Анкетаи психологӣ

Анкетаи психологӣ

Анкета ин варақаи саволнома барои дастраснамоии ҷавоб ба маҷмўи саволҳои пешакӣ муқарраркардашуда мебошад. Анкетаҳои психологӣ одатан дар шакли саволномаҳои бастандартдаровардашудае сохта мешаванд, ки аз рўихати мулоҳизаҳо иборат буда, озмудашавандагон метавонанд бо мазмуни онҳо розӣ шаванд ва ё розӣ нашаванд.

Анкета одатан аз се қисм таркиб ёфтааст: қисмати муқаддимавӣ, асосӣ ва биографикӣ. Қисми муқаддима аз муроҷиат ба озмудашаванда иборат аст, ки дар он мақсади анкетагузаронӣ, шартҳои махфияти ҷавобҳо, самти истифодаи натиҷаҳо ва тартиби пур кардни анкета шарҳ дода мешавад. Қисмати асосӣ аз саволҳо дар бораи далелҳо, рафтор, маҳсули фаъолият, маромҳо, баҳогузорӣ ва афкори озмудашавандагон иборат аст. Дар қисмати сеюми анкета одатан саволҳо доири маълумоти иҷтимоӣ – демографӣ ва биографикӣ оид ба озмудашаванда оварда мешаванд.

Аксар вақт истифодаи шакли махфии анкета, яъне анкетае, ки дар он ба озмудашаванда иҷозат дода мешавад, то ки ному насаби худро қайд накунад, дастраснамоии маълумоти дақиқ ва мукаммалро таъмин мекунад.

Анкета моҳиятан шакли хаттии методи пурсиш аст, ва аз ин рў тамоми меъёру талабот ва қоидаҳои пешниҳодшаванда барои ин ду метод умумианд.

Эътимоднокӣ ва саҳеҳии маълумоти аз анкетаҳои психологӣ бадастомада ба дараҷаи муайян аз тартиб ва таркиби саволҳои он вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин, нисбати саволҳои анкетаи психологӣ талаботи муайян мавҷуданд. Ҳамин тавр, ҳангоми омода намудани саволнома чунин қоидаҳои таҳияи саволҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст:

– саволҳо бояд ба мақсад ва вазифаҳои тадқиқот мувофиқат кунанд;

– мазмуни савол бояд барои тамоми омудашавандагон фаҳмо бошад, ва аз ин рў аз истифодаи истилоҳоти каммаъмул даст кашидан лозим аст;

– саволҳо набояд аз ҷумлаҳои дароз ё матни калонҳаҷм сохта шуда бошанд;

– саволҳоро тавре тартиб додан лозим аст, ки озмудашавндагонро фаъол гардонанд, диқкати онҳоро ба масъалаи тадқиқшаванда ҷалб созанд;

– саволҳо бояд мазмуни нейтралӣ (бетараф) дошта бошанд ва ягон ҷавобро ба озмудашаванда талқин накунанд;

– дар саволнома бояд мувозинати ҷавобҳои имконпазири мусбӣ ва манфӣ риоя карда шавад, вагарна он метавонад ба озмудашавандагон самти муайянро талқин намояд;

– доираи ҷавобҳои имконпазир бояд тамоми ҷанбаҳои саволро фаро гирад, аз ҷумла вариантҳои ҷавоби мусбӣ ва манфӣ, инчунин ҷавобҳои намуди «намедонам», «дар ҷавоб душворӣ мекашам» ва монанди инҳо.

Саволҳои анкетаҳо аз рўи як қатор аломатҳои муҳими онҳо тасниф карда мешаванд, аз ҷумла: аз рўи таркиб, вазифа, сахтор ва шакл.

Аз рўи таркиб тамоми саволҳоро ба ду гурўҳи калон ҷудо мекунанд: саволҳо дар бораи далелҳо, ҳодисаҳо ва саволҳо дар бораи баҳои озмудашаванда ба ин ҳодисаҳо.

Аз рўи вазифаашон чор намуди саволҳоро фарқ мекунанд: асосӣ, полоишӣ (филтркунанда), назоратӣ ва робитавӣ. Агар саволҳои асосӣ барои дастраснамоии маълумоти зарурӣ равона гардида бошанд, пас вазифаи саволҳои полоишӣ ҷудо намудани озмудашавандагони бесалоҳият аст. Саволҳои назоратӣ барои аниқ намудани дурустии ҷавобҳо ба саволҳои асосӣ истифода бурда мешаванд. Чунин саволҳо одатан мазмуни саволҳои асосиро такрор мекунанд, вале дар шакли дигар. Саволҳои робитавӣ имконият медиҳанд, ки дар байни тадқиқотчӣ ва респондент (пурсидашаванда) робитаи боварибахш ба вуҷуд ояд.

Вобаста ба сохтори саволҳо онҳоро ба намудҳои кушода ва пўшида ҷудо мекунанд. Агар саволҳо тавре сохта шуда бошанд, ки озмудашаванда ҷавобро мустақилона омода намояд, яъне ҷавоб бо вариантҳо маҳдуд карда нашуда бошад, пас онро саволи кушода меноманд. Агар саволи пешниҳодшаванда бо вариантҳои ҷавоби имконпазир маҳдуд карда шуда бошад, яъне агар озмудашаванда танҳо имконияти интихоби яке аз ҷавобҳои пешбинишударо дошта бошад, пас сухан дар бораи саволи пўшида меравад. Се намуди саволҳои пўшида фарқ карда мешаванд: а) саволҳои анъанавии типи «ҳа – не»; б) саволҳои дорои ҷавоби алтернативӣ, ки аз рўихати ҷавобҳои имконпазир интихоб намудани яке аз вариантро пешниҳод мекунад; в) саволҳои типи «меню», ки ба озмудашаванда имконияти якбора интихоб намудани якчанд варианти ҷавобҳоро фароҳам меоварад.

Аз рўи шакл саволҳоро ба бевосита ва бавосита ё лоиҳвӣ ҷудо мекунанд. Агар саволи бевосита пурсиши рўирости фикри озмудашаванда бошад, пас ҳангоми саволи лоиҳавӣ фикри ў тавассути вазъияти фарзкардашуда ошкор карда мешавад. Саволи зерин намунаи саволи бевосита аст: «оё фикри каси дигарро, ки бо ақидаи Шумо мухолиф аст, ба инобат мегиред?» Ҳамин саволро дар намуди саволи бавосита бо чунин тарз пешниҳод кардан мумкин аст: «баъзе одамон мегўянд: «онҳоеро, ки бо ақидаи ман мухолифанд, гўш кардан намехоҳам». Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?» Бартарии саволҳои бавосита дар он ифода меёбад, ки вазъияти мушаххасро баён намуда, ба зудии фаҳмиши савол ва баёни ҷавоб мусоидат карда, имконияти бавуҷудоии вазъиятҳои муваққатии ихтилофиро аз байн мебаранд.

Бартарии методи анкета дар он ифода меёбад, ки имконият медиҳад, то дар муддати нисбатан кўтоҳ миқдори зиёди озмудашавандаҳо ба тадқиқот фаро гирифта шаванд, ва тавассути он маводи ниҳоят зиёдро ба даст овардан мумкин аст, ки саҳеҳии онро «қонуни рақамҳои бузург» таъмин мекунад.

Методи анкета низ аз норасоиҳо холӣ нест ва камбудиҳои асосии ин метод чунинанд:

– ҳангоми он самимӣ будани озмудашавандагонро назорат кардан душвор аст, зеро тавассути анкета на муносибати воқеӣ, балки танҳо фикри онҳо дар бораи ин ё он объект ошкор карда мешавад;

– аксар вақт аксуламали озмудашавандаро ба саволҳои пешниҳодшаванда мушоҳида кардан ва мазмуни саволҳоро вобаста ба вазъият дигаргун кардан ғайриимкон аст;

– натиҷаҳои анкетаро таҳлили сифатӣ намудан ва бо рафтору фаъолияти озмудашавандагон муқоиса кардан душвор аст.

Натиҷаҳои пурсиш ва анкетаҳои психологиро одатан бо усулҳои оморӣ коркард менамоянд.

1 Скачать

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.