Маълумоти пурра дар бораи Ҳиссиёт

Нақша:

1. Мафҳуми умумӣ дар бораи ҳиссиёт.

2. Зуҳуроти ҳиссиёт.

3. Хусусиятҳои ҳиссиёт.

4. Бардавомии ҳиссиёт ва қувваи он.

5. намудҳои ҳиссиёт

6. Шахс ва ҳиссиёт

7. Тараққиёти ҳиссиёти мактаббачаи хурдсол

МАФҲУМИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ҲИССИЁТ.

Одам на танҳо предмет ва ҳодисаҳои олами иҳотакардаро фаъолона дониста мегардад, балки нисбат ба онҳо муносибати муайяне зоҳир менамояд. Баъзе ҳодисаҳо ӯро ба ҳаяҷон меоваранд, нисбат ба дигарашон бепарво мемонад, баъзе чизҳо ба одам маъқул мешавад, ба дигарашон мароқ зоҳир намекунад, баъзе одамонро дӯст медоранду дигаронро дида наметавонанад ва ба сеюмин муносибати муайянеро зоҳир наменамояд. Одам мамнуну норозӣ, хурсанду ғамгин, маъюсу рӯҳбаланд мешавад.

Ҳиссиёт (ё эмотсия) чунин ҳолати психикие мебошад, ки онҳо муносибати одамро ба худ, нисбат ба одамони дигар ва нисбат ба ҳаёти иҳотакарда ифода менамояд. Ҳиссиёт ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти психикии одам: эҳсос, идрок, фикр ва хаёл, ҳамаи намудҳои фаъолияти ӯро фаро мегирад ва ба онҳо тобиши муайяне медиҳад.

Манбаи ҳиссиёт маҳз ҳақиқати объективӣ мебошад. Одам ба предмет ва ҳодисаҳои дунёи реалӣ ҳар хел муносибат мекунад. Он чизе, ки бо қаноатманд гардонидани талаботи органикӣ ва ҷамъиятии одам бевосита ё бавосита алоқаманд аст, дар ӯ ҳиссиёти мусбат (мамнунӣ, хурсандӣ, меҳр) ба вуҷуд меоварад. Он чизе, ки ба қаноатманд намудани ин талабот халал мерасонад, ҳиссиёти манфӣ (норозигӣ, гамгинӣ, андӯҳ, нафрат) ба вуҷуд меоварад.

Пайдоиши ҳиссиёт мураккабтарин, ҳиссиёти олӣ бо ҳастии ҷамъиятии одам вобаста мебошад. Бо ибораи дигар, ҳиссиёт характери иҷтимоӣ дорад. Дар асоси ин гуна ҳиссиёт пеш аз ҳама талаботе меистанд, ки онҳо дар рафти тараққиёти ҷамъиятии одам ба вуҷуд омадаанд ва бо муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ба мубодилоти байниҳамдигарӣ ва фаъолияти меҳнатӣ талабот доштан, талаботи мувофиқи меъёрҳои ахлоқии дар ҷамъият қабулшуда рафтор кардан ва ҳоказо алоқаманд мебошанд.

Умуман ҳар гуна ҳиссиёт бевосита ё бавосита бо ягон таъсироти берунӣ муайян карда мешавад. Дар ин ҷо ҳиссиёте, ки вобаста ба ин ё он протсессҳои физиологии дар худ организми одам ба вуҷудоянда пайдо мешаванд (касалӣ, гуруснагӣ) истисно шуда меистанд.

Аҳмияти ҳиссиёт дар ҳаёт ва фаъолияти одам бениҳоят калон аст. Ҳиссиёт барои бартараф намудани душвориҳо дар таълим, меҳнат ва фаъолияти эҷодӣ ёрӣ мерасонад. Ҳиссиёт аксар вақт рафтори одам, гузашта шудани ин ё он мақсадҳои ҳаётиро муайян мекунад. Одами бешавқу завқ, бепарво, беэътино барои гузоштан ва ҳал кардани масъалаҳои калони ҳаётан муҳим ва барои ба даст овардани муваффақияту комёбиҳои ҳақиқӣ қудрат надорад.

ЗУҲУРОТИ ҲИССИЁТ

Ҳиссиёт на фақат ҳаёту фаъолияти органзимро тағйир медиҳад, балки як қатор зуҳуроти берунӣ ҳам дорад. Масалан, дар ҳолати тарс ва изтироби ногаҳонии асабӣ, ки сабабаш ягон ҳодисаи ғайричашмдошт аст, ранги одам меканад, хун аз сатҳи пӯст мегузарад. Ҳангоми ба ғазаб омадани баъзе одамон сурх шудани пӯсти рӯй ва гардани онҳоро мушоҳида кардан мумкин асту ранги баъзеи дигарон бошад меканад. Чунки тағйирёбиҳои фаъолияти ҳаётии узвҳои дарунӣ, албатта, на ҳамеша зоҳиран намудор мешаванд, аммо онҳо, ҳангоми ҳаяҷони зӯри эмотсионалӣ, чун қоида, равшан зоҳир мегарданд.

Ҳиссиёт инчунин дар ҳаракатҳои ба ном ифоданок: мимика (ҳаракатҳои ифоданоки рӯй) ва пантомимика (ҳаракатҳои ифоданоки тамоми бадан) зоҳир мешавад.

