобар ин онҳо тез мондашуда, қобилияти кори фаъолияти асаб ва майнаи сари онҳо суст мешаванд. Чунин мондашавӣ ба кори мӯътадили майнаи сар таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ба мондашавии майнаи сари онҳо якрангии фаъолият низ таъсири манфӣ дорад. Фаъолияти таълим аз хонанда азму суббот, қатъиятӣ, истодагарӣ  ва сабру таҳаммулро талаб мекунад.

        Бинобар ин аз сабаби якранг будани фаъолият ва он қадар шавқовар набудани баёни маводи таълимӣ ҳисси таваҷҷӯҳи холерикҳо барои идроки маводи таълимӣ суст шуда, дар онҳо ҳолати дилсардӣ, нохушӣ ва як навъ камҳавсалагӣ ба вуҷуд меояд.  Холерикҳо ҳангоми муошироти байниҳамӣ дар оила,  мактаб ва бо дигарон одоби муоширатро  баъзан риоя намекунанд. Бар асари ин онҳо бо ҳислатҳои қайсарӣ, якравӣ, дағалӣ  ба одоби муносибат диққат намедиҳанд. Дар ҳолати номусоид будани вазъи рӯҳӣ табъи холерикҳо яку якбора  хира шуда, димоғашон месӯзад. Чунин ҳолати рӯҳӣ ва вазъи психологӣ гоҳҳо бо холерикҳо имкон намедиҳад, ки онҳо вақеъбинона ба рафтори одамон баҳои сазовор диҳанд.  Аз сабаби  номутаносиб ҷоришавии просессҳои ҳаяҷон ва боздорӣ шахсони холерик дар коллектив ба ихтилофот роҳ дода, вазъиятро ноором месозанд. Хусусиятҳои мусбати мизоҷи шахсони холерик ин аст ,ки дар онҳо қувваю ғайрат, ташаббус, фаъолӣ, шавқу ҳавас мисли фавора суърат гирифта, пурҷӯшу хурӯш мегузарад. Ҷиҳати манфии мизоҷи шахсони холерик дар хусусятҳои бесабруқарорӣ худорӣ карда  натавонистанд, дағалӣ яку якбора аз худ рафтан, ба оташини роҳ додан, рафтори бемулоҳиза, тез ба ҷӯшу хурӯш омадан ва бо тезӣ вазъи рӯхии онҳоро ҳолати аффективӣ фаро мегирад, зоҳир мегардад . Ин ҳолат дар натиҷаи  номусоидии шароити зиндагӣ дар ҷараёни фаъолият ба вуқӯъ мепайвандад, вобастааст. Хусусиятҳои мизоҷи  холерикиро мо дар рафтори хонандаи синфи 7-ум Самандари И мушоҳида менамоем. Чунон ки рафтори  хонандаи синфи 7-ум Самандари И нишон медиҳад, ӯ ҳангоми оромии асаб  ва хуб будани кайфиаяи рӯҳи, бо ҷӯшу хурӯш амал мекунад. Ва бо тези таваҷҷӯҳи  атрофиёнро ба худ ҷалб менамояд. Хусусиятҳои мизоҷи Самандарро аз рӯи имову ишора, нутқ, тарзи нишасти ӯ дар паси миз муайян кардан мумкин аст, ки ӯ читавр мутамарказият ва устувории диққаташро ба идроки маводи таълимӣ равона месозад. Ҳангоми иҷрои ин ё он супориши таълимӣ дар тахтаи синф  ва ба саволҳои муаллим ҷавоб дода истодан вазъи рӯҳии ӯ ба тези тағир меёбад, бар асари ин ба бесарбруқарорӣ ва кӯтоҳандешӣ роҳ медиҳад . Самандар ҳазлу шӯхиро дӯст медорад ва ҳангоми ба саволҳои муаллим ҷавоб додан саросема нашуда, фикрашро бо тартиб баён карда наметавонад, чунки ӯ баъзан ҳолатҳо аз болои амалҳои худ суст назорат мекунад.  Ҳатто баъзан ӯ ба шитобкорӣ роҳ дода аз саросемагӣ дуруст фикр накарда ба кирдори бад роҳ медиҳад. Аз баски Самандари И бо ҳаракатҳои бенизоми худ дуруст баҳо намедиҳад ва дар натиҷаи ин тарзҳои назоратбари ҳам дар рафтори ӯ суст мегардад. Бар асари ин ӯ бо кирдорҳои бади худ бошуурона ҳисобот дода наметавонад. Боре муаллим дар лаҳзаҳои дарс аз  Малоҳати А хоҳиш мекунад , ки аз ҳуҷраи омӯзгорони мактаб китоби забони модариро гирифта биёрад, аммо дар ҳолати басо ҳасос Самандари И худдорӣ карда натавониста бе иҷозати муаллим аз синф берун баромада дар паси дари синфхона каме таваққуф карда баъд якбора барои овардани китоби забони модарӣ  ба тарафи ҳуҷраи муаллимон давид. Самандари И табиатан бачаи шӯху беқарор ва  боғайрат буда, ба ҳар як кор сидқан машғул шуда, барои кори саркардаро ба охир расондан саъю талош мекунад.Ба рафъи мушкилиҳои  бавуҷудомада ӯ сари вақт  хотима мегузорад. Бо вуҷуди ин Самандари И чунон бачаи бесабру қарор аст, ки ӯ бо ҷӯшухурӯш кор мекунад ва дар ҳолати ноором будани кайфияи рӯҳӣ амалҳои худро  бошуурона идора намекунад. Борҳо суханони танқидомези  дигаронро шунида, ба ғазаб меояд ва низоми ӯ коҳиш меёбад. Ҳангоми паст шудани оташи қаҳру ғазабаш  Самандари И ба худ омада, хело ором мешавад ва як ҳолати мӯътадилу оромии психологӣ вазъи рӯҳии ӯро фаро мегирад. Ӯ дар ниҳояти кор аз кирдори бади  содиркардаи худ афсӯс хӯрда, ҳисси қанатманд набудан зоҳир мекунад. Бояд гуфт , ки хусусиятҳои зудранҷӣ, худдорӣ карда натавонистан,яку якбора оташин шудан, тезхашмӣ ба фаъолияти ӯ таъсири манфӣ бахшида нохушиҳои зиёде меорад ва табиист, ки ин тарзҳои рафтори ӯ ба ҳамсинфон ва шахсони дигар боиси муташаниҷ  шудани шаклҳои муошират мегардад.

Мизоҷи меланхоликӣ .  Дар қишрҳои пӯстлохи нимкӯраҳои калони майнаи сари меланхоликҳо протсессҳои психикӣ суст мегузаранд. Бачагон ба ангезандаҳои  берунӣ бо душвории зиёд амали ҷавобӣ мегардонанд. Дар рафти фаъолият меланхоликҳо муддати дер ба иҷрои ин ё он фаъолият машғул шаванд ҳам, бо вуҷуди ин таъсири қувваи шиддати кори фикрӣ, қобилияти кори системаи асаб, майнаи сари онҳо суст мегардад. Дар натиҷа мумкин аст, ки суръати амалҳои фикрии онҳо суст шуда ва  ҳатто бо ҳамин қатъ гарданд. Азбаски захираи фикри нерӯи асаб ва қобилияти фикрии меланхоликҳо он қадар зиёд нест, бинобар ин суръатафзоии фикрии онҳо суст аст. Онҳо  дар шароити мусоид ва муқаррарӣ муддати дер ба кори фикрии сермаҳсул машғул шуда метавонанд. Ҳолати эмотсионалӣ дар қиёфаи меланхоликҳо суст ва оҳиста мегузарад , бо вуҷуди ин қувваи таъсирбахшӣ ва давомнокии ҳаяҷон дар қишрҳои мағзи сари  онҳо муддати дер давом мекунад. Меланхоликҳо шахсони бисёр ҳассос, зудбовар, соддадил, талқинпазир буда, ҳодисаи ғаму андӯҳ, нокомию дарду алам ва душвориҳои ҳаёти  зиндагиро ба осонӣ аз сар намегузаронанд. Онҳо зоҳиран худро тавре вонамуд месозанд, ки гӯё ҳама хуб аст ва ҳеҷ гунна ҳодисаи нохуш рӯй надодааст. Дар қиёфаи рӯи  меланхоликҳо ғаму андӯҳ, дарду алам, ранҷурӣ, маъюсӣ, ноумедӣ бисёр равшан ифода  намеёбанд. Шахсони меланхолик кӯшиш мекунанд, ки худро аз аҳли гурӯҳ ва ҳалқаи ҳамсинфон ба канор гиранд. Ҳатто  онҳо ҳангоми муоширати байнишахсӣ аз одамони  ношинос, аз аҳли гурӯҳ ва ҳалқаи ҳамсинфон худро ба канор мегиранд. Ҳатто онҳо ҳангоми  муошироти байнишахсӣ аз одамони ношинос худро ба канор гирифта, дар иҳотаи онҳо  худро нороҳат ҳис мекунанд. Шахсони меланхолик дар вазъияти номувофиқ ва басо  душвор мумкин аст , ки  ба қувваю ғайрати худ боварӣ надошта,ҳиссиёти худро пинҳон нигоҳ дошта ранҷурӣ,беҳолу бемадорӣ,нохушӣ,беҳавсалагӣ ва ғайрифаъолӣ нишон  диҳанд. Дар шароити мусоиди корӣ дар меланхоликҳо хислатҳои  мусбатро тарбия  кардан мумкин аст.  Дар меланхоликҳо мутаассиршавӣ ва ҳассосии бисёр зиёди эмотсионалӣ ба монанди : қобилияти дарки садои мусиқӣ, идроки муҳити зист , табиати атроф ба онҳо имконият медиҳад, ки бартарии худро дар соҳаи санъати мусиқи, расмкашӣ, наққошӣ,шеъру суруд нишон дода ба комёбиҳои беназир муваффақ гарданд. Шахсони меланхолик гоҳҳо бо рафтори маданӣ ,муомилаи самимона, одоби муошират, ҳозирҷавобӣ, боинтизомӣ, рафтори бошуурона аз типҳои дигари мизоҷ фарқ мекунанд. Мисоли зуҳуроти хусусиятҳои мизоҷи меланхоликиро дар амалу рафтор ва  кору кирдори хонандаи синфи 7-ум Дӯстмурод М дида мебароем. Дӯстмурод М бачаи  сустирода ва канорагир буда, кӯшиш мекунад, ки таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб созад. Аслан бачагони меланхолик канорагир ва камҳавсала буда, кӯшиш мекунанд, ки  атрофиён амалу рафтори онҳоро бо осонӣ пай набаранд. Аз мушоҳидаи  амалу рафторӣ меланхолик  чунин  тасаввур кардан мумкин аст, ки гӯё вай аз ягон кирдори бад, ҳодисаи нохуш тарсу  ҳарос дорад ва аз кирдори номатлуб ӯ азоби рӯҳи мекашад. Баъзан аз ноумедии худ дар рафти ин ё он фаъолият ва таъсири манфии шӯхии шахсони атроф, ки ба суроғаи ӯ мегӯянд, чунин тарзи муошират яку-якбора дар мафкураи ӯ ҳисси  дарду алам, ғаму андӯҳро ба вуҷуд оварда, бар асари ин вай мутаассир шуда, ҳолати ранҷуриро аз сар мегузаронад. Ҳангоми тамошои кинофилмҳо ва саҳнаҳои драммавӣ, ки нохост риштаи ҳаёти қаҳрамонони асарҳои бадеӣ, драммавӣ ба таври фоҷиавӣ анҷом меёбанд, бачагон нисбат ба қаҳрамонони асарҳои бадеи ҳиссиёти ҳамдардӣ  ва мутаассиршавиро аз сар мегузаронанд.

   Ҳангоми ба саволҳо ҷавоб додан ҳам меланхоликҳо ба душвориҳо дучор шуда, гоҳ дар симои онҳо ҳолати сап-сафедшавӣ ва гоҳ сурхшавӣ зоҳир мегардад. Бар асари  таъсири ҳиссиёт меланхоликҳо табиист, ки ба саволҳои муаллимон аз имкониятҳои  мавҷудаи худ дуруст истифода бурда натавониста, ба саволҳо ҷавоби пурра дода  наметавонанд. Кори фикрие, ки Дӯстмурод иҷро мекунад, агар он душвор бошад ва шиддатнокии кори асабро талаб намояд, дар он сурат  ӯ монда шуда  қобилияти корияш суст мешавад. Бар асари шиддатноку якранг ва душвор будани  фаъолият Дӯстмурод М монда шуда, барои барқарор шудани қувваи асаб каме танаффус мекунад. Дӯстмурод М ба шариқдарсонаш бо шавқу ҳаваси зиёд ёрӣ мерасонад. Бинобар ин аҳли синф ҳам нисбат ба ӯ фикри солим доранд.  Ҳамсинфон ва иҳотакунандагон барои Дӯстмурод М намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошанд. Дӯстмурод М бо саъю кӯшиш ва азми комил ба санъати мусиқӣ ва навъҳои  меҳнат  машғул шуда, ба комёбиҳои назаррас муваффақ гардидааст. Дар баробари таълим  гирифтан Дӯстмурод М гулпарвариро бисёр дӯст медорад, аз ин рӯ вақти холигашро дар майдончаи назди ҳавлии мактаб ва қитъаи замини назди ҳавлӣ ба парвариши  гулҳо  мегузаронад.

