Процессхои маърифати.

Процессхои маърифати.

Идрок хамчун инъикоси хусусиятхои алохидаи предметхо.

Таснифоти идрок. идрок. Идрок хамчун инъикоси пурраи предметхо.хусусиятхо ва намудхои асосии идрок.

Дар мавзўи қабли мо шакли нисбатан соддаи инъикоси воқеиятро дида баромадем, ки туфайли он одам аломату хусусиятҳои иятҳои алоҳидаи ашёю ҳодисоти олами воқеиро ҳангоми таъсири бевоситаашон ба организм инъикос мекунад. Ашёю ҳодисоти олами воқеӣ дорои аломату хусусиятҳои гуногун мебошанд ва одам ин аломату хусусиятҳоро дар алоқамандии байниҳамдигарӣ эҳсос мекунад, чунки олам олами ашёю ҳодисаҳо аст, на олами рангҳо, бўйҳо, садоҳо ва ғайра. Маҳз дар натиҷаи чунин якҷоякунӣ эҳсоси маҳдудшуда ба идроки яклухт табдил меёбад ва одам аз инъикоси аломату хосиятҳои алоҳида ба инъикоси образи яклухти ашёю ҳодисот мегузарад. Бинобар ин фарқияти асосии идрок аз эҳсос – ин предметнокӣ ва фаҳмидашавандагии он чизҳое мебошад, ки ба мо таъсир мерасонанд, яъне инъикоси олами воқеӣ дар маҷмўи ҳамаи хусусиятҳои он ё ба таври дигар инъикоси яклухти ашё.

Одам дар ҳақиқат ашёю ҳодисаҳоро инъикос карда, образи яклухти онҳоро ба вуҷуд меоварад. Ин образ дар натиҷаи фаъолияти якҷояи анализаторҳои гуногун пайдо мешавад. Ҳамин тавр, мо инъикоси аломату хосиятҳои алоҳидаи ашёю ҳодисаҳоро ба образи яклухт, яъне образи идрок табдил медиҳем.

Идрок инъикоси яклухт ва томи образи ашёю ҳодисоти олами беруна ҳангоми таъсири бевоситаи ангезаҳо ба ретсепторҳои мувофиқ мебошад. Идрок протсесси мураккаби психикӣ буда, дар якҷоягӣ бо эҳсос мегузарад ва дар асоси он ба вуҷуд меояд, вале ҷамъи эҳсос намебошад. Дар баробари ин, ҳама гуна образи персептивӣ дар худ як қатор эҳсосотро фаро мегирад, зеро ҳама гуна ашё ё ҳодиса дорои хусусиятҳои гуногун аст ва ҳар яке аз ин хусусиятҳо новобаста аз якдигар метавонанд эҳсосро ба вуҷуд оваранд. Аммо хато аст, агар гўем, ки идрок пайвасти механикии эҳсосҳои алоҳида мебошад. Дар асл идроки бутуни ашёю ҳодисот хеле механизми мураккаб аст.

Тадқиқотҳои психофизиологӣ нишон медиҳанд, ки идрок раванди мураккаб буда, фаъолияти таҳлилӣ-таркибиро талаб мекунад. Пеш аз ҳама ахбори дар бораи ашёю ҳодисоти олами беруна гирифтаи мо танҳо натиҷаи як ангезиши оддии узвҳои эҳсос ва ба майнаи сар бурдани ҳаяҷон нест. Дар раванди идрок ҳама вақт ҷузъиётҳои ҳаракатӣ (ламс кардан, палмосидан ва ғайра) ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, идрокро ҳамчун фаъолияти персептивӣ шарҳ додан ҷоиз аст. Натиҷаи ин фаъолият тасаввуроти бутун дар бораи ашёе мебошад, ки мо ба он дар ҳаёти воқеӣ вомехўрем.

Барои ба вуҷуд овардани образи яклухти ашё лозим меояд, ки аз байни хусусиятҳои гуногуни таъсиррасонандаи он (ранг, шакл, буй, маза, ҳаҷм ва ғайра) аломату хусусияти асосию муҳим ҷудо карда шаванд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин марҳилаи бавуҷудоии идрок тафаккур амал мекунад. Дар баробари ин, марҳилаи навбатии идрок якҷоякунии аломатҳои моҳиятӣ ва муқоисаи образи идрокшударо бо донишҳои пешина дар бораи ашё талаб мекунад. Яъне, дар ин марҳила иштироки бевоситаи хотир дар раванди ба вуҷуд овардани образи идрок мушоҳида мешавад. Агар ҳангоми муқоисакунӣ фарзия оид ба ашёи пешниҳодшуда бо ахбори воридшуда мувофиқат кунад, он гоҳ шинохтани ашё ба вуҷуд омада, он идрок мешавад. Агар фарзия бо ахбори воқеии воридшуда мувофиқат накунад, ҷустуҷўи қарори лозимӣ то даврае идома меёбад, ки ашё шинохта шавад. Ногуфта намонад, ки идроки ашёҳои бароямон шинос (пиёла, миз ва ғайра) ва шинохтани онҳо тезтар ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аввалин маротиба идрок кардани ашё протсесси эҳсос пурратар ва равшантар мегузарад ва ҳангоми такрор ба такрор идрок кардани ҳамон як ашё протсесси эҳсос содда шудан мегирад. Баъзан ҳатто инъикоси як аломат ё хусусият кифоя аст, ки образи яклухти ашё ба вуҷуд оварда шавад, яъне он идрок карда шавад. Идрок аз муносибатҳои муайяни байни эҳсосҳо вобаста аст ва ин алоқамандиҳо дар ҳаёт инъикоси яклухти предмету ҳодисаҳоро ба вуҷуд меоварад.

Дар раванди идрок майлу хоҳиш, зарурат ва масъулияти дарки ашё ё ҳодиса, кўшиши иродавӣ низ нақши калон мебозанд. Одам барои хубтар дарк кардани ашё маҷбур мешавад, ки фаъолияти шуурашро ба он равона созад ва ин иштироки диққатро дар раванди идрок нишон медиҳад. Роҷеъ ба нақши майлу хоҳиш дар рафти идрок сухан ронда, қайд кардан лозим аст, ки муносибати мо бо чизи идрокшаванда барои раванди идрок аҳамияти калон дорад. Ашё метавонад барои мо шавқовар ё бефарқ бошад, яъне дар мо ҳиссиёти гуногунро бедор месозад. Пўшида нест, ки мо ашёи бароямон шавқовароо фаъолтар дарк мекунем ва ба ашёи бефарқ баъзан ҳатто эътино ҳам намекунем.

Асосҳои физиологии идрокро фаъолияти таҳлилӣ-таркибии майнаи сар ташкил медиҳад ва системаи алоқаҳои муввақатӣ дар байни анализаторҳо моҳияти ин механизми асабиро ифода менамояд. Таҷрибаҳои И.П.Павлов нишон медиҳанд, ки амалҳои ҷавобӣ на танҳо ба ҳар як таъсиркунандаи алоҳида, балки ба алоқаю муносибатҳои ба ҳам монанди онҳо низ вобаста аст. Идрок протсесси мураккаб ва фаъол аст. Одам ҳангоми идрок ҳаракатҳои гуногуни персептивиро дар алоқамандии байниҳамӣ иҷро мекунад, аз ҳар тараф нигоҳ мекунад, бо дасташ ламс мекунад, бўй мекашад ва ғайра.

Дар протсесси идрок яке аз узвҳои ҳиссӣ асосӣ ба шумор меравад. Масалан, дар ҳаёти мо аҳамаияти идроки биноӣ ва шунавоӣ нисбатан зиёдтар аст. Идрок омехта ҳам мешавад ва дар ин ҳолат на як, балки ду ва зиёда узви ҳиссӣ иштирок мекунанд. Чунончӣ, ҳангоми тамошои кинои овоздор узви биноӣ ва узви шунавоӣ баробар фаъолият мекунанд. Протсесси идрок мураккаб буда, дар рафти он дигар ҳодисаҳои психикӣ, ба монанди хотир, хаёл, тафаккур, нутқ, диққат ,ҳиссиёт ва ғайра дар алоқамандии байниҳамдигарӣ амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, идрокро системаи персептивии одам низ меноманд.

Ҳамин тариқ, идрок раванди мураккаб ва дар баробари ин ягонае мебошад, ки ба шинохтани таъсироти воқеии ҳамон лаҳза расидаистода равона карда шудааст.

