Методология ва методикаи ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологи

Фаҳмиши методология ва методика. Методология ва методикаи
(тарзу усули) ташкил ва гузаронидани тодқиқотҳои сотсиологи.

Дар сарчашмаҳои гуногун дар бораи фаҳмиши дурусти илмии мафҳумҳои методика методология оварда шудаанд. Сарфи назар аз он ки тарзи баёни фикрҳои олимони дар ин бора ҳарф зада якхела набошанд ҳам, амалу хулосагирии ниҳоии онҳо қариб, ки як хел аст. Барои ин ба сарчашмаҳо рӯ овардан, аз наздик шинос шудан ба тарзу усули баёни фикри муаллифон ва бартараф кардани баъзе ғалатфаҳмиҳо аз манфиат холи набуда, донишомӯзии донишҷӯёнро хело ҳам пурзӯртар хоҳад сохт. Дар ин ҷода пеш аз ҳама як нуқтаро бояд хотиррасон кард, ки то аз байн рафтани сохти давлату давлатдории собиқ Шӯравӣ ва идиеалогияи илмию назариявӣ ва амалии он ки таълимоти абарқудрат, тому ягонаи ҳиссобида мешуд – партияи коммунистии итифоқи советӣ (КПСС) ба ин масъала кассе аз олимон ҷуръатона кушоду равшан баён кардани фикри шахсии худро надошт ва сад дар сад ҳамаи онҳо, аллахуссус олимони ҷомеашинос ба ҷумлаи фаҳмиши методология, масъалан он назарияе, ки ба ном марксистӣ – ленинӣ, кор карда баромада шуда буд, қабул гардида буду халос. Аммо баъди он ки дар ҷаҳони собиқ сотсиалистӣ давлатҳои хурду калон (бузург) қомат рост карданд, соҳибистиқлолиятии ҳамаҷиҳатаи худ, аз ҷумла илмию маърифатиашонро ба даст дароварданд, вазъият дар фаҳмиши илму назария, методология ва методикаи омӯзиш, таҳлил ва хулосагириҳо аз ҳақиқати вақеиятӣ зиндагӣ комилан тағйир ёфт. Дар давоми зиёда аз понздаҳ соли соҳибистиқлолияти давлатҳои озод гашта олимони шинохтае ба майдони илму маърифат баромада, фикру андешарониҳои ҷолибе баён доранд, ки ба назару эътибор нагирифтани онҳо гуноҳ асту халос. Дар асарҳои эҷоднамудаи зумра олимони ҷомеашинос аз ҷумла сотсиологҳо, нуқтаҳои нави илмие нисбати фаҳмиши дурусти моҳият, мазмун, маъно, мақсад ва вазифаҳои асоситарину заруртарини метод, методология пайдо шудаанд ва тазаккур бояд дод, ки онҳо ба ҳақиқат хеле ҳам наздик мебошанд. Аз ҷониби онҳо исбот намудани он нуқтаи назар, ки метод ва методология чизи шах шуда монда, карахт набуда, балки вобаста ба пешрафти ҷомеа, илму фарҳанг ташаккули тафаккури илмию маърифатии одамон аҳли илму бофарҳангии ҷиҳати ҷомеа тағйир меёбанд ва ҳамаҷиҳата пурра ва ташаккул мегарданд. Зеро ки объект, фаҳмиши предмети омӯзиши ҳар фан (илм) аз ҷумла сотсиология ҳамеша дар инкишоф, тағйирёбӣ, пешравӣ ва табиатан вобаста ба табиати давру замона диди нави илмиро металабанд. Аммо тамоман раъд кардани фаҳмиши метод ва методологияи абарқудрат дониста шудаи таълимоти пешини марксистӣ- лениниро хато мебошад. Лозим аст, ки бо далелҳои ҷолибе хизматҳои намояндагони ин таълимот бояд баҳои холисонае дода шавад. Боиси тазаккур мебошад, ки хизмати чунин олимон ин муайян кардани он аст, ки назарияи методологӣ ҳамчун таълимоти дастурӣ ҳисобида шуда, таҳкид карда мешавад, ки моҳият, мазмун ва дараҷаи илмии омӯзиши масъалаҳо ҳатман аз субъективизм дур карда шавад. Қабул ва ё рад кардани онро (методологияро) зарурати дуруст ҳал намудани проблемаи ба миён омада ба миён мегузорад. Хуб аст, ки нисбати ҷо ба ҷо гузории методологияи умумӣ – илмӣ (фалсафӣ), методологияи соҳавии илмҳо (табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ ) методологии дохилии фанҳо (ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, таърихи ва ғ.) ва методологии хусусӣ (дар дохили ҳар кадоме, аз фанҳои алоҳида амал дошта) низ дар адабиёти наву тоза нуқтаҳои диққатангезе дида мешаванд ва ба чунин ақидаҳо такя карда, тадқиқот гузаронидани ҳар олим – тадқиқотчӣ аз манфият холи нест.

Дар бораи тарзу усулҳои тадқиқотӣ бошад, вобаста ба диди нави фаҳмиши илмии методология олимон чунин нуқтаҳоеро ҷонибдорӣ бояд кард, ки онҳо (тарзу усулҳои омӯзишӯ) имкони ҳаллу фасл гардидани проблемаҳоро дошта бошанд. Ҳеле ривоҷ ёфтани тарзу усулҳои навини тадқиқотӣ, баланд шудани мақоми муштараконаи (омехтаи) тарзу усулҳои илмӣ (сотсиологию ҳуқуқӣ, масалан) худ гувоҳи он аст, ки ҳоло аз ҳарвақта дида ҷаҳони ҳодисоту воқеиёт мушкилтару мураккабтар гардидаанд ва зарурати ҳаллу фасли ҳар кадоме истифодабарӣ ва ё худ аз нав кор карда баромадани тарзу усулеро водор месозанд, ки аз истифодаи дурусти онҳо ҳар чи тезтар, боварибахшонатар муроде ҳосил гардад.

