Инкишофи психика ва шуур.

 

Инкишофи шакли инъикоси хакикат.Пайдоиши психика. Инкишофи психика дар антогенез.Давраи психикаи элементари-перезептиви. Пайдоиш ва инкишофи шуури инсони.Сохти шуур.Шуур хамчун дарачаи олии инъикоси психики.Психика хамчун хусусияти материяи олиташкил. Мафхум дар бораи бешуури. Муносибати шуур ва бешуури.

Мафхумхои асосии мавзуъ:

Инъикос,хасоси,тротизм,инстинкт,рафторхои интелектуали(акли), Фаъолияти бошуурона, бешуури, бешуурона.

Инкишофи психика ва шуур.

Пайдоиш ва инкишофи психикаи инсон яке аз масъалахои бисёр мухим дар назди тадкикотчиён ба шумор меравад.Психика мафхуми умуми мебошад, ки бисёр ходисахои субъективиро, ки психология хамчун фан меомузад, муттахид мекунад.Тахти мафхуми психика хамин хел ходисахое (субъективиро, ки психология хамчун) фахмида мешаванд, ки онхо хамин хел ходисахои хаёти ботинии шахсро инъикос мекунад. Психика хамчун зухуроти хаёти ботини ба хайвон низ хос аст. Масалан: хам одам ва хам хайвон ходисахои гирду атрофро дарк мекунанд ва предметхоро аз хамдигар фарк мекунанд. Ба газабомадан хам ба хайвон хос аст ва хам ба инсон, онхоро аз чизе тарсониданашон мумкин.Ба предмету ходисахои сироф ягон хел муносибатро зохир мекунанд. Гайр аз ин одам фикр карда метавонад. У кобилияти ягон проблема хал карданро дорад. Дар таърихи илми психология дар атрофи фахмиши психика бахсу мунозирахо хеле зиёданд, чунки одамро дар як вакт илмхои гуногун ба монанди биология, физиология, тибб, сотсиология ва илмхои дигар меомухтанд, ва табиист, ки намояндагони хар яке аз ин илмхо мехостанд одамро аз нуктаи назари худашон шарх диханд.Ба ходисахои хаёти ботинии одам ба таври худ бахо медиханд.Психика хамеша инкишоф меёбад.Таракиёти психикаи хайвонот ба таври чудошаванда бо тараккиёти системаи асаб вобаста аст.Аз ин ру дарачаи тараккиёти системаи асаб дарачаи инъикоси олами реалиро ифода карда карда метавонад.

Системаи асаб дар аввал дар хайвоноти бемухра, аз кабили кирмхо, мурча ва гайрахо ба вучуд омадааст.

Дар онхо танхо прцесси эхсоскуни вучуд дорад, вале идрок холо мушохида намешавад.

Идрок тавассути ташакул ва тараккиёти майнаи сар пайдо мешаванд. Дар хайвоноти инкишофашон калон унсурхои нисбатан мураккаби писихики все тафаккур пайдо мешавад. Асоси писихикаи онхоро рефлекихои гайришарти ва шарти ташкил медиханд. Системаи рефикси гайришахси асоси фиезиоллгии инстинкиро ташкил медиханд. Инстинкт шакли мураккаби рафтор Буда, характери модарзоди дорад все аз насл ба насл мегузарад. Лона сохтани паррандагон, парвозхои фаслии онхо аз минтакахои хунук ба минтакахои гарм ва гайра мисолхои инстинкт идора карда мешавад, дар назар окилона менамояд. Дар хакикат рафтори инстинктиви рафтори хур-хурона аст, чунки хйвонхоба сарфахм рафтани амалиёти худ кодир нестанд. Масалан: орупа варон, аз орухона асалро хаки карда мегиранд, пас онхо аз ин ганиматашон махрум мешаванд. Вале оруи асал бо вучуди ин асалро кашонда мегиранд. Инстинкт рафтори бешууронаи ба максад мувофики хайвон аст. Рафтори инстинктиви низ аз руи максаду мароми муайян ба асал меояд. Масалан :оруи асал орухона месозад, парандахо дар мавсими хунуки ба минтакахои гарм мераванд, баъзе хайвонхо дар зимистон ба хоби бардавом мераванд, баъзе хайвонхо дар зимистон ба чунин тарзи фаъолияти онхо нихоят махдуд аст.

