Хиссиёт.Мафҳуми ҳиссиёт ва эмотсия

 

1.Мафхуми умуми дар бораи хиссиёт.

2.Хусусиятхои хиссиёт.

3.Намудхои хиссиёт.

4.Шаклхои таассуроти хиссиёт.

Мафҳуми ҳиссиёт ва эмотсия

Одам бо олами иҳотакарда дар таъсири байниҳамдигарӣ буда, дар мағзи сари худ на танҳо ҳодиса ва предметҳои гуногун, сифат ва хусусиятҳои фарқкунанда, алоқа ва вобастагиҳои ҳархелаи онҳоро, балки муносибатҳои объективии бо объектҳои инъикос баамаломадаро низ инъикос мекунад. Ҳамин тавр, як ҳодиса ўро хурсанд мекунад, дигараш ғамгин месозад; якеро ба ваҷд меовараду дигареро ба қаҳр ва ғ. Инъикос дар худ муносибати шахсро ба объект ифода мекунад ва он метавонад талаботи ўро қонеъ созад ё ба ин раванд монеа шавад. Аз ин рў, тарафи дигари гуногунранг инъикос намудани олами берунаро дар мағзи сар соҳаи ҳиссиёт ё худ эмотсионалии шахс ташкил медиҳад. Хусусиятҳои соҳаи эмотсионалӣ ба тамоми намудҳои фаъолии одам, махсусан, ба фаъолияти маърифатӣ ва эҷодии ў нақши худро мегузорад. «Таъсироти олами беруна ба одам дар мағзи сари ў дар шакли ҳиссиёт, фикр, ҳаяҷон ва зуҳуроти ирода инъикос меёбад» – қайд мекунад Ф.Энгелс.

Ҳиссиёт ва эмотсия чунин ҳолатҳои психикие мебошанд, ки муносибати ҳиссии одамро ба худ, нисбат ба одамони иҳотакарда ифода менамоянд.

Предмету ҳодисаҳои ба таври объективӣ вуҷуддошта, фаъолияти иҷрошаванда, дигаргуние, ки дар организми мо ба амал меояд – ҳамаи ин ба сифати манбаи ҳиссиёт ва эмотсия хизмат мекунад.

Мафҳумҳои «ҳиссиёт» ва «эмотсия» – ро ҳамчун ҳодисаҳои гуногун, вале бо ҳам алоқаманди соҳаи эмотсионалии шахс бояд тавсиф дод.

Эмотсия калимаи лотинӣ буда, маънои ба ҳаяҷон овардан, барангехтанро дорад. Бо мурури замон маънои ин калима тағйир ёфт ва ҳоло эмотсия – маҷмўи реаксияҳои ҳиссиёт мебошад, ки дар ҷавоби сигналҳои аз ҷиҳати характер мухталифи экзогенӣ ва эндогенӣ пайдо шуда, ҳатман сабаби тағйиротҳои муайяни ҳолати физиологии организм мебошад. Психолог К. К. Платонов қайд мекунад, ки эмотсияҳо ашё ва ҳодисоти олами воқеиро не, балки муносибатҳои объективиро инъикос менамоянд. Эмотсияҳо ҳанўз шакли маърифат набуда, дар шуур на образҳои ашё ё ҳодисот, балки таассуротҳои оддию бевоситае ба шумор рафта, бо қонеъгардӣ, қонеъ нагаштани талаботҳо алоқаманданд ва зимни он дар шаклу тобишҳои гуногун зоҳир мешаванд. Шодию ғам, ҳаловату кароҳат, тарсу ғазаб, андўҳ ва ҳисси қаноатмандӣ, изтироб ва маъюсӣ – инҳо мисолҳои ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ мебошанд.

Эмотсияҳое, ки бо қонеъ намудани талаботҳои органикӣ алоқаманданд, дар ҳайвонот низ мавҷуданд. Ин эмотсия низ дар инсон табиати ҷамъиятро соҳиб аст. Инсон ҳангоми гурўснагиро ҳис намудан, яъне дар сурати зарурат ба хўрок пайдо шудан, ба он дарнамеафтад, балки талаботи худро бо баҳисобгирии имкониятҳо ва бамавридии он қонеъ менамояд.

Эмотсияҳои оддитарини ибтидоӣ ба одам аз овони кўдакиаш хос мебошад. Зотан аввалан гиряи кўдакро сарахбори ҳаёти эмотсионалӣ донистан мумкин аст. Кўдак дар ҳафтаи панҷуми ҳаёташ ба ҷуз гиряву дод боз табассум мекардагӣ мешавад, ки ин аз хушҳолии кўдак хабар медиҳад. Кўдаки думоҳа аллакай механдад ва аз моҳи саввум сар карда, дар ў реаксиҳои умумии ҳаракатиро, ки ҳолати эмотсионалиро инъикос мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар синни яксолагӣ ва минбаъд реаксияҳои эмотсионалии кўдак бо меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ то дараҷае алоқаманд мегарданд. Яъне, эмотсияҳо устувору бақувват ва табиатан мураккабтар мешаванд.

Ҳиссиёт маҳсули таъсироти ҷамъиятӣ аст ва фақат дар сурати мавҷуд будани дараҷаи муайяни ақл пайдо шуда, муносибати ашё ва ҳодисотро бо талаботи олӣ ва муроду мақсадҳои одам инъикос мекунад.

Ҳисси муҳаббату рафоқат, шарму ҳаё ва номус, ҳисси меҳнатдўстию ватандўстӣ, эстетикӣ ва бисёр дигар ҳолатҳои мураккаби эмотсионалӣ аз ҷиҳати таърихӣ ва иҷтимоӣ мураттаб ва мукаммал гардида, муносибатҳои муайяни байни одамонро инъикос менамояд.

Ҳиссиёт нисбат ба эмотсия дида функсияҳои барои ҳаёти ҷамъиятии одам зарурро иҷро мекунад. Масалан, меҳри Ватан дорои мазмуни иҷтимоӣ аст ва он метавонад вобаста ба вазъу шароите, ки шахсиятро фаро гирифтаанд ё худ ҳангоми аз сар гузаронидани реаксияҳои мухталифи эмотсионалӣ зоҳир гардад. Мо метавонем нисбат ба душманон хашму ғазаб кунем ё аз муваффақиятҳои худ мамнун гардида, қаноатмандӣ ҳис намоем ва ғайра. Ҳамаи ин реаксияҳои эмотсионалие мебошанд, ки тавассути онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан зоҳир мегардад ва моҳияти онҳо дар мафҳуми Ватан ифода меёбад.

Ҳиссиёт ҳамчун шакли устуворгардида, мураккаб ва ҷамъбасткардаи инъикоси эмотсионалӣ танҳо ба одам хос аст. Ҳиссиёт табиати иҷтимоиро дорад ва метавонад дар эмотсияҳо ифода ёбад. Масалан, ватандўстӣ туфайли мафтун шудан аз дастовардҳои олимон ва варзишгарон ё ба фазли зуҳуроти эмотсияи хашму ғазаб нисбати душманони миллат ифода ёфта метавонад.

Умумияти ҳиссиёт ва эмотсияҳои одаму ҳайвон дар функсияҳои онҳо мушоҳида мешавад. Тадқиқотҳои дар ҳайвонот гузаронидашуда (Р.Ш. Шовен, Х. Делгадо ва дигарон) нишон медиҳанд, ки эмотсияҳо функсияи сигналдиҳӣ ва идоракунандаро адо мекунанд. Ҳиссиёт ва эмотсияҳо дар одам низ ҳамин функсияҳоро иҷро менамоянд. Функсияи сигналдиҳии ҳиссиёт ва эмотсия бо он алоқаманд аст, ки онҳо бо ҳаракатҳои таъсирбахши мимикӣ (ҳаракати мушакҳои бадан, имову ишора), бо дигаршавии овоз ва тағйироти вегетативӣ (арақҷудокунӣ, сурхшавӣ, паридани ранги пўст) ифода меёбад. Чунин зуҳуроти ҳиссиёт ва эмотсия ба одамони дигар аз хусуси ҳиссиёти азсаргузарандаи одам хабар медиҳад.

Функсияи идоракунии ҳиссиёт дар он ифода меёбад, ки таассуротҳои устувору мустаҳкам рафтори моро ба низом медароранд, ба он қувват мебахшанд ва дар бартараф намудани монеаҳои дучоршуда ёрӣ мерасонанд. Механизмҳои идоракунандаи ҳиссиёт таассуротҳои барзиёди ҳаяҷони эмотсионалиро аз байн мебаранд. Ҳангоме ки эмотсияҳо ба дараҷаи ниҳоят баланди шиддати худ мерасанд, гоҳ шакливазкунии онҳо ба намуди протсессҳои секретсияҳои ғудудҳои ашк ва кашидашавии мушакҳои мимикию нафаскашӣ рўй медиҳанд. Гиря одатан на аз 15 дақиқа зиёда давом мекунад ва ин муддат барои пастшавии шиддати зиёдатии ҳаяҷон кифоя аст. Одам баъд аз ин худро то андозае беҳолу бемадор ва гаранг ҳис мекунад ва ин дар маҷмўъ ҳамчун ҳолати таскину оромшавии ў тавсиф дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки одамон туфайли таҷрибаи ҳаётиашон метавонанд зуҳуроти берунии ҳиссиёташонро идора намоянд. Масалан, баъзан таҳти ҳолати хушнудию сурур, хиҷолат ва саросемагӣ пардапўш карда мешаванд ва зери оромии зоҳирӣ ниҳон мегардад.

Ҳиссиёт ва эмотсия ба монанди дигар ҳодисаҳои психологӣ дорои тавсифдиҳандаҳое мебошанд, ки бо онҳо аз дигар ҳодисаҳои психикӣ фарқ мекунанд. Одатан чунин тавсифдиҳандаҳоро ҷудо менамоянд: марҳаланокӣ, тазодӣ, дараҷаи ифоданамоии муносибати шахс ба объект. Марҳаланокии ҳиссиёт ва эмотсия дар баландшавии шиддати ҳаяҷон ифода меёбад. Шиддати ҳаяҷон ба тағйироти дар шароитҳои берунӣ баамалоянда вабаста аст. Интизории ягон ҳодисае, ки шахс дар он бояд ҷиддӣ ва мустақилона амал кунад, ба баландшавии шиддати ҳаяҷон мусоидат мекунад. Вобаста ба мазмуни фаъолияти вазъиятҳо ва хусусиятҳои индивидуалии шахс шиддати ҳаяҷон ҳолати фаъол ҳис карда мешавад ва он метавонад ба фаъолият қувват бахшад. Одам бояд аз шиддати ҳаяҷони азсаргузаронида ҳолати осуда ё бемадории пурраро ҳис кунад.

Тазоди ҳиссиёт ва эмотсия дар зиддияту мухолифати ҳиссиётҳои азсаргузаронида ифода меёбад. Масалан, тазоди ҳисссиёти хурсандӣ – ғам, ҳаловат – азоб, муҳаббат – бадбинӣ ва ғайра бештар мушоҳида мекунем.

Ифода намудани муносибат ба объект чунинг сифате мебошад, ки дар ҳиссиётҳои мусбат, манфӣ ва номуайян зоҳир мешавад. Агар талаботи шахс қонеъ гардад ё худ умеди қонеъгардӣ вуҷуд дошта бошад, он гоҳ ҳиссиёти мусбати эмотсионалӣ ба амал меояд. Агар чизе дар қонеъгардии талабот халал расонад ё худ қонеъ нашудани он фаҳмида шавад, он гоҳ муносибати манфии эмотсионалӣ ба омилҳои монеъшаванда ба амал меояд.

Ҳиссиёти номуайяни эмотсионалӣ одатан дар шароиту вазъиятҳои наву ношинос, ҳангоми набудани таҷрибаи муносибат кардан ба олами беруна ё худ дар вақти шинос шудан бо предмети ношиноси фаъолият ба вуҷуд меояд. Бояд гуфт, ки чунин ҳолат давомдору устувор намебошад ва он бо дигар шудани вазъияту шароит, яъне бо гузаштанаш ба ҳиссиёти мусбат ё манфӣ аз байн меравад .

Намудҳои ҳиссиётро одатан аз рўи ҳолати фаъолӣ ва пассивии одам, ки эмотсияҳои муайянро ба амал меоварад, фаъолияти ҳаётии ўро баланд ё паст мекунанд, ба стеникӣ (аз калимаи юнонии «стенос» – қувва) ва астеникӣ («астенос»- беқувватӣ, сустӣ) ҷудо мекунанд. Ҳиссиёти стеникӣ фаъолиро баланд мебардорад, боиси ҳаяҷон, ҷўшу хурўш ва рўҳбаландии одам мешавад. Хурсандӣ ҳисси боғайратӣ, азоб, нафрат аз қабили ҳиссиётҳои стеникӣ мебошанд. Ҳиссиётҳои астеникӣ бошанд, ғаму ғусса, маъюсӣ, рўҳафтодагӣ) фаъолӣ, қувва ва ҷараёни фаъолияти ҳаёти одамро суст менамояд.

