Хусусиятҳои фардӣ- психологӣ, мадани ва ахлоқии шахс

Нақша:

  1. Шахс ва сохти психологии он
  2. Нақшҳои иҷтимоӣ ва таъсири онҳо ба рафти ташаккули шахсияти мутахассис.
  3. Характер ва мизоҷ.Кобилият.
  4. Шахс ва сохти психологии он.

Масъалаи шахс аз ҷиҳати аҳамияти назариявию амали доштанаш яке аз проблемаҳои асосии ҳозира ба шумор меравад. Аз таҳқиқи пуррашон яке аз масъалахои асосии ҷамъияти дар – ташаккули одам вобаста аст.

Дар рафти фаъолияти касбӣ донистани хусусиятҳои фардии психологии шахсияти инсон муҳим буда, ба эътиборгирии он чун мавқеъи соҳаи фаъолиятро самарабахш мегардонад.

Шахс ин фарди бошуурест, ки дар ҷомеа мавқеи муаян дораду баҳри мақсадҳои он мубориза мебарад. Аз ин ҷо бармеояд, ки шахс табиати иҷтимоиро дорст ва муаянкунандаи асосии он мавҷудияти шуур ва мавқеи ҷамъияти доштан мебошад Маҳз ба туфайли ҷамъият ва маҳз дар ҷамъият одам қобилияти донистагири ва меҳнат карданро пайдо мекунад. Тавонистани ҳаёти берунии худро фаҳмида мегирад ва ба ҳолати ҳаёти беруни онҳоро нисбат дода, шахси бошуурона фаъолият мебаранд. Худшиноси нуқтаи талаботи инкишофи шуури шахс ба ҳисоб меравад.

Мафҳуми шахсро мутафаккирона баҳодиҳи гуногун намудани К Маркс гуфтаст, ки «шахсони маҷиуи муносибати ҷамъияти » ё худ мегуяд, ки «муносибати ҷамъиятии ман аз шуури ман» .

Татқиқотҳои психологи чунин унсурҳои сахти шахсро муаян карданд, ки онҳо дар баҳодиҳии шахсияти мутахассис муҳиман. Онҳо; равия, шавқу ҳавас, талабот ва ғайраҳо мебошанд.

Хар яке аз ин унсурҳоро дида мебароем.

  1. Нақшаҳои иҷтимои ва тафсири онҳо ба рафти ташаккули шахсияти мутахассис

Ҳар як инсон дар коллектив дар ҷараёни муносибатҳои байнишасӣ, ҳангоми иҷрои ягон намуди фаъолият роли муаяни иҷтимоиро муаян мекунад. Ба қавли психолог А Л Рубинштейн «шахсро аз он шахси номие, ки ӯ дар ҳаёт мебозад ҷудо кардан ҳеҷ мумкин нест».

Рол – ин мафҳуми иҷтимои ва психологи буда намуди ҷамъият он зарури фаъолияти иҷтимои ва воситьаҳои рафтори шахсро ифода мекунад.

Инчунин дар адабиётӣ илмӣ мафҳуми рафтори ғайро низ қайд мекунад ва он ягонагии роли иҷтимоиро ба фаъолияти иҷрокунандаи амал ифода менамояд барои он ки ба рафтори шахс таъсир расонида шавад бояд хусусиятҳои роли шахсеро муносибатҳои байниҳамдигар ин хусусиятҳор тасдиқ (намуданд) намояд.

Дар ҳар як ҷамъият моделҳои идеалии рафтори одамон вуҷуд дорад: зан ё шавҳар, фурушанда ё харидор, хурд ё калон онҳо дар асоси қонун қоидаҳои ҷамъияти ба танзим дароварда мешавад.

Аз худкуни ин қонуну қоидаҳо аз ҷониби худи инсон ташаккул тавасути бозиҳои роли сурат мегирад барои ин ё он функсияи иҷтимоиро ба худ қабул менамояд А Н Алонтеев ҳар як фард мавқеъи муаяни иҷтимоиро бояд дошта бошад. Мафҳум мавқеъи ба саволи Ӯ кист? Ва роли Ӯ чист? Саволи Ӯ чик ор мекунад ҷавоб медиҳад.

Ҳар як шах дар гуруҳ ба мавқеъи шахси дигар эътибор дода барои худ роли мувофиқро интихоб менамояд. Агар инсон мавқеъи худ ва дигаронро монанди ихтирокчиёни дигар дуруст муаян намояд , пас Ӯ чи навъе, ки вазъияти иҷтимои талаб менамояд, хамон тавр рафтор намуда, истодааст. Агар чунин мувофиқият ба амал наояд, он гоҳ ихтилоф низоъ ба вуҷуд меоянд.Инсон дар вазъияҳои гуногун нақшҳои гуногунро низ иҷро мекунад. Дар рафторҳои роли шахс ду унсурро фарқ кунан зарур аст. роли иҷтимои, ки ба таъсирбахш рафтори ҷинои аст. роле, ки хусусиятҳо психологии шахсро ифода мекунанд.

