Фанни Психология

Шахс ва фаъолият.Одам хамчун шахс. Шахс, фардва фардият

1.Одам хамчун шахс.

2.Мафхум дар бораи шахс дар психалогия.

3.Мафхуми одам,индивид,шахс,индивидуалноки.

4.Сохти шахс.

Дар фаъолият мебошад ва дар рафти он хувусиятхои индивидуали он фардхо ба эътибор гирифтан зарур аст.дар рафтми фаъолият хусусиятхоипсихофизиологии индивид низ таъсири худро мегузаронад, чунки системаи асаби онхо аз якдигар фарк мекунад. Инг фаркият дар писарбача ва духтарбача низ мушохида мешавад. Инро адабиётхои илми бо мафхумхои «фенимени»-духтар ва «максумени»-писар ишора мекунанд. Шахс фарди бошуур буда, ҳамчун субъекти муносибатҳои иҷтимоӣ, барандаи сифатҳои арзишноки иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Мо одатан дар радиф бо шахс мафҳумҳои одам, фард ва фардият низ мавриди истифода қарор медиҳем. Ин мафҳумҳо хусусиятҳои худро доро бошанд ҳам, дар баробари инба ҳамдигар алоқаи зич доранд.

Одам мафҳуми нисбатан умумию ҷамъбасткунанда – мавҷудест, ки дараҷаи олии инкишофи ҳаёт, маҳсули равандҳои ҷамъиятӣ – меҳнатӣ, ваҳдати ногусастании мабдаҳои табиӣ ва иҷтимоиро таҷассум менамояд, аммо ҳар як одам ҳамчун барандаи арзишҳои иҷтимоӣ – авлодӣ, мавҷуди такрорнашавандаи табиӣ – фард мебошад.

Фард – ин одами мушаххас ҳамчун намояндаи авлоди homo sapiens, барандаи заминаҳои (нишонаҳои қобилият, истеъдод, лаёқат) инкишофи одамист. Ин тарзи тавсифдиҳӣ шаҳодати он аст, ки мавҷудият ба насли одам мансуб буда, дар мафҳуми фард таҷассум меёбад. Зери мафҳуми фард навзод ё калонсол, мутафаккир ё ноқисулақл, намояндаи ягон қабилаи дар зинаи ваҳшоният қарор дошта ё сокини бомаърифати ягон мамлакати тараққикарда дар назар дошта мешавад. Фарзанди инсон ҳамчун фард ба дунё меояд ва аз ҳамин давра ба системаи таърихан ташаккулёфтаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ шудан мегирад.

Мафҳуми «шахс» нисбат ба мафҳуми «одам» дида, мафҳуми нисбатан маҳдудтар мебошад. Вай категорияи ҷамъиятию таърихӣ ба шумор рафта, сифати иҷтимоиеро мефаҳмонад, ки фард онро дар ҷараёни муошират ва фаъолияти предметӣ ба даст овардааст. Ҳарчанд шахс сифати махсуси иҷтимоии фард бошад ҳам, «фард» ва «шахс» бо ҳам монанд нестанд.

Шахс ҳамчун ходими инкишофи ҷамъиятӣ, фарди бошуурест, ки дар ҷамъият нақшеро мебозад ва соҳиби мавқеи муайян мешавад. Нақш – ин функсияи иҷтимоии шахс аст. Масалан, нақши волидайн аз тарбияи фарзанд иборат аст ва ғайра. Мавқеи шахсро системаи муносибатҳои ў бо шароитҳои моддии ҳаёт, ба ҷамъияту одамон, ба худ, ба вазифаҳои ҷамъиятию меҳнатии худ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Чуноне ки мафҳумҳои «фард» ва «шахс» бо ҳам монанд нестанд, шахс ва фардият низ дар навбати худ ягонагиро ташкил медиҳанд, вале бо ҳам айниятдор нестанд. Хусусиятҳои фардиятӣ дар сурати иштироки шахс дар системаи муносибатҳои байнишахсӣ ошкор мегарданд. Фардият – ин хусусиятҳои такрорнопазири одами мушаххас ё худ, хосиятҳои табиӣ ва дар ҷомеа бадастовардаи ў мебошад. Яъне, фардият аслияти шахсро ифода мекунад, ё худ ягон хусусияти бартаридоштаи шахсро мегўянд, ки ўро аз атрофиён фарқ мекунонад.

Дар мафҳуми шахс маҷмўи сифатҳои аз лиҳози иҷтимоӣ аҳамиятноки одам мақоми аввалро ишғол менамояд. Моҳияти иҷтимоии одам дар робитаи ў бо ҷомеа шакл гирифта, зоҳир мегардад. Ҳар як ҷомеа намунаи ба худ хоси шахсро муқаррар карда, типҳои асосии психологии одамро муайян менамояд.

