Тестовые вопросы с ответами и без ответами

Саволхо аз фанни грамматика

 @ 1.

Забони тоҷикӣ ба кадом гурӯҳи забонҳо мансуб аст?

$A) славянӣ;   $B) олмонӣ;     $C) эронӣ;     $D) ҳиндӣ;  $E) туркӣ;

@2.

Тартиби муайяни ҳарфҳоро чӣ мегӯянд?

$A)  имло;   $B)  зада;     $C)  ҳиҷо;  $D)  фонетика;  $E) алифбо;

@3.

Фонетика чиро меомӯзад?

$A) алифборо;   $B)  ҳиҷоро;     $C)  овозро;   $D) калимаҳоро; $E) ҳарфҳоро;

@4.

Ба ҳиссаҳо ҷудо шудани калимаҳоро чӣ меноманд?

$A)  пасванд;   $B)  пешванд;     $C)  нидо;     $D)  ҳиҷо;   $E) пасоянд;

@5.

Шакл ва сохти калимаҳоро кадом бахши забон меомӯзад?

$A) лексикография;  $B) фразеология; $C) лексикология; $D) морфология;   $E) фонетика;

@6.

Бандаки изофӣ кадом навъи алоқаро созмон медиҳад?

$A) пешояндӣ;   $B) пасвандӣ; $C) изофӣ; $D) пасвандиву пешояндӣ;        $E)    ягон намудро;

@7.

Мафҳуми ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A)  сифат;   $B)    шумора;    $C) зарф;  $D) исм;   $E) феъл;

@8.

Аломати ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A)  сифат;   $B) шумора;     $C) зарф;     $D) исм;  $E) феъл;

@9.

Миқдори ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A)  нидо;  $B) шумора;  $C) зарф;     $D) исм; $E) феъл;

@10.

Кадом ҳиссаи нутқ предмет, аломат ва миқдорро нишон медиҳад?

$A)  ҷонишин;   $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@11.

Сохти ҷонишинҳои ҳамин, ҳамон, инчунин, ончунон –ро  муайян кунед?

$A) сода;   $B) сохта;  $C) одӣ;     $D) мураккаб;     $E) таркибӣ;

@12.

Калимаҳои рав, бин, навис ба кадом асоси замонҳои феъл мансубанд?

$A)  замони ҳозира;   $B)  замони гузашта;     $C)  замони гузаштаи дур;     $D) замони гузаштаи наздик;     $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@13.

Навишти кадом шакли феълӣ дуруст мебошад?

$A) ханда кунон  рафт $B) хандидарафт;     $C) хандида хандида рафт;     $D)          хандакунон рафт;     $E) ханда-кунон рафт;

@14.

Калимаҳои бозикунон, навозишкунон, роҳравон ба кадом навъи феълҳо мансубанд?

$A) феъли таркибӣ;   $B) феъли сода;     $C) феъли сохта;     $D) феъли ҳол;     $E) сифати феълӣ;

@15.

Дар байти зерин имлои кадом калима хато аст?

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод. Бозор Собир.

$A) ҳарчи; $B) дунё; $C) хитта; $D) Балх; $E) Бухоро;

@16.

Мардуми тоҷик аз кадом хатҳо истифода бурдаанд?

$A) лотинӣ, юнонӣ;   $B) суғдӣ, хитоӣ;     $C) кириллӣ, лотинӣ;     $D) қирғизӣ,          форсӣ;    $E) ҳиндӣ, арабӣ;

@17.

Ҳарфҳои садонокро нишон диҳед?

$A) а, и, о, у, ӯ, э;   $B) а, б, п, л;    $C) а, и, й, о, у, ғ;   $D) д, и,о,р,а;  $E) т, ш, н, у;

@18.

Кадом овозҳо ҳиҷо месозанд?

$A) ҳамсадоҳо;   $B) ҷарангдорҳо;  $C) беҷарангҳо; $D) димоғиҳо; $E) садонокҳо;

@19.

Ҷойи кадом ҳарфҳо дар алифбои нав тағйир ёфт?

$A) а, з, р, в;   $B)  г, ғ, б, д;     $C) м, т, ф, ҳ;  $D)  ц, ы,щ,ь;   $E) ғ, ӣ, қ, ӯ;

@20.

Навишти кадом ибора дуруст аст?

$A) марги суҳроб;   $B)  марги модар андар; $C) маргӣ модаркалон;  $D) марги Судхӯр;     $E) марги нобаҳангом;

@21.

Кадоме аз ин калимаҳо дар шакли ҷамъ омадааст?

$A) модаре; $B) модарон; $C) модараш;  $D) модар-ш;

@22.

Ҷамъбандӣ  хоси кадом ҳиссаи нутқ аст?

$A)  сифат;   $B) шумора;   $C) зарф;   $D) исм;  $E) феъл;

@23.

Кадоме аз калимаҳои зерин тарзи (варианти) дигари навишт (чун чор- чаҳор) доранд?

$A) падар; $B) ватан; $C) нигоҳ; $D) бой; $E) хайрхоҳ;

@24.

Навишти кадом шакли ҷонишинҳо дуруст мебошад?

$A) ҳам ин; ҳамон;  $B) чи, ки; $C) кӣ, чӣ; $D) чигуна, чӣ тарз;  $E) ингуна, интарз;

@25.

Калимаҳо ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар ба кадом навъи ҷонишин мансубанд?

$A) ишоратӣ;   $B)       соҳибӣ;     $C) нисфӣ;     $D) муштарак;     $E) таркибӣ;

@26.

Калимаҳои хон, пӯш, нӯш, фирист ба кадом асоси замони феъл мансубанд?

$A) замони ҳозира;   $B) замони гузашта;     $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи наздик; $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@27.

Пешвандҳои феълсозро нишон диҳед?

$A) –ба, -бу, -на, -ҳаме, -ме;   $B)   дар-, бар-, фар- фур;     $C)-ам, -и, -ем, -анд; $D) би, ем, ҳаме, бор;     $E) бор-, и-, -анд;

@28.

Калимаҳои хандон- хандон, давон – давон  кадом навъи феъланд?

$A) феъли таркибӣ;   $B)    феъли сода;     $C) феъли сохта;     $D) феъли ҳоли          такрор;     $E) сифати феълӣ;

@29.

Калимаҳои шукуфт, фаҳмид, фиристод  ба кадом асоси замони феъл мансубанд?

$A) асоси замони ҳозира оянда;  $B) асоси замони гузашта;  $C) асоси замони ҳозира;    $D) асоси замони гузаштаи муайян;  $E) асоси замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@30.

Кадоме аз ин гурӯҳ исмҳои хос нодуруст навишта шудаанд?

$A) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; $B) Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашкониён, Арбобкамолҳо; $C) Баҳроми Гӯр, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир; $D) Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Эъломияи Ҳуқуқи Башар; $E) Дарвоз, Зарафшон, Исёни Муқаннаъ;

@31.

Давраи бостон ба замони давлатдории кадом сулола мувофиқ меояд?

$A)Ашкониён; $B) Сосониён; $C) Каёниён; $D) Сомониён;                                       $E)  Ҳахоманишиён;

@32.

Хатти мехӣ ба кадом давраи забон хос аст?

$A)  давраи нав;   $B)        давраи миёна;  $C)  давраи бостон;     $D)  давраи инқилоб;     $E)  давраи истиқлол;

@33.

Кадом аз ин калимаҳо аз нигоҳи навишт дурустанд?

$A) тафсиф; $B) татқиқ; $C) татбиқ; $D) таъйин; $E) тағир;

@34.

Хатти лотинӣ то соли чандум дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошт?

$A) 1989; $B) 1921; $C) 1928; $D) 1922; $E) 1940;

@35.

Пешояндҳо ба кадом бахши забон дохил мешаванд?

$A) лексикография;   $B) калимаҳои ёридиҳанда; $C) лексикология;     $D) сифат; $E) фонетика;

@36.

Кадоме аз ин навишти феъли ҳол дуруст аст?

$A) сӯҳбат кунон; $B) суруд хонон; $C) қоҳқоҳзанон  $D)нигоҳ-кунон; $E) пичир- пичиркунон; 

@37.

Исм дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?

$A)  феъл;   $B) муайянкунанда;     $C)  пуркунанда;     $D)  зарф;     $E)  мубтадо;

@ 38.

Кадом ҳиссаи нутқ дорои дараҷа мебошад?

$A)  сифат;   $B)  шумора;     $C) ҷонишин;     $D) исм;    $E) феъл;

@39.

Тарзи дуруст навиштани нумеративи – то -ро бо шумораи миқдорӣ муйян намоед:

$A) ду то; $B) 7то; $C) дуто; $D) шаш-то; $E) 100 то;

@40.

 Дар кадом банд ташдид дуруст гузошта шудааст?

$A) таввалуд;   $B) сода;     $C) мувафаққият;     $D) ташаббус;  $E) таннафус;

@41.

Бандакҷонишинҳои соҳибиро нишон диҳед?

$A)-ам, -ат, -аш; $B)     бе, бо, ба;     $C)  гар, ар, агар;     $D) ибн, пур, дӯхт;     $E) то, но-, вале;

@42.

Кадом аз ин воситаҳои грамматикӣ ҳамеша безада талффуз мешавад?

$A) бандаки изофӣ;   $B) пасвандҳо;  $C) бандакҳои хабарӣ;     $D)  бандакҳои феълӣ ва хабарӣ;  $E) бандакҳои  феълӣ;

@43.

Феълҳои рав, рафт  ба кадом гурӯҳи феълҳо мансубанд?

$A) феъли таркибӣ   $B) феъли сода;     $C) феъли сохта;     $D) феъли ҳол;     $E) сифати феълӣ;

@44.

Пасванди –юм дар чанд шумораи тартибӣ навишта мешавад:

$А) 3; $B) 5; $С) 10, $ Д) 4; $Е) 2

@45.

Калимаҳои банд, бош, бин ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A)  асоси замони ҳозира;  $B) замони гузашта;  $C)  замони гузаштаи дур; $E) замони ҳозира-оянда;

@46.

Навишти кадом феъл дуруст аст?

$A) бар нагаштан; $B) бархурд; $C) рафтани шудан; $D) наомади; $E) хондаистода;

@47.

Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи  забонҳо дохил мешавад?

$A) ҳиндуаврупоӣ;  $B) сомӣ;     $C)  туркӣ;     $D)  туркӣ- олоӣ;  $E)  сомӣ- олоӣ;

@48.

«Авесто» бо кадом хат навишта шудааст?

$A)  арабӣ;   $B)  оромӣ;     $C)  кириллӣ;     $D)  бобулӣ;   $E)  мехӣ;

@49.

Шумораи мураккабро ёбед:

$A) чаҳорум; $B) се-чор; $C) бисту нӯҳ; $D) дуто; $E) шашсад;

@50.

Кадом калимаҳо дуруст навишта шудаанд ?

$A) шоъир, шеър;   $B) муъаллим, таълим; $C) муаъррих, таърих;  $D)  фаъол, таъин;     $E) масоъил, масъала

@51.

Пешояндҳоро муайян кунед?

$A) ки, аммо;   $B) то, чӣ;   $C)  баъд, лекин;     $D) ва, бо;  $E) аз, дар;

@52.

Падежҳои забони русӣ дар забони тоҷикӣ бо кадом воситаҳо ифода мешаванд?

$A) бо исм; $B) бо шумораҳо;  $C) бо нидоҳо; $D) бо пешоянду пасояндҳо;     $E) бо феъл;

@53.

Ибораи навишташ дурустро ёбед:

$A) Исёни Муқанна; $B) Ҷанги Бузурги Ватани; $C) Шуриши Восеъ; $D) Истиқлолияти Ҷумҳуриӣ Тоҷикистон; $E) ҷанги шаҳрвандӣ;

@54.

Калимаҳои бузургтар, фаъолтар, зеботар ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) исм;        $E) феъл

@55.

Шумораҳои мураккабро муайян кунед?

$A) дуюм, чор;   $B) бисту ду, се;     $C) шаш, нӯҳ;     $D) ҳафтум, панҷто;     $E) чордаҳ, сесад;

@56.

Дар ҷумлаи «Ман бо дӯстам хона рафтам» ҷонишинро муайян кунед?

$A) ман;   $B) бо;     $C) дӯстам;     $D) хона; $E) рафтам;

@57.

Бандакҷонишинҳои соҳибӣ (шахсӣ) чанд шахсу шумора доранд?

$A) ду шахсу се шумора;   $B)    се шахсу ду шумора;     $C) шахсу шумора надоранд;     $D) ду шахсу ду шумора;     $E) як шахсу ду шумора;

@58.

Кадоме аз ин забонҳо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад?

$A) русӣ; $B) англисӣ; $C) арабӣ; $D) осетинӣ; $E) ӯзбекӣ;

@59.

Феълҳои сохтаро ёбед?

$A) рафт, омад;  $B) нишаст, сӯхт;  $C) нишастам, ханд;  $D) давонид, баргашт;   $E) хандакунон, дошт;

@60.

Хонда истодаам, хонда истодааст   ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозираи муайян;   $B)  замони гузашта;     $C)  замони оянда;   $D) замони гузаштаи муайян;     $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@61.

Калимаҳои кишт, ҷуст, шуст ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A)  замони ҳозира;   $B) замони гузашта;  $C)  замони оянда;  $D) замони гузаштаи муайян;    $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@62.

Муродифи калимаи халқро ёбед?

$A) дӯст;   $B) маърака;     $C) раият;   $D) гурӯҳ; $E) села;

@63.

Давраи инкишофи илму адаби тоҷик ба замони ҳукмронии кадом сулола рост меояд?

$A) Сомониён;   $B)    Тоҳириён;     $C) Ҳахоманишинҳо;     $D) Ғуриён;     $E)          Ашкониёну Сосониён;

@64.

Калимаҳои тоҷикиро муайян кунед?

$A) маърӯза, қошуқ;   $B) семент, интернат;   $C) қаймоқ, табассум; $D) Ҷаббор, Фаттоҳ; $E) санг, пой;

@65.

Садоноки Ӯ чӣ хел овоз аст?

$A)  димоғӣ;   $B)        миёна;     $C)  дароз;     $D)  кӯтоҳ;     $E)  ғайрилабӣ;

@66.

Кадом калимаҳо дараҷаи олиро мефаҳмонанд?

$A) калонтар, аз ҳама калон;   $B) зеботар, хеле зебо; $C) бузург, зиёда бузург;  $D) фарохтарин, фарох;     $E) калонтарин, аз ҳама калон;

@67.

Аз, ба, бар, бо, дар, то, бе ба кадом гурӯҳ мансубанд?                                                                                                                 $A)  пайвандакҳо;   $B)       пешояндҳо;     $C)ҳиссача;     $D)  ҳиҷо;   $E) пасвандҳо;

@68.  Садоноки ӯ дар кадом калима дуруст гузошта шудааст.

$A) гӯштфуруш; $B) булбӯл; $C) хӯрокхурӣ; $D) гуфтугӯзор; $E) рӯбучин;

@69.

Дар кадоме аз ин гурӯҳҳо сифатҳо дуруст навишта шудаанд?

$A) бо ақл, бо тамиз; $B) некандеш, пур –моя; $C) бо маслиҳат, бо андеша; $D)          суп-   сурх, каб-кабуд; $E) сӯҳбати рӯ ба рӯ, ҳамсояи дар ба дар;

@70.

Навишти кадом калима дуруст аст?

$A) таърих нигор; $B) муарих; $C) таъйинамои; $D) дӯстдорӣ; $E) кабути;      

@71.

Шумораҳои якум, дуюм, сеюм  аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) тартибӣ;   $B)    сода;     $C) мураккаб;     $D) сохта;     $E) ҷуфт;

@72.

Ҷузъҳои  –ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон чӣ ном доранд?

$A) бандаки феълӣ;   $B) бандаки хабарӣ; $C) бандакҷонишин; $D) бандаки изофӣ;     $E) пасванд;

@73.

Шахси якуми ҷамъро кадом бандакҷонишин ифода менамояд?

$A) -ам;   $B)  -ат;     $C) -аш;     $D) -амон;     $E) –ашон;

@74.

Унсури «аст» дар мисоли «Ӯ варзишгар аст» чӣ ном дорад?

$A) пешоянд;   $B) пасванд;     $C) фаъл;     $D) бандаки хабарӣ;     $E) пасоянд;

@75.

Феълҳои баромадан, бардоштан, даромадан  аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи феълҳо          мансубанд?

$A) сода;   $B)    таркибӣ;     $C) мураккаб;     $D) сохта; $E) сохтаву сода;

@76.

Калимаҳои меравам, мегирам  кадом замони феъланд?

$A) замони ҳозираву оянда;   $B) замони гузашта;  $C)  замони  гузаштаи дур; $D)замони ҳозираи муайян;  $E)  замони гузаштаи          ҳикоягӣ;

@77.

Калимаҳои бархостан, бархӯрдан, баркашидан аз ҷиҳати сохт кадом навъи феъл мебошанд?

$A) феъли сода; $B) феъли таркибӣ; $C) феъли сохта; $D) феъли мураккаб; $E) феъли мутлақ;

@78.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

         Сухан аз арши барин омадааст…

$A) Рӯдакӣ;   $B) Бобоҷон  Ғафуров;     $C) Садриддин Айнӣ;     $D) Эмомалӣ Раҳмон; $E) Ҷомӣ;

@79.

Хатти паҳлавӣ ба кадом давраи забон хос аст?

$A) дараи нав;   $B) давраи бостон;  $C) давраи миёна; $D) давраи инқилоб; $E) давраи истиқлол;

@80.

Ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ чандто мебошанд?

$A) 30;   $B)       22;     $C) 18;     $D) 24;  $E) 20;

@81.

Ҳарфи  Ъ дар калимаҳои рад- раъд, бад- баъд кадом вазифаро дорост?

$A) фарқияти маънои калимаро;   $B)   бадалшавии овозро;     $C) вазифаи ҳиҷоҷудокуниро;    $D) табдилёбии овозро;   $E) қатъшавии овозро;

@82.

То ба, ҷуз ба, ба ҷуз   ба кадом гурӯҳ мансубанд?

$A)  пайвандакҳо;   $B) пешвандҳо;  $C)  пешояндҳои аслии таркибӣ;     $D) ёнидоҳо, ҳиҷо;  $E) пасояндҳо;

@83.

Кадоме аз ин гурӯҳи зарфҳо дуруст навишта шудаанд?

$A) но гаҳон, бе маҳал, бо муваффақият, рӯз дар миён, дам ба дам; $B) рӯз то рӯз, моҳ ба моҳ, ҳафта аз паси ҳафта, сол то сол, хона ба хона; $C) пас фардо, ди шаб, шабон гоҳон, бе маҳал, се донагӣ; $D) як паҳлу, дамо дам, се каса, ди шаб, шабтошаб; $E) шабидигар, ин моҳа, серӯзпас, ду рӯза, як шаба;

@84.

Пешвандҳои ба-, бе-, но- кадом ҳиссаи нутқ месозанд?

$A) исм; $B) сифат; $C) феъл; $D) зарф; $E) шумора;

@85.

Дар ибораҳои «мурғи даштӣ», «кишти баҳорӣ» калимаҳои даштӣ, баҳорӣ        ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) исм; $E) феъл;

@86.

Шумораҳои бисту чор, яксаду сиву як  аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора          мансубанд?

$A) таркибӣ;   $B)    сода;     $C) мураккаб;     $D) сохта;     $E) ҷуфт;

@87.

Бандакҷонишинҳои –ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон бештар ба кадом ҳиссаи нутқ васл мешаванд?

$A) сифат;   $B) сифати феълӣ;  $C) феъл;     $D) исм;     $E) ҳиссаҳои номустақили нутқ;

@88.

Шахси дуюми ҷамъро кадом бандакҷонишин ифода менамояд?

$A) –ам,;   $B)       -ат;     $C) -амон;     $D) -атон,;     $E)-ашон;

@89.

Намуди давомдори феълро аз мисолҳои зерин нишон диҳед?

$A) хонда истодааст;   $B)    хондааст;     $C) хондагист;     $D) хонданист;     $E) хонда буд;

@90.

Феълҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва феълҳои ёридиҳанда сохта мешаванд, чӣ ном доранд?

$A) сода;   $B)    таркибӣ;     $C) мураккаб;     $D) сохта; $E) сохтаву сода;

@91.

Хоҳам рафт, хоҳӣ рафт, хоҳад рафт, ба кадом замони        феъл мансуб аст?

$A)  замони ҳозира;   $B) замони оянда;     $C)  замони гузашта;     $D) замони гузаштаи муайян;     $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@92.

Дар ҷумлаи нопурраи «Ин қиссаро ба гӯшаи фаромӯшӣ метавон ….» кадом          феълро метавон гузошт?

$A) кард; $B) овард; $C) бурд; $D) хонд; $E) супорид;

@93.

Давраи нав кадом осорро дар бар мегирад?

$A) осори давраи бостонӣ;   $B) осори давраи миёнаро;     $C) осори давраи          паҳлавиро;  $D) осори давраи инқилобро;  $E) осори адабиёти классикии          форсу тоҷикро;

@94.

Аз алифбои пешин чанд ҳарфро партофтанд?

$A) 1;   $B)    2;     $C) 3;     $D) 4;     $E) 5;

@95.

Ҳамсадоҳоро мувофиқи иштироки дастгоҳҳои нутқ ба кадом гурӯҳ ҷудо менамоянд?

$A)  димоғӣ;   $B) лаби дандонӣ; $C) лаби забонӣ, ҳалқӣ; $D) байнидандонӣ;    $E) бехизабонӣ;

@96.

Навишти кадом ибора дуруст аст?

$A) кишти тирамоҳи; $B) Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ; $C) Донишгоҳи миллӣ; $D) адабиёт шиноси маъруф; $E) кори ҳарӯза;

@97.

Барои нишон додани макони предмет кадом пешоянд истифода мешавад?

$A) барои;   $B)       дар;     $C) аз;     $D) то;     $E) бо;

@98.

Навишти кадом калима дуруст аст?

$A) вохурдан; $B) ҳам маслак; $C) кабут; $D) тағйирот; $E) интизори;

@99.

Давраи сеюми инкишофи забони тоҷикӣ чӣ ном дорад ва кадом асрҳоро дар бар гирифтааст?

$A) қадим, аз аҳди қадим то асри III пеш аз мелод; $В) миёна, аз III пеш аз мелод то асри VII мелодӣ; $С) навтарин, асрҳои XX-XXI мелодӣ; $D) нав, асрҳои VII-XXI мелодӣ; $Е) бостон, асрҳои IV-III то мелод;

@100.

Дар ибораи «марди занбӯриасалпарвар» вожаи занбӯриасалпарвар ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст?

$A) пайвандак;   $B)      ҳиссача ;     $C) пасоянд;     $D) сифат;          $E) исм;

@101.

Шумораҳои як, чор  аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A)таркибӣ;   $B)    сода;     $C) мураккаб;     $D) сохта;     $E) ҷуфт;

@102.

Ҷонишин кадом вазифаро ифода мекунад?

$A) шумора; $B) пасванд; $C) феъл; $D) пуркунанда;    $E) пайвандак;

@103.

Забонҳои дунё байни худ чӣ умумият доранд?

$A) иртиботи байни одамонро таъмин менамоянд ва дар ташаккул ва ифодаи фикр хизмат мекунанд; $В) 3 давраи инкишоф доранд; $С) мансуб ба забони гурӯҳи эронианд; $D) савтиёт ва грамматикаи ягона доранд; $Е) хат ва алифбои ягона доранд;

@104.

Аз мисолҳои зерин феълҳои ёварро нишон диҳед?

$A) суҳбат кардан, сурх шудан;   $B)  кардан, шудан;     $C) озод сохтан;     $D)          китоб хондан;     $E) аз хоб хестан;

@105.

Кадоме аз ин тағйирот ба алифбои забони тоҷикӣ соли 2011 ворид гардидааст?

$A) миқдори ҳарф ба 35-то расид; $В) номи овози ӯ у-и дароз шуд; $С) номи овози ӣ и-и заданок шуд; $D) номи овози й йи шуд; $Е) номи овози ъ ъе шуд;

@106.

Кадоме аз ин тағйирот соли 1998 ба алифбои забони тоҷикӣ ворид гардидааст?

$A) миқдори ҳарф ба 35-то расид; $В) номи овози ӯ у-и дароз шуд; $С) номи овози ӣ и-и заданок шуд; $D) номи овози й йот шуд; $Е) номи овози ъ сакта шуд;  

@107.

Калимаҳои ҷаст, дид, гуфт  ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A)  замони ҳозираи муайян;   $B)        замони оянда;     $C)  замони гузаштаи дур;     $D) замони гузаштаи наздик;     $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@108.

Тағйироти мазкур ба алифбои забони тоҷикӣ дар кадом сол ворид гардидаанд?: Овозҳои к, л, м, н, р, с, ф ба худ номҳои ка, эл, эм, эн, эр, эс, эф гирифтанд, номи овози ӣ и-и дароз, овози ӯ у-и дароз, овози ъ сакта, овози й йот шуд,

$A) 1940; $В) 1953; $С) 1972; $D) 1998; $Е) 2011;

@109.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст?

$A) Рӯдакӣ;   $B) Бобоҷон  Ғафуров;     $C) Садриддин Айнӣ;     $D) Эмомалӣ Раҳмон; $E) Ҷомӣ;

@110.

Хатти арабӣ дар аввал дорои чанд ҳарф буд?

$A) 30;   $B)    28;     $C) 32;     $D) 16;     $E) 42;

@111.

Кадом ҳамсадоҳо ҳарфҳои махсуси забони тоҷикианд?

$A) а, б, в, г;   $B)  т, д, х, ч;     $C) ғ, қ, ҳ, ҷ;     $D) м, т, б,ж;     $E) л,д,э,х;

@112.

Дар калимаи толеъ, матоъ, шамъ аломати Ъ кадом вазифаро ифода мекунад?

$A) фарқияти маънои калимаро;   $B)  бадалшавии овозро;     $C) вазифаи ҳиҷоҷудокуниро; $D) табдилёбии овозро; $E) қатъшавии овозро;

@113.

Барои нишон додани ибтидо ва интиҳои амал кадом пешоянд истифода мешавад?

$A) дар;   $B)   бар;     $C) то; аз    $D) бо; $E) барои;

@114.

Кадоме аз ин калимаҳо дорои ҳиҷоҳои кушода мебошад?

$A) дар-тоз;   $B) кам-ақл;     $C) то-рафт;     $D) до-дар;     $E) бо-бо;

@115.

Исмҳо чанд шумора доранд?

$A) 2;   $B)    1;     $C) 4;     $D) 3;     $E)9;

@116.

Пешвандҳои сифатсозро нишон диҳед?

$A) –ӣ, -гӣ;   $B) –зор, -сор;     $C) –дон, -иш;     $D) бо-, бар-;     $E) –ҳам, -ҳар;

@117.

Калимаҳои сеяк, чаҳоряк, шашяк ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) таркибӣ;   $B)    сода;     $C) мураккаб;     $D) касрӣ;     $E) ҷуфт;

@118.

Имлои дурусти ҳарфи й — ро нишон диҳед

$A) лоёб; $В) пойанда; $С) муҳаё; $D) мутаҳаййир; $Е) кӯи дӯст;

@119.

Имлои дурусти ҳарфи ъ-ро нишон диҳед.

$A) ҷумаъ; $В) ҷомеъа; $С) таъом; $D) тулӯи офтоб; $Е) маън кардан;

@120.

Бандаки хабарии «аст» бо кадом ҳиссаҳои нутқ ҳамроҳ навишта мешавад?

$A) ҳиссаҳои номии нутқ;   $B)    зарфҳо;     $C) сифати феълӣ;     $D)  шумора;     $E) феълҳои нақлӣ;

@121.

Феълҳои кардан, додан, задан, шудан чӣ гуна феълҳоянд?

$A) сода;   $B)таркибӣ;   $C) мураккаб;     $D) сохта; $E)  ёридиҳанда;

@122.

Замони ояндаи феълро муайян намоед?

$A) даромад;   $B)  баргашт;     $C) рафт;     $D) рафта истодааст;  $E) рафтанист;

@123.

Калимаҳои мехондам, мерафтӣ, мегуфтӣ ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A)  замони ҳозира — оянда ;   $B)        замони ҳозира;     $C)  замони гузаштаи дур;     $D) замони гузаштаи наздик;     $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@124. Калимаҳои равам, равӣ, равад кадом шакли феълианд?

$A) сифати феълӣ;   $B) феъли ҳол;     $C) масдар;     $D) аорист;     $E) феъли          таркибӣ;

@125.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн  меравад, тайёрам, ки ман имрӯз бимирам?

$A) Расул Ғамзатов;   $B)   Бобоҷон Ғафуров;   $C)  Садриддин Айнӣ;     $D) Эмомалӣ Раҳмон;               $E) Абдураҳмони Ҷомӣ;

@126.

Мардуми эронинажод ба алифбои арабӣ чанд ҳарф илова намуданд?

$A) 6;   $B)    10;     $C) 8;     $D) 16;     $E) 4;

@127.

Ҳамсадои Ъ ба кадом забон хос аст?

$A) тоҷикӣ;   $B) ӯзбекӣ;     $C) арабӣ;     $D) дарӣ;     $E) форсӣ;

@128.

Имлои ғалати ҳарфи ӣ-ро нишон диҳед.

$A) рафтанӣ; $В) рафтӣ; $С) намунавӣ; $D) тӯтӣ; $Е) Сочӣ;

@129.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

$A) Амир И. Сомонӣ, Қонуни Забони ҶТ, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Шаҳри Сабз, Оби Гарм;$В) амир И. Сомонӣ, қонуни Забони ҶТ, донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, шаҳри Сабз, оби Гарм; $С)Амир И.Сомонӣ,қонуни забони ҶТ, донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Шаҳри сабз, Оби гарм; $D) Амир Исмоили Сомонӣ, Қонуни забони ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллииТоҷикистон,Обигарм; $Е) амир Исмоили Сомонӣ, Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» ҶТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шаҳрисабз, Оби Гарм;

@130.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

 $A) чир-чирак, ғар-ғара,Рустам- шрам, Сан- марино, об-ҳаво; $В) чир чирак, ғар ғара, Рустами шрам, сан-Марино, обҳаво; $С)Чирчирак, Ғарғара. Рустамшрам, Санмарино, обуҳаво; $D) чирчирак, ғарғара, Рустам-Шрам, Сан- Мариино, обуҳаво; $Е) чирчирак, ғарғара, Рустами Шрам, Сан-Марино, обу ҳаво;

@131.

Пасвндҳои –чӣ, -гар, -зор пасвандҳои калимасози кадом ҳиссаи нутқанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) исм;        $E) ҷонишин

@132.

Калимаҳои хушзеҳн, некандом аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи сифат мансубанд?

$A) аслӣ;   $B)    қиёсӣ;     $C) нисбӣ;     $D) олӣ;     $E) мураккаб;

@133.

Ададҳои 3-4, 10-20, 20-25 ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) таркибӣ;   $B)    тахминӣ;     $C) мураккаб;     $D) касрӣ;     $E) ҷуфт;

@134.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

$A) гуфту шунуд, даву тоз, ишқу ҳавас, даво дав, се барга, пешвоз гирӣ; $В) гуфту-шунид, ишқу-ҳавас, даву- тоз, даво-дав, се-барга, пешвоз-гирӣ; $С) гуфту шунуд, ишқу ҳавас, даву тоз, даводав, пешвозгири, 3-барга; $D) гуфтушунид, ишқуҳавас, давутоз, даво дав, пешвоз гири; $Е) гуфтушунид, ишқу ҳавас, давутоз,  даводав, пешвозгирӣ

@135.

То давраи инқилоб ба ҷои ҷонишини шахсии сеюми ҷамъ  кадом калимаро истифода менамуданд?

$A) шумо;  $B) мо; $C) онҳо; $D) ту; $E) эшон;

@136.

Бандаки хабарии «аст» бо кадом ҳиссаҳои нутқ ҷудо навишта мешавад?

$A) ҳиссаҳои номии нутқ ва масдар;   $B) зарфҳо;   $C) сифати феълӣ;     $D) асосҳои феълӣ;     $E) исму сифат;

@137.

Феълҳои гӯш андохтан, пай бурдан, дам гирифтан  аз ҷиҳати сохт чӣ гуна феълҳоянд?

$A) сода;   $B)    таркибӣ;     $C) мураккаб;     $D) сохта; $E) ёридиҳанда;

@138

Сиғае, ки воқеъ шудан ё нашудани воқеияти амалро ифода менамояд, чӣ гуна сиға меноманд?

$A) амрӣ;   $B)      шартию хоҳишмандӣ;     $C) эҳтимолӣ;     $D) хабарӣ;     $E)          амрию хабарӣ;

@139.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед:

$A) маҷаллаи  Садои шарқ, рӯзномаи Чархи гардун, фабрикаи Ширин; $В) маҷаллаи  «Садои шарқ», рӯзномаи «Чархи Гардун», фабрикаи Ширин; $С) маҷаллаи  «Садои Шарқ», рӯзномаи «Чархигардун», Фабрикаи ширин; $D)маҷаллаи  Садои Шарқ, рӯзномаи Чархи Гардун, фабрикаи «Ширин»; $Е) маҷаллаи  «Садои Шарқ», рӯзномаи «Чархи гардун», фабрикаи «Ширин»;

 @140.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед:

$A) амир Олимхон, муаллима Саидова, Олим муаллим, Ориф тағо; $В) амир-Олимхон, муаллима-Саидова, Олим-муаллим, Ориф-тағо; $С)Амир Олимхон, муаллима Саидова, Олим Муаллим, Орифтағо; $D) Амир- Олимхон, муаллима Саидова, Олиммуаллим, Ориф тағо; $Е) амир Олимхон, муаллима Саидова, Олиммуаллим, Орифтағо;

@141.

Се давраи инкишофи  забони тоҷикиро  нишон диҳед:

$A) давраи бостонӣ,  давраи миёна, давраи нав ё порсии дарӣ;  $B) давраи пеш аз инқилоб, давраи баъд аз инқилобӣ, давраи шӯравӣ; $C) давраи то солҳои 1929,          давраи баъди соли 1942, давраи муосир; $D) давраи муосир, давраи феодалӣ,          давраи истиқлолият; $E) давраи пеш аз ҷанг, давраи ҷанг, давраи баъд аз ҷанг;

@142.

Ҳарфҳои тоҷикии ба  алифбои арабӣ иловашударо нишон диҳед:

$A) а, б, в, г;   $B)    д, е, ё, ж;     $C) п,ч,о,қ;     $D) п,ч,ж,г;     $E) қ,к, х,ҳ,

@143.

Ҳамсадои   қ   ба кадом забон хос нест?

$A) тоҷикӣ;   $B)       ӯзбекӣ;     $C) арабӣ;     $D) русӣ;     $E) қазоқӣ;

@144.

Ҳиҷоҳое,ки ба овози садонок ба охир мерасанд, чӣ гуна ҳиҷо ном доранд?

$A)  ҳиҷои дароз;   $B)  ҳиҷои баста;     $C) ҳиҷои миёна;     $D)  ҳиҷои кушода;              $E) ҳиҷои номуайян;

@145.

Имлои дурусти сифатҳоро нишон диҳед.

$A) девордармиён, бе мавқеъ; $В) тиб-торик, хуш қаду қомат;  $С) ду сола, пӯсти баррагӣ; $D) рахрах, 2 ҳафтаина;  $Е) суп-сурх, сухандон;

@146.

Унсури  аст чӣ ном дорад?

$A) феъл;   $B)       масдар;     $C) зарф;     $D) бандаки хабарӣ; $E) ҷонишин;

@147.

Дар мисоли «Доно аспашро таъриф мекунад, нодон худашро»  калимаҳои          «доно» ва «нодон» ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) исм;    $E)ҷонишин;

@ 148.

Дар ибораҳои «ҷавони бофаросат», «кори бомаслиҳат» калимаҳои бофаросат ва бомаслиҳат ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B) шумора;     $C) зарф;     $D) исм;     $E)феъл;

@149.

Дар мисоли  «Агар худое накарда як-ду рӯз дертар меомадам, чӣ мешуд?»          ифодаи як-ду ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) тартибӣ;   $B) сода;     $C) тахминӣ;  $D) касрӣ;     $E) ҷуфт;

@150.

Дар калимаи «яктоааш» унсури –аш чӣ маънӣ дорад?

$A) ҳиссача;   $B)нумератив;     $C) бандаки хабарӣ; $D) феъл; $E) бандакҷонишин;

@151.

Калимаҳои кӣ ва чӣ ба кадом навъи ҷонишин мансубанд?

$A) саволӣ;   $B)    ишоратӣ;     $C) шахсӣ;     $D) манфӣ;   $E) нафсӣ;

@152.

Калимаҳои навъи хондан, навиштан, дидан хоси кадом ҳиссаи нутқанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) нидо; $E)феъл;

@153.       

Имлои дурусти сифатҳоро муайян кунед.

$A) ҳамсояи дарбадар, чашмони калонкалони мешӣ; $В) духтари бо ақл, ҳавлии пур гулу райҳон; $С) ранги каб-кабуд, замини бе долу дарахт; $D) шахси хешу табор дор,  санги осиё тарошӣ, озмуни байни ноҳиявӣ; $Е) мӯйсафеди барҷомонда, танаффуси нисфирӯзӣ, одами боақлу ҳуш;

@154.

Ҷонишинҳои ғалатро муайян кунед.

$A) инчунон, ончунон; $В) ҳамдигар, писар-т; $С) ҳар кӣ , ин гуна, ҳар гуна; $D) чи гуна, ҳеҷяк, ким чи хел; $Е) ҳамчунон, якдигар;

@155.

Калимаҳои меравад, мегирад, меояд ба кадом замони феъл     мансуб аст?

$A)  замони ҳозира муайян;   $B) замони гузашта;     $C)  замони гузаштаи дур;   $D) замони гузаштаи муайян;     $E)  замони оянда;

@156.

Калимаҳои давида, хандида, рафта кадом шакли феълианд?

$A) сифати феълӣ;   $B) феъли ҳол;     $C) масдар;     $D) аорист;     $E) феъли   сохта;

@157.

Байти зерро кӣ гуфтааст?

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае,

Ин нишон гумкардаеву дигаре,

Хештанро бенишон гумкардае.

$A) Бозор Собир;  $B) Гулрухсор; $C) Фирдавсӣ;  $D) Айнӣ;  $E) Лоиқ Шералӣ;

@158.

Хатти арабӣ дар Тоҷикистони давраи шӯравӣ то кадом сол амал кардааст?

$A) 1918; $B) 1932;  $C) 1929;  $D) 1937;  $E) 1984;

@159.

Шумораҳои ғалатро муайян кунед:

$A) се чор кас, шаш-ум, 1 ум, 3-ум; $В) яку ним ваҷаб, сето себ, 1 -то китоб, даҳум; $С) 25-ҳазора, бисту панҷҳазора, дусаду бисту шашум; $D) се ҳазору яксаду сию се, чоряк; $Е) аз чор як ҳисса, чоряк;

@160.

Ҳиҷоҳое, ки бо овозҳои ҳамсадо  ба охир мерасанд, чӣ гуна ҳиҷо ном доранд?

$A) ҳиҷои дароз;   $B)    ҳиҷои баста;     $C) ҳиҷои миёна;     $D)  ҳиҷои кушода;              $E) ҳиҷои номуайян

@161. Набудани ашёро кадом пешоянд ифода менамояд?

$A) бе;   $B)    бо;     $C) то;     $D) аз ;     $E) барои;

@162.

Имлои дурусти шумораҳоро муайян кунед.

$A) се чор кас, шаш-ум, 1 ум, 3-ум; $В) якуним ваҷаб, се-то себ, 1 то китоб, даҳ-ум; $С) 25 ҳазора, бисту панҷ ҳазора, ду саду бисту шаш –ум; $D) се ҳазору як саду сию се, чор як; $Е) аз чор як ҳисса, чоряк;

@163. 

Имлои дурусти бандаки «аст»-ро нишон диҳед.

$A) дар баста аст, дарро бастааст; $В) коргараст, донишҷӯст; $С) рафтагист, навишта аст; $D) кӣ-ст, чист; $Е)  шаҳре-ст, муаллимаст;

@164.

Дар ибораҳои суҳбати рӯбарӯ, такрори пайдарпай калимаҳои рӯбарӯ, пайдарпай ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;     $D) исм; $E) феъл;

@165.

Нумеративи  –то  ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  исм; $B)  ҷонишин; $C)  шумора; $D)  сифат; $E)  феъл;

@166.

Ҷонишинҳои ман, ту, вай кадом навъи ҷонишинанд?

$A) сифатӣ; $B) соҳибӣ; $C) ишоратӣ; $D) таъинӣ; $E) шахсӣ;

@167.

Амалу ҳолатро кадом ҳиссаи нутқ меомӯзад?

$A)  сифат;   $B) шумора;     $C) зарф;     $D) исм;   $E)феъл;

@168.

Дар ҷумлаи «Мо имтиҳон супорида истодаем», ҳиссаи –ем чӣ ном   дорад?

$A) бандаки феълӣ; $B) бандаки хабарӣ; $C) бандаки изофӣ; $D) бандакҷонишин; $E) пасванд;

@169.

Феълҳо чанд замон доранд?

$A) 1; $B) 3; $C) 2; $D) 6; $E) 4;

@170.

Имлои дурусти сифатҳои феълиро муайян кунед.

$A) донишҷӯйи хатм карда, нишон диҳанда; $В) кори иҷро шудагӣ, умеди бар бод рафта; $С) воқеаи фаромӯш нашуданӣ, мошини рафта истода; $D) шери дарранда,  вазифаи дирӯз иҷро карда; $Е) кори мешудагӣ, духтари табассум карда истодагӣ;

@171.

Калимаҳои хоҳам гуфт, хоҳам шунид  ба кадом замони феъл мансубанд?

$A)  замони ҳозира муайян;   $B) замони оянда;     $C)  замони гузашта; $D)          замони гузаштаи муайян;     $E)  замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@172.

Аз ҷумлаи  «Ӯро рӯйи дилкаши духтарак мафтун сохт»  сифатро муайян созед?

$A) ӯ;   $B) дилкаш;     $C) мафтун;     $D) рӯй;   $E) сохт;

@173.

Осори давраи бостонро нишон диҳед?

$A) «Шоҳнома»;  $B) «Авесто»;  $C) «Восеъ»; $D) «Катибаи Бесутун»; $E) «Одина»;

@174.

Хатти арабӣ ба кадом давраи инкишофи забон хос аст?

$A) давраи бостонӣ; $B) миёна; $C) нав; $D) истиқлол; $E) инқилоб;

@175. 

Имлои дурусти феъли ҳолро нишон диҳед.

$A) зам-зама карда истода; $В)  сӯҳбат кунон; $С) чириқчириқ кунон; $D) хандон-хандон; $Е) тохта тохта;

@176.

Ба ҷойи нуқтаҳо калимаи мувофиқро нависед: Забон яке аз рукнҳои асосии ташаккули    …           аст.

$A) давлат;  $В) ҳукумат;    $С) ватан;   $D) ҷамъият;   $Е)кишвар;

@177.

Дар кадом гурӯҳ калимаҳо ба ҳиҷоҳо нодуруст ҷудо карда шудаанд?

$A) пах-та-чин-дух-тар;  чо-бу-ко-на; $В);соҳ-иб-кор-ӣ; об-о-дон-ӣ ; $С) $Е)да-во-дав, гуф-ту гӯ; $D) и-ҷо-зат, таъ-ли-мот; $Е) худ-ши-но-сӣ, им-ти-ҳон-су-по-рӣ;

@178.

Бандаки хабарии аст дар кадом ҳолат ҷудо навишта мешавад?

$A) бо исмҳо;   $B)    бо ҷонишин;  $C) бо зарф;  $D) бо феъли нақлӣ;  $E) бо мубтадо;

@179.

Калимаи «дӯстӣ» аз рӯи маъно ба кадом  хели исм тааллуқ дорад?

$A) кул; $B) маънӣ; $C) ҷинс; $D) хос; $E) моддӣ;

@180.

Дар ибораҳои «духтари рӯймолбасар», «марди кулоҳбасар» калимаҳои рӯймолбасар, кулоҳбасар ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A)  сифат;   $B)       шумора;     $C) зарф;   $D) исм;   $E)феъл;

@181.

Калимаҳои «нафар», «дона», «сар» дар мисолҳои ду нафар устод, ду  дона          қалам, ду сар гӯсфанд  чӣ вазифаро адо кардаанд?

$A) ҳиссача;   $B)    нумератив;     $C) бандаки хабарӣ;     $D) феъл;     $E) бандакҷонишин;

@182.

Калимаҳои «ким-кӣ», «баъзе», «кадом» «фалон» чӣ хел ҷонишинанд?

$A) саволӣ; $B) номуайян; $C) ишоратӣ; $D) таъинӣ; $E) шахсӣ;

@183.

Феъл ба кадом савол ҷавоб мегӯянд?

$A) чӣ хел; $B) кай; $C) кӣ, чӣ;  $D) чӣ кор кард; $E) чӣ қадар;

@184.

Кадом ҳиссаи нутқ категорияҳои тарзу намуд, сиға, замон ва шахсу шумораро дорад?

$A)  сифат;   $B) шумора;     $C) зарф;     $D) исм;   $E)феъл;

@185.

Амали воқеъшударо кадом замони феъл ифода мекунад?

$A)  замони ҳозира;   $B) замони гузашта;     $C)  замони гузашта;     $D) ҳозираю — оянда;     $E) гузаштаи дур;

@186. 

Хатти мехӣ ба кадом давраи инкишофи забони тоҷикӣ тааллуқ дорад?

$A) давраи бостон;  $В) давраи миёна; $С)давраи нав; $D) давраи қадим; $Е) ҷадид;

@187.

Кадоме аз ихтисораҳо ғалат аст?

$A)СММ;  $В)Д.М.Т; $С)АИ; $D)БДА;  $Е) НБО;

@188 .

Кадоме аз исмҳои зерин ғалат мебошад?

$A) Конибодом; $В) Сари Хосор; $С) Варзоби Боло; $D)Шарқи дур; E) Шарофатбибӣ

@ 189.

Мисраъҳои:       

 Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

аз они кист?

$A) Камоли Хӯҷандӣ;  $B) Айнӣ;  $C) Рӯдакӣ;  $D) Мумин Қаноат;   $E) Бозор Собир

@190.

Хатти лотинӣ дорои чанд ҳарф аст?

$A) 31; $B) 26; $C) 32; $D) 28; $E) 34;

@191.

Ҳамсадои ҳ чӣ хел овоз аст?

$A)  димоғӣ;  $B) лабӣ; $C) ғайрилабӣ; $D) ҳалқӣ; $E) забонӣ;

@192.

Имлои дурусти  ибораҳоро дарёбед?

$A)духтари сапсафед;  $В) кампири садсола; $С)нони 20 дирима; $D) шоми типторик;  $Е) ҷавони 20 сола;

@193.

Калимаи сар  чӣ ном дорад?

$A) ҳиссача; $B) нидо; $C) зарф; $D) феъл; $E) нумератив;

@194.

Тарзи дурусти навишти бандаки хабарии «аст»- ро нишон диҳед?

$A) рафтааст;  $B) коргараст; $C) супурда аст; $D) хонда аст; $E) шабаст;

@195.

Калимаи «китобхона» ҳамчун исм аз ҷиҳати сохт чӣ гуна аст?

$A) сохта; $B) сода; $C) рехта;  $D) мураккаб; $E) таркибӣ;

@196.

Калимаҳои сап – сафед, каб – кабуд, кадом навъи сифат мебошанд?

$A) аслӣ; $B) таъкидӣ; $C) қиёсӣ;  $D) олӣ; $E) мураккаб;

@197.

Калимаҳои шонздаҳ, ҳаждаҳ, ҳаштсад аз ҷиҳати сохтба кадом навъи шумора тааллуқ  доранд?

$A) тартибӣ;   $B)   миқдорӣ;     $C) тахминӣ;     $D) касрӣ;   $E) мураккаб;

@198.

Кадоме аз ҷонишинҳои зерин ғалат мебошад?

$A) инчунин;  $В) онқадар; $С) чӣ навъ; $D) ҳар чиз; $Е) чӣ гуна

@199.       

Имлои калимаҳо дар кадом сутун дуруст аст;

$A) себ, боеҳтиром, се; $В) эзоҳ, меҳр, шер; $C) деҳқон, эҳсон, еҳтиром;         $D) эй, реза, еътибор; $E)еҷодиёт, еҳсосот, эҳром;

@200.

Асоси замони ҳозираи феъли дӯхт-ро нишон диҳед?

$A) дӯхта буд;  $B) дӯхта шуд; $C) дӯз;  $D) дӯхта истодааст;  $E) хоҳад дӯхт;

@201.

Амале, ки дар айни ҳол иҷро мешавад, ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира;   $B)замони гузашта; $C) замони гузашта;  $D) ҳозираю — оянда;     $E) гузаштаи дур;

@ 202.

 Дар калимаҳои «гулистон», «кӯҳистон», «анористон» унсури –истон чӣ ном дорад?

$A) реша; $B) асос; $C) пасванд; $D) бандак; $E) пешванд;

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *