Муошират ва фаъолияти нутки

 

Яке аз соҳаҳои асосии ташаккул ва зуҳуроти хусусиятҳои психикии шахс муошират ба шумор меравад. Муошират шарти муҳими иҷтимоишавии одам, талаботи ҳамешагию зарурии ўст. Дар муносибатҳои гуногунранги одам бо олам муносибати ў бо атрофиён ва ҷомеа нисбатан муҳимтар дониста мешавад. Ин муносибатҳо дар раванди муошират амалӣ мегардад, ки дар рафти он мубодилаи ахбор, танзими иҷтимоии фаъолияти одамон сурат гирифта, муносибатҳои мувофиқи байнишахсӣ ташаккул меёбад.

Муошират – раванди мураккабу гуногунҷабҳаи барқароркунӣ ва вусъатдиҳии робитаи байниҳамдигарии одамон буда, дар асоси хоҳиши фаъолияти якҷоя намудани онҳо ба вуҷуд омадаасту мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва дарки ҳамдигарро дар бар мегирад.

Чуноне ки Экзюпери менависад: «Одам гиреҳи робитаҳост». Муошират фаъолияти иҷтимоии одамро пару бол мебахшад. Дар муоширати иҷтимоӣ инкишофи психикӣ ва худифоданамоии фард сурат мегирад. Муоширати самарабахшу муфид бо малакаю маҳорат ва маданияти муоширатнамоии ҳамсўҳбатон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Муошират бо одамон ин илм ва санъат аст, ин ҷо ҳам истеъдоди табиӣ ва ҳам маълумот нақши муҳим мебозад. Аз ин нуқтаи назар, ҳар нафаре, ки дар ҳаёт ва фаъолият муваффақияту музаффарият ба даст овардан мехоҳад, бояд нозукиҳои ин санъат ва ин илмро омўзад.

Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се функсияи ба ҳам алоқаманди он шарҳ медиҳанд: коммуникативӣ, интерактивӣ ва персептивӣ.

Моҳияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ахбор, ба ҳамдигар радду бадал намудани маълумот (маҷмўи тасаввурот, ақида, шавқу ҳавас, ҳолати рўҳӣ, ҳиссиёт ва мақсадгузориҳои муошираткунандагон) ташкил медиҳад. Функсияи интерактивии муоширатро ташкили ҳамкории байниҳамдигарии муошираткунандагон дар бар мегирад. Яъне, дар ҷараёни муошират на танҳо доду гирифти донишҳо, ақидаҳо, балки доду гирифти амалҳо низ ба вуҷуд меояд. Тарафи персептивӣ маънои идроки байниҳамдигарии муошираткунандагон ва ё худ ҳамдигарфаҳмиро дорад.

Идрок ё худ дарк кардани ҳамсўҳбат дар асоси муқоиса намудани худ бо ҳамсўҳбат ба амал омада, бо се ҷиҳат тавсиф дода мешавад: идентификатсия – дар асоси хусусиятҳои худ дарк кардани ҳамсўҳбат; эмпатия – қобилияти дарки эмотсионалии ҳамсўҳбат дар шакли ҳамдардӣ; рефлексия – дар оинаи дарки ҳамсўҳбат чӣ тавр инъикос шудани худро ифода мекунад.

Механизми дигари идроки байниҳамдигариро аттраксия меноманд. Як шакли маърифаткунии ҳамсўҳбат буда, дар заминаи ҳиссиётҳои мусбати пештар ташаккулёфта ба вуҷуд меояд. Дар ин замина ҳар қадаре, ки нисабати мавқеи ҳамсўҳбат назари мусбат дошта бошем, ҳамон қадар имконияти дуруст дарк кардани ў пайдо мешавад.

Механизми навбатии ҳамдигарфаҳмӣ атрибутсияи каузалӣ мебошад, ки дар асоси он рафтор ва ҳиссиёти шахси дигар шарҳу эзоҳ ва баҳо дода мешавад.

Дар радифи функсияҳои муошират мазмун, вазифа ва воситаҳои онро низ фарқ мекунанд. Мазмуни муоширатро додугирифти афкор, ахбор, дониш, маҳорат, малака, таҷриба, ва ғайра ташкил медиҳад. Чунин усулҳои таъсиррасонӣ ба ҳамсўҳбат мавҷуданд: сирояткунӣ, мутаасирнамоӣ, боваркунонӣ, талқин.

Сирояткунӣ – ин ба таври беихтиёр ба ҳолати муайяни психикӣ гирифтор намудани одам мебошад. Мисол, кафкўбиҳои бардавоми мухлисон боиси масрурӣ ва фараҳмандии рўҳии сароянда мегардад.

Мутаасирнамоӣ – ин таъсиррасонии мақсадноки як шахс ба шахси дигар мебошад. Дар ҷараёни он нотиқ тавассути таъсиррасониҳои ҳиссиётӣ ва иродавӣ дар шунавандаи худ ҳисси ҳамдардиро ба вуҷуд оварда, масъаларо ба фоидаи худ ҳал менамояд. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки кўдакон ва пиронсолон, шахсони организман заифу хасташуда бештар ба ин ҳолат гирифтор мешаванд. Ҳар қадаре, ки дараҷаи шуурнокии шахс баланд бошад, ў ҳамон қадар камтар ба ин ҳолат гирифтор мегардад. Мутаасиршавии одамон аз баландмартабагии шахсияти таъсиррасон низ вобаста аст. Нотиқ ҳар қадаре, ки бузургу варзида бошад, таъсирнокии сухани ў ҳамон қадар зиёд аст.

Боваркунонӣ – бо ёрии асосноккуниҳои мантиқӣ ба даст овардани ризоияти шунаванда доир ба ин ё он масъала мебошад.

Талқин – ба воситаи далелҳои аз ҷониби аксарият қабулшуда барои иҷрои амале ё коре равона кардани шунаванда мебошад. Вазифаҳои муошират инҳоянд:

– иттилоотӣ – робитавӣ (қабул ва интиқоли иттилоот);

– танзимӣ – робитавӣ (ташкили таъсири дутарафаи одамон дар фаъолияти муштараки онҳо);

– таъсир бахшидан ба соҳаи эмотсияҳои ҳамсўҳбат;

– худифодакунии ҳолати эмотсионалии одам.

Намудҳои муошират . Вобаста ба воситаҳои пешбарандаи муошират, муоширати шифоҳӣ (калимагӣ) ва ғайришифоҳӣ (ғайрикалимагӣ) ва вобаста ба хусусият ва характери муошират, муоширати расмӣ (корӣ) ва ғайрирасмӣ (дунявӣ, маишӣ)-ро аз ҳам фарқ мекунанд.

Муоширате, ки бо ёрии калимаҳо амалӣ мегардад, муоширати шифоҳӣ – калимагӣ номида мешавад.

Муоширате, ки бо ёрии воситаҳои ғайринутқӣ: ҳаракатҳои даст, тарзи рафтор, оҳанги овоз, тағйирёбии қиёфа (мимика), чашм (микромимика), ҳаракати якҷояи тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байниҳамдигарӣ, тарзи ист ва ғайра амалӣ мешавад, муоширати ғайрикалимагӣ ё ғайришифоҳӣ номида мешавад.

Муоширати расмӣ – намунаи он робитаву ҳамкориҳоест, ки дар рафти он мубодилаи амал, маълумот ва таҷриба оид ба даст овардани натиҷа, ҳалли масъалаи мушаххас ва ё татбиқи мақсади мушаххас сурат мегирад.

Дар маҷмўъ, муоширати расмӣ аз ғайрирасмӣ бо он фарқ мекунад, ки дар ҷараёни муоширати расмӣ мақсад ва вазифаҳои мушаххаси ҳалталаб, ба нақша гирифта мешаванд.

Муоширатро ҳамчунин ба таври шартӣ ба муоширати мустақим (бевосита) ва муоширати ғайримустақим (бавосита) ҷудо мекунанд. Муоширати бевосита бо сабаби робитаи ҳиссӣ ва фазои таъсиррасонӣ (талқин) доштанаш, назар ба муоширати бавосита дорои натиҷагириҳои зиёдтар мебошад.

Забон воситаи асосии муоширати одамон мебошад. Забон ва инкишофи психикию шуурии одам алоқаи ногусастании дутарафа доранд.

Забон системаи аломатҳоест, ки дар ин ё он ҷомеа қабул шудааст. Аломат – объекти дилхоҳи моддиест (предмет, воқеа, ҳодиса), ки ба сифати дастуру ишорат баромад намуда, барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва таҳлилу баён намудани маълумот истифода бурда мешавад.

Одамон моҳияти аломатҳо ва усулҳои ташаккулдиҳии онҳоро барои нақл намудани маълумот аз худ карда истода, бо ин ё он забон гап заданро ёд мегиранд. Дар ин замина забон воситаи робитаи байни одамон ва воситаи барқарокунии ҳамдигарфаҳмии онҳо мебошад.

Фард аз овони кўдакӣ забонро дар ҷараёни муошират бо атрофиён аз худ намуда, истифодаи онро ба воситаи нутқ ёд мегирад. Нутқ – ин истифодаи забон дар ҷараёни муошират мебошад. Нутқи одам танҳо дар натиҷаи азхудкунии забон шакл мегирад ва бояд ҳамеша ба меъёрҳои ҳамин забон итоат кунад. Забон бошад, дар ҷараёни муоширати одамон дигар мешавад ва тараққӣ мекунад. Нутқ бо ҳамаи протсессҳои психикӣ алоқаманд аст. Фаъолияти фикрии одам, ба хотир гирифтани маводи таълимӣ, бомуваффақият ҷоришавии протсессҳои ирода, бо ёрии калимаҳо ифода намудани ҳиссиёт бо нутқи инсон алоқаи ногусастанӣ доранд. Илова бар ин, дар муоширати нутқӣ мавзўи ахборот (яъне, дар бораи чӣ бояд гуфт) ва модалнокии он (яъне, чӣ тавр бояд гуфт) фарқ карда мешаванд. Модалнокии муоширати нутқиро оҳанги нутқ ташкил медиҳад: тағйирот дар оҳанг, лаҳни садодиҳӣ, қувва ва баландии садоҳо.