Одатан хайвонхо дар шароити ноустувор ва тагирёбанда зиндагони мекунанд. Онхо ба чунин шароитхо бо ёрии рефлексии шарти мувофик мешаванд. Рефлексхои шартии мураккаб ба хосилшавии малакаи хайвонот мусоидат мекунад.

Малакка шакли дигари рафтори мутобикшавандаи хайвонот ба мухит буда, аз инстинктхои бешуурона фарк мекунад.

Инстинкт рафтори модарзоди аст, вале малака дар процесси хаёти хайвон пайдо мешавад. Инстинкт барои хар як намуди хайвон умуми аст. Агар инстинкт алокаи доимии хайвонотро ба мухит нишон дихад, он гох малака алокаи муваккатиро ифода мекунад.

Хайвон малакаро дар процессии хаёт хосил мекунад. Одам низ дар хайвонхо малакаро ташаккул дода метавонад.

Майнаи хайвон хар кадар имконияти амалхои мураккабро ёд додан пайдо мещавад. Таткикотхо нишон медиханд,ки майнаи маймунхои одамшакл муносибати байни предметхоро инъикос карда метавонад.Онхо кути пуатро бо калиди чубин кушода метавонанд ва ё бо ёрии калтак афлесунро зада меафтонанд ва г. Маймунхоро ба ичрои ин амал кассе ёд надодааст.Онхо худашон вазъиятротахкик намуда,масъаларо тахлил карда истода масъалахои оддитаринро хал мекунанд. Павлов И.П бо маймунхо озмоиш гузаронида,рафтори муракабби маймунхои одамшаклро мушохида намуд ва онро тафаккури конкрети ё худ дасти номид. Дар маймунхои одамшакл тафаккуре аст,ки аз харакати чолоконаю маромноки дасхо фахмида мешавад.Бояд таъкид намуд,ки дар маймунхои такмилёфта низ шуур вучуд дорад. Маълум аст,ки психикаи хайвонот аз оддитарини тафаккур бошад дар маймунхои одамшакл эхсоскуни,ки дар кирмхои оддитарини тафакур бошаддар маймунхои одамшакл даврахои бардавомии тараккиётро тай кардааст.

Хамин тавр, хайвонхо туфайли инстинктхо, малакахо ва рафтори интелектуали ба мухити таъгирёбанда мутобик мешаванд ва фаъолияти хаётии худашонро ташкил медиханд. Дар психика тасавуротхои зиёде вучуд доранд. Агар хамаи тасаввуротхои дар гузашта маълумбударо чамъбаст намоем, он гох ду фахмиш:идеалисти ва материалисти ба миён меояд.

Фахмиши идиалисти ва материалистии психика

Мохияти фахмиши идиалистии психика аз он иборат аст, ки намояндагони он ходисаи психикиро хамчун ходисаи аз материя новобаста вучуд дошта мефаъманд ё ба ибораи дигар гуё, ки чисми одам худ вучуд дорад,ва рухи у низ дар алохидаги вучуд дорад.