Боиси тазаккур аст, ки усулҳои умумиилмӣ, илмҳои алоҳида, талаботи (принсипҳои) тадқиқу таҳлил ва хулосагириҳо (усули диалектикӣ, методологӣ, таърихият, мантиқият ва ғ.) нисбати омӯзиши проблемаҳо пеш дар пеш такомул ёфта, онҳо маҷбур месозанд, ки методология фаъол бошад. Методология ҳамчун назарияи хеле ҳам пурқуввату дастури ягонаи илмӣ дар дуруст дарк кардани проблемаҳо, муайян сохтани моҳият, мазмун ва мундариҷаи онҳо хизмат расонида, тадқиқотчиро намегузорад, ки ба субъективизм роҳ диҳад.

Тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳамеша дар ҳамаи давру замонҳо баҳри равшанӣ андохтани кадом як масъалае, хоҳ илмӣ – назариявӣ, хоҳ амалӣ, ташкил карда гузаронида шуда, натиҷагири аз онҳо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад, ки тадқиқотчӣ то кадом дараҷа ба он тайёрии ҳаматарафа дидааст. Пеш аз ҳама вай бояд ба моҳият, мақсад, мазмун ва мундариҷаи масъалаи гузошташуда, ҳам аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ ва ҳам амалӣ, хуб сарфаҳм равад ва маълум созад, ки масълаи гузошташуда ба кадом роҳ, тарзу усул имкони ҳалли муваффақиятноки худро ёфта метавонад. Барои ин бешубҳа тадқиқотчӣ мебоист дониши васеи илмӣ – назариявӣ, таҷрибаи бои касби, маҳорат, қобилиятнокӣ, зеҳни хуби мантиқӣ дошта бошад. Дар қатори маълумотҳои бои илмӣ – назариявӣ, инчунин аз иттилоотҳои зиёде низ бохабар бошад; Ба ҳар як иттилооти ба даст овардааш баҳои аниқу дуруст дода тавонад; Дарк намояд, ки кадоме аз онҳо барои ҳаллу фасли ин ва ё он зарурат доранд.

Хамаи ин аз қисмати мотодологии ҳалли масъала бар меояд ва дурусту равшан аниқ сохтани онҳо тадқиқотчиро аз роҳ додан ба зумра хатогиҳо дар тадқиқот пешгири менамояд. Ҳар он масъалае, ки сотсиолог – тадқиқотчӣ ба ҷумлаи мавзӯи омӯзиши худ қарор медиҳад таърихи худро дорад, ба дигар омилҳои иҷтимоӣ дар алоқамандӣ мебошад. Ҷиҳатҳои илмию назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад ва монанди инҳо. Сотсиолог мебоист пешаки муайян созад, ки проблемаҳои тадқиқоташ, чӣ аҳамияте дорад, ҳам барои илм, ҳам барои воқеияти зиндагӣ.

Чи тавре, ки маълум аст, тадқиқоти сотсиологӣ аксаран дар коллективҳои меҳнатӣ, яъне дар заводу фабрикаҳо, корхонахо, хоҷагиҳои деҳқонӣ барои аниқу равшан сохтани масалан, дараҷаи ҳисси коллективизм, интизомнокии меҳнат, қаноатмандии коргарон аз шароити кор, музди кор, муносибатҳои роҳбарон ба коргарон, ҳолатҳои маишӣ, моддӣ, маданӣ ва монанди чунин омилҳои баланд бурдани ҳавасмандии одамони аҳли меҳнат ташкил карда гузаронида мешаванд. Агар онҳо натиҷабахш бошанд чӣ қадар ба коллективҳои меҳнатӣ ва ҳар нафаре аз аъзоёни онҳо нафъи моддию маънавие меоваранд. Бесабаб ҳам нест, ки бисёр роҳбарони коллективҳои меҳнатӣ ҳаллу фасли муваффақиятноки масъалаҳои истеҳсолӣ, маишию маданӣ ва иҷтимоиҳои худро дар ташкил карда гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ мебинанд ва дар назди корхонаҳои худ аз ҷумлаи сотсиологҳои касбӣ маркази тадқиқоти сотсиологӣ созмон додаанд. Ташкил карда гузаронидани ҳар тадқиқот онҳоро аз вазъи ҳоли дар корхона ҳукумрон буда огоҳ карда, имкон медиҳад, ки камбудию иллатҳои ҷойдошта ошкор гарданд ва барои онҳоро бо зуди бартараф кардан чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Маркази тадқиқоти сотсиологӣ гӯё чун «компос» ба онҳо хизматрасонӣ мекарда бошад. Агар ба ҷиҳатҳои (қимматҳои) методологии ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ назар намоем, мо дида метавонем, ки дар кадом шакле, ки онҳо гузаронида нашаванд муштаракона, алоҳида, дастҷамъона, санҷишӣ ва ғ. ҳатман се давраро дар бар мегирад :

Якӯм – омодагӣ ( тайёрӣ) ба тадқиқот;

Дӯюм – асосӣ; ва сеюм – давраи хотимавӣ. Дар ҳар кадоме аз ин давраҳо

1.Дар қисматҳои алоҳидаи китоб нисбати ҳар кадоме аз ин масъалаҳо

равшание андохта мешаванд.

тадқиқотҳои муайяне андешида мешаванд. Масалан, дар давраи якӯм- пешбинии барномасозии тадқиқот, дар давраи дуюм бошад – ташкил карда гузаронидани тадқиқот ва дар давраи сеюмин – ҷамбасти натиҷаҳои ба даст овардашуда, ҳисобу китоби далелҳо, кор карда баромадани хулосаҳо, дархосту пешниҳодотҳо аз рӯи натиҷаҳои ҳосилшуда ба қалам дода мешаванд.

