Саволхои тести аз фанни «таърихи тамаддуни чахони»

@1. Таърих дар маҷмӯъ бояд чиро омӯзад?

$A) Фарҳанги ҷаҳони муосирро;

$B) Таърихи тамаддуни ҷаҳонро;

$C) Як марҳалаи илми ҷаҳониро;

$D) Соҳаи иқтисодии як давлатро;

$E) Соҳаи кишоварзии Осиёро.

@2. Ба ин ва ё он тамаддун кадом унсурҳои таърих ворид мегарданд?

$A) Ҳаёти сиёсии давллату ҷомеа;

$B) Ҳаёти иқтисодии давлату ҷомеа;

$C) Ҳаёти иҷтимоии давлату ҷомеа;

$D) Тамоми унсурҳо ва ҷараёни таърих;

$E) Ҳаёти фарҳангии давлату ҷомеа.

@3. Як тамаддунро аз тамаддуни дигар чи тавр фарқ кардан мумкин аст?

$A) Бо ҷуғрофияи ҷойгиршавиаш;

$B) Бо иқлим, ҳудудҳо ва масоҳаташ;

$C) Бо нишонаҳои фарқкунандааш;

$D) Бо чарогоҳҳо ва ҳайвоноташ;

$E) Бо наботот ва шикоргоҳ доштанаш.

@4. Оё дар таърихи башар ҳамаи халқу қавмҳо тамаддунсоз буданд?

$A) Ҳамаи халқу қавмҳои ҷаҳон;

$B) Шояд ҳамин тавр ҳам бошад;

$C) Шубҳа кардан мумкин аст;

$D) Соҳибони давлатҳои мутараққӣ;

$E) Ҳамагӣ якчанд халқу қавмҳо

@5. Муаллифи рисолаи «Идроки таърих» кист?

$A) Л.Февр;

$B) М.Блок;

$C) А.Тойнби;

$D) П.Голбах;

$E) Л.Морган.

@6. Таърих ба кадом унсури методологии башардӯст асос ёфтааст?

$A) Ба қувваҳои истеҳсолкунанда;

$B) Ба муносибатҳои истеҳсолӣ ;

$C) Ба методологияи гуманистӣ;

$D) Ба методологияи авторитарӣ;

$E) Ба методологияи замони пешин.

@7. Капитолий дар кадом давлати дунёи қадим сохта шудааст?

$A) Дар Финикия;

$B) Дар Сурия;

$C) Дар Чин;

$D) Дар Рим;

$E) Дар Ҳиндустон.

@8. Аввалин шуда дар кадом давлати қадим дар папирус менавиштагӣ шуданд?

$A) Дар Миср;

$B) Дар Ҳиндустон

$C) Дар Чин;

$D) Дар Бобул;

$E) Дар Порт.

@9. Таърихи тамаддуни Рими Қадим аз чанд марҳалаи калон иборат аст?

$A) Аз 10 марҳала;

$B) Аз 4 марҳала;

$C) Аз 6 марҳала;

$D) Аз 2 марҳала;

$E) Аз 3 марҳала.

@10. Гаҳвораи демократияи дунёи қадим кадом давлат аст?

$A) Спарта;

$B) Рим;

$C) Византия;

$D) Афина;

$E) Бобул.

@11. Тамаддуни Бобул дар аҳди кадом шоҳ рӯ ба ташаккул овардааст?

$A) Шамон Адади I;

$B) Самсудун;

$C) Хамурапи;

$D) Муршили I;

$E) Муршили II

@12. Хамурапи бо кадом кори нек дар таърих машҳур гардидааст?

$A) Бо маҷмӯаи қонунҳои адолатпеша;

$B) Бо точанде васеъ кардани Бобул;

$C) Бо ислоҳоти самараноки иқтисодӣ;

$D) Бо қавииродагӣ, тобоварӣ ва шуҷоат;

$E) Бо сабаби ҳунари баланди шаҳрдорӣ.

@13. Солҳои ҳукмронии Хамурапиро дар давлати Бобул муайян намоед?

$A) 1749 – 1712 то милод;

$B) 1792 – 1750 то милод;

$C) 1615 -1594 то милод;

$D) 1557 – 1518 то милод;

$E) 1307 – 1275 то милод

@14. Софокл муаллифи кадоме аз ин асарҳо мебошад?

$A) “Қайдҳои таърихӣ”;

$B) “Таърих”;

$C) “Шоҳ Эдип”;

$D) “Иллиада”;

$E) “Одиссея”

@15. Бобул дар таърих бо кадом иншооти машҳури бинокорӣ машҳур аст?

$A) Қасри боҳашамат;

$B) Китобхонаи бой;

$C) Тахтапсанги қонунҳо;

$D) Манораи Бобул;

$E) Тахту тоҷи шоҳӣ

@16. Мафҳуми “Египет (Миср) мутобиқи мафҳуми “Айкомтос”-и юнонӣ чӣ маънӣ дорад?

$A) “Замини зард”;

$B) “Замини сурх” ;

$C) “Замини сабз”;

$D) “Замини кабуд”;

$E) “Замини сиёҳ”.

@17. Мумиё кардани ҷасади фиръавнҳо яке аз нишонаҳои кадом тамаддун аст?

$A) Байнаннаҳрайн;

$B) Мисри қадим;

$C) Ҳиндустони қадим;

$D) Юнони қадим;

$E) Империяи Рим.

@18. Кадоме аз ин тамаддунҳо аз тамаддунҳои дигар қадимтар мебошад?

$A) Тамаддуни Сосониён;

$B) Тамаддуни Бобул;

$C) Тамаддуни Юнон;

$D) Тамаддуни Миср;

$E) Тамаддуни Фаластин.

@19. Манораи Бобул ва қонунҳои Хаммурапи нишонаҳои кадом тамаддунанд?

$A) Аккад;

$B) Бобул;

$C) Ошур;

$D) Модҳо;

$E) Сумер.

@20. Кадоме аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Ҳахоманишиён мебошанд?

$A) Дорои I.Куруши Кабир. Эъломияи ҳуқуқи башар;

$B) Қасри Ашшурназирпали II. қасри Саргони II;

$C) Син Ши-хуанди. “Чизин”. “Шутзин”. “Шитзин”;

$D) Конфутсий. “Қайдҳои таърихӣ”-и Сима Тсиян;

$E)“Ригведа”. “Смаведа”. “Атхарваведа”. “Яҷурведа”.

@21. Кадоме аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Бобул мебошад?

$A) Дорои 1. Куруши Кабир. Эъломияи ҳуқуқи башар;

$B) Боғи Муаллақ, шоҳ Хамурапи, Манораи Бобул;

$C) Аршакиён. Селевки II. Антиохи Гиеракс;

$D) Конфутсий. “Қайдҳои таърихӣ”-и Сима Тсиян;

$E) “Ригведа”. “Смаведа”. “Атхарваведа”. “Яҷурведа”.

@22. Кадоме аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Порт мебошад?

$A) Дорои I. Куруши Кабир. Эъломияи ҳуқуқи башар;

$B) Қасри Ашшурназирпали II. қасри Саргони II;

$C) Аршакиён. Митридати I. Антиохи Гиеракс;

$D) Конфутсий. “Қайдҳои таърихӣ”-и Сима Тсиян;

$E) “Ригведа”. “Смаведа”. “Атхарваведа”. “Яҷурведа”.

@23. Кадоме аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Чин мебошад?

