Саволхои тести аз фанни менечменти молияви бо чавобхояш

@1. Маҷмӯаи муносибатҳои иқтисодие, ки дар раванди таъсис, истифода ва тақсимоти фондҳои марказонида шуда ва ғайримарказонида шуда ба вуҷуд меоянд.

$A)саҳмия; $B) сармоя; $C) молия; $D) асъор; $E) лизинг;

@2.Консепсияи базавии менеҷменти молиявӣ.

$A)Консепсияи муносибатҳои инсонӣ; $B) Консепсияи ангезаи кормандон; $C) Консепсияи баҳисобгирии омили таввакал; $D) Консепсияи баҳисобгирии бухгалтерӣ; $E) Консепсияи тақсимоти меҳнат;

@3.Ба намудҳои назорати молиявии ғайри давлатӣ дохил мешаванд.

$A)дохили фирмавӣ ва аудиторӣ; $B) бюджетию молиявӣ; $C) ҳукуматӣ ва бухгалтерӣ; $D) функсионалӣ ва партиявӣ; $E) иқтисодӣ ва давлатӣ;

@4.Зиёдшавии ҳадди аққали пулҳои соҳибони муассисаҳое, ки дар максимизатсияи арзиши бозории муассиса ифода меёбад, мебошад.  

$A)мақсади стратегии менеҷменти молиявӣ; $B) вазифаҳои менеҷменти молиявӣ; $C) принсипҳои менеҷменти молиявӣ; $D) усулҳои менеҷменти молиявӣ; $E) консепсияи менеҷменти молиявӣ;

@5.Воъбаста аз субъекти назорат намудҳои зерини назоратро ҷудо мекунанд.

$A)иқтисодӣ; $B) давлатӣ; $C) оморӣ; $D) техникӣ; $E) молиявӣ;

@6.Системаи ташкил, танзим ва банақшагирии муносибатҳои молиявӣ, роҳҳои ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ.

$A)стратегияи молиявӣ; $B) захираҳои молиявӣ; $C) механизми молиявӣ; $D) активҳои молиявӣ; $E) назорати молиявӣ;

@7.Назарияи менеҷменти молиявӣ.

$A)назарияи  классикии молия; $B) назарияи иерархияи талаботҳо; $C) назарияи муносибатҳои инсонӣ; $D) назарияи лидерӣ; $E) назарияи баҳисобгирии омилҳои таввакал;

@8.Воситаҳои асосӣ бо худ ифода мекунанд.

$A)биноҳо; $B) таҷҳизот; $C) сохтмониҳо; $D) техника; $E) ҳамами ҷавобҳо дуруст ҳастанд;

@9.Функсияи идораи молиявӣ дар муайянкунии самтҳои муҳимтарини фаъолияти сармоявии муассиса мебошад.

$A)функсияи идораи таввакалҳои молиявӣ; $B) функсияи идораи сармоявӣ; $C) функсияи идораи капиталӣ; $D) функсияи идораи селаҳои пулӣ; $E) функцсияи идораи инфлятсия;

@10.Вуҷудияти системаи масъулият оид ба фаъолияти молиявию хоҷагии муассиса, принсипи зерин мебошад.

$A)принсипи танзими давлатӣ; $B) принсипи мустақилияти хоҷагӣ; $C) принсипи ҷавобгарии моддӣ; $D) принсипи микромолиякунонӣ; $E) принсипи баҳисобгирии бухгалтерӣ;

@11.Стратегияҳои молиявии муассисаҳои тиҷоратӣ аз принсипи зерин фоъбастагӣ дорад

$A)Принсипи  мустақилияти хоҷагӣ; $B) Принсипи худмолиякунонӣ; $C) Принсипи тавваҷуҳи моддӣ; $D) Принсипи мустақилияти моддӣ; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@12.Назорате, ки аз тарафи хадамотҳои иқтисодии худи корхона гузаронида мешавад.

$A)назорати таркибӣ; $B) назорати дохили корхонавӣ; $C) назорати ҳукуматӣ; $D) назорати давлатӣ; $E) назорати ғайри тиҷоратӣ;

@13.Назарияҳои менеҷменти молиявӣ.

$A)назарияи муносибатҳои инсонӣ ва назарияи сармояи инсонӣ; $B) назарияи физиократӣ ва назарияи ангезавӣ; $C) назарияи иерархияи талаботҳо ва назарияи лидерӣ; $D) назарияи классикӣ ва назарияи неоклассикӣ; $E) назарияи меркантилизм ва назарияи физиократҳо;

@14.Маҷмӯаи буҷетиву андозӣ ва дигар инструментҳои молиявие, ки мутобиқи қонунгузорӣ ваколати ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявии давлатро доранд.