Дар қисмати аввали ташкил ва гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ сотсиолог бояд равшан муайян созад, ки кадом масъалаҳо (проблемаҳо) дар тадқиқот омӯхта мешаванд. Асосан, проблемаҳоро роҳбарони корхонаҳо, идораю тащкилотҳои вогузор менамоянд, ки зарурати ҳалли ин ва ё он проблемаеро (боз ҳам хубтар ба роҳ мондани истеҳсолот, дарёфт кардани роҳҳои фаъол гардонидани одамон ба кор, мустаҳкам кардани интизоми меҳнат, ҳисси коллективӣ дар байни коргарон ва ғ. дигар) дарк кардаанд. Аз ин рӯ онҳо басо дар интизори онанд, ки муродашон чи тавр, то кадом дароҷа ҷомаи амал мепӯшад. Тадқиқот чӣ чунин маълумотҳоро бояд дарк кунад ва кӯшиш ба харҷ диҳад, ки «фармондиҳандагон» – ро қаноатманд гардонад. Проблемаҳои иҷтимоие, ки сотсиологҳо мавриди омӯзиш, таҳқиқу таҳлил ва хулосагирӣ қарор медиҳанд, метавонад проблемаҳое бошанд, ки танҳо барои як соҳа, як коллектив ва ё ноҳия, шаҳр ҳатто ҷумҳуриявӣ равона ёфта бошанд. Аз ин рӯ ба сотсиолог зарур аст, ки мувофиқи масъалаи ба миён омада худро омода созад, яъне чораҳои зарурӣ андешад, то ин ки ба мақсади хеш расида тавонад. Масъалаҳои характери умумӣ- илмӣ доштаро ба қисмҳои алоҳида, дар доираи як системаи тому ягона, тақсим карда, мантиқан роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро бояд мушаххас муайян созад. Танҳо баъди ҳамаҷиҳата равшани андохтан ба масъалаи омӯхташаванда (ҷиҳатҳои илмӣ, илми назариявӣ, амалӣ, сохтори дохилӣ ва берунии он ва ғ.) сотсиолог метавонад дилпурона ба таҳррези барномаи тадқиқот шурӯъ намояд. Набояд фаромӯш сохт, ки барномаи тадқиқот ҳуҷҷати асосӣ, характери илмӣ – эҷодӣ дошта ба ҳисоб рафта, асоси илмӣ – назариявӣ ва методологии тадқиқотро ташкил медиҳад. Маҳс дар он, ки мантиқи масъалагузорӣ, тарзу усули ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, тарафҳои аҳамияти илмию – амалии мавзӯи тадқиқот ва дигар ҷиҳатҳои ба объекту предмети таҳқиқшаванда мансуб буда дар пуррагӣ дарч ёфтаанд, сотсиолог пешомадҳои худро дида метавонад. Қисматҳои методологии ҳар тадқиқоте, ки гузаронида мешавад ва ҳатман бояд дар барномаи тадқиқотчӣ зикр шуда бошанд, асосан инҳо ба ҳисоб мераванд: якум – муайян кардани мақсад ва вазифаҳои тадқиқот; дуюм – муайян кардани объект ва предмети тадқиқот; сеюм – пешниҳодотҳои фикру андеша ё худ пешгӯиҳое, ки тадқиқотчӣ бояд дар раванди тадқиқот онҳоро равшани андозад. Баъди аниқ шудани чунин қисматҳои методологии масъалаи омӯхташаванда сотсиолог имконе пайдо мекунад, ки вобаста ба онҳо тарзу усули гузаронидани тадқиқот: ташкили корҳои тадқиқотӣ, созмон додани гурӯҳи тадқиқотчиён ва дигар чораҳоеро, ки барои самарабахшона гузаронидани тадқиқот заруранд андешад. Бори дигар аниқ санҷидани объект предмети тадқиқот, дуруст интихоб шудани онҳо: пешгӯиҳо то кадом дараҷа асосноканд ва то чи андоза ба назарияӣ умумӣ – методологӣ мувофиқанд ё не, шахсоне, ки барои гузаронидани тадқиқот ҷалб шудаанд киҳоянд ва оё онҳо аз мақсади гузошта шудаи тадқиқотҳо воқиф шудаанд ё не зарур мебошанд. Зеро, ки баъди шурӯъ кардаи ба тадқиқот, агар хатогие роҳ дода шуда бошад он боиси бемуваффақиятии натиҷаи тадқиқот мегардад.

2.Тарзу усулҳои сотсиологии омӯзиши ҷанбаҳои алоҳидаи иҷтимоӣ.

Ҳаёти иҷтимоӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти воқеии одамон, фаъолияти меҳнатӣ, ҷамъиятии шахсони алоҳида, гурӯҳҳои меҳнатӣ, гурӯҳҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳоро дар бар гирифта, таҳқиқу таҳлили муштаракона (комплекси)-ро тақозо менамоянд. Зеро, ҳамаи паҳлӯҳои зикршуда дар пайвастагӣ амал карда, ҳаёти иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Пеш аз он ки предмети тадқиқот интихоб карда шавад мақоми вай дар системаи тому ягонаи ҳаёти иҷтимоӣ бояд равшан байён ёбад. Бе равшан муайян нмудани мақоми предмет ва объекти тадқиқшаванда, вобастагии вай бо дигар ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, проблемаи ба миён омада на ҳамеша роҳи ҳалли дурусти худро дарёфта карда метавонад.

Сотсиология, ки нисбат ба дигар фанҳо бештар ба амалия сару кор дорад, дастовардҳои илмҳои гуногунро тавассути вазифаҳои (функсияҳои) доштаи худ санҷида, роҳҳои умумии инкишофро муайян менамояд. Чунин мақомоти сотсиологияро мо дар ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ нисбати ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва ғайраҳо дида метавонем. Қонунияте аст, ки чӣ дар системаи иқтисодиёт (тавлиди мол, муомилот, тақсимот, хариду фуруши амвол, моликиятдорӣ, муносибатҳои молию пулӣ, ғайридавлатӣ гардонидани амвол ва ғайраҳои дигар) ва чӣ дар соҳаҳои амалию фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ муносибатҳои иҷтимоӣ тағйиротҳои ҷиддие ба амал хоҳанд омад. Аз ин рӯ сотсиолог чунин ҳолатро бояд дар назар дошта бошад. Ҳамин аст, ки он вазифаҳое, ки дар назди сотсиологҳо истодаанд ва ё ба миён омаданашон аз гумон дур нестанд, хеле ҳам бешумор буда, онҳо тарафҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии одамон, гуруҳҳо, табақаҳо, коллективҳоро, ки дар ҷомеа амал мекунанд, дар бар мегиранд. Ҷомеа ҳамеша, дар ҳар давру замон манфиатдори он мебошад, ки чунин ҷанбаҳо сари вақт омӯхта, таҳлил ёфта, мақсаднок ҳаллу фасл ёбанд. Тавониста, аз диди илм, баҳо додан ба муаммоҳо, самарабахшона ба низом даровардани ҳаёти иҷтимоӣ омили муҳимест дар таъмини пешрафти ҷомеа ва ҳарчи тезтар осудаҳолона гардонидани зисту зиндагии мардуми он. Мақсаду мароми идораи илмии ҷомеа низ аз ҳамин иборат буда, дар ин ҷода мебоист корҳои зиёде ба анҷом расонида шаванд. Тарзу усулҳои сотсиологии тадқиқоти ҷанбаҳои гуногунмаком доштаи ҳаёти иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мактабҳои идораи илмии ҷомеа ба ҳисоб рафта, тавассути истифода аз онҳо дар ба низом даровардани кулли муаммоҳои ба миён омадаи соҳа кумаки зиёде расонида метавонанд.

Чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, дар ҳақиқати ҳол интихоби дурусти тарзу усули тадқиқоти сотсиологӣ ва тавониста аз онҳо самарабахшона истифода бурдан аз ҷумлаи роҳҳои асосии ба даст даровардани мақсадҳои хеш ба шумор рафта, ҳамеша муваффақиятҳои корро таъмин карда метавонад. Албатта, набояд фаромуш сохт, ки ҳар як ҷанба (проблема), вобаста ба моҳият, максад ва доираи масъалаҳое, ки дар он ҷой доранд истифодаи тарзу усули муайяни (мушаххаси) сотсиологиро талаб менамоянд. Мақсад аз истифодаи тарзу усули тадқиқоти сотсиологй дарёфт кардани (исбот намудани) роҳҳои ҳалли муаммоҳои ба миён омада буда, тавассути онҳо ҳақиқати ҳолро барқарор намудан аст.

Сотсиолог—тадқиқотчӣ бо истифодаи аз ин ва ё он тарзу усули омӯзиши воқеа мебоист ба ҷанбаҳои ба миён омадаи назариявй, амалию ҳаётӣ, муаммоҳои зиндагӣ, мушкилотҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа равшанй андозад. Вобаста бо ҳамин, бо баробари амиқу равшан муайян сохтани ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва воқеии тадқиқотӣ, ҳамчунон тарзу усули омӯзиши онҳоро низ бояд пешбинӣ кунад. Ӯ (сотсиолог—тадқиқотчӣ) ба принсипҳои илмию назариявӣ методологии ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ: илмият, объективият, ягонагии назария ва амалия тарафҳои тадқиқотшаванда, системанокии ҷанбаҳо, диалектикаи ҷиҳатҳои объективию субъективии масъалаҳо, сабабҳои (риштаҳои) муаммоҳои ба миён омада ва ғайраҳо такя карда истода, механизми кор ба далелҳои иҷтимоиро равшани андохта, ҳар як қисматҳои хурду калон, асосию ғайриасосӣ, муҳиму номуҳими ҷанбаҳои тадқиқотиро бояд ба нақша гирад. Пеш аз он ки бо тадқиқоти сотсиологӣ шуруъ карда шавад, бояд масъалаҳо амиқу равшан муайян бошанд, тадқиқотчиён хуб дарк карда бошанд, ки аз он (тадқиқот—О.Ғ.) чиро интизор шудан мумкин аст; Дар фаъолияти тадқиқотиашон бештар ба кадом тарзу усулҳои омӯзиши сотсиологии ҷанбаҳои иҷтимоӣ такя намоянд; Оё объ- екту субъектҳои тадқиқотӣ дуруст интихоб карда шудаанд магар? ва ғ…

Натиҷагирӣ аз тадқиқот исботи он аст ки тадқиқотчиён (сотсиологҳо—О.Ғ.) то кадом дараҷа нисбати иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятбахшона муносибат кардаанд; ҷиҳатҳои илмию методологӣ (назариявӣ) ва амалии муаммоҳои ба миён омадаро равшан медонанд ва оё аз вазъи кунунии ҳодисаю воқеаҳои тадқиқотшаванда бохабаранд ё не; магар тарзу усули омӯзиши масъалаҳо (ҳодисаҳои иҷтимоӣ чун муаммо ба миён омада—О.Ғ.) дуруст муайян карда шудаанд ё не? ва ғ.

Дар тадқиқоти сотсиологӣ ба таваккалӣ роҳ додан, донистаю надониста ҳаллу фасли ин ва ё он муаммои ба миён омадаро мавриди омӯзиш қарор додан боиси ба миён омадани бесару сомониҳои зиёде мегардад. Набояд фаромӯш сохт, ки мардум, алалхусус онҳое, ки дар назди сотсиологҳо вазифа мегузоранд, аз тадқиқоти гузаронидаи онҳо умедҳои зиёдеро интизоранд. Дар ҳолати рух додани хатогиҳо, ба мақсад мувофиқ карда натавонистани натиҷагирӣ аз тадқиқот, хулосаи руякӣ баровардан аз онҳо ва монанди ииҳо боиси нобоварӣ зоҳир намудан ба сотсиологҳо ва умуман нисбати сотсиология чун илм мегардад. Аз ин рӯ он масъулияте, ки дар назди сотсиологҳо истодааст, аз ҳамаи илмҳои дигар, алалхусус ҷомеашиноси дида, хело ҳам баланд мебошад. Ҳамаи ин ва боз дигар тарафҳои илмию назариявӣ, методологй ва амалии ҳаллу фасли ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ водор месозанд, ки сотсиологҳо ҳамеша эҳтиёткор бошанд, на ин ки ба бемасъулиятй ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд, инчунин кушиши онро намоянд, ки сазовори боварии ҳамешагии мардум бошанд.

интихоби дурусти тарзи усули тадқиқоти ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеа, равшанӣ андохтан ба кулли муаммоҳои соҳа ва аниқ кунонидани самтҳои раванди самарабахши фаъолияти одамон (коллективҳо, гуруҳҳо ва Ғ…}, дар ин ҷода яке аз роҳҳои ба даст даровардани чунин мақсадҳои нек хоҳанд гардид.

Ҳаёти инсон ҳамеша пур аз ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоист. Бештари онҳо одатан новобаста ба майлу хоҳиши одамон рӯх медиҳанд. Вале ҳодисаҳою воқеаҳое низ вуҷуд доранд, ки рӯх додани онҳо ба фаъолияти худи одамон, дараҷаи фаҳмиш, мақсад, маром, хоҳиши бевоситаи худи онҳо зич вобастагй доранд. Дар ҳар ду сурат ҳам одамон майлу хоҳиши онро доранд ва мехоҳанд, ки ба моҳияту маънои ҳар кадоме аз ҳодисаҳо хубу гуворо сарфаҳм рафта, хулосаҳои зарурй бароваранд. Ҳамин аст, ки онҳо баҳри ба даст даровардани муродҳои хеш аз тарзу усулҳои гуногуни омӯзишу таҳлили илмию назариявй ва амалии сотсиология васеъ истифода мебаранд. Тазаккур бояд дод, ки истифодаи ин ва ё он тарзу усули омӯзишу таҳлили воқеаҳои иҷтимой ва натиҷагирй (хулоса) аз онҳо пеш аз ҳама ба он вобаста мебошад, ки то кадом дараҷа масъалаҳои (ҷанбаҳо) ба миён омада маълуманд. Одатан дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоии ба миён омада чунин тарзу усулҳои сотсиологии омӯзиш: мушоҳида, саволнома (анкета), сӯҳбат (интервю), таҳлили ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Мушоҳида аз ҳама шакли оммавитарини тарзу усули сотсиологии баҳодиҳӣ ба ҳодисаю воқеаҳо буда, вай дар ҳаёти ҳаррӯзаи зисту зиндагии мардум мақоми хосаеро пайдо намудааст. Одамон ҳатто дар фаъолияти оддитаринашон, дар иҷрои вазифаи ҳаррӯзаашон, дар вохурй бо рафиқону ҳамкасбонашон, бо мақсаду бе мақсад, нисбати кулли ҳодисаю воқеаҳо мушоҳида мекунанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки чунин мушоҳидаро аз мушоҳидаҳои сотсиологӣ фарқи калон доранд. Фарқияти мушоҳидаҳои сотсиологӣ аз мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи одамон, пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбанд, ки онҳо ҳатман дар асоси мақсаду мароми муайян гузаронида мешаванд. Мушоҳидачӣ -сотсиолог, масалан, баҳри кадом як мақсади муайянеро пайдо кардан нақшаи гузаронидани онро (мушоҳидаро-О.Ғ.) пешаки тартиб медиҳад. Дар нақша объекту субъекти мушоҳида, вақту соат, муҳлат ва дигар ҷиҳатҳои (мақсадҳои) ба воқеа дахл дошта ба қайд гирифта мешаванд. Чунин мушоҳидаро асосан мутахассисон-сотсиологҳо мегузаронанд.

Дар нақшаи (барномаи) мушоҳидачӣ тарзу усули коркарди иттилоотҳои ба даст овардашуда, навиштани ҳисобот аз рӯи натиҷаи кор, тайёр кардани хулосаю дархостҳо нисбати проблемаҳои тадқиқотшаванда ва ғ… нишон дода мешаванд. Чунин мушоҳидаҳо мушоҳидаи илмӣ- тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, мақсад аз онҳо равшанӣ (муайянӣ) андохтан ба ин ва ё он ҷанбаи ба миён омада мебошад.

Мушоҳидаҳо метавонанд озод ва махфӣ, ишитирокчии бевосита ва ё бавосита, майдонӣ (саҳроӣ) ва лабараторӣ, санҷишӣ (назоратӣ) ва ғайрисанҷишӣ (ғайриназоратӣ), стандартӣ (дар се зина (давра): тарадудӣ (аввал), мавсимӣ (муваққатӣ) ва натиҷагирӣ (хулосавӣ) гузаронида шаванд.

Тарзу усули истифодабарии саволу ҷавоби анкета дар сотсиология таърихи худро дошта, аз ҷумлаи оммавитарин усули омӯзиши ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин анкетаи сотсиологӣ соли 1886 аз ҷониби К. Маркс васеъ истифода шуда буд. Анкета аз калимаи франсузӣ гирифта шуда маънояш татқиқод (тафтишот) мебошад. Саволномаҳои анкета бо мақсади равшанӣ андохтан ба он муаммоҳое мебошанд, ки аз ҳалли мавзӯъ бар меоянд. Тарзи сотсиологии саволу ҷавобии анкета дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, алалхусус он ҷабҳаҳои, ки доираи (қисмҳои) таркибиашон хеле васеъ буда, омӯзишу таҳлили чуқури оммавиро талаб менамоянд, истифода бурда мешавад, Саволномаҳои анкета бояд тарзе тартиб дода шаванд, ки ҳамаи қисматҳои проблемаи тадқиқотшавандаро дар бар гиранд. Анкета ин ба даст овардани кулли ҷабҳаҳои мебошанд, ки дар ҷамъулҷамъ ба ҳалли масъалаҳои дар тадқиқод гузошта шуда бояд кумак расонида тавонад.

Одатан анкета аз чор қисм: 1.Муроҷиат ба респондентон;

  1. Маълумотнома нисбати «респондент»; З.Саволномаҳои тестӣ; 4. Хотимавӣ (ҷамбастӣ) иборат аст. Дар қисми муқаддимавӣ асосан муроҷиат ба пурсупосшудагон (респондентҳо) ҷой дода шуда, мақсад, маром ва вазифаҳои асосии тадқиқот, қоидаю тарзи пур кардани анкета нишон дода мешавад. Дар қисмати дуюм маълумотҳои зарурӣ нисбати фаъолият, касбу кор, синну сол, баромади иҷтимоии пурсупосшудагон ба нақша гирифта мешавад. Дар қисми сеюм бошад, вобаста ба шарҳи масъалаҳои мавриди омӯзиш қарор ёфта, саволномаҳо ҷой дода шуда, аз пурсупосшудагон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар кадоме аз саволҳои гузошта шуда ҷавоби амиқи беғаразона диҳанд. Дар қисмати ҷамбастӣ минатдории тадқиқотчӣ ба «респондент» байён карда мешавад, ки аҳамиятнокиаш хело калон аст.

Шакли истифодабарии саволу ҷавоби анкета метавонад бевосита (дар хузури тадқиқотчӣ ва тадқиқшаванда), ғоибона (ба воситаи идораҳои алоқа, телевизион, телеграф, телеграмма, рузномаю маҷаллаҳо), пушида (ба саволҳои гузошташуда пешакӣ тайёр будани ҷавобҳо), нимпушида (ба саволҳои гузошташуда вариантҳои муайяни ҷавобҳо дода шуда, боз дар охири ҳар савол саволи озод гузошта шудааст), ки ба воситаи он пурсупосшаванда фикри худро метавонад дар шаклҳои пешкашшуда баён созад ва анкетаи кушода (саволҳо тавре гузошта шудаанд, ки ба онҳо фақат худи пурсупосшаванда варианти ҷавобашро ифода мекунад), гузаронида шаванд. Албатта, ҳар кадоме аз ин намудҳои пурсупос ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро доранд.

СУХБАТи (ГУФТУГУЗОРӢ) СОТСиОЛОГӢ. ин тарзу усули махсуси омӯзиши воқеаю ҳодисаҳои иҷтимоие мебошад, ки дар қатори дигар тарзу усулҳо васеъ истифода мешавад. Дар ҳаёти иҷтимоӣ тарафҳо, ҷиҳатҳое вуҷуд доранд, ки бо чашми оддй мушоҳида кардани онҳо ғайриимкон мебошад. Дар шакли истифодаи тарзу усули сотсиологии анкетагузаронй низ ҳатто онҳоро аниқ кунонидан мушкил аст. Барои ҳамин ҳам чунин тарафҳо,ҷиҳатҳоро, ки дар омӯзишу таҳлили ҳаёти иҷтимоӣ мақоми муҳимеро бозида метавонаду вале бо дигар тарзу усулҳо дуруст муайян сохтани онҳо мушкил аст, бо истифода аз суҳбатҳои (гуфгугузори) сотсиологӣ равшанӣ меандозанд. Афзалиятнокии чунин усули омӯзиши андеша, фикр, мақсад, дархост- сӯҳбати сотсиологй пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбад, ки шахси тадқиқотчӣ нисбати равшани андохтан ба масъалаҳои бамиёномада имкониятҳои зиёде пайдо мекунад. Хамчунон шахси пусупосшаванда низ метавонад дар пуррагй нисбати мавзӯи сӯҳбат фикрашро амиқ баён намояд (албатта дар ин ҷо маҳорати касбии тадқиқотчӣ мавқеи муҳимро мебозад).

Сӯҳбати (гуфтугузори) сотсиологӣ якчанд шакл дорад. Одатан дар адабиёти ба ин соҳа бахшида шуда ба чунин шаклҳои (тарзу усули) гузаронидани сӯҳбатҳои сотсиологӣ дучор мешавем: Оддӣ, мураккаб, стандартӣ (яклухт), назоратӣ (санҷишӣ) ва ғайаҳо.

Суҳбати оддии сотсиологӣ дар объекти тадқиқотшавандае истифода мешавад, ки моҳияташон он қадар мураккаб нест. Дар ин зинаи омӯзиш саволҳо (барнома) тартиб дода намешаванд. «интервуер» (шахси барандаи тадқиқот) метавонад озодона, вобаста ба шароит, имкоииятҳои ба миён омада худаш саволҳоро пешниҳод кунад.

Сӯҳбати стандартии сотсиологӣ чунин шакли омӯзиши ҳодисаю воқеаҳо мебошад, ки баҳри равшанӣ андохтани муаммоҳои ноайёни доманадор, серпаҳлӯ равон карда шуда, дар он пешакй саволҳо ба тартиб дароварда мешаванд. Баъзан дар ин шакл лентаҳои сабти овози магнитафонӣ истифода меёбанд. Агар чунин восита вуҷуд надошта бошад шахси суҳбаткунанда ҳамаи вариантҳои ҷавоби ҳамсӯҳбаташро то ҳадди имкон дар хаёлаш нигоҳ медорад. Одатан саволҳои он то 20 номгуйро ташкил дода метавонанд. Суҳбати назоратӣ бошад бо мақсади то кадом дараҷа амиқу равшан будани даделҳои ба даст оварда шуда истифода карда мешавад.

Сӯҳбати сотсиологиро дар шакли кутоҳ (оддӣ) ва муфассал (давомнок) гузаронидан мумкин аст. Шакли оддии сӯҳбат ин саволу ҷавоби кутоҳ нисбати як ва ё якчанд масъалаи рузмарра аст. Шакли муфассали он бошад сӯҳбате аст, ки объектҳои васеи тадқиқотиро дар бар мегирад.

Дар сӯҳбати сотсилогӣ метавонанд шахси алоҳида ва ё гурӯҳҳо иштирок кунанд.

СОТСиОМЕТРиЯ: Яке аз тарзу усули омӯзиши муносибатҳои иҷтимоии гурӯҳҳои на чандон калони ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, асосан бо воситаи вазъи он алоқаҳо байни ҳамкорон, ҳамсолон, одамони ба якдигар аз ҷиҳати шуғли кор, зисту зиндагӣ, оилаю оиладорӣ, таълимӣ ва ғайраҳои бо ҳам наздик омӯхта мешаванд. Асосгузори ин методи сотсологӣ олими америкои Дж Морено ба ҳисоб меравад. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба муайян сохтани муносибатҳое, ки дар байни гуруҳҳои хеле хурди ҷомеа вуҷуд доранд ва ё ба миён меоянд даст зада буд. _

ТАРЗи ОМӮЗиШи ХУҶҶТХОи СОТСиОЛОГӢ аз ҷумлаи хеле ҳам қадимтарин ба ҳисоб рафта, дар амиқу равшан сохтани далелҳои гуногуни иҷтимоӣ нақши муҳимро мебозад. Пештар, то давраи пайдоишу инкишоф ёфтани ҳисобу китоби мошинӣ, алалхусус, электронӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои тадқиқот зарурат пайдо карда бо қувваи даст иҷро мешуданд. Албатта он сарфи зиёди вақти кору маблағ ва дигар хароҷотҳоро талаб мекард. Акнун, ки имконияти бо мошин коркарди ҳуҷҷатҳо пайдо шудааст, чунин тарзи омӯзиш вақту муҳлати камро талаб менамояд. Дар ҳаёти инсонӣ, алалхусус ҷиҳатҳое, ки ҳаёти иҷтимоии ӯро дарк менамоянд, ҳуҷҷатҳо хеле ҳам бисёранд. Сотсиолог, вобаста ба мавзӯи тадқиқот бояд ҳуҷҷатҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки натиҷагирӣ аз онҳо мақсаднок бошад. Ба ин хотир омузиши шаклҳои зерини ҳуҷҷатҳо маълум аст:

а/ Хуҷҷати расмӣ; б/ ҳуҷҷати ғайри расмӣ. Хуҷҷатҳои расмӣ чунин ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз тарафи органҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тартиб дода шудаанд ва ба онҳо дохил мешаванд: Фармонҳо, қарорҳо, ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ, ҳуҷҷатҳои оморӣ, маълумотномаҳо, ҳисобу китобҳои хоса, ки ба фаъолияти корхонаю идораҳо ва ғ… бахшида шудаанд. Хуҷҷатҳои ғайри расмӣ он ҳуҷҷатҳое мебошад, ки одамони алоҳида барои мақсадҳои хеш тартиб дода, нигоҳ медоранд.

Хуҷҷатҳо инчунин метавонанд инфиродӣ ва гурӯҳӣ бошанд (протоколи маҷлисҳо ва ғ…) Аз рӯи ба қайдгирӣ ҳуҷҷатҳо инчунин шаклан дастнависию (дастхатҳо) нашрӣ (сабти овоз дар лента, магнитафон, кино ва ғ…) мешаванд. Вобаста ба аҳамиятнокиашон ҳуҷҷатҳо аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа низ шуда метавонавд. Хуҷҷатҳои аввалиндараҷаро бевосита худи тадқиқотчиён, тавассути мушоҳидаояшон тартаб медиҳанд (Хисоботҳои илмӣ, дастхатҳои аналитикӣ, рӯзномаҳо ва ғ…). Хуҷҷатҳои дуюминдараҷа бошанд дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа сохта мешаванд (китобхое, ки дар асоси сарчашмаҳо навишта шудаанд, расме ки дар асоси кадом як асар эҷод карда шудааст ва ғ…).

Санҷиш чун тарзу усули омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ баҳри он истифода бурда мешавад, ки муаммои дар ин ва ё он соҳа ба миён омада ва ё ноаён санҷида шуда, фикре тасдақ ва ё раъд карда шавад. Асоси санҷишро амалия, фаьолияти меҳнатию чамъиятии одамон, зисту зиндагии онҳо ташкил медиҳанд. Бо истифода аз чунин тарзу усул далелҳои зиёде дар амалия санҷида шуда, хулосаҳои илмию назариявӣ ва ҳаётӣ бароварда мешаванд. Масалан, дар асоси системанок омӯхтан, санҷидан, хулоса баровардани чунин ҷиҳатҳои басо муҳими ҳаёти иҷтимои ба монанди: таълим, тарбия, оилаю оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, идораи фаьолияти созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ташкилоту идораҳо ва боз даҳҳо дигар соҳаҳо имконияти воқеӣ пайдо мегардад, ки аз як тараф, вазьи ин соҳаҳо санҷида шуда, иллату норасогиҳо равшан гарданд ва аз тарафи дигар тамоили инкишофи минбаъдаи ҳар яке дар қисматҳо муайян карда шаванд. Санҷиши ин ва ё он тарзу усули фаъолият, идоракунӣ дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати боварибахшона таъмин гардонидани пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ омили муҳим ба шумор меравад. Чунин санҷишҳо ва натиҷагарӣ аз онҳо барои ҳар як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Масалан, дар солҳои гуногуни мавҷудиёти собиқ давлатдории Шуравӣ тавассути истифода аз тарзу усули сотсиологии санҷиш шаклҳои омехтаи хоҷагидорӣ (колхозу совхозҳо), фаъолияти идоракунӣ, ташкили гуногуни фаъолият дар идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию маърифатӣ ва ғайраҳо васеъ истифода меёфтанд. Таҷрибаи бои идоракунии ин ва ё он соҳаи корҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ (колхозу совхозҳо) -и пешқадамро омӯхта, дастраси дигарон карда мешуданд.

Одатан санҷишҳо аз рӯи хусусияту моҳияташон ба санҷишҳои иқтисодӣ, педагогӣ (тарбиявӣ), ҳуқуқӣ, эстетикӣ, идеологӣ ва ғайраҳо тақсим мешаванд.

Фарқияти онҳо ҳамин аст, ки доираи ҳар яке мушаххас буда, талаботҳои муайянеро пеш мегузоранд.

Ба ғайр аз тарзу усулҳое, ки онҳоро пештар муфйян карда шуда буданд, солҳои охир боз тарзу усулҳои навини омӯзиши сотсиологии ҳаёти иҷтимоӣ ба монанди омӯзиши тадқиқоти маркетингӣ контент – анализ низ пайдо шуда васеъ истифода мешаванд. Тарзи тадқиқоти маркетинги аввалин маротиба дар Амрико, дар аввалҳои асри ХХ пайдо шуда буд ва ҳоло ҳафтод мамлакати ҷаҳон аз он истифода мебарад. ин шакли оммавии ба даст даровардани далелҳои иҷтимоӣ, масалан, муайян кардани он ки истеъмолкунандагон бештар ба чи ниёз доранд, ба ҳиссоб меравад. Фермерҳо, истеҳсолкунандагони нозу неъматҳои мардуми бо ин роҳ одамони худро ҷустӯҷӯ карда дар меёбанд. Ба воситаи чунин шакли тадқиқот харидорону фурӯшандагон алоқаҳои наздик пайдо карда, истеҳсоли малу амволи заруриро бештар ба роҳ мемонанд. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ин тарзу усул ҳар чӣ бештар маъқул шуда истодааст. ин тарзу усул дар чорабиниҳои пеш аз интихоботӣ (призидент, вакилони мардумӣ) низ мумкин аст истифода ёбанд.

КОНТЕНТ – Анализ ин тарзу усули дигари ба даст даровардани далелҳо ва нигоҳ доштани мазмуннокии онҳо мебошад.

Мафҳуми контент ин моҳият, мазмуни ин ё он калима, ибора, расм, нишона (символ)- е мебошад, ки нисбати кадом як соҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Чунин ибораҳо мумкин аст дар методикаи даврагӣ, китобу маҷаллаҳо ишора ёбанд (анализи тексти мақолоҳои матбуотӣ, нишонаҳои динӣ, мақолаҳои расмноки китобҳо ва ғ.).

ин методро ҳанӯз соли 1910 М.Вебер дар анализи мақолаҳои газета истифода бурдааст.

  1. Алоқамандӣ ва пайвастагии тарзу усулҳои сотсиологии

омӯзиши ҳаёти иҷтимоӣ.

Новобаста ба он ки чунин тарзу усулҳои дар боло зикр шудаи мушахасси сотсиологии омӯзиши паҳлӯҳои (масъалаҳои) гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ мустақилан истифода шаванд ҳам, аммо дар байни онҳо алоқамандии зиче вуҷуд доранд. ин алоқамандӣ ба он хотир вуҷуд дорад, ки худи ҳаёти иҷтимоӣ (иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва ғ.) дар пайвастагии якдигаранд. Дуруст аст, ки асоси ҳамаи онҳоро иқтисодиёт, сиёсат ташкил медиҳад. Вале ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки илму фарҳанг, ҳуқуқ ва ё муайянкунандаи сиёсат ва иқтисодиёт шаванд. Дар зиндаги ягон ҳолати масалан, иқтисодӣ, оилаю оиладорӣ, тарбия, меҳнат кардан, касбу корро интихоб намудан ва фаъолият пеш бурдан ва ғ. дар шакли мутлақ вуҷуд дошта, натиҷаеро ба даст оварда наметавонад. Дар ҳар кадоме аз паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ: иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғ. омилҳои муштараконаи (омехтаи) таъсиррасоне вуҷуд доранд. Яке – асоси (иқтисодӣ), дигаре дуюмин дараҷа ва ғ. мебошанд. Шарти муҳим он аст, ки ҳамаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа иҷтимоию сиёсӣ ,илмию фарҳангӣ ва ғ.

одатан кадом як мақомеро мебозанд. Чунин мақомро онҳо ҳамаи вақт мақсаднок ба ҷо оварда метавонад, ки агар дар ҳамин ҳалқаи пайвастагӣ, ки муҳтоҷии якдигаранд ба назар гирифта шаванд. Масалан, агар ки хоҳем аз таълим хуб натиҷа гирем, мебоист устоди баркамол, китоб, дигар маводи таълимӣ дошта бошем. Барои онҳоро датрас намудан пул лозим аст, барои пул доштан меҳнат бояд кард. Барои меҳнат қувва, қобилият ва ғ. Хунареро бояд омӯхт, ки шуморо ҳам хуронида ва ҳам пӯшонида тавонад ва инчунин маърифатнок созад ва ғ. Дар чунин мисолҳои оддӣ равшан мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳаёти иҷтимоӣ аз кадом омилҳо иборат мебошад. Вобаста ба чунин характери омехтаю муштаракона доштани ҳаёти иҷтимоӣ лозим меояд, ки сотсиолог нисбати омӯхтани ин ва ё он масъалаи иҷтимоӣ аз тарзу усулҳои омехтаи сотсиологӣ истифода барад. Масалан, барои муайян кардани вазъи зисту зиндагии мардум, муайян сохтани сабаби камбизоатии баъзеҳо мебоист ҳам анкетаи сотсиологӣ, ҳам сӯҳбати сотсиологӣ, ҳам омӯхтани ҳуҷҷатҳоро бояд истифода бурд.

Хамин тавр ба хулосае омадан мумкин аст, ки истифодаи тарзу усули муштараконаи сотсиологии омӯзиши ҳаёти иҷтимоӣ шарт ва зарур буда, онро табиатан худи зисту зиндагии мардум ба миён овардааст.

test

Добавить комментарий