$A) Дорои I. Куруши Кабир. Эъломияи ҳуқуқи башар;

$B) Қасри Ашшурназирпали II. қасри Саргони II;

$C) Аршакиён. Митридати I. Антиохи Гиеракс;

$D) Конфутсий. “Қайдҳои таърихӣ”-и Сима Тсиян;

$E) “Ригведа”. “Смаведа”. “Яҷурведа”. “Атхарваведа”.

@24. Кадомее аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Ҳиндустони қадим мебошад?

$A) Дорои I. Куруши Кабир. Эъломияи ҳуқуқи башар;

$B) Қасри Ашшурназирпали II. қасри Саргони II;

$C) Аршакиён, Митридати I, Антиохи Гиеракс;

$D) Конфутсий. “Қайдҳои таърихӣ”-и Сима Тсиян;

$E) “Ригведа”. “Смаведа”. “Яҷурведа”. “Атхарваведа”

@25. Шоҳҳо Куҷула Кадфиз, Вима Кадфиз, Хувишка, Савишка, Канишкаи I ва Канишкаи II ҳамчун нишонаҳои кадом тамаддуни ниёгони халқи тоҷик мебошанд?

$A) Тамаддуни Кушониён;

$B) Тамаддуни Модҳо;

$C) Тамаддуни Юнону Бохтар;

$D) Тамаддуни Порт;

$E) Тамаддуни Ҳахоманишиён.

@26. Кадоме аз ин гурӯҳҳои зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Рими Қадим мебошад?

$A) Палатин. Капитолий. Ромул ва Рем. Сезар;

$B) Эллада. Спартагиҳо. “Антигона”-и Софокл;

$C) Дионис. Демокрит. Афлотун. Арасту;

$D) Акрополи Афина. Бозиҳои Олимпӣ. Ҳомер;

$E) Буқрот. Зевс. Афина.”Стил”. “Алфа”. “Бета”

@27. Кадоме аз зуҳуроти таърихӣ аз ҷумлаи нишонаҳои тамаддуни Юнони Қадим мебошад?

$A) Юлий Сезар. Красс. Помпей. Ҷумҳурии Рим;

$B) Ҷангҳои Пунӣ. Пантеон, Сенат. Сисерон;

$C) Д иктатор. Трибунҳои халқӣ. Октавиан Август;

$D) Эллада. Спартагиҳо. “Антигона”-и Софокл

$E) Фиръавн Хеопс, Абулҳавл, Минои Искандария

@28. Кадоме аз ин тамаддунҳо дар пояи дини ислом ташаккул ёфтааст?

$A Империяи Карли Кабир;

$B) Хилофати Араб

$C)Темуриёни Ҳинд;

$D)Туркҳои Усмонӣ;

$E) ИмперияиВизантия.

@29. Ардашери I Бобакон, Кайқубодшоҳ, Шопури I, Шопури II ва Анушервон шоҳҳои кадом давлати соҳибтамаддун мебошанд?

$A) Ҳиндустон

$B) Тсин

$C) Сафавиён

$D) Сосониён

$E) Тоҳириён.

@30. Хлодвиг, Франк, Карли Кабир, Жанна де, Арк, ритсарҳо ва Ҷанги садсола ба кадом давлати соҳибтамаддун тааллуқ доранд?

$A) Испания;

$B) Фаронса;

$C) Италия;

$D) Руссия;

$E) Олмон.

@31. Имрӯз пешсафии эстафетаи тамаддунҳои Ғарб ва Шарқ дар ихтиёри кадом давлатҳои соҳибтамаддуни муосир қарор дорад?

$A) ИМА ва Ҷопон;

$B) Англия ва Италия;

$C) Олмон ва Испания;

$D) Чин ва Ҳиндустон;

$E) Русия ва Фаронса.

@32. Соҳибони аслии тамаддуни Ориёиҳо кадом халқи имрӯза мсебошад?

$A) Мардуми Ҳиндустон;

$B) Мардуми форсизабон;

$C) Мардуми Чину Муғул;

$D) Мардуми Индонезия;

$E) Мардуми Ҷопону Корё.

@33. Аҷдодони тоҷикони имрӯза дар гузаштаи дур кадом қабилаҳо буданд?

$A) Хеттҳо, скифҳо, коптҳо, славянҳо;

$B) Муғулҳо, тоторҳо, туркҳо, саксҳо;

$C) Ориёиҳо, сақоиҳо, масагетҳо, даванҳо;

$D) Этрусскҳо, галлҳо, ҳиндуҳо, гуннҳо;

$E) Юэҷиҳо, дориҳо, ахеқҳо, аланҳо.

@34. Ардашери I Бобакон асосгузори кадом давлат аст?

$A) Тоҳириён;

$B) Ғуриён;

$C) Саффориён;

$D) Сосониён;

$E) Ҳайтолиён.

@35. Вилоятҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишиёнро муаррихони юнонӣ чӣ тавр номгузорӣ кардаанд?

$A) Давлатҳо;

$B) Провинсияшо;

$C) Полисҳо;

$D) Князиҳо;

$E) Сатрапиҳо.

@36. Қатораи муҳаррикиро дар кадом давлат ихтироъ кардаанд?

$A) Англия;

$B) Фаронса;

$C) Шотландия;

$D) Голандия;

$E) Норвегия.

@37. Таълимоти браҳманизм ба кадом тамаддун тааллуқ дорад?

$A) Тамаддуни элллинистӣ;

$B) Тамаддуни Ҳиндустон;

$C) Тамаддуни Муғулҳо;

$D) Тамаддуни Кушониён;

$E) тамаддуни Хараппа.

@38. Бозёфтҳои бостонии аз Моҳенҷо Дарои Ҳиндустон (ҳоло дар Покистон) пайдокардаи бостоншиносон ба кадом тамаддун мансуб мебошанд?

$A) Ба тамаддуни Кушониён;

$B) Ба тамаддуни Сомониён;

$C) Ба тамаддуни Хараппа;

$D) Ба тамаддуни Чандрагупта;

$E) Ба тамаддуни Буддоия.

@39. Муаллифи Эъломияи Ҳуқуқи Башар маҳсули кадом тамаддун аст?

$A) Селевкиён;

$B) Аршакиён;

$C) Эллинистӣ;

$D) Ҳахоманишиён;

$E) Чини Қадим.

@40. Муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар кадом шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён мебошад?

$A) Куруши I;

$B) Куруши II.Кабир;

$C) Камбиз;

$D) Дорои I;

$E) Ардашери I.

@41. Дар охири асрҳои миёна монофактурасозӣ дар кадом давлати ҷаҳон суръат касб кардааст?

$A) Ҷопон;

$B) Голландия;

$C) Ҳиндустон;

$D) Англия;

$E) Фаронса.

@42. Папирус маҳсули кадом тамаддун мебошад?

$A) тамаддуни Бобул;

$B) Тамаддуни Миср;

$C) Тамаддуни Ошур;

$D) Тамаддуни Хеттҳо;

$E) Тамаддуни Урарту.

@43. Ҳайкали Артемида аз ҷумлаи нишонаҳои кадом тамаддун аст?

$A) Рим;

$B) Ҳиндустон;

$C) Хеттҳо;

$D) Юнон;

$E) Рим.

@44. Муаллифи фоҷеаи “Шоҳ Эдип”, ҳамчун яке аз нишонаҳои тамаддуни Юнони қадим кист?

$A) Гомер;

$B) Аристофан;

$C) Гесиод;

$D) Арасту;

$E) Софокл.

@45. Ватани Бозиҳои Олимпӣ кадом давлат аст?

$A) Юнон;

$B) Рим;

$C) Италия;

$D) Ҷопон;

$E) Карфаген.

@46. Кадоми ин шахсиятҳо фиръавнҳои Мисри Қадим мебошанд?

$A) Дорои I, Дорои III, Ҳашиёршоҳ;

$B) Эхнатон, Нефертити, Тутмоси III;

$C) Син Ши-хуандӣ, Хан, Конфутсий;

$D) Митридат, Ктесифон, Антиохи I;

$E) Табарна, Муршили I, Тиглатпласари I.

@47. Кадоми ин номбурдагон шоҳҳои Чини Қадим мебошанд?

$A) Дорои I, Дорои III, Ҳашиёршоҳ;

$B) Эхнатон, Нефертити, Тутмоси III;

$C) Син Ши-хуандӣ, Хан, Конфутсий;

$D) Митридат, Ктесефон, Антиохи I;

$E) Табарна, Муршили I, Тиглатпласари I.

@48. Кадоме аз ин гурӯҳҳои шоҳҳо дар давлати Хеттҳо ҳукмронӣ кардааст?

$A) Дорои I, Дорои III, Ҳашиёршоҳ;

$B) Эхнатон, Нефертити, Тутмоси III;

$C) Син Ши-хуанди, Хан, Конфутсий;

$D) Митридат, Ктесифон, Антиохи I;

$E) Табарна, Муршили I, Тиглатпласари I.

@49. Кадоме аз ин гурӯҳҳои шоҳҳо дар давлати Ҳахоманишиён ҳукмронӣ кардаанд?

$A) Куруши Кабир, Дорои I, Камбуҷа;

$B) Эхнатон, Нефертити, Тутмоси III;

$C) Син Ши-хуанди, Хан, Конфутсий;

$D) Митридат, Ктесифон, Антиохи I;

$E) Табарна, Муршили I, Тиглатпласари I.

@ 50. Кадоме аз ин гурӯҳҳои шоҳҳо дар давлати Порт ҳукмрон буданд?

$A) Дорои I, Дорои III, Ҳашиёршоҳ;

$B) Эхнатон, Нефертити, Тутмоси III;

$C) Син Ши-хуанди, Хон, Конфутсий;

$D) Митридат, Ктесифон, Антиохи I;

$E) Табарна, Муршили I, Тиглатпласари I.

@51. Ибораи “Ҳамаи роҳҳо ба….мебаранд” дар кадом давлат дунёи қадим ба миён омадааст?

$A) Спарта;

$B) Афина;

$C) Микена;

$D) Крит;

$E) Рим.

@52. Рақиби асосии Ҷумҳурии Рим кадом давлат буд?

$A) Финикия;

$B) Карфаген;

$C) Порт;

$D) Миср;

$E) Галлия.

@53. Номи моҳи июли тақвими юлианӣ ба номи кӣ алоқаманд аст?

$A) Сезар;

$B) Октавиан;

$C) Нерон;

$D) Диоклетиан;

$E) Помпей.

@54. Номи мактаби машҳури ҳуқуқро дар дунёи қадим муайян намоед?

$A) Ҳуқуқи Рим;

$B) Ҳуқуқи Сисерон;

$C) Ҳуқуқи Афина;

$D) Ҳуқуқи Спарта;

$E) Ҳуқуқи Драконт.

@55. Номи моҳи августи тақвими юлианӣ ба номи кӣ алоқаманд аст?

$A) Сезар;

$B) Октавиан;

$C) Нерон;

$D) Диоклетиан;

$E) Помпей.

@56. Бунёди шаҳри Рим бо номи кӣ алоқаманд мебошад?

$A) Сезар;

$B) Ромул;

$C) Нерон;

$D) Ганнибал ;

$E) Тарквиний.

@57. Яке аз нишонаҳои муҳимми Рим, ки бо номи ҳайвони даррандае алоқаманд аст, чи ном дорад?

$A) Модагурги Капитолий;

$B) Модагурги Карфаген;

$C) Модагурги Везувий;

$D) Модагурги Византия;

$E) Модагурги Сиракуза.

@58. Форум, Палатин, Пантеон ва Колизей дар кадом шаҳр воқеъ гардидааст?

$A) Афина;

$B) Рим;

$C) Спарта;

$D) Византия;

$E) Карфаген.

@59. Демократия ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии кадом тамаддун муаррифӣ мешавад?

$A) Тамаддуни Ҳиндустон;

$B) Тамаддуни Чин;

$C) Тамаддуни Юнон;

$D) Тамаддуни Сомониён;

$E) Тамаддуни Модҳо.

@60. Мафҳуми “гражданин” аввал дар кадом шаҳри Юнони қадим тавлид ёфтааст?

$A) Спарта;

$B) Милет;

$C) Троя;

$D) Афина;

$E) Фива.

@61. Яке аз нишонаҳои бузурги тамаддуни шаҳрсозии давлати Ҳахоманишиёнро, ки дар дунёи қадим бо худ ҳамто надошт, муайян намоед?

$A) Ҳамадон;

$B) Суза;

$C) Ҳирот;

$D) Мароқанд;

$E) Тахти Ҷамшед.

@62. Асосгузори давлати Туркҳои Усмонӣ кӣ буд?

$A) Муроди II;

$B) Сулаймони I;

$C) Боязиди I;

$D) Усмони I;

$E) Меҳмеди I.

@63. Ду масҷиди бузурги дар Регистони шаҳри Самарқанд биногардида, ки аз тамаддуни меъмории халқи тоҷик дарак медиҳанд, чӣ ном доранд?

$A) “Нодирдевонбеги” ва “Ғозиён”;

$B) “Лаби Ҳавз” ва “Чор Мазор”;

$C) “Ситорамахоса” ва “Қалпоқдор”;

$D) “Мирараб” ва “Кукалтош”;

$E) “Тиллокорӣ” ва “Шердор”.

@64. Консепсияи тамаддуни А.Тойнби дар кадом асос қарор дорад?

$A)Меҳварӣ;

$B) баъдазмодернӣ;

$C) Даврагӣ;

$D) Локалӣ;

$E) Уфуқӣ.

@65. Кайқубод шоҳи кадом давлати ниёгони мардуми тоҷику форс мебошад?

$A) Сомониён;

$B) Сосониён;

$C) Тоҳириён;

$D) Саффориён;

$E) Сафавиён.

@66. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абурайҳони Берунӣ,. Абӯалӣ ибни Сино ва Абулқосими Фирдавсӣ зодагони кадом тамаддун мебошанд?

$A) Тамаддуни Ҳиндустон;

$B) Тамаддуни Чини қадим;

$C) Тамаддуни Сомониён;

$D) Тамаддуни Сосониён;

$E) Тамаддуни Тоҳириён.

@67. Яке аз нишонаҳои бузурги адабии тамаддуни халқи тоҷикро, ки соҳибаш Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, муайян намоед?

$A) “Алқонун фиттиб”;

$B) “Шикоят аз пирӣ”;

$C) “Қобуснома”;

$D) “Шоҳнома”;

$E) “Сиёсатнома”

@68. Яке аз нишонаҳои маъруфи илмии тамаддуни халқи тоҷикро, ки соҳибаш Низомулмулк мебошад, муайян намоед?

$A) “Алқонун – фит – тиб”;

$B) “Шикоят аз пирӣ”;

$C) “Қобуснома”;

$D) “Шоҳнома”;

$E) “Сиёсатнома”.

