Саволхои тести аз фанни бахисобгири мухосиби

1. Ҳисобгирии хоҷагӣ чист?

A. Ҳисобгирии хоҷагӣ -ин тарзи назорати фаъолияти корхона.

B. Ҳисобгирии хоҷагӣ – ин яке аз вазифаҳои идоракунии корхона

+C. Ҳисобгирии хоҷагӣ – низоми назоратй, ченкунй ва ба- қайдгирии ҷараёнҳои истеҳсолот бо мақсади назорат ва идоракунй.

D. Ҳисобгирии хоҷагй-назорат, ченкунӣ ва бақайдгирии ҷараёни истеҳсолоти модцӣ.

2. Кадом ченакҳо барои инъикоси амволи корхона дар ҳисобгирии хоҷагӣ истифода бурда мешаванд?

A. Пулй ва меҳнатӣ.

B. Аслӣ ва пулӣ.

C. Меҳнатӣ ва аслй.

+D. Аслй, меҳнатй ва пулй.

3. Вобаста ба вазифаи идоракунӣ ахбороти баҳисобгирӣ чй тавр гурӯҳбандӣ карда мешавад?

A. Нақшавӣ ва таҳлилӣ.

B. Ахборотй ва санҷишӣ.

+C. Ахборотӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ ва нақшавӣ.

D. Баҳисобгири ва таҳлили.

4. Кадом усул дар хисобгирии муҳосибӣ аз охирҳои асри XV то ҳол истифода бурда мешавад?

A. Барӯйхатгирӣ.

+B. Навишти дутарафа.

C. Фарсудашавй.

D. Калкулятсия

5. Кадом намуди хисобгирӣ барои назорати ҳамарӯзаи фаьолияти ташкилот истифода бурда мешавад?

+A. Баҳисобгирии муҳосибй.

B. Баҳисобгирии оморӣ.

C. Баҳисобгирии фаврй.

D. Баҳисобгирии молиявӣ.

6. Кадом намуди ченак барои баҳодихии арзишии амволи ташкилот дар ҳисобгирии муҳосибй истифода бурда мешавад?

A. Сифатй.

B. Микдорй.

+C. Пулй.

D. Молиявй.

Е. Идоракунй.

7. Бо ёрии кадом ченак андозаи меҳнати сарфшударо муайян кардан мумкин аст?

A. Арзишй.

B. Аслй.

+C. Меҳнатӣ.

D. Пулй.

Е. Микдорй.

8. Истифодабарандагони ахбороти ҳисоботи муҳосибӣ дар давраи муносибатҳои бозориро номбар кунед:

+А. Истифодабарадагони дохилй (роҳбарон, муассисон, иш- тирокчиён ва соҳибмулкони амволи корхона) ва беруна (маблағгузорон, кредиторон ва институтҳои молиявии гуногун).

B. Шахсони бевосита машғул ба идоракунӣ.

C. Шахсоне, ки дар корхона кор намекунанд, аммо ба фаъ- олияти молиявии корхона таваҷҷӯҳи бевосита доранд.

D. Шахсоне, ки дар корхона кор намекунанд, аммо ба фаъ- олияти молиявии корхона таваҷҷӯҳи бевосита доранд ва мнститутхои молиявии гуногун.

9.Кадом намудҳои ахбороти ҳисобгириро шумо медонед?

A. Ҳисобгирии ҷорй, молиявӣ ва фаврӣ.

+B. Ҳисобгирии фаврй, оморй ва муҳосибӣ.

C. Ҳисобгирии оморй, идоравй ва меъёрй.

D. Ҳисобгирии муҳосибй, фаврй ва молиявй.

10. Давраҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ дар чӣ зоҳир мегардад?

A. Гурӯҳбандй ва ҷамъбаст намудани ахборот дар ҳисобҳо

ва сабткунакҳои баҳисобгирй.

B. Ташкил намудани ахбори ибтидой ва нишондиҳандаҳои хнсобот.

C. Коркарди ахборот ва қабули қарорҳои иқтисодй.

+ D. Ташкили ахбороти аввала, гурӯҳбандй ва коркарди ахбороти гирифташуда дар ҳисобҳо ва сабткунакҳои баҳи- собгирй, тартиб додани нишондиҳандаҳои ҳисоботй, таҳлил ва қабули қарорҳои идоракунй.

11. Талаботҳои асосӣ оиди ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ кадомҳоянд?

A. Риояи ҳатмии сиёсати баҳисобгирии қабулшуда дар давоми сол ва баҳисобгирии амвол ва ӯҳдадориҳо, инчунин амалиётҳои хоҷагӣ бо пули миллй.

B. Баҳисобгирии муҳосибй дар давоми соли ҳисоботй бо усули навишти дутарафа бетаннаффус бурда ме- шавад.

+С. Риоя кардани сиёсати бахисобгирй, бахисобгирии бетанаффус, усули навишти дутарафа, хисобгирии моликияти корхона ва дар хисобхои мухосибй сари-вакт кайд намудани натичахои баруйхатгирй.

D. Баҳисобгирии ҷудогонаи амволи корхона аз дигар шахсони ҳуқуқӣ в’а дар ҳисобҳои муҳосибй саривақт қайд намудани натиҷаҳои барӯйхатгирӣ.

12. Вазифаҳои баҳисобгирии мухосибӣ кадомҳоянд?

A. Таъмини истифодабарандагони дохилй ва берунӣ бо ахбороти ҳисоботи муҳосибй.

+B. Ташкил, таъмини ахбор, саривақт пешгирии тамоил- ҳои манфӣ, муайян намудани захираҳои дохили- хоҷагй ва пешгӯй кардани натиҷаҳои фаъолияти кор¬хона дар давраи ҷорӣ ва оянда.

C. Ба роҳ мондани рақобат дар бозор бо мақсади ги- рифтани фоидаи максималӣ.

D. Ташкили ахбори пурра ва дақиқ оиди фаъолияти корхона дар давраи ҳисоботй.

13. Принсипхои бунёдии баҳисобгирии муҳосибй кадомҳоянд?

A. Худмухторй (автономй), бетанаффус, даврагӣ.

B. Яклухтии ченаки пулӣ ва фурӯш.

C. Бақайдгирӣ, мувофиқат ва пайдарпаӣ.

+D. Худмухторй, якҷоягӣ, ченаки пулӣ, бетанаффусй, бақайдгирй, фурӯш, дутарафй ва пайдарпай.

14. Самтҳои асосии фаъолияти муҳосибон дар шароити иқтисоди бозорй:

A. Баҳисобгирии идоравӣ ва молиявӣ.

B. Баҳисобгирии молиявй ва фаъолияти педагогй.

C. Фаъолияти аудиторӣ ва баҳисобгирй дар муассиса- ҳои буҷавй.

+D. Баҳисобгирии идоракунй, молиявй, фаъолияти ново- бастаи муҳосибй ва педагогй.

15. Кодекси ахлоқи касбии муҳосиб аз кадом меъёрҳо иборат аст?

+А. Вокеъбинй, новобастагӣ, соҳибихтиёрӣ ва поквиҷдонй.

B. Дурусткорй ва новобастагй.

С. Осьективй ва ростй.

D. Сoхибихтиёрй ва бовичдонй.

16. Кадом намуди баҳисобгирӣ тартибдиҳӣ ва инъикоси хисоботи дохилии корхонаро инъикос менамояд?

А. Молиявй.

+B. Идоравй.

С. Фаврй.

D. Оморй.

Е. Мухосибй.

17.Бахисобгирии молиявй таъмин менамояд?

А. Бакайдгирии амалиётҳои хоҷагидории корхона.

В. Бурдани бахисобгирии ҷамъбастй.

С. Тартиб додани ҳисоботи мухосибй.

+D. Бакайдгирии амалиётҳои хоҷагидории корхона, бурдани бахисобгирии ҷамъбастй ва тартиб додани хисоботи мухосибй.

18.Бахисобгирии идоравй таъмин менамояд?

А . Бакайдгирии амалиётҳои хоҷагидории корхона.

В. Бурдани бахисобгирии ҷамъбастй.

+С. Тартиб додани хисоботи дохилй барои кабули

қарорҳои идоракунй.

D. Бакайдгирии амалиётҳои хоҷагидории корхона, бур¬дани бахисобгирии ҷамъбастй ва тартиб додани хисоботи мухосибй.

19. Объекти баҳисобгирии муҳосибй чист?

A. Фаъолияти хоҷагии корхона ва зерсохторҳои он.

B. Захираҳои иқтисодй, гурӯҳбандӣ аз рӯи намуд ва қисм ҳо.

C. Амалиётҳои хоҷагӣ ва натиҷаҳои онҳо: таъминот, ис- теҳсолот, фурӯш ва натиҷаҳои молиявӣ.

+D. Амволи корхона, ӯхдадориҳои он ва амалиётҳои хоҷа- гии дар ҷараёни фаъолияти он баамаломада.

20. Фанни баҳисобгирии муҳосибй чист?

A. Фаъолияти хоҷагии корхона.

B. Амволи корхона ва сарчашмаҳои пайдоиши он.

+C. Низоми ахборотии батартибдаровардашуда, ки арзиши амволро аз рӯи хайат ва ҷойгиршавй ва сарчашмаи пай¬доиши онро инъикос менамояд, амалиётҳои хоҷагӣ ва натиҷаи фаъолияти корхона дар шакли пулй бо мақсади иҷроиши нақшаҳо (вазифаҳои) пешбинишуда.

D. Хароҷотҳои истеҳсолй ва фурӯши маҳсулот.

21. Амволи (молу мулки) корхона аз рӯи хайат ва ҷойгиршавиашон чй тарз гурӯҳбандӣ карда мешаванд?

+A. Дороиҳои гардон ва ғайригардон.

B. Дороиҳои ғайримоддй, воситаҳои гардон ва асбобҳои камарзишу тезфарсудашаванда.

C. Асосй, гардон, воситаҳои пулии ҷалбкардашуда, дорои- ҳои ғайримоддй ва молиявй; АКТ ва воситаҳои дар ҳисоббаробаркунй буда.

D. Воситаҳои гардишии ҷалбкардашуда ва дороиҳои лиявӣ.

22. Мавҷудият ва таркиби амвол, сарчашмаҳои пайдоиш ва истифодабарии онҳо, ин:

+A. Предмети баҳисобгирии муҳосибй.

B. Методи баҳисобгирии муҳосибй.

C. Амалиётҳои хоҷагӣ.

D. Дороиҳои ташкилот.

23. Маҷмӯи усулҳо ва қоидахое, ки бо ёрии он ҳаракати воситаҳои хоҷагидорӣ инъикос меёбад, ин:

A. Объекта баҳисобгирии муҳосибӣ.

B. Предмети баҳисобгирии муҳосибӣ.

+C. Методи баҳисобгирии муҳосибӣ.

D. Амалиётҳои хоҷагӣ.

24. Тартиби тафтиши мутобиқати мавҷудияти ҳақиқӣ бо нишондиҳандаҳои баҳисобгирй, ин:

+A. Ҳуҷҷатноккунӣ.

B. Барӯйхатгирӣ.

C. Калкулятсия.

D. Баҳодиҳӣ.

25. Тартиби инъикоси амвол ва ӯхдадориҳои ташкилот бо шакли пулй, ин:

A. Барӯйхатгирй.

B. Ҳуҷҷатноккунй.

+C. Баходиҳӣ.

D. Калкулятсия.

26. Низоми ягонаи ахборот оиди ҳолати молиявии ташкилот дар давраи муайян, ин:

A. Низоми ҳисобҳо.

B. Сабти дутарафа.

+C. Ҳисоботи муҳосибӣ.

D. Ҳуччатноккунӣ.

27. Воситаҳое, ки шакли моддй надошта, барои соҳибмулкони он даромад меоранд:

A. асосй.

+B. Дороиҳои ғайримодцй.

C. Воситаҳои Воситаҳои пулй.

D. Захираҳои моддию молӣ.

28. Воситаҳое, ки дар як давраи истеҳсолӣ иштирок намуда, арзиши худро пурра ба маҳсулоти нав меузаронанд:

A. Дороиҳои ғайригардон.

+B. ЗММ.

C. Воситаҳои пулӣ.

D. Воситаҳои асосй.

29. Қарздории ташкилотҳои гуногун ва шахсони алоҳида дар назди ташкилоти мо:

A. Қарзи кредиторӣ.

+B. Қарзи дебиторӣ.

C. Қарзи бонкй.

D. Қарзи молиявӣ.

30. Воситахои хоҷагй аз рӯи сарчашмаи пайдоиш ва мақсади истифодабарӣ тақсим мешаванд, ба:

A. Дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат.

+B. Худй ва қарзӣ.

C. Гардон ва ғайригардон.

D. Асосй ва ёрирасон.

31. Кадом намуди сармоя аз хисоби ҳиссагузории муассисон дар вақти таъсисёбии корхона ташкил карда мешавад?

+A. Сармояи оинномавй.

B. Сармояи захиравй.

C. Сармояи иловагй.

D. Сармояи гардишй.

32. Кадом қарзҳо ва вомҳо дар давоми соли ҳисоботӣ бояд пардохт карда шаванд?

A. Дарозмуддат.

+B. Кӯтоҳмуддат.

C. Миёнамӯҳлат.

D. Даврагй.

33. Дар ҳолати қарздор будани ташкилот аз дигар корхонаву муассисаҳо ва шахсони алоҳида, ин карзи:

A. Дебиторй.

+B. Кредиторй.

C. Молиявй.

D. Бонкй.

34. Ба хайати АКТ чиҳо дохил мешаванд?

A. Дороиҳое, ки давраи хизматашон аз як сол зиёд аст.

B. Дороиҳое, ки то 800 сомонй арзиш доранд.

+C. Премедтҳое, ки новобаста аз арзишашон давраи хизматашон то як сол аст.

D. Дороиҳое, ки новобаста аз арзишашон давраи хизма¬ташон аз як сол зиёд аст.

35. Маҳсулоти тайёр ва молхои барои аз нав фурӯхтан пеш- бинишуда ба кадом гурӯҳи амвол дохил карда мешаванд?

+A. Ба дороиҳои гардон.

B. Ба дороиҳои ғайримоддй.

С. Ба воситаҳои асоси.

D. Ба дороиҳои ғайригардон.

36. Амволи корхона аз рӯи сарчашмаҳои пайдошп чӣ тарз гурӯҳбандӣ карда мешаванд?

+A. Худӣ ва қарзӣ.

B. Сармоя ва захираҳо, ӯхдадориҳои қарзӣ.

C. Ухдадориҳо аз рӯи ҳисоббаробаркуниҳо, вомҳо ва қарз- ҳои банкй.

D. Фондҳо, захираҳо, фоида, маблағгузории максаднок ва дохилшавиҳо.

37. Ба сарчашмаҳо кадом объекти баҳисобгирни муҳосибй дохил мешавад?

A. Қарзи дебиторй.

B. Ҳисоббаробаркуниҳо бо харидорон аз рӯи молҳои бор- кардашуда.

+C. Қарзи фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ.

D. Истеҳсолоти нотамом

38. Ба сарчашмахои худии амвол чихо дохил мешаванд?

+A. Сармояи оинномавй, фондхо, захираҳо, фоидаи тахсим нашуда, маблағгузориҳои мақсаднок ва тариф-гни во ситаҳо ҳамчун тӯҳфа (бебозгашт).

B. Сармояи оинномавӣ, иловагй ва захиравӣ.

C. Фондҳои захиравй ва иҷтимой, сармояи оинномазӣ

D. Фоидаи тақсимнашуда, сармояи иловагй ва фонди андӯхт.

39. Ба сарчашмахои чалбкардашуда дохил мешаванд?

A. Қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати бонкй.

B. Ухдадориҳои дарозмуддати корхона.

+C. Қарзҳои бонкй, вомҳо ва қарзу ӯхдадориҳои кредиторй.

D. Ӯҳдадориҳои корхона аз рӯи ҳисоббаробаркуких:

40. Кадом ҷараёнҳои хоҷаги объекти баҳисобгирии муҳосибй ба ҳисоб мераванд?

A. Таъминот ва бор кардани маҳсулот.

B. Таъминот ва фурӯши маҳсулот.

+C. Таъминот, истеҳсолот, фурӯш ва натиҷаҳои молиявӣ.

D. Фурӯши маҳсулот ва натиҷаҳои молиявй.

41. Методи (усули) баҳисобгирии муҳосибиро пурратар тавсиф диҳед.

A. Ин ҷамъи намуд ва тарзи дуруст бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад.

B. Ин ҷамъбасти тавозунии амвол, ӯхдадориҳо ва амали ётҳои хоҷагӣ аст.

C. Ин тарзи фаҳмиши дорой аст.

+D. Ин маҷмӯи тарзҳои ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳо- сибӣ ба воситаи ҳисобҳо, ҳуҷҷатноккунӣ, барӯйхатгирӣ, тавозун, баҳодиҳӣ, калкулятсия, низоми ҳисобҳо ва саб ти дутарафа ва ҳисоботи корхона.

42. Кадом элементҳои усули баҳисобгирии муҳосибӣ барои як қатор илмхои иқтисодӣ умумианд?

A. Тавозун, навишти дутарафа.

B. Баҳодиҳй, тавозун, низоми ҳисобҳо.

C. Баҳодиҳй, тавозун, калкулятсия, барӯйхатгирӣ.

+D. Хуҷҷатноккунӣ, барӯйхатгирӣ.

43. Намудҳои амалкунандаи тавозуни ҳисобдорӣ кадомҳоянд?

A. Ибтидоӣ (аввала), моҳона, семоҳа (кварталй), солона.

+B. Солона, ибтидой, тақсимкунӣ.

C. Даврагӣ, маҷмӯй, барҳамдиҳй.

D. Даврагӣ, солона, дохилкунӣ, тақсимкунӣ (ҷудокунӣ), барҳамдиҳӣ, ҷамъбастй.

44. Тавозуни ҳисобдориро тавсиф диҳед:

A. Ин ҷамъбасти маҷмӯи нишондиҳандаҳо, ки ҳайати ам- воли (молу мулки) корхонаро дар шакли пулӣ инъикос менамоянд.

+B. Ин усули тавозунии инъикоси ахборот дар давраи ҳисоботӣ мебошад.

C. Ин ҷамъбасти захираҳои корхона (дороиҳои он) ва ӯхдадориҳо дар давраи муайяншуда мебошад.

D. Ин шакли иқтисодии гурӯҳбандӣ ва ҷамъбастии амвол аз рӯи ҳайат ва ҷойгиршавӣ ва сарчашмаҳои пайдоиши он дар шакли пулй ва дар санаи муайян тартибдодашу да.

45. Тавозуни ҳисобдорй ин ҳуҷҷати:

A. Баҳисобгирй.

+B. Ҳисоботй

C. Ояндабинй.

D. Ибтидой.

46. Қисми чапи тавозуни ҳисобдорй чй ном дорад?

A. Дебет.

B. Кредит.

+C. Дороиҳо.

D. Ӯҳдадориҳо.

47. Қисми рости тавозуни хисобдорй чй ном дорад?

A. Дороиҳо.

B. Дебет.

C. Кредит.

+D. Ӯҳдадориҳо.

48. Ҷамъи дороихои тавозуни хисобдорй бояд:

A. Аз ҷамъи ӯхдадориҳо кам бошад.

B. Аз ҷамъи ӯҳдадориҳо зиёд бошад.

+C. Баробари ҷамъи ӯҳдадориҳо бошад.

D. Ба ҷамъи ӯхдадориҳо баробар набошад.

49. Тавозуни хисобдорй инъикос менамояд:

+A. Ҳолати воситаҳои хоҷагӣ ва сарчашмаҳои онро дар санаи муайян.

B. Пайдарпаии иҷрои амалиётҳои хоҷагидорй дар дав- раи ҳисоботй.

C. Ҳайати микдори воситаҳои ташкилот.

D. Ҳайати сифатии сарчашмаҳои амволи ташкилот.

50. Ба дороиҳои гайригардон дохил мешаванд:

A. Сармояи оинномавй.

B. Воситаҳои пулй дар хазина.

C. Воситаҳои пулй дар бонк.

+D. Дороиҳои ғайримоддй.

51. Ба дороихои гайригардон дохил мешаванд:

A. Фоидаи тақсимнашуда.

B. Захираҳои моддию молй.

+C. Воситахои асосй.

D. Сармояи захиравй.

52. Ба дороихои гардон дохил мешаванд:

+A. Захираҳои моддию молй.

B. Фоидаи тақсимнашуда.

C. Сармояи захиравй.

D. Воситаҳои асосй.

53 .Ба дороихои гардон дохил мешаванд:

A. Сармояи оинномавй.

+B. Воситахои пулй дар хазина.

C. Сармояи иловагй.

D. Дороихои гайримоддй.

54. Ба ӯхдадориҳои худй дохил мешаванд:

+A. Сармояи оинномавй.

B. Музди меҳнат барои пардохт.

C. Воситахои асосй.

D. Андоз барои пардохт.

55. Ба уҳдадориҳои қарзи дохил мешаванд:

A. Сармояи захиравй.

+B. Қарзҳои бонкй ва вомҳо.

C. Воситаҳои асосй.

D. Дороихои ғайримоддй

56. Тавозуни ибтидой бо кадом мақсад тартиб дода мешавад?

A. Барои чамъбасткунй дар охири сол. ■

+B. Дар ҳолати сохтан ё азнавсозии корхонаи пештар амал- кунанда.

C. Дар ҳолати барҳамдиҳии корхонаи амалкунанда.

D. Барои банақшагирии фаъолияти молиявию хочагии корхона.

57. Тавозуни хисобдорй аз чанд боб иборат аст?

A. Чорбоб.

B. Ду боби дороиҳо ва се боби ӯҳдадориҳо.

+C. Панч боб.

D. Се боби дороиҳо.

58. Кадом баробарихо барои тавозуни хисобдорй ҳатмианд?

A. Баробарии ҷамъи боби 1.Б. дороиҳо ва боби И. ӯхда- дориҳо.

B. Баробарии ҷамъи боби 1.А. дороиҳо ва боби III ӯҳда- дориҳо.

+С. Баробарии чамъи дороиҳо ва ӯҳдадориҳои тавозун (ар- зи тавозун).

D. Баробарии чамъи боби 1.Б дороиҳо ва боби И.Б. ӯҳдадориҳои тавозун.

59. Тавозуни барҳамдиҳӣ дар кадом ҳолат тартиб дода мешавад?

A. Агар корхона ба муфлисшавй наздик бошад.

+B. Дар ҳолати тақсим шудани як корхона ба якчанд корхонаҳои мустақил

C. Дар аввали давраи тақсимшавии корхона.

D. Барои ҷамъбасткунии соли ҳисоботй.

60. Моддахои тавозуни ҳисобдорй чи хел гӯруҳбандй карда мешаванд?

A. Захираҳо, дороиҳо,уҳдадориҳо.

+B. Дороиҳои гардон, гайригардон, ӯхдадориҳои ҷорй, да- розмуддат ва сармояи худй.

C. Предметҳое, ки вобаста аз арзишашон аз 1 сол зиёд хиз- мат мерасонанд.

D. Амалиётҳои ҳоҷагӣ ва натиҷаҳои онҳо: таъминот, истеҳ- солот, фурӯш.

61. Бо таъсири амалиётҳои хоҷагй чанд шакли тағирёбй дар тавозуни хисобдорй вуҷуд дорад?

A. 3.

+B. 4

C. 7

D. 10

62. Шакли якуми тағйирёбии тавозуни ҳисобдори дар натиҷаи таъсири амалиёти хоҷагидориро муайян намоед?

A. Дар тарафи ӯхдадориҳо бо маблағи муайян зиёд ме¬шавад.

B. Дар ҳарду тарафи тавозун бо маблағи баробар маб- лағи умумии тавозун кам мешавад.

+C. Ба моддаҳои тарафи дороиҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблағи умумии тавозуни ҳисобдорй тағйир намеё- бад.

D. Дар ҳарду тарафи тавозун бо маблағи баробар маб- лағи умумии тавозун зиёд мешавад.

63. Шакли дуюми тағйирёбии тавозуни хисобдорй дар натиҷаи таъсири амалиёти хоҷагидориро муайян намоед?

A. Дар қисми ӯхдадориҳо бо маблағи муайян зиёд меша¬вад.

+B. Ба моддаҳои қисми ӯхдадориҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблағи умумии тавозуни хисобдорй тагйир намеё- бад.

C. Дар харду тарафи тавозун бо маблағи баробар маб- лағи умумии тавозун кам мешавад.

D. Дар харду тарафи тавозун бо маблағи баробар маб- лағи умумии тавозун кам мешавад.

64. Шакли сеюми тағйирёбии тавозуни хисобдорй дар натиҷаи таъсири амалиёти хоҷагидориро муайян намоед?

А. Ба моддаҳои қисми ӯхдадориҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблағи умумии тавозуни хисобдорй тағйир намеёбад.

B. Ба моддаҳои қисми дороиҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблаги умумии тавозуни хисобдорй тагйир намеёбад

+C.Ба моддахои қисми дороиҳо ва ӯҳдадориҳо таъсир расонида, дар натиҷа харду модда зиёд мешавад, маблаги умумии тавозуни хисобдорй зиёд мешавад, вале баробарии тавозун бетагир мемонад.

D.Дар харду тарафи тавозун бо маблаги баробар маб¬лаги умумии тавозун кам мешавад.

65. Шакли чоруми тагйирёбии тавозуни хисобдорй дар натичаи таъсири амалиёти хоҷагидориро муайян намоед?

+A. Ба моддаҳои қисми дороиҳо ва ӯҳдадориҳо таъсир расонида, дар натиҷа ҳарду модда кам мешаванд, маблаги умумии тавозуни хисобдорй кам мешавад, вале баробарии тавозун бетагир мемонад.

B. Дар харду тарафи тавозун бо маблаги баробар маб¬лаги умумии тавозун зиёд мешавад.

C. Ба моддахои қисми ӯҳдадориҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблаги умумии тавозуни хисобдорй тагйир намеё¬бад.

D. Ба моддахои қисми дороиҳо таъсир расонида, дар натиҷа як модда зиёд шуда дигараш кам мешавад, маблаги умумии тавозуни хисобдорй тагйир намеёбад

66. Формулаи баробарии тавозунй чй тавр ифода карда мешавад?

A. Ӯҳдадориҳо=Дороиҳо+Сармояи худй.

+B. Дороиҳо = Ӯҳдадориҳо + Сармояи худй.

C. Дороиҳо + Ӯхдадориҳо = Сармояи худй.

D. Ӯҳдадориҳо – Дороиҳо = Сармояи худй.

67. Сармояи худй баробар аст:

A. Сармояи худй =Дороиҳо+ Ӯҳдадориҳо

+B. Сармояи худй = Дороиҳо – Ӯҳдадориҳо

C. Дороиҳо + Ӯхдадориҳо = Сармояи худй.

D. Ӯхдадориҳо – Дороиҳо = Сармояи худй.

68. Ҳисоби дороиҳоро чӣ хел муайян менамоянд?

+A. Мувофиқи мазмуни иқтисодӣ, қисми дороиҳои таво зун, дорои бақияи дебетӣ мебошанд.

B. Аз рӯи журнал-ордерҳо, варақаҳои ёрирасон, тавозун.

C. Мувофиқи ҳисобот, аз рӯи нақшаи баҳисобгирии му- ҳосибй, мувофиқи номгӯи ҳисобҳои баҳисобгирии таҳлилй.

D. Аз рӯи алоқамандии нишондиҳандаҳои байни ҳисоб- ҳои таркибӣ ва таҳлилии варақаҳои гардишӣ ва шоҳ- мотй.

69. Ҳисоби ӯҳдадориҳоро чӣ тавр муайян мекунанд?

A. Аз рӯи номи ҳисобҳо, гардиши кредитй, қисми ӯҳцадо- риҳои тавозунро инъикос менамоянд.

B. Мувофиқи бақияи кредитй, аз рӯи мазмуни иқтисодӣ, гардиши дебетӣ доранд.

C. Мувофиқи китоби асосӣ, варақаи гардишй, қисми до¬роихои тавозунро нишон медиҳанд.

+D. Мувофиқи сарчашмаҳои бавуҷудоии (пайдоиши) амвол, қисми ӯҳдадориҳои тавозун, бақияи кредитй доранд.

70. Алоқамандии байни ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй бо тавозуни хисобдорй дар чй ифода меёбад?

A. Дар асоси ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй моддаҳои тавозуни ҳисобдорӣ кушода мешаванд.

B. Дар асоси гардишҳои дебета ва кредитии ҳисобҳои баҳи- собгирии муҳосибй тавозуни ҳисобдорй тартиб дода ме¬шавад.

+C. Мувофиқи модҳаҳои тавозуни ҳисобдорӣ ҳисобҳои ба- ҳисобгирии муҳосибй кушода мешаванд ва дар асоси ба- қияи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй тавозуни хисоб¬дорй тартиб дода мешавад.

D. Ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй ва моддаҳои тавозуни хисобдорй тагирёбии чории амволро инъикос менамо¬янд.

71. Фарқияти байни ҳисобхои баҳисобгирии муҳосибӣ ва таво¬зуни қисобдорй дар чй ифода меёбад?

A. Тавозуни хисобдорй ҷамъбасти нишондиҳандаҳоро инъ¬икос мекунад, ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй бошанд – тагирёбии ҷории амвол аз рӯи ҳайат (таркиб) ва ҷойгиршавиро.

+B. Дар асоси бақияи ҳисобҳо тавозун тартиб дода мешавад, дар асоси бақияи моддаҳои тавозун ҳисобҳо кушода мешаванд.

С. Ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй барои баҳисобгирии амалиётҳои хоҷагӣ истифода бурда мешаванд, тавозун бошад барои тартиб додани ҳисобот хизмат мекунад.

D. Ҳисобҳои муҳосибӣ амалиётхои хоҷагии ҷориро аз рӯи амвол ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳоро дар давраи ҳисоботй дар шакли пулй, аслй ва меҳнатӣ инъикос ме- намоянд. Дар тавозун фақат ҷамъбасти нишонди- ҳандаҳо, ки ҳамчун асос барои таҳлили фаъолияти кор¬хона хизмат мекунанд, инъикос мешавад.

72. Тартиби дурусти навишти ҳисобҳои баҳисобгирии дороиҳоро муайян намоед?

A. Дар ҳисобҳои дороиҳо бақияи аввала дар кредит навиш- та мешавад, зиёдшавй-дар дебет, камшавй дар кредит.

B. Дар ҳисоби дороиҳо бақияи аввала дар кредит, зиёд- шавй дар кредит, камшавй дар дебет навишта мешавад.

+C. Дар ҳисоби дороиҳо бақияи аввала дар дебет, зиёдшавй дар дебет, камшавй -дар кредит навишта мешавад.

D. Дар ҳисоби дороиҳо бакияи аввала дар дебет, зиёдшавй дар кредит, камшавй -дар дебет навишта мешавад.

73. Бақияи охирро дар ҳисобхои дороиҳо чй тавр муайян меку¬нанд?

A. Аз гардиши кредитй гардиши дебетиро тарх кардан лозим аст.

B. Аз гардиши дебета гардиши кредитиро тарх (кам) кардан лозим аст.

C. Бақияи аввала, ҷамъи гардиши дебета, ҷамъ гардиши кредитй.

+D. Ба бакияи аввалаи дебета гардиши дебетиро ҷамъ карда, гардиши кредитиро тарх мекунанд.

74. Бакияи охири ҳисобҳои ӯҳдадориҳоро чй тавр муайян менамоянд?

+А. Ба бақияи аввалаи кредитй гардиши кредитй ҷамъ карда шуда, гардиши дебета тарх (кам) карда мешавад.

B. Ба бақияи аввалаи кредитй гардиши дебета ҷамъ карда шуда, гардиши кредитй кам карда мешавад.

C. Аз гардиши кредитй гардиши дебета тарҳ карда ме¬шавад.

D. Аз гардиши дебета гардиши кредитй кам карда ме¬шавад.

75. Ҳисобҳо барои баҳисобгирии воситаҳои хоҷагидорӣ (дороиҳо):

+A. Активӣ

B. Пассивӣ

C. Дебета.

D. Кредитй.

76. Ҳисобҳо барои баҳисобгирии ӯхдадориҳо:

A. Дебета.

B. Дороий

+C. Пассивй

D. Кредитй.

77. Ҳисобҳо барои баҳисобгирии сармояи худй:

+A. Пассивй

B. Дебета.

C. Дороий

D. Кредитй.

78. Ҳисобхо барои баҳисобгирии даромадҳо:

A. Активй

+B. Пассивй

C. Дебета

D. Кредитй.

79. Ҳисобҳо барои баҳисобгирии хароҷотҳо:

A. Пассивй

+B. Активй

C. Кредитй.

D. Дебета.

80. Барои муайян кардани бакияи охири хисоби дороиҳо кадом баробарй истифода бурда мешавад?

A. Бо = Гд + Гк – Ба

B. Бо =Ба + Гк – Гд

C. Ба + Гд – Гк = Бо

+D. Бо = Ба +Гд – Гк

81. Барои муайян кардани бакияи охири ҳисоби ӯхдадориҳо кадом баробарй истифода бурда мешавад?

A. Бо = Гд + Гк – Ба

+B. Бо =Ба + Гк – Гд

C. Ба + Гд – Гк = Бо

D. Бо = Ба +Гд – Гк

82. Ҳисобҳо вобаста ба ҷамъбасти маълумотҳо чй гуна тасниф карда мешаванд?

A. Дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат

+B. Таркибй ва таҳлилй

C. Моддй ва ғайримоддй

D. Захиравй. молиявй.

83. Нисбати тавозуни хисобдорй ҳисобҳо чй гунаанд?

A. Дебета, кредита

+B. Пассивй, активй

C. Доимй ва мувақатӣ

D. Дороиҳо, ухдадориҳо, сармояи худй.

84. Ҳисобҳои ӯхдадориҳоро муайян кунед?

A. Дороихои ҷорй, дарозмуддат ва харочотҳо

B. Уҳдадориҳо, дороихои гардон ва зарар

C. Воситахои пулй, фонда, воситахои асосй

+D. Қарзи кӯтоҳмуддати бонк, даромад аз фурӯш, фоидаи тақсимнашуда, сармоя.

85. Муайян кунед, ки дар кадом ҷавоб ҳамаи ҳисобҳо ҳисобҳои дороиҳоянд?

A. Молҳо, маҳсулоти тайёр, ҳисоббаробаркунй бо қарз ҳои кредитории кӯтоҳмуддат.

B. Ҳисоббаробаркунии музди меҳнат, хазина, ҳисобба робаркунӣ бо шахсони ҳисоботй.

+C. Молҳо, воситахои асосй, воситахои пулй дар бонк

D. Ҳисоббаробаркунй бо қарздорон, фоидаи корхона.

86. Сабт (навишт) дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй дар асоси чй сурат мегирад?

+A. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ.

B. Фармони роҳбари ташкилот.

C. Фармони ташкилоти болой.

D. Қарори маҷлиси муассисон.

87. Ҳисобҳои доимиро муайян намоед:

A. Дороиҳо, даромад, хароҷот.

+B. Ӯхдадориҳо, сармояи худй, дороиҳо.

C. Сармояи худй, дороиҳо, даромад

D. Даромад, хароҷот, сармояи худй.

88. Ҳисобҳои муваккaатиро муайян намоед:

A. Сармояи худй, дороиҳо, даромад

B. Ӯхдадориҳо, сармояи худй, дороихо.

C. Дороихо, даромад, хароҷот.

+D. Даромад, хароҷот, даромад ва хароҷотҳои ғайриамалиётй.

89. Нақшаи нави ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибй мувофиқи СБҲМ аз тарафи кадом мақомот тахия ва тасдиқ карда шудааст?

A. 10 сентябри с. 2001 аз тарафи Кумитаи андоз.

B. 5 марти с. 2004 аз тарафи Ҳукумати ҶТ

C. 5 марти с. 2004 аз тарафи Вазорати молияи ҶТ.

+D. 23 феврали с. 2005 аз тарафи Вазорати молияи ҶТ.

90. Нишонаи гурӯҳбандии ҳисобҳо аз рӯи мазмуни иқтисодӣ чист?

A. Таъминот ва таркиби ҳисобҳо.

+B. Гурӯҳҳо аз рӯи аломати иқтисодии якхелаи нишон- диҳандаҳои молу мулк, ӯҳдадориҳо ва амалиётҳои хоҷагӣ.

C. Гирифтани ахбори ҷамъбастӣ.

D. Тартиби инъикос намудани амалиётҳои хоҷагй дар ҳисобҳо.

91. Ҳисобҳо ҳангоми гурӯҳбандӣ аз рӯи мазмуни иқтисодӣ ба кадом бобҳо тақсим карда мешаванд?

A. Ҳисобҳои амвол мувофиқи ҳайат, сарчашмаҳои пай- доиши онҳо ва ҷараёнҳои хоҷагидорй.

B. Ҳисобҳои амалиётҳои хоҷагй ва ҳисобҳои воситаҳои пулӣ.

+C. Ҳисобҳои амволи корхона, ӯҳдадориҳои он ва ама- лиётҳои хоҷагй.

D. Ҳисобҳои сарчашмаҳои худӣ ва қарзии ташкили ам¬вол.

92. Тарзи дуруст хондани ҳисобхоро муайян намоед:

A. Ҳисобҳои дорой – 11010 (ёздаху нол, даҳ)

B. Ҳисобҳои ӯхдадориҳо – 22010 (бисту ду, сифр, даҳ)

C. Ҳисобҳои сармоя – 33010 (сесаду сй, даҳ)

+D. Ҳисоби хароҷот – 55010 (панҷ, панҷоҳ, даҳ)

93. Мувофиқи Нақшаи ҳисобҳо ҳисоби даромадҳо бо кадом рақам нишон дода мешаванд?

A. Бо рақами 3 ӯхдадориҳо.

B. Бо рақами 4 муваққатӣ.

+C. Бо рақми 1 дороиҳо.

D. Бо рақами 6 муваққатӣ

94. Мувофиқи Нақшаи ҳисобҳо хисоби дороиҳо бо кадом рақам нишон дода мешаванд?

A. Бо рақами 6 муваққатй

B. Бо рақами 4 дороиҳо.

C. Бо раками 3 ӯҳдадориҳо.

+D. Бо рақми 1 дороиҳо.

95. Мувофиқи Нақшаи ҳисобҳо ҳисоби ӯхдадориҳо бо кадом рақам нишон дода мешаванд?

A. Бо раками 3 ӯҳдадориҳо.

+B. Бо раками 2 ӯҳдадориҳо.

C. Бо рақми 1 дороиҳо.

D. Бо раками 6 муваққатӣ

96. Мувофиқи Нақшаи хисобҳо ҳисоби сармояи худӣ бо кадом рақам нишон дода мешаванд?

A. Бо раками 6 мувақкатӣ

B. Бо рақми 1 дороиҳо.

C. Бо раками 4 ӯхдадориҳо

+D. Бо раками 3 ӯхдадориҳо

97. Мувофиқи Нақшаи ҳисобҳо хисоби хароҷотҳо бо кадом рақам нишон дода мешаванд?

A. Бо раками 4 муваққатӣ.

+B. Бо раками 5 муваққатӣ

C. Бо рақми 1 дороиҳо.

D. Бо раками 3 ӯҳдадориҳо

98. Аз номгӯи ҳисобҳои овардашуда, гурӯҳи ҳисобҳои дороиҳоро муайян намоед:

A. 22710, 22650, 33200, 33300, 22700.

B. 22210, 10410, 22040, 10550, 22110.

C. 22220. 44000, 22230, 33200, 22610.

+D. 10710, 10720, 10730, 11010, 11020, 11090.

99. Ҳисобҳои ӯхдадориҳоро муайян намоед:

A. 10710, 44070, 10100, 10200.

+B. 22230, 22220, 22140, 22400.

C. 10900, 10710, 10720, 10730, 55500.

D. 11000, 11100, 11200, 11300, 10850.

100. Мувофиқи хисобхои овардашуда ҳисобхои асосии дороиҳоро ёбед.

  1. 10100, 33200, 22010, 10510.
  2. +10700, 10100, 11000, 11200.

C. 10860, 11310, 22020, 10900.

D. 22010, 33200, 22110, 22620.

101. Мувофиқи гурӯҳҳои овардашуда ҳисобхои асосии ӯҳдадориҳоро муайяп намоед:

  1. 10420, 33200, 22020, 22130.
  2. 33200, 22700, 22260, 10900, 22120.

+C. 22000, 22100, 22200, 22300, 22600.

D. 11000, 11100, 11200, 11300, 22760.

102. Ҳисобҳои мувақкатй дар кадом гурӯх акс ёфтаанд?

A. 11100, 11300, 11000, 10860.

B. 10100, 10200, 11200, 11070.

C. 22260, 10740, 10710, 10740.

+D. 44000, 55000, 66000, 66100.

103. Дар кадом гуруҳ ҳисобҳои дороихои ҷори нишон дода шудаанд?

+A. 10100, 10300, 10800, 10900.

B. 10740, 55000, 44000, 11820.

C. 10720, 10730, 10500, 22040.

D. 10900, 22260, 55500, 55000.

104. Нишон диҳед, ки дар кадом гурӯҳ ҳисобҳои дороиҳои дарозмуддат оварда шудаанд.

A. 55200, 55500, 10750, 10820.

B. 55200, 55500, 10900, 11830

C. 22260, 22400, 10740, 22220.

+D. 11000, 11100, 11400,11600.

105. Дар кадом гурӯҳ ҳисобҳои ӯхдадориҳои

ҷорӣ нишон дода шудаанд?

  1. 44000, 10740, 55000, 11820.
  2. 10100, 10300, 10800, 10900

+C. 22010, 22110, 22220, 22330.

D. 22260, 10900, 55500, 55000.

106. Дар кадом гурӯҳ ҳисобҳои ӯҳдадориҳои дарозмуддат нишон дода шудаанд?

+A. 22600, 22700, 22800, 22630

B. 55000, 10740, 44000, 11820.

C. 44000, 10730, 10500, 22040.

D. 10100, 10300, 10800, 10900.

107. Дар кадом гурӯҳ ҳисобҳои сармояи худӣ нишон дода шудаанд?

  1. 22260, 10900, 55500, 55000
  2. 55000, 10740, 44000, 11820.

+C. 33000, 33100. 33200, 33300.

D. 10100, 10300, 10800, 10900

108. Дар кадом гурӯҳ ҳисобҳои сармояи қарзй нишон дода шудаанд?

+А 22110, 22220, 22330, 22630

  1. 55000, 10740, 44000, 11820.
  2. 33000, 33100, 33200, 33300.
  3. 10100, 10300, 10800, 10900.

109. Аз рӯи тартибн сохтан ҳуччатҳои муҳосибӣ чунин таснифот карда мешаванд:

+A. Амрдиҳанда, иҷроишӣ.

B. Дастй, мошинй.

C. Ибтидой, чамъбастй.

D. Дохилй, берунй.

110. Аз рӯи макони тартибдихӣ ҳучҷатхои муҳосибӣ чунин таснифот карда мешаванд:

+A. Дохилй, берунй.

B. Дастй, мошинй.

C. Амрдиҳанда, иҷроишӣ.

D. Ибтидой, чамъбастй.

111. Аз рӯи тарзи тартибдиҳй ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ чунин таснифот карда мешаванд:

A. Амрдиҳанда, иҷроишй.

+B. Дастй, мошинй.

C. Дохилй, берунй.

D. Ибтидой, чамъбастй.

112. Аз рӯи тарзи инъикоси амалиёт ҳуччатҳои муҳосибй чунин таснифот карда мешаванд:

Амрдиҳанда, ичроишй.

  1. Дохилй, берунй.

+B. Якдафъаина, ғункунанда.

C. Ибтидой, чамъбастй.

113. Дар кадом ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ислоҳ кардан иҷозат дода намешавад:

+A. Ҳуҷҷатҳои пулӣ

B. Ҳуҷҷатҳои молӣ

C. Ҳуччатҳои ҳисоббаробаркунӣ

D. Ҳучҷатҳои ҷамъбастӣ

114. Барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирии муҳосибӣ кӣ ҷавобгар аст?

A. Роҳбари ташкилот.

+B. Сармуҳосиб.

C. Хазинадор

D. Шахсони ҳисоботӣ

115. Барои гардиши ҳучҷатҳо чавобгар аст:

A. Менеджери ташкилот,

+B. Сармуҳосиби ташкилот

C. Мудири шӯъбаи кадрҳо

D. Рохбари ташкилот.

116. Дар ордери хароҷотн хазинавй маблағ бо ҳарф нодуруст навишта шудааст. Дар ин холат чӣ бояд кард?

А. Навишти хаторо мувофиқи усули ислоҳи хатогиҳо

дар хуччатҳои муҳосибӣ ислоҳ бояд кард.

+В. Ҳуччати нав тартиб додан лозим аст.

С. Бо штрих ислоҳ кардан лозим аст.

D. Бо хаткӯркунак тоза карда аз нав дуруст навиштан лозим аст.

117. Тафтиши ҳучҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар чӣ ифода меёбад?

A. Ифодаи нишондиҳандаҳои аслй дар шакли пулӣ.

B. Ҳисобу китоби ҷамъбастии маблагҳои риёзӣ.

C. Нишон додани алоқамандии ҳисобҳо.

+D. Назорат оиди дуруст пур кардани нишондиҳандаҳои асосӣ.

118. Баҳодиҳии ҳуҷҷатхои муҳосибй чӣ маъно дорад?

A. Ҳисобу китоби ҷамбастҳо.

B. Аниқ кардани ҳисобҳои муҳосибӣ, ки навиштачоти муҳосибй доранд.

+C. Баҳодиҳии нишондиҳандаҳои аслӣ дар шакли пулӣ ва чамъбастй маблағҳо.

D. Нишон додани алоқамандии ҳисобҳо.

119. Гардиши ҳуҷҷатҳо чист?

A. Ин нишондод оиди пур кардани ҳуччатҳо, ки дар корхона истифода мешавад.

B. Ин нақшаест. ки дар он ҳуҷҷатҳо тавсиф карда шуда¬анд.

+C. Ин роҳест, ки ҳуҷҷат аз давраи тартиб додан то супо- ридан ба бойгонй тай мекунад.

D. Ин номгӯи ҳуҷҷатҳоест, ки дар хоҷагӣ истифода бур¬да мешавад.

120. Нишондихандаҳои ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ кадомҳоянд?

+A. Ин нишондиҳандаҳои ҳуҷчатианд, ки амалиётҳои хоҷагиро тавсиф мекунанд ва ба он қурби ҳуқукӣ медиҳанд.

B. Ин ахборест, ки элементи асосии таркибии ҳуҷчат мебошад.

C. Ин номи ҳуччатест, ки таъиноти онро тасниф мена- мояд.

D. Ин ҳучҷатест, ки амалиёти хочагиро ифода менамояд.

121. Элементҳои коркарди ҳуҷҷатҳоро муайян менамояд.

A. Ислоҳи хатоҳо, тафтиши дурустии ҳисоббаробарку ниҳои арифметики.

B. Бақайдгирӣ, коркард, таҳлил.

+C. Баҳодиҳӣ, гурӯҳбандй, муайян кардани алоқамандии ҳисобҳо.

D. Бақайдгирӣ, ба тартиб даровардан, тафтиш.

122. Варақахои ҳисоббаробаркунӣ-пулй, ҳисоби шахсии нафа- кагирон ва ёрдампулиҳо чанд сол нигоҳ дошта мешаванд?

A. 10 -сол.

+B. 5-сол.

C. 7-сол.

D. 3-сол.

123. Барӯйхатгирй чист?

A. Тафтиши мавчудият ва риоя намудани қоидаҳои нигохдорй ва истифодабарии амволи корхона.

B. Усули баҳисобгирии муҳосибй, ки бо ёрии он камо¬мади амволи корхона муайян карда мешавад.

+C. Аник кардани мавҷудияти ҳақиқии амвол ва ухдадо- риҳои молиявй бо роҳи муқоисаи онҳо бо нишондод- хои баҳисобгирии муҳосибй дар санаи муайян.

D. Намуди назоратест, ки нигохдории амволи корхона- ро таъмин менамояд.

124. Барӯхатгирӣ дар корхона аз тарафи кй гузаронида мешавад?

A. Коркунони шӯъбаи банақшагирй ё дигар мутахасси- сони корхона.

+B. Комиссияи махсусе, ки аз тарафи рохбари корхона таъин карда мешавад.

C. Шахсони масъули модцй.

D. Коркунони шӯъбаи хизматрасонии мухисобй.

125. Таснифи барӯйхатгирӣ аз рӯи ҳаҷми объект чй гуна аст?

A. Даврагй ва пурра.

B. Қисман ва интихобй.

+С. Пурра, қисми ва интихоби.

D. Муттасил, даврагй, пурра, интихоби.

126. Дар кадом ҳолатҳо гузаронидани барӯйхатгирй ҳатмист? (Ҷавоби пурра диҳед).

A. Пеш аз сохтани ҳисоботи солонаи мухосибй.

B. Дар ҳолати додани амвол ба иҷора, фурӯш ва харид.

C. Дар вақти иваз шудани шахсони ҷавобгари моддй.

+D. Пеш аз сохтани хисоботи солона, дар ҳолати ба иҷора додани амвол, фурӯш ва харидан, дар вақти ивази шахсони чавобгарии моддй, ошкор шудани воқеаҳои дуздй ва офатҳои табий.

127. Миқдори барӯйхатгирӣ ва мӯхлати гузаронидани он аз тарафи кй муайян карда мешавад?

A. Корхонаи болой.

+B. Роҳбари корхона.

C. Сармуҳосиби ташкилот.

D. Сармухандиси ташкилот.

128. Тафтиши ҳақиқии амвол бо иштироки ҳатмии кй сурат мегирад:

А. Менеджери ташкилот.

+B. Шахсони мутасадции моддй.

C. Намояндаи корхонаи болой.

D. Духтури ташкилот.

129.Дар вақти гузаронидани барӯйхатгирии молу масолеҳи кимматнок кадом хуччат тартиб дода мешавад?

  1. Ведомости гардишй.
  2. Ҳисоботи хазинавй
  3. +Варақаи барӯйхатгирй.
  4. Ҳисоботи авансӣ.

130.Барои ташкили бахисобгирии сармояи захиравй кадом навишт тартиб дода мешавад?

+ A. Дт 33300 Кт 33200

B. Дт 66100 Кт 33300

C. Дт 33200 Кт 33300

D. Дт 33000 Кт 33200

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.