Мусоҳибаи психологӣ. Пурсиши психологӣ

 

Мусоҳиба ё интервю чунин методи тадқиқоти иҷтимоӣ – психологӣ мебошад, ки бадастоварии маълумотро дар шакли пурсиши афкори одамон доир ба масъалаи тадқиқшаванда ва таҳлили муқоисавии ҷавобҳо пешбинӣ мекунад. Методи мусоҳиба асосан хоси тадқиқоти иҷтимоӣ мебошад. Дар психология бошад он дар соҳаҳои психологияи иҷтимоӣ, психологияи шахс ва психологияи меҳнат истифода бурда мешавад.

Мусоҳибаро «псевдосўҳбат» (аз юн. псевдос-дуруғин) меноманд, зеро он дар шакли сўҳбати кўтоҳ ҷараён мегирад ва ҳангоми он озодии мавзўъ низ маҳдуд аст. Интервюер (тадқиқотчии истифодабарандаи интервю) бояд мақсади тадқиқотро аз мадди назар дур намонда, саволу ҷавобро дар доираи он анҷом диҳад. Ҳангоми мусоҳибаи психологӣ низ чун сўҳбат мавҷудияти фазои боварӣ муҳим аст. Ҳангоми интервюгузаронӣ мавқеи нейтралӣ (бетарафонаро) нигоҳ доштан лозим аст ва кўшиш намудан зарур аст, то ки нуқтаи назар ва муносибати хешро ба масъалаи тадқиқшаванда, ҳамсўҳбат, муҳтавои савол ва ҷавобҳо ошкор насозем.

Мусоҳибаи стандартӣ ва ғайристандартиро фарқ мекунанд. Ҳангоми мусоҳибаи ғайристандартӣ тағйирдиҳии паиҳамӣ, шакл ва миқдори саволҳои пешниҳодшаванда имконпазир аст ва ин афзалияти онро дар самти татбиқи универсалӣ ифода мекунад. Мусоҳибаи стандартӣ бошад имконияти баланди муқоисаи маълумоти бадстовардашуда ва ҷамъбастнамоии фаврии онро таъмин намуда дар самти коркарди натиҷаҳо бартарӣ дорад. Тартиби соддаи истифодаи мусоҳибаи стандартӣ имкон медиҳад, ки ба баргузории он шахсони ғайримутахассис низ ҷалб карда шавад.

Бартарии асосии методи мусоҳиба дар он ифода меёбад, ки аввалан тавассути он дар муддати нисбатан кўтоҳ бо миқдори зиёди озмудашавандаҳо тадқиқот гузаронидан мумкин аст ва дуввум маълумоти аз он бадастомада ба коркарди васеи оморӣ дастрасанд. Камбудии мусоҳиба аз он иборат аст, ки ба хусусиятҳои психологӣ на дар асоси таҳлили амиқ, балки танҳо аз рўи суханони худи озмудашавандаҳо ва муқоисаи онҳо баҳо дода мешавад.

Пурсиши психологӣ. Пурсиш дар тадқиқоти психологӣ чунин методи бадастоварии маълумот аст, ки ҳангоми он дар асоси ҷавобҳои озмудашавандагон ба як қатор саволҳои бо таври шифоҳӣ пешниҳодгардида доир ба хусусиятҳои психикаи онҳо хулосаҳо бароварда мешаванд.

Методи пурсиш дар тадқиқоти психологӣ аксар вақт аҳамияти ёрирасон дошта, гоҳо дар якҷоягӣ бо мушоҳида ва ё озмоиши психологӣ ва баъзан ҳамчун қисми таркибии ин методҳо истифода бурда мешавад. Онро дар ҳолатҳое истифода мебаранд, ки бадастоварии маълумоти зарурӣ бо воситаи методҳои дигар душвор ва ё имконнопазир аст. Аз ҷумла дар ҳолате, ки зуҳуроти омўхташаванда ба назорати беруна дастрас нест; дар ҳолате, ки омўзиши масъала бо ёрии мушоҳида ва эксперимент имконпазир аст, вале тадқиқи тулонӣ ва мураккабро талаб мекунад; дар ҳолате, ки аз методҳои дигар маълумоти мукаммал ба даст намеояд ва ё дар ҳолате, ки ҳангоми пешниҳоди савол тағйирёбии рафтор ва ҳолати озмудашавандаро мушоҳида кардан лозим аст.

Пурсиши озод ва стандартиро фарқ мекунанд. Пурсиши озод чунин шаклҳои пурсиш аст, ки ҳангоми он саволҳои пешниҳодшаванда ва ҷавобҳои имконпазир ба он пешакӣ дар доираи меъёри муайян маҳдуд карда нашудааст. Ин шакли пурсиш имконият медиҳад, ки тактикаи тадқиқот ва мазмуни саволҳоро вобаста ба вазъият тағйир дода, ҷавобҳои нодиру ғайристандартӣ ба даст оварда шаванд. Пурсиши стандартӣ, ки ҳангоми он саволҳо ва ҷавобҳои имконпазир ба онҳо пешакӣ муайян ва одатан дар чорчўбаи танг маҳдуд карда шудаанд, нисбат ба пурсиши озод аз нигоҳи сарфаи вақт ва мавод бартарӣ дорад.

Барои бомуваффақият гузаронидани пурсиш иҷрои як қатор қоидаҳо зарур аст: саволҳо бояд ба озмудашавандагон фаҳмо бошанд; саволҳо набояд характери талқинкунанда дошта бошанд, яъне онҳо набояд ҷавоберо ба озмудашаванда талқин намоянд; пурсидашаванда бояд ба мақсаднокии пурсиш боварӣ дошта бошад ва аз оқибати манфии ҷавобҳо наҳаросад. Одатан пеш аз пурсиш бо озмудашаванда сўҳбат гузаронида мешавад ва он бояд фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.