$А) стратегияи молиявӣ; $B) сиёсати молиявӣ; $C) системаи молиявӣ; $D) назорати молиявӣ; $E) захираҳои молиявӣ;

@15.Дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ ба сифати сарчашмаҳои захираҳои молиявӣ инҳо баромад мекунанд. 

$A)фоида; $B) қарз; $C) андозҳо; $D) хайрия; $E) боҷ;

@16.Иқтисодчиёни пешбар се намуди сиёсати молиявиро ҷудо мекунанд.

$A) сиёсати рушди иқтисодӣ; сиёсати стабилизатсия; сиёсати маҳдудияти активнокии корӣ; $B) сиёсати инвеститсионӣ, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати дохилифирмавӣ; $C) сиёсати давлатӣ, сиёсати истеҳсолӣ, сиёсати иқтисодӣ; $D) сиёсати нархгузорӣ, сиёсати бозорӣ, сиёсати маркетингӣ; $E) сиёсати рекламавӣ, сиёсати иноватсионӣ, сиёсати бухгалтерӣ;

@17.Назорати молиявии давлатӣ дар ҶТ дар шакли зерин татбиқ мешавад.

$A)бюджетию молиявӣ ва таркибӣ; $B) психологӣ ва бухгалтерӣ; $C) оморӣ ва ғайридавлатӣ; $D) тиҷоратӣ ва берунӣ; $E) иноватсионӣ ва бозорӣ;

@18.Ба молияҳои марказонидашуда дохил мешаванд.

$A)молияҳои хусусӣ; $B) молияҳои тиҷоратӣ; $C) молияҳои ғайри тиҷоратӣ; $D) молияҳои давлатӣ; $E) молияҳои хоҷагиҳои хонагӣ;

@19.Активҳое, ки шакли воқеи надоранд.

$A)активҳои ғайримоддӣ; $B) қоғазҳои қимматнок; $C) воситаҳои пулӣ; $D) инструментҳои молиявӣ; $E) металҳои қимматнок;

@20.Фондҳои воситаҳои пулиеро, ки дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ таъсис дода мешаванд чи меноманд. 

$A)демарказонидашуда; $B) иқтисодӣ; $C) банақшагирӣ; $D) функсионалӣ; $E) давлатӣ;                                                                                                                      

@21.Шакли назорате, ки дар марҳилаи тартиб додан, баррасӣ намудан ва тасдиқ кардани лоиаҳои бюджетҳо, нақшаҳои молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ, сметаи хароҷот ва даромади корхонаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсискунанда гузаронида мешавад.

$A)мунтазам; $B) пешакӣ; $C) ниҳоӣ; $D) фаврӣ; $E) демарказонидашуда;

@22.Фондҳое, ки бо худ предметҳои мехнатро ифода мекунанд.

$A)фондҳои ғайриистеҳсолӣ; $B) фондҳои тиҷоратӣ; $C) фондҳои ғайримоддӣ; $D) фондҳои гардишии истеҳсолӣ; $E) фондҳои стабилизатсиякунонӣ;

@23.Маҷмуаи ҳамаи востиаҳои пулие, ки дар ихтиёри давлат, муассисаҳо, ташкилотҳо мебошанд.

$A)захираҳои молиявӣ; $B) муносибатҳои молиявӣ; $C) механизмҳои молиявӣ; $D) системаҳои молиявӣ; $E) стратегияҳои молиявӣ.

@24.Аз рӯи хусусияти моддавие, ки дар асоси он назорат гузаронида мешавад.

$ A)ҳуҷҷатӣ ва аслӣ; $B) ҷорӣ ва фаврӣ; $C) ибтидои ва пешакӣ; $D) анҷомшуда ва зинавӣ; $E) тиҷоратӣ ва марказонидашуда;

@25.Фондҳои воситаҳои пулие, ки дар сатҳи давлат ва мақомотҳои маҳалии худидоракунанда таъсис дода мешаванд, чи номида мешаванд? 

$A)Марказонидашуда; $B) тиҷоратӣ; $C) ғайритиҷоратӣ; $D) соҳибкорӣ; $E) молиявӣ;

@26. Хароҷотҳо барои дастраси таҷҳизот ва маблағгузории сохтмони ба анҷом нарасидае, ки дар фаъолияти хоҷагӣ истифода бурда мешаванд ва нисбати онҳо фарсудашавӣ ҳисоб карда намешаванд.

$A)сармояҳои кутоҳмуҳлат; $B) сармояҳои миёнамуҳлат; $C) сармояҳои дарозмуҳлати ба анҷом нарасида; $D) сармояҳои ҳиссавӣ; $E) даромадҳо аз андоз;

@27. Ба сарчашмаҳои захираҳои молиявии давлатӣ дохил мешаванд.

$A)даромадҳо аз андоз; $B) нафақа; $C) музди меҳнат; $D) сармояҳо; $E) фондҳои амортизатсионӣ;

@28. Фондҳои муассисае, ки ба онҳо маҳсулоти тайёр, воситаҳои пулӣ ва ғайра дохил мешаванд.

$A)фондҳои гирдгардиш; $B) фондҳои нафақавӣ; $C) фондҳои иҷтимои; $D) фондҳои аммортизатсионӣ; $E) фондҳои молиявӣ;

@29. Шакли ташкили муносибатҳои пулӣ байни ҳамаи субъектҳои раванди такрористеҳолӣ оиди тақсимоти фонҳои воситаҳои пулӣ.  

$A)системаи молиявӣ; $B) захираҳои молиявӣ; $C) механизми молиявӣ; $D) активҳои молиявӣ; $E) фондҳои молиявӣ;

@30. Ҳангоми тартиб ва пешниҳоди декларатсияҳои андозӣ, аз ҷумла ҳангоми аз бюджет гирифтани маблағ аз тарафи андозсупорандагон назорат намудан чи номида мешавад?

$A)ҳуқуқӣ; $B) тиҷоратӣ; $C) аудиторӣ; $D) шаҳрвандӣ; $E) молиявӣ;

@31.Карл Рау  3 давраи инкишофи назарияи классикии молияро ҷудо кардаст. 

$A)ҳолати ғайриилмӣ, ба коркарди илмӣ гузариш, давраи илмӣ; $B) нигоҳи равандӣ, нигоҳи системавӣ, нигоҳи; $C)  нигоҳи ратсионалӣ, нигоҳи гуманистӣ, нигоҳи бюрократӣ; $D) мактаби илмӣ, мактаби маъмурӣ, мактаби классикӣ; $E) бихевиоризм; мактаби илмӣ, мактаби классикӣ;

@32. Тафтиши аудитӣ метавонад шакли зерин бошад.

$A)тиҷоратӣ ва локалӣ; $B) миқдорӣ ва сифатӣ; $C) ғайритиҷоратӣ ва маъмурӣ; $D) ҳатмӣ ва инитсиативӣ; $E) шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ;

@33. Сарчашмаҳои молиякунонии сармояи асосӣ тақсим мешаванд ба.

$A)инфиродӣ ва умумӣ; $B) хусусӣ ва заёмӣ; $C) бонкӣ ва иқтисодӣ; $D) тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ; $E) миқдорӣ ва сифатӣ;

@34. Ҳисаҷудокуниҳое, ки шакли пулиро ифода мекунанд ва ба маҳсулоти тайёр қисми арзиши воситаҳои асосиро мегузаронад.

$A)ҳисаҷудокунии бонкӣ; $B) ҳисаҷудокунии амортизатсионӣ; $C) ҳисаҷудокунии истеҳсолӣ; $D) ҳисаҷудокунии ғайриистеҳсолӣ; $E) ҳисаҷудокунии ғайритиҷоратӣ;

@35. Консепсияҳои базавии менеҷменти молиявии зерин вeҷуд ҳастанд .

$A)консепсияи арзиши муввақатии пул; $B) консепсияи баҳисобгирии омили инфлятсия; $C) консепсияибаҳисобгирии омили таввакал; $D) Консепсияи баҳисобгирии ликвиднокӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@36. Назорате, ки дар соҳаи бюджетию молиявӣ гузаронида мешавад ва предмети он равандҳои ташакулл ва истифодаи захираҳои молиявии давлат мебошад.

$A)назорати молиявии сиёсӣ; $B) назорати молиявии экологӣ; $C) назорати молиявии тиҷоратӣ; $D) назорати молиявию бюджетӣ; $E) назорати молиявии аудитӣ;

@37. Назарияи менеҷменти молиявӣ.

$A)назарияи лидерӣ; $B) назарияи муносибатҳои инсонӣ; $C) назарияи физиократӣ; $D) назарияи неоклассики молия; $E) назарияи меркантилизм;

@38.Ба элементҳои субъекти идоракунии молия дохил мешаванд.

$A)гардиши пулӣ; $B) захираҳои молиявӣ; $C) муносибатҳои молиявӣ; $D) кадри муассиса; $E) гирдгардиши сармоя;

@39. Вобаста аз таносуби замони гузаронидани назорат ва замони иҷроиши амалиётҳои молиявию хоҷагии тафтиш мешуда, се шакли асосии назорати молиявиро ҷудо мекунанд.

$A)пешакӣ, ҷорӣ, ниҳоӣ; $B) давлатӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ; $C) оморӣ, бухгалтерӣ, шаҳрвандӣ; $D) расмӣ, ҳуҷҷатӣ, аслӣ; $E) стратегӣ, истеҳсолӣ, иноватсионӣ;

@40. Яке аз функисҳои молия.

$A)тақсимотӣ; $B) иқтисодӣ; $C) оморӣстатистическая; $D) бухгалтерӣ; $E) стратегӣ;

@41. Ба активҳои ғайримоддӣ дохил мешаванд.

$A)қоғазҳои қимматнок; $B) патентҳо; $C) таҷҳизот; $D) пул; $E) саҳмияҳо;

@42. Функсияи молияе, ки дар муассисаҳо фондҳои воситаҳои пулиро таъсис медиҳанд.

$A)маркетингӣ; $B) тақсимотӣ; $C) назоратӣ; $D) таъминотӣ; $E) бухгалтерӣ;

@43. Муассисаҳои тиҷоратӣ новобаста аз шакли хусусият бо мақсади гирифтани фоида мустақилона хароҷотҳо, сарчашмаҳои молиякунонии худро муайян мекунанд ва принсипи зеринро ташкил медиҳад.

$A)принсипи танзими давлатӣ; $B) принсипи  мустақилияти хоҷагӣ; $C) принсипи масъулияти моддӣ; $D) принсипи микромолиякунонӣ; $E) принсипи масъулияти хоҷагӣ;

@44. Муносибатҳои молиявие, ки ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ дар раванди ташаккули сармояи хусусӣ, фондҳои мақсадноки воситаҳои пулӣ, тақсимот ва истифодаи онҳо ба вуҷуд меоянд.        

$A)молияи корхона; $B) мақсадҳои стратегӣ; $C) коркардҳои инноватсионӣ; $D) захираи истеҳсолӣ; $E) қоғазҳои қимматнок;

@45. Намояндагони аввалини илми молявии системноки олимони зерин буданд.

$A)Ф.Тейлор ва А.Файол; $B) Г.Эмерсон ва Э.Мейо; $C) А.Маслоу ва Ф.Герцберг; $D) Й. Юсти ва Й. Зонненфельс; $E) А. Смит ва Д.Рикардо;

@46. Ба объекти идораи молиявӣ элементҳои зерини дохил мешаванд.

$A)гардиши пулӣ; $B) кадрҳои муассиса; $C) воситаҳои техникӣ; $D) таъминоти иттилоотӣ;

$E) менеҷерони молиявӣ;

@47. Функсияҳои асосии молия инҳо мебошанд.

$A)таъминотӣ; $B) тақсимотӣ; $C) назоратӣ; $D) ташкилотӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@48. Дар давраи дарозмуҳлат авзоиши фоидаи муассиса, таъминоти ҷалбнокии сармоягузорӣ, таъмини устувории молиявӣ ба инҳо дохил мешаванд.

$A) мақсадҳои молиявӣ; $B) принсипҳои молиявӣ; $C) вазифаҳои стратегии молиявӣ; $D) механизмҳои моливӣ; $E) назарияҳои молия;

@49. Дар шакли ревизия, экспертизаи судию бухгалтерӣ назорат аз тарафи мақомотҳои ҳифзи хуқуқ гузаронида мешаванд.

$A)ҳуқуқӣ; $B) тиҷоратӣ; $C) аудиторӣ; $D) шаҳрвандӣ; $E) техникӣ;

@50. Нишондиҳандаи рақобатнокӣ, фоиданокии фаъолияти истеҳсолии муассиса дар давраи муайяни вақт.

$A)пардохтнопазирӣ; $B) рентабелнокӣ; $C) зарарнокӣ; $D) қарздорӣ; $E) конюнктура;

@51. Илм ва санъати идораи селаҳои пулӣ ин?

$A) менеҷменти молиявӣ; $B) менеҷменти стратегӣ; $C) менеҷменти иноватсионӣ; $D) менеҷменти истеҳсолӣ;  $E) менеҷменти бонкӣ;

@52. Фондҳои молиявӣ метавонанд буда.

$B) иқтисодӣ ва бухгалтерӣ; $C) функсионалӣ ва равандӣ; $D) марказонидашуда ва демарказонидашуда; $E) техникӣ ва молиявӣ;

@53. Аз руи усул назорати молиявӣ тақсим мешаванд ба.

$A)назорат; $B) мониторинг; $C) ревизия; $D) тафтиш; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@54. Консепсияи менеҷменти молиявие, ки бо мақсади таъминоти ташаккули сатҳи даркории даромаднокии амалиётҳои молиявию хоҷагӣ ва коркарди системаҳои тадбирҳое, ки таъсири манфии оқибатҳои молиявиро кам менамоянд сатҳи таввакалро баҳогузорӣ менамояд.

$A)консепсияи баҳисобгирии омилҳои каср; $B) консепсияи арзифи муввакатии пул; $C) консепсияи портфели инвеститсионӣ; $D) консепсияи баҳисобгирии омили таввакал; $E) консепсияи ликвиднокӣ;

@55. Портфели инвеститсионӣ аз инҳо иборат ҳастанд.

$A)  захираҳои молиявӣ; $B) номгуи объектҳои воридотҳо; $C) қарзҳои дарозмуҳлат; $D) барномаҳои перспективӣ; $E) воситаҳои техникӣ;

@56. Функсияи менеҷменти молиявӣ, ҳамчун системаи идоракунӣ.
$A)банақшагирии молиявӣ; $B) кадрҳои муассиса; $C) воситаҳои техникӣ; $D) таъминоти бонкӣ; $E) оптимизатсияи гардиши пулӣ;

@57. Назорат оиди иҷроиши бюджети давлатӣ ва фондҳои ғайрибюджетӣ,  

$A)хусусӣ; $B) ғайридавлатӣ; $C) давлатӣ; $D) таҷрибавӣ; $E) техникӣ;

@58. Иҷозат барои муомилоти нишонаҳои пулӣ чӣ номида мешавад?

$A) саҳмия; $B) вексел; $C) облигатсия; $D) эмиссия; $E) эмитент;

@59. Фондҳои воситаҳои пулие, ки тибқи конунгузорӣ аз ҳисоби даромадҳо ё дар шакли ҳисагузаронӣ аз даромадҳои аниқ ба вуҷуд меоянд.

$A)фондҳои ғайритиҷоратӣ; $B) фондҳои давлатии мақсаднок; $C) фондҳои мусоид; $D) фондҳои сиёсӣ; $E) фондҳои ғайридавлатӣ;

@60. Шакли дарозмуҳлати кирояи мошинҳо ва таҷҳизотҳо номида мешаванд.

$A) лизинг; $B) ипотека; $C) рентинг; $D) хайринг; $E) факторинг;

@61. Хароҷотҳо барои иштироки ҳисавӣ дар сармояи оиномавии дигар муассисаҳо, ба қоғазҳои қимматнок дар асоси дарозмуҳлат маблағ гузоштан ин.

$A)гузоштани молиявии қарзи; $B) гузоштани молиявии миёнамуҳлат; $C) гузоштани молиявии кутоҳмуҳлат; $D) гузоштани молиявии дарозмуҳлат; $E) гузоштани молиявии кредитӣ;

@62. Дар сатҳи аҳолӣ ҳамчун сарҷашмаҳои захираҳои молиявӣ баромад мекунанд. 

$A)музди меҳнат; $B) андозҳо; $C) кредитҳо; $D) ашёи хом; $E) боҷҳо;

@63. Предмети менеҷменти молиявӣ.

$A)селаҳои пулӣ; $B) ашёи хом ва материалҳо; $C) таҷҳизот ва техника; $D) молҳои истеҳсолӣ; $E) таъминоти моддӣ;

@64. Ба молияҳои демарказонида дохил мешаванд.

$A)молияи тиҷоратӣ; $B) молияи хусусӣ; $C) молияи ғайритиҷоратӣ; $D) молияи хоҷагии хонадорӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@65. Таъминоти тавозуни даромадҳои воситаҳои пулӣ, таъминоти сатҳи даркории рентабелнокӣ ва фуруш аз ҳисоби сиёсати нархӣ ва кам кардани хароҷот дохил мешавад ба.

$A)принсипҳои молиявӣ; $B) вазифаҳои стратегии молиявӣ; $C) вазифаҳои молиявии ҷорӣ; $D) механизмҳои молиявӣ; $E) консепсияҳои молиявӣ;

@66.Таносуб будани ҳисоботи бухгалтерию молиявӣ ба санадҳои меёрие, ки дар ҶТ амал мекунанд дохил мешаванд ба.

$A)назорати аудитӣ; $B) назорати ташкилотӣ; $C) назорати дохилифирмавӣ; $D) назорати иҷтимои; $E) назорати молиявӣ;

@67. Консепсияи менеҷменти молиявие, ки барои иниъкоси аслии арзиши активҳо ва селаҳои пулӣ ва таъминоти барқарор намудани хароҷотҳое, ки ҳангоми амалиётҳои дарозмуҳлати молиявӣ тавасути равандҳои касрӣ ба вуҷуд меоянд қабул шудааст.

$A)консепсияи баҳисобгирии омили таввакал; $B) консепсияи арзиши муввақатии пул; $C) консепсияи баҳисобгирии омили каср; $D) консепсияи портфели инвеститсионӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@68. Назорат дар асоси ихтиёрдорӣ ва ройгон аз тарафи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва бо гуруҳҳо, шахсони алоҳидаи воқеи татбиқ мешавад.

$A) аудиторӣ; $B) ҷамъиятӣ; $C) юридикӣ; $D) ғайри қонунӣ; $E) бонкӣ.

@69. Қисми активҳое, ки ба воситаҳои асосӣ, инвеститсияҳои дарозмуҳлати баанҷом нарасида, активҳои ғайримоддӣ, гузоштани молиявии дарозмухлат гузошта шудаанд.

$A) қоғазҳои қимматнок; $B) сармояи асосӣ; $C) воситаҳои ғайримоддӣ; $D) активҳои молиявӣ; $E) сармояи гардиш.

@70. Бо суръати тез табдил гаштани сарватҳои моддӣ ба воситаҳои пулӣ номида мешавад.

$A) конюнктура; $B) ликвиднокӣ; $C) инвеститсия; $D) рентабелнокӣ; $E) рақобат.

@71. Назорати ғайридавлатии молиявӣ.

$A)кредит; $B) депозит; $C) аудит; $D) лизинг; $E) факторинг.

@72. Воситаҳое, ки ба фондҳои асосии истеҳсолӣ, сарватҳои моддие, ки ба олоти меҳнат дохил мешаванд ва дар раванди истеҳсолот истифода бурда мешаванд гузошта мешаванд.

$A) патентҳо ва литсензияҳо; $B) активҳои ғайримоддӣ; $C) воситаҳои асосӣ; D) воситаҳои иловагӣ; $E) активҳои гардишӣ.

@73. Функсиҳои идоракунии молиявие, ки дар ташакулли селаҳои воситаҳои пулии ворид шаванда ва содиршавандаи муассиса иборат мебошанд, аз он ҷумла самаранок истифода бурдани бақияи муввақатан озод будани активҳои пулӣ.

$A) функсияи идоракунии таввакали молиявӣ; $B) функсияи идоракунии инвеститсия; $C) функсияи идоракунии сармоя; $D) функсияи идоракунии селаҳои пулӣ; $E) функсияи идоракунии инвеститсия;

@74. Шакли назорате, ки дар раванди иҷроиши амалиётҳои хоҷагию молиявӣ, иҷроиши нақшаҳои молиявӣ ва бюджетҳо гузаронида мешаванд.

$A) ҷорӣ; $B) давлатӣ; $C) анҷомкунанда; $D) пешакӣ; $E) бонкӣ.

@75. Системаи муносибатҳои пули тақсимшавандае, ки дар раванди ташакулл ва истифода бурдани фондҳои воситаҳои пулии субъектҳое, ки  дар таъсиси маҳсулоти ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ба вуҷуд меоянд.

$A) молия; $B) кредитҳо; $C) активҳо; $D) моддаҳо; $E) ҳақи аъзои.

@76. Ба фондҳои ғайри бюджетӣ дохил мешаванд.

$A) фонди тиҷоратӣ; $B) фонди хусусӣ; $C) фонди гуманитарӣ; $D) фонди нафақа; $E) фонди бонкӣ.

@77. Назорати дохилии зерқисмҳои давлатӣ.

$A) назорати ғайри давлатии молиявӣ; $B) назорати молиявии ҳуқуқӣ; $C) назорати молиявии тобеъи; $D) назорати молиявии шаҳрвандӣ; $E) назорати молиявии сиёсӣ. 

@78. Каср ин.

$A) пастшавии нарх; $B) беқурбшавии пул; $C) камшавии тақозо; $D) буҳрони иқтисодӣ; $E) буми конюнкторӣ.

@79. Шакли назорате, ки ҳангоми он бо пуррагӣ ташакулли захираҳои молиявӣ ва истифодаи онҳо тафтиш  карда мешавад.

$A) фаврӣ; $B) пешакӣ; $C) ниҳоӣ; $D) стратегӣ; $E) сиёсӣ.

@80. Ҳамаи намудҳои сарватҳои амволии ба объектҳо гузошта шуда номида мешаванд.

$A) саҳмияҳо; $B) вомбаргҳо; $C) инвеститсияҳо; $D) дивидендҳо; $E) депозитҳо.

@81. Намудҳои сиёсати молиявӣ.

$A) сиёсати андозӣ; $B) сиёсати бюджетӣ; $C) сиёсати пулию кредитӣ; $D) сиёсати инвеститсионӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@82. Ба таркиби фондҳои давлатии иҷтимоии ғайрибюджетӣ дохил мешаванд.

$A) фонди нафақавӣ; $B) фонди иҷтимоии суғуртавӣ; $C) фондҳои суғуртакунии тиббии ҳатмӣ; $D) фонди ёрии иҷтимои; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@83. Назорат аз тарафи хадамотҳои молиявию иқтисодии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо гузаронида  мешавад.

$A) давлатӣ; $B) дохили хоҷагӣ; $C) хориҷӣ; $D) инвеститсионӣ; $E) сиёсӣ.

@84. Функсияи идоракунии молиявӣ дар муайян кардани тақозои реалӣ вобаста аз объектҳои фаъолияти амалиётҳои муассиса дар намудҳои алоҳидаи активҳо ифода меёбад.

$A) функсияи идоракунии таваккали молиявӣ; $B) функсияи идоракунии активҳо; $C) функсияи идоракунии инвеститсионӣ; $D) функсияи идоракунии селаҳои пулӣ; $E) функсияи идоракунии захираҳои молиявӣ.

@85. Маҷмӯи амалиётҳо оид ба тафтиши масъалаҳои молиявӣ ва идоракунӣ ба истифодаи шаклҳои махсусӣ ва усулҳои ташкили он.

$A) стратегияи молиявӣ; $B) назорати молиявӣ; $C) банақшагирии молиявӣ; $D) сохтори молиявӣ; $E) таваккали молиявӣ;

@86. Шакли назорате, ки дар омузиши ҳолати воқеъии объектҳои тафтишшаванда ифода меёбад.

$A) ҳуҷҷатӣ; $B) бухгалтерӣ; $C) давлатӣ; $D) аслӣ; $E) сиёсӣ.

@87. Консепсияи менеҷменти молиявие, ки дар арзиши пул бо мурури замон ба ҳисоби меъёри фоида дар бозори молиявӣ ифодаёбанда мешавад.

$A) консепсияи портфели инвеститсионӣ; $B) консепсияи баҳисобгирии омли таваккал; $C) консепсияи баҳисобгирии омили каср; $D) консепсияи арзиши вақтонаи пул; $E) консепсияи баҳисобгирии омили ликвиднокӣ.

@88. Дар раванди татбиқи ин функсия барои молиякунонии корхона тақозои умумӣ ба сармоя муайян мешавад.

$A) функсияи идоракунии таваккали молиявӣ; $B) функсияи идоракунии хоҷагидорӣ; $C) функсияи идоракунии сармоя; $D) функсияи идоракунии селаҳои пулӣ; $E) функсияи идоракунии захираҳои молиявӣ.

@89. Субъекти фаъолияти инвеститсионие, ки арзишҳои амволи хусусӣ ё ҷалбшударо мегузорад.

$A) муҳандис; $B) менедҷер; $C) инвестор; $D) молиячӣ; $E) бонкдор.

@90. Намудҳои ёрии молиявии давлатӣ номида мешавад. 

$A) депозит; $B) субсидия; $C) опцион; $D) лизинг; $E) санация;

@91. Контракти фаврии биржавие, ки харид ва фуруши он дар контракт нишондодашудаи миқдори маҳсулот ба нархи ҳангоми бастани шартнома муайян шуда мебошад ин.

$A) трейдер; $B) эмиссия; $C) фьючерс; $D) оферта; $E) опсион.

@92. Яке аз талаботҳои листинг дар биржаи фондии Нью-Йорк он аст, ки ширкат бояд.

$A) дар гардиш 1 млн. саҳмия ва на кам 2000 саҳмгузорон дошта бошад; $B) танҳо металҳои ранга фурушад; $C) дар ҷаҳон бояд машҳур бошад; $D) фоида бояд на кам 100 млн. дол. ШМА бошад; $E) даромад дар ду соли охир бояд 2 млн. дол. ШМА бошад.

@93.  Дар бозори қоғазҳои қимматнок ба фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешаванд.

$A) фаъолияти брокерӣ; $B) фаъолияти дилерӣ; $C) фаъолияти клирингӣ; $D) фаъолияти идоракунӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@94. Аъзоҳои биржае, ки дар зали амалиётӣ амалиётҳоро мегузаронанд ҳам ба сифати дилерҳо ва ҳам ба сифати агентҳо якҷоя амал мекунанд ин.

$A) брокерҳои хонаҳои комиссионӣ; $B) брокерҳои дудоллара; $C) брокерҳои облигатсионӣ; $D) мутахассисон; $E) маклерҳои биржавӣ.

@95. Дар менеҷменти молиявӣ намудҳои зерини левериҷрор ҷудо мекунанд.

$A) молиявӣ; $B) истеҳсолӣ; $C) молиявию истеҳсолӣ; $D) фаврӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@96. Намуди левериҷе, ки ба бузургии фоидаи муассиса таъсири сохтори сармояро муайян менамояд.

 $A) молиявӣ; $B) истеҳсолӣ; $C) молиявию истеҳсолӣ; $D) бонкӣ; $E) операторӣ.

@97. Намуди левериҷе, ки ҳамалоқамандии сохтори арзиши аслӣ, ҳаҷми барориш ба фуруш ва фоида.

 $A) молиявӣ; $B) истеҳсолӣ; $C) моиявию истеҳсолӣ; $D) бонкӣ; $E) операторӣ.

@98. Таносуби ҳаракати афзоиши фоидаи соф ба афзоиши даромади умумӣ.

 $A) таваккали левереджӣ; $B) мақсади ҳисоботи молиявӣ; $C) сатҳи левериҷи молиявӣ; $D) меъёри рентабелнокӣ; $E) ҳисоббаробаркуниҳои клирингӣ.

@99. Дар ҳолати нарасидани воситаҳо барои ҳисоббаробаркуниҳои карзӣ имконияти қарздор шудан пайдо мешавад.

 $A) таваккали левереҷӣ; $B) меъёри рентабелнокӣ; $C) сатҳи левереҷи молиявӣ; $D) мақсади ҳисоботи молиявӣ; $E) ҳисоббаробаркуниҳои клирингӣ.

@100. Ҳаҷми фуруши фирмае, ки ҳангоми даромаднокӣ аз фуруш, пурра ҳамаи хароҷотҳои истеҳсолӣ ва фуруши маҳсулотро мепушонад.

 $A) таваккали левереҷӣ; $B) меъёри рентабелнокӣ; $C) сатҳи левереҷи молиявӣ; $D) мақсади ҳисоботи молиявӣ; $E) ҳисоббаробаркуниҳои клирингӣ.

1-C 2-C 3-A 4-A 5-B 6-C 7-A 8-E 9-B 10-C
11-E 12-B 13-D 14-B 15-A 16-A 17-A 18-D 19-A 20-A
21-B 22-D 23-A 24-A 25-A 26-C 27-A 28-A 29-C 30-D
31-A 32-D 33-B 34-B 35-E 36-D 37-D 38-D 39-A 40-A
41-B 42-D 43-B 44-A 45-D 46-A 47-E 48-C 49-A 50-B
51-A 52-D 53-E 54-D 55-B 56-A 57-C 58-D 59-E 60-A
61-D 62-A 63-A 64-E 65-C 66-E 67-C 68-B 69-B 70-B
71-C 72-C 73-D 74-A 75-A 76-D 77-C 78-B 79-C 80-C
81-E 82-E 83-B 84-B 85-B 86-D 87-D 88-C 89-C 90-B
91-E 92-E 93-E 94-A 95-E 96-B 97-A 98-C 99-A 100-B

test

Добавить комментарий