Шахс дар ҷараёни фаъолияти касбӣ на танҳо зоҳир мегардад, балки дар рафти он ташкил низ меёбад. Ҳар як роли иҷтимои ба дараҷаи муаян ба «ман»-и шахс таъсир мебахшад.

Таъсирдиҳандаи асосии «ман»-и инсон худэҳтиромкуни ба шумор меравад.ва ба қавли психолог КОНИР ин худэҳтиромкуни, худбаҳодиҳии умумии фард ё дараҷаи қабул ва ё қабул накардани худро ҳамчун қулл мефаҳмонад. Худэҳтиромкунӣ мувофиқи формулаи зерин ташаккул дода мешавад.Муваффақият. Худэҳтиромкунӣ .Дараҷаи иддао

Ҳар қадаре, ки дараҷаи иддао балантар бошад ҳамон қадар муваффақиятҳо низ бояд баланд шавад, то ки шахс худро эҳтиром карда тавонад.

Психологияи иҷтимои бар ин формула илова намуд. Ҳам мувофиқат ва ҳам идомаи тавасути муқоиса намудан ба дигар одамон муаян карда мешаад. Аз ин ҷо як қатор хулосаҳои муҳим амали бароварданд мумкин аст.

Шахс барои муаян кардани дараҷаи бомувафақият корҳояш чи навъ иҷро намуда ролҳоро аз ҷониби дигарон дида мебарояд. Барои ба даст овардани эҳтироми аҳли коллектив ва эҳтиромкуниии худ кушиш тасдиқ кардани уро мекунад, ки ин ӯ ролро на боэҳтиром аз дигарон иҷро карда метавонад.

Агар шахс маҷбуран ролро бозад, ки на ба хусусияти «ман»-и у мувофиқият намекунад «он гоҳ байни «Роль» ё «Ман» ихтилофҳо ба амал меояд. Роҳбари коллектив шахси маъруфу расмӣ аст, бояд бо муваффақгардонии «рол» ва «Ман» – аъзоёнаш ин зиддиятро бартараф намоянд.Самаранокии фаъолияти ӯ аз ин хеле вобастагӣ дорад инсурҳо ташкил медиҳанд.

З.Характер ва мизоҷ.Кобилият.

Кӯшиши аввалини таснифоти характерҳо ба Афлотун тааллуқ дорад. Ӯ типологияи характерҳоро, ки ба принсипҳои ахлоқӣ асос ёфта буданд, офарид. Истилоҳи «характер»-ро бошад, аввалин маротиба ба рӯзмарраи илм ва ҳаёт олим ва ҳакими Юнони Қадим, дӯсти Арасту Теофраст (асрҳои ГУ-Ш-и то мел.) ворид намуда аст. Калимаи «характер» юнонӣ буда, маънояш «хислат», «аломат», «нишона» ва ё «хусусият» мебошад. Аз Теофраст рисолаи на он қадар бузурге то замони мо омада расидааст, ки дар он 31 характерҳои гуногун тавсиф ёфтаанд. Олимони рус ба мисли Л.С. Виготский, К.К. Платонов, Ю.Б. Гиппенрейтер, А.В. Петровский, Н.Д. Левитов, Л.Д. Столяренко таърифоти характерро додаанд.

Ҳамин тавр, характер гуфта, мувофиқати нотакрору инфиродии хусусиятҳои психологии шахсро мефаҳманд, ки дар рафтору фаъолияти ӯ зоҳир мегарданд.

Дар сиситемаи муносибатҳои шахс чор гурӯҳ зерини хсилатҳои характерро ҷудо мекунанд:

а) хислатҳое, ки муносибати одамро бо одамони дигар коллектив, ба ҷамъият

(улфатпазирӣ, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ, эҳтироми одамони дигар, коллективизм ва хислатҳои муқобилмаънои онҳо (мардумгурезӣ, дилсардӣ, бераҳмӣ, дағалӣ, нафрат ба одамон, индивидуализм) тавсиф медиҳанд;

б) хислатҳое, ки муносибати одамро ба меҳнат ва ба кори худ (меҳнатдӯстӣ, майл ба эҷодкорӣ, ҳамкорӣ, масъулияти кор, ташаббускорӣ, хислатҳои ба он муқобил – танбалӣ, майл ба кӯҳнапарастӣ, кори беинсофона, бемасъулиятӣ) ифода мекунанд;

в) хислатҳое, ки муносибати одамро ба худаш ифода мекунанд ва ба онҳо дохил мешаванд: иззати нафс, ифтихор ва худтанқидкунӣ, хоксорӣ ва хислатҳои муқобили он- худписандӣ, шуҳратпарастӣ, ҳавобаландӣ, зудранҷӣ, шармгинӣ, худбинӣ, худпарастӣ;

г) хислатҳое, ки муносибати одамро ба ашё (покизакорӣ, ё ифлостабиатӣ, боэҳтиётӣ) ифода мекунанд.

Намудҳои мизоҷ

Типи зӯри дар мувозинатбудаи серҳаракат (сангвиникҳо). Протсесҳои боздорӣ ва ҳаяҷон зӯр ва дар мувозинатбуда, вале зудию ҳаракаткунии онҳо зуд-зуд иваз шудани протсессҳои асабӣ ба нисбатан босуръат гардидани ҳосилшавию нисбатан ноустувор гардидани протсессҳои асабӣ меоварад.

Ба сангвиник барангезиши зӯри эмотсионалӣ хос аст. Ӯ бо чолокӣ ва бо ҳаяҷон ба ҳама чизе, ки диққатҷалбкунанда аст, эътибор медиҳад. Сангвиник инчунин бо фаъолии баланд фарқ карда меистад.

Сангвиник серҳаракат аст ва ба шароитҳои тағирёбандаи ҳаёт тез ва бо осонӣ мутобиқ мешавад, шахси улфатпазир буда, бо одамон тез забон меёбад ва дар шароитҳои нав ба нав худро гум намекунад. Ӯ хушҳол ва зиндадил аст. Ба сангвиник ноустувории эмотсионалӣ хос аст, тез ба эҳсосот дода мешавад, вале онҳо одатан зӯр ва амиқ намебошанд. Майли иҷрои фаъолияти якҷоя дорад. Коре, ки реаксияи тез ва дар баробари ин мувозинатиро талаб мекунад, ба ӯ мувофиқу маъқул аст.

Типи зӯри дармувозинатнабудаи серҳаракат (холерикҳо). Системаи асабашон зӯр, вале протсессҳои асосии асабӣ дар мувозинат намебошанд, яъне ин тип бо бартарӣ доштани протсесси ҳаяҷон бар протсесси боздорӣ тавсиф дода мешавад.

Ба холерик чун сангвиник фаъолии баланд, суръати тези амали ҷавобӣ хос аст. Намояндагони ин намуди мизоҷ аз дигарон бо барангезиши баланди эмотсионалӣ ва номавзунии рафторашон фарқ мекунанд. Протсессҳои психикӣ дар онҳо тез мегузаранд. Номувозинатӣ ба таври равшан ба фаъолияти холерик таъсир мебахшад: ӯ базавқ ва ҳатто бо эҳтироми беандоза баҳри кор мубориза мебарад, ташаббус зоҳир менамояд ва бо ҳаваси баланд кор мекунад.

Холерик бо сабаби оқилона сарф карда натавонистани қувва тез бемадор мешаванд ва рӯҳафтода мегарданд. Чунин силсиланок зоҳиршавии фаъолӣ яке аз хусусиятҳои характерноки мизоҷи холерикӣ аст. Холерик дар сурати бартарӣ пайдо кардани ҳаяҷон бар боздорӣ ҳангоми муошират намудан бо одамон метавонад тундмизоҷӣ, гӯстохӣ, зудранҷӣ ва худдорӣ накарданро зоҳир кунад ва дар ин замина метавонад ихтилофро дар коллектив ба амал оварад.

Типи зӯри дармувозинатбудаи сустҳаракат (флегматикҳо). Протсессҳои асабии зӯру дармувозинатбуда бо камҳаракатии худ фарқ мекунанд. Намояндагони ин тип зоҳиран ҳамеша орому вазнин буда, бо душворӣ ба ҳаяҷон меоянд.

Флегматик одами ором, дар мувозинат, ҳамеша заҳматкаши ботамкин, босубот ва матини хаёт мебошад. Боандешагӣ истодагариву матонат феъли флегматик аст. Ӯ кори саркардаашро то ба охир мерасонад ва назму тартибро дар он дӯст медорад. Протсессҳои психикӣ дар ӯ суст мегузаранд ва ин метавонад дар фаъолияти таълимӣ ҳангоми зарурат пайдо шудан ба тез бахотиргирӣ, фаҳмидану иҷро намудан халал расонад. Нисбат ба сангвиник ва холерик дар флегматик барангезиши эмотсионалии кам мушоҳида мешавад.