@69. Яке аз нишонаҳои бузурги илмии тамаддуни халқи тоҷикро, ки аз они Абӯалӣ ибни Сино мебошад, муайян намоед?

$A) “Алқонун фиттиб”;

$B) “Шикоят аз пирӣ”;

$C) “Қобуснома”;

$D) “Шоҳнома”;

$E) “Сиёсатнома”.

@70. Муайян намоед, ки кадоме аз ин асарҳо дар мавзӯи тарбия аз ҷумлаи нишонаҳои машҳури тамаддуни халқи тоҷик буда, муаллифи он Унсурмаолии Кайковус мебошад?

$A) “Алқонун–фит-тиб”;

$B) “Шикоят аз пирӣ”;

$C) “Қобуснома”;

$D) “Шоҳнома”;

$E) “Сиёсатнома”.

@71. Империяи Карли Кабир аз кадом тамаддун дарак медиҳад ?

$A) Аз тамаддуни Руссия;

$B) Аз тамаддуни Англия;

$C) Аз тамаддуни Италия;

$D) Аз тамаддуни Фаронса;

$E) Аз тамаддуни Маҷористон.

@72. Таъсиси девонҳо дар сохтори идораи давлатӣ ба кадом тамаддунҳо тааллуқ дорад?

$A) Ба тамаддуни арабҳо ва суриягиҳо;

$B) Ба тамаддуни туркҳо ва муғулҳо;

$C) Ба тамаддуни Бобул ва Ошур;

$D) Ба тамаддуни ҳиндуҳо ва чиноиҳо;

$E) Ба тамаддуни Сосониён ва Сомониён

@73. Ибодатхонаи Сафияи Руси Киевӣ аз тамаддуни кадом халқҳо дарак медиҳад?

$A) Украинҳо, русҳо ва белорусҳо;

$B) Булғорҳо, хорватҳо и словенҳо;

$C) Герцеговиҳо, сербҳо и черногориҳо;

$D) Даҳҳо, чехҳо, словакҳо ва албанҳо;

E)) Словенҳо, приднестровиҳо, македониҳо,

@74. Кадом сол Туркҳои Усмонӣ гаҳвораи тамаддуни Византия – шаҳри Константинополро ишғол намуданд?

$A) Соли 1337;

$B) Соли 1453;

$C) Соли 1383;

$D) Соли 1609;

$E) Соли 1566.

@75. Файласуф Конфутсий намояндаи кадом тамаддуни бузурги Шарқи Қадим мебошад?

$A) Ҳиндустон;

$B) Ҷопон;

$C) Чин;

$D) Кушониён;

$E) Индонезия.

@76. Дар тамаддуни кадом мамлакати Шарқи Қадим аҳолии мамлакат ба чор варна (каста) – браҳманҳо, кшатриҳо, вайшиҳо ва шудраҳо тақсимбандӣ карда шудааст?

$A) Дар Чин;

$B) Дар Ҳахоманишиён;

$C) Дар Порт;

$D) Дар Ҳиндустон;

$E) Дар Бохтар.

@77. Яке аз нишонаҳои кадом шаҳри муосири Аврупо “Манораи Останкино” ном бурда мешавад?

$A) Лондон, Англия;

$B) Прага, Чехия;

$C) Минск, Беларус;

$D) Киев, Украина;

$E) Москва, Руссия.

@78. Аввалин метрополитен (роҳи оҳани зеризаминӣ) дар солҳои 60-уми асри Х1Х дар кадом шаҳри Аврупо сохта шудааст?

$A) Лондон;

$B) Париж;

$C) Рим;

$D) Афина;

$E) Берлин.

@79. Манораи Эйфел дар кадом шаҳр ва давлати имрузаи Аврупо вуҷуд дорад?

$A) Лондон, Англия;

$B) Париж, Фаронса;

$C) Рим; Италия;

$D) Афина, Юнон;

$E) Берлин, Олмон.

@80. Қасри мӯҳташам бо номи “Тоҷмаҳал” дар Агра, ки яке аз мӯъҷизаҳои олам мебошад, дар кадом давлат воқеъ гардидааст?

$A) Дар Эрон;

$B) Дар Афғонистон;

$C) Дар Ҳиндустон;

$D) Дар Арабистон;

$E) Дар Индонезия.

@81. Сохти парлумонии асримиёнагӣ дар кадом давлати Аврупо ба миён омада, баъд дар тӯли асрҳо дар мамлакатҳои зиёд ташаккул ёфтааст?

$A) Дар Юнон;

$B) Дар Амрико;

$C) Дар Англия;

$D) Дар Фаронса;

$E) Дар Италия.

@82. Ҳамчун яке аз нишонаҳои тамаддуни аврупоии асримиёнагӣ кадом сол нашри китоб оғоз ёфт ва ихтироъкори дастгоҳи чопи китоб кӣ буд?

$A) Соли 1337, Жанна д, Арк;

$B) Соли 1383, Аркрайт;

$C) Соли 1492, Колумб;

$D) Соли 1837, Стевенсон;

$E) Соли 1445, Гуттенберг.

@83. Иван Грозний намояндаи кадом тамаддуни Аврупо буд?

$A) Тамаддуни Руссия;

$B) Тамаддуни Муғул;

$C) Тамаддуни Темуриён;

$D) Тамаддуни Ғазнавиён;

$E) Тамаддуни Сафавиён.

@84. Рисолаи “Ғуруби Аврупо” ба қалами кадом олим мансуб аст?

$A)А.Тойнби;

$B) О.Шпенглер;

$C) Н.Я.Данилевский;

$D) Ф.Нортрон;

$E) А.Шуберт.

@85. Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кадом сол қабул карда шудаас?

$A) Соли 1776;

$B) Соли 1763;

$C) Соли 1787;

$D) Соли 1777;

$E) Соли 1783.

@86. Аввалин маротиба кӣ, кай ва шаҳрванди кадом давлат ба Кайҳон парвоз кард?

$A) Титов, соли 1962, ИҶШС;

$B) Эдвин Олдрин, соли 1969. ИМА;

$C) Терешкова, соли 1963, ИҶШС;

$D) Гагарин, соли 1961, ИҶШС;

$E) Попович, соли 1962. ИҶШС.

@87. Оғозкунандаи ду ҷанги ҷаҳонии асри ХХ – солҳои 1914 – 1918 ва 1939 – 1945 кадом давлат буд?

$A) Амрико;

$B) Фаронса;

$C) Испания;

$D) Канада;

$E) Олмон.

@88. Сабабгорони асосии оғози “ҷанги сард” ва мусаллаҳшавии бошитоб дар охири солҳои 40-ум ва то солҳои 70-уми ХХ кадом давлатҳои ҷаҳон буданд?

$A) ИМА ва ИҶШС;

$B) Фаронса ва Олмон;

$C) Канада ва Бразилия;

$D) Италия ва Англия;

$E) Чин ва Ҳиндустон.

@89. Баъди ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тамаддуни нави дастаҷамъонаи давлатҳо ба вуҷуд омад, ки мақсади он сохтани ҷомеаи коммунистӣ буд. Номи ин низомро муайян намоед:

$A) Низоми давлатҳои сармоядорӣ;

$B) Низоми авлатҳои сотсиалистӣ;

$C) Низоми давлатҳои зиддифашистӣ;

$D) Мамолики рӯ ба тараққии ҷаҳон

$E) Низоми ҷаҳонии давлатҳои исломӣ.

@90. Дар охирҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва то соли 1949 кадом давлатҳои собиқ Иттиҳоди давлатҳои иддифашистӣ бомбаҳои ҳастаииро ихтироъ карданд?

$A) Англия ва Фаронса;

$B) Канада ва Исроил;

$C) ИМА ва ИҶШС;

$D) Чин ва Ҳиндустон;

$E) Покистон ва ҶАҶ.

@91. Тамоили асосии рушди тамаддунҳо дар замони муосир кадом аст?

$A) То чанде аз ҳам дур мешаванд;

$B) Тағйироте ба назар намерасад;

$C) Тамаддунҳои нав ба миён омаданд;

$D) Рӯ ба ҳам наздикшавӣ меоранд;

$E) Ҳанӯз дар ҳолати муколамаанд.

@92. Оё глобализатсияи муосири ҷаҳонӣ нишонаи тамаддун аст?

$A) Муқаррар нагардидааст;

$B) Ҷавоб мусбат мебошад;

$C) Ҷавоб манфӣ мебошад;

$D) Алҳол инро меомӯзанд;

$E) Ҳанӯз бояд худдорӣ кард.

@93. Яке аз нишонаҳои муҳими тамаддуни ҳамагонии умумибашарии муосир кадом аст?

$A) Аслиҳаҳои ҳастаии қатлиоми дурпарвоз;

$B) Киштиҳои байнисаёравии таҳқиқотӣ;

$C) Технологияи ахборотию иртибототӣ;

$D) Пешрафти саноати мошинсозии имрӯза;

$E) Технологияи синамо ва телевизион.

@94. Кадом иди ниёгони мо имрӯз расман ба тамаддуни умумибашарӣ вохил гардидааст?

$A) Сада;

$B) Меҳргон;

$C) Навруз;

$D) Бурёкубон;

$E) Мӯлчар.

@95. Асарҳои Гомер “Иллиада” ва “Одиссея” нишонаҳои кадом тамаддун мебошанд?

$A) Тамаддуни Хеттҳо;

$B) Тамаддуни Бобул;

$C) Тамаддуни Ошур;

$D) Тамаддуни Юнон;

$E) Тамаддуни Рим.

@96. Барои кадом хизматҳояш император Юстиниан дар таърих машҳур аст?

$A) Аз рӯи шоҳи оқил будан;

$B) Аз рӯи маҳорати лашкаркашӣ;

$C) Аз рӯи фарҳангдӯстӣ;

$D) Аз рӯи хирадмандӣ;

$E) Аз рӯи рамзгузории қонунҳо

@97. Кашшофи нерӯи барқ чӣ ном дорад ва ӯ зодаи кадом давлати Аврупо буд?

$A) Эдисон, Англия;

$B) Гуттенберг, Олмон;

$C) Ломоносов, Руссия;

$D) Рентген, Олмон;

$E) Дизел, Олмон.

@98. Дар асрҳои ХIV-ХVI дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ кадом воқеаи тамаддунасос ба амал омад?

$A) Алифбоҳои нахустин тавлид ёфтанд;

$B) Тамаддуни Эҳё тавлид ва рушд меёбад;

$C) Давлатҳои калон ташаккул меёбанд;

$D) Илму фарҳанг рӯ ба рушд меранд;

$E) Соҳаҳои касбу ҳунар ҷоннок мешаванд.

@99. Ҳамчун яке аз нишонаҳои манфии тамаддун – Ҷанги Садсола дар байни кадом давлатҳои Аврупо ба амал омадааст?

$A) Италия ва Юнон;

$B) Пруссия ва Юнон;

$C) Фаронса ва Англия;

$D) Руссия ва Испания;

$E) Голландия ва Византия.

@100. Рушди тамаддуни умумибашариро аз замони қадим ва то имрӯз, ки тамоили бо ҳам наздикшавиро дорад, ба чӣ шабеҳ кардан мумкин аст?

$A) Бо дашти беҳадду канор;

$B) Бо мавҷҳои уқёнуси бузург;

$C) Ба қасри бошукӯҳи башар ;

$D) Ба сохтмони аҳроми бузург;

$E) Ба сохтмони варзишгоҳи калон.

@101. Кадом марҳалаи таърихи Юнон қадим архаистӣ ном гирифтааст ?

$A) Асрҳои ХХ – ХVIII то милод ;

$B) Асрҳои ХVIII – ХVII то милод ;

$C) Асрҳои ХVII – ХVI то милод;

$D Асрҳои ХVI – IХ то милод;

$E) Асрҳои VIII – VI то милод.

@102 . Дар кадом давлати Юнони Қадим табақаи олигархия ҳукмронӣ мекард?

$A) Спарта;

$B) Коринф;

$C) Микена;

$D) Афина;

$E) Мессения.

@103. Ислоҳоти Солон дар Афина асосан кадом соҳаи ин давлати Юнони Қадимро дар гирифта буд?

$A) Мактабу маорифро;

$B) Қарз ва ғуломонро;

$C) Тиҷорати хориҷиро;

$D) Тиҷорати дохилиро;

$E) Соҳаи илму фарҳангро.

@104 . Варзиши гладиаторӣ ба кадом тамаддун тааллуқ дорад?

$A) Мисри Қадим;

$B) Рими Қадим;

$C) Юнони Қадим;

$D) Чини Қадим;

$E) Ҳиндустони Қдим.

@105 .Қабилаҳои этрусскҳо дар куҷо сукунат доштанд?

$A) Дар Байнанаҳрайн;

$B) Дар Византия;

$C) Дар Италияи Қадим;

$D) Дар Фаластин;

$E) Дар Юнони Қадим.

@106 . Колизей нишонаи муҳимми кадом тамаддун аст?

$A) Тамаддуни Византия;

$B) Тамаддуни Фаронса;

$C) Тамаддуни Карфаген;

$D) Тамаддуни Рим;

$E) Тамаддуни Микена.

@107. Дар тамаддуни Афина табақаи болоиро чӣ меномиданд?

$A) Демос;

$B) Патритсийҳо;

$C) Плебейҳо;

$D Колонҳо);

$E) Эвпатриҳо .

@108 . Клисфен дар кадом давлати юнонӣ ислоҳот гузаронидааст?

$A) Дар Афина;

$B) Дар Спарта;

$C) Дар Микена;

$D) Дар Крит;

$E) Дар Троя.

@109 . Тамаддуни гуманистӣ ба кадом давраи таърихӣ мансуб аст?

$A) Ҷамои ибтидоӣ;

$B) Дунёи қадим;

$C) Асрҳои миёна;

$D) Давраи нав;

$E) давраи навтарин.

@110 . Тамаддуни гуманистӣ дар кадом минтақаи ҷаҳон тавлид ёфтааст?

$A) Дар қитъаи Америка;

$B) Дар Шарқи Дур;

$C) Дар Осиёи Ҷанубӣ;

$D) Дар Аврупои Ғарбӣ;

$E) .Дар Африқои Шимолӣ

@111 . Тамаддунасосии таърих ба кадом методология мувофиқат мекунад?

$A) Гуманистӣ;

$B) Марксистӣ;

$C) Коммунистӣ

$D) Исломӣ;

$E) Масеҳӣ.

@112 . Баҳси “Ҳикояи Синухет” ба кадом тамаддун мансуб аст?

$A) Тамаддуни Ҳиндустон;

$B) Тамаддуни Хеттҳо;

$C) Тамаддуни Арабистон;

$D) Тамаддуни ислом;

$E) Тамаддуни Мисри Қадим .

@113. Ибодатгоҳи Энлил яке аз нишонаҳои кадом тамаддун аст?

$A) Тамаддуни Ошур;

$B) Тамаддуни Аккад;

$C) Тамаддун Модҳо;

$D) Тамаддуни Бобул;

$E) Тамаддуни Элом.

@114 . Давлати Сосониҳо кай таъсис ёфтааст?

$A) Соли 776;

$B) Соли 241;

$C) Соли 457;

$D) Соли 476;

$E) Соли 224.

@115 . Соли 1453 дар таърихи кадом воқеаи муҳим рух додааст?

$A) Византия барҳам мехурад;

$B) Византия ду тақсим мешавад;

$C) Салибдорон шикаст мехуранд;

$D) Сарзамини Рус муттаҳид шуд;

$E) Давлати Франк таъсис меёбад.

@116 . Илҳомбахши асосии лашкаркашиҳои салибӣ ба Шарқ кӣ буд?

$A) Короли Фаронса;

$B) Папаи Рим;

$C) Короли Англия;

$D) Короли Италия;

$E) Короли Испания.

@117. Рушди тамаддунҳо аз ҷамоаи ибтидоӣ то ҳол чӣ хел сурат гирифтааст?

$A) Маълум карда нашудааст;

$B) То рафт бо ҳам наздикшавӣ;

$C) То рафт аз ҳам дуршавӣ;

$D) Дар як сатҳ қарор гирифтааст;

$E) Шояд он тағйирнопазир бошад.

@118 . Рушди тамаддуни ислом дар кадом давлат сурат гирифтааст?

$A) Миср;

$B) Бобул;

$C) Арабистон;

$D) Афғонистон;

$E) Сурия

@119. Дорои I ва Хашиёршоҳи I намояндаи кадом тамаддунанд?

$A) Сосониён;

$B) Фаронса;

$C) Руси Киев;

$D) Ҳахоманишиён;

$E) Сомониён.

@120 . Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар кадом шаҳр воқеъ гардидааст?

$A) Балх;

$B) Самарқанд;

$C) Хева;

$D) Марв;

$E) Бухоро.

@121 . Асотир дар бораи “Тӯфони Нӯҳ” нишонаи кадом тамаддун аст?

$A) Тамаддуни Бобул;

$B) Тамаддуни Миср;

$C) ТамаддуниЮнон;

$D) Тамаддуни Кушониён;

$E) Тамаддуни Сомониён.

@122. Шаҳри Тахти Ҷамшед (Персопол)-ро кадом лашкаркаш оташ зад?

$A) Филиппи II;

$B) Юлий Сезар;

$C) Искандари Макдунӣ;

$D) Кратер ва Спитамен;

$E) Диодохҳои Искандар.

@123 . Китоби муқаддаси дини зардуштӣ кадом аст?

$A) “Таърих”;

$B) “Қайдҳои таърихӣ”;

$C) “Рамаяна;

$D) “Авесто”;

$E) “Иллиада”.

@124 . Гай и Тиберий Гракхҳо намояндагони кадом тамаддунанд?

$A) Тамаддуни Юнон;

$B) Тамамддуни Карфаген;

$C) Тамаддуни Сумер;

$D) Тамаддуни Инкҳо;

$E) Тамаддуни Рим .

@125 Дар Рими Қадим воситаи интиқол додани оби ошомиданиро чӣ меномиданд?

$A) Акведук;

$B) Қубур;

$C) Нова;

$D) Водопровод;

$E) Ҷӯйбор

@126. Ҳуқуқи машҳур дар кадом давлати унёи қадим ба вуҷуд омадааст?

$A) Византия;

$B) Рим;

$C) Испания;

$D) Сомониён;

$E) .Юнон

@127 . Императори машҳури Византия кадом аст?

$A) Константин;

$B) Ираклий;

$C) Юстиниан ;

$D) Аркадий;

$E) Феодосияи 1.

@128. Ёдгории машҳури тамаддуни Византияро муайян намоед:

$A) Шохи Тиллоӣ;

$B) Баҳри Мармар;

$C) Гулӯгоҳи Босфор;

$D) Сафияи Муқаддас;

$E) Константинопол.

@129. Асосгузори тамаддуни Франк кист?

$A) Хлодвиг;

$B) Оттони 1.;

$C) Филиппи II Август;

$D) Людовики IХ;

$E) Карли Кабир .

@130. Гаҳвораи тамаддуни Эҳёи аврупоӣ кадом давлат аст?

$A) Италия;

$B) Испания;

$C) Юнон;

$D) Англия;

$E) Руссия.

@131. Аввалин корхонаи саноатӣ дар тамаддуни замони нав чӣ ном дорад?

$A) Фабрика;

$B) Мануфактура;

$C) Завод;

$D) Комбинат;

$E) Устохона.

@132. Кадом ду тамаддуни машҳур ва бузурги замони муосирро медонед?

$A) Тамаддунҳои ИМА ва Чин;

$B) Тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб;

$C) Тамаддунҳои Русия ва Чин ;

$D) Тамаддунҳои Фронса ва Италия;

$E) Тамаддунҳои Ҳиндустон ва Ҷопон .

@133. Консепсияи мултикултура дар куҷо тавлид ёфтааст

$A) Дар мамлакатҳои Шарқи Наздик;

$B) Дар мамлакатҳои Шарқи Дур;

$C) Дар гурӯҳи мамлакатҳои Ғарб;

$D) Дар гурӯҳи мамлакатҳои Африқо;

$E) Дар мамлакатҳои Америкаи Ҷанубӣ.

@134. Ленардо да Винчи ва Микеланҷело Буонароти намояндагони кадом тамаддун мебошанд?

$A) Тамаддуни масеҳӣ;

$B) Тамаддуни исломӣ;

$C) Тамаддуни шарқӣ;

$D) Тамаддуни Эҳё;

$E) Тамаддуни Ведҳо.

@135. Вестготҳо, остготҳо, вандалҳо ва галлҳо ба кадом тамаддун мансубанд?

$A) Олмонӣ;

$B) Италиягӣ;

$C) Англисӣ;

$D) Испанӣ;

$E) Муғулӣ.

@136. Шӯриши Уот Тайлер дар кадом давлати Аврупо ба амал омадааст?

$A) Италия;

$B) Юнон;

$C) Англия;

$D) Руссия;

$E) Испания .

@137. Аввалин Штатҳои Генералӣ дар кадом давлат тавлид ёфтааст?

$A) Дар Голандия;

$B) Дар Португалия;

$C) Дар Испания;

$D) Дар Фаронса;

$E) Дар Англия.

@138. Пайдоиши мануфактура ба тамаддуни Англия чӣ навгонӣ овард?

$A) Харидории моҳут кам шуд

$B) Заводу фабрикаҳо баста шуданд;

$C) Гардиши пул рӯ ба таназзул овард;

$D) Деворгарии заминҳо сар шуд;

$E) Тоҷирон аз фаъолият бозмонданд.

@139. Дар Англия пеш аз сулолаи Стюартҳо кадом сулола ҳукмронӣ мекард?

$A) Тюдорҳо;

$B) Плантагенетҳо;

$C) Норманҳо;

$D) Ланкастерҳо;

$E) Ганноверҳо.

@140. “Ромео ва Ҷулетта” асари кист ва ӯ кадом тамаддунро намояндагӣ мекунад?

$A) Сима Тсзян, Чин;

$B) Уилям Шекспир, Англия;

$C) Франческо Петрарка, Италия;

$D) Данте Алигери, Испания;

$E)Леонардо Бруни, Италия.

@141. Ислотхоҳӣ дар Аврупо ба кадом соҳаи тамаддун мансуб буд?

$A) Тиҷорат ва пул;

$B) Соҳаи кишоварзӣ;

$C) Калисои католикӣ;

$D) Саноат ва ҳунар;

$E) Адабиёт ва санъат.

@142. Томас Мюнсер бар зидди кӣ ва ё чӣ мубориза мебурд?

$A) Бар зидди короли Олмон;

$B) Бар зидди короли Фаронса;

$C) Бар зидди роҳзанони баҳрӣ;

$D) Бар зидди Папаи Рим;

$E) Бар зидди ҳаннотӣ ва дуздӣ.

@143. Монофактураҳои Англия дар аввал асосан чӣ истеҳсол мекарданд?

$A) Пойафзол;

$B) Костюм;

$C) Асбоб;

$D) Газвор;

$E) Моҳут.

@144. Олег, Игор ва Олга князҳои кадом давлат буданд?

$A) Владимиру Суздал;

$B) Руси Киев;

$C) Новгороди Бузург;

$D) Нижний Новгород;

$E) Псков ва Твер

@145. “Харакирӣ” нишонаи кадом гурӯҳи одамон ва аз кадом тамаддун аст?

$A) Ритсарҳо, Испания…;

$B) Дворянҳо, Руссия;

$C) Скифҳо, Руссия ;

$D) Самурайҳо, Ҷопон;

$E) Яничарҳо, Туркия.

@146 . Идораи Сёгун мансуби кадом тамаддуни Шарқ буд?

$A) Муғулистон ;

$B) Эрон;

$C) Ҳиндустон;

$D) Чин;

$E) Ҷопон.

@147. Муаллифи “Алқонун-фит-тиб”кист ва ба кадом тамаддун тааллуқ дорад?

$A) Абуалӣ ибни Сино, Сомониён;

$B) Афлотун ва Арасту, Юнон;

$C) Галилео Галилей, Италия;

$D) Франсуа Рабле, Фаронса;

$E) Геродот, Юнони Қадим.

@148. Пойтахти Хилофати Бағдод кадом шаҳр буд?

$A) Исфаҳон;

$B) Бағдод;

$C) Мадина;

$D);Макка

$E) Кордова.

@149. Рамзгузории (кодификатсияи) қонунҳои Римро кадом императори Византия баҷо овард?

$A) Ираклии I;

$B) Валент;

$C) Аркадий;

$D) Юстиниан;

$E) Ираклии II .

@150. “Атхарваведа” нишонаи кадом тамаддуни Шарқи қадим мебошад?

$A) Бобул;

$B) Чин;

$C) Ҷопон;

$D) Сомониён;

$E) Ҳиндустон .

@151. Консепсияи рушди меҳварии тамаддунҳо ба кадом олим тааллуқ дорад?

$A) К.Ямперс;

$B) И.Я.Данилевский;

$C) Л.Н.Гумилёв;

$D) О.Шпенглер;

$E) Г.Спенсер.

@152. Ж.А.Н.Кондорсе ҷараёнёбии суръати рушди тамаддунҳоро ба чанд марҳала тақсим намудааст?

$A) 5 марҳала;

$B) 7 марҳала;

$C) 8 марҳала;

$D) 10 марҳала;

$E) 11 марҳала.

@153. Рисолаи А.Тойнби “Идроки таърих” аз чанд ҷилд иборат аст?

$A) 5 ҷилд;

$B) 7 ҷилд;

$C) 8 ҷилд;

$D) 10 ҷилд;

$E) 12 ҷилд.

@154. А.Тойнби чанд тамаддуни пешрафтаи қадим ва асрҳои миёнаро номбар мекунад?

$A) 21 тамаддунро;

$B) 23 тамаддунро;

$C) 25 тамаддунро;

$D) 27 тамаддунро;

$E) 29 тамаддунро.

@155. Кадоме аз ин иншоотҳо ба тамаддуни Байнаннаҳрайн мансуб аст?

$A) Қасри Тоҷмаҳал;

$B) Мадрасаи Тиллокорӣ;

$C) Манораи Бобул;

$D) Ҳайкали Абулҳавл;

$E) Минои Искандария .

@156. Давлати қадимтарини Чин чи ном дорад?

$A) Чжоу;

$B) Империяи Син;

$C) Империяи Хан;

$D) Шан-Ин;

$E) Давлати Син.

@157. А.Тойнби тамаддунҳоро ба кадом гуруҳҳо тасниф намудааст?

$A) Ҷамоаи ибтидоӣ, дунёи қадим, асрҳои миёна;

$B) Мисри Қадим, Бобул, Ҳиндустон;

$C) Чини Қадим, Фопон, Ҳахоманишиён;

$D) Шарқи Қадим, Юнони Қадим, Рими Қадим ;

$E) Рушдёбанда, таваллуднашуда, бозмонда .

@158.Кадоме аз ин унвонҳои олии давлатҳои дунёи қадим ба Мисри қадим дахл дорад?

$A) Подшоҳ;

$B) Фиръавн;

$C) Султон;

$D) Шоҳаншоҳ;

$E) Император .

@159.Кадоме аз ин унвонҳои олии давлатҳои дунёи қадим ба Султонии Усмониён дахл дорад?

$A) Подшоҳ;

$B) Фиръавн;

$C) Султон;

$D) Шоҳаншоҳ;

$E) Император .

@160. Кадоме аз ин унвонҳои олии давлатҳои дунёи қадим ба шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён дахл дорад?

$A) Подшоҳ;

$B) Фиръавн;

$C) Султон;

$D) Шоҳаншоҳ;

$E) Император .

@161. Кадоме аз ин унвонҳои олии давлатҳои дунёи қадим ба Империяи Рим дахл дорад?

$A) Подшоҳ;

$B) Фиръавн;

$C) Султон;

$D) Шоҳаншоҳ;

$E) Император.

@162. Кадоме аз ин унвонҳои давлатҳои дунёи қадим ба Спарта дахл дорад?

$A) Подшоҳ;

$B) Фиръавн;

$C) Султон;

$D) Шоҳаншоҳ;

$E) Император.

@163. Тахти Ҷамшед аз ҷумлаи нишонаи тамаддуни кадом тавлати форсзабонҳо мебошад?

$A) Элом;

$B) Модҳо;

$C) Ҳахоманишиён;

$D) Порт;

$E) Сосониён.

@164. Мануфактура дар кадом давлат ба вуҷуд омадааст ва он чи хел корхона аст?

$A) Дар Италия, дукон;

$B) Дар Швейсария, бозор;

$C) Дар Фаронса, сех;

$D) Дар Олмон, сиккахона;

$E) Дар Англия, саноатӣ.

@165. Ширкати калонтарини тиҷоратӣ дар оғози замони сармоядорӣ:

$A) Ост-Индия;

$B) Корвонсарой;

$C) Роҳи абрешим;

$D) Ярмарка;

$E) Фабрикаи Аркрайт .

@166. Кадоме аз ин иншоотҳо дар Мисри Қадим бунёд карда шудааст?

$A) Сафияи Муқаддас;

$B) Пули Бруклин;

$C) Манораи Зафар;

$D) Аҳроми Хеопс;

$E) Тахти Сангин .

@167. Бомбаи атомӣ дар кадом давлати муосир ихтироъ карда шудааст, ки он аз ҷумлаи унсурҳои манфии тамаддун дарак медиҳад?

$A) ҶФО;

$B) Фаронса;

$C) ИҶШС;

$D) Ҷопон;

$E) ИМА.

@168. Соли 1969 астронавтҳои кадом давлат дар Моҳтоб нишаста, бомуваффақият ба Замин баргаштанд?

$A) ИҶШС;

$B) Чин;

$C) Ҳиндустон;

$D) ИМА;

$E) Италия.

@169. Тамаддуни умумиаврупоии асримиёнагиро чӣ ном мебаранд?

$A) Назаре ба гузашта;

$B) Таҷаддуд;

$C) Ислоҳот дар калисо;

$D) Нашъунамои маданият;

$E) Ислоҳотхоҳӣ..

@170. Ихтирооти муҳимтарини техникӣ дар Англияи асри ХIХ кадомҳоанд?

$A) Автомобил, велосипед, чархбол;

$B) Мануфактура, фабрика, печи мартенӣ;

$C) Неруи барқ, қатора, метрополитен;

$D) Мошини сабукрав, ҳавопаймо, радио;

$E) Киштии буғӣ, дирижабл, парашют.

@171 Консепсияи рушди ростхатаи тамаддун дар давлатҳои Аврупо дар кадом асрҳо ташаккул ёфтааст?

$A) Дар асрҳои ХVI – ХVIII;

$B) Дар нимаи аввали асри Х1Х;

$C) Дар нимаи дуюми асри ХIХ;

$D) Дар нимаи аввали асри ХХ;

$E) Дар нимаи дуюми асри ХХ.

@172. Консепсияи баъдазмодернии (постмодернии) рушди тамаддунҳо чиро дар назар дорад?

$A) Омӯхтани тамаддунҳои гузаштаро;

$B) Омӯхтани тамаддунҳои қадимро;

$C) Омӯхтани тамаддунҳои асримиёнагиро;

$D) Тамаддунҳои имрӯзаро меомӯзад;

$E) Ба ҷои тамаддуни имруза сеомадагиро.

@173. Кадоме аз ин шахсиятҳо яке аз намояндагони назарияи тамаддуни пасазмодернӣ мебошад?

$A) А.Ҷ.Тойнби;

$B) Жан Франсуа Лютер;

$C) К.Ясперс;

$D) О.Шпенглер;

$E) Л.Д.Гумилёв .

@174.Питхон, Анита, Табарна, Муршили I, Муршили II, Хетушели III шоҳҳои кадом давлати соҳибтамаддун мебошанд?

$A) Миср;

$B) Сумер;

$C) Хеттҳо;

$D) Урарту;

$E) Ошур.

@175. Таглатпласари III намояндаи кадом давлати соҳибтамаддун мебошад?

$A) Ошур;

$B) Бобул;

$C) Аккад;

$D) Сумер;

$E) Хеттҳо.

@176. Пойтихти давлати соҳибтамаддуни Модҳо кадом шаҳр буд?

$A) Персепол;

$B) Нисо;

$C) Мароқанд;

$D) Ҳамадон;

$E) Антиохия.

@177. Мутафаккири бузурги Чини Қадим Конфутсий дар кадом асрҳо ҳаёт ба сар бурдааст?

$A) Асрҳои ХI – Х то милод;

$B) Асри VIII то милод;

$C) Асри VII то милод;

$D) Асрҳои V! – V то милод;

$E) Асрҳои IV – III то милод.

@178. Бунёди Садди Бузурги Чин дар аҳди кадом шоҳ оғоз гардидааст?

$A) Гаотсзи;

$B) Ганбэй;

$C) Гаошу;

$D) Ван Ман;

$E) Син Ши-хуанди .

@179. Ташаккули тамаддуни Ҷопони Қадим ва асрҳои миёна дар чанд марҳалаи таърихӣ сурат гирифтааст?

$A) 4 марҳала;

$B) 5 марҳала;

$C) 6 марҳала;

$D) 7 марҳала;

$E) 8 марҳала .

@180. Дини томилодии ҷопониҳо кадом буд?

$A) Конфутсиячигӣ;

$B) Сантоизм;

$C) Ламаизм;

$D) Ҳиндуия;

$E) Браҳманизм .

@181. Дини буддоӣ ба Ҷопон кай омадааст?

$A) Дар асри 2 милодӣ;

$B) Дар асри 3 милодӣ;

$C) Дар асри 4 милодӣ;

$D) Дар асри 5 милодӣ;

$E) Дар асри 6 милодӣ .

@182.Таҳияи маҷмӯаи нахустини қонунҳои ҳамагонии Ҷопони асримиёнагӣ кай ба анҷом расидааст?

$A) Дар охири асри VI;

$B) Дар миёнаи асри VII;

$C) Дар оғизи асри VIII;

$D) Дар охирҳои асри IХ;

$E) Дар аввалҳои асри Х .

@183. Воҳидҳои маъмурии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён чӣ ном доштанд ва чандто буданд?

$A) Вилоятҳо, 5-то;

$B) Музофотҳо, 10-то;

$C) Кишварҳо, 16-то;

$D) Сатрапиҳо, 20-то;

$E) Шоҳигариҳо, 25-то.

@184. Персепол, Пасаргад, Эқбатан, Суза ва Бобул дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ пойтахтҳои кадом давлати қадим буданд?

$A) Чини Қадим;

$B) Ҳиндустони Қадим;

$C) Ҷопони Қадим;

$D) Мисри Қадим;

$E) Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён.

@185. Дар Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба таври расмӣ кадом забонҳо мавриди истифода қарор доштанд?

$A) Сумерӣ, бобулӣ, суриягӣ, хеттӣ;

$B) Саққоӣ, хоразмӣ, юнонӣ, дорӣ,

$C) Урдунӣ, фаластинӣ, халдеӣ, мисрӣ;

$D) Форсии қадим, арамеӣ, эломӣ, аккадӣ;

$E) Чиноӣ, халдеӣ, ориёӣ, семитӣ, паҳлавӣ .

@186. Сохти давлатии Ҳахоманишиён кадом буд??

$A) Султонӣ;

$B) Аморат;

$C) Шоҳигарӣ;

$D) Шоҳаншоҳӣ;

$E) Хонигарӣ .

@187. Ведҳои Ҳиндустони Қадим бо кадом хат навишта шудаанд?

$A) Бо санскрит;

$B) Бо хати мехӣ;

$C) Бо хати лотинӣ;

$D) Бо иероглифҳо;

$E) Бо хати юнонӣ.

@188. Сохти иҷтимоии варнагӣ (кастагӣ) дар тамаддуни кадом давлати дунёи қадим вуҷуд дошт?

$A) Миср;

$B) Юнон;

$C) Рим;

$D) Ҳиндустон;

$E) Сурия.

@189. Тамоили асосии рушди тамаддунҳо дар замони ҳозира:

$A) Дар таназзул қарор дорад;

$B) Дар ҷояш ором истодаааст;

$C) Аз инсон дур мешавад;

$D) Дар ҳолати номаълум аст;

$E) Бо ҳам наздик мешаванд.

@190. Имрӯз кадом шиорҳои асосию афзалиятнок дар рушди тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб воқеан вуҷуд доранд ва вирди забони қисме аз сиёсатмадорон гардидаанд?

$A) Муколамаи тамаддунҳо ва мултикултурализм;

$B) Ҳамкорӣ дар сиёсат, ҳуқуқи инсон ва илм;

$C) Амал бар зидди терроризм ва экстремизм;

$D) Таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон;

$E) Фазои озоди мубодимлаи ахборот ва фарҳанг.

test

Добавить комментарий