Се ҷуфти нисбатан содаи ҳолатҳои эмотсионалиро фарқ мекунанд: қаноатмандӣ – ноқаноатмандӣ, зўру бошиддат – бартараф кардан, ҳаяҷон – осудашавӣ, таскинёбӣ.

Эмотсияҳои қаноатмандӣ ё ноқаноатмандӣ талаботи организмро бо олами берунӣ инъикос менамоянд. Қонеъгардии ин талабот ҳамчун ҳолати хушу ҳаловат бурдан ва қонеъ нагаштани онҳо ҳамчун нохушию норизоӣ тавсиф дода мешавад. Асоси ин эмотсияҳоро рефлексҳои ғайришартӣ ташкил медиҳанд Ҳаяҷонҳои нисбатан мураккаби «хушӣ» ва «нохушӣ» бошад, дар одам аз рўи механизми рефлексии шартӣ, яъне ҳамчун ҳиссиёт инкишоф меёбанд. Эмотсияҳои қаноатмандӣ ва ноқаноатмандӣ, ки дар иҷрои ин ё он амал мусоидат мнамояд, дар табдили он ба одати инсон нақши калон мебозанд.Ҳаминро бояд қайд кард, ки хотири эмотсионалӣ ҳолатҳои ҳисси қаноатмандиро беҳтар дар хотир нигоҳ медорад ва аз ин рў, таҳсину офарин нисбат ба ҷазодиҳӣ воситьаи нисбатан зўри тарбия ба шумор меравад.

Эмотсияи зўру бошиддат ҳамеша бо офаридани фаъолияти нав ё шикастани тарзи кўҳнаи ҳаёт алоқаманд

аст. Хаар қадаре, ки системаи офарида ва шикасташавии рефлексҳои шартӣ мураккаб бошад, ҳамон қадр ин протсесс бо шиддати баланд мегузарад. Дар ниҳоят ин шиддат паст мешавад ё бартараф меёбад. Эмотсияҳои зўру бошиддат ба устувории эмотсионалию ҳаракатӣ таъсири манфӣ мебахшанд ва ин метавонад дар шахс ҳаяҷони бошиддатро ба вуҷуд оварад.

Эмотсияи ҳаяҷон дар асоси импулсҳои аз зери қишри мағзи Сар ба худи қишр оянда муайян карда мешавад. Боздории импулсҳо аз қишри мағзи Сар ба таври субъективӣ ҳамчун ҳолати осдаю таскинёбӣ ҳис карда мешавад.

Ҳиссиёти ахлоқӣ ин муносибати ҳиссии одамро ба рафтор ва инчунин ба рафтори худ ифода мекунад. Ба ҳиссиёти ахлоқӣ ҳусни таваҷҷўҳ (симпатия) ва бадбинӣ (антипатия), дилбастагӣ ва дилхунукӣ, эҳтиром ва нафрат барин зуҳуроти муносибатҳои ҳиссиро дохил кардан мумкин аст. Дар байни ҳиссиётҳои ахлоқӣ ҳисси рафоқат ва дўстӣ, ватандўстӣ ва коллективизм, ҳисси адои қарз ва виҷдонро бояд фарқ кард. Ин ҳиссиётҳо ба тафаккури инсон, ба системаи ақидаю эътиқодҳои ў алоқаманд мебошад. Онҳо дар асоси системаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ зоҳир ва идора карда мешаванд. Инсон барои тасдиқи принсипҳои ахлоқӣ метавонад дар вазъияте мубориза барад, ки ба ў азобу кулфатҳои зиёдеро моварад. Масалан, ў барои адо қарз дар назди Ватан метавонад ҷонашро дареғ надорад. Аз ин рў, калиди фаҳмиши рафтор фаҳмидани моҳияти иҷтимоии ҳиссиётҳои ахлоқӣ мебошад.

Ҳиссиётҳои ақлӣ дар рафти фаъолияти ақлӣ ба вуҷуд меоянд ва бо пртсессҳои маърифатӣ алоқаманд мебошанд. Ин шодию сурури одам аз ҳалли ягон проблемаи мураккаб ё ҳисси мураккаби ноқаноатмандӣ аз наёфтани ҳалли он мебошад. Ба ҳиссиёти ақлӣ дохил мешаванд: кунҷковӣ, донишдўстӣ, тааҷҷуб, боварӣ ба дурустии ҳалли масъала ва шубҳа кардан ҳангоми нобарорӣ, ҳисси навигарӣ, яъне мароми ҷустуҷў ва мубориза барои чизи нав ва прогрессивӣ дар соҳаи маърифат ва ғайра.

Ҳиссиёти эстетикӣ – ин муносибати ҳиссии одам ба зебоӣ ё баръакс, ба зиштию бадшаклӣ, ба такаббурӣ ё баръакс, ба пастию беҳаёӣ, ба фоҷиа ё мазҳака мебошад. Одатан чунин ҳиссиётҳо дар шакли равшвн ҳангоми идроки асарҳои манъат пайдо мешаванд ва бо инкишофи санъат низ тараққӣ меёбанд. Масалан, маҳз мусиқа дар мо ҳисси ҳаловат бурданро аз мусиқа бедор мекунад.

Ҳиссиёти эстетикӣ ба монанди ҳиссиёти ахлоқӣ табиати иҷтимоиро доарад ва бо ҳаёти иҷтимоии одамон муайян карда мешавад. Манбаи ҳиссиёти эстетикӣ на танҳо асарҳои санъат, балки ҳамаи он чизе шуда метавонад, ки ба талаботҳои зебоӣ ҷавоб диҳад, яъне ҳодисаҳои табиат, рафтори одамон ва ғайра. Махсусияти ҳиссиёти эстетикӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар бавуҷудоии он намуди зоҳирии ашёҳо, яъне ранг, шакли ашёҳо, хусусияти садодиҳӣ (дар мусиқа, шоирӣ ва ғайра) нақши муҳимро мебозад. Шакли ашёҳо ва ҳодисаҳо ба мазмуни муайяне зоҳир мешаванд. Бинобар ин яке аз заминаҳои муҳими ташаккули ҳисси эстетикӣ – ин тарбияи идрок карда тавонистани шакл ҳамчун воситаи ифодаи мазмуни он ба шумор меравад.

Хусусияти характерноки ҳамаи ҳиссиётҳои олӣ дар он аст, ки онҳо зимни меъёр ва принсипҳои муайян бо талаботҳои муайяни ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд ва шаклу мазмуни якдигарро бой мегардонанд.

Ҳолатҳои мотсионалӣ

Одам дар ҷараёни ҳаёту фаъолияташ ба ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ гирифтор мешавад ва ин ба зуҳуроти амалу рафтори ў тобиши махсусе мебахшад. Дар байни ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ аффект, стресс, фрустратсия, ҳолати рўҳӣ ва рағбатро фарқ мекунанд

Аффект (аз лот. изтироби рўҳӣ, ҳаяҷон) – ин ҳолати эмотсионалии зўр, пурҷўшухурўш, бошиддат ва нисбатан кўтоҳмуддати эмотсионалӣ буда, табиати таркишмонандро дорад ва ба назорати шуур дода намешавад.

Масалан, чунин ҷуфти калимаҳо тобишҳои гуногуни зўрӣ ва бошиддатии эмотсионалиро ифода мекунанд: шодӣ – ваҷд, тарс – даҳшат, ғам – ноумедӣ, ғазаб – бадхашмӣ ва ғ. Пайдоиши ҳолати аффект ҳамеша бо вазъияту шароитҳои муҳиму ҳаёти инсон алоқаманд аст. Аффектро инчунин ангезандаҳои зўр, аз қабили истифодаи калимаи бемаврид, таҳқир, таҳдид, рафтори номатлуби одамони дигар ба вуҷуд меоваранд. Одамене, ки ба типи системаи асаби дар мувозинат набудаи зўр тааллуқ доранд, бештар ба ҳолати аффект гирифтор мешаванд. Дар ҳолати аффект майдони фаъолияти шуур маҳдуд мешавад, яъне он ба доираи маҳдуду муайяни ашёву ҳодисаҳо равона мегардад. Асоси физиологии аффектро пайдоиши манбаи ҳаяҷони доминантӣ дар пустлохи мағзи сар ташкил медиҳад, ки ин дар қисматҳои дигари он амалҳои боздорандаро ба вуҷуд меоварад.

Одам дар ҳолати аффект фикру андеша накарда, рафтору кирдори бенизомро содир менамояд. Дар фаъолияти узвҳои ҳиссии ў дигаргуниҳо ба амал меоянд ва ҳаракатҳои чолоконаи ифоданокро (мимика ва имову ишораҳои махсус, гиря, фарёд, баъзан ҳаракатҳои беихтиёр ва ғ.) мекунад.

Одам ҳолати аффектро бе иштироки ирода аз сар мегузаронад, яъне идоранамоии иродавии он ба амал намеояд. Аффект дар наврасон одатан бештар зоҳир мешавад, чунки протсесси боздорӣ дар онҳо ба таври кофӣ ба вуҷуд намеояд. Аммо бояд қайд кард, ки дар зинаи аввали аффект идора намудани ҳолати эмотсионалӣ имконпазир аст, вале дар зинаҳои дигари он назорати иродавӣ ниҳоят душвор мешавад. Аз ин рў, нигоҳдошти саривақтии инкишофи аффект зарур аст. Идоранамоии аффект пеш аз ҳама ба хислатҳои ахлоқӣ ва шаклҳои устувори рафтори шахс вобаста аст, ки онҳо туфайли тарбия ва таҷриба ташаккул ёфтаанд.

Стресс ё бошиддатии рўҳӣ ҳолати психикиест, ки дар шароитҳои маҳдуду ҳисси нобоварӣ дар иҷрои амали дар айни замон хавфнок ифода меёбад. Ин ҳолат ҳангоми зарурати қабули қарори тезу масъулиятнок дар вазъиятҳои мураккабу хавфнок ва сарбории ҷисмонию ақлии шахс рўй медиҳад. Стресс дар рафти иҷрои намудҳои гуногуни фаъолият (бозӣ, таълимӣ, меҳнатӣ, варзиш, вазъиятҳои ихтилофноки ахлоқӣ ва ғ) ба вуҷуд меояд. Ҳолати стресс дар хонандагон ҳангоми иҷрои корҳои махсуси санҷишӣ, дар рафти супоридани имтиҳонҳо ва ҳалли мақбули низоъҳои байнишахсӣ зоҳир мешавад. Дар онҳо дигаргуниҳои физиологӣ, аз қабили задани дил, тез нафас кашидан, баландшавии фишори хун ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми стресси зўр дар рафтори шахс бенизомӣ ба амал меояд, нутқаш номураттаб, ҳаракатҳояш номувофиқ ва диққаташ парешон мешавад. Стресси суст, баръакс, боиси фаъолӣ ва муташаккилии шахс мегардад, ба тафаккури ў равшанию аниқиро мебахшад.

Ҳолати стрессро идора кардан мумкин аст ва барои ин пеш аз ҳама сабабҳои конкретии онро муайян кардан зарур аст. Яке аз сабабҳои он хусусиятҳои индивидуалӣ – психологии шахс, ба монанди барангезиши эмотсионалӣ, таъсирпазирӣ, худдории бад, боздошти баланд ва маҳдудии ҳаҷми диққат шуда метавонад. Бинобар ин, тез ба вазъият баҳо додан, ҳалли дурусти масъаларо пайдо кардан ва дуруст онро иҷро намудан ба таҷрибаи инфиродии шахс вобаста аст. Аз ин рў, шахсро мебояд, ки на танҳо ба ҳолатҳои муқаррарӣ, балки ба вазъиятҳои ногаҳонию тасодуфӣ низ омода бошад.

Фрустратсия ҳолати эмотсионалие мебошад, ки ҳангоми дучор омадани шахс ба душворию монеаҳои халалрасон дар протсесси расидан ба мақсад ба амал меояд. Ин ҳолат ба ҷараёни шуур ва фаъолияти одам таъсири манфӣ мебахшад. Одам дар ҳолати фрустратсия ба изтироби рўҳию асабии сахт гирифтор мешавад, алам, ғамгинӣ ва худазобдиҳии беҳад ўро фаро мегирад. Хусуисиятҳои зоҳиршавии фрустратсия ба дараҷаи пастшавии шиддати баамаломада вобаста аст. Агар шиддат паст карда нашавад, он гоҳ фрустратсия дар шароитҳои дигар боз рўй додан мегирад. Яъне, шахс шиддати алам, хашм ва қаҳри худро тавассути ба одамони тамоман бегуноҳ равона кардан паст мекунад. Агар шахси ба фрустратсия гирифторшуда бо шароити иҷро намудани ягон кори завқовар таъмин карда шавад, он гоҳ амалҳои таҳдидомези ў кам ва суст шудан мегиранд.

Ҳолати руҳӣ – ин ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ буда, муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ў инъикос меёбад. Ҳолати рўҳӣ табъ ё кайфияти ҳоли шахсро ифода мекунад. Давомоти ҳолати рўҳӣ бо ҳафта ва баъзан моҳҳо чен карда мешавад. Агар табъи шахс хушу болида бошад, он гоҳ ҳама чиз аз ҷониби ў ҳамчун зуҳуроти мусбат дарк карда мешавад.

Одам дар ҳолати рўҳии изтиробнок ҳамеша хавфу хатар ва нохушиҳоро интизор мешавад. Ҳолати рўҳӣ стеникӣ ё худ астеникӣ мешавад: фараҳбахш ва ё ғамангез, бадқаҳр ва ё ҳалимона. Ҳодисаҳои гуногун, вазъияту шароитҳои ҳаёт ва инчунин ҳолати ҷисмонии шахс метавонад ба чигунагии кайфияти ҳоли ў таъсир бахшанд. Ҳолати рўҳӣ дар ҷараёни муошират аз як шахс ба шахси дигар мегузарад. Масалан, ҳолати рўҳии хуш, болида ва зиндадилонаи муаллим шавқу ҳаваси хонандагонро баланд мекунад, идрок ва бахотиргирии маводро беҳтар мегардонад. Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба ҳолати рўҳии хонанда таъсир мебахшад, баҳодиҳии объективӣ ба натиҷаҳои фаъолияти ў ба шумор меравад.

Рағбат – ин ҳиссиёти зўр, устувор, давомдор ва амиқе мебошад, ки тамоми шахсро фаро мегирад ва қувваи сустнашавандаеро меофарад, ки ба предмети рағбат равона карда мешавад. Объекти рағбатро соҳаҳои гуногуни дониш ва фаъолияти одам ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, объекти рағбатро одами ҷинсаш муқобил, чизҳои муайяне ташкил медиҳанд, ки майли рафънопазирро дар ба даст овардани онҳо ба вуҷуд меоварад. Нишонаю аломати асосии рағбат ягонагии лаҳзаҳои иродавӣ ва эмотсионалии он мебошад. Рағбатҳо ҳамеша одамонро фаъол мегардонанд ва тавассути ин рағбатҳо қонеъ мегарданду дар асоси он инкишоф меёбанд. Рағбат муносибати интихобии шахсро ба олам ифода мекунад. Вай на танҳо тарафи эмотсионалию иродавии шахс, балки соҳаи интеллектуалии ўро низ тавсиф медиҳад. Рағбат равияи фикру андеша ва майлу хоҳишҳои шахсро муайян мекунад. Аз ин рў, роҳи ҳаёти инсон аз рағбатҳое вобаста аст, ки ўро ба пеш мебаранд ва дар бартараф намудани ҳар гуна душвориҳо сафарбар менамоянд.

Рағбатҳо мусбӣ ва манфӣ мешаванд. Агар рағбатҳои шахс бо манфиатҳои ҷамъият мувофиқат намоянд, он гоҳ ҳамчун рағбатҳои мусбӣ баҳо джода мешаванд ва агар бо мақсадгузориҳои худпарастонаи шахс алоқаманд бошанд, он гоҳ табиати манфиро пайдо мекунанд, аз қабили рағбат ба молу пул, ба машрубот ва ғ. Танҳо рағбатҳои мусбӣ (масалан, рағбат ба китоб, театр, илм ва ғ.) ҳаёти инсонро пурмазмун, шавқовар, зебо ва беҳтар мегардонанд, одамро ба пеш ҳидоят мекунанд ва ба ҷамъият натиҷаҳои бемислу монандро медиҳанд.

Тараққиёти ҳиссиёт

Тарбияи ҳиссиёт яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи психикии инсон маҳсуб меёбад ва онро бояд дар ду самт ташкил намуд. Дар навбати аввал, бояд ҳиссиёти олии мусбати ахлоқӣ, интеллектуалӣ ва эстетикиро ташаккул диҳем ва тавассути онҳо ҳиссиётҳои манфии барои шахс ва ҷамъият зарароварро аз байн барем. Дар навбати дуюм, бояд дар инсон маҳорати идора карда тавонистани зуҳуроти эмотсияҳоро тарбия намоем, ки он дар ҳар як фаъолияти касбӣ зарур аст.

Тараққиёти ҳиссиётҳои олӣ дар инсон аз давраи томактабӣ сар мешавад ва бо ба мактаб рафтанаш дар ҳаёти эмотсионалии мактаббачаи хурдсол дигаргуниҳои зиёде ба амал меоянд. Омўзиш фаъолияти асосии хонанда мешавад ва он ба тараққиёти ҳиссиётҳое имконият медиҳад, ки бо бартараф намудани душвориҳо ва муваффақияту нобарориҳо алоқаманд мебошанд.

Талаботҳои нави мактаб боиси он мегардад, хонанда рафтори худро ба талаботи ҷамъиятӣ тобеъ карда метавонистагӣ мешавад ва ин барои пешгирии зуҳуроти эмотсионалии ба ин талаботҳо муқобил мусоидат мекунад. Иштирок дар ҳаёти мактаб ба ташаккули ҳиссиётҳои ахлоқӣ мебарад. Дар шароити фаъолияти якҷоя, ки он ба иҷрои мақсадҳои ягона равона мешавад, хонандагон таҷрибаи муҳими амалии муносибатҳои байниҳамдигарии ахлоқӣ ва рафтори ахлоқиро аз худ мекунанд. Дар асоси ин таҷриба ҳисси адои қарз ва масъулият, маҳорати тобеъ карда тавонистани ҳиссиётҳои шахсии худ ба мақсадҳои умумӣ, ҳусни таваҷҷўҳ на танҳо ба дастовардҳои шахсии худ, балки ба нокомию муваффақиятҳои дигарон ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, дар хонандагон ҳисси рафоқат пайдо мешавад, ки ин ба муттаҳидшавии коллективи синф ёрӣ мерасонад.

Бо устувору амиқ гаштани шавқу ҳавасҳои маърифатӣ, бо ҷустуҷў, исбот ва асоснок намудани ин ё он назария, бо тараққиёти умумии фаъолияти фикрӣ ҳиссиёти интеллектуалии хонандагон низ тараққӣ меёбад.

Тараққиёти ҳиссиёти эстетикӣ дар хонандагон пеш аз ҳама аз тарбия ва таълими махсуси бадеӣ (дар ҷараёни таълими адабиёт, расмкашӣ, суруд ва ғайра) вобаста аст. Шарти асосии тараққиёти ҳиссиёт чунин ташкили ҳаёту фаъолияти хонандагон аст, ки имконияти аз сар гузаронидани ҳиссиётҳои аз назари мақсадҳои тарбия муҳимро диҳад, таҷрибаи эмотсионалии онҳоро бой гардонад. Дар ин ҷо бояд принсиперо ба роҳбарӣ гирифт, ки воситаи он дар хонандагон муносибати эмотсионалии мусбат ба он чизе ба вуҷуд оварда шавад, ки нисбаташ ҳисси бефарқ ва нофорамро мепарваранд ва бояд ин бефарқӣ ва нофорамӣ бо маромҳои муҳими фаъолият алоқаманд карда шаванд. Танҳо дар ин сурат бефарқии пешина дар шароитҳои нав дар хонандагон мазмуни навро пайдо мекунад ва тобиши ҳиссиётҳои мусбиро мегирад.

Яке аз роҳҳои ташаккули маҳорати нигоҳ дошта тавонистани ҳиссиётҳо ин худидоракунии эмотсияҳо ба шумор меравад. Воситаи самарабахши фурунишонии ҳиссиётҳои номатлуб – ин тарбияи кўчонидани диққати инсон ба намуди дигари фаъолият мебошад.

Ҳамаи шароитҳои дар боло зикршуда, ки ба нигоҳдошти соҳаи эмотсионалӣ равона шудаанд, рафти идоранамоии ҳиссиётҳоро ташкил намуда, дар ниҳоят шахсияти инсонро такомул медиҳанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.