Хайёл ва эҷодиёт

Хайёл ва эҷодиёт

1. Тавсифи умумии хаёл

2. Намудҳои хаёл вароҳҳои офаридани образҳои эҷодӣ

3. Тафовути инфиродӣ ва тараққиёти хаёл

Тавсифи умумии хаёл

Инсон ҳангоми инъикос намудани олами объективӣ на танҳо ангезаҳои айни замон таъсирбахшанда ё худ пеш даркшударо идрок мекунад, балки образҳои нав ба навро низ меофарад. Ў метавонад дар асоси тасвири дигар одамон тасаввури он ҷойеро кунад, ки пештар онро надида буд ва ё тасаввури ҳайвону растании пеш бо онҳо вонахўрдаро намояд, ки аз хусусашон аз дигарон фаҳмидааст. Ў ҳатто метавонад чизеро тасаввур намояд, ки дар ҳақиқат вуҷуд надорад. Мусиқашинос оҳанги нави меофаридаашро тасаввур мекунад. Ихтироъкор бошад конструксияи нави механизм, қисмҳои алоҳида ва таъсири байҳамдигарии онҳоро тасаввур менамояд.

Фикран тасаввур намудани он чизе, ки дар гузашта идрок нашуда буданд, офаридани образи ашёву ҳодисаҳое, ки акнун офарида мешаванд, ҳамаи ин шакли махсуси фаъолияти психикӣ – хаёлро ифода мекунад. Хаёл – ин офаридани чизи нав дар шакли образ, тасаввурот ва идея мебошад, ки сипас дар чизи моддӣ ё дар фаъолияти амалӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Хаёл фаъолияти махсуси инсон аст, ки дар протсесси меҳнат пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Меҳнат-ин таъсири одам ба олами иҳотакарда, дигаргун намудани ҳақиқати объективӣ буда, характери мақсадноку банақшагириро дорад. Одам пеш аз он ки чизеро офарад, аввал идеяи онро ва сипас роҳи сохтанашро тасаввур мекунад. Яъне, пеш аз он ки ягон чизи моддиро созад, онро фикран дар мағзи сари худ ба вуҷуд меоварад. Тасаввур намудани чунин образу амалҳои оянда ва натиҷаҳои онҳо яке аз хусусиятҳои характерноки меҳнат мебошад, ки фаъолияти одамро аз рафтори ҳайвонот фарқ мекунонад. Вақте ки мо аз хусуси образу амалҳои оянда сухан меронем, он гоҳ ҳаминро дар назар дорем, ки маҳсули хаёл аст ва он бори аввал дар ҷамъият ба вуҷуд оварда шудааст.

Хаёл ба монанди тафаккур фаъолияти таҳлилию таркибӣ буда, дар асоси мақсади шуурона гузошташуда ба амал меояд. Хаёл аксар вақт дар вазъиятҳои проблемавӣ, дар ҳолатҳое, ки зарурати ёфтани ҳалли нав ва системаи амалҳои пешбиникунандаи инъикос ба миён меояд, объекти худро пайдо мекунад.

Хаёл то андозае мавҷудияти душвориҳоро дар ҳақиқат ифода мекунад. Одам баъзан чизеро меофарад, ки он дар ҳақиқат мавҷуд нест ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, манбаи хаёл ҳамеша дар реалияти объективӣ аст ва яке аз шаклҳои инъикоси ҳақиқат ба шумор меравад.

Одам ҳар он чизи навро, ки меофарад, ҳамеша ба ҳақиқати реалӣ, ба қонунҳои объективии ҳақиқат такя мекунад. Ба қонунҳои объективии табиат конструктор ва ихтироъкор такя менамояд. Нависанда ва рассом бошад, асарҳои худро дар асоси таҷрибаю мушоҳидаҳои ҳаётии худашон эҷод мекунанд. Ҳатто дар мавриди офаридани образҳои фантастикӣ баъзе қисмҳои он аз реалияти объективӣ гирифта, инъикос карда мешаванд. Чунин образҳоро дар афсонаҳои халқӣ (парии обӣ-пайвастаи зан ва моҳӣ, кулбаи мурғпочак, ғули ҷангал-пайвасти одам ва даррандаи ҷангал ва дар образҳои мифологии кентавр (пайвасти одам ва асп) ва ғ. дидан мумкин аст. Одам тавассути хаёл образҳои нав меофарад ва кўшиш мекунад, ки онҳоро дар ашё, расму тасвирҳо, дар осори мусиқавию адабӣ, дар фаъолияти амалӣ ва ғайра таҷассум намояд. Агар чунин майлу хоҳиш ва талаботи одам қонеъ нагардад, образҳои нави офарида бо ҳақиқат мувофиқат накунанд, он гоҳ онҳо ҳамчун образҳои дурўғ партофта ё ислоҳ карда мешаванд ва ин кор то дами ба даст овардани инъикоси дуруст давом меёбад.

Хаёл бо амалия алоқаи канданашаванда дорад. Маҳз дар амалия мушкилоте ба вуҷуд меояд, ки он одамро ба дигаргун кардани ҳақиқат ва офаридани чизи нав водор мекунад. Аз ин рў, амалия меъёри (ченаки) дурустии образҳои хаёл мебошад. Одам образҳои хаёлро дар фаъолияти амалӣ аниқу бой мегардонад, тағйир медиҳад ва фикру андешаҳои аз ибтидо номуайяни эҷодии худро ҷомаи амал мепўшонад. То он даме, ки фикру андеша «дар сар» аст, он ҳоло то ба охир равшану муайян нест. Бинобар ин, дар ҷараёни сохтани чиз пеш аз ҳама расму нақшаи онро мекашад ва дар кори ояндаи худ ба он такя мекунад. Хаёл ба дараҷаи мавҷудияти донишҳои одам дар бораи ҳақиқат вобаста аст. Ҳар қадаре донишҳои мо оид ба соҳае, ки дар он ягон чизи наве сохта мешавад, васеъ бошад, қадре таҷрибаи мо доир ба ин соҳа бой бошад, ҳамон қадар имконияти офаридани чизи нави мувофиқ бо талаботи ҳақиқат ва истифодаи амалии он зиёдтар мешавад.

Хаёл бо шавқу ҳавас, қобилият, дониш, маҳорат ва малака алоқаманд аст.

Механизми физиологии хаёлро дар пўстлохи мағзи сар пайдошавии алоқаҳои нави асабӣ дар асоси алоқаҳои муваққатии асабии пеш вуҷуддошта ташкил медиҳад. Актуализатсияи оддии алоқаҳои муваққатӣ ба офаридани чизи нав намебарад. Барои сохтани чизи нав бояд алоқаҳои муваққатие, ки пеш байни худ ҳеҷ пайвастагие пайдо накарда буданд, акнун чунин пайвастагиро ба вуҷуд меоваранд.

Дар протсесси хаёл таъсири алоқамандии байниҳамдигарии системаҳои якум ва дуюми сигналӣ намоён мешавад, чунки образҳои хаёл бо сигналҳои нутқӣ ва калимаҳои шунавидашаванда ё дидашаванда ба вуҷуд оварда мешаванд.

Намудҳои хаёл ва роҳҳои офаридани образҳои эҷодӣ

Дар илми психология якчанд таснифоти намудҳои хаёл мавҷуд аст, ки ҳар яке аз онҳо ягон аломати муҳимтарини хаёлро ба асос мегирад: фаъолӣ, алоқамандӣ бо майлу хоҳишҳо, мустақилӣ ҳангоми офаридани образҳои нав.

Аз рўи аломати фаъолӣ хаёлро ба пассив ва фаъол ҷудо мекунанд. Агар образҳои туфайли фантазияи одам офаридашуда дар ҳаёт амалӣ нашудаанд ва чунин барномаҳои фаъолиятие ба нақша гирифта шаванд, ки иҷрои он номумкин бошад, он гоҳ ин аз мавҷудияти хаёли пассив дарак медиҳад. Яъне, образҳои хаёли пассив аз фаъолияти амалӣ дур мебошанд. Одам дар ин ҳолат метавонад ихтиёрӣ ё беихтиёр ба майдони тасаввуротҳои аз соҳаи ҳақиқат ниҳоят дур биафтад. Хаёли пассив метавонад беихтиёр дар ҳолатҳои суст шудани фаъолияти шуур, системаи дуюми сигналӣ, дар ҳолати нимхобу нимбедорӣ ва аффект, дар ҳолати хобу хоббинӣ ва иллатҳои паталогии шуур (галютсинатсияҳо) ба вуҷуд ояд.

Хаёли фаъол бо иҷрои фаъолияти конкретии амалӣ алоқаманд аст. Масалан, мо пеш аз сохтани рафи китобмонӣ, аввал образи онро ташаккул медиҳем, андеша менамоем, ки аз кадом мавод онро созем, чӣ тавр коркард ва васл кардани онҳоро кунем.

Вобаста ба мустақилӣ ва оригиналии образҳо хаёлро ба азнавсозӣ ва эҷодӣ ҷудо мекунанд. Хаёли азнавсозӣ-ин чизи барои худ навро тасаввур кардани одам аст. Дар айни ҳол ин тасаввурот ба шарҳи калимагӣ ё тасвири шартии ҳамон чизи нав (нақша, схема, бо ёрии нота навиштан) такя мекунад. Ин намуди хаёл ба таври васеъ дар намудҳои гуногуни фаъолияти одам, аз ҷумла дар таълим истифода мешавад. Талаба дар рафти шунидани нақли муаллим ва мутолиа намудани матни китоби дарсӣ бояд чизеро, ки ба мафҳумҳои нави азхудшаванда мувофиқат мекунад, тасаввур намояд. Масалан, хонанда ҳангоми омўхтани таърих бояд манзилу истиқоматгоҳҳои одамони ибтидоӣ, олоти аввалини меҳнат, сару либоси давраҳои гуногун ва ғайраро тасаввур намояд; ҳангоми омўхтани математика ва аз худ намудани шарт ва ҳалли масъалаҳо хонанда бояд ба таври айёнӣ (ҳатто дар шакли схема) мазмуни предметии (сюжетии) масъаларо тасаввур намояд; коргар фаъолияти меҳнатии худро мувофиқи нақша ё схема иҷро менамояд ва ғ.

Хаёли азнавсозӣ инчунин барои фаҳмидани ҳиссиёти одамони дигар низ муҳим аст. Шахс дар ин маврид ҳолати шахси дигар ва вазъияти дар он афтодаро тасаввур мекунад.

Барои ҳосил намудани тасаввуроти дуруст доир ба чизи нав бояд он образнок тасвир гардад, дар бораи он (чунон нақл карда шавад, ки ҳиссиёти баландро бедор кунад) маълумотҳои абстрактӣ ин чизи навро мушаххас намояд. Масалан, барои ба таври мушаххас тасаввур намудани масофаи байни Офтоб ва Замин, ки тахминан ба 149500000 километр баробар мебошад, бузургии онро ҳамин тавр нишон додан мумкин аст: поезди тезгард, ки доимо бо суръати миёнаи 50 километр дар як соат ҳаракат мекунад, ин масофаро дар муддати 340 сол тай менамояд.

Ҳамин тавр, вазифаи раванди таълим дар он зоҳир мешавад, ки дар хонандагон образҳои аниқу равшанро ҳангоми омўзиши фанҳо ба вуҷуд оварад ва дар асоси такя ба онҳо тасвир, вазъият ва ҳодисаҳои ба ҳақиқат мувофиқро аз нав ҳосил карда тавонад.

Хаёли эҷодӣ – ин офаридани образ ва идеяи наву оригиналӣ мебошад. Мафҳуми «нав» мазмун ва моҳияти ҳам объективӣ ва ҳам субъективиро дорад. Тарафи объективии чизи нав онро ифода мекунад, ки образу идеяи он дар ҳолати додашуда чӣ дар шакли моддӣ ва чӣ идеалӣ вуҷуд надорад. Тарафи субъективии чизи нав ин танҳо барои ҳамин одам нав будан чизи навро мефаҳмонад. Яъне, шахс маҳз барои худ ин чизи оригиналӣ ва такрорнашавандаро мекушояд ва барои дигарон гўё ин номаълуму норавшан мебошад. Хаёли эҷодӣ дар мустақилона офаридани образҳои нав ифода меёбад. Вай бо фаъолияти эҷодӣ алоқаманд аст. Бе хаёли эҷодӣ фаъолияти ихтироъкор ва конструкторро тасаввур кардан номумкин аст. Фаъолияти эҷодӣ ё худ эҷодиёт фаъолияте мебошад, ки маҳсули наву нахустин бор ба вуҷуд овардашуда ва аҳамияти ҷамъиятӣ доштаро медиҳад. Маҳсули хаёли эҷодиро тавассути меҳнат ба ашёву чиз табдил додан мумкин аст, вале образи он дар дараҷаи мазмуни идеалӣ мемонад, чунки дар амалия ба вуҷуд овардани он имконпазир аст. Образҳои хаёли эҷодӣ бо усулҳои зерин офарида мешаванд: агглютинатсия, комбинатсия кардан, аналогия, аксентуатсия, гиперболизатсия, типикунонӣ.

Агглютинатсия (дар тарҷума аз юнонӣ – часпонидан) яке аз усулҳои содда ба шумор рафта, бо роҳи ба як объект ҳамроҳ намудани аломатҳои объекти дигар ба амал меояд. Одамони қадим бо ин усул образҳои асотирӣ, аз қабили кентавр, парии обӣ ва ғайра офариданд. Бо ёрии агглютинатсия кам образҳое офарида мешаванд, ки минбаъд дар чизи реалӣ таҷассум ёбанд. Аз ин рў, ин усул бештар ҳангоми фантазия намудан, яъне дар мавриди дар предмети реалӣ зарурати таҷассум намудани образ ба вуҷуд намеояд, истифода мешавад.

Усули комбинатсия намудан пайвастшавии соддаи механикии қисмҳои аввалаи мошин (детал ва қисмҳои механизм ё ҳодисаҳо) набуда, балки якҷошавии онҳо аз рўи схемаи конкретии мантиқӣ ба амал меояд. Масалан, шогирдони харрот мақсад гузоштанд, ки дастгоҳи харротии винтбурро нав кунанд. Бо ин мақсад корпус ва қисмҳои зиёдатиро гирифтанд ва дар баробари ин, подшипникҳои барои дастгоҳи нави тамғаи хориҷӣ таъиншударо низ истифода бурданд. Дар натиҷа, дастгоҳи васлкардашуда сифатҳои хуби дастгоҳи кўҳнаи харротии винтбурро нигоҳ дошт ва ҳангоми кор бо подшипникҳои нави такмилёфта самаранокии корро боз ҳам баландтар бардошт.

Усули аналогия дар офаридани чизи нав аз рўи монандкунӣ бо чизи маълум аст. Дар асоси принсипи аналогия соҳаи махсуси дониш ва кори инжинерӣ – бионика ба вуҷуд омад. Бионика баъзе хусусиятҳои организми зиндаро ҳамчун моделҳои биологӣ ҷудо мекунад ва онҳоро барои сохтани механизмҳо пешниҳод менамояд. Ҳамин тавр, асбобҳои зиёди айни замон амалкунандаи таъиноташон гуногун (локатормонанд ба узвҳои ориентатсионии кўршабпарак, чашми электронӣ монанд ба чашми қурбоққаи палангӣ) офарида шудаанд. Аналогия метавонад дар шакли дуру наздик зоҳир шавад. Масалан, намуди зоҳирии самолёти ҳозира паррандаи парвозкунандаро мемонад. Ин аналогияи надик аст. Верталётҳо бошанд аналогияи нисбатан дур бо парранда мебошанд.

Образҳои хаёли эҷодӣ инчунин бо роҳи аксентуатсия офарида мешаванд. Дар образҳои офаридашаванда ягон қисм ё унсури он ба таври махсус ҷудо ва сахт таъкид карда мешавад. Ҳамин тавр, рассом расмҳои ҳаҷвӣ ва ҳазлҳои рафиқона мекашад. Ў дар рўй, андом ва дасту пойи одам ягон хусусияти ба ў хоси такрорнашавандаро пайдо намуда, онро пурзўру барҷаста ва ҷалбкунанда карда нишон медиҳад. Расмҳои ҳаҷвӣ ва ҳазлҳои рафиқона ба аслашон монанданд, вале ин монандии нисбӣ аст. Нависандаҳои ҳаҷвнигор ягон ҳолату вазъиятро тасвир намуда, ҳамон чизро ҷолибу барҷаста карда нишон медиҳанд, ки он на бояд масхара шавад ё ҳисси ҳазлу шўхиро ба вуҷуд оварад.

Усули дигари офаридани образҳои хаёл гиперболизатсия (муболиға) ва мусоғара (хурднишондиҳӣ) мебошанд. Ин усулҳо аз аксентуатсия то андозае фарқ мекунанд. Агар усули аксентуатсия ягон қисми объектро ҷолибу барҷаста карда таъкид намояд, он гоҳ муболиғаю мусоғара тамоми объект ва ҳолатро фаро мегирад. Инро, масалан, дар афсонаҳои барои бачаҳои хурдсол «Гуливер дар назди лилипутҳо», «Гуливер дар назди девпайкарҳо» мушоҳида кардан мумкин аст.

Яке аз усулҳои нисбатан мураккаби хаёли эҷодӣ типикунонии образҳо мебошад. Образи нав дар асоси хусусиятҳои муҳим ва умумии гурўҳи образҳо офарида мешавад. Масалан, Қорӣ Исмат дар повести «Марги судхўр» – и С.Айнӣ образи типикунонидашуда мебошад. Дар ин образ тамоми хусусиятҳои муҳим ва умумии ба судхўрон хоси ҳамон давраи таърихӣ таҷассум ёфтааст. Образҳои типикунонидашуда типҳои ҷамъбасткунанда мебошанд.

Ташаккули маҳорати бошуурона истифода бурдани усулҳои дар боло зикршуда дар офаридани образҳои эҷодӣ яке аз шароитҳои муҳими дар хонандагон инкишоф додани фаъолияти эҷодӣ ва талабот ба эҷодиёт ба шумор меравад.

2 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.