Тестҳои психологӣ

 

Тести психологӣ – ин маҷмўи супоришҳои бастандартдаровардашудаи кўтоҳмуддатест, ки баҳои миқдорӣ ва сифатии натиҷаи иҷроиши онҳо мавҷудият ва ё дараҷаи инкишофи функсияҳои муайяни психикиро ошкор месозад.

Аввалин мураттиби тестҳои психологӣ олими фаронсавӣ Алфред Бине (1857 – 1911) шуморида мешавад, ки соли 1905 барои ташхиси қобилиятҳои ақлонии кўдакон аввалин тести саҷиши ақлро тартиб додааст. Тестҳои психологӣ барои андозагирии стандартии тафовути инфиродӣ истифода бурда мешавад. Бо ёрии тестҳо мавҷудият ва ё мавҷуд набудани қобилиятҳо, малака, маҳоратҳои муайян, баъзе сифатҳои шахсӣ, дараҷаи коршоямии шахс дар ин ё он намуди фаъолиятро ба таври дақиқ тавсиф додан имконпазир аст.

Соҳаҳои асосии истифодаи методи тест инҳоянд: 1) маориф ва маълумот; 2) тайёрии касбӣ ва интихоби касб; 3) машварати психологӣ; 4) фаъолияти амалии клиникӣ.

Тест – ин тартиби бастандартдаровардашудаи андозагирии психологӣ мебошад, ки бо истифодаи он дар муддати кўтоҳ доир ба зуҳуроти омўхташаванда маълумоти дақиқи миқдорӣ ё сифатӣ ба даст овардан мумкин аст. Он одатан аз супориш ё санҷишҳои кўтоҳ дар намуди таҳлили муҳокима, ҳалли масъала, расмкашӣ, нақл аз рўи расм ва монанди инҳо иборат аст. Тестҳо аз дигар методҳои тадқиқотӣ бо тартиби аниқмуайяншуда ва бастандартдаровардашудаи ҷамъоварӣ, коркард ва шарҳи маълумот фарқ мекунанд, ки ин имконият медиҳад то психологияи одамони комилан гуногун муқоиса карда шаванд. Тест маҳз бо ин хусусиятҳои худ серистеъмолтарин методи психологӣ ба шумор меравад.

Тартиби ташкили тестгузаронӣ аз се давра иборат аст: 1) интихоби тест; 2) тестгузаронӣ; 3) коркарди натиҷаҳои тест. Дар ҳамаи ин давраҳо иштироки психологи мутахассис ё одами махсусомодакардашуда лозим аст.

Тестҳои психологиро аз рўи якчанд меъёр тасниф мекунанд: 1) аз рўи хусусиятҳои истифодаи супоришҳои тестӣ (шифоҳӣ, амалӣ); 2) аз рўи шакли баргузорнамоӣ (гурўҳӣ, фардӣ); 3) аз рўи самти ташхис (тестҳои ташхиси қобилият, ташхиси шахсият, ташхиси функсияҳои алоҳидаи психикӣ); 4) аз рўи маҳдудияти вақти иҷрои супориш (тестҳои суръатсанҷ ва натиҷасанҷ); 5) аз рўи мақсади истифода (тестҳои интихоби касб, ташхиси клиникӣ, ошкорнамоии шавқу ҳавасҳо ва ғ.); 6) аз рўи маводи истифодашаванда (тестҳои бланкавӣ, предметӣ ва дастгоҳӣ); 7) аз рўи сохтори таркибӣ (гемогеннӣ ё яктаркиба ва гетерогеннӣ ё бисёртаркиба).

Таснифоти бештар маъмулгардида се варианти тестҳои психологиро пешниҳод мекунад: тест – пурсишнома, тест – супориш ва тестҳои проективӣ. Тест – пурсишнома аз системаи муҳокима ё саволҳои пешакӣ фикркардашуда, бодиққат коркардашуда ва аз нигоҳи эътимоднокию боваринокӣ санҷидашудаест, ки аз рўи ҷавоб ба онҳо доир ба хусусиятҳои психологии озмудашаванда хулосаҳо баровардан мумкин аст.

Тест – супориш баҳогузорӣ ба хусусиятҳои психологӣ ва рафтори одамро дар асоси кори иҷрокардаи ў пешниҳод мекунад. Ҳангоми чунин тестҳо ба озмудашаванда маҷмўи супоришҳои махсус пешниҳод карда мешавад, ки аз рўи натиҷаҳои иҷроиши он доир ба мавҷуд будан ё набудан ва ё дараҷаи инкишофи ин ё он хусусияти ў хулоса бароварда мешавад.

Тест – пурсишнома ва тест – супориш барои одамони синну сол, маданият, дараҷаҳои маълумотнокӣ, касбу кор ва таҷрибаи ҳаётиашон гуногун мувофиқ аст, ки ин бартарияти онҳоро ифода мекунад.

Тестҳои проективӣ – гурўҳи методикаҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо ташхиси хусусиятҳои шахс дар асоси таҳлили рафтори ў дар вазъиятҳои номуайян ва сермаъно сурат мегирад. Психолог бо ёрии тестҳои проективӣ озмудашавандаро ба вазъияти хаёлии пешакиомодакардашудаи дорои сюжети номайян мебарад ва аз ў шарҳи вазъияти додашударо хоҳиш мекунад. Шарҳи вазъият озод буда, ба дарку фаҳмиши озмудашаванда вобаста аст. Ба сифати чунин вазъият метавонад расмҳое баромад кунанд, ки дар онҳо одамони номаълум ба амалҳои номуайян машғуланд ва аз озмудашаванда хоҳиш карда мешавад, ки ба саволҳои «ин одамон кистанд?», «онҳо ба чӣ кор машғуланд?» ва монанди инҳо ҷавоб гуфта, ба расм маъно бахшад. Расми 4. Дар асоси таҳлили ҷавобҳои озмудашавандагон ҳатто дар бораи он хусусиятҳои шахсии ў хулосаҳо баровардан мумкин аст, ки асоси бешуурона доранд. Асоси чунин тестҳоро механизми проексия ташкил медиҳад, ки мувофиқи он хусусиятҳои аз ҷониби худи ў даркнашаванда, хусусан камбудиҳояшро одам майли ба дигарон мансуб донистан дорад. Чунин тестҳоро истифода бурда истода, доир ба психологияи озмудашаванда дар асоси он хулосаҳо мебароранд, ки ў чӣ тавр вазъият, хусусиятҳои психологӣ ва рафтори одамони дигарро дарк мекунад ва баҳо медиҳад, кадом хусусиятҳои шахсӣ, маромҳои табиати мусбӣ ё манфидоштаро ба онҳо мансуб медонад. Тестҳои проективӣ вобаста ба як қатор хусусиятҳои худ аз ҷониби психолог дониши назариявӣ ва таҷрибаи баланди касбиро талаб мекунад.

Тестҳо ба сифати асбоби андозагирӣ истифода мешаванд, ва аз ин рў онҳо бояд ба талаботи ҷиддӣ ҷавобгў бошанд. Маҷмўи супоришҳои тасодуфиро тест номидан нашояд. Сифати тестҳои психологӣ аз рўи эътимоднокӣ (устувории натиҷаҳои тестгузаронии такрорӣ), боваринокӣ (мувофиқати тест ба мақсади ташхис) ва қиммати тафриқавии супоришҳо (хосияти тест, ки қобилияти вобаста ба дараҷаи ифодаёбии хусусияти тадқиқшаванда ба зергурўҳҳо ҷудо кардани озмудашавандагонро ифода мекунад) баҳо дода мешавад.

Истифодаи тест танҳо дар доираи ҳамон масъалае имконпазир аст, ки барои он сохта шудааст ва дар муносибат бо он санҷида шудааст. Тестҳоро наметавон ҳамчун воситаи универсалии ташхис баҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки тестҳо дар тадқиқоти психологӣ чандон нақши муҳим намебозанд, вале дар ташхиси психологӣ методи аз ҳама муҳимтар ба шумор мераванд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.