Пайдоиш ва инкишофёбии илмӣ сотсиология

Аз аввалин афкору ақидаҳои иҷтимоиётшиносӣ то ба илм расидани сотсиология.

 

Шароити таърихӣ, заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии афкору ақидаҳои иҷтимоиётшиносӣ ва ба миён омадани фаҳмишҳои сотсиологӣ.

Таърихи илму маърифатомӯзӣ кушоду равшан гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ягон давру замон ягон илме тасодуфан пайдо нашудааст. Пеш аз он ки ин ва ё он илме пайдо шавад барои ба миён омадани вай шароит, заминаҳои муайяни объективӣ ва суъективӣ муҳайё мегарданд. Ба ҷумлаи шароит ин чунин вазъиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ,фарҳангӣ,идиологӣ ва ғ. дохил мешаванд. Вазъияти иқтисодӣ бошад асосӣ ё худ таҳкурсии ҳамаи дигар шарту шароитҳо ба ҳисоб меравад. Зеро, ки маҳз дар чунин замина ҳаёти иҷтимоии мардум қарор гирифта,ҳамчунон ченак ва ё худ омили муайян кунонидаи афзоли ҷомеа хизмат мекунад. Сотсиология маҳз дар давру замоне ба миён омада тавонист, ки дар ҷомеаи сармоядорӣ проблемаҳои баҳсноки иқтисодию иҷтимоӣ диққати як гӯрӯҳ мутафакиронро ба худ ҷалб сохта буд. Яке аз чунин проблемаҳо ин дарёфт намудани омилҳои таъсиррасон дар таъмини пешрафти ҷомеа, ба меҳнати пурмаҳсул ташкилу сафарбар сохтани аҳли меҳнат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии корхонаҳо, афзун намудани ҳосилнокии меҳнат ва монанди инҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар солҳои 30-40- асри Х1Х, ки ба давраи гузариш аз капитализм ба империализм рост меояд, ҳатман ҳамаҷиҳата тараққӣ додани иқтисодиёт ва ба даст даровардани даромаднокӣ аз ҷумлаи масъалаи асоситарин ба ҳисоб мерафтанд. Баҳри чунин мақсад дар байни мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон : Франсусҳо, Олмон, Амрико, Англия ва ғ. дигар рақобати сахт ба миён омада буд ва ғалабаи ҳар яке ба он зич вобастагӣ дошт, ки кадоме аз онҳо чунин пешсафиро ноил мегардад. Барои ин мебоист вазъиятро омӯхта, таҳлил карда истода, аз диди илм хулосаи дуруст баровардан лозим буд. Талошҳои олимони зиёде дар ин ҷода шурӯъ гардид ва яке аз онҳо олими физики франсӯз Огюст Конт аввалин шуда омили асоситарини таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакаташро муайян сохт. ин дар омили инсонӣ зоҳир меёфт.О.Конт (1798-1859) маълум сохт, ки агар аҳли меҳнат ба кору касб, ҳунари зиндагии хеш ҳамаҷиҳата ҳавасманд гардонида шавад, шароити хуби кор, музди баланди меҳнатӣ, ғамхорӣ зоҳир намудан ба коргарон, дилсӯзона рафтор намудавн ба мардуми заҳматкаш ва ғ.дигар муҳайё бошанд, коргарон ҳамон қадар ба меҳнати пурмаҳсул дода хоҳанд шуд ва таъмини хуби пешрафти иқтисодӣ дар мамлакат имкон мегардад. Тавсияҳои вай дар амал (фаъолияти кормандони заводу фабрикаҳо) тасдиқ ёфтаанд ва натиҷаҳои хубро ҳам доданд. Ӯ дар асоси чунин тадқиқотҳо имконе пайдо намуд, ки бори аввал сотсиологияро кашф намояд» (соли 1839) дар ин бора асари эҷод кардаи вай -«Курси фалсафаи позитивистӣ» гувоҳӣ мадиҳанд. Дар ин асараш ӯ дар бораи предмет, методҳои сотсиологӣ, таърифи сотсиология, назарияи индустриалии инкишофи ҷомеа ва ғ. сухан меронад. Олим асоси хулосагирии илмро дар омӯхтани далелҳои ба даст оварда ва равшан сохтани алоқамандии онҳо медид. Ба ин мақсад ӯ назарияи худро дар ду қисм : «Диалектикаи статикӣ» ва «Диалектикаи динамикӣ» таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки маҳс ин инкишофи диалектикаи иҷтимоӣ (рӯҳӣ, ақлонӣ, маънавӣ, раванди ҳолатхои иҷтимоӣ) ва диалектикаи оморӣ-статикӣ (шароити зиндагӣ, наҷодӣ, давомнокии умри инсон, зиёду кам шавии аҳолӣ, тадқиқоти меҳнат, инкишофи қувваи интеллектуаллӣ ва ахлоқӣ) ояндаи ҷомеаро муайян менамоянд. Дар ин давра, ки илмҳои иқтисодӣ, таърих, оморӣ, табиатшиносӣ тараққӣ ёфта буданд, минбаъд акнун фалсафаи иҷтимоӣ бо таври назариявӣ бисёр масъалаҳоро хулосагири кардан имкон надошт, зарурате ба миён омад, то ин, ки воқеаю ҳодисаҳо (аз ҷумла иҷтимоиёт) ба таври таҷрибавӣ мушаххасан омӯхта, таҳлил карда шаванд.О.Конт чун файласуфи позитивистӣ ба хулосае омад, ки на фалсафаи иҷтимоӣ, балки сотсиология метавонад ба таври ба даст даровардани далелҳои фоидаовар масъалаҳоро ҳал намояд.

О.Конт се тарзу усули омӯзиши ҳаёти иҷтимоиро кор карда баромада буд:

  • Мушоҳида (чизи объективӣ, аниқдиҳанда);
  • Санҷиш (эксперемент) – ба таври сунъи шароит муҳайё карда, чизеро аниқ кардан.
  • Муқоиса (барои ҷиҳатҳои умумии дар қонуниятҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштаро баҳо додан). Ӯ ба системаи асосии ҷомеа: оила, давлат, динро дохил карда буд.Ҷомеа,

қайд мекунад ӯ, аз оилаю оиладорӣ сар мешавад. Давлат бошад, баъдтар чун назораткунандаи муҳими ҷомеа пайдо мешавад. Бе давлат пешравӣ нахаҳад шуд. Вале асоси ваҳдати ҷомеаро гӯё дин ташкил медода бошад (дар ин бора дар қисмати «Статикааш» сухан меравад). Дар қисмати «динамика» – аш бошад дар бораи омилҳои инкишофдиҳандаи ҷомеа омилҳои руҳӣ ва географӣ ҳарф задааст.

О.Конт 3 давраи инкишофёбии ҷомеаро :

  • теологӣ, метофизикӣ (асри 14-18) ва позитивистӣ (инкишофи саноат ва таъсири вай ба маърифати одамон, инкишофи илм)- ро нишон додааст. Хизмати Конт дар он гардид, ки ӯ аввалин шуда ба илми сотсиология поя гузошт, қонунияти табиӣ- таърихии инкишофи ҷомеаро асоснок карда, омӯзиши илмии онро таъкид намуда тарзу усули империкии омӯзиши ҳаётро нишон дод.