      Меҳнати маишӣ- оилавӣ, парвариши ҳайвонот ва зироатпарварӣ шуғли  дӯстдошта ӯ мебошад.

      Илова бар андешаҳои дар боло ишорашуда дар рафти муошират бо дигарон ва дар раванди таълиму тарбия хусусиятҳои хоси мизоҷи сангвиникӣ,холерикӣ,флегматикӣ ва меланхоликии кӯдакону наврасон,ҷавонон ва калонсолонро ба назар гирифтан шарти муҳим аст.Зеро агар дар рафти муошират хусусиятҳои мизоҷи одамон ба назар гирифта шавад,он гоҳ мушкилоти ба миён омада бартараф сохта мешавад. Муваффақият ва ё бартарии шахси дар муоширатбуда аз он  иборат аст,ки ӯ то чӣ андоза ба одоби муошират ва хушмуомилагӣ риоя менамояд.

    Баъзан одами хушмуомила ,ботамкин кирдори баде содир мекунад,ки атрофиёнро дар ҳайрат мегузорад .Масалан касеро ба ҳалокат мерасонад,даст ба хиёнат,ба одамрабоӣ қалобию ришваситонӣ мезанад.Одами тарсончак

ва заифу ноустувор  аз тарсу ҳарос дар ҳаёт мардонагӣ ва ҷасурӣ нишон

медиҳад ва баракс одамони беғайрат,ғайрифаъол дар мавқеи номувофиқ

кори саркардаро ба охир расонида наметавонанд.Гузашта аз ин шахсони

зиндадил,дидадаро мушкилоти ба миён омададаро бо роҳи зоҳир намудани таҳамулпазирӣ бартараф сохта,ба қуллаи мурод мерасанд.Ин гуна шахсон одамони қавиирода ва ботамкин буда, ба таъсири дигарон дода нашуда худ мустақилона дар пайраҳаи ҳаёт қадамҳои устувор мегузоранд.

   АДАБИЁТ

  1. Александров Н.И. Особенности своиств темперамента детей М.: – 1963
  2. Анохин П.К. Биология и нейрофизиология условного рефлекса. М: Медицина, 1968.
  3. Бойко.Е.И. Время ракции человека М.: Медицина. 1964
  4. Ковалев А.Г.Психология личности, М.: Просвещение 1965
  5. Коволев А.Г. Типы вышей нервной деятельности и темперамента,гл.х1. психология личности, М.: Просвещение 1965
  6. Мерлин В.С.Очерки теории темперамента М.: Просвещение ,1964 
  7. Павлов И.П. Полное собрание сочинений изз-во А.Н.СССР,т.ш.кн.2,1951.
  8. Павлов И.П.Физиологическое учение о типах нервной системы, темпераментах. Полн.собр.соч.т.111,кн2.
test

Добавить комментарий