Хусусиятҳои асосии идрок

Чӣ хеле ки аз тавсифи умумии идрок бармеояд, ин протсесси психикӣ баъд аз эҳсос зинаи дуюми маърифати оламӣ воқеӣ буда, махсусият ва сохори хоси худро дорад. Албатта, идрок низ чун дигар ҳодисаҳои психикӣ дорои як қатор хусусиятҳое мебошад, ки моҳияти ин протсессро шарҳ медиҳанд. Ба хусусиятҳои асосии идрок дохил мешаванд: пердметӣ будан, яклухтӣ, сохторӣ, константнокӣ, фаҳмидашавандагӣ, апперсепсия ва фаъолӣ.

Предметӣ будани идрок – ин қобилияти инъикос кардани ашё ва зуҳуроти олами беруна на дар шакли маҷмўи ба якдигар алоқаманднабудаи эҳсос, балки дар шакли ашёи алоҳида мебошад. Мавриди қайд аст, ки предметӣ будан хусусияти модарзодии идрок нест. Пайдоиш, тараққиёт ва зуҳуроти ин хусусият дар раванди онтогенез ба вуҷуд омада, аз соли аввали ҳаёти кўдак оғоз меёбад. Физиологи рус Сеченов И.М. пешниҳод менамояд, ки предметнокии идрок дар асоси ҳаракатҳое ташаккул меёбад, ки алоқаи кўдакро бо ашёҳои атроф таъмин менамоянд. Ин хусусият вобаста ба синну сол ва инкишофи ақлӣ рушд меёбад ва идроки ашёҳоро пурратару равшантар месозад.

Хусусияти дигари идрок яклухтии он мебошад. Чӣ тавре ки қаблан зикр намудем, дар фарқият аз эҳсос, ки аломату хусусиятҳои алоҳидаи ашёю ҳодисаҳоро инъикос мекунад, идрок образи яклухти ашёро ба вуҷуд меоварад. Ин яклухтӣ дар асоси пайвасткунии ахбори туфайли эҳсос бавуҷудомада оид ба хусусият ва сифатҳои алоҳидаи ашё шакл мегирад. Ҷузъиёти эҳсос байни якдигар ба он дараҷае алоқаи устувор доранд, ки образи яклухт ва томи ашё ҳатто дар мавриди таъсир расонидани хусусият ё қисмҳои алоҳидаи объект ҳосил карда мешавад. Ин образ дар натиҷаи алоқаи тавассути рефлекси шартӣ байни эҳсосоти алоҳидаи бавуҷудомада пайдо мешавад. Ба таври дигар гўем, яклухтии ашёи идрокшаванда дар он ифода меёбад, ки ҳатто ҳангоми идроки нопурраи хусусиятҳои алоҳидаи ашёи даркшаванда яклухтанамоии фикрии ахбори қабулшуда то ҳосилнамоии образи бутуни ашёи мушаххас сурат мегирад.

Бо яклухтии идрок сохторӣ будани он алоқаи бевосита дорад. Ин хусусият дар он ифода меёбад, ки идрок дар аксар ҳолатҳо проексияи эҳсосоти мо нест ва ҷамъи оддии ин эҳсосот ба шумор намеравад. Мо дар воқеъ сохтори дар натиҷаи ҷамъбасткунии ин эҳсосот ба таври абстрактӣ бавуҷудомадаро дарк мекунем. Масалан, агар одам ягон мусиқиро гўш кунад, он гоҳ нотаҳои пештар шунидашуда дар шуураш садо додан мегиранд, дар ҳолате, ки аллакай ахбор оид ба садо додани нотаҳои нав омада мерасад. Одатан шунаванда мусиқиро мефаҳмад, яъне сохтори онро дар маҷмўъ дарк мекунад. Маълум аст, ки нотаи охирон шунидашуда барои пайдоиши чунин фаҳмиш асос шуда наметавонад. Аз ин бармеояд, ки дар шуури шунаванда садо додани мусиқӣ бо алоқаҳои гуногуни ҷузъиётҳои он идома меёбад. Ҳамин тариқ, идрок ба шуури мо сохти ашё ё ҳодисаеро оварда мерасонад, ки мо дар олами воқеӣ ба он вомехўрем.

Хусусияти дигар ва нисбатан муҳими идрок константӣ будани он аст. Ин хусусият дар он ифода меёбад, ки баъзе хусусияти ашёю ҳодисаҳо ҳангоми тағйир ёфтани шароит ба таври мутлақ доимӣ мемонанд, яъне шароит тағйир меёбаду идроки ин хусусиятҳо бетағйир мемонад. Масалан, бо дур шудани мошин аз назди мо акси он дар тўрпардаи чашм хурд шудан мегирад, лекин мо онро ҳамоно ҳамчун объекти калон идрок мекунем. Маҳз бо шарофати константӣ будани идрок, мо новобаста аз тағйирйбии шароит ашёҳои олами воқеиро ҳамчун доимии мутлақ дарк мекунем. Ин хусусият бештар дар идроки ранг, ҳаҷм ва шакл мушоҳида мешавад.

Мо дар асоси таҷрибаи пешина оид ба хусусияти ашёҳо маълумоти заруриро пайдо мекунем. Ин донишҳои пешина дар бораи ашёҳо бо идроки аёнии ашё пайваст шуда, идроки онро нисбатан доимӣ ва нисбатан дуруст мекунанд. Маҳз иштироки донишҳои пешина оид ба ашё дар раванди идроки кунунии он боис мегардад, ки хусусиятҳои вобаста ба тағйирёбии шароит ивазшуда, ё аз доираи идрок дурмонда ҷуброн мегарданд ва образи дурусти ашё ҳосил карда мешавад. Масалан, агар мо квадратро оҳиста-оҳиста тоб диҳем, акси он дар тўрпардаи чашм тағйир ёфта, шакли росткунҷаро (ду тарафаш баробар) мегирад, аммо мо як муддат шакли онро квадрат идрок мекунем. Хусусияти ба ин монанд дар идроки ранг хеле хуб мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки ангиштпора дар фазои равшан нисбат ба пораи коғази сафед дар нимторикӣ шуоҳои рўшноиро бештар инъикос мекунад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, мо пораи анегиштсангро новобаста аз шароит сиёҳ идрок менамоем.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки идроки ашё на танҳо аз характери ангеза, балки аз худи субъект низ вобастагӣ дорад. Яъне, на чашму гўш ва пўсту забону бинӣ, балки одами мушаххас воқеияти атрофро идрок мекунад. Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, дар рафти идрок ҳама вақт таҷрибаи пешинаи одам иштирок мекунад. Вобастагии идрокро аз таҷриба ва донишҳои пештараи одам апперсепсия меноманд, ки яке аз хусусиятҳои идрок маҳсуб мешавад.

Масалан, агар барои шинохтан ба мо якчанд ашёи ношиносро пешниҳод намоянд, он гоҳ мо дар ибтидо кўшиш менамоем то ягон ҷузъиёт ё хусусиятеро ёбем, ки бо ёрии он имконияти тавсиф додани ашёи даркшаванда вуҷуд дошта бошад. Дар рафти идрок барои шинохтан ва мутааллиқ кардани ашё ба ягон гурўҳ, муқоисаи фарзияи пешниҳодшуда дар бораи чӣ будани ашё бо донишҳои пешина сурат мегирад. Ҳамин тариқ, дар рафти идрок таҷрибаи пештара фаъол мегардад. Яке аз сабабҳои аз тарафи одамони гуногун ба таври гуногун идрок шудаи ҳамон як ашё низ ҳамин аст.

Дониш ва таҷриба ба аниқӣ ва дурусти идрок таъсири калон мерасонанд. Масалан, донистани забони модарӣ ба мо имконият медиҳад, ки ҳангоми бо ин забон нофаҳмо талаффуз кардан ва сухан рондани ҳамсўҳбат низ мо мазмуни сухани ўро дуруст мефаҳмем.

Мазмуни идрок вобаста ба мақсади дар назди худ гузоштаи шахс, маром ва фаъолият, шавқу ҳавас ва равияи ў муайян карда мешавад. Масалан, касе, ки ба техника шавқу ҳавас надошта бошад танҳо фарқиятҳои дағалро дар байни навъҳои гуногуни автомобил мебинаду халос. Дар раванди идрок мақсадгузории шахс ва эмотсияҳо нақши калон мебозанд, зеро ба мазмуни идрок таъсир мерасонанд. Масалан, муҳаррири газета хатогиҳои дар матн вуҷуддоштаро ба осонӣ меёбад, на танҳо барои он, ки аз ўҳдаи иҷрои ин кор хуб мебарояд, балки барои он, ки дар рафти фаъолияти касбӣ дар ў мақсадгузорӣ ба дарки чунин хатогиҳо ташаккул ёфтааст. Манзараҳои ба ин монандро дар муносибат ба тобиши эмотсионалии ахбори даркшаванда мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, ронандаи бомаҳорат метавонад ба садоҳои аз берун оянда умуман эътино накунад, лекин садои доир ба ҳолати автомашина ахборотдиҳандаро зуд дарк мекунад.