Флегматик бо одамон баробар ва оромона муносибат мекунад ва то дараҷае улфатпазир аст. Флегматикро ба хурӯш овардан душвор аст, ӯ худро ҳамеша аз ҷанҷолу хархашаҳо дар канор мегирад. Дар ҷараёни таълиму тарбия хусусиятҳои флегматик босабрӣ, ботоқатӣ, ӯҳдабароию кордонӣ ва босуботӣ аст. Дар шароитҳои номусоид метавонанд чунин хислатҳои манфӣ низ

30

инкишоф ёбанд: муносибати бепарвоёна ба меҳнат, ба ҳаёти иҳотакарда, танбалӣ, пассивӣ ва ғайра.

Типи суст (меланхоликҳо). Намояндагони типи сусти системаи асаб ба ангезандаҳои зӯр, дарозмуддат ва мутамарказонидашуда тоб оварда наметавонанд. Протсессҳои ҳаяҷон ва боздорӣ суст мебошанд. Ҳангоми таъсир кардани ангезандаҳои зӯр ташкилёбии рефлексҳои шартӣ боздошта мешавад.

Намояндагони ин тип бо ҳиссиёти баланди эмотсионалӣ ва зудранҷӣ фарқ мекунанд. Ҳиссиёт дар онҳо ниҳоят суст бедор мешавад. Реактивияти кам ва фаъолияти паст, ки ба меланхолик хос аст, дар кам хандидан, дар нобоварӣ ба худу тез гум кардани худ ва дар корро то ба охир нарасонидани онҳо зоҳир мешавад. Суръати пасти зуҳуроти психикӣ дар меланхолик мушоҳида мешавад ва ин дар беҳолӣ, дар ҳаракатҳои суст ва гуфтори оҳистаи ӯ зоҳир мегардад. Шиддати давомдор ва зӯр боиси сар задании фаъолияти суст мегардад ва ниҳоят ба қатъ ёфтани он мебарад. Ӯ тез хаста мешавад, вале дар вазъиятҳои ором ва муқаррарӣ худро ором ҳис намуда, сермаҳсул кор мекунад.

Ҳолатҳои эмотсионалӣ бо амиқ, пурқувват ва дарозмуддат буданашон фарқ мекунанд. Ҳаяҷонҳо дар зуҳуроти берунии онҳо ниҳоят суст ифода меёбанд. Меланхоликҳо ба дамдуздӣ ва танҳоӣ майл доранд, онҳо кӯшиш менамоянд, ки бо одамони ношиносу нав алоқа накунанд, зуд-зуд хиҷил мешаванд, дар шароитҳои нав худро ногувор ҳис мекунанд. Онҳо аз ҳаёти ҷамъиятии коллектив дурӣ меҷӯянд, вале дар сурати тарбияи дурустро ба роҳ мондан, дар шахсияти ӯ чунин сифатҳои пурқимматро ошкор намудан мумкин аст: меҳрубонӣ, боадабӣ, дилсӯзӣ, бошавқӣ ва ғайра.

Асрори табиати инсон, сабабҳо ва маромҳои рафтори ӯ аз қадим диққати одамонро ба худ ҷалб мекард.Аввалин тавсифи мизоҷро ҳанӯз асри панҷи пеш аз мелод ҳаким ва табиби юнонӣ Гиппократ пешниҳод намуда буд. Ба андешаи ӯ, дар организми инсон чор моеъи асосӣ вуҷуд доранд: хун, зарда, зардаи сиёҳ ва балғам. Омезиши онҳо дар бадани инсон бо таносубҳои гуногун мизоҷи ӯро муайян месозад. Худи калимаи «темперамент» (мизоҷ) аслан лотинӣ буда, маънояш мувофиқати қисматҳост. Бартарии яке аз ин моеъҳо дар организм мизоҷи одамро муайян менамуд.

Назарияи Абуали ибни Сино

Аз мутафаккирони Шарқ таълимоти нисбатан мукаммалро оид ба мизоҷ табиб ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино пешниҳод намуда аст. Мувофиқи таълимоти ӯ, мизоҷ – ин хусусияти ботинии одам, табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур:

  • оташ;
  • бод;
  • хок;
  • об ба ҳам мерасад.

НАЗАРИ Э. КРЕМЧЕР

Ба андешаи Э. Кречмер танҳо чор типи асосии анатомияи одам вуҷуд доранд, ки метавонанд на танҳо дар шакли тоза, балки дар таносубҳои гуногун низ вохӯранд.