Дар он давра, баъди 20 сол, сотсиологи дигар Герберт Спенсер (1820-1930) аз Англия (биолог) ба майдони илму фарҳанг баромада, бо тарафдории назарияи органикӣ – натуралистӣ (ҷомеаро ба инкишофи зина ба зинагии органикӣ- биологӣ ҳамқадам дониста) дар инкишофи сотсиология ҳиссагузориҳо мекунад. Г.Спенсер ҳаёти иҷтимоиро чун организми зинда дар ҳамешагӣ, бо таври системанок инкишофёбанда таҳлил намуда, аввалин маротиба дар илми сотсиология мафҳумҳои «структура», «функсия», «система», «институт»-ро ба кор бурдааст.Ӯ аз назарияи давлат баҳраманди карда истода, такя ба он баъзе фикрҳо (инкишофи табиати таърихӣ, қаблан вуҷуд доштани қувваҳои боқувват ва камқувват ва ғ.)- ро дар ҳаёти ҷомеа маъқул донистааст.Ҳамин тавр, сотсиология шинохта мешавад ва минбаъд ба он боз дигар олимон (Гюстав Лебон 1841-1931, Габриел Тарду 1843- 1904, Фердинат Тёнинс 1855-1936, К.Маркс 1818- 1883, Ф.Энгелс 1820 -1895 ва дигарон) завқу ҳавас зоҳир карда, фикру ақидаҳои ҷолибе баён кардаанд. имрӯз сотсиология чун илмӣ ҷаҳонӣ шинохта шудааст.Барои он ки намояндагони вай аз ӯҳдаи ҳалли вазифаҳое, ки дар назди ин илм истодааст бо хуби баромада тавониста истодаанд.

Ба вуҷуд омадани аввалин назарияҳои умумисотсиологӣ.

Дар ҳақиқат ҳам состсиология чун ҳамаи дигар илмҳои ҷаҳони яку якбора, дар заминаи хушку холӣ пайдо нашудааст. Асоси пайдоиш, инкишофёбии онро, бешубҳа назарияҳои ҷомеашиносон, ки то пайдо шудани сотсиология оиди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ байён сохта буданд, ташкил медҳанд. Дурустаст, ки бисёр ақидаю назарияҳо характери субъективиро доштанд ва дар онҳо ифодаи дар фикри муаллифон, ҷаҳонбинию ҷаҳонмаънидодкуниҳои онҳо инъикос ёфта буданд. Вале дар байни онҳо фикрҳои ҷолиберо низ дидан мушкил нест, ки маҳс чунин афкору ақидаҳо ба ҷумлаи заминаҳои илмии пайдоиши минбаъдаи сотсиология гардиданд. Ҳамин аст, ки диди ҷаҳонбинии сотсиологӣ дар адабиёти ба ин соҳа бахшидашуда ба а) сотсиологияи ҷаҳонбинии стихиявӣ; б) шуъурнокии (дидӣ) муқаррарӣ; в) фикрронии ақлонӣ; г) сотсиологияи тадқиқотӣ – илмӣ тақсим ёфта буданд ва маҳс ҳамин зинаҳо дараҷаҳои (мухталифи) пайдоиш, ба камолрасӣ ва сипас, ба илмӣ ҳақиқӣ табдил ёфтани сотсиологияро ташкил медиҳанд. Дар зинаи аввали пайдоиши афкору ақидаҳои иҷтимоӣ файласуфони иҷтимоиётшинос Афлотун (427- 347 пеш аз мелод), Арасту (384-322 пеш аз мелод), Н.Макеавелӣ, Ҷ.Локк, О. Таёббе, Волтер, Дидро, Конт, Г.Спенсер ва дигарон аз ҳама бештар ҳиссагузориҳо карда буданд. Афлотун дар асараш «Давлат» дар бораи паҳлуҳои гуногуни сиёсат, давлат, қонун, ахлоқ ва ғ. сухан ронда, аввалин маротиба назарияи стратификатсияро кор карда мебарояд. Дар ин назария ӯ дар ҷомеа вуҷуд доштани се синф: табақаи болои (олимон, идоракунандагони ҷомеа); табақаи мобанӣ (артиш, посбонҳо); табақаи поени (бенавоён, ҳунармандон, деҳқонон)- ро нишон дода, вазифаҳои онҳоро қайд карда буд.

Арасту фикри Афлотунро давом дода, дар ҷои аввал синфи мобайниро (ҳимоятгарон) медонад. Синфҳои бой ва камбағалро низ инкор намекунад. Солҳои 30-40-ми асри 19 дар илми сотсиология ҷаҳише ба миён омад. Соли 1839 олими франсузӣ файлосуфи позитивистӣ О.Конт аввалин шуда ибораи сотсиологияро кор карда мебарояд ва онро таъриф ҳам медиҳад. Предмети омӯзиши сотсиология, тарзу усулҳои омӯзиши проблемаҳои иҷтимоиро нишон дода буд. Ӯро падари назарияи индустриалии фаҳмиши ҷомеа ҳам медонанд. Ӯ мегӯяд, ки акнун ки фалсафа минбаъд аз ӯҳдаи бевосита омӯхтан, таҳлил кардан ва хулоса баровардани проблемаҳои иҷтимоӣ баромада наметавонад, бояд фанне барояд, ки ин вазифаро ҳал карда тавонад. Азбаски сотсиология холо тарзу усули худро надорад, мегӯяд ӯ, метавонад ӯ аз тарзу усули фаннҳои табиатшиносӣ: мушоҳида, эксперемент, муқоиса истифода барад. Ҳамшаҳрии О.Конт – Эмил Дюргем, ки ӯро пионерии сотсиологияи амалӣ меноманд, баъди панҷоҳ соли О.Конт дар сотсиология як ҷаҳиши наве ба миён овард. Асоси омӯзиши иҷтимоиётро ӯ низ дар далелҳои иҷтимоӣ медид. Ӯ таҳқиқу таҳлили ҳолатҳои худкуширо, масалан, хулосагири карда, назарияи методологии функсиониро кор карда мебарояд. Дар бораи тақсимоти ҷамъмиятии меҳнат, ваҳдати (алоқамандии) ҷиҳатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, механикӣ, шуури коллективӣ, инкишофи тадриҷан ҳам фикрҳои ҷолибе баён кардааст. Баътар дар Германия низ сотсиологҳои шинохта, ба монанди Макс Вебер, Георгий Зимел, Ферденанд Тенис, К.Маркс, Ф.Энгелс ба майдони илм баромаданд.

Макс Вебер сотсиологи олмонӣ аввалин шуда (1864-1920) таълемотеро дар бораи омилҳои иҷтимоӣ, мақсад аз онҳо, касбу ҳунармандӣ, соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ,сотсиологияи шаҳру шаҳрдорӣ, сотсиологияи стратификатсионӣ, тадриҷан тараққи ёфтани ҷомеаи сармоядорӣ асосҳои сиёсатшиносӣ ва ғ. дигар фикрҳои ҷолибе баён кардааст. Сотсиологи дигари Англис Герберт Спенсер (1820-1903) дар бораи назарияи тадриҷан инкишофи ҷомеа сухан карда инкишофи ҷомеаро ба инкишофи тадриҷан биологӣ як донистааст (натуриалистӣ).

Дар охирҳои асри Х1Х ва аввали асри ХХ махсусан дар Америка идеяҳои сотсиологӣ хело ҳам тараққӣ меёбад ва даҳҳо ҳазор тадқиқотҳо гузаронида мешаванд, ки маҳс натиҷагирӣ аз онҳо боиси обутоб ва ташаккулёбии илми сотсиология мегарданд. Соли 1892 аввалин маротиба дар университети Чикого факултети сотсиологӣ кушода мешавад. Соли 1918 дар донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург ) ва 1919 дар донишгоҳи шаҳри Москва, ба номи Ломоносов, кафедраи сотсиология кушода шуда буд. Сотсиология дар собиқ СССР то соли 1929 вуҷуд дошт. Соли 1929 Сталин и.В. сотсиологияро чун илми «Буржуазӣ» баст. Баъди бистуҳафт сол, яъне соли 1956 боз сектори сотсиология дар назди АУ СССР кушода шуд. Соли 1971 донишгоҳи тадқиқоти сотсиологии СССР кушода шуд. Ҳоло дар назди АУ Руссия Пажоҳушгоҳи илмии сотсиологӣ фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон аз 1964 инҷониб, аввало сектор, баътар сектори сотсиологӣ, ҳоло бошад шӯъбаи сотсиология дар назди Пажоҳишгоҳи фалсафаи АУ ҶТ амал карда истодааст.

О.Конт ва Герберт Спенсер – асосгузорони сотсиологичяи

позитивистӣ.

Сотсиологияи позитивистӣ аз фалсафаи позитивистӣ бар меояд. Аммо ба сабабҳои он ки дар нимаи дуюми асри Х1Х фанҳои табиатшиносӣ хело зиёд тараққӣ мекунанд ва махсусан физика пеш меравад (ба ёд оваред физикаи механикаи и.Нютонро, биология – назарияи эволютсионии Дарвинро ва ғ.) Фаҳмиши нави илмӣ ба ҷои фалсафаи пешин ба миён меоянд. Олимони зиёде тараққиёти ҷомеаро ба тараққиёти табиат айният дода, кӯшиш мекарданд, ки бо истифода аз қонунҳои табиатшиносӣ (химия, биология, физика) ҷомеаро маънидод намоянд. Чунин тарзи фикрронӣ характери таҷрибавӣ, эмперикиро дошт. Ба ғайр аз ин дар ин давра, ки капитализм ба империализм мегузашт, зарурияте ба миён омад, ки чунин ҳолат аз диди илм маънидод карда шавад. Зиёиёни зиёде бедор мешуданд. О.Конт яке аз аввалинҳо шуда ба фаҳмиши ҷомеа равшании наве андохтани шуд. Ба фикри ӯ ҷомеа, ки хеле ҳам бо суръати тез пеш рафта истодааст, дар он тағииротҳои воқеӣ зиёде пеш омадаанд, акнун бо тарзи фалсафӣ (соф – назариявӣ) маънидод кардани онҳо ғайри имкон гардидааст ва аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки ба амалия (воқеияти ҳаррӯзаи зиндагӣ) рӯ оварда шавад ва тарзу усулҳои нави омӯзиш, таҳлил ва хулосагирӣ бояд кор карда баромада шаванд. инро метавонад танҳо сотсиология иҷро кунад. Вай, ки ҳоло наву тоза аст, имкон дорад, ки аз табиатшиносӣ тарзу усулҳои мушоҳида, муқоиса, санҷишу таҳқиқро истифода барад. Сотсиология, – мегӯяд О.Конт – илми ҷомеашиносӣ аст. Мутафаккир сотсиологияро маънидод карда, онро ба муқобили фалсафа мегузорад. Ӯ қайд мекунад, ки ҳақиқатро бояд аз рӯи далелҳои иҷтимоӣ, алоқамандии, онҳо бояд исбот намудан афзун аст. Назарияи О.Конт дар бораи ҷомеа аз ду қисм: диалектикаи иҷтимоӣ ва статистикаи иҷтимоӣ иборат аст. Ба динамикаи иҷтимоӣ – руҳӣ, ақлӣ, ба статистика бошад – иқлим, камшавии аҳолӣ, тақсимоти меҳнат дохил мешавад.

Ӯ дар асарҳои худ асосан дар бораи тарзу усулҳои омӯзиши ҷомеа сухан меронад.Ҳамин тавр хизматҳои О.Конт дар сотсиология аз он иборат аст, ки ӯ аввалин шуда чанде аз мафҳумҳои сотсиологиро дар илм ҷорӣ намуд ва онро маънидод кард. инчунин тарзу усулҳои сотсиологи: мушоҳида, санҷиш ва анализро аввалин шуда кор карда баромада аст. Сарфи назар аз чунин хизматҳояш О.Конт нафаҳмидааст, ки сотсиология илм аст ва барои ҳамин ҳам ӯ гумон дошт, ки сотсиология гӯё ҳамчун тарзи ба даст ^даровардани далелҳои фоидабахши (позитивисти) мебошаду халос.Ӯ инчунин сотсиологияро ба физика (табиатшиносӣ) айният дода, моҳияти қонунҳои иҷтимоиро нафаҳмидааст.

