Предмети психология

 

1.Психология чист?

2.Протсесхои псики.

3.Ходисахои психики хамчун инъикоси хакикат.

4.Психика ва фаъолият.

 

 

 

Психология чист?

Хар як илм хамчун сохаи мустакили донишхои инсони сохиби предмети омузиш аст.

Предмети илми психологияро конуниятхои пайдоиш, зухурот ва тараккиёти психикаи одам ташкил медихад.Худи мафхуми психология аз ду калимаи юнони пайдо шудааст: псюхе-рух ва логос-илм, таълимот. Аммо чунин тахлили мухтасар ба мо дар бораи психикаи одам тасаввуроти пурраро дода наметавонад.

Протсесхои псики.

Протсесхои психики, ки дар намудхои мураккаби аъолияти психики(эхсос,идрок,диккат,хотир,тафаккур,нутк,хаёл)зохир мешавад.Холатхои психики, ки одам ба он дар давоми якчанд соат, руз ва хафта гирифтор мешавад. Ба он холати осудаги ё рухафтодаги, хастаги ё хушёри, таъби баду болида ва гайра дохил мешавад.

Холатхои психики

Хуссиятхои шахс

Протесхои психики

Ходисахои психики хамчун инъикоси хакикат.

Материализми дидактики-асоси фалсафаи хамаи илмхо, аз он чумла психология низ мебошад. Мувофики он материяи якумин ва психика, шуур дуюмин Буда, аз тарафи майна инъикос намудани хакикати объективиро ифода мекунад. Материя хосияти инъикоскунандаро дорад, вале аз руи тарз, дарача ва характери инъикос фарк мекунад. Се шакли асосии инъикос мавчуд аст:

1. Инъикоси физики ба табиати гайризинда хос аст ( масалан инъикоси равшани,садо,вазн,сахтии як гурухии чисмхо бо воситаи чисмхои дигар,ки ба онхо аз таъсирот ба амал оварда шудааст ва г.)

Конуниятхои инъикоси физики ба таври васеъ дар техника (радиолаксия, фотографйия, оптика, ракета ва г.) истифода бурда мешавад.

2. Инъикоси физиологи танхо ба табиати зинда хос аст(масалан,майли офтобпараст ба офтоб; рузона ва шабона кушодашави ва пушидашавии гулхо, дар турпардаи чашм зери таъсири равшани ба вучуд омадани дигаргуни, ангезиши хучайрахои асаб ва гузаронидани хаячон, тавассути торхои асаб ва г.)

Инъикоси психики дар чараёни тараккиёти минбаъдаи материяи зинда ба вучуд меояд ва он зухуроти мураккабро дорад.Инро дар пайдоиши пустлохи майнаи сар ва ходисахои соддатарини субъективи-хаячон,эмотсия мебинем,ки дар асоси онхо шаклхои оддитарини маърифаткуни-эхсос ба вучуд меояд ва сабаби дигаршавию мураккабгардии шартхои мавчудияти одаму хайвон мешавад.

Психика ва фаъолият.

Хамаи ходисахои психики бо фаъолияти инсон зич вобаста аст. Одам туфайли ходисахои психики ба олами берунитаъсир бахшида, онро тагйир медихад. Пас, гуфтан мумкин аст,ки фаъолият ифодакунандаи хосиятхои психики мебошад. Барои мисол фаъолияти кудакро дида мебароем.дар фаъолияти бози,расмкаши,дар мавриди чизеро сохтан ва дар дигар хел амалхои он ходисахои психики зохир мешаванд.Фаъолияти психики мактаббачаро (диккат,эхсос,идрок,хотир,тафаккур,ирода ва г)дар чараёни таълим,дар варзиш,сохтани ягон асбоб,мушохида кардан мумкин аст.

Маълум аст,ки одамон аз хамдигар натанхо аз руи киёфаи беруни,балки аз чихати маънави низ ба таври чидди фарк мекунанд.Ин фаркият дар протсесси хаёту фаъолият муайян мешавад.Одам хакикати реалиро тагйир дода,дар баробари он худаш низ дигар мешавад.Дар протсесси фаъолият характери одам,талабот ва шавку хавасхои у тагйир меёбанд.

Аз ин ру принсипи ягонагии фаъолият ва ходисахои психики барои муаллим ахамияти нихоят калонро дорад.У бояд донад,ки калиди тарбияи шуурнокии хонандагон дар ташкили фаъолияти шуурнокии онхо аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.