Низоъ ва роҳҳои пешгирию бартарафнамоии он дар рафти фаъолияти касбӣ

Нақша

  1. Низоъ чист? Мафҳуми низоъ.
  2. Сабабҳои бавуҷудоии низоъ.
  3. Роҳҳои бартарафнамудани.
  4. Низоъ чист? Мафҳуми низоъ.

Низоъ – ин ихтилофи байни одамон аст, ки ба ҳалли ин ё он масъалаи ҳаёти иҷтимои ва шахси алоқаманд аст А.Г Кавалев.Конфликт ё низоъ аз забони лотини буда маънои муноқишаи тарафайн, ақидаҳо ва қувваҳо мебошад.

  1. Сабабҳои бавуҷудоии низоъ.

Сабабҳои пайдоиши низоъ масъалаҳои гуногуни ҳаёт шуда метавонанд. Хусусан, дар сохтори ҳаёти иҷтимоӣ муноқишаю зиддиятҳо зуд-зуд ба амал меояд, ки боиси норозигӣ ва зиддияти одамон мегардад.

Низоъ дар байни ду кас ва зиёд аз он дар байни гуруҳҳои мухалиф, байни оилаҳо, ҳамсояҳо барои ҳалли ин ё он масъалаҳои иҷтимоӣ ба амал меояд.

Маркази диққат дар низоъ зиндаги ва фаъолияти субъекти (аъзои ҷамъият, инсон ) мебошад.

Низоъ дар сатҳи давлат низ ба вуҷуд меояд. Дар байни давлатҳо норозигӣ оидӣ сарҳад, маҳал, муносиб, иқтисодӣ, ҳарбӣ боиси ба амал омадани низоъ мегардад. Низоъ дар асоси ҷабҳаҳои гуногун ҳаёти ҷамъияти ба вуҷуд меояд. Ба сохтори моҷаро дохил мешавад: моҷароҳои байналхалқи, синдат, байналмилалӣ, байни гуруҳҳои этники, динӣ, демографӣ,регионалӣ ва ғайра. Моҷароҳо дар доираи сиёси хеле васеъ ба амал меояд: Инқилобҳо, ҷангҳо.

Моҷароҳо дар чунин шаклҳо ба амал меоянд: дарозмуддат, кӯтоҳмуддат, аз рӯи манбаъи моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ,аз рӯи дараҷа маҳдуд ва моҷарои шахсияти алоҳида.

З.Роҳҳои бартарафнамудани.

Рафти инкишофи моҷаро якчанд давраро аз сар мегузаронанд, ки яке аз онҳо вазъияти ба амаломада мебошад. (яъне вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ). Агар вазъияти баамаломада ба зидди ҳалли худро наёбад ба низоъ оварда мерасонад.

Дар аксарияти мавридҳо моҷароҳо ду вазъияти объективӣ, новобаста ба хоҳиши тарафҳо ё гуруҳҳои моҷароҷуи ба амал меояд. Масалан: кам кардани шумораи коркунон дар муассисаҳо, корхонаҳо. Вале омили субъективӣ дар ҳама ҳолат роли муҳимро бозӣ мекунад.

-давраи пардапӯши муноқиша – аллакай элементҳои асосии моҷаро пухта расидаанд,ин давраи якчанд марҳилларо дар бар мегирад.

  1. Пайлоиши вазъияти объективии моҷароҳо.
  2. Аз тарафи субъектҳо маълум кардани манфиатҳо, чунки бе ин моҷаро маъни надорад.
  3. Алоқаи зич дорад ба якум, ки дар ин мавридмақсади гуруҳҳои моҷарои Ӯ равшан маълум мегардад.
  4. Ин инъикоси пурраи манфиатҳо буда, бар зоддаи тарафи муқобил муборизаи қатъи бурда мешавад.
  5. сар шудани моҷароро нигоҳ дошта дар ин давра барои нигоҳ доштани манфиатҳо амалиётҳои конкрети сар мешавад. Масалан, ба таври расмӣ муроҷиат намудан корхона ба вазорат гуруҳҳи муқобил ва ҳукумат ва ғайраҳо.

Роҳҳои ҳали моҷароҳо.

а) . Аз байн бурдани объекти мавҷудро.

б) . Тақсим намудани объекти мавҷудро дар байни тарафҳо.

в) . Муаян намудани вақти ба навбат истифода бурдани объект аз тарафи гуруҳҳо.

г) . Уброн кардани зарари грӯҳи зарардида.

д) . Халос кардани тарафҳо

е) . Гузаронидани гуфтушунид ва ғайра.

Хулоса барои ҳали моҷароҳо пеш аз ҳама созиши тарафайн зарур аст: 1). Созиш дар натиҷаи мувофиқ омадани нуқтаи назари тарафҳои моҷароҷӯӣ 2). Созиш дар асхои эътирофи қондинҳо ва иродаи қувваҳои беруна 3). Созиш дар натиҷаи қабул кардани иродаи яке аз тарафҳои маҷароҷӯ.

test

Добавить комментарий