Главная / Савдои байналхалки / Савдои байналхалқии хадамот

Савдои байналхалқии хадамот

1. Бозори байналхалқии хизматрасонӣ ва шароити ташкили он

2. Франчайзинг

3. Инжиниринг

4. Реинжиниринг

5. Лизинг

6. Ноу-хау

7. Хизматҳое, ки бо хизматрасонии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ алоқаманданд

1. Бозори байналхалқии хизматрасонӣ ва шароити ташкили он

Ташаккули бозори байналхалқии мукаммали молҳо ва пурии он ба афзоиши талабот ба хизматрасонӣ оварда расониданд, ки ин рушди пуршиддати бозори байналхалқии хизматрасониро ба миён овард.

Хизмат – ин амали дорои арзиши истеъмолии муайян мебошад, ки дар самараи муфид инъикос ёфта, чун қоида дар лаҳзаи бавуҷудоии худ ин ё он талаботи инсонро қонеъ мегардонад. Ҳамзамон, хизмат метавонад бо ашё яъне бо ёрии мол, ё дар ҷараёни фаъолияти худи меҳнати зинда расонида шавад.

Ду усули истеҳсоли хизмат ду намуди худи хизматро низ сабаб мегардад.

Намуди якуми хизмат – ин чунин хизматҳое мебошанд, ки тавассути мол расонида мешаванд ва бо молҳои истеъмолӣ сару кор доранд. Расонидани чунин намуди хизмат бо мундариҷаи худ аз ҷараёни меҳнат дар истеҳсолоти моддӣ ягон фарқе надорад. Дар ин ҷо тамоми панҷ унсури меҳнат дида мешаванд: воситаи меҳнат, предмети меҳнат, технология, ташкил ва худи меҳнат чун фаъолияти мақсадноки инсон. Ин асос медиҳад, ки чунин хизматрасониҳоро моддӣ (истеҳсолӣ) номем.

Намуди дуюми хизмат – ин хизматҳое мебошанд, ки амалашон ё бевосита ба инсон ё бо шароитҳои ӯро иҳотакунанда равона карда шудаанд. Чунин намуди хизматҳо бо маҳсулоти моддӣ алоқаманд набуда, истеҳсолашлн аз истеъмолашон ҷудонашаванда мебошад. Ташкили ин хизматҳо бо истеъмолашон иттифоқ меафтанд. Чунин намуди хизматҳо ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ) ба ҳисоб мераванд.

Савдои байналхалқии хизматҳо назар ба савдои молҳо хусусиятҳо зеринро дорад:

– на дар сарҳад, балки дар дохили мамлакат бо ҳолатҳои дахлдори қонунгузории дохилӣ танзим карда мешаванд. Набудан ё мавҷудияти воқеаи убури сарҳад намудани хизмат наметавонад (чун асъоре, ки бо он ин хизмат пардохт карда мешавад) меъёри содироти хизмат гардад;

  • хизматҳо нигоҳ дошта намешаванд. Онҳо истеҳсол ва якбора истеъмол карда мешаванд. Аз ин рӯ қисми зиёди хизматҳо ба алоқаи мустақими байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони худ асос меёбанд;
  • истеҳсол ва фурӯши хизматҳо назар ба бахши истеҳсолот ва савдои моддӣ ҳимояи бештари давлатиро бархурдор аст. Нақлиёт, алоқа, хизматҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, илм, маориф, ҳифзи саломатӣ дар бисёр мамлакатҳо комилан ё қисман дар моликияти давлат аст ё таҳти назорати қатъии он қарор дорад;
  • савдои байналхалқии хизматҳо бо савдои молҳо дар алоқамандии зич қарор дорад ва ба он таъсири сахт мерасонад. Масалан, таъсири хизматҳо ба савдои молҳои илмталаб, ки ҳаҷми калони хизматрасонии техникӣ, хизматҳои иттилоотӣ ва машваратии гуногунро талаб мекунанд, бузург аст;
  • на ҳама намуди хизматҳо чун мол метавонанд предмети савдо гарданд. Хизматҳое, ки аксаран ба истеъмолоти шахсӣ ворид мешаванд, наметавонанд ба гардиши хоҷагии байналхалқӣ кашида шаванд. Ояндаи бузург дар савдои байналхалқии хизматҳо дар туризм, ҳифзи саломатӣ, маориф, фарҳанг ва санъат мавҷуд аст.

Дар шароите, ки бозори байналхалқӣ бо ҳаҷми молӣ пур шуда рақобат дар он шиддат гирифтааст, хизматрасониҳо барои соҳибкорон, ба монанди менеҷмент, аудит, инжиниринг, эккаутинг, лизинг, франчайзинг ва ғ. аҳамаияти калонро касб намудаанд.

Бозори байналхалқии хизматрасонии муосир номгӯи васеи хизматҳо оид ба мусоидат намудан дар фаъолияти роҳбарӣ (менеҷмент) – ро пешниҳод мекунад, ки махсусан дар ҳолати барпокунии объектҳои саноатӣ «таҳти калид», вақте ки дар муддати вақти дароз бо мутахассисон таъмин намудани корхона зарур аст, паҳн гардидааст.

Предмети амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ инчунин хариду фурӯши маҳсули фаъолияти зеҳнӣ: иҷозатнома, ноу-хау, патентҳо, барномаҳо барои МЭҲ ва ғ. ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон қарордодҳои додугирифт ҳам барои аз тарафи харидор ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи ихтироотҳои алоҳида ва ҳам барои муштаракан ба истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо бо фурӯши мутақобилан судманди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар оянда баста мешаванд.

Бе супоридани унвони моликият кори пудратӣ амалӣ карда мешавад, яъне қарордод барои иҷрои кори муайян бо супориши фармоишгар. Предмети пудрат одатан корҳои иктишофии геологӣ, лоиҳавӣ-муҳаққиқӣ, сохтмонӣ ва васлгарӣ, таҷдид ва навкунии объектҳои саноатӣ ва ғ. мегарданд.

Фармоишгар метавонад бо як контрагент шартнома бандад, ки ӯ дар кор иштирок намудани дигар ширкатҳо – пудратчиёни ғайриасосиро ташкил мекунад, ё бо якчанд контрагентҳо барои иҷро намудани корҳои гуногун муносибат барқарор мекунад. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои махсусан калон ширкатҳо ба консорсиумҳо муттаҳид мешаванд.

Консорсиум – иттиҳоди муваққатии субъектони хоҷагидори мустақил барои якҷоя амалӣ намудани амалиёти тиҷоратии муайян мебошад.

Консорсиуми содиротӣ иттиҳоди савдои берунмарзӣ мебошад, ки барои мусоидат намудан дар амалиётҳои содиротии корхонаҳои ба он дохилшаванда, ташкил карда мешавад. Хизматҳои асосии консорсиуми содиротӣ чунинанд:

  • ташкил намудани иштироки корхонаҳо дар ярмарка ва намоишгоҳҳо; ба хориҷа фиристонидани намояндагони корхонаҳо; таблиғот ва омӯзиши бозорҳои беруна;
  • суғуртакунӣ ва маблағгузории қарзҳои содиротӣ;
  • ҷустуҷӯи шарикони хориҷӣ; тайёр намудан ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани ҳуҷҷатҳои шартномавӣ; марказонидани низоми алоқа (масалан, пешниҳод намудани телекс ва почтаи электронӣ) ва ғ.

Пудрат инчунин ҳангоми гузаронидани корҳои НИОКР ва дар бахши фаъолияти машваратӣ-муҳандисӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Муносибатҳои пудратии доимӣ бисёр вақт ба кооператсияи истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии мустаҳкам, ташкили корхонаҳои муштарак оварда мерасонанд.

Кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ байни субъектони хоҷагидор аз ҳама бештар дар асоси мубодилаи ашёи хом, маводҳо, таҷҳизот, воситаҳои таъминоти барономавӣ, мутахассисон ва ғ. ба миён меояд.

2. Франчайзинг

Франчайзинг(англ,franchise – имтиёз, ҳуқуқ) – низоми супоридан ё фурӯхтани иҷозатнома ба технология ва тамғаи молӣ мебошад.

Ассотсиатсияи байналхалқии франчайзинг IFA (InternationalFranchiseAssociation) франчайзингро чун муносибатҳои давомёбанда муайян мекунад, ки мувофиқи он франчайзер ҳуқуқҳои истисноии машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин кӯмак дар омӯзиш, маркетинг, идоракуниро, ки ба шартномаи литсензионӣ асос ёфтаанд, бар ивази ҷуброни молиявӣ аз франчайзиат ба ӯ медиҳад.

Дар адабиёти ватании мо франчайзингро инчунин бо истилоҳҳои франчайзинг, франшизинг ва френчайзинг ишора мекунанд.

Моҳияти франчайзинг дар он аст, ки ширкат (франчайзер), ки дар бозор обрӯи баланд дорад, бо шартҳои муайян ба ширкате (франчайзиат), ки ба истеъмолкунандагон маълум нест, ҳуқуқ яъне иҷозатнома (франчайз) медиҳад, ки фаъолияташро бо технология ва бо тамғаи молии франчайзер ба роҳ монад ва барои ин ҷубронпулӣ (даромад)-и муайянро ба даст меорад. Франчайзер – ин соҳиби франчайз мебошад, ки ширкати асосӣ (ширкати модарӣ)-и низоми франчайзинг ба ҳисоб меравад.

Франчайзиат – ин гирандаи франчайз мебошад. Бо шартномаи франчайз ҳуқуқи фаъолият одатан барои ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян пешниҳод карда мешавад.

Ҳамин тавр, аз ҷониби ширкати бузурги “модарӣ” ба ягон ширкат пешниҳод намудани иҷозатнома барои истеҳсоли молҳо ва дигар намуди фаъолият зери тамғаи фирмавии ин ширкат дар ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян амалӣ мешавад.

Имтиёзи тиҷоратӣ франчайзинг мебошад. Ҳамин тавр, “бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ як ҷониб (соҳиби ҳуқуқ) ӯҳдадор мешавад, ки ба ҷониби дигар (истифодабаранда) бар ивази подош ба мӯҳлати муайян ё бе нишон додани мӯҳлат ҳуқуқи дар фаъолияти соҳибкории истифодабаранда истифода бурани маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноиро, ки ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқ доранд, аз он ҷумла ҳуқуқ ба номи ширкат ё нишонаи тиҷоратӣ, ба иттилооти тиҷоратии ҳифзшаванда, инчунин ба нишонаи молӣ, нишонаи хизматрасонӣ ва ғайраро пешниҳод намояд.”.

Аз ин рӯ мувофиқи қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ франчайзер – ин соҳиби ҳуқуқ, франчайзиат бошад, истифодабаранда мебошад.

Қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ истифода намудани маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ, шӯҳрати корӣ ва таҷрибаи тиҷоратии соҳиби ҳуқуқро дар ҳаҷми муайян (масалан, бо нишон додани ҳаҷми камтарин ва ё зиёдтарини истифодабарӣ) бо нишон додан ё бе нишон додани ҳудуди истифодабарӣ, мувофиқи соҳаи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ (фурӯши молҳое, ки аз соҳиби ҳуқуқ гирифта шудаанд ё аз тарафи истифодабаранда истеҳсол карда шудаанд, амалӣ намудани дигар фаъолияти тиҷоратӣ, иҷро намудани кор, расонидани хизмат)-ро пешбинӣ мекунад.

