Саволномаи тести аз фанни «Назарияи умумии фалсафа»

@ 1.

Кадоме аз мутафаккирониЮнони қадим оташро нахустунсури ҳастӣ медонад?

$А) Фалес;   $В) Анаксимандр;   $С) Суқрот;  $D) Пифагор;  $Е) Гераклит.

@ 2.

Об асоси ҳастии ҳамаи мавҷудот аст ба кадоме аз ин мутафаккирони юнони қадим таалуқ дорад?

$А) Демокрит;   $В) Зенон;   $С) Фалес;  $D) Анаксагор;  $Е) Парменид.

@ 3.

Файласуфи Юнони қадим, ки «Ҳаво»-ро асоси ҳамаи ашё медонад нишон диҳед?

$А) Зенон;   $В) Эмпедокл;   $С) Анаксимен;  $D) Гераклит;  $Е) Пифагор.

@ 4.

Аз файласуфони зерин кадоме ба мактаби Милеm таалуқ надорад?

$А) Анаксимандр;   $В) Пифагор;   $С) Анаксимен;  $D) Фалес.

@ 5.

Кадоме аз мутафаккирони зерини Юнони қадим  гуфтааст: «Оламро на худоён ва на инсонҳо наофаридаанд, балки он ҳамеша буд, ҳаст ва мемонад, мисли аланга гоҳе баланд ва гоҳе паст мешавад»

 $А) Гераклит;   $В) Пифагор;   $С) Афлотун;  $D) Суқрот;  $Е) Демокрит.

@ 6.

Афлотун асосгузори кадоме аз ин таълимоти зерин ба ҳисоб меравад?

$А) скептитсизм;   $В) материализм;   $С) идеализми субъективӣ;  $D) идеализми объективӣ;  $Е) агноститсизм.

@ 7.

Файласуфи Юнони бостон, ки нахуст мабдаи ҳастиро апейрон медонад нишон диҳед:

$А) Гераклит;   $В) Пифагор;   $С) Анаксимандр;  $D) Фалес;  $Е) Парменид.

@ 8.

Асосгузори материализми атомистӣ кадоме аз ин мутафаккирони Юнони бостон ба ҳисоб мераванд?

$А) Демокрит;   $В)Гераклит;   $С) Эмпедокл;  $D) Анаксагор;  $Е) Афлотун.

@ 9.

Намояндагони мактаби Милет кадоме аз ин мутафаккирон маҳсуб мешаванд?

$А) Фалес, Суқрот Гераклит;  $В) Демокрит, Левкип, Зенон;  $С) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен;  $D) Пифагор, Парменид, Ксенофон;  $Е) Афлотун, Арасту, Анаксагор.

10. Мактабҳои фалсафии бостонии форсу тоҷик кадомҳоанд? $А) Машшоия, тасаввуф, калом;  $В)  Зардуштия, маздакия, монавия, зурвония, табоия;  $С) Буддоия, ҷайния, миманса, йога.

@ 11.

Кадоме аз файласуфони зерини Юнони қадим ҳамаи ашёи оламро дар ҳоли ҳаракату инкишоф ва тағйирёбӣ медонист?

$А) Суқрот; $В) Парменид;  $С) Анаксимандр;  $D) Афлотун;  $Е) Гераклит.

@ 12.

Кадоме аз файласуфони зерин гуфтааст, ки дар сари давлат бояд файласуфон бошанд?

$А) Суқрот;  $В) Афлотун;  $С) Арасту;  $D) Демокрит;  $Е) Гераклит.

@ 13.

Ақидаи «Дар як об ду маротиба даромадан номумкин аст» ба ки таалуқ дорад:

$А) Парменид;   $В) Зенон;   $С) Фалес;  $D) Гераклит;  $Е) Левкип.

@ 14.

Анаксимандр шогирди кадоме аз ин файласуфон мебошад?

$А) Арасту;   $В) Суқрот;   $С) Фалес;  $D) Анаксимен;  $Е) Гераклит.

@ 15.

Дар маркази таълимоти Пифагор ва пифагориён чизе меистод ва ҳамон чизро онҳо асоси ҳамаи мавҷудот медонистанд, он кадом аст?

$А) Худо;   $В) қонун;   $С) хирад;  $D) адад.

@ 16.

 Назарияи сабабият ба кадоме аз ин файласуфҳо мансуб аст?

$А) Парменид; $В) Афлотун;  $С) Арасту;  $Д) Суқрот;  $Е) Пифагор.

@ 17.

Эпикуриён ибтидои оламро дар чи медиданд?

 $А) атом;   $В) ҳаво;   $С) оташ;  $D) адад;  $Е) апейрон.

@ 18.

 Асосгузори даосизм кадоме аз ин файласуфони Чини қадим ба ҳисоб меравад?

$А) Мотсзи;   $В) Лаотсзи;   $С) Буддо;  $D) Конфутсий;  $Е) Чжуансзи.

@ 19.

Мактаби фалсафии Ҳинди қадим, ки зиндагиро ранҷу азоб медонад?

$А)Няя;  $В) Вайшешика;   $С) Даосизм;  $D) Йога;  $Е) Буддоия.

@ 20.

Кадоме аз ин таълимотҳои фалсафии Ҳинди қадим ба равияи материализм таалуқ дорад?

$А) Няя;   $В) Санкхя;   $С) Веданта;  $D) Миманса;  $Е) Чорвака

@ 21.

Сарчашмаи хаттии таълимоти буддоия кадоме аз ин китобҳо мебошад?

$А) Махабхарата;   $В) Агамас;   $С) Ригведа;  $D) Дао-де-тсзин;  $Е) Типитака.

@ 22.

Оғози ташаккулёбии афкори фалсафии Ҳинди қадим кадоме аз ин ҷараёнҳо мебошад?

$А) буддизм;   $В) сикхизм;   $С) ҷайнизм;  $D) браҳманизм;  $Е) ҳиндуизм.

@ 23.

 Назарияи «гелиосентризм» ба кӣ тааллӯқ дорад?

$А) Декарт;   $В) Бэкон;   $С)Коперник;  $D) Галилей;  $Е) Бруно.

@ 24.

Таълимоти материалистӣ дар Ҳинди қадим?

$А) ҷайния;   $В) буддоия;   $С) чорвака;  $D) йога;  $Е) ҳиндуия.

@ 25.

Ҷараёни динии Ҳинди қадим, ки оғози ташаккулёбии фалсафа низ ба он алоқамандӣ дорад, кадом аст?

$А) буддоия;   $В) браҳмания;   $С) ҷайния;  $D) йога;  $Е) вайшешика.

@ 26.

 Категорияҳои диалектикиро муайян кунед.

$А) талабот, муомилот, истеҳсолот;   $В) миқдору сифат, сабабу натиҷа;   $С) заряд, молекула, атом;  $D)  некӣ, бадӣ, зебоӣ, ҷасурӣ;

@ 27.

Ҷараёни динӣ-фалсафии Чини қадим, ки асосгузори он Лао-тсзи ба ҳисоб меравад, кадом аст?

$А) конфутсиячиги;   $В) даосизм;   $С) легизм;  $D) моизм;  $Е) буддизм.

@ 28.

 Намояндагони машҳури идеализми объективӣ киҳоянд?

 $А) Афлотун ва Гегел;   $В) Суқрот ва Арасту;   $С) Беркли ва Юм;  $D) Маркс ва Энгелс;  $Е) Демокрит ва Прменид.

@ 29.

Асосгузори таълимоти буддоия кист?

$А)Вардҳамана ;   $В) Патанҷали;   $С) Сидхартха Гаутама;  $D) Капила;  $Е) Нанак.

@ 30.

Ҳолати олӣ ва ҳадафи кушишҳои инсонӣ дар таълимоти буддоия?

$А) нирвана;   $В) карма;   $С) сансара;  $D) мокша;  $Е) дакха.

@ 31.

Мафҳуми Дао чиро ифода мекунад?

$А) оромии нафс;   $В)камолот;   $С) роҳ ба сӯи ашё;  $D) таносух;  $Е) гушанишинӣ.

@ 32.

Нахустин мактаби фалсафии Юнони бостон?

$А) мактаби пифагориён;   $В) мактаби атомистон;   $С) мактаби милет;  $D) мактаби равоқиён;  $Е) мактаби софистҳо.

@ 33.

Дар кадоме аз ин шаҳрҳои Юнони бостон аввалин мактаби фалсафӣ таъсис ёфтааст?

$А) Афина;   $В) Мигерия;   $С) Абдера;  $D) Эффес;  $Е) Милет.

@ 34.

Намояндагони мактаби Милетро нишон диҳед?

$А) Афлотун, Суқрот, Анаксимен;   $В) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен;   $С) Гераклит, Пифагор, Фалес;  $D) Парменид, Зенон, Ксенофон;  $Е) Арасту, Эмпедокл.

@ 35.

Дар маркази диққати файласуфони мактаби Милет кадом масъала қарор дошт?

$А) дин;   $В) муайян кардани нахусмабдаъи ҳастӣ;   $С) пешрафти ҷомеа;  $D) ахлоқ ва тарбияти инсонҳо;  $Е) назарияи маърифат.

@ 36.

Кадоме аз файласуфони Юнони бостон обро мабдаи аввал донистааст?

$А) Фалес;   $В) Гераклит;   $С) Пифагор;  $D) Анаксимандр;  $Е) Парменид.

@ 37.

Дар таълимоти кадом файласуфи юнонӣ ҳаво нахуст асос ба ҳисоб мерафт?

$А) Гераклит;   $В)Фалес;   $С) Пифагор;  $D) Анаксимен;  $Е) Эмпедокл.

@ 38.

Нахуст асоси ҳастӣ оташ аст кадоме аз ин файласуфони зерин чунин ақида дошт?

$А) Суқрот;   $В)Зенон;   $С) Гераклит;  $D) Демокрит;  $Е) Парменид.

@ 39.

Файласуфи Юнони бостон, ки нахусташёро об, хок, ҳаво ва оташ дониста, онҳоро абадиву тағйирнопазир медонист, кӣ буд?

$А) Эмпедокл;   $В) Арасту;   $С) Горгий;  $D) Левкип;  $Е) Фалес.

@ 40.

Анаксимандр ба сифати нахустасос чиро эътироф мекард?

$А) ҳаво;   $В) Апейрон;   $С) хок;  $D) оташ;  $Е) атом.

@ 41.

Пифагор ва пайравони ӯ чиро нахустасоси ҳастӣ медонистанд?

$А) об, оташ, хок ва обро;   $В) худоро;   $С) ададро;  $D) атомро;  $Е) ҳаворо.

@ 42.

 Масъалаи асосии фалсафа чист?

$А) муносибати байни шахс ва ҷомеа;   $В) муносибати байни дин ва илм;   $С) муносибати байни тафаккур ва ҳастӣ;  $D) муносибати байни инсон ва Худо;  $Е) муносибати байни субъект ва объект.

@ 43.

Намояндагони мактаби фалсафии Элей кадоме аз ин файласуфон мебошанд?

$А) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен;   $В) Зенон, Парменид, Ксенофан;   $С) Гераклит, Анаксагор, Эмпедокл;  $D) Демокрит, Левкип, Милес;  $Е) Афлотун, Суқрот, Арасту.

@ 44.

 Шаклҳои ҳаракати материя кадомҳоанд?

 $А) идеалистӣ, субъективӣ, объективӣ;  $В) позитивӣ, объективӣ; $С) механикӣ, физикӣ, химикӣ, биологӣ, иҷтимоӣ;  $D) биологӣ, иделӣ, истеҳсолӣ.

@ 45. Дар таърихи фалсафа асосгузори апорияҳо-муаммоҳои машҳури «Сангпушт», «Тир», «Ахили бодпой» кадоме аз ин файласуфон шинохта шудааст?

$А) Фалес; $В) Пифагор;  $С) Зенон;  $D) Афлотун;  $Е) Гераклит.

@ 46.

Гераклит ақида дошт, ки олам ҳамеша дар ҳоли:

$А) ҳаракат;  $В) оромӣ;  $С) хало;  $D) сукут;  $Е) нестӣ.

@ 47.

Кадоме аз файласуфони Юнони қадим ҳаракатро номумкин донистааст?

$А) Ксенофан;  $В) Гераклит;  $С) Демокрит;  $D) Суқрот;  $Е) Зенон.

@ 48.

Олам аз заррачаҳои хурди тақсимнопазир-атомҳо таркиб ёфтааст ин ақида ба ки мансуб аст?

$А) Демокрит;   $В) Пифагор;   $С) Фалес;  $D) Анаксагор;  $Е) Зенон.

@ 49.

Категорияи нестӣ дар таълимоти Демокрит бо кадом мафҳум ифода шудааст?

$А) мало(пур);   $В) хало(холигӣ);   $С) ҳаракат;  $D) ниҳоят;  $Е) ибтидо.

@ 50.

Назарияи ҳастишиносии Левкип ва Демокрит бо кадом ном машҳур аст?

$А) атомизм;   $В) идеализм;   $С) скептитсизм;  $D) софизм;  $Е) натурфалсафа.

@ 51.

Намояндаи мактаби софистҳо кадоме аз ин файласуфони зерин мебошад?

 $А) Афлотун;   $В) Протагор;   $С) Демокрит;  $D) Фалес;  $Е) Арасту.

@ 52.

Намояндагони мактаби фалсафии афинагиро муайян кунед?

$А) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен;   $В) Суқрот, Афлотун, Арасту;  $С) Зенон, Парменид, Ксенофон ;  $D) Гераклит, Анаксагор;  $Е) Левкип, Демокрит.

@ 53.

Мафҳуми «софия» дар аҳди бостон чиро ифода мекард?

$А) илм;   $В) ҳикмат;   $С) ҷаҳонбинӣ;  $D) идея;  $Е) шуур.

@ 54.

Афлотун ҳастиро тақсим кардааст ба олами ашёҳо, моддӣ ва олами?

$А) эҳсосот;   $В) идеяҳо;   $С) худоҳо;  $D) атомҳо.

@ 55.

Ҳастии воқеӣ аз назари Афлотун кадом аст?

$А) олами идеяҳо;   $В) алами ашёҳо;   $С) олами маҳсусот;  $D) олами мутаҳарик.

@ 56.

Фалсафаи аввал аз назари Арасту кадом аст?

$А) илм дар бораи табиат;   $В) илм дар бораи ҷамъият;   $С) илм дар бораи моҳият, сабаб ва ибтидои ҳама ашё;  $D) илм дар бораи зиндагӣ ва қонунҳо;  $Е) илм дар бораи идеяҳо.

@ 57.

Фалсафаи сонӣ аз назари Арасту кадом аст?

$А) илм дар бораи олами идеяҳо;   $В) илм дар бораи табиат;   $С) илм дар бораи ҷамъият;  $D) илм дар бораи моҳият, сабаб ва сароғоз. $Е) илм дар бораи идеяҳо.

@ 58.

Намояндагони мактаби фалсафии киникиҳо кадоме аз ин мутафаккирон маҳсуб мешаванд?

 $А) Гераклит, Анаксагор;  $В) Фалес, Анаксимен, Анаксимандр;   $С) Диоген, Антисфен;  $D) Суқрот, Афлотун, Арасту;  $Е) Левкип, Демокрит.

@ 59.

Ҷараёни фалсафие, ки материя-моддаро асоси мавҷудияти ҳамаи ашё медонад, кадом аст?

$А) агностисизм;   $В) идеализм;   $С) материализм;  $D) скептисизм;  $Е) дуализм.

@ 60.

Таълимоти фалсафӣ, ки рӯҳ-идеяро аввалин ва материяро маҳсули он медонад, нишон диҳед?

$А) сенсуализм;   $В)прагматизм;   $С) материализм;  $D) агностисизм;  $Е) идеализм.

@ 61.

Таълимоти идеалистӣ дар фалсафа, ки олами ҳастиро берун аз шуурин инсон ва новобаста аз он медонад, муайян кунед?

$А) идеализми субъективӣ;   $В) идеализми объективӣ;   $С) материализми метафизикӣ;  $D) агностисизм;  $Е) скептисизм.

@ 62.

Таълимоти идеалистӣ дар фалсафа, ки олами берунаро аз шуури инсон вобаста медонад, кадом аст?

$А) материализми содалавҳона;   $В) идеализми объективӣ;   $С) материализми механикӣ;  $D) идеализми субъективӣ;  $Е) прагматизм.

@ 63.

Кадоме аз ин ҷараёнҳои идеалистӣ дарки мантиқиву хирадмандонаи воқеиятро имконнопазир медонад? 

$А) агностисизм;   $В) сенсуализм;   $С) ратсионализм;  $D) ирратсионализм;  $Е) идеализми субъективӣ.

@ 64.

Таълимоти фалсафие, ки даъво дорад танҳо «Ман» ва эҳсосоти ман вуҷуд дорад, кадом аст?

$А) идеализми объективӣ;   $В) сенсуализм;   $С) скептисизм;  $D) солипсизм;  $Е) идеализми субъективӣ.

@ 65. Ҷаҳонбиние, ки нуқтаи назари объективиро нисбат ба воқеият ба эътибор намегирад, чи ном дорад?

$А) идеализм;   $В) материализм;   $С) субъективизм;  $D) солипсизм;  $Е) сенсуализм.

@ 66.

Ҷараёни фалсафие, ки Худоро ҳамчун офаридгор эътироф карда, дахолати минбаъдаи онро дар ҷузъиён қабул надорад кадом аст?

 $А) деизм;   $В) дуализм;   $С) монизм;  $D) агностисизм;  $Е) скептисизм.

@ 67.

Назарияи фалсафие, ки мувофиқи он олам ё ибтидои моддӣ ё рӯҳонӣ дорад, кадом аст?

$А) деизм;   $В) дуализм;   $С) монизм;  $D) субъективизм;  $Е) атеизм.

@ 68.

Кадом таълимот ибтидои моддӣ ва рӯҳонии оламро баробар медонад?

$А) дуализм;   $В) деизм;   $С) монизм;  $D) агностисизм;  $Е) метафизика.

@ 69.

Яке аз таълимотҳои фалсафӣ, ки ибтидои ҳастиро зиёду гуногун донистааст, кадом аст?

$А) монизм;   $В) плюрализм;   $С) дуализм;  $D) идеализм;  $Е) солипсизм.

@ 70.

Мувофиқи кадом ҷараёни фалсафӣ олам умуман донистанашаванда аст?

$А) ратсионализм;   $В) агностисизм;   $С) скептисизм;  $D) идеализм;  $Е) деизм.

@ 71.

Чараёни фалсафие, ки донисташавандагии оламро зери шубҳа гузошта, ба қобилияти донишҳои инсонӣ бовар надорад, кадом аст?

$А) скептисизм;   $В) агностисизм;   $С) ирратсионализм;  $D) дуализм;  $Е) субъективизм.

@ 72.

Мувофиқи таълимоти кадом ҷараёни фалсафӣ маърифат-нисбӣ, шартӣ ва субъективӣ  аст?

$А) релятивизм;   $В) агностисизм;   $С) прагматизм;  $D) идеализми субъективӣ;  $Е) материализми метафизикӣ.

@ 73.

Ҷараёни фалсафие, ки  эҳсос ва идрокро асоси донишҳои саҳеҳу ҳақиқӣ медонад, кадом аст?

$А) солипсизм;   $В) субъективизм;   $С) сенсуализм;  $D) идеализми объективӣ;  $Е) материализми метафизикӣ.

@ 74.

Ҷараёни фалсафӣ, ки асоси донишҳо ва рафтори инсонҳоро аз ақлу хирад иборат медонад, кадом аст?

 $А) сенсуализм;   $В) агностисизм;   $С) ратсионализм;  $D) материализм;  $Е) солипсизм.

@ 75.

Ҷараёни фалсафӣ, ки нақши хирадро дар маърифат инкор ё маҳдуд дониста, ирода, муроқиба, ҳис ва интуитсияро дар мадди аввал мегузорад, кадом аст?

$А) скептисизм;   $В) ирратсионализм;   $С) ратсионализм;  $D) субъективизм;  $Е) агностисизм.

@ 76.

Масъалаи асосии фалсафа кадом аст?

$А) муносибати одам ба дин;  $В) муносибати шуур бо рӯҳ;  $С) материализм ва агностисизм;  $D) масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ.

@ 77.

Ду ҷиҳати масъалаи асосии фалсафа кадомҳоанд?

$А) ягонагии моддиёт ва рӯҳониёт;   $В) донисташавандагии олам;   $С) онтологӣ ва гносеологӣ;  $D) зиддияти моддиёт ва рӯҳониёт;  $Е) маърифати ҳодисаҳо.

@ 78.

Кадом шаклҳои асосии материализмро медонед?

$А) материализми атеистӣ, идеалистӣ, монистӣ; $В) атеистӣ, диалектикӣ, механикӣ, метафизикӣ; $С) дуалистӣ, субъективӣ, объективӣ; $D) метафизикӣ, механикӣ, идеалистӣ, субъективӣ;  $Е) вулгарӣ, сенсуалистӣ, монистӣ.

@79.

Фалсафа чист?

$A) ҳикмат ва маърифати олам; $B) арзиши изофаро меомeзад; $C) муносибатҳои сиёсӣ ва ҳастии ҷамъиятро меомӯзад; $D) фаъолияти сиёсӣ ва раванди сиёсиро меомӯзад; $E) илм дар бораи дурнамоӣ ва пешгӯӣ аст;

@80.

Кадом шаклҳои асосии идеализм маълум аст?

$A) идеализми объективӣ; $B) идеализми Гегель; $C) идеализми субъективӣ; $D) идеализми объективӣ ва субъективӣ; $E) идеализми Афлотун;

@81.

Масъалаи асосии фалсафа мутобиқ ба ҳастии ҷамъиятӣ чӣ гуна аст?

$A) ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият; $B) муносибати ҷамъиятӣ; $C) муносибати материализм ва идеализм; $D) муносибати идеализм ва рӯҳ; $E) таносуби ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ;

@82.

Ҳастӣ чист?

$A) ҳастӣ – фаъолияту амали одамон нисбат ба дигар мавҷудот; $B) ҳастӣ – ташаккули қувваҳои пешравандаи ҷомеа; $C) ҳастӣ – воқеъияти ҳамарофарогиранда ва дар бораи кулли мавҷудоти олам; $D) истеҳсоли қувваҳои истеҳсолкунанда; $E) истеҳсоли неъматҳои моддӣ;

@83.

Категорияи “ҳастӣ” бори аввал аз ҷониби кадом файласуф мавриди истифода қарор гирифтааст?

$A) Демокрит; $B) Арасту; $C) Гегель; $D) Парменид; $E) Афлотун;

@ 84.

Ҳастӣ чанд шакл дорад?

$A) ҳастӣ шашто шакл дорад; $B) ҳастӣ чорто шакл дорад; $C) ҳастӣ даҳто шакл дорад; $D) ҳастӣ ҳафто шакл дорад; $E) ҳастӣ сето шакл дорад;

@85.

Шаклҳои пурраи ҳастӣ кадомҳоанд?

$A) шаклҳои ҳастии чизҳо, инсон ва рӯҳ; $B) шаклҳои ҳастии иҷтимоӣ, инсонӣ ва чизҳо; $C) шаклҳои ҳастии чизҳо (ҷисмҳо), равандҳо ва унсурҳои табиӣ, инсон, рӯҳонӣ ва иҷтимоӣ; $D) шаклҳои ҳастии рӯҳонӣ, чизҳо ва иҷтимоӣ; $E) шаклҳои ҳастии иҷтимоӣ ва рӯҳонӣ;

@86.

Шаклхои шуури ҷамъиятиро нишон диҳед?

$A) муносибати ҷамъиятӣ; $B) муносибати истеҳсолӣ; $C) ахлоқ, фалсафа, ҳуқуқ, сиёсат, санъат, дин; $D) фаъолияти эҷодии одамон; $E) фаъолияти бошууронаи одамон;

@87.

Маънои материяро пайдо кунед?

$A) берун аз шуур вуҷуд дорад; $B) маҳвнопазир аст; $C) маънои моддаро дорад; $D) реалияти объективист; $E) дар замон абадӣ нест;

@88.

Хосиятҳои асосии материя кадомҳоянд?

$A) бепоёнӣ, абадият, шаклпазирӣ, тағирёбанда ва ҳаракат; $B) абадӣ; $C) маҳвнопазир; $D) беохирӣ; $E) офариданашуда;

@89.

Инкишоф дорои кадом хосиятҳост?

$A) нотакрор; $B) даврӣ; $D) такроршаванда; $E) ба шакли спирал болораванда.

@90.

Материя дар куҷо ва аз рӯи чӣ ҳаракат мекунад?

$A) материя дар фазо ҳаракат мекунад; $B) материя танҳо дар дарозӣ ҳаракат мекунад; $C) материя дар макон ва замон ҳаракат мекунад; $D) материя дар макон ва замон ҳаракат намекунад; $E) материя дар замони беҳудуд ҳаракат мекунад;

@91.

Мафҳуми диалектика чист?

$A) диалектика табиат аст; $B) диалектика санъати идоракунӣ аст; $C) диалектика маданияти баҳсу мунозира ва санъати сухан аст; $D) диалектика маънои санъати баҳсро намедиҳад; $E) диалектика таълимот дар бораи инкишоф аст;

@92.

Мафҳуми диалектикаро кадом файласуф бори аввал ҳамчун усули собит сохтани баҳсу мунозира мавриди истифода қарор додааст?

$A) Гегел; $B) Гераклит; $C) Суқрот; $D) Демокрит; $E) Афлотун;

@93.

Қонунҳо ва категорияҳои диалектикаро дар заминаи идеалистӣ кадом файласуф муайян кардааст?

$A) Суқрот; $B) Афлотун; $C) Маркс К.; $D) Гегел; $E) Арасту;

@94.

Асосгузорони диалектикаи материалистӣ киҳоанд?

$A) Афлотуну Арасту; $B) Суқроту Демокрит; $C) К.Маркс ва Ф.Энгелс; $D) Евклиду Анаксимен; $E) Анаксагору Буқрот;

@95.

Метафизика чист?

$A) метафизика санъати сухан аст; $B) метафизика усули монанди диалектика аст; $C) метафизика усуле, ки муқобили усули диалектика меистад; $D) метафизика инъикоси олами беруна аст; $E) метафизика зинаи аввали дониш аст;

@96.

Қонуни асосии диалектикаро муайян кунед?

$A) қонунҳои умумӣ; $B) қонунҳои ҷудогона; $C) қонунҳои тараққиёти тарзи истеҳсолот; $D) қонунҳои ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо; $E) қонуни форматсияи ҷамъиятӣ;

@ 97.

Категорияи асосии диалектикаро нишон диҳед?

$A) метафизика; $B) диалектика; $C) инкишоф; $D) робитаи кулл; $E) фард ва кулл,  зарурат ва тасодуф ва ғ.;

@98.

Моҳияти инсон дар нисбати мавҷудоти дигар дар чӣ зоҳир мешавад?

$A) инсон мавҷуди таърихӣ-ҷуғрофӣ аст; $B) инсон мавҷуди биологӣ аст; $C) инсон мавҷуди биологӣ ва иҷтимоӣ аст; $D) инсон мавҷуди биохимиявӣ аст; $E) инсон мавҷуди психологӣ аст;

@  99.

Мафҳуми шуур ва пайдоиши он?

$A) шуур хосияти ибтидоии материя буда, дар зинаи муайяни таърихӣ пайдо шудааст; $B) шуур новобаста аз материя ва берун аз он вуҷуд дорад; $C) шуур ва материя новобаста аз ҳамдигар баробар вуҷуд доранд; $D) шуур аз мағзи сар вобаста ва инъикоси субъективии олами объективист; $E) шуур аз мағзи сар ва нутқ вобастагӣ надорад;

@ 100.

Дараҷҳои шуури ҷамъиятиро нишон диҳед?

$A) ақидаҳо ва ғояҳо; $B) психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъиятӣ; $C) таълимот ва назарияҳо; $D) ғояҳо; $E) мазҳаб;

@ 101.

Меъёри acосии маърифатро муайян намоед?

$A) меъёри асосии маърифат фаъолият аст; $B) меъёри асосии маърифат таҷриба аст; $С) меъёри асосии маърифат ҳақиқат аст; $D) меъёри асосии маърифат ҳастӣ мебошад; $E) меъёри асосии маърифат манфиат аст;

@ 102.

Кадом таълимот асоси маърифати инсониро аз “ақл”, “хирад” ва “ҳуш”  иборат медонад?

$A) эмпиризм; $B) сенсуализм; $C) прагматизм; $D) ратсионализм; $E) марксизм;

@ 103.

Сатҳи ибтидоии раванди маърифат кадом дониш мебошад?

$A) идрок; $B) донишҳои ҳиссӣ; $C) ахборот; $D) донишҳои абстрактӣ; $E) тасаввурот;

@ 104.

Сатҳи дуюми маърифат кадом донишҳоянд?

$A) донишҳои ҳиссӣ; $B) ахборот; $C) ҳиссӣ, идрок; $D) донишҳои ақлӣ; $E) донишҳои ҳиссӣ ва зеҳнӣ;

@105.

Фаҳмиши васеъи табиатро қайд кунед?

$A) табиат дарахтон ва марғзоранд; $B) табиат, дарёҳо ва кӯҳсорҳо мебошад; $C) табиат – ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст; $D) табиат хонаҳо ва кӯчаҳо мебошад; $E) табиат гулзорҳо ва хиёбонҳо мебошад;

@106.

Асоси мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро чӣ ташкил медиҳад?

$A) асоси мавҷудияти ҷомеаро амал ва фаъолияти одамон ташкил медиҳанд; $B) мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро илмҳои ҷамъиятшиносӣ ташкил медиҳад; $C) ҷомеа новобаста аз табиат вуҷуд дорад; $D) асоси мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро ҳастии ҷамъиятӣ ташкил додааст; $E) мавҷудияти ҷомеа аз қувваи фавқуттабиӣ вобаста мебошад;

@107.

Муносибати инсонро бо табиат кадом соҳаи илми табиатшиносӣ ба танзим медарорад?

$A) физика; $B) химия; $C) зоология; $D) экология; $E) математика;

@ 108.

Меҳнат чист ва он ба фаъолияти одамон чӣ иртибот дорад?

$A) меҳнат амал ва фаъолияти бошууронаи одам буда барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истифода мегардад; $B) меҳнат ба фаъолияти одамон вобаста нест; $C) дар натиҷаи меҳнат неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истеҳсол карда намешаванд; $D) меҳнат фаъолияти бешуурона мебошад; $E) меҳнат муқобили фаъолияти инсонӣ аст;

@ 109.

Қонунҳои ҷомеа чӣ тавр зуҳур меёбанд?

$A) қонунҳои ҷомеа ба таври стихиявӣ зуҳур мекунанд; $B) қонунҳои ҷомеа худ ба худ зуҳур мекунанд; $C) қонунҳои ҷомеа бо воситаи фаъолияти бошууронаи одамон зуҳур мекунанд; $D) қонунҳои ҷомеа дарозмуддатанд; $E) қонунҳои ҷомеа дар муддати дуру дарози таърихӣ амал намекунанд;

@ 110.

Кадоме аз  мутафаккирони Юнони қадим обу рутубатро мабдаи олам пиндоштааст?

$A) Анаксимандр; $B) Фалес; $C) Демокрит; $D) Афлотун; $E) Арасту;

@ 111.

Аввалин файласуфи материалисти Юнони қадим ки буд, муайян намоед!

$A) Афлотун; $B) Арасту; $C) Суқрот; $D) Демокрит; $E) Фалес;

@ 112.

Аз байни осори Афлотун машҳуртарини он кадом асари ӯ мебошад, муайян кунед!

$A) Сиёсат; $B) Нафс; $C) Мусул; $D) Суфастоиён; $E) Китоби Ҷумҳурият;

@ 113.

Кадоме аз мутафакирони Юнони қадим таркиби ҷомеаро аз се табақа; файласуфон, сипоҳиён ва савдогаронру кишоварзон иборат медонад?

$A) Суқрот; $B) Демокрит; $C) Фалес; $D) Афлотун; $E) Ксенофан;

@ 114.

Чаро пайравони Афротунро идеалистон меноманд?

$A) зеро онҳо ба идея қоил буданд; $B) онҳо идеяро намепарастиданд; $C) ба идея бовар надоштанд; $D) ҳис ва идрокро асоси дониш медонистанд; $E) ҳақиқатро асоси олам меҳисобиданд;

@ 115.

Ҳикмати «машшоъ» чи маъно дорад ва он ба кӣ тааллуқ дорад?

$A) нишаста баён кардан ва ба Демокрит тааллуқ дорад; $B) аз минбар баён кардани ақида ва ба Гераклит тааллуқ дорад; $C) қадам зада дарс гузаштан ва ба Арасту тааллуқ дорад; $D) дар ҳалқаи одамон сухан гуфтан ва ба Фалес тааллуқ дорад; $E) берун аз синф дарс гирифтан ва ба касе тааллуr надорад;

@ 116.

Кори таълиму тарбияро кадом мутафаккир ба давлат мансуб медонад?

$A) Афлотун; $B) Демокрит; $C) Арасту; $D) Фалес; $E) Анаксимен;

@ 117.

Таълимоте, ки ба чизҳои беҷон, ҷисмҳои осмонӣ, ҳайвонҳо ва ғ. хислатҳои инсониро нисбат медиҳад, кадом аст?

$А) прагматизм;   $В) антропоморфизм;   $С) деизм;  $D) антропосентризм;  $Е) реализм.

@ 118.

Вазифаи асосии фалсафаи асрҳои миёна аз нуқтаи назари схоластикҳо аз чи борат аст?

$А) таҳқиқи ҳақиқти иҷтимоӣ;   $В) омӯзиши табиат;   $С) пайдо кардани далелҳои ақлии имону эътиқод;  $D) ташаккули фалсафаи христианӣ (масеҳӣ) дар баробари  бутпарастӣ ва бединӣ; $Е) рушду инкишофи улуми дунявӣ.

@ 119.

Дар таърихи фалсафа таълимоти Фомаи Аквинӣ бо кадом ном машҳур аст?

$А) атомизм;   $В) томизм;   $С) августинизм;  $D) марксизм;  $Е) попизм.

@ 120.

Дар фалсафаи арабҳо ва форсизабонон идеяҳои кадоме аз ин файласуфони зерин истифода нашудаанд?

$А) Афлотун;   $В) Флутин;   $С) Зенон;  $D) Арасту.

@ 121.

Ғарбиҳо кадоме аз ин файласуфони зеринро Аверроэс ном мебаранд?

$А) Киндӣ;   $В) Форобӣ;   $С) Ибни Рушд;  $D) Ибни Сино;  $Е) Суҳравардӣ.

@ 122.

Ибни Сино оламро чи гуна маънидод мекард?

$А) нерӯи кӯр-кӯронаи табиат;   $В) хиради илоҳӣ;   $С) иродаи илоҳӣ;  $D) ирода ва хиради илоҳӣ.

@ 123.

Ғаззолӣ дар асари худ «Таҳофут-ул-фалосифа» кадом нуқтаи назарро истифода намудааст?

$А) диалектикӣ;   $В) скептикӣ;   $С) ирфонӣ;  $D) ратсионалистӣ-хирадгароӣ;  $Е) онтологӣ.

@ 124.

Дар фалсафаи асрҳои миёна истилоҳе, ки мафҳумҳои куллӣ, умумиро ифода мекард, кадом аст?

$А) реализм;   $В) номинализм;   $С) универсализм;  $D) догматизм;  $Е) томизм.

@ 125.

  Намояндагони машҳури номинализми асримиёнагӣ киҳо ба ҳисоб мерафтанд?

$А) Фомаи Аквинӣ, Августин, Аврелий;   $В) Дунс Скот, Иоан Дамаскин ;   $С) Ибни Сино, Ибни Рушд;  $D) Иоан Росцелин, Уилям Оккама.

@ 126.

Давраи Эҳё кадом асрҳоро дар бар мегирад?

) XIV-XVI ;   $В) X-XII;   $С) XII- XIII;  $D) XIII- XV;  $Е) XV- XVII.

@ 127.

Фалсафа ин:

$А) таълимоти антиқӣ доир ба табиат ва материя;   $В) таълимот доир ба оромии рӯҳ ва озодӣ;   $С) таълимот доир ба қонунҳои умумитарини табиат, ҷамъият, тафаккур ва раванди маърифат;  $D) силоҳи маънавии синфи коргар;  $Е) таълимот дар бораи тафаккури дуруст.

@ 128.

Асотир чист?

$А) илм доир ба инсон;   $В) таълимот доир ба таҳлили ва омехтагии фалсафа, дин ва илм;   $С) таълимоти антиқӣ доир ба табиат ва материя;  $D) илм доир ба пешрафту инкишофи ҷомеа;  $Е) инъикоси тахаюлӣ-фантастикии воқеъият дар шуури одамони ибтидоӣ.

@ 129.

Натурфалсафа ин :

$А) илм дар бораи инсон;   $В) таълимот дар бораи фалсафа, дин, илм ва муносибати байни онҳо;   $С) хусусияти инсонӣ додан ба ашё ва падидаҳои олам;  $D) фалсафаи табиат, таълимоти фалсафиест, ки асосан табиатро ақлан маънидод намуда онро чун як чизи том тасвир мекунад;  $Е) таълимот доир ба ҳаракат ва шаклҳои он.

@ 130.

Кадоме аз ин файласуфон ба фалсафаи антиқӣ тааллуқ дорад?

$А) Кант;   $В) Декарт;   $С) Спиноза;  $D) Арасту;  $Е) Фомаи Аквинӣ.

 @ 131.

Аз файласуфони зерин кадоме намояндаи фалсафаи асрҳои миёна мебошад?

 $А) Фейербах;   $В) Афлотун;   $С) Фомаи Аквинӣ;  $D) Гелветсий;  $Е) Пратагор.

@ 132.

Схоластика ҷараёни фалсафии кадом аср ба ҳисоб меравад?

$А) давраи Эҳ;   $В) асрҳои миёна;   $С) даврони антиқа;  $D) фалсафаи классикии немис;  $Е) фалсафаи муосир.

@ 133.

Номинализм ба кадоме аз давраҳои таърихии фалсафӣ рост меояд?

$А) Замони Нав;   $В) асрҳои миёна;   $С)  фалсафаи муосири ғарбӣ;  $D) фалсафаи асрҳои 19-20-и рус;  $Е) аҳди бостон.

@ 134.

Экзистенсиализм ба кадоме аз ин давраҳо мансуб аст?

$А) аҳди бостон;   $В) фалсафаи муосири ғарбӣ;   $С) асрҳои миёна;  $D) фалсафаи классикии немис;  $Е) давраи Эҳё.

@ 135.

Ҷараёни фалсафии позитивизм ба кадоме аз ин давраҳо таалуқ дорад?

$А) фалсафаи муосири ғарбӣ;   $В) Замони Нав;   $С) давраи Эҳё;  $D) аҳди бостон;  $Е) асрҳои миёна.

@ 136.

Гегел намояндаи кадоме аз ин ҷараёнҳои фалсафӣ аст?

$А) фалсафаи ҳаёт;   $В) материализми диалектикӣ ва таърихӣ;   $С) психоанализ;  $D) идеализми объективӣ;  $Е) прагматизм.

@ 137.

Дар маркази диққати файласуфони асрҳои миёна чи қарор дошт?

$А) Табиат;   $В) Худо;   $С) гуманизм;  $D) назарияи маърифат;  $Е) танқиди капитализм.

@ 138.

Ҳақиқат аз назари прагматизм

$А) мувофиқати фикр бо воқеъият; $В) ҳамаи он чизе, ки аз мушоҳидаву таҷриба ба даст омадааст;   $С) ҳамаи ончизе, ки инкор карда нашавад;  $D) он чизе, ки ба инсон манфиат меорад;  $Е) ҳақиқат умуман вуҷуд надорад.

@ 139.

Кадоме аз ин навъҳои таърихии ҷаҳонбинӣ аз рӯи тартиб дар аввал меистад?

 $А) дин;   $В) фалсафа;   $С) илм;  $D) асотир.

@ 140. 

Вазифаҳои фалсафа иборатанд аз: 

$А) ҷаҳонбинӣ-маърифатӣ;   $В) аксиологӣ-муайянкунандагӣ;   $С) методологӣ-пешгӯикунанда;  $D)  тарбиявӣ-гуманитарӣ; $Е) ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ.

@ 141.

Қисмҳои асосии фалсафаро нишон диҳед?

$А) онтология, гносеология, антропология, аксиология;   $В)политология, фразеология, сотсиология, антропология;   $С) морфология, онтология, аксиология, политология;  $D) гносеология, онтология, фразеология, психология;  $Е) психология, политология, морфология, антропология.

@ 142.

Таълимоти фалсафӣ доир ба қонунҳои умумии маърифат ин:

$А) гносеология;   $В) онтология;   $С) этика;  $D) эмпиризм;  $Е) эстетика.
@ 143.

Аксиология-таълимот дар бораи:

$А) арзишҳо, пайдоиш ва моҳияти онҳо;   $В) фарҳанги маънавии ҷомеа ва инсон;   $С) зебогиҳо;  $D) моҳияти таърихии инсон;  $Е) некӣ ва бадӣ.

@ 144.

Асоси ҷаҳонбинии диниро чи ташкил мекунад?

$А) накӯкорӣ;   $В) хирадмандӣ;   $С) донишҳо;  $D) биму хавф;  $Е) эътиқоду боварӣ.

@ 145.

Фалсафа аз пайдоиши худ то имрӯз муқобил ва фошкунандаи:

$А) илм;   $В) санъат;   $С) дин;  $D) ахлоқ;  $Е) асотир.

@ 146.

Ҷиҳатҳои асосии масъалаи асосии фалсафаро муайян намоед:

$А) аксиологӣ ва маърифатӣ;   $В) гуманистӣ ва ахлоқӣ;   $С) онтологӣ ва гносеологӣ;  $D) эмпирикӣ ва психологӣ ;  $Е) методологӣ ва ратсионалистӣ.

@ 147.

Намояндагони фалсафаи классискии олмонро муайян кунед.

$А) К.Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин;   $В) Кант, Гегель, Фихте, Шеллинг, Фейербах;   $С) Шопенгауер, Нитсше.

@ 148.

Истилоҳи  «гуманизм» чиро ифода мекунад?

$А) илоҳиёт;   $В) инсондӯстӣ;   $С) табиатпарастӣ;  $D) ҳайвоният;  $Е) ақлгароӣ.

@ 149.

Таълимоти фалсафӣ, ки масъалаҳои ҳастиро меомӯзад:

$А) этика;   $В) аксиология;   $С) онтология;  $D) антропология;  $Е) сотсиология.

@ 150. Абӯалӣ ибни Сино намояндаи кадом мактаби фалсафӣ мебошад?

$А) тасаввуф;   $В) калом;   $С) даҳрия;  $D) машшоия;  $Е) табоия.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.