Нутқ ҳамчун воситаи ҳамкорӣ дар рафти фаъолияти касбӣ. Маданияти нутқ, психология ва одоби фаъолияти нутқ.

  1. Мафҳум дар бораи нутқ. Функсияҳои фаъолияти нутқ.
  2. Роҳҳои ташаккули маҳорати хушу гуворо гуфта тавонистан дар донишҷуён ихтисосмандони оянда.
  3. Мафҳум дар бораи нутқ. Функсияҳои фаъолияти нутқ.

Яке аз дастовадҳои муҳимтарини инсон, ки ба ӯ барои истифода бурданитаҷрибаи умумибашарии чи гузошта ва чи ҳозира имконият медиҳад, ки муоширати нутқ мебошад. Одамон дар ҷаҳони муоширати нутқи, мубодилаи афкор мекунанд ва ба якдигар таъсир мебахшад. Муоширати нутқи тавоссути забон амали мегардад. Забон воситаи муоширати одамон

аст. Забон системаи аломатҳои калилоги, воситае мебошад, ки туфайли он муносибати байни одамон ба амал бароварда мешавад. Забон ҳодисаи ҷамъияти – таърихи аст, зеро он аз ҷониби халқҳо офарида мешавад ва бо бавуҷудоию тарақиёти ҷамъият низ инкишоф меёбад. Инъикос забонро дар рафти муошират намудан аз худ мекунад ва истифодаи онро дар нутқ ёд мегирад.

Нутқ аз ифодаи забон дар ҷараёни муошират мебошад.

Нутқи одам танҳо дар натиҷаи азхудкунии забон шакл мегирад ва ҳамеша бояд бо меъёрҳои ҳамин забон итоат кунад. Нутқ ин ба ҳамаи Принсипи психики алоқаманд аст. Фаъолияти фикри одам бехатарии маводҳо бомувафаққият ҷоришавии амалҳои иродави бо ёрии калимаҳо ифода кардани ҳиссиёт ва ғайра бо нутқи инсон зич вобастаги дорад.

Нутқ 3 функсияро дорад: сигнификативӣ (ифоданамои) ҷамъбасткунӣ, коммуникативӣ (расонидани дониш муносибат ҳиссиёт). Барои он, кикалима ягон чизро хабар диҳад, бояд он предмет амал ё ҳолатҳоро соддаю номбар кунад. Ин функсияи куманикатсионӣ нутқ мебошад. Калима дар инсон тасоввури дар бораи предмету ҳодисаҳо ба вуҷуд меоварад.Функсияи нутқ ҷамъбасткунӣ ташкил медиҳад. Калима дар он на танҳо предмет алоҳида балқи гуруҳи предметҳо ба ҳам алоқамандро ва монандро ифода мекунад ва ҳамеша таҷҷасумкунандаи аломатҳои муҳимтарини он ба шумор меравад. Функсияи синификативӣ калима бо тафаккур зич алоқаманд аст. агар ин функсия алоқаи калимаро бо ҳам образҳои шуур муқарар намояд, он гоҳ ҷамъбасткунӣ алоқаи зичи нутқро бо тафаккур ифода мекунад. Нутқ шакли мавҷудияти фикр ба шумор меравад.

Коммуникатсия функсияи сеюми нутқ аст, ки ахборот додан ва ҳолату амалро ифода менамояд. Ин функсияи фаъолияти беруни нутқ шахсро дар бар гирифта бо 3 ҷиҳат тавсиф дода мешавад: ахборотдиҳӣ, ифоданокӣ ва изҳори ирода.

Тарафи ахбори нутқ дар додани донишҳо зоҳир мешавадва бо функсияи якум дуюм зич алоқаманд аст. Ин ба гуянда имконият медиҳад, ки калимаи бефикриаш мувофиқро ёбад ва тавонад дар шахси идоракунандаи нутқ ҳамин ҳол фикру тасавуротро ба вуҷуд оварад.

Ифоданокии нутқ бо зуҳуроти ҳиссиёт ва муносибати гуянда ба предпети ахбор ёри мерасонад. Масалан: овози инсон дар суҳбати шахси як асту дар суҳбати расмӣ дигар. Аз руи овоз ором ё дар изтироб будан, маъюсӣ ё рӯҳбаландии одам муаян карда мешавад. Муаллим туфайли нутқ муносибаташро ба рафтору кирдори шогирдон ва донишҳои онҳо равшан мекунад. Шогирдон бепарвоии устодашонро аз руи фаъолияти нуқташ пайҳои бурда метавонад.

Изҳори ирода ҳамчун ҷиҳати дигари нутқ , дар татбиқ намудани шунаванда ба фикру андешаи гуянда ифода меёбад. Педагогӣ машҳури рус А.С Макаренко менавишт, ки танҳо баъди моҳирона талаффуз карда тавонистан ибораи «Ин чо Биё» бо 22 тобобишаш ӯ худро чун устоди моҳир дарк кардааст.

Дар психология ду намуди асосии нутқро фарқ мекунанд беруни ва дохилӣ. Бо нутқ берунӣ нутқи даҳанокӣ (диолог ва монологӣ) ва хаттӣ дохил мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳар як намуди нутқ хусусиятҳои ба худ хоси психологиро доранд ва онҳоро дар рафти фаъолияти касбӣ ба инобат гирифтан зарур аст.

  1. Роҳҳои ташаккули маҳорати хушу гуворо гуфта тавонистан дар донишҷуёни

ихтисосмандони оянда.

Дар ҷараёни фаъолияти касбӣ нақши фаъолияти нутқӣ ниҳоят бузург аст. кормандони колективҳои меҳнати бояд байни худ муносибатҳои нутқи намоянд ба якдигар дониш, маҳорат ва малакаи кори худашонро диҳанд. Хар кадр, ки нутқи инкишофёфта дошта бошанд ҳамон қадар мубодилаи таҷрибаи одамон байни худ беҳтар ва самарабахштар сурат мегирад. Мутаасифона на ҳамаи одамон чунин маҳорати нутқиро соҳибанд.

Бояд қайд кард, ки нутқи фаҳмо ва солим аз захиравии таркиби луғавии шахс вобаста аст. инчунин вобаста аз ин аст, кичӣ тавр шахс аз овони кудаки нутқашро инкишоф додаст. Ба мо маълум аст, ки то сини мактаби ва сипас дар даврони мактабӣ давраҳои сензитивии инкишофи нутқ вуҷуд дорад. Агар мураббиён, муаллимон ва волидайн ин давраҳои сензитивиро ба ҳисоб гиранд ва барномаҳои махсуси инкишофдиҳии нутқро тартиб дода, аз рӯи онҳо инкишофдиҳии нутқро ба роҳ монанд , он гоҳ ин метавонад ба васеъшавии фондӣ луғавӣ мусоидат кунаду ба ташаккули маҳорати нутқӣ ёри расонад.

Мо бояд ҳангоми муошират бо кудакон аз калима, мафҳум ва ибораҳои солим истифода барем, то ки захираи луғавии онҳо маҳз бо чунин «калимаҳои саҳрангез» пурра гардад. Инчунин «калимаҳои саҳрангез» нутқи инсонро хушу гуворо мекунад.

Дар мактаби олӣ низ ба ихтисосмандони оянда тафакури касбиро ташакул додан зарур аст. Балки, ҳосилшавии донишҳои касбӣ чунин мафҳум ва истилоҳоти зиёди касбиро истифода бурдан зарур аст, ки дониш ба онҳо муссалаҳ шавад. Ӯ тавонад таҳлилу такибӣ илмӣ муқоиса намуда, хулосабарориро намояд ва ин таҷрибаро ба дигарон диҳанд.

Роҳҳои ташаккули маҳорати маҳорати хушу гуворо гуфтан инҳоанд:

-бедор намудани рағбат ва шавқу ҳавас ба адабиёти ихтисоси;

– истифодаи корҳои мустақилона дар инкишофи

test

Добавить комментарий