Дар илми сотсиология Герберт С^енсер (1820-1903) -ро низ асосгузорӣ сотсиологияи позитивистӣ медонанд. Ӯ низ табиатшинос (биолог) буд. Таъсири назарияи тадриҷан тараққӣ ёфтани табиати Ч.Дарвин-ро хатогифаҳмида хост ки дар ҷомеашиносӣ онро тадбиқ намояд. Ҷомеаро ба организми биологӣ айният шуморида, гумон дошт ки аз диди қонунҳои биологӣ ҳаёти иҷтимоиро дониста гирифтан мумкин аст. Вай низ яке аз аввалинҳо шуда дар сотсиология мафҳумҳои структуравӣ, функсионалӣ,

система, пажуҳҳишгоҳ, дифератсиони ва ғ. ба кор бурдааст. Ба қавли ӯ агар, инсон хоҳад намирад фаъол бошад, камфаъолӣ ӯро мекушад. Ақидаҳои ӯ бои си ба миён омадани равияи психологӣ дар сотсиология гардид. Вай низ тарафдори ба таври воқеи, империкии омӯзиши ҳаёти иҷтимои буд.

Сотсиология аз калимаҳои лотинӣ состиг (ҷамъият) ва юнони – логос (таъминот) гирифта шуда, маънояш таълимот дар бораи ҷомеа мебошад. Чунин ақидаро бори аввал О.Конт ифода карда буд ва Г.Спенсер ба ӯ пайрави карда, ботаври аз диди биологӣ маънидод кардани давоми ҳаёти иҷтимоиро ба миён гузошта буд: Албатта, дар ин ҷо таъсири давру замонаро набояд фаромӯш сохт.

  1. Давраҳои асосии ташаккулёбии сотсиология. Аз сотсиологияи
    позитивистӣ то ба илм расидани сотсиология.

Омӯзиши сарчашмаҳои хеле ҳам фаровони ҷомеашиносӣ, алалхусус, адабиётҳои бахши сотсиология интишор шуда, таҳлилу хулосагирӣ аз онҳо гувоҳи медиҳанд, ки сотсиология чун илм имрӯз дар ҷаҳон хуб шинохта шуда аст.Аммо бояд қайд намуд, ки чунин шӯҳратро тасодуфан яку якбора пайдо накардааст. Пайдоиш, ташаккулёби ва то ба дараҷаи илм ба камол расидани он давраҳои тӯлониро дар бар гирифта, дар давру гардишҳои гуногун мавқеи илмӣ доштани худро боз ҳам пурқувваттар сохта омада истодааст. Аз ин рӯ, каме ҳам бошад, ба ин давраҳои пайдоиш ва ташаккулёбии сотсиология равшани андохтан боиси боз ҳам дуруст омӯхтан, фаҳмида гирифтан ва хулосагири кардани он мегардаду халос. илмҳои ҷаҳони оғози худро асосан аз ҷаҳонбинии фалсафӣ, дар шакли аввалини он – содалавҳона шурӯъ намуда, баъдтар обутоби илмӣ – эҷодӣ ва назариявиро мегиранд. Сотсиология низ аз чунин сарчашма об нӯшидааст. Мо аввалин фикрҳои иҷтимоиётшиносиро аз файласуфони шинохтаи ҷаҳони Афлотун (427-347) , Арасту (384-322) ва баъдинаҳо ёдрас шуда метавонем. Асарҳои безаволи Афлотун «Давлат», «Қонунҳо», ки ба зумра масъалаҳои иҷтимоӣ: сабабҳои пайдоиши давлат, сохти идоракунии ҷомеа, вазифаҳои давлат, ба табақаҳо (синфҳо) тақсим шудани одамон, тақсимоти меҳнат, вазифаи давлатдорон ва ғ. бахшида шудаанд, худ гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Афлотун аввалин шуда назария стратификатсияро кор карда баромад. Ӯ нишон медиҳад, ки ҷомеа аз 3 табақаи синфӣ: Олӣ (равшанфикрон, идоракунандагон), миёна

(муҳофизаткунандагон, ҷанговарон), поёнии (ҳунармандон, деҳқонон) иборат мебошад. Арасту бошад фикри Афлотунро давом дода мегӯяд, ки дар ҷомеа се табақаи синфӣ: 1) синфи миёна (асосӣ); 2) дороён; 3) бенавоён вуҷуд доранд.

Арасту дар тарзи (намуди) идораи давлатӣ се намуди беҳтарин ва се намуди бадтаринро ишора кардааст. Ба намуди беҳтарин монархия, арестократия ва демократияро дохил кардааст. Ба тарзи идоракунии бадтарин бошад: Тирания, Олигархия ва демократияи харобгаштаро дохил менамояд. Дар асарҳояш: «Сиёсат», «Политикаи афинагӣ» дар бораи мақоми сиёсату сиёсатмадор дар ҷомеа, синфҳо сухан кардааст. Баътар дигарон чунин фикрҳоро давом дода,ба фаҳмиши онҳо иловаҳои зиёде даровардаанд. ин давраро давраи аввалин, нахустин номем ҳам шояд хато накунем. Баъди чунин қадами аввалин гузоштан ин мутафакирон қадами дуюминро дигар мутафакирон: Эликур(342-270) , мутафакиррони тоҷик, намояндагони илму адабиасрҳои миёна ва ғ. дигар гузошта тавонистанд. Баъди дуҳазор соли дигар мо асарҳои дараҷаи баланди илмӣ доштаро дар бораи ҷомеа, ба монанди асарҳои А. Макиавеллӣ, Ҷ.Локк, Г.Гоббс во мехӯрем. Дар асрҳои ХУ11-Х1Х олимони Европои: Волтер, Дидро, Кант, Гегел, О.Конт ва ғ. дигар ҷаҳонбинии сотсиологиро пурқувват сохта, ба бисёр масалаҳои баҳсноки соҳа равшание андохта тавонистанд. Асри Х1Х ва минбаъда аз асрҳое гардиданд, ки сотсиология чун илм шинохта шуд.

Аз сарчашмаҳо бар меоянд, ки сотсиология чунин зинаҳои гуногуни пайдоиш, инкишофёбӣ ва баркакмолрасиро аз сар гузаронида, имрӯз ба қуллаи баландӣ илмӣ расидааст:

а) сотсиологияи стихиявӣ;

б) сотсиологияи соддалавҳона;

в) сотсиологияи ақлонӣ;

г) сотсиологияи позитивистӣ;

д) сотсиологияи илмӣ.

Тазаккур бояд дод, ки ҳар кадоме аз ин зинаҳо ба худ хос хусусиятҳоро доранд ва омӯзишу таҳлили ҳамаҷиҳатаи онҳо ба касс имкон медиҳанд, ки ба донишҳои сотсиологӣ чуқуртар сарфаҳм равад. Асри XXI асре хоҳад гардад, ки илмӣ сотсиология боз ҳам инкишоф ёфта, роҳҳои ҳалли зумра проблемаҳои иҷтимоиро аниқу равшан нишон диҳад. Рӯ овардан ба сотсиология ин рӯ овардан ба аниқу равшан дониста гирифтанӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимои, ки мақсаду мароми зиндаги мебошад, ба ҳисоб меравад.

Ақидаҳои иҷтимоиётшиносони форсу тоҷик бошад дар саифаҳои таърихи тамаддун саҳифаҳои нотакрори худро гузошта, то имрӯз ҳамаи ҷомеашиносон, аз ҷумла сотсиологҳо, ба онҳо рӯ меоваранд ва ҷиҳатҳоеро аз таълимотҳои онҳо истифода мебаранд, ки боиси кушоиши зумра проблемаҳои ҷойдоштаи ҳаётӣ мегарданд. Аз ин рӯ мо аввало дар ин бора истода мегузарем ваз и пас ба давраҳои дигари инкишофёбии сотсиология рӯ меоварем.

test

Добавить комментарий