Методҳои тадқиқоти психологӣ

 

Методҳои тадқиқоти психологӣ системаи амалиёти аз нуқтаи назари методологӣ асоснокшудае мебошанд, ки ба дарёфт ва коркарди далелу бурҳони илмӣ доир ба предмети психология равона шудаанд. Дар баробари ин, методҳои тадқиқоти психологӣ шаклҳои ба омўзиши психологӣ махсусгардонидашудаи методҳои умумиилмии тадқиқотӣ мебошанд. Чуноне, ки маълум аст тамоми методҳои илми муосирро ба намудҳои назариявӣ, эмпирикӣ ва шарҳдиҳанда чудо мекунанд.

Дар илми психология чунин методҳои тадқиқоти эмпирикӣ истифода бурда мешаванд: мушоҳида, эксперимент, сўҳбат, мусоҳиба, пурсиш, анкета, тестҳои психологӣ, методи таҳлили маҳсули фаъолият.

Мушоҳидаи психолог ӣ . Дар зери мафҳуми мушоҳида идроки мақсадноки объектҳоро мефаҳманд. Мушоҳидаро модари илм шуморидан мумкин аст, зеро ҳамагуна донишҳои илмӣ аз мушоҳидаи зинда ибтидо гирифтаанд. Мушоҳида дар миёни методҳои тадқиқотии психология низ аз ҳама қадимтар ва дар айни замон содда ва дастрастарин ба шумор меравад. Ин метод ҳамчун методи илмии эмпирикӣ ҳанўз аз чаҳоряки аввали асри XIX дар тадқиқоти психологӣ васеъ истифода бурда мешуд. Аввалин истифодабарандагони мушоҳидаи илмии психологӣ духтур – психиатрҳо буданд, ки дар клиникаҳо рафтори беморони худро ба таври систематикӣ мушоҳида намуда, натичаҳои онро қайд ва таҳлил менамуданд. Ин метод айни замон дар соҳаҳои психологияи клиникӣ, ичтимоӣ, педагогӣ ва синнусолӣ, психологияи меҳнат ва дигар соҳаҳое, ки дар онҳо бақайдгирии рафтори табиии одам дар шароитҳои барои ў одатӣ аҳамияти муҳим дорад ва таъсири озмоишгар раванди ҳамкории одамро бо муҳит вайрон месозад, истифода бурда мешавад.

Дар илми психология намудҳои гуногуни методи мушоҳидаро фарқ мекунанд, аз чумла: мушоҳидаи мунтазам ва ғайримунтазам, мушоҳидаи «куллӣ» ва интихобӣ, мушоҳидаи ошкоро ва махфӣ, мушоҳидаи бавосита ва бевосита, мушоҳидаи воридшуда, мушоҳидаи лонгитюдӣ (дарозмуддат) ва инчунин худмушоҳида.

Мушоҳидаи тадқиқотӣ аз рўи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад ва он аз чунин давраҳо иборат аст: 1) муайян кардани предмети мушоҳида (рафтори тадқиқшаванда), объекти мушоҳида (фард ё гурўҳи алоҳида) ва вазъияте, ки мушоҳида бояд дар он сурат гирад; 2) интихоби усули (намуди) мушоҳида ва тарзи бақайдгирии он; 3) тартиб додани барнома ё нақшаи мушоҳида (вазъият, объект, вақт); 4) интихоби методи коркарди натичаҳо; 5) коркардабароӣ ва шарҳи маълумоти бадастовардашуда.

Афзалияти методи мушоҳида дар он ифода меёбад, ки он нисбатан содда ва дастрас буда, мавод ва тачҳизоти зиёдро талаб намекунад. Аммо он аз камбудиҳо низ холӣ набуда, як қатор норасоиҳо дорад, аз чумла:

– вақти зиёдро талаб мекунад, чунки зуҳуроти рафтори мушоҳидашавандаро интизор шудан лозим меояд;

– ба таъсироти субъективӣ бештар дастрас аст, зеро аз идроки мушоҳид вобастагии зиёд дорад;

– дар баъзе маврид, хусусан ҳангоми мушоҳидаи махфӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро ба миён меоварад, чунки бе огоҳнамоӣ ва ичозати мушоҳидашаванда амалӣ мешавад.

Экспериманти психолог ӣ . Эксперимент ё озмоиши психологӣ методи асосии тадқиқоти психологӣ ба шумор меравад. Донишҳои объективӣ ва назарияҳои илмии психологӣ маҳз бар асоси натичаҳои ин метод устуворанд. Асосгузори эксперименти психологӣ олим – табиатшиноси немис Г.Т. Фехнер (1801-1887) шуморида мешавад, ки ду даҳсола қаблтар аз таъсисёбии озмоишгоҳи Вундт як қатор методҳои эксперименталии психологиро кор карда баромада буд, аммо аз таърих маълум аст, ки озмоиши психологӣ аз чониби мутафаккирони замони пешин, аз чумла Абуалӣ ибни Сино низ истифода бурда шудааст.

Психологи рус В.Н.Дружинин эксперименти психологиро таъриф дода, чунин қайд кардааст: «ин фаъолияти якчояи озмудашаванда ва озмоишгар аст, ки аз чониби озмоишгар ташкил дода шуда, ба тадқиқи хусусиятҳои психикаи озмудашаванда равона мегардад».

Сўҳбати психолог ӣ . Гуфтугў дар байни ду шахс, ки дар рафти он яке хусусиятҳои психологии дигареро ошкор месозад, сўҳбати психологӣ мебошад. Сўҳбати психологӣ чунин метод аст, ки дастраснамоии бавосита ва ё бевоситаи маълумотро бо роҳи муоширати шифоҳӣ пешбинӣ мекунад. Он методи барои психология хоси тадқиқи рафтори одам аст, зеро дар дигар илмҳои табиатшиносӣ робитаи бевосита дар байни субъект ва объекти тадқиқот имконнопазир аст. Ин метод асосан бо мақсади ошкорсозии хусусиятиҳои фардии шахс (соҳаи маромҳо ва эмотсионалӣ, донишҳо, эътиқод, мақсадгузориҳо, системаи муносибатҳо ва ғ.) ташкил карда мешавад. Ҳангоми сўҳбат маълумотро дар бораи хусусиятҳои шахс ҳам бевосита аз суханони ҳамсўҳбат ва ҳам тавассути мушоҳидаи рафтори ў, хусусан тарзи суханронӣ, нигоҳ, мимика, имову ишораҳо, далел ва мисоловарӣ ва монанди инҳо ба даст овардан мумкин аст.

Яке аз шаклҳои сўҳбати клиникӣ усули «ассосиатсияҳои озод» мебошад. Тадқиқотчӣ ҳангоми он барои гуфтугў фазои мусоид фароҳам оварда, раванди сўҳбатро фаъол, вале мавзўи онро озод нигоҳ медорад. Дар натича озмудашаванда мавзўи сўҳбатро тадричан ва беихтиёр ба самти мушкилиҳои худ мекашад.

Ҳангоми истифодаи методи сўҳбат тачрибаи касбии тадқиқотчӣ, дарачаи донишҳои назариявии ў ва маҳорати ташкили сўҳбат, инчунин як қатор хусусиятҳои шахсии вай аҳамияти муҳим пайдо мекунанд.

Тадқиқотчӣ бояд барои истифодаи методи сўҳбат тачрибаи кофӣ дошта бошад, то саҳви имконпазирро ба дарачаи камтарин расонад, зеро ба раванди сўҳбат ва натичаи он омилҳои зиёд, аз қабили ҳолати чисмӣ ва рўҳии озмудашаванда, муносибати ў ба тадқиқотчӣ ва ба раванди сўҳбат, инчунин омили вазъият ва вақт таъсир мерасонанд.

Натичаҳои аз методи сўҳбат бадастомада ба коркарди оморӣ мувофиқ нестанд. Аз рўи онҳо доир ба хусусияти тадқиқшаванда танҳо хулосаҳои умумӣ баровардан мумкин аст. Аз ин рў натичаҳои сўҳбат асосан характери омўзиши пешакиро доранд ва ҳатман бояд бо натичаҳои методҳои дигар муқоиса карда шаванд. Вобаста ба ин, сўҳбат аз чониби баъзе муаллифон на ҳамчун методи мустақил, балки қисмати таркибии методи мушоҳида, эксперимент ё анкетагузаронӣ баҳо дода мешавад.

Мусоҳибаи психолог ӣ . Мусоҳиба ё интервю чунин методи тадқиқоти ичтимоӣ – психологӣ мебошад, ки бадастоварии маълумотро дар шакли пурсиши афкори одамон доир ба масъалаи тадқиқшаванда ва таҳлили муқоисавии чавобҳо пешбинӣ мекунад. Методи мусоҳиба асосан хоси тадқиқоти ичтимоӣ мебошад. Дар психология бошад он дар соҳаҳои психологияи ичтимоӣ, психологияи шахс ва психологияи меҳнат истифода бурда мешавад.

Мусоҳибаро «псевдосўҳбат» (аз юн. псевдос-дуруғин) меноманд, зеро он дар шакли сўҳбати кўтоҳ чараён мегирад ва ҳангоми он озодии мавзўъ низ маҳдуд аст. Интервюер (тадқиқотчии истифодабарандаи интервю) бояд мақсади тадқиқотро аз мадди назар дур намонда, саволу чавобро дар доираи он анчом диҳад. Ҳангоми мусоҳибаи психологӣ низ чун сўҳбат мавчудияти фазои боварӣ муҳим аст. Ҳангоми интервюгузаронӣ мавқеи нейтралӣ (бетарафонаро) нигоҳ доштан лозим аст ва кўшиш намудан зарур аст, то ки нуқтаи назар ва муносибати хешро ба масъалаи тадқиқшаванда, ҳамсўҳбат, муҳтавои савол ва чавобҳо ошкор насозем.

Мусоҳибаи стандартӣ ва ғайристандартиро фарқ мекунанд. Ҳангоми мусоҳибаи ғайристандартӣ тағйирдиҳии паиҳамӣ, шакл ва миқдори саволҳои пешниҳодшаванда имконпазир аст ва ин афзалияти онро дар самти татбиқи универсалӣ ифода мекунад. Мусоҳибаи стандарт ӣ бошад имконияти баланди муқоисаи маълумоти бадстовардашуда ва чамъбастнамоии фаврии онро таъмин намуда дар самти коркарди натичаҳо бартарӣ дорад. Тартиби соддаи истифодаи мусоҳибаи стандартӣ имкон медиҳад, ки ба баргузории он шахсони ғайримутахассис низ чалб карда шавад.

Бартарии асосии методи мусоҳиба дар он ифода меёбад, ки аввалан тавассути он дар муддати нисбатан кўтоҳ бо миқдори зиёди озмудашавандаҳо тадқиқот гузаронидан мумкин аст ва дуввум маълумоти аз он бадастомада ба коркарди васеи оморӣ дастрасанд. Камбудии мусоҳиба аз он иборат аст, ки ба хусусиятҳои психологӣ на дар асоси таҳлили амиқ, балки танҳо аз рўи суханони худи озмудашавандаҳо ва муқоисаи онҳо баҳо дода мешавад.

Пурсиши психолог ӣ . Пурсиш дар тадқиқоти психологӣ чунин методи бадастоварии маълумот аст, ки ҳангоми он дар асоси чавобҳои озмудашавандагон ба як қатор саволҳои бо таври шифоҳӣ пешниҳодгардида доир ба хусусиятҳои психикаи онҳо хулосаҳо бароварда мешаванд.

Методи пурсиш дар тадқиқоти психологӣ аксар вақт аҳамияти ёрирасон дошта, гоҳо дар якчоягӣ бо мушоҳида ва ё озмоиши психологӣ ва баъзан ҳамчун қисми таркибии ин методҳо истифода бурда мешавад. Онро дар ҳолатҳое истифода мебаранд, ки бадастоварии маълумоти зарурӣ бо воситаи методҳои дигар душвор ва ё имконнопазир аст. Аз чумла дар ҳолате, ки зуҳуроти омўхташаванда ба назорати беруна дастрас нест; дар ҳолате, ки омўзиши масъала бо ёрии мушоҳида ва эксперимент имконпазир аст, вале тадқиқи тулонӣ ва мураккабро талаб мекунад; дар ҳолате, ки аз методҳои дигар маълумоти мукаммал ба даст намеояд ва ё дар ҳолате, ки ҳангоми пешниҳоди савол тағйирёбии рафтор ва ҳолати озмудашавандаро мушоҳида кардан лозим аст.

Анкетаи психолог ӣ . Анкета ин варақаи саволнома барои дастраснамоии чавоб ба мачмўи саволҳои пешакӣ муқарраркардашуда мебошад. Анкетаҳои психологӣ одатан дар шакли саволномаҳои бастандартдаровардашудае сохта мешаванд, ки аз рўихати мулоҳизаҳо иборат буда, озмудашавандагон метавонанд бо мазмуни онҳо розӣ шаванд ва ё розӣ нашаванд.

Анкета одатан аз се қисм таркиб ёфтааст: қисмати муқаддимавӣ, асосӣ ва биографикӣ. Қисми муқаддима аз мурочиат ба озмудашаванда иборат аст, ки дар он мақсади анкетагузаронӣ, шартҳои махфияти чавобҳо, самти истифодаи натичаҳо ва тартиби пур кардни анкета шарҳ дода мешавад. Қисмати асосӣ аз саволҳо дар бораи далелҳо, рафтор, маҳсули фаъолият, маромҳо, баҳогузорӣ ва афкори озмудашавандагон иборат аст. Дар қисмати сеюми анкета одатан саволҳо доири маълумоти ичтимоӣ – демографӣ ва биографикӣ оид ба озмудашаванда оварда мешаванд.

Тестҳои психологӣ . Тести психологӣ – ин мачмўи супоришҳои бастандартдаровардашудаи кўтоҳмуддатест, ки баҳои миқдорӣ ва сифатии натичаи ичроиши онҳо мавчудият ва ё дарачаи инкишофи функсияҳои муайяни психикиро ошкор месозад.

Аввалин мураттиби тестҳои психологӣ олими фаронсавӣ Алфред Бине (1857 – 1911) шуморида мешавад, ки соли 1905 барои ташхиси қобилиятҳои ақлонии кўдакон аввалин тести сачиши ақлро тартиб додааст. Тестҳои психологӣ барои андозагирии стандартии тафовути инфиродӣ истифода бурда мешавад. Бо ёрии тестҳо мавчудият ва ё мавчуд набудани қобилиятҳо, малака, маҳоратҳои муайян, баъзе сифатҳои шахсӣ, дарачаи коршоямии шахс дар ин ё он намуди фаъолиятро ба таври дақиқ тавсиф додан имконпазир аст.

Методи таҳлили маҳсули фаъолият. Ин метод моҳиятан ба тестҳои проективӣ монанд аст, вале на натичаҳои супориши махсуспешниҳодгардида, балки маҳсули фаъолияти дар шароити табиӣ ичронамудаи шахсро таҳлил менамояд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.