Сўҳбати психологӣ

 

Гуфтугў дар байни ду шахс, ки дар рафти он яке хусусиятҳои психологии дигареро ошкор месозад, сўҳбати психологӣ мебошад. Сўҳбати психологӣ чунин метод аст, ки дастраснамоии бавосита ва ё бевоситаи маълумотро бо роҳи муоширати шифоҳӣ пешбинӣ мекунад. Он методи барои психология хоси тадқиқи рафтори одам аст, зеро дар дигар илмҳои табиатшиносӣ робитаи бевосита дар байни субъект ва объекти тадқиқот имконнопазир аст. Ин метод асосан бо мақсади ошкорсозии хусусиятиҳои фардии шахс (соҳаи маромҳо ва эмотсионалӣ, донишҳо, эътиқод, мақсадгузориҳо, системаи муносибатҳо ва ғ.) ташкил карда мешавад. Ҳангоми сўҳбат маълумотро дар бораи хусусиятҳои шахс ҳам бевосита аз суханони ҳамсўҳбат ва ҳам тавассути мушоҳидаи рафтори ў, хусусан тарзи суханронӣ, нигоҳ, мимика, имову ишораҳо, далел ва мисоловарӣ ва монанди инҳо ба даст овардан мумкин аст.

Методи сўҳбат асосан дар шакли сўҳбати клиникӣ истифода бурда мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки он танҳо бо беморони клиника гузаронида мешуда бошад. Сўҳбати клиникӣ гуфтугўи тадқиқотчӣ бо озмудашаванда бо мақсади ба даст овардани маълумоти бештар дар бораи хусусиятҳои фардию шахсӣ, ҳаёти гузашта, муҳтавои шууру зершуури ў ва монанди инҳо мебошад. Ин метод одатан дар биноҳои махсус љиҳозонидашуда гузаронида шуда, аксар вақт ҳамчун қисмати таркибии машварати психологӣ ва ё тренинги психологӣ баромад мекунад.

Яке аз шаклҳои сўҳбати клиникӣ усули «ассосиатсияҳои озод» мебошад. Тадқиқотчӣ ҳангоми он барои гуфтугў фазои мусоид фароҳам оварда, раванди сўҳбатро фаъол, вале мавзўи онро озод нигоҳ медорад. Дар натиља озмудашаванда мавзўи сўҳбатро тадриљан ва беихтиёр ба самти мушкилиҳои худ мекашад.

Омодагӣ ба гузаронидани сўҳбати психологӣ аввалан аз муайянкунии ҳадафи тадқиқот ва баъдан аз интихоби саволҳои мақсаднок ва нигаҳдорандае оғоз меёбад, ки тадқиқотчӣ ба озмудашаванда пешниҳод кардан мехоҳад. Саволҳои мақсаднок ба иљрои вазифаи дар назди тадқиқот гузошташуда равона гардидаанд. Саволҳои нигаҳдоранда бошанд, барои дар доираи зарурӣ ва фазои мувофиқ нигоҳ доштани сўҳбат лозиманд. Саволҳои барои раванди сўҳбат пешбинишуда бо паиҳамии тақрибӣ дар шакли рўихат сабт карда мешаванд, ки онро саволномаи сўҳбат меноманд.

Ҳангоми истифодаи методи сўҳбат таљрибаи касбии тадқиқотчӣ, дараљаи донишҳои назариявии ў ва маҳорати ташкили сўҳбат, инчунин як қатор хусусиятҳои шахсии вай аҳамияти муҳим пайдо мекунанд.

Ҳамин тавр тадқиқотчӣ бояд барои истифодаи методи сўҳбат таљрибаи кофӣ дошта бошад, то саҳви имконпазирро ба дараљаи камтарин расонад, зеро ба раванди сўҳбат ва натиљаи он омилҳои зиёд, аз қабили ҳолати љисмӣ ва рўҳии озмудашаванда, муносибати ў ба тадқиқотчӣ ва ба раванди сўҳбат, инчунин омили вазъият ва вақт таъсир мерасонанд.

Маълумоти дар раванди сўҳбати психологӣ бадастомадаро худи эксперименатор ё ёвари ў сабт мекунад. Агар сабти маълумот дар љараёти сўҳбат сурат гирад, метавонад фазои бовариро аз байн барад. Истифодаи дастгоҳҳои махфии сабткунанда (аудио- ва видеосабткунандаҳо) бошанд метавонанд масъалаҳои ахлоқию ҳуқуқиро ба миён оваранд. Аз ин сабаб сабти маълумотро пас аз сўҳбат аз рўи маълумоти дар хотир ҳифзшуда анљом додан лозим аст. Инро низ ба эътибор гирифтан лозим аст, ки дар ин ҳолат қисмати маълумот фаромўш мешавад. Агар сабти маълумот ба таври дастӣ сурат гирад, пас онро ҳатман кодгузорӣ намудан лозим аст.

Натиљаҳои аз методи сўҳбат бадастомада ба коркарди оморӣ мувофиқ нестанд. Аз рўи онҳо доир ба хусусияти тадқиқшаванда танҳо хулосаҳои умумӣ баровардан мумкин аст. Аз ин рў натиљаҳои сўҳбат асосан характери омўзиши пешакиро доранд ва ҳатман бояд бо натиљаҳои методҳои дигар муқоиса карда шаванд. Вобаста ба ин, сўҳбат аз љониби баъзе муаллифон на ҳамчун методи мустақил, балки қисмати таркибии методи мушоҳида, эксперимент ё анкетагузаронӣ баҳо дода мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.