Типи астеникӣ – шахсе, ки дорои ҷуссаи нозук, қафаси синаи ҳамвор, китфони хурд, дасту пои дарозу борик, рӯи дароз, вале системаи асаб ва мағзи сари зӯр инкишофёфта мебошад.

Пикник – бо тамоюли организм ба фарбеҳшавӣ ва аппарати сусти ҳаракатӣ фарқ мекунад. Миёнақад, фарбеҳ, гарданкӯтоҳ буда, чеҳраи фаррох ва шиками барҷаста дорад.

Атлетик – шахсе, ки скелети мустаҳкам, мушакҳои қавӣ ва намоён, ҷуссаи мутавозин, китфҳои васеъ, қафаси синаи барҷаста ва қавӣ дорад.

Дипластик – шахсе, ки ҷуссаи нодуруст дорад.

ТАЪЛИМОТИ ФИЗИОЛОГИ РУС И.П. ПАВЛОВ Таълимоти дигари машҳурро дар бораи мизоҷ физиологи рус И.П. Павлов пешниҳод намуд. Мувофиқи таълимоти ӯ, мизоҷи инсон аз хосиятҳои системаи асаби ӯ вобаста аст. И.П. Павлов се хосияти асосии системаи асабро ҷудо намуд:

  • сустии протсессҳои асабӣ бо хусусияти ба ҳаяҷон ва боздории бардавом мутамарказонидашуда тоб оварда натавонистани ҳуҷайраҳои асабӣ тавсиф дода мешавад.
  • мувозинати протсессҳои асосии асабӣ , яъне мутаносибии ҳаяҷон ва боздорӣ хосияти муҳими фаъолияти олии асаб мебошад.
  • серҳаракатии протсессҳои асосии асабӣ бо қобилияти ба осонӣ якдигарро иваз намудани ҳаяҷон ва боздорӣ, зуд ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани ин протсессҳо (дар ҳолате, ки инро шароити ҳаёт талаб мекунад), бо суръати ҳаракати пртсессҳои асабӣ (паҳншавӣ ва ғуншавии ҳаяҷон), ба ҷавоби ангезанда зуд пайдо шудани протсесси асабӣ ва ҳосил шудани алоқаҳои муваққатии нав ва ҳосилшавию тағйирёбии стереотипи динамикӣ тавсиф дода мешавад.

И.П. Павлов дар асоси ин хосиятҳои системаи асаб чор типи зерини системаи асабро ҷудо намуд, ки ба андешаи ӯ, ба чор типи мизоҷи тавсифнамудаи Гиппократ мувофиқ ҳастанд.

Мафҳум дар бораи қобилият.

Масъалаи кобилиятҳо дар асарҳои С.Л.Рубинштейн, Б.М.Теплов, Н.С.Лейтес, Э.А.Голубева ба таври амик омӯхта шудаанд. Чунончӣ

Б.М.Теплов оид ба инкишофи қобилиятҳо мавқеъҳои зеринро асоснок намудааст:

Қобилиятҳои инсон модарзодӣ нестанд. Танҳо хусусиятҳои анатомӣ- физиологӣ, яъне нишонаҳои қобилият заминаи табиӣ доранд.

Қобилиятҳо ҳамеша дар инкишофанд ва чун инкишоф натиҷаи ин ё он фаъолият аст, пас хулоса кардан мумкин аст, ки қобилиятҳо берун аз фаъолияти мушаххас ва муайян ба вуҷуд омада наметавонанд.

Омилҳои асосии инкишофдиҳандаи қобилиятҳо таълиму тарбия ба шумор мераванд.

Ҳамин тариқ, дар илми психология қобилият гуфта, хусусиятҳои фардӣ – психологии шахсро мефаҳманд, ки ба талаботи фаъолияти додашуда ҷавобгӯ буда, имконияти иҷрои бомуваффақияти онро таъмин менамоянд ва шарти ба осонӣ аз худ гаштани донишу маҳорат ва малакаҳо мебошанд.

Намудҳои қобилият

Дар психология қобилиятҳои хусусӣ ва умумиро фарқ мекунанд.
Қобилиятҳои хусусӣ Қобилиятҳои умумӣ
имкониятҳои фардӣ – психологии шахсанд, ки иҷрои бомуваффақияти фаъолиятҳои алоҳидаро таъмин менамоянд. Масалан, қобилият ба расмкашӣ, мусиқанавозӣ, рақс ва ҳоказо. имконият медиҳанд доираи васеъи фаъолиятҳо бомуваффақият иҷро гарданд. Дар адабиёти психологӣ қобилияти умумиро қобилияти ақлӣ низ меноманд.
test

Добавить комментарий