Вобаста бо омилҳои гуногун баъзан дар одамон идроки хато ё вайроншудаи ашёю ходисоти олами воқеӣ ба вуҷуд меояд. Ин хусусияти идрокро иллюзияи идрокменоманд, ки дар ҳамаи намудҳои идрок дида мешавад. Табиати иллюзия на танҳо бо сабабҳои субъективӣ, ба монанди мақсадгузорӣ, равия, муносибати эмотсионалӣ ва ғайра, балки бо омилҳои физиологӣ ва зуҳуротҳои муҳит (равшаннокӣ, ҷойгиршавӣ дар фазо ва ғайра) низ муайян карда мешавад.

Хусусияти дигари идрок, ки иштироки бевоситаи тафаккурро дар раванди дарки ашёю ҳодисаҳо шарҳ медиҳад фаҳмидашавандагии идрок мебошад. Ҳарчанд идрок дар натиҷаи таъсири бевоситаи ангеза ба узвҳои ҳиссӣ ба вуҷуд меояд, образҳои персептивӣ дорои аҳамияти муайяни маъногӣ мебошанд. Алоқаи идрок ва тафаккур пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки дарки бошууронаи ашё маънои фаҳмидани онро дорад, яъне дохил кардани он ба гурўҳи майяни ашёҳо, номгузорӣ кардани он. Ҳатто агар ашё бароямон ношинос бошад хам, мо кўшиш менамоем, ки монандии онро бо дигар ашёҳо ошкор кунем. Раванди фаҳмидашавандагии ахбори даркшавандаро метавон дар шакли нақшаи сохторӣ-мантиқӣ пешинҳод намоем. Дар марҳилаи якуми раванди идрок ҷудокунии маҷмўи водоркунандаҳо аз ҷараёни ахбор ва қабули қарор дар бораи он, ки онҳо ба ҳамон як объект тааллуқ доранд, сурат мегирад. Дар марҳилаи дуюм, ҷустуҷўи обарзҳое дар пўстлохи майнаи сар сурат мегирад, ки ба образи ҳамакнун пайдошуда монандӣ доранд. Марҳилаи сеюм бошад, шомилкунии объекти идрокшударо ба гурўҳи муайян бо ҷустуҷўи давомёбандаи аломату нишонаҳои иловагии тасдиқкунанда ё радкунандани қарори қабулшуда дар бар мегирад. Билохира, дар марҳилаи чорум, хулосаи ниҳоӣ доир ба чӣ будани объект бо шарҳи хусусиятҳои идрокнашудаи ба ин объект тааллуқдошта шакл мегирад. Ҳамин тавр, раванди идрок то андозае протсесси интеллектуалӣ мебошад.

Дар доираи шарҳу тафсири хусусиятҳои идрок мавриди баррасӣ қарор додани боз як хусусияти муҳимӣ он – фаъолии (ё интихоби будан) идрок зарур аст. Ин хусусият дар он зоҳир меёбад, ки одам аз байни ашёю ходисоти сершумори таъсиррасонанда ҳамонашро интихоб карда, фаъолияти шуурашро ба он равон карда, идрок менамояд, ки дар лаҳзаи додашуда барояш зарур аст. Дигар ашёю ҳодисот дар ин лаҳза ҳамчун заминаи идрок баромад мекунанд. Масалан, ҳангоми гуфтугў кардан бо телефонии мобилӣ дар ҷойи серғавғо одам тамоми диққаташро ба садои телефон равона карда, онро фаъолона гуш мекунад ва ба садоҳои аз атроф оянда эътибор намедиҳад. Одам дар ин лаҳза аз садоҳои гуногун маҳз садои телефонро интихоб карда, онро фаъолона идрок мекунад. Аз таҳлили раванди идрок ба хулосае омадан мумкин аст, ки фаъолнокии идрок аз табиати худи шуур бармеояд.

