Кобилият. Мафхумхои асоси дар бораи кобилият

 

1.Мафхумхои асоси дар бораи кобилият.

2.Намудхои кобилият.

3.Дарачахои кобилият.

Мафхумхои асосии мавзуъ.

Кобилият,сохти кобилият,кобилияти умуми,хусуси, аломатхои кобилият,истеъдод, махорат,гениали.

Мафхумхои асоси дар бораи кобилият.

Масъалаи кобидияти одам яке аз масъалахои асосии назарияви ва амали дар психалогия ба шумор меравад.Харчанд кобилиятро фалсафа,сотсиалогия,тиб ва дигар илмхо меомузад хам,вале онро хеч яке чун психалогия чукур ва хаматарафа тадкик намекунад.Нисбат ба дигар хусусиятхои шахс кобилият ин сифати шахс буда,танхо нисбатан туфайли фаъолияти муайян вучуд дорад. Кобилият аз руи ичрои ягон фаъолият бахо дода мешавад.

Бояд кайд кард, ки хеч гунна кобилияти алохида ичрои номувофикати фаъолиятро пурра таъмин карда намешавад. Мувафакияти ичрои хар гунна фаъолият аз пайвасти кобилиятхо вобаста аст.Масалан барои фаъолияти муаллим кобилияти шавковар баён кардани материали таълими,кобилияти ташкилотчиги,одоби муоширати педагоги ва гайра заруранд.

Хамин тавр кобилиятгуфта чунин хусусиятхои индивидуали психологии одамро меноман,ки онхо талаботхои фаъолияти муайянро каноат мекунонанд ва шарти бомувафакият ичро намудани он мебошад.Кобилият аз имкониятхо иборат аст ва онхо дониш,махорат ва малака мебошанд.Кобилият на донишу махорат ва малака,балки дар чараёни ба даст овардани онхо зохир мешавад.

Дар таърихи психалогия ду мавкеи бо хам мукобил доим ба шархи табиати кобилият мавчуд аст.

Намояндагони мавкеи якум эътироф менамоянд,ки кобилияти одам табиати модарзоди,ирси ва биологиро дорад.

Намояндагони мавкеи дуюм модарзоди будани кобилиятро инкор менамоянд.

Ба аломату нишондотхои анатомии,физиологи баъзе хусусиятхои модарзодии анализ.бинои ва шунавои,хислатхои типалогии системаи асаб дохил мешаванд,ки аз онхо зуддии ташкилёбии алокахои мувакатти асаб,кобилияти кори фикр ва гайра вобастаанд. Аломату нишонахои кобилиятро дар бар намегиранд ва тараккиёти онро таъмин намекунанд.

Хамин тавр, кобилият ин мачмуи хусусиятхои табии ва бадастоварда шуда мебошад. Хусусиятхои табии харчанд модарзоди бошанд хам,аммо дар шароитхои тарбия,омузиш ва дар чараёнхои мехнат аз нав кор карда инкишоф дорад.

Одатан кобилиятро ба ду гурух тасниф медиханд:умуми ва хусуси.

Хар яке аз ин гуруххо ба сода ва мураккаб таксим мешаванд ва синапс дар дохили онхо намудхои конкретии фаъолият чудо мешаванд.

Кобилияти умумии сода-чунин кобилияте мебошад, ки ба хамаи одамон хос аст ва ба он чунин шаклхои асосии инъикоси психики дохил мешаванд:кобилияти эхсос ва ирода, бахотиргири, фикркуни, хискуни ва гайра.

Кобилияти хусусии сода-ин кобилият на ба хамаи одамон хос аст. Дар он чихатхои сифатноки протцесси психики ифода меёбанд.

Кобилияти махсуси сода дар асоси аломату нишонахо дар чараёни таълим таракки меёбад.

Кобилияти умумии мураккаб-ин кобилият бо намудхои умуми инсонии фаъолият аст: ва мехнат, омузиш, бози, муошират.

Ин кобилият ба дарачаи муайян ба хама одамон хос аст.Аломатхои кобилият Аслан фаркияти сифати, аммо дарачахои кобилият фаркияти микдории онро ифода мекунад.

Мачмуи якчанд кобилиятро, ки ичрои бо мувофакияти фаъолияти одам дар сохаи муайян ба он вобаста аст ва уро аз байни зиндагии шахсоне чудо мекунанд, ки хамин фаъолиятро меомузад ё худ онро дар хамаи хел шароит ичро мекунад лаёкат меноманд.

Дарачаи баланди кобилияти шахсро ба фаъолияти муайян, ки дар шакли оригинали, яъне бемислу монанд ва навии муносибат зохир мешавад ва барои ноил шудан ба натичахои нихоят баланд имконият медоданд, истеъдод меноманд.

Гениали- (носига)-ин дарачаи баланди лаёкат .Фаркияти гениали аз истеъдод на дар дарачаи лаёкат монадии шахси нисби дар он аст, ки шахси гениали дар доираи фаъолияти худ давраеро меофарад.Хамин тавр метавонем гениалии Ч.Дарвинро дар табиатшиноси, Д.И Менделеевро дар химия ва гайра кайд кунем.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.