Ҷонибҳои қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошанд.

Шарти асосии франчайзинг: мувофиқати ноу-хауи франчайзер бо сармояи франчайзиат мебошад.

Франчайзиат ду вазифаро иҷро мекунад:

а) пешниҳоди сармоя барои ташкили корхонаи тичоратӣ;

б) идора кардани корхонаи тиҷоратии худ.

Ҳамин тавр, унсури муҳими франчайзинг нақши франчайзиат чун сарчашмаи сармоя ба ҳисоб меравад.

Франчайзинг– ин тиҷорати ҷуфтӣ аст. Аз як ҷониби он ширкати хуб инкишофёфта ва аз тарафи дигар – шаҳрванд, соҳибкори хурд, ширкати хурд қарор доранд. Ҳар ду ҷониб бо шартномаи франчайз ба ҳам алоқаманданд.

Франчайз – ин шартномае мебошад, ки дар он шартҳои тиҷорат инъикос ёфтаанд. Дар адабиёт шартномаи мазкур инчунин бо истилоҳи “франшиза” ёдоварӣ карда мешавад, ки умуман нодуруст аст. Истилоҳи “франшиза” аз фаронсавӣ пайдо шудааст. Он дар суғуртакунӣ истифода бурда шуда, мундариҷаи иқтисодии комилан дигарро дорад.

Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ, чун қоида, дар шакли хаттӣ баста мешавад ва дар мақомоте ба қайд гирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии мувофиқи қарордод чун соҳиби ҳуқуқ баромад кунандаро ба қайд гирифтааст.

Агар соҳиби ҳуқуқ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар мамлакати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад, шартнома дар мақомоте ба қайд гирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии ба сифати истифодабаранда баромадкунандаро ба қайд гирифтааст.

Соҳиби ҳуқуқ (франчайзер) мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ҳуқуқҳои муайянро ба худ қабул менамояд. Масалан, соҳиби ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

  • ба истифодабаранда ҳуҷҷатҳои техникӣ ва тиҷоратиро супорад ва дигар иттилоотеро, ки барои истифодабаранда барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба ӯ додашуда заруранд, пешниҳод кунад, инчунин ба истифодабаранда ва коргарони ӯ оид ба масъалаҳои ба амалинамоии ҳуқуқҳои мазкур алоқаманд дастурамалҳо диҳад;
  • иҷозатномаҳои бо шартнома пешбинишударо бо таъмин намудани барасмиятдарории онҳо бо тартиби муайяннамуда ба истифодабаранда супорад.

Агар бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, соҳиби ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

  • ба қайд гирифтани шартномаи имтиёзи тиҷоратиро таъмин намояд;
  • ба истифодабаранда кӯмакҳои техникӣ ва машваратии доимӣ расонад, аз он ҷумла кӯмак дар омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;
  • сифати мол (кор, хизматрасонӣ)-ҳоеро, ки дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истеҳсол мешаванд, назорат намояд.

Бо назардошти хислат ва махсусиятҳои фаъолияте, ки истифодабаранда мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ амалӣ менамояд, истифодабаранда вазифадор аст:

  • ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти бо шартнома пешбинишаванда номи ширкат ва ё нишонаи тиҷоратии соҳиби ҳуқуқро ба тарзи дар шартнома нишондодашуда истифода намояд;
  • мутобиқати сифати молҳои истеҳсолшаванда, хизмарсонӣ ва кори иҷрошаванда мувофиқи шартнома аз тарафи худро бо сифати чунин молҳо, кор ва хизматрасонӣ, ки бевосита аз ҷониби соҳиби ҳуқуқ истеҳсол мешаванд, таъмин намояд;
  • риоя намудани дастур ва нишондодҳои соҳиби ҳуқуқ, ки ба таъмин намудани мутобиқати хислат, усул ва шартҳои истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ, аз он ҷумла нишондодҳое, ки ба ороиши дохилӣ ва берунии биноҳои тиҷоратие равона карда шудаанд, ки аз ҷониби истифодабаранда ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартнома ба ӯ пешниҳодшуда истифода карда мешаванд;
  • ба харидорон (фармоишгарон) расонидани тамоми хизматрасониҳои иловагӣ, ки онҳо метавонистанд ҳангоми ба даст овардани мол (кор, хизмат) бевосита аз соҳиби ҳуқуқ ба он умед банданд;
  • сирри истеҳсолоти соҳиби ҳуқуқ ва дигар иттилооти тиҷоратии махфиро, ки аз ӯ ба даст овардаанд, ифшо накунанд;
  • шумораи мувофиқашудаи субконсессияҳоро пешниҳод намоянд, агар чунин ӯҳдадорӣ бо шартнома пешбинӣ шуда бошад;
  • бо усули назаррас харидорон (фармоишгарон)-ро огоҳ намояд, ки ӯ номи фирмавӣ, нишонаи тиҷоратӣ, тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ва дигар воситаҳои фардикунониро дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истифода мебарад.

Бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд пешбинӣ карда шаванд:

  • маҳдуд намудани ҳуқуқи ҷонибҳо мувофиқи ин шартнома, масалан, ӯҳдадории соҳиби ҳуқуқ дар бобати ба дигар шахсон надодани чунин маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ барои истифода дар ҳудуде, ки ба истифодабаранда мустаҳкам карда шудааст, ё аз чунин фаъолияти худ дар ҳудуди мазкур худдорӣ намояд;
  • ӯҳдадории истифодабаранда дар бобати бо соҳиби ҳуқуқ рақобат накардан дар ҳудуде, ки амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбати фаъолияти соҳибкорие, ки бо истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноии ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқдошта аз тарафи истифодабаранда амалӣ карда мешавад, паҳн мегардад;
  • даст кашидани истифодабаранда аз гирифтани чунин ҳуқуқ аз рақибон (рақибони эҳтимолӣ)-и соҳиби ҳуқуқ бо шартномаҳои имтиёзи тиҷоратӣ;
  • ӯҳдадории истифодабаранда, ки бо соҳиби ҳуқуқ макони ҷойгиршавии биноҳои тиҷоратӣ, инчунин ороиши дохилӣ ва берунии онҳоро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои истисноии бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ бадастоварда истифода бурда мешаванд, мувофиқа намояд.

Шартҳои маҳдудкунанда метавонанд бо талаби мақоми зиддиинҳисорӣ ё шахси манфиатдор бекор карда шаванд, агар ин шартҳо бо назардошти вазъи бозори дахлдор ва ҳолати иқтисодии ҷонибҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мухолифат дошта бошанд.

Шартҳое, ки ҳуқуқи тарафҳоро мувофиқи шартномаи имтиёзноки тиҷоратӣ маҳдуд мекунанд, камаҳамият мебошанд, зеро:

  • соҳиби ҳуқуқ ҳуқуқ дорад нархи фурӯши мол ё хизматеро, ки истифодабаранда истеҳсол мекунад, муайян намояд ё ҳадди болоӣ ва поёнии ин нархҳоро муайян кунад;
  • истифодабаранда ҳуқуқ дорад ба гурӯҳи муайяни харидорон (фармоишгарон) ё танҳо ба харидороне (фармоишгарон), ки дар ҳудуди дар шартнома муайянкардашуда зиндагӣ мекунанд, мол фурӯшад, кор иҷро намояд ё хизмат расонад.

Соҳиби ҳуқуқ ба талаботҳое, ки ба истифодабаранда, доир ба ҷавобгӯ набудани сифати молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби истифодабаранда мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ҷавобгарии иловагӣ дорад.

Аз рӯи талаботҳое, ки ба истифодабаранда ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти соҳиби ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд, соҳиби ҳуқуқ бо истифодабаранда якҷоя ҷавоб мегӯяд.

Истифодабаранда баъди ба анҷом расидани мӯҳлати шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ барои бастани шартнома ба мӯҳлати нав бо ҳамон шартҳои пешина ҳуқуқ дорад.

Соҳиби ҳуқуқ ҳуқуқ дорад аз бастани шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ барои мӯҳлати нав даст кашад, дар шароите, ки дар муддати се сол аз санаи хотимаи мӯҳлати шартномаи мазкур он

Ҳангоми муфлис эълон намудани соҳиби ҳуқуқ ё истифодабаранда шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ низ қатъ карда мешавад.

Ба дигар шахс гузаштани ягон ҳуқуқи истисноие, ки ба маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноии ба истифодабаранда пешниҳодгардида дохил мешаванд, асос барои тағйир ва ё қатъ кардани шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба шумор намеравад. Соҳибҳуқуқи нав дар он қисмати ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки ба ҳуқуқи истисноии гузашаташуда дахл доранд, ҷониби шартнома мегардад.

Дар ҳолати марги соҳибҳуқуқ тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба меросхӯр мегузаранд, ба шарте, ки меросхӯр ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ё дар мӯҳлати шаш моҳи баъди кушодани мерос ба чунин сифат ба қайд гирита шавад. Дар акси ҳол шартнома қатъ мегардад.

Амалӣ намудани ҳуқуқ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои соҳибҳуқуқи фавтида то аз ҷониби меросхӯр қабул намудани ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ё то ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудани меросхӯр аз ҷониби идоракунандае, ки аз тарафи нотариус таъин карда мешавад, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми аз ҷониби соҳибҳуқуқ тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии худ, ки истифодабариашон ба маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ дохил мешаванд, агар истифодабаранда қатъ намудани шартнома ва рӯйпӯш намудани зарарро талаб накунад, шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбати номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии нав амал мекунад. Дар ҳолати давом кардани амали шартнома истифодабаранда ҳуқуқ дорад кам кардани маблағи подошеро, ки ба соҳибҳуқуқ дода мешавад, талаб кунад.

Агар дар давраи амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ мӯҳлати амали ҳуқуқи истисноӣ, ки истифодааш мувофиқи иншартнома пешниҳод шудааст, ба итмом рассад ё чунин ҳуқуқ бо дигар асос қатъ гардад, амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ давом мекунад ба истиснои ҳуқуқи қатъшуда, истифодабаранда бошад, агар дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ дорад кам кардани маблағи подоши соҳибҳуқуқро талаб кунад.

Бартариятҳои франчайзинг чунинанд:

Барои франчайзер – ин имконияти:

  • зиёд гардонидани корхонаҳои савдо (нуқтаҳои савдо, яъне ҷойҳои фурӯши молу хизматҳо) бо сармоягузориҳои камтарин, зеро франчайзиат низ ба ин бизнес сармояи худро мегузорад;
  • зиёд гардонидани даромад (фоида) аз ҳисоби кӯшишҳои франчайзиат. Азбаски франчайзиат соҳибмулки корхона ба ҳисоб меравад, ӯ барои зиёд шудани фоидаи бизнес кӯшиши бештар менамояд;
  • паст кардани сатҳи хароҷоти истеҳсолот ва муомилот ба як воҳиди гардиши мол, зеро франчайзиат чун соҳибкор худ тамоми хароҷотҳо оид ба таъмини корхонаи тиҷоратии худ (маоши кормандон, иҷорапулӣ ва ғ.) – ро мепӯшад;
  • васеъ намудани шабакаи тақсимоти мол ё хизматрасонии худ аз ҳисоби ба франчайзер вобаста кардани франчайзиат, зеро франчайзиат, чун қоида ӯҳдадор аст, ки таҷҳизоти ба худ заруриро аз франчайзер ё ба воситаи ӯ харидорӣ намояд;

барои франчайзиат – ин имконияти:

  • соҳибкори мустақил шудан;
  • зери нишони савдои эътирофшуда пеш бурдани бизнеси худ;
  • истифода бурдани шаклҳои аллакай таҷрибанамудаи соҳибкорӣ; таблиғоти муштарак;
  • омӯзиш ва кӯмак аз тарафи франчайзер;
  • ба даст овардани бисёр намудҳои бизнеси литсензионӣ бо нархҳои нисбатан паст;
  • як қисми сармоягузориҳоро маблағгузорӣ намуда аз ин фоида ба даст овардан. Франчайзинг баъзе камбудиҳоро низ доро мебошад, ки рушди онро нигоҳ медоранд.

