Мушоҳидаи психологӣ
Мушоҳидаи психологӣ
Дар зери мафҳуми мушоҳида идроки мақсадноки объектҳоро мефаҳманд. Мушоҳидаро модари илм шуморидан мумкин аст, зеро ҳамагуна донишҳои илмӣ аз мушоҳидаи зинда ибтидо гирифтаанд. Мушоҳида дар миёни методҳои тадқиқотии психология низ аз ҳама қадимтар ва дар айни замон содда ва дастрастарин ба шумор меравад. Ин метод ҳамчун методи илмии эмпирикӣ ҳанўз аз чаҳоряки аввали асри XIX дар тадқиқоти психологӣ васеъ истифода бурда мешуд. Аввалин истифодабарандагони мушоҳидаи илмии психологӣ духтур — психиатрҳо буданд, ки дар клиникаҳо рафтори беморони худро ба таври систематикӣ мушоҳида намуда, натиљаҳои онро қайд ва таҳлил менамуданд. Ин метод айни замон дар соҳаҳои психологияи клиникӣ, иљтимоӣ, педагогӣ ва синнусолӣ, психологияи меҳнат ва дигар соҳаҳое, ки дар онҳо бақайдгирии рафтори табиии одам дар шароитҳои барои ў одатӣ аҳамияти муҳим дорад ва таъсири озмоишгар раванди ҳамкории одамро бо муҳит вайрон месозад, истифода бурда мешавад.
Методи мушоҳида бо як қатор хусусиятҳои худ аз мушоҳидаи ҳаётӣ фарқ мекунад, аз љумла:
— он аз рўи нақшаи пешакӣ ва тартиби муқарраргардида амалӣ гардонида мешавад;
— он раванди мақсаднок аст ва мақсади асосии он ба даст овардани маълумоти объективӣ дар бораи объекти мушоҳидашаванда мебошад;
— он шаклҳои махсуси бақайдгирии натиљаҳои мушоҳидаро истифода мебарад, ки минимизатияи таъсири омили субъективиро пешбинӣ менамоянд.
Вобаста ба ин ва дигар меъёрҳо, мушоҳидаи илмӣ аз мушоҳидакунанда донишҳои махсуси назариявӣ, малакаҳои касбӣ ва тайёрии махсусро талаб мекунад.
Мушоҳидаи психологӣ аз намудҳои дигари мушоҳидаи илмӣ (биологӣ, физикӣ, астрономӣ ва ғ.) низ куллан тафовут дорад. Ин тафовут пеш аз ҳама дар хусусиятҳои предмет ва объекти мушоҳидаи психологӣ аён мегардад. Объекти мушоҳидаи психологӣ мураккабтарин ва пурасрортарин мављуди рўи олам — одам ва ҳамкории он бо одамони дигар, яъне гурўҳҳои иљтимоӣ мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки мушоҳидаи психологӣ баъзан олами ҳайвонотро низ фаро мегирад, вале мақсади он бо роҳи муқоиса ошкор сохтани қонуниятҳои инкишофи филогенетикии психикаи инсон мебошад. Предмети мушоҳидаи психологиро рафтору кирдори одамон ва механизмҳои психологии амалигардии онҳо ташкил медиҳанд. Тадқиқотчӣ метавонад хусусиятҳои мухталифи рафтори ҳаракатӣ ва шифоҳиро мушоҳида намояд, ба монанди 1) амалиёти шифоҳӣ (мазмун, паиҳамӣ, зудӣ, давомнокӣ, шиддат ва ғ.); 2) ҳаракатҳои ғайришифоҳии нутқӣ (имо ва ишораҳо, ифодаи қиёфаи рўй, ҳаракатҳои чашм, бадан ва ғ.); 3) љойивазкунӣ дар фазо (ҳаракат ё ҳолатҳои беҳаракатии одамон, масофаи байни онҳо, суръат ва самти ҳаракат ва ғ.); 5) амалиёти љисмонӣ (даст расонидан, бардоштан, гузоштан, зарба задан ва монанди инҳо).
Дар илми психология намудҳои гуногуни методи мушоҳидаро фарқ мекунанд, аз љумла: мушоҳидаи мунтазам ва ғайримунтазам, мушоҳидаи «куллӣ» ва интихобӣ, мушоҳидаи ошкоро ва махфӣ, мушоҳидаи бавосита ва бевосита, мушоҳидаи воридшуда, мушоҳидаи лонгитюдӣ (дарозмуддат) ва инчунин худмушоҳида.
Мушоҳида агар аз рўи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда љараён гирифта, ҳангоми он хусусиятҳои бақайдгирифташавандаи рафтор муайян ва шароитҳои муҳити иҳотакарда гурўҳбандӣ шаванд, бақайдгирии хусусиятҳои предмети тадқиқот дар давраҳо ва ё шароитҳои гуногун ба нақша гирифта шавад, пас онро мушоҳидаи мунтазам меноманд.
Ҳангоми мушоҳидаи ғайримунтазам бақайдгирии вобастагиҳои сабабӣ ва тавсифи пурраи зуҳурот муҳим набуда, тадқиқот бо тасвири як қатор нишондиҳандаҳои љамъбастшудаи рафтори фард ё гурўҳ дар шароитҳои муайян қаноатманд мегардад. Ин намуди мушоҳида дар этнопсихология, психологияи иљтимоӣ ва дар психологияи синнусолӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Дар мавриди мушоҳидаи куллӣ тадқиқотчӣ ё гурўҳи тадқиқотчиён тамоми хусусиятҳои мушоҳидашавандаи рафтори объектро ба қайд мегиранд. Ҳангоми мушоҳидаи интихобӣ бошад, танҳо ба љанбаҳои муайяни рафтор диққат дода мешавад. Масалан, танҳо такроршавандагии бадхашмӣ ё ин ки муддати амалиёти якљояи модару кўдак дар давоми рўз ба қайд гирифта мешавад.
Чунин шакли баргузории мушоҳидаи психологӣ, ки ҳангоми он мушоҳидашаванда аз раванди мушоҳида огоҳ аст, мушоҳидаи ошкоро меноманд. Ҳангоми мушоҳидаи ошкоро хусусиятҳои шахсияти психолог ва давомнокии раванди мушоҳида аҳамияти муҳим доранд, чунки барои бартараф намудани таъсири «назорат» ба ў лозим меояд дар муддати муайян ва бо рафтори мувофиқ «худӣ» будани худро нишон диҳад, то мушоҳидашавандагон бо ў унс гиранд. Аксар вақт воқиф будани мушоҳидашаванда ба љараёни табиии мушоҳида таъсири манфӣ мерасонад, зеро «назорати» берунӣ боиси тағйирёбии рафтори вай мегардад. Дар чунин ҳолат мушоҳидаи махфӣ бештар натиља медиҳад, ки ҳангоми он объекти мушоҳида аз раванди он огоҳ нест.
Мушоҳидаи психологӣ метавонад ба таври бевосита ва ё тавассути воситаҳои техникӣ амалӣ гардонида шавад. Дар ҳолате, ки он тариқи «мушоҳидаи зинда» љараён гирифта, ба сифати воситаҳои бақайдгирӣ танҳо имкониятҳои табиии одам ва қаламу қоғаз баромад мекунанд, сухан дар бораи мушоҳидаи бевоситамеравад. Ҳангоми мушоҳидаи бавосита ду намуди воситаҳо истифода бурда мешаванд: а) воситаҳои ёрирасон (дурбин, девори аз як љониб шаффоф — девори Гезелл, дастгоҳҳои банаворгирии махфӣ ва ғ.); б) воситаҳои бақайдгирандаи раванди мушоҳида (дастгоҳи суратгирӣ, видеобанаворгиранда, дастгоҳи сабти садо ва ғ.). Ҳангоми мушоҳидаи бевосита хотири мушоҳид нақши муҳимро иљро мекунад, зеро дар чунин ҳолат то пайдо шудани фурсат ва мавқеи қайди натиљаҳо муддати муайян мегузарад, ки он на танҳо эҳтимолияти фаромўш шудани далелҳо, балки инчунин дар раванди қайди он роҳ ёфтани таассуроти субъективиро низ ба вуљуд меоварад. Ин ҳолат хусусан ҳангоми татбиқнамоии мушоҳидаи воридшуда равшан аён мегардад. Баъзан, унсурҳои тадқиқшаванда дар муҳити маҳдуд ё махфӣ ба амал меоянд ва ё бо камтарин тағйироти муҳит дигаргун мешаванд. Мушоҳида «аз як љониб», дар чунин маврид ва як қатор ҳолатҳои дигар натиља намедиҳад ва зарурати ба «олами» фард ё гурўҳи мушоҳидашаванда ворид шудан ба вуљуд меояд. Чунин мушоҳидаро мушоҳидаи воридшуда меноманд. Мушоҳидаи воридшуда ҳангоми тадқиқи гурўҳҳои љинояткор, гурўҳи наврасони вайронкор ва коллективҳои ҳарбӣ истифода бурда шуда, аз мушоҳид талаб мекунад, то худ аъзои ин гурўҳҳо бошад. Ҳангоми тадқиқоти инфиродӣ бошад, ин шакли методи мушоҳида дар мавриде истифода мешавад, ки мақсади мушоҳида зарурати робитаи доимии табиӣ доштанро бо мушоҳидашаванда ба вуљуд оварад, масалан ҳангоми мушоҳидаи рафтори кўдаки хурдсол.
Ҳангоми мушоҳидаи воридшуда низ метавон аз мушоҳидаи ошкоро (масалан, ҳангоми омўзиши хусусиятҳои рафтори кўҳнавардон ё экипажи киштии зериобӣ) ва ё мушоҳидаи махфӣ (масалан, ҳангоми мушоҳидаи рафтори гурўҳи кўдакон ва ё маҳбусони як камераи ҳабсхона тавассути воситаҳои ёрирасон) истифода намуд.
Мушоҳидаи воридшуда вобаста ба хусусиятҳои худ аз мушоҳид донишу маҳорат, малакаҳои касбӣ ва омодагии махсусро талаб мекунад.
Гоҳо хусусиятҳои предмети мушоҳида омўзиши мунтазам ва тулонимуддатро тақозо мекунад, масалан дар ҳолати омўзиши раванди ташаккулёбии қобилиятҳои эљодии шахс. Дар чунин ҳолат мушоҳидаи лонгитюдӣ ба нақша гирифта мешавад, ки маънояш мушоҳидаи дарозмуддат ё кашолёфта мебошад.
Шакли махсуси методи мушоҳида, ки танҳо дар психология истифода бурда мешавад — худмушоҳида мебошад. Ин метод ҳанўз дар асри XVII ҳамчун «ягона» имконияти омўзиши олами ботинии инсон шакли илмимонандро касб карда бошад ҳам, бо кашф шудани методҳои нисбатан объективии омўзиши психика он то андозае сарфи назар карда шуд. Аммо аҳамияти илмии худмушоҳидаро нодида гирифтан нашояд, аввалин тасаввурот дар бораи олами ботин маҳз тавассути мушоҳидаи фикрҳо, ҳиссиёт ва таассуроти худ ба вуљуд меоянд. Имрўз низ худмушоҳида барои психолог — тадқиқотчӣ аҳамияти муҳим дорад. Ў дар фаъолияти касбии худ бо рафтори гуногуни одамон вохўрда, кўшиш менамояд, ки механизмҳои психологии онҳоро ошкор созад. Дар аксари чунин ҳолатҳо психолог ба таљрибаи шахсӣ, аз он љумла ба таҳлили фаъолияти психикии худ рў меоварад. Бо вуљуди чунин бартарият, ба даст овардани маълумоти асосноки илмӣ бо ёрии худмушоҳида ниҳоят душвор аст, ки ин дар мављудияти як қатор камбудиҳо ифода меёбад. Аввалан, мушоҳида намудани фикрҳо, таассурот, тасаввурот ва ҳиссиёти худ ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо дар зери таъсири мушоҳида ё тағйир меёбанд ва ё қатъ мегарданд. Дуюм, ҳангоми худмушоҳида хоҳу нохоҳ назари субъективӣ таъсири худро мерасонад ва саввум, ҳангоми натиљагирӣ аз худмушоҳида баъзе тобишҳои таассуроти хешро ифода кардан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин норасоиҳо, тадқиқотчие, ки ба худмушоҳида рў меоварад, бояд натиљаҳои онро танҳо дар сатҳи фарзиявии тадқиқот истифода намуда, бо ёрии методҳои имконпазири объективӣ тафтиш кунад, ҳангоми натиљагирӣ таъсири мушоҳида ва субъективизмро ба эътибор гирад, қаблан малакаи баҳои объективӣ додан ба таассуроти худро андўзад.
Ташкил ва баргузории мушоҳидаи психологии тадқиқотӣ як қатор талаботи худро дорад. Мушоҳида бояд:
— дар шароитҳои барои объект муқаррарӣ баргузор гардад. Дар шароити ғайримуқаррарӣ рафтори одатии объект тағйир меёбад;
— тасодуфӣ набошад ва аз рўи барномаи пешакӣ тарҳрезикардашуда љараён гирад, зеро нақшаи пешакӣ имконият медиҳад, ки дар муддати нисбатан кўтоҳ далелҳои зарурӣ ба даст оварда шаванд;
— мақсади муайян дошта бошад. Тадқиқотчӣ бояд аниқ донад, ки чиро мушоҳида кардан лозим аст, вагарна мушоҳида танҳо ба гирд овардани далелҳои алоҳида табдил меёбаду халос;
— на ба таври фрагментарӣ, балки мунтазам баргузор гардад, зеро бақайдгирии саҳнаҳои алоҳидаи рафтори объект метавонад ба хулосабарориҳои нодуруст мусоидат намояд;
— ба қадри имкон муддати зиёдтарро фаро гирад. Чӣ қадаре, ки давомнокии мушоҳида зиёд бошад, ҳамон андоза далелҳои бештар ба даст меоянд ва эҳтимолияти баҳои тасодуфӣ додан бартараф мегардад;
— бо тавсифи зуҳуроти берунии ҳодиса маҳдуд нашуда, табиати психологӣ ва асоси илмии онро ошкор намояд;
— яке аз талаботи муҳим ҳагоми мушоҳидаи махфӣ — ин пинҳон нигоҳ доштани раванди он аз мушоҳидашаванда мебошад, зеро таъсири назорати беруна доимо тағйирёбии рафторро ба вуљуд меоварад.
Мушоҳидаи тадқиқотӣ аз рўи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад ва он аз чунин давраҳо иборат аст: 1) муайян кардани предмети мушоҳида (рафтори тадқиқшаванда), объекти мушоҳида (фард ё гурўҳи алоҳида) ва вазъияте, ки мушоҳида бояд дар он сурат гирад; 2) интихоби усули (намуди) мушоҳида ва тарзи бақайдгирии он; 3) тартиб додани барнома ё нақшаи мушоҳида (вазъият, объект, вақт); 4) интихоби методи коркарди натиљаҳо; 5) коркардабароӣ ва шарҳи маълумоти бадастовардашуда.
Чунин роҳҳои бақайдгирии далелҳои мушоҳида мављуданд: 1) рўзномаи мушоҳида; 2) протоколи пай дар пай; 3) протоколи стандартӣ ё хронометраж. Дар замони муосир аз воситаҳои техникии қайди маълумоти мушоҳида (видеонавор, суратгирӣ ва сабти садо) низ истифода бурдан мумкин аст.
Афзалияти методи мушоҳида дар он ифода меёбад, ки он нисбатан содда ва дастрас буда, мавод ва таљҳизоти зиёдро талаб намекунад. Аммо он аз камбудиҳо низ холӣ набуда, як қатор норасоиҳо дорад, аз љумла:
— вақти зиёдро талаб мекунад, чунки зуҳуроти рафтори мушоҳидашавандаро интизор шудан лозим меояд;
— ба таъсироти субъективӣ бештар дастрас аст, зеро аз идроки мушоҳид вобастагии зиёд дорад;
— дар баъзе маврид, хусусан ҳангоми мушоҳидаи махфӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро ба миён меоварад, чунки бе огоҳнамоӣ ва иљозати мушоҳидашаванда амалӣ мешавад.