Таснифоти идрок

Ҳангоми шарҳ додани хусусиятҳои асосии идрок мо дидем, ки ин протсесси писхикӣ дорои хусусиятҳои ба худ хос аст ва ин хусусиятҳо на дар алоҳидагӣ, балки дар алоқамандӣ бо якдигар зоҳир мешаванд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки намудҳои идрок кадомҳоянд? Аз таҳлили адабиёти муосири психологӣ бармеояд, ки роҷеъ ба ин масъала равияҳои гуногун вуҷуд доранд. Таснифоти бештар маъмули идрок аз рўи се меъёр ба намудҳо ҷудо кардани он мебошад, ки онро дида мебароем. Маълум аст, ки дар рафти идроки ашёю ҳодисаҳо анализаторҳои гуногун иштирок мекунанд ва алабатта дараҷаи иштироки ин анализаторҳо якхела нест. Вобаста ба он, ки дар рафти идрок кадом анализатор мавқеи пешбарандаро ишғол мекунанд, идрокро ба панҷ намуд ҷудо мекунанд: шунавоӣ, биноӣ, бўй, маза, ва пустӣ (ломисавӣ).

Идроки ашёю ҳодисаҳо метавонад бо гузориши мақсади пешакӣ ё бидуни гузориши чунин мақсад ба вуҷуд ояд. Вобаста ба иштироки мақсадгузорӣ дар рафти идрок онро ба ихтиёрӣ ва беихтиёр ҷудо мекунанд. Идроки бехтиёр дар заминаи диққати беихтиёр ба вуҷуд омада, сарфи қувваи иродавиро талаб намекунад ва асосан омили бавуҷудоварандаи онро хусусиятҳои ашёи даркшаванда ташкил медиҳанд. Дар рафти идроки ихтиёрӣ бошад, ки бо гузориши мақсад тавсиф дода мешавад, одам барои дарки пурра ва дуруси ашё кўшиши иродавӣ мекунад. Идроки ихтиёрӣ, яъне мақсаднокро мушоҳида мегуянд.

Меъёри дигари таснифоти идрок шакли мавҷудияти материя мебошад. Аз рўи ин меъёр се намуди идрокро фарқ мекунанд: фазо, вақт ва ҳаракат.

Фарқияти инфиродии идрок ва рушди он

Идрок дар бисёр ҳолатҳо аз хусусиятҳои шахс вобастагӣ дорад. Системаи донишҳо, шавқу ҳавас, мақсадгузорӣ, муносибати эмотсионалӣ бо ашёю ҳодисоти идрокшаванда ба протсесси идрок таъсир мерасонанд. Чун одамон бо хусусиятҳои фардӣ-психологӣ, шавқу ҳавас, мақсадгузорӣ ва дигар хусусиятҳояшон аз якдигар фарқ мекунанд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар протсесси идрок низ фарқият ҳои инфиродӣ вуҷуд доранд.

Фарқиятҳои инфиродӣ дар идрок хеле зиёданд, аммо вобаста ба фарқият ва умумиятҳо дар хусусият ва намудҳои идрок метавон типҳои муайяни ин фарқиятҳоро муайян кард, ки на ба як фарди мушаххас, балки ба гурўҳи одамон тааллуқ доранд. Ба шумораи онҳо пеш аз ҳама фарқияти байни идроки кулл ва ҷузъ ё таркибӣва таҳлилиро бояд дохил кард. Типи кулл ё таркибии идрок бо он тавсиф дода мешавад, ки дар шахсони ба он тамоюлдошта таассуроти умумӣ доир ба ашё, мазмуни умумии идрок, хусусиятҳои ашёи идрокшаванда равшантар зоҳир мешаванд. Одамони ба ин тип мутааллиқбуда ба ҷузъиёт ва пайдарпайиҳо камтар аҳамият медиҳанд. Аз ин лиҳоз бисёр ҷузъиёти ашёю ҳодисаҳо дарк нашуда мемонанд. Онҳо аз мазмуни ҷузъиёт ва қисмҳои алоҳида дида, бештар ба маънои куллии ашёю ҳодиса диққат медиҳанд. Барои дарки аниқи ҷузъиёт ба ин типи одамон лозим меояд то дар назди худ махсус вазифа гузоранд, ки расидан ба ин мақсад барояшон душвор аст.

Одамони дорои типи дигари идрок – ҷузъӣ ё таҳлилӣ, баръакс, ба ҷудокунии аниқи ҷузъиёт ва пайдарпайӣ майл доранд. Идроки онҳо маҳз ба ҳамин равона карда шудааст. Образи яклухти ашё ё ҳодиса, мазмуни умумии чизи идрокшуда барои онҳо аҳамияти дуюминдараҷа дорад ва баъзан ба он аҳамият ҳам намедиҳанд. Барои он, ки ба моҳияти ҳодиса сарфаҳм раванд ё ягон ашёро ба таври мувофиқ дарк кунанд, ба онҳо лозим меояд то дар назди худ вазифаи махсус гузоранд, ки расидан ба он на ҳама вақт барояшон муяссар мегардад. Одатан чунин одамон ҳангоми ҳикоя кардани ягон ҳодиса бештар ба ҷузъиётҳо такя мекунанд ва ин боиси он мегардад, ки ҳикояашон маънои худро гум мекунад ё моҳияти аслии он нокушода мемонад.