Фахмиши материалистии психика чунин фикрро ба асос мегирад,ки хамаи ходисахои рухи заминаи материали дорад,яъне махсули материя мебошад. Хануз А.И.Сино ва олимони замони у дар акидаи он буданд, ки хамаи ходисахои рухи ба фаъолияти системаи асаб алокаманд мебошанд. Дар асрхои xix-xx тамоман равшан гардид,ки ходисахои психики махсули системаи асаб мебошад. Хамин тавр мувофики фахмиши материалисти психика махсули фаъолияти материя мебошад. Он махсули хамин хел материя мебошад, ки ба дарачаи инкишоф расидааст.Чунин материяи системаи асаб аст, янеъ психика махсули материяи олиташкил-системаи асаб мебошанд. Мулохизаи як навъ материалистони «Вулгария» меноманд, кобили кабул нест. Ба акидаи онхо чи тавре ки чигар аз худ фикрро чудо мекарда бошад.Бинобар ин психика махсули майнаи сар бошад хам, худаш идеали мемонад. Психика хамчун махмули майнаи сар дар кобилияти инъикос карда тавонистани ходисахои дунёи материали ифода меёбад.инъикос ба тамоми материя хос аст, инъикоси психики бошад, шакли олии инъикос аст.

Инкишофи психика да антогенез.

Дар тахти калимаи антогенез хусусиятхои инкишофи психикаи одам хамчун индивид дида баромада мешавад. Яъне сухан дар бораи он меравад, ки тачрибаи индевидуалии хаёти одам ба инкишофи психика чигуна таъсир мерасонад. Инкишофи психика дар антогонез албатта ба конуниятхои умумии инкишофи психика, ки дар чараёни тараккиёти чамъият ба вучуд меояд, мувофикат мекунад.Мисол: мувофики таълимоти Л.С. Виготский барои инкишофи психика дар дарачаи нисбатан баланди он истифодаи аломатхо рохи хал кунандаро мебозад.

Агар мо муносибати байни объектхои А ва В -ро бевосита мукарар карда натавонем, он гох хамеша аз воситахои истифода мебарем ва ба сифати ин гунна аломатхо баромад мекунад, накшхо, асбобхо, порчахо). Дар процессии инкишофи то генетики хам ин принсии нигох дошта мешавад, яъне бача аз одами клонсол тарзи истифодаи аломатхоро ёд мегирад, ва минбаъд онро дар хаётпи худ татбик менамояд. Масалан: Аввал одами калонсол ба бача бо сухан тасир карда онрол ба кор водор месозад. Баъд аз он бача хамин суханро истифода бурда ба одами калонсол таъсир мерасонад, ва муоширатро ба вучуд меорад. Дар навбати дигар одам аз калима истифода бурда худаш ба худаш таъсир мерасонад.Бо хамин усулхо одам аз чумла бача олами атрофро дониста мегирад ва хусусияти онро аз худ менамояд, ки инро «интероризания» меноманд.

Шуур ва сохти он.

Шуур-ин шакли олии инъикос буда, факат ба одам хос аст.

Дар рафти инъикос худи одам низ тагйир меёбад.Аз як тараф инъикос натичаи олами объективи мебошад ва ба одам дар бораи он мълумот медихад.Аз тарафи дигар шахси инъикоскунанда конкрети аст ва у дорои хусусиятхои хос мебошад, бинобар ин инъикос ба максадхои шахс алокаманд мебошад.Яъне инъикоси одам муносибати шахсро ба олами объективи ифода мекунад.Ба акидаи В.М Ленин инъикоси психики- ин образи субъективии олами объективист». Ин акидаро хамчун мулохизаи ба объект таалук доштани образ хамчун то андозаи ба объект мувофик омадани образ фахмидвн мумкин аст.

Маълум аст, ки инкишоофи чисмонии одам таърихи дуру дарози эволюциони дорад.Дар ин инкишоф мазмуни инъикос психики хайвон фарк мекардаги шуд.Омили асосии ин фаркият мехнат аст.Мехнат дар чараёни таъсири байни хамдигарии одамон боиси табдил додани олам мегардад, ва бинобар ин инъикоси психикии одам фаъол мебошад.

Чунин инъикоси олли,ки танхо ба одам хос аст,номи шуурро гирифтааст.

Шуур ин шакли олии инъикос буда, ба чудо карда тавонистани хосиятхои объективию устувори олами хакикит,ки дар заминаи онхо дар рафти мехнати колективона ба олами ихотакарда табдил дода мешавад, тавсиф дода мешавад, дар протсесси фаъолияти одам куввахои истехсоли инкишоф меёбад ва муносибати истехсоли низ дигаргун мешавад,ки ин ба дигаргуншавии шуури одам оварда мерасонад. Дар таърихи чамъияти инсони фарматсияхои чамияти иваз мешудаанд ва дар шуури одамон низ таъгирёбихои мувофик руй медиханд.

Панч фарматцияи чамъияти

1.Обшинаи иптидои.

2.Феодали.

3.Гуломдори.

4.Капиталисти.

5.Социалисти.

1. Равияи якум,ки аз руи он инкишофи шуури одам ба вучуд меояд,ин дигаргуншавии чихати синфии чамъят мебошад.

2. Равияи дуюм, инкишофи шуури одам он аст,ки дар натичаи чукур,пурра ва васеъ дониста гирифтани олами объективи мазмуни шуур доимо дигар шуда меистад.Дар натичаи омузиши табиат ва чамъият шуури одамон бой мегардад ва хусусияти нави сифати пайдо мекунад.Дар натичаи шуури одамон характери чамъбастшуда ва абстрактиро мегирад,ки ин натичаи фахмида гирифтани мохияти ходисахо,баркарор конуниятхои умуми мебошад,ки олами объективиро инъикос мекунад.

3. Равияи сеюм бо инкишофи имкониятхои чамъбасткуни ва абстрактии шуур алокаманд аст,ки таракиёти таърихии шуури одамро мефахмонад.Яъне шуур махсули тараккиёти чамъияти инсони ва шароитхои социалии он муайян карда мешавад.Шуур процессии инъикоси олам мебошад, дар се равияи байни хам алокаманд мегузарад.Инъикоси олами ихота карда,ки дар хар як зинаи тараккиёти таърихии гуногун аст, аз шароитхои социалии ва иктисодии чамъияти вобаста аст,яъне шуури одам таърихи дигаргун мешавад.

Чунин дигаргуни дар психикаи хайвон ба вучуд намеояд. Дигаргуншавии психикаи хайвон ба тачрибаи нави хамин хайвон вобаста аст,лекин одам тачрибаи таърихии чамъияти инсониро аз худ карда метавонад. Инъикос дар зинахои гуногуни маърифат дар процессии донишомузи хархел мешавад. Дар ин маврид дигаршавии инъикос дар донишомузи мегузарад. Дар хайвон муносибати маърифати ба олами объективи дида намешавад. Инсон субъекти маърифат аст,чунки донишомузии у шуурона ва мавкеаднок аст. Фарки шуури инсон аз психикаи хайвон. Шуури одам аз психикаи хайвон бо он фарк мекунад, ки дар инъикоси он омилхои таърихии донишомузи дар алохидаги баромад мекунад. Шуури одам инъикоси фаъоли хастии объективи аст. Одам конунхои объективии хастиро меомузад ва максаду мароми фаъолиятро ба он мувофик мекунад.

Фаъолияти шуури инсон, ки характери табдилдихии эчодии максаднок дорад фаркияти дуюми шуури инсон аз психикаи хайвон мебошад. Психикаи хайвон ва шуури инсон инъикоси субъективии олам аст, лекин ин субъективият принсипон аз хамдигар фарк мекунад. Инсон суъекти маърифат мебошад. Тачрибаи инсон танхо фаъолии вай ташакур ташаккул меёбад. Тачрибаи хайвон бошад, дар просесси фаъолияти худаш ба тачрибаи чамъбасткардашудаи тамоми инсоният ташаккул меёбад. Инъикоси максадноки фахмидашудаи олами объективи ки ба тачрибаи чамъбасткардашудаи маърифати инсон такия мекунад,чихати сеюми фарккунандаи шуури инсон аз психикаи хайвон мебошад.Инъикоси олам дар шакли маърифат бо алокахо ва муносибати мухим фаркияти чоруми фарккунандаи психикаи хайвон аз шуури инсон мебошад.Инсон ба воситаи нутк тачрибаи хаётиашро чамъбаст мекунад ва дар шакли махфум нигох медорад.Ин барои дониста гирифтани хаёти имруза ва гузаштаи инсоният имконият медихад. Одам хаёти хозира ва гузуштаро мукоиса карда истода алокахои объективии сабабу натичаро мефахмад. Ин алокахоро дониста,одам ояндаро пешбини карда метавонад, яъне характери пешбиникардаи шуури инсон фаркияти панчуми шуури одам аз психикаи хайвон мебошад.

Муносибати одам ба хакикат аз он далолат медихад,ки у худро аз олами беруна чудо мекунад. Одам субъекти маърифати мебошад ва ба фаъолияти худаш ба олам таъсир мебахшад. Хамаи ин худшиносии шахсро ифодаи шашуми фарккунандаи шуури одам аз психикаи хайвон мебошад.

Ба хамин тарик худшиносии як шакли шуур мебошад, ки аз тарафи худи одам фахмида шудани худашро ифода менамояд. Одам худаш ро чараёни муносибат бо дигарон дар рафти фаъолияти худаш дониста мегирад. Худшиносии одам хам табияти социали ва хам табияти маърифати дорад. Ин табиятхо дар он ифода меёбанд,ки бача дар иптидо худашро аз дигарон фарк мекунад.Табиати маърифати дар он ифода меёбад,ки одам худашро аз нуктаи назари интеллектуали (акли)кобилиятхояш хислату характер,мизчоз ва дигар чихатхои шахсиаш идрок мекунад.

Инкишофи психика дар онтогенез

Дар тахти калимаи онтогенез хусусиятхои инкишофи психикаи одам хамчун индивид дида баромада мешавад.Янеъ сухан дар бораи он меравад,ки тачрибаи индивидуали хаёти одам ба инкишофи психика чигуна таъсир мерасонад.Инкишофи психики дар онтогенез албатта ба конуниятхои умумии инкишофи психика ки дар чараёни тараккиёти чамъият ба вучуд меояд,мувофиккат мекунад.

Мисол: мувофики таълимоти Л.С.Вигодский «Барои инкишофи психика дар дарачаи нисбатан баланди он истифодаи аломатхо роли халкунанда мебозанд».Агар мо муносибати байни объектхои А ва В-ро бевосита мукаррар карда натавонем он гох хамеша аз воситахо истифода мебарем ва ба сифати ин гуна воситахо хар гунна аломатхо баромад мекунанд (накшахо, асбобхо, порчахо ва г).

Дар процесси инкишофи то генитики хам ин принцип нигох дошта мешавад, яъне бача аз одами калонсол тарзи истифода бурдани аломатхоро ёд мегирад ва минбаъд онро дар хаёти худ тадбик менамояд. Мисол: Аввал одами калонсол ба бача бо сухан таъсир карда онро ба кор водор менамояд.Баъд аз он бача хамин суханро истифода бурда ба одами калонсол таъсир мерасонад ва муоширатро ба вучуд меорад.Дар навбати дигар одам аз ин калима истифода бурда худаш ба худаш таъсир мерасонад.Бо хамин усулхо, одам аз чумла бача олами атрофро дониста мегирад, ва хусусияти онро аз худ менамояд, ки онро «Интероризация» меноманд.

Сохти шуур

Шуур дарачаи ягонае ба шумор меравад, ки дар он процессхои психики, хусусиятхо ва холатхои шахс нишон дода шудаанд а на хама чиз рафтори шахсро кабул ва идора мекунад.

Шуур ин шакли олии инъикос буда, ба чудо карда тавонистани хосиятхои объективию устувори олами хакикат, ки дар заминаи онхо дар рафти мехнати колективона ба олами ихота карда табдил дода метавонад, тавсиф дода мешавад. Шуур танхо ба инсон хос аст ва шакли олии инъикос мебошад.Дар рафти инъикос худи одам низ тагийр меёбад.Аз як тараф инъикос натичаи олами объективи мебошад. Ва ба одам дар бораи он маълумот медихад.Аз тарафи дигар шахси инъикоскунанда конкрети аст ва у дорои хусусиятхои хос мебошад, бинобар ин инъикос ба максадхои шахс алокаманд мебошад. Яъне инъикоси инъикоси одам муносибати шахсро ба олами объективи ифода мекунад, шуур мебошад. Шуурро бо таври зайл ифода додаанд:

1. Характеристикаи якуми шуур аллакай дар худи номи у дода шудааст.Шуури инсони дар худ мачмуи донишхоро дар бораи олами ихота кардаро дар бар мегирад.Дар сохти шуур инчунин процессхо мухимтарини психики дохил мешаванд, ки ба воситаи онхо шахс доимо донишхои худро бой мегардонад.

Ба катори ин процессхо метавон дохил шуд: эхсо ва идрок,хотир,тасаввурот ва таккур. Бо ёрии эхсо ва идрок дар вакти инъикоси бевоситаи ангезандахо ба майнаи сар дар шуур тасвири хиссии олам чи хел вай дар холи хозир ба шахс тасаввур карда мешавад,чамъ мешавад.

Хотир дар шуур барои аз нав баркарор кардани образхои нав мавчудбуда ичозат медихад ё ёри медихад.

Тафаккур халли масъалахоро бор охи истифодаи донишхои чамъбастшуда таъмин менамояд.

2. Характеристикаи дуюми шуур дар он фарккунии субъект ва объект равшан мустахкам карда шудааст,яъне он чизе,ки ба «Ман»-и шахс ва «на-ман»-и вай вобаста дорад.

3. Характеристикаи сеюми шуур-ин таълимоти пурраи фаъолияти инсон мебошад.Ба вазифаи шуур ташаккули максади фаъолият медарояд,дар ин сурат максадхои вай чамъ ва санчида мешаванд,хали иродави кабул карда мешавад,рафти ичрои амал дар назар дошта мешавад ва дар он ислохот ворид карда мешавад ва г.

4. Дар охир, характеристикаи чоруми шуур- дар таркиби вай муносибати муайян дохил карда мешавад. «Муносибати ман ба мухити ман ин аст, шуури ман»- навиштааст К.Маркс. Дар шуури инсон бахохои эмотционалии муносибати байнишахси зохир мешавад. Ва ин чо монанди дигар ходисахо натология барои бехтар фахмидани мохияти шуури мукаррари ёри мерасонад. Дар вакти баъзе касалихои дил вайроншавии шуур хусусан вайрони дар сохаи хисси ва муносибат тавсиф дода мешавад, бемор модарашро оне, ки то бемор шуданаш ё то ин руз вайро хело дуст медошт, руи дидан надошт ва г.

Шуур хамчун шакли олии инъкоси психики дар натичаи шароитхои чамъияти таърихи ташаккули одам дар фаъолияти мехнат хангоми муоширати доимии бо одамони дигар ба вучуд омадааст. Мехнат ва чамъит бо хамдигар зич алокаманданд. Одамон махз тавассути мехнат муттахид шуда,куввахои табиатро маглуб месозад. Инчунин барои муттахид шудани одамон воситаи муайяне,зарур буд.Забон махз ба сифати чунин воситаи муошират хизмат карда метавонист. Шуур аз иптидои пайдоиши худ бо забон алокаманд аст.

Мафхуми «Шуур» дар психология,психиатрия ва дигар фанхо истифода бурда мешавад.Шуур самараи фаъолияти чамъияти ва таърихии инсон мебошад.Хайвонот бошад дорои шуур нестанд.

Дарачаи пасти психика бушуури ба шумор меравад.

Бешуури-ин он чизезт,ки дар психикаи инсон дар идоракунии фаъолияти организм ва рафтори инсон иштирок мекунад,вале фахмида намешавад.Бешуури моро ба донистани табиаташ,махсусан дар психикаи инсон наздик карда наметавонад.Аввалин маротиба дар бораи бешуури дар асри ХVII дар алокаманди бо эъторофи заруратхои рафтори инсон ва хайвон гуфта буданд.Он вакт хеч касс шубхае надошт,ки танхо инсон дорои шуур аст,вале дар хайвон он вучуд надорад.Олимон дар ин вакт аллакай тасдик карданд,ки дар инсон дар баробари зухуротхои шууронаи психики,инчунин зухуротхои бешууронаи психики низ вучуд дошта метавонад. Олимони зиёд аз кабили Лейбний,Тербот, Гелшгол, Вунд ва г. Дар масъалаи бешуури акидахои худро доштанд ва бешууриро аз нигохи худ шарх медоданд. Асосан дар бораи бешуури З.Фред тасаввуротхояшро васеътар намуд. Ба акидахои Лейбния Гербат ва Вундт, ки процесси маърифати дахл доштанд. З.Фред катори фактхо ва хулосахоеро дар бораи вучуд доштани бешуури дар инсон маромхои бешууронаи хислати инсон ва инчунин муносибати бешуурона ба одамон ва гайраро дохил кард.

Хамин тавр,бо шарофати корхои З.Фред бешуури дар хакикат тамоми психикаи инсон хисобида мешуд. Генг таърифи дигари бешуури: ин хисаи мухимтарини психикаи инсон буда, хамаи зухуротхои психикии махсусро ба моманди: эхсосот, идрок, хотир, тасаввурот, тафаккур, нутк, нишонахои хислат, кобилияти талабот, маромхои рафтор ва муносибатхои байнишахсиро дар бар мегирад.

Б. дар танзимдихии психика кадом накшро мебозад ва чи хел рафтори одамонро одатанро идора менамояд.

Муносибати шуур ва бешуури

Саволе ба миён меояд,ки душворихои асосии пайдо кардани чавоби дуруст ба саволи муносибати шуур ва бешуурии психика ва рафтори инсон дар чист, аз чии борат аст.Хар як харакат,хар як амалу рафтори ахлокии инсон наметавонад хусусан шуурона ё бешуурона ба танзим дароварда шавад,дар он хама вакт ин ёон элементхо иштирок мекунанд. Аз як тараф ин намуди фаъолият аст,ки бешубха боиси танзими шуур мегардад.

Мисол:Вакте, ки мо ягон чи менависем он гох хатман навиштагихоямонро назорат мекунем ва агар хатоги пайдо шавад,онро ислох мекунем. Аз тарафи дигар шууро на мо навишти хар пурчутоби хар як харфро назорат намекунем, хамаи ин дар вакти махорати хуби навиштанамон автомати мегардад.

Шуур ва бешуури баробар дар танзими хар гунна амалхои рафтор иштирок мекунанд. Муносибати онхо бо якдигар бе харакат нест, балки динамиаст, доимо нест, балки тагийрёбанда. гар чанде шуур ва бешуури дар худ дарачахои гуногуни танзимдихии психикаи ин ё он фаъолиятро доранд, он гох назорати вай бо гузашти вакт метавонад аз як дарача ба дарачаи дигар гузарад, яъне гох шуурона ваг ох бешуурона мегардад.Шуур ин дарачаи баланди танзимдихи, вале бешуури бошад, дарачаи пасти танзимдихи мебошад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.