Оҳанги нутқ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

– ифодаи мазмуну маънои ҷумла;

– ифодаи муносибати гўянда ба мавзўи муошират;

– ифодаи сайъю кўшиши расонидани таъсири муайяни нотиқ ба

шунаванда (талқин, боваркунонӣ, водоркунӣ ба амал, маҷбурран бор намудани ақида ва ғ.);

– ифодаи муносибати дутарафаи муошираткунандагон (нармгуфторӣ, самимият, боэҳтиромӣ, беэътиноӣ, бегонагӣ ва ғ.).

Нутқ тавсифдиҳандаи шахсияти гўянда мебошад. Мазмуни нутқ роҷеъ ба хусусиятҳои ақлии шахс ва равияи психикии ў маълумот медиҳад. Суръатнокӣ, оҳанг, равонӣ, баландӣ, ҳассосият, ҷозибанокии нутқ то андозае тавсифдиҳандаҳои мизоҷи одам мебошанд.

Хусусияти ба худ хос доштани нутқ, образнокӣ, дар қолаби муайян сухан нагуфтан тавсифдиҳандаҳои имкониятҳои эҷодии шахс мебошанд. Нутқи бемўҳтаво, ғайриифоданок ва гузашта аз ин, бесаводона шаҳодати маҳдудияти дунёи маънавии шахс буда, нишонаи камҳавсалагӣ ва карахтии ақлонии ў мебошад. «Ҳарф бизан, то ман бифаҳмам, ки ту кистӣ»- дар ин ҳикмати юнониёни қадим алоқаи нутқ бо ҷиҳатҳои муҳими шахс инъикос ёфтааст.

Ташаккули нутқ раванди мураккаб мебошад. Пеш аз гуфтани чизе аввал ангезае барои ин амал сабаб мешавад. Баъд ў чизи гуфтаро барномарезӣ карда, аз назари лексикӣ ва онро ба тартиб медарорад, онро ботинан тайёр мекунад ва сипас онро ба берун мебарорад.

Самаранокии нутқро хусусияти ангехтпазирӣ (реактивӣ) ё фаъоли он муайян мекунад. Нутқи фаъол доимо бесобиқаю нодир буда, аз ҷониби шахси гўянда ба таври эҷодӣ барномарезӣ мешавад. Дар он боигарии забон, тобишҳо ва имкониятҳои оҳангии нутқ истифода мешаванд. Нутқи фаъол бештар бо намуди монологии нутқ (сўҳбат бо худ) алоқаманд аст. Ангехтпазирӣ бошад хоси нутқи вазъиятӣ буда, бештар бо намуди диалогии нутқ алоқаманд аст.

Идроки нутқ аз шинохти фонематикӣ ва фаҳмидани маънои он иборат аст.

Фаҳмидани нутқро дар шакли кўтоҳ тартиб додани ҷумлаҳо, гузориши саҳеҳи задаҳои маъноӣ, ҷудокунии ҷумлаҳо ба қисматҳои маъноӣ, риояи ҷойи ист ва ғайра осон мегардонанд. Фаҳмидани нутқ ва мазмуни он ба дониш, захираи луғавӣ ва маҳорати гўш карда тавонистани шунаванда вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки таъсири эмотсионалии калима дар рафти муошират назаррас аст. чунин калимаҳо таъсири эмотсионалии баландро соҳибанд:

– калимаҳое, ки бо ашёҳои давраи ибтидоии иҷтимоишавии фард, бо ёдоварии давраи барвақти бачагии ў алоқаманданд, яъне ҳамаи он чизе, ки бо образҳои волидон, зодгоҳ ва ғ. робита доранд;

– калимаҳое, ки бо арзишҳои асосии ҳамин шахс, бо маромҳои бартараридоштаи рафтори ў пайванданд.

Дар радифи ин, шахс кўшиш менамояд, ки аз истифодаи калимаҳои беадабона (алфози қабеҳ, фачгўӣ, алфози дағал, беномусӣ, бешармӣ), худдорӣ намояд. Афроди ғайрииҷтимоишуда бошад ба калимаҳои ҳамеша истифодашаванда ва ба лексикаи мазмуни таҳдиди ҷисмонӣ, низоъ ва фишори психикӣ дошта ҳассосанд.

test

Добавить комментарий