Ба тариқи мисол ду ҳолати муқобили ҳаяҷони эмотсионалии зӯр-тарс ва ғазабро дида мебароем. Тарс аксар вақт дар хурд шудани ҳаҷми бадан ифода меёбад. Ҳаракато ё им-конпазири мегарданд (пойҳо гӯё ба замин «часбида» мемонанд) ё одам бо суръати тез ба гурехтан сар мекунад. Ранги одам меканад, тамоми баданаш иеларзад, мӯйҳояш рост мех-езанд, гавҳараки чашмонаш васе мешаванд. Овоз канда-канда мебарояд ва хиррӣ мешав-анд, даҳон хушк шуда, нафасгирӣ бозмеистад. Тамоми баданро арақи сард пахш карда бадан «виҷҷос» мезанад ва ҳоказо. Дар ҳолатҳои ғазаби зӯр одам намуди ифтихорманд-она ва ҷангҷӯёнаро мегирад. Ҳаракатҳои ӯ дағал ва ғаюрона мешаванд. Тамоми бадан сурх мешавад, вай чуқур ва вазнин нафас мегирад, овоз баланд ва таҳдидкунанда мегардад.

Албатта, тассуротҳои эмотсионалии нисбатан суст ва на он қадар чунин шакли тезу тунди зуҳуроти берунӣ надоранд. Дар сурате, ки одам идоракунии ҳаракатҳои тез наму-доршаванда ва боздоштани онҳоро йд гирифтааст, ҳиссиёт метаввонад зоҳиран ифода наёбад. Масалан, хандаи самимӣ хуҳуроти ниҳоят равшани берунии ҳиссиёт бошат ҳам, мо дар шароитҳои муайян онро боздошта метавонем. Айнан ҳамин тавр, ифодаи хурсандӣ дар чеҳра нишондиҳандаи муносибати мо нисбат ба одам мебошад, вале агар мо онҳор бо сабабе ошкор кардан нахоҳем, биссиётро бо намуди зоҳирии бепарвоёна пӯшида нигоҳ доштан мумкин аст.

Ҳиссиёт дар нутқ ва оҳанги талаффуз низ ифода ёфта метавона. Аз рӯи овоз,аз рӯи тарзи гапзадании одам, махсусан бача, болати эмотсионалии одамро ба дараҷаи кифоя муайян намудан мумкин аст. Аз ин ҷост,ки одамон нуқтаро барои ифодаи биссиёти худ васеъ истифода мебаранд.

Барои ифода ҳиссиёти аз ҳама чуқурва мураккаб, ҳиссиётҳои олӣ инсоният дар рафти тараққиёти худ санъат: мусиқӣ, рассомиӣ, скулптура, назмро ба вуҷуд овардааст. Барои бисёр рассомон ҳиссиёти калони аз сар гузаронидаашон сабаби ба вуҷуд овардани асарҳои бузурги санъат мешуданд. Ҳисси муҳаббати баланди ба Беатриче доштаи Данте ба ӯ барои ба вуҷуд овардани асари гениали «Мазҳакаи худованд» ёрӣ расонд. Леонардо да Винчи дар расми «Монна Лиза» ҳиссиёти чуқурро ифода менамояд. Аксарияти асарҳои П. И. Чайковскй таассуроти нозуку ҳиссиёти чуқурро ифода менамоянд.

Асарҳои санъат дар баробари ифода намудани ҳиссиёти калони худи эҷодкунандагон ҳамеша тамошобинон, хонандагон, шунавандагонро ба ҳаяҷон меранд ва сабаби пайдошавии амалҳои ҷавобии эмотсионалии онҳо мешаванд.

ХУСУСИЯТҲОИ ҲИССИЁТ

Ҳиссиёти мусбат ва манфӣ. Муносибати одам ба ҳақиқат мсбат ё манфӣ шуда мета-вонад: баъзе ҳодисаю фактҳо форам буда, мо онҳоро дастгирӣ мекунем, дигарашонро маҳкум ва инкор менамоем. Аз ҳамин сабаб ҳиссиёти одам ё характери мусбат дорад ё манфӣ. Муносибати мусбати одам ба ягон чиз ба воситаи ҳиссиёти қаноатмандӣ, хушвақтӣ, шодии пурҷӯшу хурӯш, муҳаббат ва ғайра зоҳир мешаванд. Муносибати манфӣ дар ҳиссиёти ноқаноатандӣ, норозигӣ, азоби рӯҳӣ, ғусса, ғам, андӯҳ, маъюсӣ, нафарт ва ҳоказозоҳир мегардад.

Баъзан дар як вақт ҳиссиёти муқобилро ҳам аз сар гузаронидан мумкин аст. Ин дар бораи серҳаракатӣ, тағирёбанда ва мураккабию ягонагии онҳо шаҳодат медиҳад. Ҳамаи мо чунин фактҳоро медонем, ки одам дар баробари ҳиссиёти шодӣ аз вохӯрии бо одами наздику чанд вақт надидагиаш аз пир шудани ӯ ғамгин ҳам мегардад. Одам хушбахтии гузаштаашро ба хотир оварда истода ҳам хурсанд мешаваду ҳам ғамгин, зеро ки он гузаштааст. Ҳангоми дучор шудан бо душвориҳое, ки бартараф карданашон бо лаҳзаҳои вазнин ва нохуш алоқаманданд, мо аз фаҳмидани он, ки барои мақсадҳои наҷибу олӣ мубориза мебарем, ҳолати фараҳмандҳӣ ва далериро ҳис мекунем.

Ҳиссиёти сеникӣ ва астеникӣ. Ду гурӯҳи ҳиссиётро фарқ мекунанд: 1) стеникӣ (рӯҳбахш), ки ҳаёту фаъолияти одамро баланд мебардорад, қувва ва ғайрати \ро зиёд мекунад: 2) астеникӣ (афтодарӯҳӣ), ки ҳаётиу фаъолияти одамро суст ва қувваю ғайрати ӯро кам мекунад. Дар ин ҷо хусусиятҳои индивидуалӣ ниҳоят баръоло ифода меёҳанд.

Ҳолати рӯҳаландӣ ва рӯҳафтодагӣ дар одамони гуногун дар натиҷаи аз сар гузаронидани ҳамон як ҳиссиёт ба вуҷуд омада метавонад. Масалан, ҳиссиёти ғамгинӣ дар базъе одамон ҳолати рӯафтодагӣ ба вуҷуд овард, дар одами дигар авҷи пурзӯри қквваро пайдо кунонида метавонад. Ҳангоми бо хатаре дучор шудан дар одам ҳиссиёти тарс ба вуҷуд омада метавонад, ки одамро нотавону оҷиз, қувваи ҷисмонӣ ва ақлии ӯро суст кунад. Амали ҷавоҳии одами дигар ба худи ҳамин гуна хатар дигар хел шуда метавонад, хатар ӯро ба ҳолати ҳаяҷони нотарсӣ меоварад, қувваҳои ҷисмонӣ ва ақлии ӯро сафарбар менамояд, ӯро зираку тезфаҳм ва амалҳояшро чаққону аниқ мегардонад.

Худи одам вобаста ба қувва ва характери ҳиссиёташ ҳолати рӯҳбаландӣ ё оромӣ ва ҳолати заифиро аз сар гузаронида метавонад. Масалан, хурсандии пурҷӯшухурӯш одатан ҳиссиёти рӯҳбахш мебошад, чунки дар одамзиёдшавии қувва ва шавқи фаъолият гузарониданро ба вуҷуд меоварад. Хурсандии суст ва ором аксар вақт ҳиссиёти оромкунанда шуда метавонад.

Фарқҳои индивидуалӣ дар ҳиссиёт бо хусусиятҳои шахсияти мутаассиршаванда муайян карда мешавад. Дар инҷо типии системаи асаби одам, хусусиятҳои идрок хотиру хаёли ӯ ва ғайра роли муҳим мебозанд. Фарқҳои индивидуалӣ дар зуҳуроти ҳиссиёт ва сифатҳои иродавии одам ҳам вобастаанд. Одами боирода доимо кӯшиш мекунад, ки монеъа ва душвориҳоро бартараф кунад, одами беирода бошад аз душвориҳо гурехтани мешавад, ки ин дар тарзи муносибати одам ба кори худ ва ба одамони дигар иникос меёбад ва ҳиссиёти ӯро тавсиф медиҳад.

БАРДАВОМИИ ҲИССИЁТ ВА ҚУВВАИ ОН

Ҳиссиёт вобаста ба бардавомиӣ ва қувваи худ суст, зӯр ё пурҷӯшухрӯшмешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳолати рӯҳӣ, аффект ав рағбат фарқ мекунанд.

Ҳолати рӯҳӣ. Ҳолати рӯҳӣ ин ҳиссиёти суст ифодаёфта, ҳолати ба худ хоси эмотсианалие мебошад, ки муддате тамоми шахсро фаро мегирад ва ба фаъолияту рафтор таъсир мерасонад. Ҳолати рӯҳӣ аксаран дарозмуддат мешавад, мумкин аст, ки рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо давом кунад ва баъзан як давраи ҳаёти одамро ҳам дарбар гирад. Ҳолати рӯҳӣ монанди ҳар гунна ҳиссиёт дар шакли таассуроти мусбат ё манфӣ, масалан, дар шакли хурсандӣ ё андӯҳ, зудранҷӣ ё оромӣ ифода меёбад.

Ҳолати рӯҳии бардам фаъолияти одамро ба тартиб медарорад, ба рафтору амалҳои ӯ тобиши мусбати мэмотсианалӣ медиҳад ва ба одамони иҳотакарда таъсири мусбат мерасонад. Маълум аст, ки ҳолати рӯҳии бардами муаллим ҳамеша ба талаҳагон таъсири мерасонад. Ҳолати рӯҳии бардам шавқу ҳаваси талабаҳоро нисбат ба машғулиятҳои баланд, мекунад, онҳоро ҳассостар ва ба хотир гирифтани матариалиро хубтар мегардонад. Муваффақияти кор, ҷавоби дурусти талаба дар дарс, кори хушсифат иҷро кардашуда муддати дароз хушнудӣ ва ҳолати рӯҳии баландро ба вуҷуд меоварад. Ҳолати рӯҳии бардам хоҳиши ҳамеша беҳтар кор карданро пайдо мекунонад. Муваффақият дар омӯзиш ва дар кор заминаи муваффақиятҳои минбаъдаи фаъолиятимебошад.

Баъзан дар мубориза ба муқобили ақибионӣ шароите муҳайё кардан зарур аст, ки бача пай дар пай якчанд баҳои мусбат гирифта тавонад. Ҳолати боварии хушнудона ва бардамӣ ба беҳтар шудани пешрафти талаба сабаб мегардад.

Ҳангоми бад будани ҳолати рӯҳӣ (маъюс ё асабӣ бкдан) одам дунёро тира мебинад, ӯ «ба дунё бо айнаки сиёҳ менигарад», ҳам чиз ӯро ба ҳаяҷон меоварад, асабӣ ва оташин мекунад, БАМа чиз ба ӯ халал мерасонад. + аз хушнудии одамони иҳотакарда, аз ҳамсояи беэҳтиётона ӯро тела додагӣ ва аз троллейбусе, ки «доимо дер мемонад». Як хел норозӣ мешавад.

Агар ҳолати рӯҳӣ бошад, омӯзиш низ ҳам душвору ҳам бешавқ мегардад, материал бо душворӣ аз худ карда мешавад, зуд фаромӯш мегардад, талаба баосонӣ аз кор дурр мешавад, ягон корро иҷро карда наметавонад, дар бораи худаш ҳамчун одами ба камол нарасида ва беқобилият тассаввурот ҳосил мекунад.

Ҳолати ҷисмонии одам сабаби аҳволи рӯҳии хуб ё бад шуда метавонад. Қасалмандӣ, хастагӣ, кам хоб рафтан ҳолати рӯҳии паст ва афсурдахотириро ба вуҷуд меоварад. Баръ-ако, саломатии ҷисмонӣ, истироҳвти мунтазам, хобби мӯътадил ва бардами аз ҳамин сабаб бавуҷудомада рӯҳияи одамро баланд мебардоранд. Аҳволи рӯҳиро идора кардан на фақат мумкин аст, балки зарур ҳам мебошад. Одам аҳволи рӯҳии бадро бо кӯшишҳоииродавӣ бартараф карда метавонад. Дар чунин ҳолатҳо ба фаъолияти форам, шавқовар ва бардамкунанда гузаштан, яъне бо кори дӯстдошта машғул шудан мувофиқимақсад аст. Фаъолона ба кори ҷисмониӣ гузаштан, ки дар одам ҳолати психикии бардам ва зиндадилӣ ба вуҷуд меоварад, воситаи бисёр муҳими бартараф намудани ҳолати рӯҳии мебошад.

Бартараф карда тавонистани кайфияти бад махсусан барои муаллим муҳим аст, худи касби муаллимӣ маҳорати ҳолати психикии худро идора карда тавонистан ва ғуломи он нашуданро талаб мекунад.

Аффект. Аффект-ин ҳиссиёт пурҷӯшухурӯш ва кӯтоҳбмуддат мебошад. Мисолҳои аффект (дар ҳаёт одатан якбора оташин шуданро чунин ҳиссиёт менаманд) ҳиссиёти ғазаб, маъюсӣ, тарс ва ғайра мебошанд. Аффект ҳиссиёти ниҳоят серҳаракат ва пурқувват буда, дар аснои пайдо шуданаш одам баъзан ҳатто муваққатан беҳуш ҳам мешавад, назорати иродавии рафтори худро гумм мекунад. Одам дар ҳолати аффект тарзе рафтор мекунад, ки дар ҳолати муқаррариаш ҳаргиз дида намешавад. Ҳолатҳои аффект аксар дар одамони калонсоле, ки сустирода мебошанд ва худро идора карда наметавонанд, зоҳир мешавад. Протсессҳои боздориӣ дар бачаҳо ҳоло суст зоҳир мешаванд, бинобар ин онҳо на ҳамеша худдорӣ карда метавонанд.

Муаллим дар мактаб манзараи зеринро мушоҳида карда метавонад: бачаҳо бо якравии зиёд ва муддати дароз бачаеро масхара мекунанд, дар натиҷаи писарак ба ғазаб меояд ва худро идора карда натавониста, ҷанг мекунад. Баъзан дар бачаҳо чунин ҳолати аффектӣ, масалан, маъюсиро мушоида кардан мумкин аст. Падару модари толибаи синфи II Валя К аз ҳад зиёд сахтгир буда, талаб мекунанд, ки духтарашон фақат баҳои аъло гирад. Духтарак аз матиматика баҳои «ду» гирифт, ба ҳаяҷон омад, зор-зор гирист, қмйфаи ҷиддии падару модарашонро тасаввур намуд ва тамоман маъюс гашт. Дар давоми якчанд дақиқа бо Валя гап задан мумкин набуд, ӯ ба гапҳои тасаллобахш диққат намедод ва фақат мегирист. Баъди 10 дақиқа духтарак ба ҳолати муқаррариаш омад.

Дар ҳар як мавриди алоҳида чораҳои бо ҳолати аффектӣ мубориза бурданро нишон додан душвор аст. Вале бачаро албатта бо суханони хуш ором намудан лозим аст.

Рағбат аз рӯи мазмун ва равияи худ мусбат ва манфӣ мешавад. Свъю кӯшиши бумайлони донистагириро рағати мусбат номидан мумкин аст. Ҳаёти олими бузург М В Ломоносов мисоли саъю кӯшиши беҳудуд ва рағбати дониста гирифтани олами иҳотакарда мебошад.

Нисбат ба фаъолияти муайан рағбат доштанро дар талабаҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар адабийти саветӣ роҷеъ ба психология Шура ном хонанда шарҳ дода мешуд, ки рағбати омӯзиш двр ӯ барвақт тараққӣ буд. + дар панҷсолагиаш озодона мехонд. Менавишт ва расм мекашид. Шура дар синни ҳафтсолагиаш як бора аз боғчаи бачагон имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ба синфи IV рафт. + ҳанӯз пеш аз ба мактаб рафтанаш асари сеҷилдаи Брем «Ҳаёти ҳайвонот»-ро хонда буд ва аз ҳамон вақт сар карда зоология, махсусан, қисми оид ба ҳаёти паррандаҳо шавқу ҳаваси ӯро ба худ кашида буд.

Рағбат характери мусбат доштагӣ, масалан, рағбат нисбат ба омӯзишу илм ба пешравии шахс, тараққиёти истеъдод барои дар ҳаёт ба комёбиҳои калон ноил гаштани одам сабаб мешавад. Ин гунна рағбат шуурро фаъол мегардонад, иродаи одамро мустаҳкам мекунад. Рағбатҳои манфие низ ҳастанд, ки шахсро вайрон ва иродаи ӯросуст мекунанд, психикаашро афсурда мегардонанд. Масаланн, майпарпстӣ аз ҷумла чунин рағбат мебошад. Одами маст ба рафтори авбошона ва дигар амаоҳои ғайриахлоқӣ зғҳир намудан майл дорад. Бозиҳои саргармкунанда (масалан, қартабозӣ ва қимор) баъзан на танҳо калонсолон, балки наврасонро ҳам шавқманд мекунанд. Рағбатҳои манфӣ ҳамеша характери ба ҷамъият зарарнок даранд ва ба мувобили онҳо ҳамчун бо зуҳуроти ҳади ҷамъиятӣ мубориза бурдан лозим аст.

Ҳолатҳои ҳиссиёти пуршиддат. Ҳолатҳои эмотсионалии пуршиллат дар вазъияти фавқулъодда душвор ба вуҷуд меоянд ва бо шиддати калони дохилӣ аз сар гузаронида мешаванд. Ингоҳ тассуротҳое мебошанд, ки ҳангоми хатар, серкории аз ҳад зиёди ҷисмонию ақлиӣ, зарурати фавран қабул намудани қарори масъулиятнок ва ҳоказо пайдо мешаванд. Ба чунин вазъият дар намудҳои гуногуни фаъолияти амалӣ, назариявӣ, таълимӣ, бозӣ, спортӣ, дар амалияи муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, дар шароитҳои гуногуни зиддиятноки маънавӣ дучор шудан мумкин аст. Ҳолати ҳиссиёти пуршиддат дар талаба, масалан, дар рафти иҷрои кори кантролии масъулиятноке, ки ӯ барои иҷрои он нағз тайёрӣ надидааст ё дар муаллим ҳангоми зарурияти дар вазъияти пайдоиши низоъ қарори масъулиятнок қабул кардан ба вуҷуд омада метавонад. Ҳолатҳои ҳиссиёти пуршиддат аз рӯи характер ва қуввашон фарқ мекунанд. Эксперименту мушоҳ-идаҳо нишон додаанд, ки се намуди ҳолатҳои ҳиссиёти пуршиддати зӯр, миёна ва сустро фарқ кардан зарур аст. Вобаста ба онҳо дар фаъолияти асабӣ-психикӣ ва рафтори одам тағироти гуногун ба вуҷуд меояд. Тағирёбии кори системаҳои дилу раг, нафаскашӣ, дигаргуниҳои биохимикии худ ва нишондиҳандаҳои дигари вегетативӣ ба тағиротҳои физиологи ҳангоми ҳиссиёти пуршиддат бавуҷудоянда таалуқ доранд. Дар фаъолияти системаи марказии асабҳо ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои муайяни биоэлектрикӣ низ мушоҳида карда мешавад.

Ҳангоми ҳиссиёти пуршиддати зӯр, дар баробари дигаргунибои нишон додашуда, рафтори умумии одам ҳам тағир меёбад: амалиёти умумии ҳаяҷон пайдо мешавад, ки он дар ин ё он дараҷаи вайроншавии рафтор (ҳаракатҳо ва имоҳои бетартибу ба ҳамдигар номувофиқ, нутқи канда-канда ва беалоқа) ифода меёбад. Ҳангоми ҳолати пуршиддати боз ҳам зӯртар амали баръакс, яъне бозории умумӣ, карахтӣ, аз фаъолияти даст кашидан мушоҳида карда мешавад. Ҳангоми ҳиссиёти пуршиддати миёна ва махсусан суст ҳамаи ин тағирёбандаҳо метавонад ниҳоят суст зоҳир шаванд ё тамоман рӯй надиҳанд.

Дигаргуниҳои психологии ҳангоми ҳиссиёти пуршиддат бавуҷудоянда бо вайрон-шавии функстсиятое алоҳаманданд, ки онҳо асоси назорати бошууронаи ҳалли ин ё он масъалаҳо мебошанд. Масалан, дар тақсимот ва кӯчонидани даққат душворӣ мушоҳида карда мешавад, роли амалҳои автоматигардида, ки амалҳои бошуурона ва ихтиёрона танг карда мебароранд, пурқувваттар мегардад. Ҳангоми ҳолатҳои пуршиддат хатоҳои идрок, хотир, тафаккур ва пайдоиши амалҳои ғайримуқаррарӣ ба таъсири ангезандаҳои гуногун, ноаниқии муайян намудани фосилаҳои вақт мушоҳида карда мешаванд. Ваде ҳангоми ҳолатҳои шиддаташон суст вайрониҳои нишон додашуда на фақат мушоҳида намешаванд, балки тайёрии ҷисмонӣ ва муташаккилӣ, активии фаъолият, равшанӣ ва аниқии фиур, тезфаҳмӣ, эмотсияҳои қувваи ҳаётиро баландкунанда ба вуҷуд меоянд.

Ҳангоми такрор шудани таъсиротҳои характери пуршиддат доштагӣ одам муносибати худро ба онҳо дигар мекунад. Масалан, дар сурати такроран бо вазъияти низоъ дучор шудан паст гардидани шиддат мушоҳида карда мешавад. ин ҳодиса бо қобиаичти мутобиқшавии (одаткунии) одам ба таъсиротҳои зӯри пуршиддат алоҳаманд аст. Дар хотир доштан зарур аст, ки мутобившавии одамони гуногун як хел намебошад. Пеш аз ҳама мавҷуд будани тафовутҳои индивидуалиро дар типии системаи асаб қайд кардан лозим аст. Типҳои зӯр нисбатан ба осонӣ мутобиқ мешаванд. Аз одамони типии зӯр намуди зӯри ботамкин зутар мутобиқ мешавад. Дар мутобиқшавиӣ ба ҳолатҳои ҳиссиёти пуршиддат хуссиятҳои психикии шахс, аз ҷумла характери зӯру том, сифатҳои иродавӣ, таҷрибаи гузашта, дониш, тайёри умумии ҷисмонӣ, ақлӣ ав ғайра роли калон мебозанд. Сифатҳои ғоявӣ ва шуурнокии баланд, ҳисси вазифашиносӣ ва масъулият дар назди коллектив-шартҳои муҳимтарини мувофиқшавӣ мебошанд, ки дар ҳолатҳои ҳиссиёти пуршиддат барои пешгирӣ ёткардани вайроншавии рафтор ёрӣ мерасонанд.

НАМУДҲОИ ҲИССИЁТ

Ҳиссиёт, чи тавре ки нишон дода будем, бо талабҳои одакм ва имконияти қонеъ кунонидани онҳо алоқаманд аст. Вобаста ба характери талабот ҳиссиёти паст ва олиро фарқ мекунанд. Ҳиссиётҳое, к ибо қонеъ кунонидан ё накунонидани ин ё он талаботҳои физиологӣ,масалан, таассуротҳои бо гуруснагӣ, ташнагӣ, серӣ, дилбеҳузуршавӣ алоқамандбуда ба ҳиссиётҳои паст тааллуқ доранд. Ҳиссиёти паст аҳмияти калони биологӣ дошта, дар бораи касалӣ ё саломатӣ,қонеъ гардонидан ё нагардонидани талаботҳои оддитарини организим ба пӯстлоҳи майнаи сар хабар мерасонад.

Ҳиссиёти олӣ дар асосаи қаноат кунонидан ёқаноат накунонидани талаботҳои рӯҳӣ ба вуҷуд меояд. Ҳиссиёти олӣ характери равшан ифодаёфтаи ҷамиятӣ дорад ва барои муносибати одам ба тарафҳои ва ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ (ҳиссиёти ахлоқӣ, ақлӣ ва эстетикӣ) шаҳодат медиҳад. Мазмуни ҳиссиёти олӣ ва тамоили онҳоро ҷаҳон-бинии одам, қоидаҳои рафтори ахлоқӣ ва баҳодиҳии эстетикӣ муайян мекунанд. Мазмуни ҳиссиёти олии одами саветӣ вазифаҳои сохтумони коммунизим, ҷаҳонбинии диалектикӣ-материалистӣ ва қоидаҳои ахлоқии бинокори коммунизм муайян карда мешавад.

Ҳиссиёти ахлоқӣ гуфта ҳиссиёти ватандӯстии советӣ, дӯстии халқҳо, ҳамраъии интератсионалӣ, ҳиссиёти вазифашиносӣ, ҳиссиёти коллективизм ва ғайраро меноманд.

Аз тарафи одам фаҳмидани манфиати ҷамъиятии халқи худ ва вазифаҳои худ нисбат ба халқаш асоси ҳиссиёти вазифашиноси мебошад. Аммо ҳиссиёти вазифашиносӣ дониши хушку холии вазифаҳои худ наҳуда, пеш аз ҳама чуқур ҳис кардани ҳамон вазифа аст. Агар одам аз муваффақиятҳои коллективи худ, ҳамчун аз муваффақияти шахсии худ самимона хурсанд шавад, он гоҳ вазифашиносӣ барои ӯ на фақат дониш, балки инчунин ҳиссиёти чуқур мебошад. Диловарии аскари қаторӣ А. Матросов, ки дар, Ҷанги бузурги Ватанӣ амбразураи душманро бо сандуқи синааш пӯшида буд, мисоли зуҳуроти ҳиссиёти баланди вазифашиносӣ мебошад. Худи Матросов ҳалок шуда, вале мувафақияти ҷангии рафиқонашро таъмин намуд. Ба мо номҳои боз қариб 200 ҷанговари совътӣ маълум аст, ки онҳо диловарии А. Матросовро таерор кардаанд.

Ҳиссиёти вазифашиносӣ дар ҳаёти ҳаррӯза ҳам зоҳир шуда метавонад. Масалан, ҳиссиёти вазифа шиноси хонандаро маҷбур мекунад, ки аз имконияти тамошон намоиши аҷоиби телевезор даст кашад ва ба даст тайёкуни шурӯъ намояд. Худи хамин хисият уро маҷбур мекунад, ки аз барои сайру гашт бо рафиқонаш баромада, ба модари но тобаш дар корҳои хоҷаги ёрӣ расонад.

Ба рафтори худ баҳо дода тавонистани одам ( худбаходиҳӣ ) бо аз сар гузаронидани ҳиссиёти виҷдон алоқаманд аст. Агар одам дар асоси хиссиёти вазифа шиноси будани рафторхои худро фахмад, онхо у холати ороми виҷдонро аз сар мегузаронад: « Виҷдони ман ором аст, чунки дуруст рафтор кадам». Оромии виҷдон бо хис намудани қаноатмандии калони ахлоқӣ ва хурсандӣ алоқаманд буда, ба одам қувват мебахшад ва дар ӯ ба дурустии рафтори худ боварӣ ҳосил мекунонад.

Ҳисиёти ақлӣ низ ба ҳиссиёти олӣ тааллуқ дошта, муносибати одамро ба фикр, ҷараёну натиҷаи фаъолияти ақлӣ ифода менамояд. Ҳиссиёти ақлӣ ҳиссиёти ҳайрат, шубҳа, боварӣ, қаноатмандӣ мебошад. Ҳиссиёти ақлӣ дар рафти фаъолияти маърифатӣ ба вуҷуд меояд ва ҳамеша бо он ҳамроҳ буда, ба он тобиши муайяни эмотсианалӣ медиҳад.

Ҳиссиёти қаноатмандӣ ё ноқаноатмандӣ дар рафти фаъолияти фикрии худи одам пайдо мешавад. Масъалаи нағз ва моҳирона ҳал кардашуда дар одам ҳиссиёти қаноатмандии калон ва хушнудӣ ба вуҷуд меоварад. Фикри аз тарафи мо баён кардашудае, ки ба ҳамсӯҳбатамон фаҳмо нест, ба пайдоиши ҳиссиёти ноқаноатмандӣ дар ӯ сабаб мешавад.

Ба сифати ҳиссиёти махсуси олӣ ҳиссиёти праксикиро ( ҳиссиёти фаъолиятро ) ҷудо мекунанд ( аз калимаи юнонии «праксис» – фаъолият, амал ) . Худи фаъолияти одам, меҳнати ҷисмонӣ, фаъолият дар илм, санъат, фаъолияти одам ҳамчун тарбиятгар, фаъолият дар бозӣ, омузиш ва ғайра предмети ҳамин хел ҳиссиёт мебошад. Худи фаъолият дар соҳаи муайян предмети муносибат ва таассуроти устувори эмотсионалӣ ҳисоб меёбад. Масалан, одам ҳангоми бомуваффақият тамом кардани амал аз худи рафти иҷрои он ҳиссиёти қаноатмандӣ пайдо мекунад, ҳангоми бемуваффақияти ғамгин ва ҳангоми набудани фаъолият зиқ мешавад.

Меҳнат дар рафти иҷрояш як қатор эмотсияхоро ба вуҷуд меоварад. Хурсандибахши меҳнат, таассуротҳои бо фаҳмидани он алоқамандбуда, ки меҳнатамон бо кори сохтмони коммунизм хизмат мекунад, ҳиссиёти муҳими одамони саветӣ мебошад.

Ҳиссиёти эститикӣ, ки шаклҳои гуногун ва ҳархелаи зуҳрот доранд, дар ҳаёти одам ба мавқеи калон соҳиб аст. Муносибати эститикӣ ба ҳақиқат ҳамчун ҳиссиёти олимақомӣ, аҷоибӣ, зебогӣ, ҳамчун ҳиссиёти қаҳрамонӣ, ҳамчун ҳиссиёти драматикӣ, хандаовар ва ғайра аз сар гузарони мешавад. Асарҳои санъат: мусиқӣ, расм, скулптура, насру назми бадеӣ, инчунин асарҳои архитектура ва комёбиҳои соҳаи иншоот манбаи ҳиссиёти эститикӣ мебошанд. Мо ҳангоми мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат таассуротҳои эститикии диққатҷалбкунандаро аз сар мегузаронем. Диловарии одамони советӣ низ таассуроти эститикӣ ба вуҷуд меоварад ва моро мафтун менамояд.

ШАХС ВА ҲИССИЁТ

Дар бораи шахс на фақат аз рӯи фикр, амал ва рафтор, балки инчунин аз рӯи ҳиссиётҳое, ки доимо ба чизе равона мебошанд, баҳо медиҳанд. Дар соҳаи ҳиссиёт тафовутҳои гуногуни индивидуалӣ мушоҳида карда мешавад.

Равияи ҳиссиёт, пеш аз ҳама, дар асоси хусусиятҳои шахс, ҷаҳонбинӣ, ақида ва эътиқодҳои ӯ муайян карда мешавад. Одаме, ки эътиқодаш доимӣ нест, зиддияти ботинӣ дорад ва бо парешонии эмотсионалӣ тавсиф дода мешавад. Дар чунин одам ҳиссиёт дар асоси маромҳои гуногуни тасодуфӣ пайдо мешавад ва ноустувории ҳаёти ботинии ӯ, доимӣ набудани принсипҳо эътиқодашро инъикос менамояд.

Ҳиссиёти одам ҳам чуқур ва ҳам рӯякӣ шуда метавонад. Ҳиссиёти чуқур бо тамоми сохти шахс, ҷиҳатҳои асосии ҳаёти ботинии ӯ (фикр, хоҳиш, саъю кӯшиш) алоқаманд аст. Бо ибораи дигар, одамро фақат ҳамон чиз сахт мутаассир мекунад, ки он мақсади ҳаёт ва моҳияти шавқу ҳаваси ӯро ифода менамояд. Вақте, ки ҷиддӣ намудан ё рӯякӣ ҳиссиёти одамро таъкид кардан мехоҳанд, мегӯянд, ки ӯ ба кор ишқ надораду фақат майли худро зоҳир менамояд. Майл ҳиссиёти ба дараҷаи кифоя зӯр шуда тавонад ҳам, вале ҳаргиз чуқур намешавад.

Устувории ҳиссиёт бо чуқурии ҳиссиёт дар ягонагӣ зоҳир мешавад. Ҳиссиёти чуқур устувору мустаҳкам ҳам мебошад, ҳолатҳои дуюмдараҷа ва камаҳмият ба он таъсир намерасонанд. Ҳиссиёти рӯякӣ гарчанде зӯр шуда тавонад ҳам, муваққатӣ ва гузаранда мебошад.

Ноустувории ҳиссиёт дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Чунин ҳиссиёт дар баъзе одамон шакли ҳолати рӯҳии инҷиқона ва тағйирёбандаро мегирад. Одами инҷиқ одами ҳолати рӯҳиаш якдақиқагӣ мебошад. Ин хел одам саргарми ягон ҳиссиёт шуда, даррав дилхунук мешавад ва зуд бо кори дигари аксаран ба аввала муқобил машғул мешавад.

Ҳиссиётҳое, ки шахсро комилан ба худ мекашанд, бо шавқу ҳаваси гуногун ва бо роҳи асосии ҳаёт алоқаманданд, тадриҷан пурқуввату чуқуртвр мегарданд.

ТАРАҚҚИЁТИ ҲИССИЁТИ МАКТАББАЧАИ ХУРДСОЛ

Амалия ва тадқиқоти психологӣ нишон додаанд, ки бачаҳо фактҳои тобиши эмотсионалӣ доштаро нисбат ба фактҳои барояшон фарқнадоштагӣ мустаҳкамтар ва муддати нисбаттан дароз ба хотир мегиранд. Барои талабаҳо на фақат аз худ намудани мафҳумҳои таърихию географӣ муҳим аст, онҳо инчунин бояд он мафҳумҳоро ҳаматарафа ҳис кунанд. Агар донишҳои нав аз таъсири ҳиссиёти талаба гузаранд, он гоҳ беҳтар аз худ карда мешаванд.

Баҳаяҷоноиӣ ва рӯҳбаландии эмотсионалӣ бояд нуқтаи асосии ҳар гунна кори тарбиявӣ бошанд. Кӯдак чӣ қадаре, ки хурдсолтар бошад, ин фикр ҳамон қадар ба аҳамияти калонтар соҳиб мешавад. Ба кори таълимии хонандаҳои синфҳои I-II илова намудани лаҳзаҳои бозӣ чунин ҳолати эмотсионалиеро ба вуҷуд меоварад, ки он аз худ намудани материали таълимиро осон мегардонад ва шавқу ҳаваси бачаҳоро пайдо мекунонад.

Мактаббачаҳои хурдсол ҳоло зуҳуроти ҳиссиётро нигоҳ дошта наметавонанд. Одатан симои бачаҳо ва тарзи нишасти онҳо таассуроти эмотсионалиашонро хеле равшан ифода менамоянд. Дар бачаҳо ба вуҷуд омадани ҳолатҳои аффектӣ, ба хурсандӣ ва ғуссаи кӯтоҳмуддату пурҷӯшухурӯш майл доштани онҳо бо нигоҳ дошта натавонистани ҳиссиёташон шарҳ дода мешавад. Дуруст аст, ки чунин ҳолатҳои эмотсионалии мактаббачаҳои хурдсол устувор намебошанд. Бачаҳо, чӣ тавре, ки ба осонӣ ба ҳаяҷон омада буданд, ҳамин тавр ба осонӣ ором мешаванд. Баччаҳои синни хурди мактабӣ дар зери таъсири тараққиёти ирода нигоҳ доштани ҳиссиёти худро ёд мегиранд (пеш аз ҳама бо овози баланд гиря карданро бас мекунанд) ҳатто талабаҳои синфи як акнун ҳиссиёти худро монанди бачаҳои синни томактабӣ бевосита зоҳир наменамоянд.

test

Добавить комментарий