Ба ду типи дар боло зикршуда ҷудо намудани протсесси идрок характери шартӣ дошта, дар воқеъ онҳо якдигарро пурра мекунанд, зеро идроки самаранок дар натиҷаи зоҳиршавии тарафҳои мусбати ҳар ду тип ба вуҷуд меояд. Воқеан ҳам, мо наметавонем яке аз ин типҳоро ҳамчун мусбат ва дигарашро ҳамчун манфӣ баҳогузорӣ намоем, чунки ҳар яке аз ин типҳо махсусияти худро дошта, ба протесси идрок тобиш мебахшанд.

Типҳои дигари идрок, ки характери инфиродӣ доштани онро шарҳ медиҳанд, инҳоянд: тасвирӣ ва шарҳдиҳанда. Одамони ба типи тасвирӣ дохишаванда одатан бо чизи дида ва шунидаашон маҳдуд мешаванд ва барои ошкор кардани моҳияти чизи идрокшуда кўшиш намекунанд. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ашё ё ҳодисаи даркшаванда аз доираи диққати ин одамон дур мемонад. Одамони ба типи шарҳидаҳанда дохилшуда бошад, баръакс, танҳо бо чизи дида ва шунидаашон қаноат накарда, доим кўшиш менамоянд, ки дидаю шунидаашонро шарҳ диҳанд. Ин типи одамон бештар бо типи таркибии идрок мувофиқат мекунанд.

Дар доираи таснифоти типҳои инфиродии идрок идроки объективӣ ва субъективиро низ ҷудо мекунанд. Ба типи объективӣ мувофиқати қатъӣ бо ҳодисоти дар воқеъ руйдиҳанда хос аст. Одамони ба типи субъективӣ тааллуқдошта бошанд, аз доираи ҳодисоти воқеӣ баромада, бисёр чизҳоро аз худ илова мекунанд. Идроки онҳо ба муносибати субъективиашон бо чизи даркшаванда тобеъ аст. Ин одамон дар бораи ягон ҳодиса нақл карда, на асли воқеа, балки таассуроти субъективии худро арз менамоянд. Онҳо бештар дар бораи ҳиссиёти азсаргузаронидаашон ҳангоми рўй додани ҳодиса ҳарф мезананд.

Дар байни фарқиятҳои инфиродии идрок тафовут дар мушоҳидакорӣ аҳамият ва мавқеи махсусро касб намудааст. Мушоҳидакорӣ – ин маҳорати дар ашё ва ҳодисот дарёфт кардани чизҳое мебошад, ки кам дида мешаванд ва худ аз худ ба чашм намеафтанд. Аломати характерноки мушоҳидакорӣ суръатӣ идрок кардани ин чизҳои камаҳамият мебошад. Мушоҳидакорӣ на дар ҳамаи одамон ва на дар ҳамон як дараҷа дида мешавад. Фарқият дар мушоҳидакорӣ пеш аз ҳама аз хусусиятҳои фардии шахс вобастагӣ дорад. Масалан, донишдўстӣ яке аз омилҳои ташаккулёбии мушоҳидакорӣ маҳсуб мешавад.

Дар доираи муҳокимаи масъалаи мушоҳидакорӣ бояд ёдовар шуд, ки идрокро аз рўи дараҷаи мақаднокӣ низ ба намудҳо ҷудо мекунанд. Чӣ хеле дар боло қайд кардем, идроки мақсаднок (ихтиёрӣ) ва бемақсадро (беихтиёр) фарқ мекунанд. Идроки бемақсад асосан аз шароитҳои муҳити беруна вобастагӣ дорад. Дар идроки мақсаднок бошад, мақсади дарк намудани ашё ё ҳодиса аз аввал гузошта мешавад. Идроки мақсаднок метавонад қисми таркибии ягон фаъолият бошад ва дар рафти иҷрои ин фаъолият амалӣ карда мешавад. Баъзан идрок метавонад ҳамчун фаъолияти мутлақо мустақил баромад кунад. Идрок ҳамчун фаъолияти мустақил дар мушоҳида равшан зоҳир мешавад, ки дар идроки мақсаднок, банақшагирифташуда ва то андозае давомдор таҷассум меёбад ва мақсади он назорат кардани ҷараёни ягон ҳодиса ё тағйирот аст. Аз ин лиҳоз, мушоҳида – ин шакли фаъоли маърифати ҳиссии воқеият аз тарафи одам аст; мушоҳидакорӣ бошад, ҳамчун тавсифи идроки фаъол баҳогузорӣ мешавад.

Дар рафти мушоҳида нақши фаъолнокӣ хеле калон аст. Он ҳам дар фаъолияти фикрӣ, ки мушоҳидаро роҳбаладӣ мекунад ва ҳам дар фаъолияти ҳаракатии мушоҳида зоҳир мешавад. Барои самаранокии мушоҳида банақшагирӣ ва системанокии он аҳамияти калон дорад. Мушоҳидаи психологӣ ба омўзиши васеъ ва ҳаматарафаи ашё равона шуда, доимо аз рўи нақшаи аниқ, системаи муайян, бо муоинаи ҷузъиёти ашё бо пайиҳамии муайян равона карда шудааст.

Мавриди қайд аст, ки мушоҳидакорӣ ҳамчун идрок хусусияти модарзодӣ надорад. Тифли навзод дорои қобилияти дарк кардани олами иҳотакардаро дар шакли тасвири якулухти ашёҳо нест. Қобилияти дарк намудани ашёҳо дар кўдак андактар пайдо мешавад. Бешубҳа дар кўдак ба вуҷуд омадани раванди монипулятсияро бо ашёҳо, ки ба давраи тифлӣ рост меояд, сарахбори пайдоиши идрок шуморидан мумкин аст. Дар панҷ-шашмоҳагӣ дар кўдак зиёдшавии ҷудокунии ҷузъиёт дар ашёҳо ба чашм мерасад. Ин зуҳурот на анҷом, балки оғози рушди протсесси идрок дар кўдак аст. Ҳангоми гузариш аз синни томактабӣ ба синни мактабӣ дар зери таъсири фаъолияти бозӣ намудҳои мураккаби таҳлил ва таркиби биноӣ шакл мегиранд. Маҳз амали фикрии таҳлил, яъне фикран ба қисмҳои алоҳида ҷудо намудани ашёҳо дар доираи биноӣ ва таркиб намудани онҳо ва дар ҳамин асос дарк кардани моҳияти ашё ба ин давраи ҳаёт рост меояд.

Идрок дар давраи мактабӣ бемайлон рушд меёбад ва якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум бо шаклгирии образи мувофиқӣ ашё дар раванди манипулятсия бо ин ашё алоқаманд аст. Кўдакон дар марҳилаи навбатӣ бо хусусиятҳои фазогии ашёҳо бо ёрии ҳаракати чашм ва дастон шинос мешавад. Кўдакон дар марҳилаҳои минбаъда қобилияти тез ва бидуни ҳама гуна ҳаракатҳои беруна фаҳмидани хусусиятҳои муайяни ашёҳои идрокшаванда ва дар асоси ин хусусиятҳо аз якдигар фарқ кардани онҳоро аз худ мекунанд. Дар ин марҳилаҳо аллакай иштироки фаъолияти ҳаракатӣ дар раванди идрок кам мешавад.

Мавриди қайд аст, ки дар рушди идрок намудҳои гуногуни фаъолият, аз қабили фаъолияти бозӣ, таълимӣ ва меҳнатӣ нақши калон доранд. Агар дар давраи кўдакӣ ба инкишофи идрок фаъолияти бозӣ мусоидат кунад, пас идрок дар давраи калонсолӣ дар рафти фаъолияти таълимӣ ва меҳатӣ инкишоф меёбад. Фарқияти асосии идроки воқеият дар давраи кўдакӣ аз давраи калонсолӣ дар он аст, ки дар давраи кўдакӣ ҳангоми идроки ашёю ҳодисаҳо кўдакон бештар ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва дар давраи калонсолӣ бошад, ин хатогиҳо камтаранд. Муҳимтарин сабаби кам шудани хатогиҳоро дар протсеcси идрок дар давраи калонсолӣ мунтазам ҷамъшавии таҷрибаи ҳаётӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Мавриди қайд аст, ки дар синни калони мактабӣ идроки бачаҳо аз идроки калонсолон қариб фарқ намекунад.

test

Добавить комментарий