Асосҳои психологии муошират

                                                  Нақша:

  1. Тавсифи психологии муошират ва қонуниятҳои зуҳуроти он.
  2. Муошират ҳамчун воситаи мубодилаи афкор.
  3. Муошират ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ.
  4. Рушду нумӯи муошират дар синни томактабӣ ва давраи мактабхонӣ.

Интихоби тарзҳои дурусти бо дигарон барқарор намуда тавонистани алоқаҳои байниҳамӣ, муошират номида мешавад.

Муошират аз талабот, хоҳиш, шавқу ҳавас барои дарки ин ё он маълумот ва хабар оғоз меёбад. Муошират воситаи таъсиррасонӣ, банизомдарорӣ, идоракунии рафтор ва ниҳоят манбаи донишомӯзӣ мебошад. Муошират бо роҳҳои зерин сурат мегирад.

         Бо роҳи нутқ, сухан, нутқи шифоҳӣ, нутқи хаттӣ, нутқи монологӣ, нутқи диологӣ, нутқи дохилӣ ва берунӣ. Пеш аз оне, ки бо дигарон муошират барқарор намоем сараввал дар зер модули фикрҳоро тайёр мекунем, маъқул мешуморем баъд аз он бо ёрии нутқ фикрҳои худро ба дигарон баён менамоем. Муошират бо ҳиссиёт, ирода, хусусиятҳои фарди- психологӣ; характер, мизољ, қобилият ва протсессҳои маърифатӣ эҳсос, идрок, диққат, хотир, хайёл ва тафаккур алоқаи ногусастанӣ дорад.

         Психолог Андреева Г.Н. ба таркиби муошират мафхумҳои зеринро дохил намудааст:

  1. Муоширати комуникативӣ- ба воситаи нутқ ва ғайри нутқӣ.
  2. Муоширати интерактивӣ – яъне ба вуљуд овардани талабот, хоҳишу ҳавасҳо барои барқароршавии алоқаи байниҳамӣ.
  3. Муоширати персептивӣ – (персепсия идрок мебошад). Бо ёрии муоширати персептивӣ, ки асосан эҳсосу идрок ва тасаввуротро дар бар мегирад муаллим аз вазъу ҳолати хонандагони синф, хушҳолию рӯҳбаландӣ, ноумедию ғамгинӣ ва дигар ҳолатҳои авзои психологии синф мудом бояд бохабар шавад.

Муошират дар шакли коммуникатсия низ ифода меёбад. Баъзан дар матбуот аз истилоҳи воситаҳои коммуникатсионӣ истифода мебаранд. Дар зери маънии коммуникатсия пеш аз ҳама радио, телевизион, истифодаи фиттаҳо, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, ки тавассути мављ ва ноқилҳои ба ҳам васлшаванда пайвастанд ва алоқаи моро бо дигарон мепайванданд, фаҳмида мешавад. Муошират ба якчанд намудҳо шартан људо мешавад:

         а). Муоширати бавосита.

         б). Муоширати бевосита.

         в). Муоширати кӯтоҳмуддат.

         г). Муоширати дарозмуддат.

         д). Муоширати ба охир расид.

         е). Муоширати нотамом.

         Муоширати бавосита чунин маъно дорад, ки одам дар рафти ҳалли ягон масъала ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ӯ барои ёфтани роҳҳои ҳалли масъала адабиёт мехонад, луғатҳоро варақ мезанад. Ба воситаи компютер ба марказҳои илмӣ мурољиат менамояд. Баъд љавоби дурустро меёбад. Масалан: саволу љавоб бо муаллим бо ёрии телефони мобилӣ, пайваст шудан ба китобхона.

         Муоширати бевосита чунин маъно дорад, ки одам доимо бо дигарон дар алоқаи байниҳамӣ аст ва ҳамеша дарду алам ва фикру ҳиссиёти худро ба дигарон мефаҳмонад ва бо авзои рӯҳии ҳамсӯҳбатон шинос мешавад. Масалан: Дарси муаллим, љавоби донишљӯ дар машғулияти семинарӣ, тамошои телевизион, хондани матбуоти даврӣ.

         Муоширати кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат.

         Муоширати кӯтоҳмуддат дар раванди таълим ва дигар мавқеъҳои дигари муаллим басо зарур аст, зеро дар як муддати кӯтоҳ ахборот гирифтан ва ё бо шахс дар робита шудан аз одам ҳушёрӣ, ҳозирљавобӣ, мулоҳизакорӣ ва бо андеша баён намудани фикрро талаб мекунад.

         Муоширати дарозмуддат муддати дер давом карда аз одам бомулоҳизагӣ, сабру тоқат, ботамкинӣ, овардани далелу маълумоти аниқ, маълумотнокӣ, маданияти маънавӣ, тайёрии тахассусӣ, истодагарӣ карданро талаб мекунад.   

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.