Шахс дорои сохти мураккаб мебошад. Дараҷаи олию пешбарандаи сохти психологии ўро доираи маром ва талаботҳо, равия ва муносибатҳои ў ба ҷомеа, ба ашхоси ҷудогона ва ба ўҳдадориҳои иҷтимоии худи ў ташкил медиҳанд.

Барои шахс на танҳо мавқеъ, балки қобилияти амалигардонии муносибатҳои ў низ муҳим аст. Ин аз дараҷаи инкишофи имкониятҳои фаъолияти одам, маърифату малакаҳо, хусусиятҳои эмотсионалию-иродавӣ ва зеҳнии ў вобаста мебошад.

Одам бо қобилиятҳо ва характери тайёр ба дунё намеояд. Ин хосиятҳо дар тўли зиндагӣ, аммо дар заминаҳои муайяни табиӣ ташаккул меёбанд. Асоси ирсии организми одам (генотип) хусусиятҳои анатомӣ-физиологии ў, сифатҳои асосии системаи асаб, ҷараёни протсессҳои асабиро муайян мекунад. Имкониятҳои инкишофи психологии шахс дар сохти табиию биологии ў инъикос шудаанд.

Мавҷуди одамӣ ба туфайли омўзиш ва азхудкунии таҷрибаи наслҳои гузашта, ки дар донишҳо, анъанаҳо, ашёи фарҳангӣ ва моддию маънавӣ таҳким ёфтаанд, ба одам табдил меёбад. Ҷиҳатҳои табиии одамро ба моҳияти иҷтимоии ў муқобил гузоштан дуруст нест, зеро онҳо на танҳо маҳсули таҳаввули биологӣ, балки маҳсули таърих низ мебошанд. Мабдаи биологии одамро ҳамчун мавҷудияти ким-чи гуна паҳлўи «ҳайвонӣ»-и ў набояд донист. Кулли нишонаҳои қобилияту истеъдоди одам одамианд, на ҳайвонӣ. Бояд қайд кард, ки ташаккули

одам чун шахс танҳо дар шароитҳои мушаххаси иҷтимоӣ сурат мегирад.

Он чи ки дар назари аввал чун сифатҳои «табиӣ»-и одам падидор мегарданд (масалан, хусусиятҳои характер), дарвоқеъ таҳкими бахши талаботи иҷтимоии ба рафтори ў алоқаманд ба шумор меравад .

Инкишофи шахс бо вусъатдиҳии доимии имкониятҳо ва афзудани талаботи ў алоқаманд аст. Дараҷаи инкишофи шахс бо муносибатҳои ба ў хос муайян карда мешавад. Муносибатҳои шахс дар дараҷаи пасти инкишоф асосан аз манфиатҳои амаливу «кўтоҳназарона» вобаста мебошанд. Дараҷаи баланд бо афзалияти арзишҳои аз лиҳози ҷамъиятӣ барои ў аҳамиятнок тавсиф дода мешавад.

Ҳар як фард дар ҷомеа фаъолияти ҳаётии хешро ба танзим дароварда, масъалаҳои мураккаби ҳаётиро ҳал мекунад. Ҳамон як душвориҳо ва инчунин ба ҳам бархўрди манфиатҳо аз ҷониби одамон ба таври мухталиф бартараф карда мешаванд.

Ҳангоми ошкор намудани моҳияти шахс бояд ба он эътибор дод, ки ў масъалаҳои ҳаётиро бо кадом тарз ҳал менамояд ва кадом принсипҳои ибтидоии рафторро сармашқи кори худ қарор медиҳад.

Шахс вобаста ба ворид шуданаш ба муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ иштирокчии ғайрифаъоли ин муносибатҳо намебошад. Хусусияти дигари шахсро мустақилияти ў ташкил дода, ба ў имкон медиҳад, ки аз таъсири ҳар гуна фармон – фармоии ҳокимият, ҳолатҳои номатлуби иҷтимоӣ ва таъқибот озод бошаду худидоракуниашро аз даст надиҳад.

Худмухтории шахс бо сифати олии психикаи ў – маънавиёт робита дорад. Маънавиёт – ин зуҳуроти олии моҳияти одам, пайравии ботинии ў ба арзишҳои ахлоқӣ ва тобеият ба ғояҳои олии ҳастӣ мебошад.

Маънавиёти шахс дар фавқулшуури ў, дар талаботи инкори қатъии ҳама гуна қабоҳату зиштиҳо, дар садоқати фидокоронаи ў ба ормонҳои олӣ, дар дурӣ ҷўстан аз майлу хоҳишҳои ношоиста ва фаъолии сохтаю бардурўғи иҷтимоӣ ифода меёбад. Аммо ҷомеа ҳар қадаре, ки соддатар бошад, ҳамон қадар тамоюли он ба баробаркунӣ қавитар аст ва ҳамон қадар дар он одамоне зиёданд, ки ба меъёрҳои иҷтимоӣ кўр-кўрона итоат мекунанд. Одаме, ки аз рўи шиорҳои қолабӣ ҳарф мезанад, дигар дар бораи худсозии шахсии худ ғамхорӣ ҳам намекунад.

Шахси эҷодкор аз ҳудуди муҳити бевоситаи иҷтимоӣ берун рафта, худро дар пойгоҳи нисбатан фарохи иҷтимоӣ ташаккул медиҳад. Сифатҳои шахс аз доираи муносибатҳои амалӣ ва аз ворид будани ў ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ вобастаанд.

Шахс имкониятҳои асосии тараққиёти ҷамъиятро инъикос карда, ояндаи ҷомеаро пешбинӣ менамояд ва метавонад аз ҳолати ҳозираи он пеш гузарад. Рушди шахс-ташаккули маҷмўи сифатҳои мусбати иҷтимоии ў – заминаҳои муайяни ҷамъиятӣ, талаботи иҷтимоӣ, безараргардонии омилҳоеро тақозо мекунад, ки онҳо боиси бегонашавии ў мегарданд.

Дар ташаккули фард чун шахс ду раванд нақши муҳим мебозанд: а) раванди ҳаммонандкунии шахс (дар фард ташаккул ёфтани айниятдиҳии худ ба соири одамон ва умуман ба ҷомеаи одамӣ); б) раванди персонализатсия (аз ҷониби шахс дарк намудани зарурати пешниҳод кардани шахсияти худ дар фаъолияти ҳаётии дигар одамон, худифоданамоии шахсӣ дар умумияти иҷтимоӣ).

Шахс бо одамони дигар дар асоси «Манн – консепсия», рефлексияи шахсӣ – тасаввуроти худ доир ба худ, имкониятҳои хеш ва моҳияти худ дар таъсири дутарафа мебошад. Рефлексияи шахсӣ ба «Ман»-и воқеӣ метавонад мувофиқ ояд, ё метавонад мувофиқ наояд. Дараҷаҳои баланд ё пасти иддаоҳои шахсӣ метавонанд, боиси низоъҳои мухталифи дохилишахсӣ шаванд.

Роҳи ҳаётии шахс фазои иҷтимоии мушаххаси таърихиро аз сар мегузаронад. Хусусиятҳои ба худ хоси шароитҳои моддии истеҳсолот, соҳаи истеъмолӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ тарзи ҳаёти одам, Хусусиятҳои гуногунранги рафтор ва ниҳоят типи шахсро муайян месозад.

Ҳар як шахс дурнамои зиндагонии худ, яъне системаи устувори тарзҳои тағйир додани вазъиятҳои ҳаётиро дар заминаи арзишии хеш ташаккул медиҳад. Дурнамои зиндагӣ – ин равияи умумии худсобитнамоии шахс мебошад.

Дурнамои аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд – ин худифоданамоии ахлоқии шахс ва тарзи ҳаёти маънавии ўро муайян мекунад. Дар ин маврид фаъолияти ҳаётии шахс бо сабабҳои муайяни воқейи бо мақсаду маромҳои ҷомеа алоқаманд сурат мегирад. Шахс зиндагиро бо дастовардҳои аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд оғоз менамояд.

Дар мавриди дурнамои зиндагӣ, тарҳрезии дастовардҳои фард танҳо ба маънию масойили ҷорӣ итоат карда, зиндагонии ў ба тарзи мукаммал сурат намегирад, мазмуну мароми зиндагиаш паст рафта, талаботи рўҳонӣ-маънавии ў маҳдуд мегардад, дараҷаи иддаою талаботаш паст мешавад.

Шахс бо маҷмўи хусусиятҳои устувор – маҷмўи маромҳо, мақсадҳо, манфиатҳо, қобилияти таъсиррасонии дутарафа бо муҳит ва принсипҳои ахлоқии худидоракунии рафтор тавсиф дода мешавад. Ин ҳама хусусиятҳои шахс маҷмўи омилҳои генетикӣ, ирсӣ ва иҷтимоӣ – мадании ў мебошанд.

Адабиёт:

1. 1. Атохонов Р., Абдураҳмонов Г. Муқаддимаи психология. -Душанбе, 2009

2. Маркосян А.А.Масъалаҳои физиологияи синну сол.-Душанбе, Маориф, 1981

3. Миралиев А.М., Давлатов М. Педагогика ва психология. -Душанбе , «Ирфон», 2007

4. Нарзуллоева М. Равоншиноси мактаб ва самтҳои фаъолияти ў. (Дастури методӣ), –

5. Душанбе, 2008

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *