Тавсифи умумии тафаккур

 

1. Ҷамъбаст, басистемадарорӣ, таснифот.

2. Абстраксия, конкретонидан.

3. Муқоиса.

4. Таҳлил ва таркиб.

5. Шакл ва намудҳои тафаккур

Тафаккур протсесси маърифатие мебошад, ки одам туфайли он дар бораи олам ва ҳодисоти он донишҳои мукаммал ҳосил мекунад. Ҳаёт дар назди инсон чунин масъалаҳоеро пеш мегузорад, ки онҳоро танҳо тавассути идроки бевосита ҳал кардан мумкин нест. Ба бисёр саволҳо дар асоси хулоса баровардан аз донишҳои мавҷуда ҷавоб ҷўстан зарур аст ва ба ин фаъолияти фикрӣ мусоидат мекунад. Тафаккур ҳамеша бо ҳалли масъала алоқаманд аст. Барои ҳалли масъала донистани қонунҳои ҳақиқат ва ҷамъбаст намудани ҳодисаҳои алоҳидаи мушаххас зарур аст.Одам барои он ки ҳақиқатро дигар кунад, бояд натиҷаи фаъолияташро пешбинӣ намояд. Банақшагирӣ ва интихоби роҳҳои оқилонаи ҳалли масъалаҳо бе донистани қонунҳои олами объективӣ ва истифода бурда тавонистани онҳо дар шароитҳои конкретӣ номумкин аст. Қонунҳои ҳақиқат-ин ҷамъбасти ҳодиасаҳо мебошад, ки аз онҳо хулосаҳои даркорӣ бароварда мешавад.Тафаккури инсон аз ҳудуди идрок баромада, ҳақиқатро боз дурустару амиқтар дониста мегирад. Масалан, суръати рушноӣ ба 300 000 км/сония баробар аст ва идроки мо қодир нест, ки ин суръати баландро дарк намояд. Ин суръати тези рушноиро танҳо тавассути тафаккур метавонем муайян намоем. Протсесси тафаккур моҳияти ашё, алоқа ва муносибатҳои байни предмету ҳодисаҳоро инъикос менамояд. Тафаккур ҳарчанд аз ҳудуди эҳсос ва идрок барояд ҳам, вале ба ин маърифати ҳиссӣ, ки сарчашмаи асосии донишҳои мо дар бораи олами беруна мебошад, такя мекунад.Фаъолияти фикрӣ бо амалия зич алоқаманд аст. Меҳнат, таълим, бозӣ ва умуман ҳар гуна намудҳои фаъолияти одам ҳалли масъалаи фикриро талаб мекунад. Амалия – сарчашмаи фаъолияти фикрӣ аст. Дар баробари ин, амалия ҳам барои эҳсосу идрок ва ҳам барои тафаккур меъёри ҳақиқат мебошад. Одам ҷамъбаст ва хулосаҳояшро дар амалия месанҷад. Амалия фаъолияти фикрии инсонро ислоҳ мекунад. Амалия ин ҳамон соҳаест, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти фикрӣ татбиқ мегарданд.Бояд қайд кард, ки фаъолияти амалии одам дар навбати худ, бе тафаккур вуҷуд дошта наметавонад. Вай барои ба нақша даровардани фаъолият ва иҷрои он ниҳоят зарур аст. Одам амал карда истода, мазмуни амалҳои худро фаҳмида мегирад, дигаргунӣ медарорад ва баҳри бартараф кардани душвориҳои бо он дучоромада андеша мекунад.

Ҳамин тариқ, тафаккур ҳамчун протсесси маърифатӣ инъикоси ҷамъбасткунанда ва бавоситаи ҳақиқати объективӣ буда, туфайли он хусусиятҳои умумию муҳими предмету ҳодисаҳо, алоқа ва муносибатҳои байни онҳо инъикос мешавад. Тафаккур ҳамчун инъикоси ҷамъбасткунанда ва бавоситаи ҳақиқат протсесси олии психикӣ буда, танҳо ба одам хос аст.Асоси физиологии тафаккурро фаъолияти рефлектории майнаи сар, ҳамон алоқаҳои муваққатии асабие, ки дар пўстлохи нимкўраҳои калон ба амал меоянд, ташкил медиҳад. Ин алоқаҳо зери таъсири сигнали дуюм (нутқ) ба амал меоянд, ки ҳақиқати реалиро инъикос мекунанд ва ҳатман дар асоси системаи сигналии якум (эҳсос, идрок, тасавурот) ҳосил мешаванд.Дар протсесси тафаккур ҳар ду системаи сигналҳо бо ҳам алоқаи зич пайдо мекунанд. Системаи дуюми сигналӣ ба якум такя мекунад. Ҳамин таъсири байниҳамдигарии доимӣ ва зич бо системаи сигнали якум алоқаи канданашавандаи инъикоси ҷамъбасткунандаи ҳақиқатро бо маърифати ҳиссӣ ифода мекунад. Агар калима барои одам ягон маънои муайянро ифода карда натавонад ё худ ба ягон ашёву ҳодиса нисбат дода нашавад, он гоҳ чунин калимаҳо метавонанд моҳияти сигналии худро гум кунанд.Бояд қайд кард, ки роли асосиро дар тафаккур системаи сигналии дуюм мебозад, чунки тафаккур инъикоси ҷамъбасткунандаи ҳақиқат бо ёрии калима аст.Тафаккур ҳамчун фаъолият аз амалҳои алоҳида иборат аст, ки мазмуни онҳо мақсади дар пеш гузоштаи одамро ифода мекунад. Ин амалҳо бо истифодаи восита ва тарзҳои гуногуни фикрӣ иҷро мешаванд. Фаъолияти фикрии одамон бо ёрии амалҳои фикрӣ – таҳлил, таркиб, муқоиса, абстраксия, конкретонидан ва ҷамъбаст, басистемадарорӣ ва таснифот иҷро карда мешаванд.

Таҳлил ва таркиб . Таҳлил ва таркиб ҳамчун амалҳои асосии фикрӣ дар ҳар як фаъолияти фикрӣ иштирок мекунанд ва бо ҳам дар алоқаи ҷудонашавандаанд. Ҳар гуна фаъолияти фикрӣ фаъолияти таҳлилию таркибии мағзи сар аст. Таҳлил ҳангоми идроки ашёву ҳодиса, ҳангоми тасаввур кардани образи чизе ва ё ҳангоми фикр кардан рўй медиҳад. Таҳлил ин протсесси фикран ҷудо намудани кулл ба ҷузъҳо, ҷудо намудани аломат ва хосиятҳои алоҳидаи ҳодисаҳо мебошад.Таркиб протсесси фикран якҷоя намудани қисмҳои ашёву ҳодисаҳо ё худ фикран якҷоя намудани аломат, хосият ё тарафҳои онҳо мебошад. Мо метавонем фикран ҳар гуна ашё, растанӣ ва ҳайвонотро ба қисмҳо ҷудо кунем ва ба таври алоҳида дар бораи пояи миз, решаи дарахт, гул, баргҳои растанӣ, сар ва ғайра фикр намоем. Метавонем, фикран лаҳзаҳои алоҳидаи ҳикоя, оҳангҳои алоҳидаи асари мусиқиро ҷудо намоем ва ҳар гуна протсессу ҳодисаҳоро ба зинаю давраҳо фикран тақсим кунем.Таркиб ҳамчун таҳлил ҳангоми идрок, тасаввур кардани онҳо дар шакли образҳо ва дар мавриди дар бораи онҳо фикр кардан ба амал меояд. Таҳлил ва таркиб дар ягонагӣ дар бораи олами беруна дониши пурра медиҳанд. Таркиб ҳамеша ба натиҷаи таҳлил такя мекунад ва дар асоси якҷоя намудани қисму ҳиссаҳои ашёву ҳодисаҳо дар бораи онҳо тасаввуроти яклухту том пайдо мешавад. Масалан, талаба ҳангоми аз худ кардани маводи таълимӣ аввал ҳамаашро хонда мегирад ва сипас онро ба қисмҳои маъногӣ ҷудо мекунад, яъне таҳлил менамояд. Баъд аз ин нақшаи бахотиргирии онро мекашад, ки ин амали таркиб аст. Протсесси таҳлил ва таркиб дар фаъолияти амалӣ ба вуҷуд меоянд. Масалан, кўдакон маҳз дар асоси ба таври амалӣ ҷудо кардани ашё ба қисму ҳиссаҳо ё якҷоя намудани онҳо дар шакли яклухту том таҳлилу таркиб карданро ҳамчун амалҳои фикрӣ ёд мегиранд.

Муқоиса . Фикран ҷудо намудани қисматҳои ҳодисаҳо ва ашёҳо имконияти муқоиса намудани онҳоро бо ҳамдигар медиҳад, яъне аломатҳои монандию фарқкунандаро байни онҳо муқаррар мекунад. Муқоиса одатан аз рўи ягон ҷиҳат ба амал меояд: ашё ё ҳодисаҳо аз рўи ягон аломат, хосият, хусусият (аз рўи ранг, шакл, суръати ҳаракат ва ғайра) муқоиса карда мешаванд.Барои муқоиса кардани ягон чиз ба чизи дигар аломатҳои муайяни предметҳо ҷудо карда мешаванд ва танҳо дар сурати пай дар пай як аломатро аз паси дигараш ҷудо намуда омўхтан имконият медиҳад, ки монандӣ ва фарқияти ашёро муқаррар кунем. Муқоиса ҳамчун амали фикрӣ бе таҳлили пайдарпайи аломатҳо номумкин аст. Таҳлил қисми муҳими таркибии муқоиса ба шумор меравад. Амали муқоиса бо таҳлил маҳдуд намешавад. Бо воситаи он муносибатҳои муайяни байни предмету ҳодисаҳо ва хосияту қисмҳои ҷудокардашудаи онҳо муқаррар карда мешавад. Аз ин рў, дар ҷараёни муқоиса амали таркиб низ иштирок мекунад.Муқоиса дар маърифати ҳақиқат роли муҳимро мебозад. Бе муболиға, ҳамаи мавҷудот тавассути муқоиса намудан дониста гирифта мешаванд. Одам маҳз туфайли муқоисанамоӣ имконият пайдо мекунад, ки мавқеи худро дар олами беруна муайян намояд ва вобаста ба монандию фарқияти ашёву ҳодисаҳо муносибати мувофиқро интихоб кунад.

Абстраксия, конкретонидан . Одам ҳангоми маърифати ашёву ҳодисаҳои олами беруна хусусиятҳои муҳим ва умумии онҳоро ҷудо мекунад ва аз хусусиятҳои боқимондаи он дур мешавад. Ў дар бораи ин хусусиятҳо фикр карда, танҳо хусусиятҳои дар шакли алоҳида ҷудо кардаашро дида мебарояду халос. Ҳамин тавр, абстраксия ин протсесси аз аломатҳои камаҳмият ва тоқа дур шудан ва дар тафаккур нигоҳ доштани аломатҳои барои гурўҳи муайяни предметҳо муҳим ва умумӣ мебошад. Масалан, дар бораи ранги ашёҳои монанду якхела фикр карда, аз бузургию андоза, шакл, ҳаракат, истифодаи онҳо дар ҳаёт ва ғайра дур шудан мумкин аст.

Абстраксия бо калима алоқаи зич дорад. Аломатҳои муҳим ва умумӣ аз предмет ҷудо кардашударо танҳо бо воситаи калима ифода карда метавонем.

Конкретонидан протсесси муқобили абстраксия буда, дар рафти он гузашти фикр аз дониши ҷамъбасткардашуда ба ҳолати яккаву алоҳида ба амал меояд. Барои ин таҳлили ҳамин ҳолати ҷузъӣ ва дар он ҷудо намудани ҳамон хел аломатҳо зарур аст, ки ба қоида, мафҳум ва қонуни муайян мувофиқат мекунад. Дар фаъолияти таълимӣ конкретонидан, яъне мисол, тасвири ҳодисаи конкретиро овардан аст, ки ягон мавқеи умумии назариявӣ, қоида ва қонунро тасдиқ менамояд. Конкретонидан дар ҷараёни маърифат байни назария ва амалия ба сифати зинаи пайвасткунанда хизмат мекунад. Набудани конкретонидан донишҳои моро ба шаклпарастӣ ва ба канда шуданашон аз ҳаёт бурда мерасонад.

Ҷамъбаст, басистемадарорӣ, таснифот . Ҷамъбаст ин фикран дар асоси аломатҳои умумӣ ва муҳим якҷоя кардани ашёву ҳодисаҳо мебошад. Амали ҷамъбаст ба аломатҳои гуногуни предметҳои якхела такя мекунад. Аҳамияти амали фикрии ҷамъбаст пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки он дар баробари аломатҳои умумӣ, инчунин ба аломатҳои муҳиму моҳиятдори предмету ҳодисаҳо такя менамояд. Чунин тарзи муносибат ба пайдоиши мафҳумҳо, ихтирои қонунҳо ва ба донистани алоқаю муносибатҳои қонунӣ сабаб мешавад.Инсон дар асоси ҷудо намудани хусусиятҳои умумии ашёву ҳодисаҳо ва дар айни замон муқарар намудани фарқияти байни онҳо имконият пайдо мекунад, ки онҳоро ба система дарорад. Басистемадарорӣ ё худ тасниф – ин фикран аз рўи аломатҳои монандию фарқкунанда ба гурўҳу гурўҳчаҳо тақсим намудани ашёву ҳодисаҳо мебошад. Масалан, ҳайвонот дар асоси монандӣ ва фарқияти байни намояндаҳои ин олам тасниф карда мешаванд. Растаниҳоро метавонем дар асоси баъзе аломатҳои монандӣ ба гурўҳи калон ва умумӣ ва дар асоси аломатҳои фарқкунандаи байни ҳамон як қатор ба гурўҳҳои хурд ҷудо кунем. Масалан, ҳамаи растаниҳоро ба типҳо, типҳоро ба синфҳо, синфҳоро ба отрядҳо, отрядҳоро ба оилаҳо, оилаҳоро ба ҷинсҳо, ҷинсҳоро ба намудҳо ҷудо мекунанд. Асоси таснифро муқоиса ташкил медиҳад. Ҳамон як предмет бо дарназардошти он ки кадом аломат ба асоси таснифот гузошта мешавад, ҳар хел тасниф мегардад. Масалан, хонандагонро дар синф ба гурўҳҳо аз рўи ҷинс, қад, пешрафт ва ғайраҳо ҷудо кардан мумкин аст.

Шакл ва намудҳои м тафакку

Шаклҳои асосии тафаккур мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ мебошанд. Мафҳум яке аз шаклҳои тафаккур буда, хусусият, алоқа ва муносибатҳои муҳимтарини ашёву ҳодисаҳоро инъикос менамояд. Ҳар як ашё ва ҳар як ҳодиса аломатҳои гуногуни бисёрро соҳибанд. Ин аломатҳоро ба муҳим ва номуҳим ҷудо кардан мумкин аст. Аломатҳои муҳими ашё ин гурўҳи аломатҳое мебошанд, ки ҳар яки онҳо дар ҳолати муайян заруранд ва дар маҷмўъ кифояанд, ки бо ёрии онҳо ин ашёро аз дигараш фарқ кунем. Масалан, трапетсия ҳамчун фигураи геометрӣ як қатор аломатҳоро дорад: миқдори тарафҳо, кунҷҳо, бузургии тарафҳо, бузургии кунҷҳо, таносуби тарафҳо, масоҳати фигура. Аломатҳои муҳимтарине, ки тавассути онҳо фигураро ба гурўҳи трапетсия нисбат додан мумкин аст, дуто мебошанд: мавҷудияти чор кунҷ ва паралел будани ду тарафи он мебошад. Набудани яке аз онҳо аз трапетсия набудани фигура шаҳодат медиҳад. Дигар аломатҳои он чун андозаи тарафҳо, кунҷҳо, таносуби онҳо, масоҳати фигура барои муайян кардани мафҳуми трапетсия номуҳиманд.Одамон хусусиятҳои муҳимтарини предмет ё ҳодисаҳоро дар ҷараёни таҷрибаи ҷамъиятии худ дониста мегиранд. Онҳо ин хусусиятҳоро бо калима ифода мекунанд. Калима бо донишу таҷрибаҳои ҳиссӣ, ки сарчашмаи муҳими мафҳум аст, алоқаманд аст. Бо мафҳумҳо фикр кардан, яъне бо калимаҳо фикр кардан аст.Аз худ кардани мафҳум ин маънои аз худ кардани маҷмўи донишҳоро дар бораи ашёву ҳодисаҳо дорад. Ҳар қадар ки донишҳои мо васеъ шудан гиранд, ҳамон қадар мазмун ва мундариҷаи мафҳум низ васеъ мешаваду бой мегардад. Мафҳумро ба конкретию абстрактӣ ва тоқаю умумӣ ҷудо мекунанд. Вақте ки аз байни ҳамаи аломатҳои ашё як маҷмўи аломатҳои муайяне ҷудо карда шаваду он маҳз ҳамин ашё ё гурўҳи ба он монандро тасниф диҳад, дар ин сурат мо бо мафҳумҳои конкретӣ сару кор дорем. Масалан, мафҳуми «шаҳр», «ҷамъият», «зиёӣ», «идея» ва ғайра. Агар аз ашё ягон аломат ҷудо карда шаваду он ҳамчун объекти махсуси омўзиш қарор ёбад, он гоҳ ин мафҳуми абстрактӣ мешавад. Аз қабили чунин мафҳумҳо: «шуҷоат», «баробарӣ», «адолат», «ростқавлӣ», «ғамхорӣ» ва ғайра. Мафҳуми тоқа чунин мафҳумест, ки мазмуни он танҳо ба як ашёи алоҳида нисбат дода мешавад. Чунин мафҳумҳо тоқа мешаванд: «Шуриши Восеъ», «Шоҳнома» ва ғайра.Чунин мафҳумҳоро умумӣ меноманд, ки мазмуни онҳо на як, балки гурўҳи предметҳоро ифода мекунад. Мисоли мафҳумҳои умумӣ: «самолёт», «давлат», «омўзишгоҳи касби техникӣ», «муассиса» ва ғайра.Бояд гуфт, ки ҳар гуна мафҳум дар асоси таҷрибаи ҳиссӣ бо роҳи ҷудо намудани ягон аломат аз ашё ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, фарқияти мафҳум ва тасаввуротро қайд кардан зарур аст. Аввалан, тасаввурот образҳои аёнии предметҳо мебошад, вале мафҳумҳо ҳамеша бо калима ифода карда мешаванд. Дуюм ин ки дар мафҳумҳо танҳо хосиятҳои муҳими предметҳо инъикос карда мешаванд. Аммо дар тасаввурот мо аломатҳои номуҳим ва тасодуфро инъикос менамоем. Тасаввурот ба дараҷаи муайян, ба хусусиятҳои фардии шахс вобаста мебошад, лекин мафҳум дар бораи аломатҳои муҳими ҳамон як ашё дар одамони гуногун як хел мешавад. Мафҳумҳо дар ҷаоаёни тараққиёти таърихӣ ташаккул меёбанд ва дар протсесси тараққиёти фардии одам аз худ карда мешаванд.Мазмуни мафҳум дар муҳокимаҳо дар шакли калимагӣ ошкор мегардад. Муҳокима ин шакли тафаккур аст, ки алоқаю муносибатҳои ашёву ҳодисаҳо ё худ ин ё он аломатҳои онҳоро инъикос менамояд. Бо воситаи муҳокима алоқа ва муносибатҳои байни ашёву ҳодисаҳо тасдиқ ва ё инкор карда мешавад. Масалан, муҳокимаҳои «Психика маҳсули мағзи сар аст», «Ҳамаи металлҳо барқро мегузаронанд», аз ҷумлаи муҳокимаҳои тасдиқианд. Дар муҳокимаҳои инкорӣ набудани ягон аломат таъкид карда мешавад. Масалан, «Ин дастгоҳ дуруст карда нашудааст», «Ҳеҷ гуна равған дар об ҳал намешавад» ва ғайра.Муҳокимаро аз рўи он ки чизи тасдиқ ва инкор кардашуда ба ҳар як ашё, ё ба баъзе ашёи муайян ё худ ба як ашё дахл дошта бошад, ба умумӣ, хусусӣ ва тоқа ҷудо мекунанд. Мувофиқ ба ин намудҳо чунин мисолҳо овардан мумкин аст: «Ҳамаи растаниҳо реша доранд», «Зимистон баъзе дарахтон баргҳояшонро мепартоянд», «Шаҳри Душанбе дар соҳили дарёи Варзоб ҷойгир шудааст».Вобаста ба чӣ тавр ҳақиқати объективиро инъикос намудани муҳокимаҳо, онҳоро ба дуруст ва нодуруст ҷудо мекунанд. Муҳокимаи дуруст ҳамон хел алоқаю муносибат ва хосияти байни предметҳоро инъикос менамояд, ки дар ҳақиқати объективӣ мавҷуданд. Масалан: «масса – ченаки инерсия» ва ғайра. Муҳокимаҳои нодуруст, баръакс чунин муносибатҳоро байни ҳодисаҳои объективӣ инъикос менамоянд, ки дар ҳақиқат вуҷуд надоранд. Масалан, «на ҳамаи одамон мирандаанд» ва ғайра. Дурустии муҳокимаҳо дар амалия санҷида мешавад. Намудҳои гуногуни муҳокима ва сохти онро илми мантиқ меомўзад. Психология мазмуни муҳокимаро ҳамчун шакли тафаккур тасдиқ менамояд.Дар асоси муҳокимаҳо метавонем доир ба ҳодисаҳои олами объективӣ хулоса барорем. Шакли тафаккур, ки тавассути он дар асоси як ва ё якчанд муҳокимаҳо ҳукми нав бароварда мешавад, хулосабарорӣ ном дорад. Инсон одатан ду намуди хулосабарориро истифода мебарад: индуктивӣ ва дедуктивӣ.Индуксия-ин хулосабарорӣ аз ҳолати ҷузъӣ ба умумӣ мебошад. Индуксия аз ҷамъ намудани донишҳо дар бораи ашёву ҳодисаҳои якҷинса сар мешавад. Ҳодисаҳои якхеларо ҷамъбаст намуда (масалан, мис, оҳан, қалъагӣ, нуқра ва дигар металлҳо барқро мегузаронанд), мо мансуб будани ин аломатро ба ин ҳама тасдиқ мекунем. Дар мисоли овардашуда хулоса мебарорем, ки ҳамаи металлҳо барқро мегузаронанд.Дедуксия, баръакс, хулосабарорӣ аз ҳолати умумӣ ба ҷўзъӣ мебошад. Мисоли хулосабарории дедуктивӣ: «Ҳамаи металлҳо барқгузаронанд. Оҳан металл аст. Пас, оҳан барқгузарон аст». Қонуниятҳои ба вуҷуд омадани хулосабарориро аз ҷиҳати сохташ илми мантиқ меомўзад, психология бошад шароитҳои ҳосилшавии далел ва донишҳо, таъсири таҷрибаи фардию хусусиятҳои шахсро ба ҷараёни хулосабарорӣ ва инчунин таъсири онҳоро ба тараққиёти тафаккури шахс тасдиқ мекунад. Ҳар ду намуди хулосабарорӣ бо ҳам зич алоқаманданд. Индуксия бо дедуксия санҷида мешавад. Дедуксия ба индуксияи пеш иҷрошуда такя менамояд. Тавсифдиҳандаи муҳими психологии муҳокима ва хулосабарорӣ инҳо мебошанд: мустақилӣ ва боварӣ ба рафти муҳокимаронӣ; боварӣ пеш аз ҳама аз мавҷуд будани донишҳои зарурӣ доир ба ҳодиса вобаста аст; роли муҳимро дар мустақилии муҳокимаронӣ дар баробари дониш, инчунин сифатҳои шахс, ба монанди танқидкорӣ ва талқиншавандагӣ мебозанд, ки онҳо то андозае аз эътиқод, одат, маҳорат ва сифатҳои иродавии шахс вобастаанд.Вобаста ба он, ки калима, образ ва амал дар ҷараёни фаъолияти фикрӣ чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунанд, дар психология таснифи шартии намудҳои тафаккур карда шудааст. Онҳо асосан се намуданд: предметӣ – амалӣ; аёнӣ – образӣ; калимагӣ – мантиқӣ.Тафаккури предметӣ – амалӣ бо он ҷиҳат тавсиф дода мешавад, ки масъалаҳои фикрӣ дар он бевосита дар рафти фаъолият ҳал карда мешаванд. Ин намуди тафаккур яке аз намудҳои аввалини тафаккур дар ҳаёти таърихии инсон аст. Маҳз туфайли фаъолияти меҳнатӣ тафаккури инсон аз намуди дар боло зикршуда сар карда инкишоф ёфт. Кўдак, пеш аз ҳама, бевосита дар асоси бо предметҳо амал кардан масъаларо ҳал мекунад. Пайдоиши он аз давраи пайдоиши инсоният ва зуҳуроти он дар давраҳои аввали ҳаёти инсонӣ ва давраҳои ояндаи синнусолии ў аз он шаҳодат медиҳад, ки ин намуди тафаккур дар ҳаёту фаъолияти шахс аз аҳамият холӣ нест. Масалан, аҷдодони пештараи мо ба таври амалӣ (бо қадамҳо ва ғайра) минтақаҳои заминро чен мекарданд. Умуман бояд гуфт, ки фаъолоияти амалӣ аз назариявӣ дида пештар ва дар навбати аввал зуҳур меёбад. Агар мисоли болоро шарҳ диҳем, он гоҳ маълум аст, ки дар асоси донишҳои ҷамъшуда бо қадамченкуниҳои замин оҳиста-оҳиста геометрия ҳамчун илми махсуси назариявӣ ба миён омад. Тафаккури кўдак то давраи сесолагӣ хусусияти предметӣ-амалиро дорад. Кўдак предметҳои олами берунаро ба таври амалӣ бо дастонаш таҳлилу таркиб менамояд, ҷудо мекунаду муттаҳид менамояд ва алоқаманд месозад. Кўдакони кунҷков бошанд, бисёр вақт бозичаҳои худро мешикананд, то ки бифаҳманд: «дар дохилаш чист?». Бояд гуфт, ки тафаккури элиментарӣ ва соддатарини ҳайвонот доимо дар намуди предметӣ-амалӣ мегузаранд. Ин маърифати бевосита ва назариявӣ шуда наметавонад. Аз ин ҷиҳат, ҳайвонот бевосита бо ашёи даркшаванда сару кор доранд, ки дар айни замон дар пеши чашмашон мебошанд. Тафаккури содда предметҳоро фақат дар шакли предметӣ-амалӣ дида мебарояду халос ва аз ҳудуди он баромада наметавонад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.