Асосҳои психологии маданияти идоракунӣ дар раванди фаъолияти касбӣ

Нақша:

1.Мафҳумҳои маданият ва тамаддун.

  1. Маданияти идоракунӣ дар корхона.
  2. Маданияти роҳбар дар фаъолияти касбӣ.

1.Мафҳумҳои маданият ва тамаддун.

Маданият ин калимаи арабӣ буда, аз номи шаҳри Мадина гирифта шудааст, яъне шаҳрнишин, шахсе,ки дар шаҳр зиндаги мекунад, ӯро бомаданият мегуянд.Дар Эрон низ номи шаҳр аст «Мадоин», ки ба маънои калимаи номбаршуда далолат мекунад.Мафҳуми култура бошад аз забони лотини оварда шудааст. Аз калимаи култиватсия появӣ- обрядки – яъне дуруст ба тартиб даровардани қаторҳо.

Тамаддуни ин дараҷаи олии маданият аст, яъне шакли ҷамъгардидаи маданият мебошад.

Дар психология асоси маданияти идоракуниро муошират ташкил медиҳад, ки ҳангоми таснифи робита дар раванди муошират бояд бо нишонаю аломатҳоӣ зерин эътибор дод: синну сол, ҷинс, касб, сатҳои умумии фарҳанг, маърифатноки, дараҷаи ташаккули маданиятнокии муошират.

2.Маданияти идоракунӣ дар корхона.

Маданият ду хел мешавад: моддӣ ва маънавӣ:

Ба маданияти моддӣ дохил мешаванд: хӯрокворӣ, либос.

Ба маданияти маънавӣ дохил мешавад: илм, дониш, маърифат.

Агар аз рӯи шакл ва мундариҷа амалҳои робитаро дида бароем меъёрҳои таснифи он хеле дигаргун мешаванд: Масалан мундариҷаи муошират ба мубодилаи молию пулӣ алоқаманд бошад, муошираткунандагон бояд ба психологияи пул аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки оё пул ҳам дорои хосияти психологӣ шуда метавонад.

Татқиқотҳои солҳои 70-80 асри ХХ- олимони соҳаи психология омил- нишонаҳои пулро муайян кунад:

  1. Пул меъёри муваффақият ва беҳбудист
  2. Пул талаботи иҷтимоии предмету атрибути дасти аст.
  3. Пул объекти нафратангез аст.
  4. Пул аз нуқтаи назри ахлоқ бади аст.
  5. Пул фароҳамоварандаи шароити хуби зиндаги аст.
  6. Пул арзиши тиҷорати аст.

З.Маданияти роҳбар дар фаъолияти касбӣ.

Маданияти роҳбар дар корхона, дар назди коргарон аз ҳама нуқтаи марказиятнок ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ ду фаъолияти касбӣ ба ҳама тарафҳои фаъолияти роҳбар диққати ҷиддӣ дида мешавад.

Роҳбар бояд аз ҳама ҷиҳат маданиятнок боша два маданияти ӯ аз дигарон як андоза болотар эҳсос шавад.

Роҳбар бояд аз ҷиҳатҳои зерин:

  1. Сарулибос, озодагӣ, покизагӣ, поктинатӣ, хушахлоқӣ, донишмандӣ, меҳрубонӣ, ҷиддият, самимият аз дигарон фарқ кунанд.
  2. Муносибат: гуфтугузор бо коргарон, зердастони худ бояд дар асоси доираю меъёри ахлоқи ба роҳ монда мешавад.
  3. Муошират, одоби сухангӯии роҳбар чунон баланд бошад, ки зардастон аз ӯ ин хислатҳоро омӯзанд.
  4. Ҳам сахтгир, ҷидди ва дар навбати худ, ҳам дилсӯзу меҳрубон, самими боша два ғайра.

Муносибати дурусти волидайн асоси оила ва оиладорист

Оила ҳамчун донишкадаи чомеаи инсони рохи дуру дарози мураккабро аз шаклхои кабилавии зиндагӣ шурӯъ карда аз сар гузаронидааст. Оила қабл аз ҳама бо пояҳои ахлоқии худ машҳуру устувор буда, пояи аслӣ доимо сарвар ё сардори хонавода ба ҳисоб мерафт. Асоси онҳоро андешаҳои мардсолорӣ ё модаршоҳӣ ташкил медоданд, ки аз насл ба насл мегузаштанд. Дар айни замон вазифаи ниҳоят муҳиму марказие дар назди оила пайдо шудааст, ки иборат аз фароҳамсозӣ ва нигаҳдории шароитҳои хубу муносиби психологӣ барои ҳар як аъзои хонавода мебошад. Гарчанде оила зимни муносибатҳои зичи хешовандию кӯдакон ва волидайн устувор буд, дар айни замон дар асоси муносибатҳои дурусти зану шавҳардорӣ поянда аст. Оила барои ҳамаи аъзои он ягона фазое мебошад, ки дар он қисмати зиёди умри ҳар яки онҳо мегузарад.

Оила маконест, ки тамоми хушию хурсандии инсон ва тамоми ғаму андӯҳи инсон низ он ҷо мегузарад.

Оила ҷоест, ки он ҷо завҷаи маҳрубон ва фарзандони азиз мову Шуморо интизоранд. Аз ин рӯ ҳар як шахси оиладорро лозим меояд, оиларо устувор нигоҳ дорад, зеро ки ноустувории оила боиси он мегардад, ки оилаҳои нопурра пайдо мешаванд ва обрӯю эътибори волидайн коста мегардад, илова бар ин вайроншавии оила ба саломатии кӯдакон ва калонсолон таъсири бад мерасонад.

Инчунин ба қатори оилаҳои ноустувор метавон хонаводаҳоеро дохил намуд, ки дар чаҳордевори онҳо миёни зану шавҳар доимо низоъу ҷидол аст ва ин ба тарбияи фарзандон таъсири нохуш мебахшад.

Аз ҷумла омилҳое, ки ба оилаи имрӯза метавонад таъсир бахшад, мавқеи нави иҷтимоии занон, мустақилияти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо мебошад.

Назари муҳақиқон оиди ин масъала гуногун аства дар асоси ин баъзе аз олимон навъҳои гуногуни оилаҳо ва нақши падару модарро дар онҳо пешниҳод намудаанд. Муҳаққиқи америкоӣ К. Киркпатрик нақши волидайнро аслан чунин табақабандӣ менамояд.

А) Нақшҳои анъанавӣ (суннатӣ) , ки вазифаи занонро аз тарбияи фарзандон иборат медонад. Ҳамчунин, тамоми корҳои оилавӣ бояд ба дӯши ӯ вогузор гардад ва ба тамоми талаботҳои шавҳари худ тобеъ бошад.

Б) Нақшҳои рафиқона: дар ин ҳолат мавқеи зану шавҳар бо тарзи ҳамдигарфаҳӣ, ҳамфикрӣ ба роҳ монда мешавад. Ин нақш аз зану шавҳар талаб менамояд, ки оиларо ба таври муштарак аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин намоянд: барои тарбияи фарзандон масъулияти умумӣ дошта бошанд: дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ баробар ширкат намоянд.

Оила дар асоси маҷмӯи муносибатҳои байнишахсӣ ва таъсири байниҳамдигарии зану шавҳар ва фарзандон шароити мушахасро барои инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдак муҳайё месозад.

Хулоса, муносибати дурусти падару модар-асоси оила ва оиладорист, зеро агар падару модар ҳамдигарро эҳтиром намоянд, дӯст доранд, ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ намоянд, фарзандонашон низ ин амалҳоро дар худ таҷассум менамоянд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.