Саволхои тести аз фанни «проблемаҳои муосири методологияи илми таърих» барои курси дуюми

@1. Фанни махсуси илми таърих кадом аст?

$A) Бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ;

$B) Сиккашиносӣ ва мардумшиносӣ;

$C) Назарияи илми таърих;

$D) Антропология ва фалсафа;

$E) Онтология ва илмшиносӣ.

@2. Предмети илми таърих кадом аст?

$A) Ҷомеаи мушаххас дар макон ва замон;

$B) Яке аз самтҳои фаъолияти ҷомеа;

$C) Фаъолияти номаълуми ҷомеа;

$D) Инъикоси яке аз воқеаҳои ҷомеа;

$E) То ҳол маълум карда нашудаст.

@3. Объекти илми таърих дар чӣ ифода меёбад?

$A) Яке аз давлатҳои Аврупо;

$B) Яке аз давлатҳои Осиё;

$C) Соҳаи муҳимми ҷомеа;

$D) Маҷмуи ҷомеаҳо;

$E) Ягон инсони мушаххас.

@4. Вазифаи асосии иҷтимоии илми таърих аз чӣ иборат аст?

$A) Ҷамъоварӣ кардани мавод;

$B) Ковишҳои бостонӣ;

$C) Таҳқиқи сарчашмаҳо;

$D) Таҳқиқи асотиру ривоятҳо;

$E) Омӯзиши хотираи таърихӣ

@5. Мақсади асосии илми таърих аз чӣ иборат аст?

$A) Доир намудани намоиши нигораҳои таърихӣ;

$B) Фаҳмидани махсусиятҳои раванди таърихӣ;

$C) Муайян намудани ҳақиқати таърихӣ;

$D) Тобеи таърих гардонидани фикру ақидаҳо;

$E) Омӯзиши рушду нумӯи соҳаи фарҳанг:

@6. Кадоме аз ин унсурҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои иҷтимоии таърих ба шумор меравад?

$A) Олоти меҳнат ва мол; $

B) Илмию маърифатӣ;

$C) Корхонаҳои саноатӣ; $D) Завод ва фабрика;

$E) Нерӯгоҳҳои барқи обӣ.

@7. Кадоме аз ин унсурҳо аз ҷумлаи вазифаҳои иҷтимоии таърих аст?

$A) Тарбияи инсон;

$B) Бетафовут будан;

$C) Ҷамъоварии далелҳо;

$D) Таъкиди воқеаҳо;

$E) Идораи давлат.

@8. Илми таърих ба кадоме аз ин илмҳо бевосита алоқаманд аст?

$A) Физика;

$B) Химия;

$C) Иқтисодиёт;

$D) Табиатшиносӣ;

$E) Риёзӣ.

@9. Предмети илми политология бештар ба кадом соҳаи илми таърих алоқаманд мебошад?

$A) Санъат;

$B) Ҳаёти сиёсӣ;

$C) Ҳаёти иқтисодӣ;

$D) Ҳаёти иҷтимоӣ;

$E) Ҳаёти фарҳангӣ.

@10. Соҳаи илму фарҳанги таърих бештар ба кадоме аз ин илмҳо алоқаманд аст?

$A) Сотсиология;

$B) Фалсафа;

$C) Мантиқ;

$D) Културология;

$E) Ҳуқуқшиносӣ.

@11. Онтология дар илми таърих чи вазифаро иҷро мекунад?

$A) Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаро равшан месозад;

$B) Ояндаи рушди иқтисодии ҷомеаро пешгӯӣ мекунад;

$C) Хосиятҳои умумии оламро инъикос менамояд;

$D) Тарзу усулҳои идораи давлатро танзим менамояд;

$E) Камбудии ҷомеаро дар соҳаи фарҳанг ислоҳ мекунад.

@12. Фалсафаи таърих дар омӯзишу таҳқиқи таърих кадом вазифаро иҷро менамояд?

$A) Барои таърих ҳамчун далел маводи таҳқиқотӣ ҷамъоварӣ мекунад;

$B) Таносуби байни рушди иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро пешниҳод мекунад; $C) Ҳаёти иҷтимоию фарҳангиро барои пешрафти соҳаи маориф меомӯзад; $D) Назарияи рушди иқтисодии давлат ва ҷомеаро таҳия мекунад;

$E) Асоси ҷаҳонбиниро барои назарияи таърих бунёд месозад.

@13. Кадом унсур асоси методологияи илмро ташкил медиҳад?

$A) Назарияи маърифат;

$B) Методологияи илм;

$C) Идроки ҳастии олам;

$D) Шуури ҷамъиятӣ;

$E) Шуури таърихӣ.

@14. Методологияи илми таърих ба воситаи чӣ сохта мешавад?

$A) Амалия ва таҷриба;

$B) Назария ва маърифат;

$C) Омезиши андешаҳо;

$D)Бархурди ақидаҳо;

$E) Асоснокии далелҳо.

@15. “Методологияи сарчашмашиносӣ” ба кадом намуди таҳқиқот хос аст?

$A) Таҳқиқоти риёзӣ;

$B) Таҳқиқоти таърихӣ;

$C) Таҳқиқоти ҳуқуқӣ;

$D) Таҳқиқоти кимиёвӣ;

$E) Таҳқиқоти тиббӣ.

@16. Аз рӯи сатҳ ва аҳамиятнокӣ маводи таърих ба кеадом ду қисм мешавад?

$A) Таърихи кишвар ва таърихи умумӣ;

$B) Таърихи Осиё ва Африқо;

$C) Таърихи кулл ва таърихи ҷузъ;

$D) Таърихи дин ва фарҳанг;

$E) Таърихи қадим ва муосир.

@17. Кадоме аз ин унсурҳо хоси методологияи таърих дар давлатҳои сохташон имперӣ мебошад?

$A) Дӯст доштани арзишҳои демократӣ ва боадолатона;

$B) Муқобил будан ба тафаккури афзалияти миллӣ;

$C) Дастгирӣ ва ҳифзи аҳолии мазлуми мустамликаҳо;

$D) Таърифу тавсифи низоми сиёсии шоҳаншоҳӣ;

$E) Танқиди низоми имперӣ ва ҳокимияти шоҳаншоҳӣ.

@18. Кадоме аз ин унсурҳо хоси методологияи таърих дар давлатҳои фашистӣ мебошад?

$A) Тавсиф намудани зуҳуроти ғамхорӣ дар ҳаққи халқҳои бегона;

$B) Бетафовут тасвир кардани вазъи зиндагии халқҳои тобеъ;

$C) Ба идеологияи давлати фашистӣ табдилёбии илми таърих;

$D) Дар муқобили сиёсати давлат қарор гирифтани илми таърих;

$E) Ҳамчун комилҳуқуқ ба қалам додани ҳамаи қавму миллатҳо.

@19. Кадоме аз ин ғояҳо ба методологияи марксистию ленинӣ мансуб мебошад?

$A) Ҳуқуқи маънавии миллатҳои соҳиби мустамликаҳо;

$B) Нишон додани афзалияти як миллат бар миллати дигар;

$C) Дар миллати ҳукмрон тарбия кардани афзалияти миллӣ;

$D) Маҳв кардани оммавии халқу миллатҳои бегона;

$E) Боваркунонидани он ки аҳли ҷомеа коммунизм месозад.

@20. Ду рисолати таърихро муайян намоед, ки барои инсон ва ҷомеаи муосир ибратбахш мебошанд:

$A) Хотираи халқ ва маърифати таърихӣ;

$B) Фарҳанги таърихӣ ва тафаккури таърихӣ;

$C) Таҷрибаи таърихӣ ва сабақҳои таърихӣ;

$D) Ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

$E) Ифодакунандаи орзую умеди халқ.

@21. Кадоме аз ин ғояҳо ба методологии яке аз динҳои ҷаҳонӣ мансуб аст?

$A) Хотираи халқ донистани таърих;

$B) Шариат дар ислом – асоси методологӣ;

$C) Қобилияти фавқулоддаи сардори давлат;

$D) Ҷомеаро ба дӯсту душман тақсим намудан;

$E) Рафтори нописандона нисбати қонунҳо.

@22. Илми таърих ба оянда чӣ муносибат дошта метавонад?

$A) Ба ояндабинӣ нигаронида шудааст;

$B) Ба оянда ягон муносибате надоштааст;

$C) Ояндаро ба имрӯз пайвастанӣ мешавад;

$D) Ба ояндаи таърихӣ пул бунёд мекунад;

$E) Ба ояндабинӣ мутобиқ карда мешавад.

@23. Номи идеологияе, ки имрӯз дар яке аз давлатҳои Шарқи Наздик вуҷуд дорад?

$A) Гуманизм;

$B) Сайҳонизм;

$C) Коммунистӣ;

$D) Демократӣ;

$E) Фашизм.

@24. Даврабандии форматсионӣ ё худ форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ дар илми таърихи кадом давлати абарқудрат вуҷуд дошт?

$A) Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;

$B) Дар Ҷумҳурии Федералии Олмон;

$C) Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ;

$D) Дар Ҷумҳурии Фаронса;

$E) Дар Британияи Кабир.

@25. Кадом ғояи идеологӣ асоси методологии форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодиро ташкил мекард?

$A) Иқтисоди бозоргонӣ;

$B) Иқтисоди планӣ;

$C) Низоми сиёсӣ;

$D) Муборизаи синфӣ;

$E) Ҳокимияти шӯроҳо.

@26. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърих дар замони шӯравӣ асри санг то кадом ҳазорсолаҳо давом кардааст?

$A) То ҳазорсолаҳои VII- IV пеш аз милод;

$B) То ҳазорсолаҳои VI – IV пеш аз милод;

$C) То ҳазорсолаҳои V – III пеш аз милод;

$D) То ҳазорсолаҳои III – I пеш аз милод;

$E) То миёнаи ҳазорсолаи I пеш аз милод.

@27. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърих дар замони шӯравӣ ҷомеаи ғуломдорӣ то кадом сол давом кардааст?

$A) То соли 224 милодӣ;

$B) То соли 395 милодӣ;

$C) То соли 404 пеш аз милод;

$D) То соли 334 пеш аз милод;

$E) То соли 476 пеш аз милод.

@28. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи шӯравӣ ҷомеаи феодалӣ то кадом солҳо давом кардааст?

$A) То инқилоби буржуазӣ дар Фаронса;

$B) То инқилоби буржуазӣ дар Италия;

$C) То инрқилоби буржуазӣ дар Нидерландия;

$D) То инқилоби буржуазӣ дар ИМА;

$E) То инқилоби буржуазӣ дар Анлия.

@29. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи замони шӯравӣ ҷомеаи сармоядорӣ аз кадом инқилоби буржуазӣ оғоз ёфтааст ?

$A) Аз инқилоби буржуазӣ дар Фаронса;

$B) Аз инқилоби буржуазӣ дар Анлия;

$C) Аз инрқилоби буржуазӣ дар Нидерландия;

$D) Аз инқилоби буржуазӣ дар ИМА;

$E) То инқилоби буржуазӣ дар Италия.

@30. Марҳалаи сотсиализми форматсияи коммунистӣ аз кадом воқеаи таърихӣ оғоз ёфта буд?

$A) Ҷанги Русияю Ҷопон;

$B) Инқилоби Октябр дар Русия;

$C) Инқмлоб дар Австро-Венгрия;

$D) Ҷанги якуми ҷаҳонӣ;

$E) Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ.

@31. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи ИҶШС форматсияи сармоядорӣ дар Русия аз кадом сол оғоз ёфтааст?

$A) Аз соли 1556;

$B) Аз соли 1825;

$C) Аз соли 1847;

$D) Аз соли 1861;

$E) Аз соли 1905.

@32. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи ИҶШС форматсияи сармоядорӣ дар Русия то кадом сол идома доштааст?

$A) То соли 1914;

$B) То соли 1936;

$C) То соли 1922;

$D) То соли 1871;

$E) То соли 1917.

@33. Дар даврабандии форматсионии таърих дар кадом давлат марҳалаи таърихиеро “сотсиализми дорои симои инсонидошта” номгузорӣ намуданд?

$A) Дар Чин;

$B Дар Ҷопон;

$C) Дар ИҶШС;

$D) Дар Англия;

$E) Дар Ҳиндустон.

@34. Рисолати асосии иҷтимоии таърих аз чӣ иборат аст?

$A) Тарбияи инсон ва ташаккули шахсияти ӯ;

$B) Тарғиб ва омӯхтани хотираи таърихӣ;

$C) Ёдовар шудани инсон аз тамаддунҳои пешин;

$D) Пайвастани ғояҳои таърихи гузашта ба имрӯз;

$E) Эҳсос намудани таърих ҳамчун тамаддун

@35. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих асрҳои миёна дар таърихи умумӣ кадом марҳаларо дар бар гирифтааст?

$A) Аз соли 395 – то соли 476;

$B) Аз соли 476 – то соли 1640;

$C) Аз соли 476 то соли 1649;

$D) Аз соли 224 – то асри ХV;

$E) Аз соли 1566 то соли 1640.

@36. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ марҳалаи таърихи нав (сармоядорӣ) кадом давраро дар бар гирифтааст?

$A) Солҳои 60-уми асри ХIХ-то соли 1917;

$B) Солҳои 80-уми асри ХIХ-то соли 1914;

$C) Нимаи дуюми асри ХV –то соли 1918;

$D) Аз соли 224 то солҳои 50-уми асри Х1Х;

$E) Аз соли 1917 – 1921 – то соли 1945.

@37. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ давраи аввали таърихи нав (сармоядорӣ) кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз солҳои 60-уми асри ХIХ то соли 1917;

$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;

$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$E) Аз солҳои 1918 – 1920 то соли 1945.

@38. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ давраи дуюми марҳалаи таърихи нав (сармоядорӣ) кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз миёнаҳои асри ХIХ то соли 1918;

$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;

$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$E) Аз солҳои 1917 то соли 1945

@39. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ марҳалаи муосири он кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;

$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$C) Аз соли 1918 сар карда то соли равон;

$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$E) Аз миёнаҳои асри ХIХ то соли 1918.

@40. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи асри санги таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$B) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазсолаҳои V – III п.а.м.;

$C) Аз Аз соли 1945 то соли равон – соли 2015;

$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$E) Аз нимаи дуюми асри ХV то соли 1918.

@41. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи қадими таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;

$B) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$C) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$D) Ҳазсолаҳои V – III пеш аз милод то соли 224;

$E) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазсолаҳои V – III пеш аз милод.

@42. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи асрҳои миёнаи таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;

$D) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазс. V – III пеш аз милод;

$E) Аз соли 224 то солҳои 60-уми асри ХIХ.

@43. Мувофиқи даврабандии марҳалагӣ марҳалаи нави таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз соли 224 то солҳои 50 асри ХIХ;

$B) Солҳои 60 асри ХIХ то солҳои 1917-1921;

$C) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$E) Аз солҳои 50 асри Х1Х то соли 1945.

@44. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи муосири таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?

$A) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;

$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;

$C) Солҳои 1917-1921 то соли ҷории 2015;

$D) Солҳои 224 – 1945-ро дар бар мегирад;

$E) Эҳтимол аз соли 1945 то соли 1970 бошад.

@45. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих мувофиқи методологияи гуманистии тамаддунасос предмети омӯзиши таърихи халқи тоҷик чист?

$A) Таърихи башар;

$B) Таърихи Осиё;

$C) Таърихи сиёсӣ;

$D) Хотираи миллат;

$E) Таърихи Шарқ.

@46. Методологияи тамаддунӣ аз кадом давраи муосир мавриди таваҷҷӯҳи олимон гардид?

$A) Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон;

$B) Аз солҳои 90 асри ХХ;

$C) Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон;

$D) Аз оғози асри ХХ ва минбаъд;

$E) Аз миёнаҳои асри ХХ сар карда.

@47. Ғояи “тамаддунҳои маҳаллӣ” , ё худ “локалӣ” ба кадом муҳаққиқи Ғарб тааллуқ дорад?

$A) О.Шпенглер;

$B) А.Тойнби;

$C) Н.Я.Данилевский;

$D) П.Сорокин;

$E) Н.А.Бердяев

@48. Яке аз муносибатҳои тамаддунӣ, ки политологӣ номида шудааст, чиро меомӯзад?

$A Низомҳои интихоботиро меомӯзад;

$B) Низомҳои гуногуни иқтисодиро меомӯзад;

$C) Низомҳои сиёсиро дар муқоиса меомӯзад;

$D) Фарҳанги давлатҳои муосирро меомӯзад;

$E) Урфу одату анъанаҳои мардумиро меомӯзад.

@49. Муносибати синергетӣ дар методологияи муосири илми таърих чиро меомӯзад?

$A) Бенизомиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад;

$B) Бонизомиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад;

$C) Дар байни донишҳо беҳтаринро интихоб мекунад;

$D) Ягонагии ботартибӣ ва бетартибиро меомӯзад;

$E) Далелҳоро бо низоми муайяни хронологӣ меомӯзад.

@50. Даврабандии таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ ба кадом масъалаи назариявӣ марбут аст?

$A) Масъалаи сиёсӣ;

$B) Масъалаи хронологӣ;

$C) Масъалаи методологӣ;

$D) Масъалаи иҷтимоӣ;

$E) Масъалаи фарҳангӣ.

@51.Илми сотсиаологияи (иҷтимоиётшиносї) муосир кадом даврабандии таърихро дастгирї намекунад?

$А) Тамаддуниро;

$B) Исломиро;

$C) Минтаќавиро;

$D) Форматсиониро;

$E) Аврупоиро.

@52.Дар Љумњурии Исломии Эрон даварабандии таърих аз чанд марњала иборат аст?

$А) Аз 5 марњала;

$B) Аз 2 марњала;

$C) Аз 3 марњала;

$D) Аз 4 марњала;

$E) Аз 6 марњала.

@53. Даврабандии таърих, ки дар Иттињоди Шўравї мавриди истифода ќарор гирифт, он дар ваќташ аз тарафи кињо асоснок карда шуда буд?

$А) Тойнби А.Љ., Костомаров Н.И.;

$B) Бродел Ф., Вебер М. Соловёв С.М.;

$C) Гумилёв Л.Н., Шпенглер О.;

$D) Маркс К., Энгедс Ф., Ленин В.И.;

$E) Гринин Л.Е, Данилевский Н.Я.

@54. Кадом омил асоси даврабандии таърихро аз рўи принсипи истењсолї ташкил медињад?

$А) Афзоиши истењсоли неъматњои моддї;

$B) Такмили низоми сиёсии давлат ва љомеа;

$C) Рушди маориф, илму фан ва фарњанг;

$D) Муќовимати гурўњњои иљтимої бо њукумат;

$E) Раќобати истењсолкунандагон дар бозор.

@55.Методологияи гуманистї маќоми инсонро дар давлату љомеа чї тавр арзёбї мекунад?

$А) Ўро иљрокунандаи иродаи њукумат медонад;

$B) Мустаќилияту озодии ўро эътироф намекунад;

$C) Дар маркази диќќаташ эњтиёљоти инсон меистад;

$D) Инсон бояд худаш роњи зиндагиашро ёбад;

$E) Ба ў аз рўи мансубияти иљтимої муносибат мекунад.

@56. Методологияи марксистию ленинї аз чї ба миён омадааст?

$А) Аз асарњои олимони соњаи таърих;

$B) Аз барномаи њизби коммунистї;

$C) Аз зарурати њукмронии давлат;

$D) Аз идеологияи коммунистї;

$E) Аз наќшањои панљсолаи Шўравї.

@57. Методологияи форматсионии илми таърих ба методологияи гуманистии тамаддунасоси таърих чї муносибат дорад?

$А) Ба он зид нест; B) Ба он хайрхоњ аст;

$C) Ба он мухолиф аст;

$D) То њол маълум нест;

$E) Эътироф мекунад.

@58.Кадом методология моњиятан умумибашарї аст?

$А) Марксистию ленинї;

$B) Тамаддунї;

$C) Форматсионї;

$D) Буржуазї;

$E) Ягонтояш.

@59. Илмњои гуманитарии муосир бештар ба кадом методология такя мекунанд?

$А) Форматсионї;

$B) Динї;

$C) Нажотпарастї;

$D) Гуманистї;

$E) Марксистию ленинї.

@60.Методологияи гуманистї дар илми таърих бештар ба кадом омилњои умумибашарї дар њолати ягонагї ќарор дорад?

$А) Бо илмњои физика ва химия;

$B) Бо илмњои риёзї ва нуљум;

$C) Бо ахлоќ ва маънавиёт;

$D) Бо љуѓрогфияю табиатшиносї;

$E) Бо фалсафа, мантиќ ва тиб.

@61. Таърих чиро меомўзад?

$А) Гузаштаи табиатро;

$B) Гузаштаи инсониятро;

$C) Ивазшавии иќлимро;

$D) Обшавии пиряхњоро;

$E) Уќёнуси љањониро.

@62.Мавзўи илми таърих кадом аст?

$А) Тањќиќи маъданњои кўњї;

$B) Ба даст овардани маблаѓњо;

$C) Омўзиши таърихи гузашта;

$D) Ёд гирифтани касбу њунар;

$E) Ташхиси беморињои сироятї

@63. Объекти омўзиши таърих кадом аст?

$А) Омўзиши инсон ва љомеа;

$B) Омўзиши воќеањои табиат;

$C) Тасвир намудани китобњо;

$D) Шарњи адабиёти бадеї;

$E) Омўзишизуњуроти физикї.

@64. Оё таърих бетаѓйирот мондан мегирад?

$А) Таѓйир намеёбад;

$B) Эњтимол таѓйир наёбад;

$C) Рушду такомул меёбад;

$D) Эњтимол таѓйир ёбад;

$E) Баъзан такомул меёбад.

@65.Оё ба амал омадани воқеаю равеандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва навгониҳои дигар дар давлату ҷомеа ва ҷаҳон дар ҷараёни таърих оё ягон сабабу қонунияти таърихӣ доранд?

$А) Рафти таърих мувофиқи зарурат сурат мегирад;

$B) Таърих куллан аз воқеаҳои бенизом иборат аст;

$C) Таърих замеша бо тартибу низом буда наметавонад;

$D) Таърих худ қонуниятҳои рушди худро надорад;

$E) Таърих аз рӯи қонуниятҳои табиат ҷараён дорад.

@66. Чаро даврабандии таърих дар мамолики Шарқ ба даврабандии таърих дар мамолики Аврупо мувофиқат намекунад?

$A) Боду ҳавои Шарқ дигар хел асту Аврупо -дигар хел;

$B) Махсусияти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоиро доранд;

$C) Ченакҳои даврабандии таърихи онҳо якхелаанд;

$D) Сатҳи иқтисоди минтақаи Шарқ аз Аврупо пештар аст;

$E) Даврабандии таърих дар Шарқу Ғарб як хел мебошад.

@67. Марксизм-ленинизм барои ҷомеа чи хел восита аст?

$A) Воситаи сохтмони ҷомеаи боадолат;

$B) Воситаи тарбияи инсони башардӯст;

$C) Воситаи пешрафти истеҳсолоти моддӣ;

$D) Воситаи идеологии ҷомеаи сотсиалистӣ;

$E) Воситаи дигаргунсозии ҷомеаи демократӣ.

@68. Кадом қонунияти методологияи қаблии таърихро имрӯз ҳам истифода бурдан мумкин аст?

$A) Форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ;

$B) Таърихият (историзм) дар таҳқиқот;

$C)Муборизаи синфии антагонистӣ;

$D)Ногузирии инқилобҳои иҷтимоӣ;

$E) Эълон шудани дин – афъюни халқ

@69. Методологияи гуманистии тамаддунасоси таърих бо қонуниятҳои таърихӣ дар кадом мавқеъ қарор дорад?

$A) Онҳоро эътироф намекунад;

$B) Онҳоро қисман ҳақ мешуморад;

$C) Онҳоро пурра эътироф мекунад;

$D) Бо онҳо бештар ихтилоф дорад;

$E) Дар ҳолати бетафовутӣ мебошад.

@70. Методологияи гуманистӣ дорои кадом моҳият аст?

$A) Моҳияти миллӣ;

$B)Моҳияти минтақавӣ;

$C) Моҳияти умумибашарӣ;

$D) Моҳияти маҳаллӣ;

$E) Моҳияти қавмӣ.

@71. Методологияи гуманистӣ бештар аз кадом манбаъҳо ба миён омадааст?

$A) Ахлоқу маънавиёт;

$B)Иқтисодиёт ва ҳуқуқ;

$C) Низоми иҷтимоӣ;

$D)Мактабу маориф;

$E)Ҳаёти сиёсӣ ва илм.

@72. Атеизми илмӣ ҷузъи таркибии кадом идеология аст?

$A) Идеологияи демократӣ;

$B) Идеологияи динӣ;

$C) Идеологияи сотсиалистӣ;

$D) Идеологияи коммунистӣ;

$E) Идеологияи буржуазӣ;

@73. Гуманизм дар марҳалаи имрӯза дар кадом тамоил қарор дорад?

$A) Тамоили тафриқавӣ;

$B) Тамоили ҷаҳонишавӣ;

$C) Тамоили таназзулёбӣ;

$D) Тамоили карахтӣ;

$E) Тамоили бетафовутӣ.

@74. Мувофиқи ақидаи як зумраи калони олимони таърихшинос таърих аз назари таркиб чӣ тавр шинохта шудааст?

$A) Радкунии ҷараёни умумиҷаҳонии таърих;

$B) Таърих илми аз ҷузъҳои ҷудогона иборатёфта;

$C) Таърих ҳамчун як илми ягонаи муштарак;

$D) Таъриз илми аз илмҳои дигар вобаста аст;

$E) Алҳол таркиби таърих хуб омӯхта нашудааст.

@75. Методологияи гуманистӣ ба кадом унсури ҳамагонӣ такя мекунад?

$A) Ба иқтисодиёт;

$B) Ба ҳуқуқ;

$C) Ба иҷтимоиёт;

$D) Ба тамаддун;

$E) Ба фалсафа.

@76. Дар таърихи мамлакатҳои исломӣ кадом тамаддуни пешқадам ташаккул ёфта буд?

$A Тамаддуни исломӣ;

$B) Тамаддуни ҳиндӣ;

$C) Тамаддуни чиноӣ;

$D) Тамаддуни эронӣ;

$E)Тамаддуни буддоӣ.

@77. Бавуҷудоварандагони асосии тамаддун дар таърих кистанд ва ё чистанд?

$A) Олоти меҳнат ва истеҳсолот;

$B) Захираю сарватҳои миллӣ;

$C) Соҳаҳои илм ва фарҳанг;

$D) Инсон ва халқу миллатҳо;

$E) Роҳбарони давлатҳо.

@78. Методология аз куҷо пайдо шудааст ва пайдо мешавад?

$A) Аз андешаҳои пешқадам;

$B) Аз низоми сиёсии ҷомеа;

$C) Аз низоми иқтисодии ҷомеа;

$D) Аз низоми фарҳанги ҷомеа;

$E) Аз идеологияи ифротӣ.

@79. Дар аввал гуманизм ҳамчун кадом меъёр ба миён омада буд?

$A) Меъёри тарбия;

$B)Меъёри муколама;

$C) Меъёри маънавӣ;

$D) Меъёри ҳуқуқӣ;

$E) Меъёри ахлоқӣ.

@80. Даврабандии шӯравии таърих моҳиятан чи хел буд?

$A) Сунъӣ буд.;

$B) Сунъӣ набуд;

$C) Асоснок буд;

$D) Ҳақиқӣ буд;

$E)Шубҳанок буд.

@81. Даврабандии курсҳои таърихро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӣ пешниҳод намудааст?

$A) Искандаров Қ., Яқубов Ю.;

$B) Искапндаров Б., Ғафуров Б.;

$C) Оаҷабов С..Р., Пирумшоев Ҳ..;

$D) Зиёзода Т.Н. Неъматов Н.;

$E) Масов Р., Набиева Р.А.

@82. Чаро таърихи нави халқи тоҷик аз нимаи дуюми асри ХХ то солҳои 1917-1921-ро дар бар гирифтааст?

$A) Ба ин даврабандӣ аксар олимону мутахассисон ҳамовозӣ тзҳор намудаанд;

$B) Мутахассисон ин марҳалаи таърихиро ҳамчун таърихи нав қабул намуданд;

$C) Сармоядорӣ ба Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳамин давра ворид шуданд;

$D) Ин давраи таърихь барои даврабандии таърихи халқи тоҷик хеле қуллай аст; $E) Аз давлатҳои рӯ ба тараққии дигари ҳамсоя ва Осиё нусхабардорӣ карда шуд.

@83. Даврабандии аз ҳама маъмули таърих дар ҷаҳон кадом аст?

$A) Форматсионӣ;

$B) Тамаддунӣ;

$C)Истеҳсолӣ;

$D)Ахборотӣ;

$E)Маъмул нест.

@84. Ғайр аз илми таърих ба проблемаи даврабандии таърих боз бештар кадом илм машғул аст?

$A) Илми математика;

$B) Илми фалсафа;

$C) Илми табиатшиносӣ;

$D) Илми ҳуқуқ;

$E) Илми сотсиология.

@85. Шӯришҳои деҳқонон дар мамлакатҳои Аврупо дар асрҳои ХIV – ХVIII чӣ қонунияте буданд?

$A) Ба ягон қонуни табиат ва ҷомеа иртиботе надоштанд;

$B) Ҷангҳои деҳқонии мазкур шояд воқеаи иқтисодӣ бошанд;

$C) Ҷангҳои деҳқонон тасодуфӣ ба ин давра рост омадаанд;

$D) Қонунияте мебошанд, ки хоси асрҳои миёна мебошанд;

$E) Ҷангҳои бо сабабҳои дохилии ғайритаърихӣ рух додаанд.

@86. Оё қонуни арзиши изофаи А.Смит ба таърих алоқае дорад?

$A) Қонуни арзиши изофа ба илми таърих ягон алоқае надорад;

$B) Қонуни арзиши изофа шояд ба илми фалсафа марбут бошад;

$C) Қонуни арзиши изофа дар иқтисод марбути иҷтимоиёт мебошад;

$D) Ҳамчун иқтисодӣ арзиши изофа ба таърих низ марбут мебошад;

$E) Қонуни арзиши изофа бевосита яке аз қонунҳои таърих аст.

@87. Ба кадом аwидаи Гегел дар бораи ба уқӯъ пайастани воқеаи таърихӣ -бесабаб ё босабаб розӣ ҳастед?

$A) Воқеаҳои таърихӣ бе сабаб ба амал меоянд;

$B) Воқеаҳои таърихӣ бе сабаб ба амал намеоянд;

$C) Ман ба ин ҳарду ақидаи болоӣ розӣ нестам;

$D) Таърих ба сабабҳо тобеъ буда наметавонанд;

$E) Шояд ақидаи Гегел ягон вақт исбот шавад.

@88. Кашфиёти қонуни эволютсионӣ, шаклҳои никоҳ ҳамчун асоси универсалии ҷамоаи ибтидоӣ ба кадом олими амрикоӣ тааллуқ дорад?

$A) О.Тъери;

$B) Г.Ф.Гегел4

$C) Л.Г.Морган;

$D) Ф.Гизо;

$E) О.Минъе.

@89. Қонунҳои диалектикаро кадом олим кашф кардааст. ки таърих аз онҳо истифода мебарад?

$A) Г.Ф.Гегел;

$B) Л.Фейэрбах;

$C) К.Поппер;

$D) Г.Т.Бокл;

$E) Д.Рикардо.

@90. Маърифати таърихӣ кадом вазифаи асосиро иҷро менамояд?

$A) Ягон вазифаро иҷро намекунад;

$B) Мустаҳкамкунии донишҳои касро;

$C) Пайдошавии тониши таърихиро;

$D) Ташаккули тафаккури таърихиро;

$E) Пайдоиши малакаи ҳаётии шахсро.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.