Камбудиҳои франчайзинг чунинанд:

барои франчайзер – ин:

  • мушкил будани назорат аз болои фаъолияти франчайзиат, зеро франчайзиат коргари кирояи франчайзер ба ҳисоб намеравад ва франчайзер бевосита ба он роҳбарӣ намекунад;
  • имконияти аз даст додани номи нек ва шӯҳрати худ аз кори бади франчайзиат;
  • хавфи аз франчайзиат гирифтани иттилоот ва ҳисоботи муҳосибии нодуруст;
  • имконияти ба миён омадани ҳадафҳои муқобил бо франчайзиат, ки ба бизнес комилан таъсир мерасонад, чунки франчайзер наметавонад шартнома бо франчайзиатро бекор кунад, то он даме, ки ӯ шартҳои шартномаро вайрон накунад.

Барои франчайзиат – ин:

  • назорат аз ҷониби франчайзер, ки ба франчайзиат барои худнишондиҳӣ дар бизнес камтар имконият мемонад;
  • хатари бадном шудан ва аз даст додани обурӯи худ дар натиҷаи кори бад ва аз даст додани обурӯи франчайзер ё дигар франчайзиатҳо;
  • хатари тағйир ёфтани сиёсати франчайзер ба ҷониби барои франчайзиат бад, масалан ҳангоми иваз намудани франчайзерҳо;
  • хароҷотҳои зиёд барои хизматрасонии франчайзер. Масалан, ба харидории таҷҳизоте, ки франчайзиат бояд танҳо аз франчайзер харидорӣ намояд, дар вақте ки дар дигар фурӯшанда он метавонад арзонтар бошад.

Франчайзинг дар навбати аввал дар соҳаҳое қобили истифода мебошад, ки ҳиссаи калони хизматҳо бо хизматрасонии ҳайат (хӯроки умумӣ, хоҷагии меҳмонхона, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасонии маишӣ, хизматҳои таъмир ва ғ.) хос аст.

Дар хориҷа маҳз ҳамон соҳаҳое, ки корхонаҳои бо шартномаҳои франчайз фаъолияткунанда афзалият доранд, бо сармоягузории сермаҳсул тавсиф карда мешаванд.

Вақте ки ставкаҳои фоизи қарзҳо баланданд ва сармоя норасо мебошад, ба франчайзерҳо, ки барои рушди бизнеси худ аз сармояи франчайзиат вобастагӣ доранд, пайдо намудани франчайзиатҳое, ки қобилияти пешниҳод кардан ё дастрас намудани сармояи лозимиро доранд, душвор мебошад. Норасоии сармоя ва ставкаҳои баланди фоиз танҳо он низомҳои франчайзингро маҳдуд намекунанд, ки сармояи нисбатан камро барои ташкили корхонаи савдо талаб мекунанд, танҳо он низомҳое, ки қобилияти истифода бурдани бозори сармояи саҳҳомиро доранд ва он низомҳое, ки ҷараёни дохилии нокифояи маблағи нақдро ҳосил мекунанд.

Усули анъанавии маблағгузорие, ки аз ҷониби франчайзиат истифода бурда мешаванд, дар омезиши захираҳои худи онҳо ва қарзҳои бонкӣ, инчунин воситаҳои аз гарави амвол бадастомада иборатанд. Дар дигар ҳолатҳо сармояи талабкардашаванда аз воситаҳои худи шаҳрвандон чандин маротиба зиёданд. Онҳо дар ҳолате метавонанд соҳибкор шаванд, ки агар франчайзер дар коркарди барномаи пайдо намудани маблағгузории ғайрианъанавӣ иштирок кунад ё кӯмак расонад.

Дар хориҷа чунин сарчашмаҳои сармоягузориро бо роҳҳои зерин пайдо намудан мумкин аст:

а) франчайзер қитъаи заминро харида, ба саҳмдорон онро мефурӯшад. Саҳмдорон қитъаи заминро мувофиқи шарт ва нақшаи франчайзер обод мекунанд. Баъд франчайзер қитъаҳои ободкардашударо барои корхонаҳои савдои худ ба иҷора гирифта, ба франчайзиат ба субиҷора медиҳад;

б) ташкили «ширкатҳо барои сармоягузорӣ ба бизнеси хурд». Чунин ширкатҳо метавонанд ба корхонаҳои хурд қарз диҳанд ва сармояи худро ба онҳо дар шакли саҳмияҳо гузоранд. Дар ҳолате, ки франчайзер ба сифати кафили ҷалб намудани ин ширкатҳо баромад кунад, ба қарзи франчайзиати ӯ маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ карда мешаванд (масалан, фоизи қарз муайян карда мешавад, ки франчайзиат метавонад барои харидории мол ва хизматҳои франчайзер истифода намояд ва ғ.);

в) пешниҳодҳои оммавӣ оиди ташкили ҷамъиятҳои масъулияти маҳдуд барои сохтмони якчанд муассисаҳои савдо, ки ба франчайзиатҳо ба иҷора дода мешаванд;

г) идора кардан ба амволи ғайриманқул ва пеш бурдани фаъолияте, ки аз ҷониби франчайзиат қатъ гардонида шудааст. Асоси маблағгузорӣ дар ин ҷо истифода бурдани амволи ғайриманқул (бино ва қитъаи замин) ба ҳисоб меравад;

д) таблиғоти муштарак;

е) омӯзиш ва кӯмаки аввала ва минбаъда аз ҷониби франчайзер;

ж) арзиши нисбатан пасти ба даст овардани бисёр намудҳои бизнеси литсензионӣ;

з) имконияти маблағгузорӣ намудани қисми сармоя.

Франчайзинг воситаи сафарбаркунии сармоя ба ҳисоб меравад.

Он сармоягузориҳоро аз шумораи зиёди сармоягузорон ҷалб менамояд, ки кӯшиш мекунанд соҳиби фаъолияти шахсии худ гарданд ва ҷамъи сармоягузориҳо аз маблағе, ки метавонист аз сарчашмаҳои анъанавӣ ба монанди сармояи саҳҳомӣ ё сармояи ҷалбкардашуда (қарзӣ) ҷамъ оварда шавад, чандин маротиба зиёд мебошад.

Ду навъи асосии франчайзинг вуҷуд доранд:

молӣ;

бизнес-формат.

Франчайзинги молӣ бо фурӯши гурӯҳҳои молии франчайзер ба франчайзиат, пардохтҳои аз франчайзиат рӯёнанда ва бо шартҳои пардохт алоқаманд аст.

Дар ҳолатҳои алоҳида он бо пардохти хизматрасониҳои кафолатӣ ва рӯёнидани хароҷотҳои таблиғоти муштарак муносибат дорад.

Франчайзинги молӣ дар адабиёти ватанӣ баъан бо истилоҳи «франчайзинги маснуотҳо» ишора карда мешавад. Ҳангоми франчайзинги молӣ франчайзер мувофиқи шартномаи франчайз ҳуқуқи фурӯши мол ва хизматрасониҳоро дар бозори муайян ё дар ҳудуди муайян ба франчайзиат медиҳад. Франчайзиат бошад, дар навбати худ ӯҳдадор мегардад, ки молҳоро танҳо аз франчайзер харидорӣ менамояд.

Франчайзинги бизнес-формат аз расонидани гурӯҳи хизматрасониҳо ба франчайзиат аз ҷониби франчайзер иборат аст: супурдани истеҳсолот, ноу-хау, омӯзиши он, ки чӣ тавр ин фаъолиятро ба роҳ монад, таҷрибаи андӯхташуда, тасдиқи ғояҳои муваффақ (лоиҳаҳои таҷрибавӣ, ки аллакай дар амал ҷорӣ карда шудаанд), таҳлили макони ҷойгиркунӣ (баҳо додани ҷойҳои мавҷуда ва пешниҳодҳо дар бораи чойҳои нав), нишонаҳои молӣ, нишонаҳои хизматрасонӣ, номи фирмавӣ, хизматрасонии доимӣ ва ғ.

Франчайзинги бизнес-форматро дар адабиёти ватанӣ инчунин бо истилоҳҳои «франчайзинги гардон» ва «франчайзинги корӣ» ишора менамоянд.

Бо ин навъи франчайзинг франчайзиат дастгирии франчайзерро дар тамоми давраи амали шартнома соҳиб мегардад.

Франчайзинги бизнес-формат подоши ибтидоӣ барои пешниҳод намудани франчайзро меситонад. Ин метавонад пардохти якдафъаина ё пардохт бо қисмҳо барои франчайз, омӯзиш, интихоби майдони сохтмони корхона ва дигар хизматҳо бошад. Ҳангоми франчайзинги бизнес-формат талаб карда мешавад, ки франчайзиат ба фонди таблиғотии дар ихтиёри франчайзер буда, аъзоҳаққӣ супорад. Франчайзер метавонад ба франчайзиат фондҳои асосиро ба иҷора диҳад, маблағгузориро пешниҳод кунад, инчунин ҳуқуқ дорад ба сифати таъминкунанда барои франчайзиатҳои худ баромад кунад.

Даромади франчайзер аз подоши якдафъаинаи аввалае, ки ба ӯ пардохт карда мешавад ва аз маблағҷудокуниҳои доимӣ, яъне пардохтҳои ҷорӣ (фоиз аз гардиш ё аз маҷмӯи даромад ва ғ.) таркиб меёбад. Иловатан тамоми сармояҳое, ки барои оғози кори корхонаи савдо заруранд, бояд амалӣ карда шаванд.

Подош мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибҳуқуқ метавонад дар шакли пардохтҳои яккарата ё даврии муқарраркардашуда, ҳисса аз маблағи фурӯш, нархи иловагӣ ба нархи яклухти молҳое, ки ба соҳибҳуқук барои фурӯши оянда фурӯхта мешаванд ё дар шакли дигар, ки бо шартнома муайян карда шудааст, пардохт карда шавад.

Сарчашмаҳои даромадҳои франчайзер инчунин ба ҳисоб мераванд, фоидаҳо аз: ба франчайзиат ба иҷора додани амволи ғайриманқул, таҷҳизот; қарздиҳӣ; ба гарав додани моликият, ба франчайзиат фурӯхтани мол ва хизматҳо; фурӯхтани мол ба корхонаҳои савдои чакана, ки ба франчайзер тааллуқ доранд; харидҳо ва фурӯшҳои корхонаҳои савдои чаканаи франчайзиат.

Дар мамлакатҳои ИДМ истифодаи франчайзинг дар нимаи дуюми солҳои 80-ум, дар вақти ба фурӯш баровардани молҳои ширкатҳои хориҷӣ ба воситаи соҳибкории муштарак оғоз ёфт.

Имрӯзҳо ба меъёрҳои аслии франчайзинг муассисаҳои зудхизматрасонии “Макдоналдс”, мағоза ва дастгоҳҳои автоматии фурӯши обҳои ташнагишикани ширкати “Кока- Кола”, истгоҳҳои хизматрасонии автомобилҳои “Волво”, “Мерседес-Бенс” ва ғ. чавобгӯ мебошанд.

Баъди онҳо муассисаҳои савдо ва муассисаҳое ҷойгир гаштаанд, ки дилерон ва дистрибюторони ваколатдори таъминкунандагон-шарикони хориҷии худ ба шумор мераванд.

Бранд – стратегия – ин кор карда баромадани обрӯи субъекти хоҷагидор (яъне франчайзер) дар асоси дар бозор пешбарӣ намудани бранди он мебошад.

Дар чопи русӣ истилоҳи “бранд” – ро бо калимаи нодуруст (тарҷумаи сунъӣ) – и брэнд ишора мекунанд.

Бранд (анг. brand-нишона, тамғаи фабрикӣ) маҷмӯи хосиятҳои моддӣ ва ғайримоддии мол (хизмат) – ро дар бар мегирад, ки тасаввуроти истеъмолкунандаро ба вуҷуд оварда мавқеи суюъекти хоҷагидор (корхона) – ро дар бозор муайян мекунанд.

Ба хосиятҳои моддии мол (хизмат) дастгоҳ, сохт, шакл ва ғ. мансубанд.

Хосиятҳои ғайримоддии мол (хизмат) устуворӣ, ҳузуру ҳаловат, хизматрасонии кафолатӣ, нишонаи молӣ, нишонаи хизматрасонӣ, услуби ширкат, таблиғот, нарх ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ҳамаи ин хосиятҳоякҷоя шуда, симои нисбатан пурраи мол (хизмат) – ро ташкил менамоянд ва истеъмолкунандаро водор мекунанд, ки дар бозор аз байни ҳамаи мол (хизмат) – ҳои монанд маҳз ҳамин мол (хизмат) – ро интихоб намояд.

Бранд имконияти мушаххасгардонии ҳар мол (хизмат) – ро дар сатҳи нусхаи барномавӣ медиҳад, ки нишонаҳои асосии он якбора сатҳи дастоварди техникӣ ва такмили сифат, таъиноти мол (хизмат), ороиши эстетикӣ, дизайни борҷома, ороиши ҷойҳои фурӯши мол ё пешниҳод намудани хизматрасонӣ (раста, витирина, дохили бино, нақлиёт ва ғ.), сатҳи ҳаловат, сифати хизматрасонии кафолатӣ, сатҳи ҳимояи суғуртавӣ ва ғ. ба ҳисоб мераванд.

Бранд- стратегия дар бар мегирад:

  • таҳлили вазъи бозории мол (хизмат);
  • банақшагирии баровардани мол (хизмат) – и нав;
  • чорабиниҳои ташкилӣ (омӯзиши талабот, кор карда баромадани услуби ширкат, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва ғ.);
  • қабули қарор дар бораи баровардани миқдори муайяни мол (хизмат) бо сифати мазкур бон архи муқарраркардашуда;
  • ташкили истеҳсол (баровардан) – и мол (хизмат) ва савдои онҳо, ташкили хизматрасонӣ.

3. Инжиниринг

Инжиниринг (англ,engineering – маҳорат, дониш) хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ доир ба ташкили корхона ва объектҳоро дар бар мегирад. Инжиниринг усули муҳими баланд бардоштани самаранокии сармояи ба объект гузошташуда мебошад. Он чун шакли муайяни содироти хизматрасонӣ (супоридани дониш, технология ва таҷриба) аз ҷониби истеҳсолкунанда ба мамлакати фармоишгар баҳо дода мешавад.

Инжиниринг маҷмӯи корҳоро оид ба гузаронидани татқиқотҳои пешакӣ, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, инчунин кор карда баромадани тавсияҳо дар бобати ташкил ва идораи истеҳсолот, истифодабарии таҷҳизот ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад.

Шартнома дар бораи харидории хизматрасониҳои инжинирингӣ як қатор ӯҳдадорӣ ва шартҳои махсусро дар бар мегирад: рӯйхати вазифа ва корҳо бо мӯҳлати иҷроишашон; мӯҳлат ва ҷадвали иҷрои корҳо; шумораи ҳайати гурӯҳи инжинирингӣ, ки дар иҷрои корҳо дар макон иштирок мекунанд ва шароитҳои зиндагии онҳо; дараҷаи ҷавобгарии ҷонибҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо; шартҳои ба дигар ширкат гузашт намудани қисми хизматрасониҳои шартнома дар асоси пудрати майда, пардохт намудани омӯзиши ҳайат. Вазифаи инжиниринг аз ҷониби фармоишгарон ба даст овардани натиҷаи беҳтарин аз сармоягузорӣ мебошад, ки аз чунин ҳисоб ба даст меояд:

  • муносибати системавӣ ва низомномавӣ ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳо;
  • варианти бисёр доштани коркардҳои техникӣ ва иқтисодӣ, баҳодиҳии молиявии онҳо бо интихоби варианти барои фармоишгар муносиб;
  • кор карда баромадани лоиҳаҳо бо назардошти имконияти истифода бурдани технологияҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии пешқадам, таҷҳизот, консруксия ва маводҳо аз сарчашмаҳои алтернативии гуногун, ки ба шартҳои мушаххас ва талаботҳои махсуси фармоишгар ҷавобгӯ мебошанд;
  • истифода бурдани усулҳои муосири ташкил ва идоракунии тамоми зинаҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳо.
  • Инжиниринг чун намуди махсуси соҳибкорӣ хусусиятҳои хосро доро мебошад:
    • яке аз шаклҳои хизматрасонии таъиноти истеҳсолӣ ба шумор меравад, ки на дар шакли моддии маҳсулот, балки дар таъсири муфид зоҳир мегардад. Ин таъсири муфид метавонад ноқили моддӣ (ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва техникӣ, ҷадвалҳо, нақшаҳо ва ғ.) дошта бошад.
    • дар охир бо тайёр намудан ва таъмин кардани ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳое алоқаманд аст, ки барои истеъмолоти мобайнӣ ва интиҳоӣ пешбинӣ шудаанд;
    • объекти хариду фурӯш ба ҳисоб меравад, яъне хосияти тиҷоратӣ дорад;
    • назар ба франчайзинг ва ноу-хау бо хизматрасониҳои барқароршаванда сару кор дорад, яъне бо хизматрасониҳое, ки арзишашон бо сарфи вақти зарурӣ барои истеҳсоли онҳо муайян карда мешавад ва аз ин рӯ барои фурӯши онҳо фурӯшандаҳои зиёд мавҷуд мебошанд.
    • Франчайзинг бо ноу-хау бошанд, бо фурӯхтани донишҳои таъиноти истеҳсолии дар айни замон барқарорнашаванда, ки шумораи маҳдуди фурӯшандаҳоро доранд, алоқаманд мебошанд. Дар амалия расонидани хизматҳои инжинирингӣ бисёр вақт бо фурӯши ноу-хау омезиш меёбад. Ин ба ҷойивазкунии мафҳумҳои “хизматрасониҳои инжинирингӣ” ва “мубодилаи технологияҳо” оварда мерасонад. Дар асл хизматрасониҳои инжинирингӣ – ин усули супоридани донишҳои технологӣ ва дигар донишҳои нав мебошад, аммо худи хизматҳо аз мол иборат мебошанд, ки аз технология фарқ мекунанд.
    • Тамоми маҷмӯи хизматрасониҳои инжинирингро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард:
    • а) хизматрасониҳое, ки бо тайёр намудани ҷараёни истеҳсолот алоқаманданд;
    • б) хизматрасониҳо барои таъмин намудани равиши муқаррарии ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот.
    • Ба таркиби гурӯҳи якум дохил мешаванд: хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ, хизматрасониҳои махсуси лоиҳавӣ, ва баъдилоиҳавӣ. Хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ омӯзиши бозор, амалӣ намудани татқиқотҳои саҳроӣ, кашфи канданиҳо, пуриморат кардани минтақаҳо ва ғайраро дар бар мегиранд. Хизматрасониҳои лоиҳавӣ инжиниринги бунёдӣ ва ҷузъиро дар бар мегиранд. Инжиниринги бунёдӣ – ин тайёр намудани татқиқотҳои пешакӣ ва лоиҳаҳо, нақшаи генералӣ, баҳодиҳии арзиши лоиҳа ва ғайра мебошад. Инжиниринги ҷузъӣ – ин пешниҳод намудани пешниҳодҳо оиди лоиҳаи охирин, омода намудани коргарон, нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ғ. Хизматрасониҳои баъдилоиҳавӣ хизматрасониҳо барои омода намудани шартнома, ташкили савдо, пеш бурдани лоиҳа, назорат ва тафтиш аз болои амалӣ намудани корҳо, пеш бурдани таҷрибаҳо, тайёр намудани ҳайат ва шароитҳо барои фурӯши маҳсулот. Хизматрасониҳои махсус – ин хизматрасониҳое, ки бо муаммоҳои мушаххаси ташкили объекти мазкур (татқиқлтҳои иқтисодӣ, маросимҳои ҳуқуқӣ ва ғ.) алоқаманданд.
    • Ба таркиби хизматрасониҳои инжинирингӣ оид ба таъмини равиши муқаррарии ҷараёни истеҳсол ва фурӯши маҳсулот корҳои алоқаманд бо муносибкунии ҷараёнҳои истифодабарӣ, идоракунии корхона ва фурӯши маҳсулоти он дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳи хизматрасониҳо хизматрасониҳо оид ба идоракунӣ ва ташкили ҷараёни истеҳсолот, муоина ва озмоиши таҷҳизот, истифодабарии объект, машварат ва кӯмак дар масъалаҳои молиявӣ, хизматрасониҳо оид ба таъмини фурӯши маҳсулот ва ҷорӣ намудани системаҳои таъминоти иттилоотӣ дохил карда мешаванд.
    • Асоси ташкили савдои байналхалқии хизматрасониҳои инжинирингиро усули фармоишии амалӣ намудани корҳо ташкил мекунад, ки ба шартномаи дар байни фармоишгар ва ширкати инжинирингии хориҷӣ басташуда, асос ёфтааст. Шартномаи байналхалқӣ барои расонидани хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ метавонад бо тарзҳои гуногун ба расмият дароварда шавад. Намуди шартнома аз усули аз ҷониби фармоишгар интихобнамудаи амалӣ намудани лоиҳа ва хусусияти хизматрасонии ширкати инжинирингии хориҷӣ вобаста аст. Се усусли асосии бунёдкунии объектҳо мавҷуд аст. Усули якум амалӣ намудани қисми зиёди корҳоро (аз он ҷумла лоиҳакашӣ, роҳбарии лоиҳа, баъзан сохтмони объект) аз ҷониби ҳайати фармоишгар ё аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ дар назар дорад. Дар ин ҳолат ширкати инжинирингии хориҷӣ танҳо ба сифати машваратчӣ ҳангоми омодасозӣ ва амалӣ кардани лоиҳа, инчунин чун намояндаи фармоишгар дар вақти амалӣ намудани назорат ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо лоиҳакашон, пудратчиён ва дигар ҷонибҳо баромад мекунад.
    • Ҳангоми аз ҷониби худи фармоишгар иҷро намудани қисми зиёди корҳо, воридоти хизматрасониҳои инжинирингӣ аз хориҷа метавонад ба машваратдиҳӣ ва омӯзиши мутахассисон оид ба муаммоҳое, ки бо амалӣ намудани танҳо зинаҳои алоҳидаи лоиҳа алоқаманданд, оварда расонида шавад. Шартномае, ки бо усули якуми бунёди объект алоқаманд аст, ҷавобгарии машваратчиро аз болои амалигардонии лоиҳа пешбинӣ намекунад. Усули дуюм аз ҷониби ширкати инжинирингии хориҷӣ иҷро намудани ҳама ё қисми зиёди хизматрасониҳои инжинирингиро аз рӯи лоиҳа, аз он ҷумла лоиҳакашӣ, идоракунии сохтмон ва роҳбарӣ ба амалӣ намудани лоиҳа дар умумро пешбинӣ мекунад. Шартномае, к ибо усули дуюми сохтмони объект алоқаманд аст, шартномаи инжиниринги пурраро дар бар мегирад ва ҷавобгарии ширкати инжинирингиро чун агенти ваколатдори фармоишгар барои иҷро намудани лоиҳа пешбинӣ мекунад. Усули сеюми бунёди объект бо бастани шартномаи “таҳти калид” бо пудратчии хориҷӣ алоқаманд мебошад, ки ҷавобгарӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи корҳо, аз он ҷумла корҳои сохтмони объектро бар дӯши худ мегирад. Дар ин ҳолат хизматрасониҳои инжинирингӣ на аз ҷониби ширкати махсусгардонидашудаи инжинирингӣ, балки аз ҷониби пудратчии сохтмонии генералӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар савдои байналхалқии хизматрасониҳои инжинирингӣ ширкат-иҷрокунанда дар ҷараёни гуфтушунидҳои мустақим ё дар рафти савдои пудратӣ (тендер) интихоб карда мешавад. Савдоҳои пудратӣ метавонанд гузаронида шаванд, ҳангоми ҷойгир кардани фармоиш барои:

