Методи таҳлили маҳсули фаъолият. Сотсиометрия. Методи тамсиласозӣ. Методи лоиҳавӣ. Методи дугоникҳо.

 

Ин метод моҳиятан ба тестҳои проективӣ монанд аст, вале на натиҷаҳои супориши махсуспешниҳодгардида, балки маҳсули фаъолияти дар шароити табиӣ иҷронамудаи шахсро таҳлил менамояд.

Таҳлили маҳсули фаъолият чунин методи тадқиқоти психологӣ аст, ки тавассути он тадқиқотчӣ ба хусусиятҳои психологии озмудашаванда на дар асоси мушоҳида ё андозагирии рафтори фаъол, балки зимни натиҷаи рафтору фаъолияти қаблан иҷрокардаи ў баҳо медиҳад. Одам дар ҳамагуна амалу рафтор ва фаъолияти иҷрокардааш аз худ «изи» муайян мегузорад, ки аз тарзҳои барои ў хоси иҷронамоии онҳо бармеоянд. Методи таҳлили маҳсули фаъолият чунин «из»- ҳоро дар натиҷаҳои фаъолияти эҷодӣ, асарҳои бадеӣ, осори санъат, фаъолияти ҷисмонӣ ва таҳлили фикрҳои мушоҳидон ҷустуҷў мекунад. Ҳамин тавр дар таҳлили маҳсули фаъолият иштироки худи озмудашаванда шарт нест. Ин хусусият фарқият ва афзалияти асосии ин методро аз методҳои дигари психологӣ ифода мекунад.

Омўзиши маҳсули фаъолият имконият медиҳад, ки дар бораи дараҷаи азхудкардашудаи фаъолият ва маҳорату малакаҳои бо он алоқаманд, дар бораи кўшишу ғайрат ва поквиҷдонӣ ҳангоми бадастоварии мақсад, дар бораи ташаббускорӣ ва эҷодкорӣ, оид ба пешравиҳо дар фаъолияти амалию эҷодӣ ва инкишофи шахсият маълумот ба даст оварда шавад.

Вобаста ба он, ки муваффақиятҳои алоҳида дар маҳсули фаъолият метавонанд тасодуфӣ бошанд, барои маълумоти дақиқ ба даст овардан бояд маҳсули фаъолиятҳои гуногуни ҳамон як озмудашавандаро таҳлил намуда, натиҷаҳои онҳоро муқоиса кардан лозим аст.

Методи таҳлили маҳсули фаъолият хусусан дар психологияи таърихӣ, психологияи санъат ва эҷодиёт, психологияи клиникӣ, инчунин криминалистикаи психологӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар тадқиқоти психологӣ инчунин як қатор методҳои махсус низ истифода бурда мешаванд, ки аз аҳамияти бузурги илмию амалӣ холӣ нестанд, вале соҳаи татбиқашон ниҳоят маҳдуд аст. Муҳимтарин методҳои махсуси психологӣ сотсиометрия, методи тамсиласозӣ (моделсозӣ), методи баҳои экспертӣ ё методи ҷамъбастнамоии тавсифдиҳандаҳои мустақил, методи дугоникҳо ва методи лоиҳавӣ мебошанд.

Сотсиометрия. Ин метод аз ҷониби олими руминтабори амрикоӣ Ҷекоб Леви Морено барои омўзиши муносибатҳои байнишахсӣ кор карда баромада шудааст. Сотсиометрия маъмултарин методи тадқиқоти иҷтимоӣ – психологии омўзиши гурўҳҳои хурди одамон ва мавқеи шахс дар гурўҳ буда, моҳиятан аз омезиши методҳои озмоиш ва пурсиши психологӣ таркиб ёфтааст.

Методи тамсиласозӣ. Тамсила – ин шакли ба таври сунъӣ сохташуда ва нисбатан соддакардашудаи зуҳуроти омўхташаванда мебошад, ки унсурҳои барои тадқиқот зарурии сохтори он нигоҳ дошта шуда ё ҳатто пурзўр гардонида шуда, унсурҳои дигар метавонанд бартараф карда шаванд. Тамсиласозӣ ё моделсозӣ ҳамчун метод дар он ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар зуҳуроти омўхташаванда мураккаб ва дастнорас бошад. Дар чунин маврид тамсилаи сунъии зуҳуроти омўхташаванда сохта мешавад ва бо он тадқиқот гузаронида мешавад.

Тамсилаҳо метавонанд техникӣ, мантиқӣ, математикӣ ва ё кибернетикӣ бошанд.

Методи баҳои экспертӣ. Баҳои экспертӣ – методи баҳо додан ба хусусиятҳои шахс бо роҳи дарёфти миёнаи арифметикии фикри мутахассисони алоҳида мебошад. Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки маълумот дар бораи хусусиятҳои шахс аз мутахассисоне, ки ўро дар фаъолиятҳои гуногун мушоҳида кардаанд, дастрас ва ҷамъбаст карда мешавад. Барои ҷамъбастнамоии фикри мутахассисон ва дарёфти миёнаи арифметикии он асосан усули баҳогузорӣ аз рўи «холҳои канорӣ»- ро истифода мебаранд, аммо баъзан усулҳои фаъолияти коллективии экспертӣ низ дар намуди машварат, мубоҳиса, «ҳуҷуми зеҳнӣ» истифода бурда мешаванд.

Методи мазкур як навъ омезиши методҳои мушоҳида ва сўҳбат буда, барои омўзиши хусусиятҳои шахс ва динамикаи инкишофи психикӣ пешбинӣ гардидааст.

Методи дугоникҳо. Ин метод соли 1875 аз ҷониби олими англис Френсис Галтон (1822 – 1911) барои ошкор намудани нақши генотип ва муҳит дар инкишофи шахс, кор карда баромада шудааст. Мақсади асосии ин метод дар асоси таҳлили муқоисавии дугоникҳои яктухма ва ҷудотухма нақши омили биогенетикӣ ва сотсиогенетикиро дар детерминатсияи зуҳуроти омўхташавандаи психикӣ муайян кардан аст. Айни замон вариантҳои гуногуни ин метод кор карда баромада шудаанд, аз ҷумла методи азҳамҷудосозии дугоникҳои яктухма, «дугоники назоратшаванда», «ҷуфти дугоникҳо» ва ғайра.

Методи лоиҳавӣ. Мо яке аз шаклҳои методҳои лоиҳавиро дар намуди тестҳои лоиҳавӣ дида баромадем, аммо ин намуди методи тадқиқоти психологӣ дар доираи супоришҳои тестӣ маҳдуд нашуда, фаҳмиши васеътарро дорад ва аз рўи мавқеи худ дар байни тестҳо ва таҳлили маҳсули фаъолият қарор гирифтааст. Методи мазкур хусусан дар ташхиси ҳолатҳои амиқи рўҳии кўдакон ва ҳодисаҳои дар сатҳи бешуурӣ ҷараёнгиранда фаъол аст.

test

Добавить комментарий