Экспериманти психологӣ

 

Эксперимент ё озмоиши психологӣ методи асосии тадқиқоти психологӣ ба шумор меравад. Донишҳои объективӣ ва назарияҳои илмии психологӣ маҳз бар асоси натиљаҳои ин метод устуворанд. Асосгузори эксперименти психологӣ олим – табиатшиноси немис Г.Т. Фехнер (1801-1887) шуморида мешавад, ки ду даҳсола қаблтар аз таъсисёбии озмоишгоҳи Вундт як қатор методҳои эксперименталии психологиро кор карда баромада буд, аммо аз таърих маълум аст, ки озмоиши психологӣ аз љониби мутафаккирони замони пешин, аз љумла Абуалӣ ибни Сино низ истифода бурда шудааст.

Психологи рус В.Н.Дружинин эксперименти психологиро таъриф дода, чунин қайд кардааст: «ин фаъолияти якљояи озмудашаванда ва озмоишгар аст, ки аз љониби озмоишгар ташкил дода шуда, ба тадқиқи хусусиятҳои психикаи озмудашаванда равона мегардад».

Моҳияти методи озмоишро ба таври сунъӣ ба вуљуд овардани вазъияти барои зоҳиршавӣ, омўзиш ва баҳодиҳии хусусияти додашуда мувофиқ ташкил медиҳад, яъне ҳангоми он тадқиқотчӣ бар хилофи методи мушоҳида зуҳуроти рафторро интизор нашуда, вазъияти барои зоҳиршавии он заруриро ба вуљуд меоварад. Аз ин нуқтаи назар, озмоиш дар муқоиса бо мушоҳида методи фаъол аст. «Мушоҳида он чизеро љамъ меоварад, ки табиат ба ў пешкаш кардааст, таљриба бошад чизи заруриро худаш аз табиат мегирад», навишта буд физиологи рус И.П.Павлов. (Павлов И. П. Полн. собр. соч., т. II, кн. 2. М., 1951, с. 274).

Тадқиқотчӣ худаш вазъияти барои тадқиқот заруриро ба вуљуд оварда, як қатор имкониятҳоро соҳиб мешавад. Аввалан, вақт сарфа карда мешавад, баъдан, омўзиш ва идораи таъсири шароит имконпазир мегардад. Сониян, вобаста ба имконияти ивазнамоии шароит (масалан, тағйир додани супориш ё шарти вазифаи дар назди озмудашаванда гузошташуда) имконияти ошкор сохтани вобастагиҳои сабабу натиљавии ҳодисаҳои психикӣ ба вуљуд меояд. Инчунин дар тадқиқоти эксперименталӣ такрор ба такрор гузаронидани таљриба имконпазир аст, ки устуворӣ ва асоснокии маълумоти бадастоварашударо собит ё инкор карда метавонад. Баъдан озмоишро метавон дар як вақт бо миқдори зиёди озмудашавандагон баргузор намуд.

Вобаста ба тартиби ташкил ва баргузории эксперимент ду намуди асосии онро фарқ мекунанд: эксперименти лабораторӣ ва эксперименти табиӣ.

Тадқиқот ҳангоми эксперименти лабораторӣ дар озмоишгоҳи психологӣ, бо ёрии дастгоҳҳои махсус баргузор мегардад. Озмудашаванда огоҳ аст, ки бо ў озмоиш гузаронида мешавад ва аз рўи дастури пешниҳодшаванда амал мекунад (баъзан мақсади аслии озмоиш ба озмудашавандагон ошкор карда намешавад). Озмоиши лабораторӣ дар омўзиши унсурҳои мухталифи фаъолияти психикӣ, аз љумла дар тадқиқи протсессҳои сенсорӣ (эҳсос), персептивӣ (идрок), мнемикӣ (хотир), интелектуалӣ (тафаккур, ақл), моторӣ (ҳаракат, аксуламалҳо), иродавӣ ва характерологӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар мавриди эксперименти табиӣ шароити бавуљудовардашуда ба муҳити муқаррарии ҳаёти озмудашавандагон монанд буда, мазмуни табиии фаъолияти онҳоро нигоҳ медорад ва бо ин хусусияти худ имконият медиҳад, ки таъсири шароити нав ба психикаи озмудашаванда бартараф карда шавад. Эксперименти табиӣ бори аввал соли 1910 аз љониби А.Ф.Лазурский (1874-1917) барои омўзиши шахсияти мактаббачагон кор карда баромада шудааст. Ин шакли озмоиши психологиро ба намудҳои гуногуни фаъолияти одам: бозӣ, таълим, меҳнат татбиқ намуда, унсурҳои психикаро дар шакли табиӣ ва дар раванди тараққиёташон омўхтан мумкин аст, зеро чӣ тавре, ки маълум аст, психика дар љараёни фаъолият зоҳир мешавад ва инкишоф меёбад.

Ҳамчунин эксперименти констативӣ (муқарраркунанда) ва ташаккулдиҳандаро фарқ мекунанд. Эксперименти констатавӣ ба муқарраркунии алоқаҳои дар раванди инкишофи психикӣ шаклгирифта равона гардидааст, яъне ҳангоми он хусусияти алоҳидаи психикӣ муайян ва сатҳи инкишофи он муқаррар карда мешавад. Эксперименти ташаккулдиҳанда бошад имконият медиҳад, ки хусусиятҳои чунин потсессҳои психикӣ, ба монанди идрок, хотир, тафаккур ва ғайра мақсаднок ташаккул дода шаванд. Таълимот дар бораи эксперименти психологӣ – педагогии ташаккулдиҳанда ба олими рус В.В.Давидов тааллуқ дорад.

Ҳангоми гузаронидани эксперимент дуруст банақшагирии он аҳамияти муҳим дорад. Банақшагирии анъанавӣ ва омилии экспериментро фарқ мекунанд. Дар ҳолати банақшагирии анъанавӣ зуҳуроти психикӣ дар зери таъсироти ягона омўхта мешавад ва ҳангоми банақшагирии омилӣ бошад, омилҳои таъсиррасонанда ва шароитҳои таъсир тағйирпазир ва ивазшавандаанд. Бартарии банақшагирии омилӣ дар он ифода меёбад, ки ҳангоми он имконияти баҳо додан ба таъсироти байниҳамии омилҳо ва зуҳуроти омўхташаванда имонпазир аст.

Раванди ташкил ва гузаронидани эксперименти психологӣ тартиби муайян дошта, аз чунин давраҳо иборат аст: 1) омодагӣ. Экспериментатор љои баргузории озмоиш ва таљҳизоти заруриро омода менамояд. Агар дастури ба озмудашаванда пешниҳодшаванда мураккаб бошад, пас якчанд озмоиши санљишӣ газаронида мешаванд. Нишондоди озмоиш тартиб дода мешавад, ки он бояд аз љумлаҳои соддаи ҳар кадоме дорои на зиёдтар аз 11 калима иборат бошад. Қисматҳои муҳими нишондод бояд бо сархат људо карда шаванд. Фаҳмидашавандагӣ ва соддагии нишондоди тартибдодашударо бо роҳи санљиши пешакӣ дар 5-10 озмудашаванда тафтиш кардан лозим аст; 2) пешниҳоди нишондод ва маромноксозии озмудашавандаҳо. Нишондод ба озмудашавандаҳо пешниҳод карда мешавад ва он бояд унсури маромноккунанда дошта бошад. Бо ин мақсад пешниҳоди пардохти маблағи муайян, ахборот дар бораи қобилиятҳо ва хусусиятҳои шахсӣ, ёрӣ дар ҳалли мушкилоти шахсии психологӣ ва монанди инҳоро истифода бурдан мумкин аст; 3) баргузории эксперимент. Пеш аз ҳама ба мукаллафӣ, ҳолати саломатӣ ва хоҳишмандии озмудашаванда ба иштирок дар озмоиш боварӣ ҳосил намудан лозим аст. Амалиёти худи экспериментатор низ аз рўи барнома сурат мегирад ва ў бояд бо дастуре, ки паиҳамии амалиёти ўро муайян мекунанд, таъмин бошад. Дар раванди озмоиш иштироки ёвар низ зарур аст, ў иљрои корҳои фаръӣ (ёрирасон)- ро ба зима мегирад. Вазифаҳои асосии ёвар одатан аз пур кардани протоколи озмоиш, аз љумла бақайдгирии љавобҳои озмудашаванда, мушоҳидаи рафтор ва ҳолати озмудашаванда, назорати ҳар гуна тамоюлҳо аз тартиби стандартии озмоиш, ҳамчунин назорат аз болои кори таљҳизоти истифодашаванда иборат аст; 4) Мусоҳибаи пасазозмоишӣ. Пас аз анљоми озмоиш бо озмудашаванда сўҳбат гузаронида, дар бораи таассуроти ў пурсидан зарур аст. Бо ин мақсад, одатан анкетаҳои муайян истифода бурда мешаванд. Дар охир барои иштирок дар раванди эксперимент ба озмудашавандагон ташаккур гуфтан лозим аст.

Чуноне, ки қайд гардид, бартарии методи эксперименти психологӣ асосан дар сарфаи вақт ва идорашавандагии ваъият ифода меёбад, ки ин албатта афзалияти бузург аст, вале методи эксперимент низ аз камбудиҳо холӣ нест, аз љумла:

– озмудашаванда аз раванди озмоиш огоҳ аст ва ин хоҳ – нохоҳ ба рафтори ў таъсир мерасонад;

– экспериментатор бевосита дар раванди озмоиш иштирок мекунад ва мақсадгузориву интизориҳои ў аз озмоиш хоҳ – нохоҳ дар амалу рафтор ва нутқи ў ифода ёфта, ба ин восита ба озмудашаванда таъсир мерасонанд;

– озмоиш заминаи муайяни моддӣ ва техникиро талаб мекунад ва вобаста ба ин баъзе мушкилотро пеш меоварад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.