  • сохтмони корхонаҳо, бино ва иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, аз он ҷумла бо шартҳои “таҳти калид”;
  • иҷро кардани корҳои лоиҳавӣ, муҳандисӣ-муҳаққиқӣ, конструкторӣ, сохтмонӣ, васлкунӣ, бакорандохтан ва танзим ва дигар корҳо;
  • ҷобаҷо кардани таҷҳизоти маҷмӯии технологӣ, аз он ҷумла бо шартҳои “таҳти калид”;
  • лоиҳаҳо, машваратдиҳӣ, назорат;
  • ҳар омезиши аз ҷиҳати техникӣ ва ташкилӣ асоснокнамудаи кор ва хизматҳои нишондодашуда.

Намудҳои асосии савдои пудратӣ чунинанд:

  • вобаста ба гузаронидани савдои интихоби пешакии довталабон (оферентҳо) аз ҷониби ташкилкунанда – бо дараҷабандии пешакӣ ва бе дараҷабандии пешакӣ;
  • вобаста аз иштироки оферентҳои хориҷӣ – бо иштироки оференти хориҷӣ ва бе иштироки оференти хориҷӣ;
  • вобаста аз иштироки оферентҳо дар маросими савдо ва паҳн кардани натиҷаҳои онҳо – кушод ва пӯшида;
  • вобаста аз он, ки аз рӯи предмети савдои мазкур бори чандум таъин карда мешаванд – аввала ва такрорӣ. Қарор дар бораи таъинот ва вақти гузаронидани савдо аз ҷониби фармоишгар баъди тасдиқ намудани асосноксозии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ё баъди тайёр кардани ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад. Дар савдои пудратӣ тамоми корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, агар барои ин фаъолият иҷозатнома гирифтан зарур бошад, соҳиби иҷозатнома бошанд, метавонанд иштирок кунанд. Дар савдои мазкур иштирок намудани корхона ва ташкилотҳое, ки аз ҳамдигар вобастагии ташкилӣ-ҳуқуқӣ ё молиявии мустақим доранд ва ин вобастагӣ дар шакли санадҳои муассисӣ, иштироки молиявӣ, холдинг ва ғайра инъикос меёбад, манъ карда мешавад. Дар савдо тамоми шахсоне, ки мехоҳанд ба сифати довталаб (оферентҳо) баромад кунанд, метавонанд иштирок кунанд. Савдо метавонад бо дараҷабандии пешакии довталабоне, ки хоҳиши дар савдо иштирок кардани худро тасдиқ намудаанд, гузаронида шаванд. Савдои пудратиро кумитаи тендерӣ мегузаронад. Кумитаи тендерӣ савдои пудратиро мегузаронад, ҳамзамон арзиши хизматрасониҳои инжинирингӣ чунин баҳо дода мешаванд:
  • пардохти вақтбайи мутахассисон;
  • пардохти хизматрасониҳои воқеӣ ва подоши муқарраркардашуда;
  • фоиз аз арзиши сохтмон ё васлкунии таҷҳизот;
  • пардохти хизматрасониҳои воқеӣ ҷамъи фоизи фоида аз истифодабарӣ.

7.4.Реинжиниринг

Дар давраҳои охир дар бозори байналхалқии хизматрасониҳо намуди нави хизматрасонӣ – хизматрасонии реинжиниринг пайдо шуд, ки аз ҷониби ширкатҳои реинжинирингии хориҷӣ расонида мешавад. Реинжиниринг (англ, re-engineering) – ин хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ оид ба бозсозии низоми ташкил ва идораи ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионии субъекти хоҷагидор бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории молиявии он мебошанд. Реинжиниринг ду намудро доро мебошад: реинжиниринги бӯҳронӣ ва реинжиниринги тараққиёт. Реинжиниринги бӯҳронӣ ба ҳалли муаммоҳои бӯҳронии субъекти хоҷагидор равона карда мешавад. Он дар ҳолатҳое истифода карда мешавад, ки натиҷанокии фаъолияти молиявӣ-тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ-савдоии субъекти хоҷагидор доимо паст мегардад, рақобатпазириаш якбора паст шуда, раванди муфлисшавӣ ба миён меояд ва маҷмӯи чорабиниҳо барои бартараф кардани ин бӯҳрон заруранд. Имрӯз бисёр субъектони хоҷагидори истеҳсолӣ ба реинжиниринги бӯҳронӣ эҳтиёҷ доранд ва ин якчанд сабабҳои худро дорад:

  • дар сохтори муосири ташкил ва идораи ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳо ҳоло бисёр нишонаҳои режими кӯҳна мавҷуданд, ки ба хароҷоти зиёдатии захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ ва моддӣ оварда мерасонанд;
  • унсурҳои нави ҷараёни бизнес дар сатҳи коркард қарор дошта суст инкишоф меёбанд. Реинжиниринги тараққиёт дар он ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки динамикаи рушди сохтори амалкунандаи ташкил ва идоракунии ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ паст шуда, аллакай ба сатҳи ниҳоии ба даст овардани фоида расидааст. Чунин намуди реинжиниринг барои ширкатҳои савдо хос аст. масалан, агар пештар фурӯши молҳо бо пешпардохт меъёр ҳисоб карда мешуд, имрӯзҳо аллакай тамоюли ба роҳ мондани алоқаҳои шарикона бо контрагентҳо бо принсипи қарзҳои молӣ, қарзҳои тиҷоратӣ (яъне ҳисоббаробаркунӣ бо додани мӯҳлат барои пардохт) ба назар мерасад. Қарзи молӣ – ин ба моликият дигар ҷониб гузоштани мол аз тарафи ҷониби дигар мебошад. Қарзи молӣ барои шарикони яклухтфурӯши хурд ва минтақавӣ, ки сармояи гардон надоранд, ё бо он таваккал карданӣ нестанд, муфид мебошад. Схемаи қарзҳои молӣ ва схемаи консигнатсионӣ сиёсати молиявии боз ҳам сахттар ва баҳисобгирии муҳосибии аниқро назар ба схемаи пешпардохт талаб мекунанд. Дар ҷараёни азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор дар асоси реинжиниринг гузариш аз бизнес-ҷараён ба реинжиниринги бизнес – ҷараён ба миён меояд. Бизнес-ҷараён амали ҳайати роҳбарикунанда дар ҷараёни хоҷагидориро дар бар мегирад. Реинжиниринги бизнес-ҷараён – ин беҳтар гардонидани низоми идоракунии ҷараёнҳои хоҷагидорӣ мебошад. Ширкатҳои инжинирингиро, ки бо реинжиниринг машғуланд, метавон ба чор намуд ҷудо намуд. Намуди якум – ин ширкатҳо-машваратчиёни хориҷӣ мебошанд. Онҳо пеш аз ҳама хизматрасониҳои аудиторӣ инчунин хизматрасониҳо барои идора кардани селаҳои иттилоотӣ бо ёрии компютерҳо ва таъминоти барномавии худро пешниҳод мекунанд. Намуди дуюм – ин ширкатҳои консалтингӣ мебошанд, ки чун интегратори системавӣ кор мекунанд. Ин ширкатҳо танҳо дар сатҳи болоии идоракунии субъекти хоҷагидор метавонанд кор кунанд ва аз қоидаҳои баҳисобгирӣ ва технологияи ҷорӣ намудани онҳо дур мебошанд. Вазифаи асосии онҳо дар барпо кардани тамсилаҳои беҳтарин бо ёрии барномаҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Чунин ширкатҳо дар идоракунии молия таҷриба надоранд. Онҳо аз рӯи принсипи лоиҳавӣ фаъолият мекунанд ва қобилияти қарорҳои тиражиро надоранд. Намуди сеюм– ин ширкатҳое мебошанд, ки лоиҳаи корхонаи идеалиро тайёр менамоянд, яъне лоиҳаи бизнеси беҳтаринро пешниҳод мекунанд. Аммо ин ишркатҳо худашон наметавонанд ин лоиҳаро амалӣ намоянд ва барои дар ҳаёт амалӣ намудани он тавсияҳо низ намедиҳанд. Намуди чорум – ин ширкатҳое мебошанд, ки бо дар амал татбиқ намудани реинжиниринг машғул мебошанд. Вазифаи асосии онҳо – ин зудтар ҷорӣ намудани натиҷаҳои лоиҳаи азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор, бо мақсади бартараф кардани вазъи бӯҳронии бамиёномада ва баъдан пешниҳод намудани низоми беҳтари идоракунӣ мебошад.

5. Лизинг

Лизинг(англ,lease – аренда) – шакли иҷораи дарозмуддат мебошад, ки бо ба истифода супоридани таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқул, ба ғайр аз қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ, алоқаманд аст. Амалан, лизинг шакли таъминоти моддӣ-техникӣ бо иҷора ва қарздиҳии якҷоя мебошад. Дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ лизинг чун мафҳуми “иҷораи молиявӣ” иштирок мекунад. Дастурамал дар бораи лизинг онро чунин муайян мекунад: Лизинг – ин чунин намуди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки ба сармоягузории воситаҳои молиявии озод ё ҷалбкардашуда равона карда шудааст, ки мувофиқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) иҷорадиҳанда ӯҳдадор мегардад, то амволи дар шартнома нишондодаро аз фурӯшандаи муайян харидорӣ намуда, ин амволро ба иҷорагиранда (лизинггиранда) бар ивази пардохт ба истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ диҳад. Предмет (объект) – и лизинг ҳар ашёи ғайриистеъмолӣ шуда метавонад, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба ғайр аз қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ. Лизингдиҳанда – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки фаъолияти лизингиро, яъне мувофиқи шартнома ба лизинг додани амволе, ки махсус барои он ба даст оварда шудааст, амалӣ мекунад. Лизинггиранда – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки мувофиқи шартномаи лизинг амволро ба истифода мегирад. Фурӯшандаи амволи лизингӣ – ин субъекти хоҷагидор – истеҳсолкунандаи мошин ва таҷҳизот, дигар субъекти хоҷагидор ва ё шаҳрванде мебошад, ки амволи предмет (объект)-и лизинг баҳисобравандаро мефурӯшад. Лизингдиҳанда мувофиқи шартномаи лизинг ӯҳдадор мегардад, ки амволи аз ҷониби лизинггиранда нишондодаро аз фурӯшандаи аз тарафи ӯ муайянкарда ба даст оварда, ин амволро ба лизинггиранда бар ивази пардохт барои истифодаи муваққатӣ бо мақсадҳои соҳибкорӣ месупорад. Ҳамазамон, лизингдиҳанда барои интихоби предмети лизинг ва фурӯшанда ҷавобгар нест. Лизингдиҳанда ҳангоми дастрас намудани амвол барои лизинггиранда бояд фурӯшандаро огоҳ намояд, ки амволи мазкур барои ба иҷораи молиявӣ додан, ба шахси муайян, пешбинӣ шудааст. Хавфи нобудшавӣ ё вайронкунии тасодуфии амволи ба иҷора гирифташуда, дар лаҳзаи ба лизинггиранда супоридани амвол ба ӯ мегузарад, агар дар шартномаи лизинг дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад. Лизинггиранда ҳуқуқ дорад бевосита ба фурӯшандаи амволе, ки предмети шартномаи лизинг ба шумор меравад, талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда ва лизингдиҳанда нисбати сифат ва пуррагии амвол, мӯҳлати таҳвили он, ва дар дигар ҳолатҳои ба таври бояду шояд иҷро накардани шартнома аз ҷониби фурӯшанда ба миён меоянд, пешниҳод кунад. Лизинггиранда низ чун харидор ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ дорад, ба истиснои ӯҳдадории пардохт намудани амволи бадастовардашуда. Аммо лизинггиранда наметавонад бе розигии лизингдиҳанда шартномаихариду фурӯш бо фурӯшандаро бекор кунад. Нисбати харидор лизинггиранда ва лизингдиҳанда чун қарздиҳандагони ҳамраъй баромад мекунанд, яъне ҳар яки онҳо ҳуқуқ дорад ба фурӯшанда талаботҳояшро пурра пешниҳод кунад. То пешниҳод намудани талабот аз тарафи қарздиҳандаҳои ҳамраъй фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ӯҳдадориҳо ба хар кадоми онҳоро мувофиқи салоҳдиди худ иҷро кунад. Лизингдиҳанда дар назди лизинггиранда барои аз ҷониби фурӯшанда иҷро намудани талаботҳое, ки аз шартномаи хариду фурӯш ба миён меоянд, ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҷавобгарӣ барои интихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳанда мебошад, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад. Агар ҷавобгарӣ барои интихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳанда бошад, лизинггиранда ҳуқуқ дорад талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯш ба миён меоянд, ҳам ба лизингдиҳанда ва ҳам ба фурӯшанда, ки ҷавобгарии якҷоя мебаранд, пешниҳод кунад.

Лизинг ду намудро доро мебошад: молиявӣ ва амалиётӣ:

Лизинги молиявӣ(financiallesing) аз ҷониби лизинггиранда дар тамоми давраи амали шартномаи лизинг пардохт намудани маблағҳоеро пешбинӣ мекунад, ки арзиши истеҳлоки амволро пурра ё қисман, инчунин фоидаи лизингдиҳандаро мепӯшонанд.

Баъди анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартнома лизинггиранда метавонад:

  • предмети лизингро ба лизингдиҳанда баргардонад;
  • шартномаи нави лизингро бандад;
  • предмети лизингро бо арзиши боқимонда харад.

Лизинги амалиётӣ (operationlesing) ба мӯҳлати камтар аз давраи истеҳлокии амвол баста мешавад. Баъди анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартнома предмети лизинг ба соҳибаш баргардонида мешавад ё аз нав ба иҷораи молиявӣ дода мешавад. Лизинггиранда лизинги амалиётиро чун қоида дар ду ҳолат интихоб мекунад. Якум,вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда ба ӯ танҳо барои иҷро намудани кори яккарата ё барои амалӣ намудани як лоиҳаи фаръӣ зарур аст. Дуюм,вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда аз ҷиҳати маънавӣ ниҳоят зуд истеҳлок мешавад ва лизинггиранда тахмин мекунад, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати амали шартномаи лизинг (лизинги амалиётӣ) чунин амволи муосир ва нисбатан самараноктар пайдо хоҳад гашт. Лизинг ду шакли асосиро доро мебошад: мустақим ва баргарданда. Лизинги мустақим чунин аст: субъекти хоҷагидор таҳвилгар (ё истеҳсолкунанда) – и амволи лизингии ба худаш заруриро пайдо менамояд ва дар ин бора бо нишон додани ҳама хосиятҳои техникӣ ва иқтисодӣ ба ширкати лизингӣ хабар медиҳад. Ширкати лизингӣ бо субъекти хоҷагидор шартнома мебандад, ки мувофиқи он ширкат ба таҳвилгар арзиши амволро пурра пардохт менамояд ва ин амволро ба субъкти хоҷагидор ба иҷораи дарозмуддат медиҳад. Ҳамзамон ширкати лизингӣ бо таҳвилгар доир ба дастрас намудани амвол шартнома мебандад. Лизинги мустақим вақте афзалият дорад, ки субъекти хоҷагидор ба аз нав таҷҳизонидани иқтидори техникиии мавҷудбуда эҳтиёҷ дорад. Лизинги баргарданда ба даст овардани захираҳои молиявии иловагӣ таҳти гарави амволи фармоишгар мебошад. Лизинги баргардандаро метавон чун алтернативаи амалиётҳои қарзӣ ном бурд. Моҳияти он дар он аст, ки лизинггиранда амволи худро ба ширкати лизингӣ мефурӯшад ва ҳамон замон ин амволро аз ширкат ба иҷораи дарозмуддат мегирад. Шартномаи лизинги баргарданда ба тамоми давраи хизмати муфиди амвол паҳн мегардад ва дар оянда боз ба лизинггиранда гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, субъекти хоҷагидор ҳангоми лизинги баргарданда воситаҳои молиявиро ба даст меорад, ки кафолати баргардониданашон амволи худи ӯ мебошад, ки ба ширкати лизингӣ ба гарав гузошта шудааст. Ҳангоми бастани шартномаи лизингӣ ҷанбаи асосии молиявӣ пардохти лизингӣ ба шумор меравад. Он аз намуди амвол, мӯҳлати лизинг, ҷадвали пардохтҳо ва дигар шартҳои шартнома вобаста мебошад. Пардохти лизингӣ руйпӯш кардани хароҷотҳои пурраи лизингдиҳанда бо назардошти фоидаи мӯътадилро дар бар мегирад. Одатан маблағи он қайд кардашуда мебошад ва дар тӯли тамоми давраи амали шартнома пардохт карда мешавад. Аммо дар шароитҳои таваррум дар шартнома ба таври ҳатмӣ имконияти бознигарӣ намудани бузургии фоизи лизингӣ монда мешавад.

Вариантҳои гуногуни пардотҳо метавонанд бошанд. Агар вазъи молиявии мизоҷ дар давраи авали азхудкунии таҷҳизот пардохт намудани хароҷотҳои зиёдкардашударо имконият диҳад, он гоҳ ҳангоми ҳамон шартҳои лизинг имконияти сарфакунӣ дар пардохти фоизҳо пайдо мегардад. Динамикаи баръакси пардохтҳои лизингӣ низ метавонад вуҷуд дошта бошад, вақте ки мизоҷ бо сабаби вазъи номусоиди молиявӣ дар бораи мӯҳлат додан дархост кунад. Аммо мавқуф гузоштани пардохти лизингии якум ба афзоиши маблағи фоизҳои дар охири давра гирифташаванда, оварда мерасонад. Ҳангоми муайян намудани ставкаҳои лизинги байналхалқӣ, ба ғайр аз ҷанбаҳои сирф молиявӣ имтиёзҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳо ба инобат гирифта мешаванд, ки бо қонунгузориҳои як қатор мамлакатҳо ба сармоягузорон ва соҳибони намудҳои ҷудогонаи амвол пешниҳод карда мешаванд. лизинг бо қарзи молӣ монандӣ дорад. Аммо агар ҳангоми қарзи молӣ истифодабарандаи мол якҷоя бо гирифтани мол соҳиби ҳуқуқи моликият бо мӯҳлат барои пардохти арзиши он гардад, ҳангоми лизинг ин ҳуқуқ то пурра пардохт намудани предмети лизинг аз ҷониби лизинггиранда дар дасти лизингдиҳанда мемонад. Аз ин рӯ пардохтҳои лизингӣ ин пардохтҳо барои қарз мебошанд, ки дар шакли молӣ гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, лизинг чун яке аз вариантҳои иҷора баҳо дода мешавад, барои ҳамин пардохтҳои лизингӣ пардохтҳои иҷоравӣ мебошанд. Тартиб, шартҳо ва мӯҳлати пардохт намудани иҷорапулӣ бо шартномаи иҷора (дар айни ҳол шартномаи лизинг) муайян карда мешавад.

Иҷорапулӣ ба тамоми амволи иҷорагирифташуда дар умум ё алоҳида барои ҳар қисми таркибии он дар намудҳои зерин муқаррар карда мешавад:

а) пардохтҳои дар маблағи устувор муайян карда шуда, ки як дафъа ё ба таври даврӣ пардохт карда мешаванд;

б) ҳиссаи муайянкардашуда аз маҳсулот, даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи амволи ба иҷора гирифташуда ба даст омадааст;

в) аз ҷониби иҷорагиранда пешниҳод намудани хизматрасониҳои муайян;

г) аз ҷониби иҷорагиранда ба иҷорадиҳанда ба моликият ё ба иҷора супоридани амволе, ки бо шартнома муайян карда шудааст;

д) бар дӯши иҷорагиранда гузоштани хароҷотҳо барои беҳтар намудани моликияти ба иҷорагирифташуда, ки дар шартнома нишон дода шудаанд.

Ҷонибҳо дар шартномаи иҷора метавонанд омезиши шаклҳои нишондодашудаи пардохти иҷора ё дигар шаклҳои пардохти иҷораро пешбинӣ намоянд. Андозаи иҷорапулӣ, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, бо қарордоди ҷонибҳо дар мӯҳлате, ки дар шартнома нишон дода шудааст, аммо на зиёда аз як маротиба дар як сол метавонад тағйир дода шавад. Аз ҷониби қонун мӯҳлатҳои камтарини бознигарии андозаи пардохти иҷора барои намудҳои алоҳидаи иҷора, инчунин барои иҷораи намудҳои алоҳидаи моликият метавонанд пешбинӣ карда шаванд. Ичорагиранда (лизинггиранда) дар ҳолати бо сабабҳои аз ӯ новобаста бад шудани ҳолати моликият ё шароитҳои истифодабарии бо шартномаи иҷора (лизинг) пешбинӣ шуда, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, метавонад кам кардани пардохтҳои иҷораро талаб кунад. Дар ҳолати аз ҷониби иҷорагиранда (лизинггиранда) вайрон намудани мӯҳлати пардохти иҷора, иҷорадиҳанда (лизингдиҳанда) ҳуқуқ дорад, ки агар мувофиқи шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, аз ӯ дарҳол пардохт намудани иҷорапулиро талаб кунад. Ҳамзамон, иҷорадиҳанда ҳуқуқ надорад зиёда аз ду мӯҳлат пай дар пай пеш аз мӯҳлат пардохт намудани иҷорапулиро талаб намояд. Ҳангоми ҳисоб кардани андозаи умумии пардохтҳои лизингӣ лизингдиҳанда мувофиқи шартнома ба он маблағи хароҷотҳои воқеии худ ва фоидаи банақшагирифташавандаро дохил мекунад. Ба таркиби пардохтҳои лизингӣ одатан дохил карда мешаванд:

• истеҳлоки моликияти лизингӣ дар тамоми мӯҳлати амали шартномаи лизинг;

  • ҷуброни пардохтҳои лизингдиҳанда барои воситаҳои қарзии аз тарафи ӯ истифодашуда;
  • андозаи подоши комиссионӣ;
  • пардохт барои хизматрасониҳои иловагии лизингдиҳанда (таҳвил, ба кор даровардани таҷҳизот, омӯзиши ҳайат ва ғ.).

Дар шартномаи лизинг метавонанд ҳам андозаи ҳар як унсурҳои ба нархи шартнома дохилшаванда ва ҳам маблағи умумии пардохтҳои лизингӣ бе ҷудо намудани он ба унсурҳои алоҳида пешбинӣ карда шаванд. Ҳангоми бастани шартнома ҷонибҳо метавонанд маблағи муқарраршудаи пардохтҳоро муайян намоянд ё танҳо дар бораи алгоритми ҳисоб кардани онҳо ба мувофиқа оянд. Ҷонибҳо инчунин усули ҳисобкунӣ ва ҷадвали анҷом додани пардохтҳоро муайян намоянд. Омили муҳими бурдбории бизнеси лизингӣ интихоби сохтори дурусти ташкилии ширкати лизингӣ ва омодагии баланди касбии ҳайати кормандони он ба ҳисоб мераванд. Бизнеси лизингӣ – ин яке аз намудҳои мураккабтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки дар он муносибатҳои иҷоравӣ, унсурҳои мабдағгузории қарзӣ таҳти гарав, ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои қарзӣ ва дигар механизмҳои молиявӣ ҷалб карда шудаанд. Ширкати лизингӣ бо миқдори зиёди хадамотҳои таҳлилӣ, таъминоти маркетингӣ ва ҳуқуқии мустаҳкам ҳамкории назаррас бо муассисаҳои бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва сохторҳои ҳукуматии минтақавӣ шинохта мешавад.

6. Ноу-хау

Қисми муҳими алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ мубодила дар шакли дониш, таҷриба ва иттилооти илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад. Ин мубодила ноу-хау мебошад.

Ноу-хау (англ,know-how – медонам чӣ тавр) – маҷмӯи донишҳои техникӣ ва сирри тиҷоратӣ мебошад.

Ноу – хау бо хосияти техникӣ дар бар мегирад:

  • намунаҳои таҷрибавии бақайд гирифта нашудаи маснуот, мошин ва дастгоҳҳо, қисмҳои алоҳида, асбобҳо, ҷиҳоз барои коркард ва ғ.;
  • ҳуҷҷатҳои техникӣ – формулаҳо, ҳисобҳо, нақша, нақшаи натиҷаи таҷрибаҳо, рӯйхат ва мундариҷаи корҳои илмӣ-татқиқотии гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳо; ҳисобҳое, ки дар технология ё истеҳсолоти мазкур истифода бурда мешаванд;
  • маълумотҳо дар бораи сифати маводҳо; барномаҳои таълимӣ барои омодасозии ҳайати кормандон;
  • тавсияҳое, ки маълумотҳо дар бораи сохтор, тайёркунӣ ё истифодаи маҳсулот, таҷрибаи истеҳсолӣ ва тавсифи технологияро дар бар мегиранд;
  • нишондодҳои амалӣ доир ба дизайн; дастурамалҳои техникӣ, маълумотҳо дар бораи банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолот;
  • донишу маҳоратҳо дар бахши ҳисобдории муҳосибӣ, оморӣ ва молиявӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
  • донишҳои қоидаҳои гумрукӣ ва савдо ва ғ.

Ба ноу-хау бо хосияти тиҷоратӣ дохил мешаванд:

    • базаи маълумотҳои суроғавӣ;
    • картотекаи мизоҷон;
    • картотекаи таҳвилгарон;
    • маълумотҳо дар бораи ташкил ва самаранокии истеҳсолот, ҳаҷми барориши маҳсулот;
    • маълумотҳо дар бораи ташкили фурӯш ва паҳнкунии маҳсулот;
    • усулҳо ва шартҳои таблиғот;
    • маълумотҳо дар бораи омӯзиши ҳайати кормандон ва ғ.

Назар ба сирри истеҳсолот ноу-хау патент кунонида намешавад, чунки аксаран аз усуллу маҳоратҳои муайян иборат мебошад. Ноу-хау барои ҷараёни истеҳсолии муайян моликияти ин ё он шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ объекти хариду фурӯш мегардад. Чун қоида, ноу-хау ба сифати мол чун идомаи фурӯши патент ва иҷозатномаҳо ба ҳисоб рафта, онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, аммо метавонад мустақиман низ ба фурӯш бароварда шавад. Ба даст овардани ноу-хау якҷоя бо харидории ичозатнома ба роҳ мондани истеҳсолотро осон ва арзонтар мегардонад ва супоридани нисбатан пурра сирри истеҳсолотро таъмин менамояд. Фурӯши ноу-хау махсусиятҳои худро дорад. Барои баҳо додан ба ноу-хау харидор бояд бо моҳияти он қисман шинос шавад, ҳамзамон фурӯшанда таваккал мекунад, ки ноу-хауро нафурӯхта инҳисор ба онро аз даст диҳад. Дар ин ҳолат соҳибмулк барои шиносоӣ маълумотҳоеро медиҳад, ки бо патент ҳимоя карда нашудаанд, ба истиснои лаҳзаҳои калидие, ки имконият медиҳанд ноу-хау мустақилона истифода карда шавад. Агар ин бо ягон сабаб мумкин бошад, ба ҷонибҳо тавсия дода мешавад, ки барои шиносоии пеш аз фурӯш бо ноу-хау шартномаи пешакӣ банданд. Дар ин шартнома махфияти иттилоот ва ҷавобгарӣ дар ҳолати истифодабарии ноу-хау бе харидории он шарҳу эзоҳ дода мешавад. Ҳангоми муайян намудани нархи ноу-хау дар хотир доштан зарур аст, ки он бо фоидаи ояндае, ки истифодабаранда ба даст меорад, руйпӯш карда мешавад, дар акси ҳол ӯ фоидаи кам ба даст меорад ё умуман фоида ба даст намеорад. Вазифа осон мегардад, агар дорандаи ноу-хау ҳисобнамоии иқтисодӣ-техникиро бо ноу-хау ва бе ноу-хау гузаронад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нархи ноу-хау 5% фоидаи ояндаро ташкил мекунад, аммо ҳолатҳое мавҷуданд, ки он ба 20% мерасад. Якчанд усули пардохт намудани ноу-хау мавҷуданд. Асосии онҳо: а)Роялти(англ, royalty – плата за недра, ҳақмузди муаллифӣ) – тадриҷан пардохт намудан баробари нишондиҳандаҳои муайян ҳангоми истифодабарии он. Роялти асосан бо пайванд кардан ба нишондиҳандаҳои афзоиши фоида ё рушди барориши маҳсулот ҳисоб карда мешавад. Он дар охири ҳар соли амали шартномаи литсензионӣ, шурӯъ намуда аз лаҳзаи барориши маҳсулоти тайёр пардохт карда мешавад. Шакли ҳисобкунӣ аз маблағи фурӯш вақте истифода бурда мешавад, ки фоидаи воқеиро муайян намудан душвор аст. Ҳаракати нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ пардохти роялти аз рӯи меъёри фиксажкардаро ниҳоят гарон мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми бастани шартномаҳои дарозмуддат ставкаҳое истифода бурда мешаванд, ки аз рӯи солҳо тафриқа карда шудаанд; б) пардохти умумӣ (нем. – пурра гирифтан) – пардохти пешакӣ муайянкардашудаи яккарата. Пардохтҳои умумӣ вақте истифода карда мешаванд, ки муайян намудани самараи амали ноу-хау мушкил ё арзиши иҷозатнома на он қадар баланд бошад.пардохтҳои умумӣ одатан дар ғайриистеҳсолӣ истифода карда мешаванд. Моҳиятан онҳо нархи воқеии иҷозатномаро нишон медиҳанд. Подош дар намуди пардохти умумӣ ба сармоя гардонидани роялти, яъне пардохти пеш аз мӯҳлати яккаратаи он ба ҳисоб меравад; в) “каст плас “ (англ, cost plus – нарх ҷамъи) – пардохтҳо барои хизматрасониҳои иловагӣ аз рӯи нархҳои мувофиқкардашуда илова ба нархҳои пешакӣ муайян кардашуда. Аломати асосии ноу-хау махфияти он, яъне махфӣ будани иттилооти мазкур ба ҳисоб меравад. Одатан ноу-хау бо гузашти вақт арзиши тиҷоратии худро гумм мекунад ва ба гурӯҳи васеи шахсон дастрас мегардад. Тиҷоратикунонии ноу-хау дар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ноу-хау объекти мустақили додугирифтҳои литсензионӣ (иҷозатномаҳои бепатент) ба ҳисоб меравад. Бисёр ширкатҳо назар ба патенткунонӣ дар асоси иҷозатнома ба сифати ноу-хау супоридани ихтироот, ҷараёнҳо ва усулҳои навро афзалтар медонанд. Таъмин намудани ҳуқуқҳои соҳиби ноу-хау, пеш аз ҳама аз шартҳои ба таври возеҳу равшан овардашудаи шартнома вобаста мебошад. Дар амалия се намуди асосии шартномаҳои литсензионӣ ташаккул ёфтаанд: иҷозатномаи оддӣ, истисноӣ ва пурра. Бо шартномаи иҷозатномаи оддӣ литсензиар бо шартҳои муайян истифода намудани ноу-хауро иҷозат медиҳад, ҳамзамон ӯ ҳуқуқи мустақилона истифода намудан ва бо иҷозатномаҳо бо чунин шартҳо пешниҳод намудани онро ба дигар шахсон дар дасти худ нигоҳ медорад. Шартномаи иҷозатномаи оддӣ дар он соҳаҳое васеъ истифода карда мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад ва ба он талаботи зиёд мавҷуд аст, масалан, ҳангоми истеҳсоли доруворӣ, маҳсулоти хӯрока ва ғ. Мувофиқи шартномаи иҷозатномаи истисноӣ ба иҷозатномагиранда ҳуқуқ барои истифодаи сирри истеҳсолот дар доираи дар шартнома пешбинишуда дода мешавад ва иҷозатномадиҳанда аллакай наметавонад иҷозатномаҳои дигарро бо чунин шартҳо ба дигар ширкатҳо диҳад. Аммо ин иҷозатномадиҳандаро аз ҳуқуқи мустақилона истифода намудани объекти иҷозатномаи мазкур ва ба дигар шахсон додани иҷозатномаҳое, ки бо шартҳои иҷозатномаи якум зиддият надоранд, маҳрум намекунад. Мувофиқи шартномаи иҷозатномаи пурра иҷозатдиҳанда ба иҷозатгиранда тамоми ҳуқуқҳоро барои истифодаи сирри истеҳсолот дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартнома гузашт мекунад. Ҳамзамон худи иҷозатномадиҳанда дар давоми ин мӯҳлат ҳуқуқи истифода бурдани иҷозатномаро аз даст медиҳад. Шартномаи иҷозатномаи пурра одатан дар вақте истифода бурда мешавад, ки иҷозатномадиҳанда на барои мустақилона истифода бурлани ихтироот ва на барои гузаронидани корҳои тиҷоратӣ оиди амалӣ намудани ихтироот дар бозори дигар харидорони эҳтимолӣ имконият надорад. Соли 1988 дар конференсия дар Оттава (Конференсияи Оттава) аз ҷониби намояндагони 55 давлат Конвенсия дар бораи лизинги молиявии байналхалқӣ қабул шуда буд. Ҳадафи он – ба шакл даровардани танзими ҳуқуқии муносибатҳое мебошад, ки дар алоқамандӣ бо амалӣ намудани амалиётҳои лизинги молиявии байналхалқӣ ба вуҷуд меоянд. Конвенсия он амалиётҳоеро танзим мекунад, ки лизинггиранда ва лизингдиҳанда дар мамлакатҳои гуногун қарор доранд ва мӯҳлати лизинги таҷҳизот ба мӯҳлати истеҳлоки он наздик меояд.

7. Хизматрасониҳое, кибохизматрасонииалоқаҳоииқтисодииберунмарзӣалоқаманданд

Хизматрасонии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ бо хизматрасониҳои нақлиёт, алоқа, мубодилаи иттилоот, таблиғоти шабакавӣ ва ғ. алоқаманд аст. Нақлиёт ҳаракати мол (бор) – ҳо ва одамон (мусофирон) – ро байни дув а зиёда мамлакатҳо таъмин мекунад. Вобаста аз намуди нақлиёте, ки дар боркашонӣ истифода бурда мешавад, алоқаҳои баҳрӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилиро фарқ мекунанд. Алоқаҳои байналхалқӣ мустақим ва омехта мешаванд. Алоқаҳои байналхалқии мустақим бо як намуди нақлиёт хизматрасонӣ карда мешаванд; алоқаҳои омехта бошанд, аз рӯи тартиб бо дув а зиёда намудҳои нақлиёт. Ҳамлу нақли омехтаи бор ва одамон метавонанд бо як ҳуҷҷати нақлиётӣ ба расмият дароварда шаванд, ки тамоми намудҳои нақлиёти дар он истифодашавандаро дар бар мегиранд. Чунин ҳамлу нақлҳо баъзан интиқоли омехтаи мустақим номида мешаванд. Мол бо ёрии воситаҳои ҳамлу нақл аз макони истеҳсолот то нуқтаи истеъмолот интиқол дода мешавад. Ҳамзамон нақлиёт гӯё ҷараёни истеҳсоли молро дар ҳудуди бахши муомилот идома дода, ба арзиши аввалаи он (нарх) арзиши бо маҳсулоти нақлиёт дар вақти интиқол ба миён овардаро илова мекунад. Воситаи нисбатан умумӣ ва самараноки интиқоли ҳаҷми зиёди борҳо ба масофаи дурр нақлиёти баҳрӣ ба шумор меравад. Ба ин намуди нақлиёт қариб 80% ҳаҷми савдои байналхалқӣ рост меояд. Барои ҳамлу нақли баҳрӣ ва ҳавоӣ коносамент истифода бурда мешавад. Коносамент (фр.Connaissement, англ,billofladingB/L), қоғази қиматноке мебошад, ки ҳуқуқи моликиятро ба моли мушаххаси дар он нишондодашуда инъикос менамояд. Барои ҳамлу нақли баҳрӣ – ин ҳуҷҷати нақлиётие мебошад, ки шартҳои шартномаи ҳамлу нақли баҳриро дар бар мегирад ва дорандааш ҳуқуқи идора кардани борро соҳиб мегардад. Мафҳуми коносамент, маълумотҳои ҳатмии он, шартҳои тартибдиҳӣ дар Кодекси баҳрнавардии тиҷоратӣ муайян карда шудаанд. Коносамент аз ҷониби таҳвилгар ба борфиристонанда дода мешавад ва воқеаи бастани шартномаро тасдиқ менамояд. Коносамент ба тамоми бор дода мешавад, новобаста аз он, ки ҳамлу нақл бок адом тарз амалӣ карда мешавад: бо пешниҳод намудани тамоми киштӣ, хонаҳои алоҳидаи киштӣ ё бе чунин шарт. Коносамент хаттӣ, чартерӣ, соҳилӣ, бортӣ мешавад. Дар коносаменти хаттӣ иродаи фиристонанда инъикос карда мешавад, ки ба бастани шартномаи ҳамлу нақли бор равона карда шудааст. Коносаменти чартерӣ – ин коносамент барои тасдиқи қабули боре дода мешавад, ки дар асоси чартер ҳамлу нақл карда мешавад. Чартер шартномаи кирокунӣ, яъне шартнома дар бораи киро кардани киштӣ барои иҷро намудани сафар ё барои мӯҳлати муайян мебошад. Коносаменти чартерӣ ҳуҷҷат барои ба расмият даровардани шартномаи ҳамлу нақли баҳрӣ ба ҳисоб намеравад, зеро дар ин ҳолат шартномаи алоҳидаи киро намудани киштӣ дар шакли чартер баста мешавад. Чун коносаменти хаттӣ, коносаменти чартерӣ низ муносибатҳои байни таҳвилгар ва шахси сеюм – дорандаи коносаментро муайян мекунад. Коносамент забонхат барои тасдиқи қабули бор барои ҳамлу нақли баҳрӣ, инчунин ҳуҷҷати идоракунандаи бор мебошад, ки таҳвилгар ба фиристонанда медиҳад. Ҳамзамон шартномаи хариду фурӯши молҳо, инчунин дигар амалиётҳо нисбати мол тавассути коносамент бе супоридани ҷисмонии худи мол амалӣ карда мешаванд. Коносаменти соҳилӣ – коносаменте мебошад, ки барои тасдиқи қабул намудани бор аз фиристонанда дар соҳил, чун қоида, дар анбори таҳвилгар, дода мешавад. Коносаменти бортӣ вақте дода мешавад, ки мол ба киштӣ бор карда шудааст. Ҳангоми дар болои киштӣ қабул намудани боре, ки барои он коносаменти соҳилӣ дода шуда буд, дар коносамент дар бораи ба киштӣ бор намудани бор қайд карда шуда, санаи боркунӣ ва дигар қайдҳо нишон дода мешаванд. Баъзан коносаменти соҳилӣ бо коносаменти бортӣ иваз карда мешавад. Дар коносамент чун қоғази қиматнок бояд маълумотҳои ҳатмӣ дар бораи бор мавҷуд бошанд. Набудани онҳо коносаментро аз вазифаҳои ҳуҷҷати идоракунии мол маҳрум мекунад ва он дигар чун қоғази қиматнок амал намекунад. Коносамент дар якчанд нусха бароварда мешавад, ки як нусхаи он ба фиристонандаи бор супорида мешавад. Ҳангоми додани бор бо як нусхаи коносамент дигар нусхаҳои боқимонда қувваашонро гум мекунанд. Гирандаи бор дар коносамент бо се роҳ муайян карда мешавад. Вобаста аз ин коносаментҳои номӣ, ордерӣ, ва барои тақдимкунандаро фарқ мекунанд. Дар коносаменти номӣ номи гирандаи муайян нишон дода мешавад. Коносаменти ордерӣ – коносаменте мебошад, ки бор ё бо фармоиши фиристонанда ё гиранда ё ин к ибо фармони бонк дода мешавад. коносаменти ордерӣ намуди нисбатан паҳнгашта дар таҷрибаи ҳамлу нақли баҳрӣ ба ҳисоб меравад. Дар коносамент барои тақдимкунанданишон дода мешавад, ки он барои тақдимкунанда дода шудааст, яъне дар он ягон маълумоти мушаххас дар бораи шахсе, ки ҳуқуқи гирифтани борро дорад, мавҷуд нест ва аз ин рӯ бор дар бандари таъинот ба ҳар шахсе, ки чунин коносаментро пешниҳод мекунад, бояд дода шавад. Қисмати асосии ҷараёни боркашониҳои баҳрии байналхалқиро борҳои резанда ва болоиҳам гузошташаванда (нафти хом, маҳсулоти нафтӣ, маъдан, ангишт, ғалла) ташкил мекунанд. Дар савдои байналхалқии нафту газ нақши муҳимро системаҳои хатҳои қубурӣ мебозанд. Дар ҳамлу нақли байналхалқии мусофирон мавқеи пешсафиро нақлиёти ҳавоӣ ишғол мекунад, ки бо суръати тези расонидани мусофирон дар хатсайрҳои дури сафар нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт фарқ мекунад. Дар шартномаҳои хариду фурӯши молҳо ӯҳдадориҳои ҷонибҳо оид ба таъмин намудани интиқоли молҳо дар зинаҳои гуногуни ҳаракати онҳо аз анбори таъминкунанда то анбори гиранда ба тартиб дароварда мешаванд, тартиби тақсим намудани хароҷотҳои нақлиётӣ ва дигар хароҷотҳои ҳамроҳикунанда байни фурӯшанда ва харидор пешбинӣ карда мешаванд ва шартҳои аз фурӯшанда ба харидор гузаштани хавфи нобудшавии ногаҳонӣ ё зарарёбии мол дар роҳи ҳаракат муайян карда мешаванд. Шартномаи хариду фурӯш муносибатҳои байни фурӯшанда ва харидорро танзим менамояд ва ба муносибатҳои мутақобилаи онҳо бо интиқолкунандагон дахл надорад. Доираи муносибатҳои харидорон ва фурӯшандагон бо интиқолкунандагон бо шартномаи ҳамлу нақли аз ҷониби онҳо басташуда муайян карда мешавад.

0 Загрузки

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *