Саволи тести аз фанни этикаи касби

@1.

Мафҳуми этика аз кадом калима гирифта шуда аст?

$A) калимаи юнонии «ethos» $B) Калимаи юнонии «moris»; $C) Калимаи юнонии «ehos»; $D) Калимаи юнонии «etos»; $E) Калимаи лотинии «ethos»;

@2.

Калимаи этика дар аввал ба кадом маъно фаҳмида мешуд ?

$A) Ҷой, макон, манзил;  $B) хонаи зисти якҷоя, бошишгоҳ;  $C) Илм дар бораи табиат;  $D) Ҳастӣ, муҳит,атроф ва фазо ;  $E) Дониш  дар бораи муҳит;

@3.

Баъдтар кадом маъноҳои  калимаи «ethos» пайдо шуданд?

$A) Расм, анъана,фикр, тасаввурот ва зуҳурот; $B) Қонунҳои инкишофи ҷомеа инсонӣ; $C) тарзи фикр, характер, расму одат; $D) Зуҳуротҳои фарҳангӣ; $E) Сатҳи зиндагии аҳолӣ;

@4.

 Арасту дар асоси калимаи «ethos» кадом мафҳумро офарид?

$A) «Ethos»; $B) Нақш; $C) Вазифа; $D) «ethicos»; $E) «Moris»;

@5.

 Ба  мафҳуми  «ethicos» Арасту кадом сифатҳоро дохил кардааст?

$A) Статус; $B) Хонаи зисти якҷоя, бошишгоҳ;  $C) Касб; $D) Расм, анъана,фикр, тасаввурот ва зуҳурот $E адолатноки, мардонаги, нармдили,саховатманди, инсондӯсти, хушмуомилаги ва рости;

@6.

 Илме, ки амалу рафторҳои накукорона ва хушахлоқиро меомӯзад аз ҷониби Арасту чи гуна номгузори шуд?

 $A) Этика номгузори шуд; $B) Маълумот, фарҳанг, касб, нуфуз номгузори шуд; $C) Ҳокимият, нуфуз, маълумот, боигарӣ номгузори шуд; $D) Морал номгузори шуд; $E) Мошин, хонаи берун аз шаҳр, ҳавопаймои шахсӣ номгузори шуд;

@7.

 Муаллифи  мафҳуми этика кист?

 $A) П.Сорокин; $B) Арасту; $C) Ситсерон; $D) Э. Гидденс; $E) Афлотун;

@8.

Илми этика номи худро кай пайдо кард?

$A) Дар асри Х ; $B) Дар асри V $C) дар асри IV то м.; $D) Дар асри V то м.; $E) Дар асри I то м.;

@9.

Ситсерон ба таҷрибаи, ки такя намуда мафҳуми «moralis»-ро офарид?

$A) М.Вебер; $B) Юм; $C) Э.Дюркгейм; $D) Арасту; $E) Афлотун;

@10.

Калимаи лотинии moris ҳаммаънои кадом калима аст?

 $A) Moris ; $B) Оила; $C) Миллат; $D) Волидайн; $E) ethos;

@11.

Ба калимаҳои этика ва морал кадом калимаи русӣ ҳммаъно аст?

$A) Нравственность ; $B) Зависимость; $C) Когда; $D)  Независимость $E) Зло;

@12.

 Дар забони тоҷики кадом калимаҳо  ба мафҳумҳои этика, мораль ва нравственность ҳаммаъноянд?

$A) Хуби, бади хай рва шар; $B) ахлоқ, одоб, хулқу атвори нек; $C) М.Вебер; D) В.И.Ленин; $E) Қоида қонун ва низом;

@13.

Мафҳумҳои «этика»ва «мораль» дар муносибатҳои рӯзмарра ва гуфтугӯ  ҳамчун ивазкунандаи якдигар баромад мекарданд?

$A) Не; $B) Мумкин; $C) ҳа; $D) Танҳо дар давлатҳои пасошуравӣ; $E) Танҳо дар Тоҷикистон;

@14.

Вазифаи ташкилӣ-робитавии корманд аз чӣ иборат аст?

$A)Ташкил намудани ин ё он намуди фаъолият;  $B) Кӯмаки иҷтимоӣ-муолиҷавиро ба эҳтиёҷмандон ташкил намудан; $C)Барномасозӣ, ояндабинӣ, лоиҳакашии раванди инкишофи иқтисодии ҷамъият;  $D) таъмини таъсири мақсадноки ҳамаи ташкилотҳои иқтисодӣ ба ахлоқ ва фаъолияти мизоҷ;  $E)ҳимояи ҳуқуқҳои мизоҷон;

@15

 Ахлоқ чист?

$A) Ахлоқ он чизе  аст, ки доираи ҷаҳонбинии шахсро фаро мегирад;  $B) Низоми арзишҳои модди ва маънвии дар ҷомеа мавҷуд буда ; $C) Ахлоқ гуфта низоми арзишҳои барои ҳар шахс зарури ба шумор мравад; $D) Археология аст ; $E) Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъияти мебошад, ки маҷмӯ қоидаҳои асосии муносибат байниҳамдигарии оилавӣ ва ҷамъиятии одамонро меомӯзад;

@16.

 Аксарияти муҳақиқон ахлоқро ба чанд қисмат ҷудо кардаанд?

 $A) Ба ду қисмат; $B) Ба панҷ қисмат; $C) Ба чор қисмат ; $D) Ба ҳафт қисмат ; $E) Ба се қисмат;

@17.

Муҳақиқон кадом намудҳои ахлоқро ҷудо намудаанд?

 $A) Пул  кор   кардан; $B) шуури ахлоқи ва фаъолияти ахлоқи; $C) Шуури ахлоқи ва ҷаҳонбинии ахлоқи; $D) Навиштани ҳисобот; $E) Рӯзномаи деворӣ итилоотро ба даст овардан;

@18.

 Шуури ахлоқи чист?

$A) Шуури ахлоқи тарафи маънавии ахлоқ буда ба он доохил мешавад: наҳори таёр кардан, ба мағоза рафтан, таълим додан ба фарзанди худ тарбияи  насли худ; $B) Эмоционалӣ,  репродуктивиӣ, тарбиявӣ, иқтисодӣ; $C) шуури ахлоқи тарафи маънавии ахлоқ буда маҷмуи эмотсияҳо, эҳсосот, ғаму андуҳ, меъёрҳо ва принсипҳои рафтор ба шумор меравад; $D) Нигохубини  насли куҳансол  дар оила, худтарбиянамоӣ; $E) Ғамхори ба насли худ,  муошират бо ҳамсоягон,  иштирок кардан дар фаъолияти  ҷамъиятӣ;

@19.

 Аввалин таълимотҳои ахлоқиро дар кадом таълимотҳо дарёфтан мумкин аст?

$A) Дар таълимоти Сисерон; $B) Дар таълимоти О. Конт; $C) Дар таълимоти Э. Дюркгейм; $D) Дар таълимотҳои дини; $E) Дар таълимотҳои  П.Сорокин;

@20.

Дар ташаккули сифатҳои касбии корманд нақши муҳимро кадом сифатҳо мебозанд?

$A) Сифатҳои қави, дурушт ва боиродаги; $B) донистани таълимоти Эмиль Дюркгейм; $C) Доштани сифатҳои тағйирёбанда, номуккамал ташаккулёфта ва беадолатӣ; $D) Касби худро дӯст доштан ; $E) симои ахлоқӣ, диққатҷалбкунандагии шахси ҳангоми гуфтугӯ,мавҷудияти ҷиҳатҳои муҳими характери ӯ;

@21.

Мутааллиқият ба касбе, ки дар шароитҳои муайян тақдири мизоҷ вобаста ба он ҳал шавад кормандро чӣ водор менамояд? 

$A) талаботҳои касби худро ба дараҷаи баланд донад; $B) Талабатҳои касби дуредгариро донад; $C) Талаботҳои санитариро риоя намояд ; $D) Талаботҳои касби худро ба дараҷаи паст донад; $E) Аз таълимотҳои дини бохабар бошад;

@22.

 Тахассусмандӣ чист?

 $A) Аномияи иҷтимоӣ аст; $B) қобилияти аз назари ахлоқи баҳогузори намудани амалҳои худ аст; $C) Назарияитабақабандии итимоӣ ва гузариши иҷтимоӣ; $D) Назарияи ахлоқи касби маҳсуб ёфта дар кодекс дарҷ гаштааст; $E) Назрияи шиддати сохторӣ;

@23.

Муносибат карда тавонистан аз истеъдод болотараст ба ки таалуқ дорад?

$A) Арасту; $B) Ситсерон; $C) Леббок ; $D) Суқрот; $E)   Афлотун;

@24.

Барои чӣ дар даҳсолаи охир зарурат ба этикаи кӯмаки иҷтимоӣ набуд?

$A) Донишҳои гуманитарӣ дар ин соҳа начандон инкишоф ёфта буданд;  $B) Таълимот дар бораи ҷомеа ба роҳ монда нашуда буд;  $C) Илм дар бораи табиати инсон ба вуҷуд наомада уд ;  $D) зеро то ин замон худи кӯмакрасонӣ меъёри мутлақи ҳамзистиии инсоният ба ҳисоб мерафт;  $E) Донишҳо  дар бораи муҳит ва инсоният инкишоф наёфта буданд;

@25.

Кумак расонидан ба эҳтиёҷмандон дар шуури ахлоқӣ чи гуна баҳо дода мешавад?

$A) Муносибатҳои байни одамон; $B) Қонунҳои инкишофи ҷомеа инсонӣ; $C) Ҳаёти иҷтимоӣ ; $D) Зуҳуротҳои фарҳангӣ; $E) накукорӣ , ғамхорӣ ва кори савоб;

@26.

Меъёрҳои ахлоқии кӯмак расонидан ба эҳтиёҷмандон бештар дар кадом институти иҷтимоӣ мустаҳкам гардидааст?

$A) Дар институти дин; $B) Нақш; $C) Вазифа; $D) Дар институти унвон; $E) Дар институти вазъ ва ҳолат;

@27.

Асоси накукориро чӣ ташкил медиҳад?

$A) Статус(мақом)-е ,ки ба мо давлат додааст; $B) хоҳиши ба эҳтиёҷмандон неки намудан; $C) Хоҳиши касб; $D) Вазифа; $E) Унвон инро талаб менамояд;

@28.

«Адолат созишномаест, ки тибқи он на ба касе зиён расон, на аз касе озор бин ва на озорро таҳаммул кун». Ҳикмати зерин ба қалами кадоме аз ин донишмандон тааллуқ дорад? 

$A)  Афлотун;    $B) Эпикур;   $C) Суқрот;      $D) Диаген;   $E)  Ситсерон;

@29.

 Идеали  ахлоқӣ дар касб ва ихтисос чист?

 $A) Ин соҳиб шудан ба мақоми корманди итисодчи хизматнишондода мебошад; $B) Ин бо сифати баланд ва нархи арзон расонидани ёрӣ мебошад; $C) Ин аз ҳисоби буҷа(захираҳо)-и худ ба мизоҷон ёри расонидан аст; $D) ин ба дараҷаи олӣ ташкил намудани кор дар корхона мебошад; $E) Ин кори иҷтимоӣ аст;

@30.

 Арзишҳои муҳими касбии корманд:

 $A) Ин тасавуротҳои олиест, ки корманди иҷтимоӣ бояд дар куҷо кор кунад; $B) Ин тасавуротҳои олиест, ки ба ҳама таалуқ дорад; $C) Ин тасавуротҳои олӣ мебошад; $D) Э. Гидденс арзишро муайян кардааст; $E) ин тасавуротҳои олиест, ки кори олӣ чи тавр бояд амалӣ гардад;

@31.

Ахлоқи носирӣ асари кадоме аз ин мутафаккирон мебошад?

$A) Хаём; $B) Носири Хусрав;  $C) И.Хаддун; $D) Н.Тусӣ;  $E) Фаробӣ;

@32.

 Идеал чист?

 $A) Ин таҳлили амиқи амудию уфуқии объекти омӯхташаванда мебошад;  $B) ин аломати(нишонаи) талабот, муносиб новобаста аз оне, ки то чи дараҷа дар кори иҷтимоӣ, дар замони имрӯза амалӣ мегардад ; $C) Ин мафҳуми фалсаaист;  $D) Ин аломати(нишонаи) босамари фаъолияти касбии корманди соҳаи таъминоти психологӣ ва ҳуқуқӣ мебошад ; $E) Ин асотир аст, дар ҳақиқати ҳол идеал вуҷуд надорад;

@33.

 Арзиш чист?

 $A) Арзиш – ин ченаки кори корманди иҷтимоӣ мебошад; $B) Арзиш – ин талаботи кори иҷтимоӣ мебошад; $C) Арзиш гуфта мачмуи дастовардхои иктисоди, ичтимои, ва ахлокие мебошад, ки дар дар даврахои гуногуни таърихи офарида шуда мазмун ва мохияти худро аз ст нмедихад арзиш нмида мешавад; $D) Ин нархи як барал нафт дар бозори ҷаҳонӣ мебошад ; $E) Арзиш ин муайянкунандаи нархи тилло нисбат ба молҳо маҳсуб меёбад;

@34.

Заминаҳои ахлоқӣ- касбии корманд аз куҷо сарчашма мегирад?

 $A) Аз мавҷудияти қаср, мошин, суратҳисоб дар бонк, визаи Шенгенӣ; $B) Маълумот, фарҳанг, касб, нуфуз.; $C) Аз ҳокимият, нуфуз, маълумот, боигарӣ; $D) аз эътиқод, дин, урфу одат ва анъанаҳои пешгузаштагон; $E) Мошин, хонаи берун аз шаҳр, ҳавопаймои шахсӣ;

@35.

Этикаи касбии корманд кадом функсияҳоро ба анҷом мерасонад?

 $A) Идеологӣ танзимнамоӣ ва коммунистӣ; $B) Қонунгузор, иҷроия ва судӣ; $C) Дин, сиёсат ва маълумот; $D) Мушоҳидавӣ, қиёси ва экспериментӣ; $E)танзимнамоӣ, баҳодиҳӣ ва тарбиявӣ;

@36.

Андешаи «худро шинос» ба кадом мутафаккири юнони қадим таалуқ дорад?

$A) Суқрот; $B) П.Шозимов; $C) Флутин; $D) Морис; $E) М.Диноршоев;

@37.

 Ба андешаи Суқрот ва Платон чи боиси рафтори ношоям мегардад?

$A) Ҳаёти  одамон дар раванди муносибати байниҳамдигарӣ; $B) бемаърифатӣ; $C) Бомаърифатӣ; $D) Муносибати байниҳамии одамон бо давлат; $E) Фаъолияти иқтисодии одамон;

@38.

Шуури инқилобӣ чист?

$A) Шуури инқилобӣ гуфта, таҳаввулоту табаддулоти зеҳнии ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки боиси рушду нумӯи неруҳои зеҳнӣ мешавад; $B) Шуури инқилобӣ гуфта, инкишофи мунтазами нерӯҳои мухолифро меноманд; $C) Шуури инқилобӣ дарки ахбороти ҳаррӯзаи сиёсат аст;$D) Шуури инқилобӣ омӯзиши донишҳои мунтазами сиёсӣ аст; $E) Шуури инқилобӣ табаддулот ва таҳаввулоти амалияи иҷтимоӣ аст;

@39.

Меҳрубонӣ чист?

$A) Меҳрубони муҳимтарин арзиши ахлоқиест, ки дӯстдори ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмии аъзоёни ҷомеаро таъмин менамояд;   $B) Меҳрубони арзиши ахлоқиест, ки ваҳдати миллатҳоро ба танзим медарорад;  $C)  Меҳрубони эҳсоси гузарон аст;  $D)  меҳрубони хусусияти воқеии оила аст;  $E) Меҳрубони зебоии кулл аст;

@40.

Категоряи меҳрубониро дар чанд сатҳ дарк кардан мумкин аст?

$A) 2-сатҳ; фаҳмиши маҳдуд, фаҳмиши васеъ;   $B) 1-сатҳ; фаҳмиши кулл;   $C) 3-сатҳ; фаҳмиши махсус, фаҳмиши маҳдуд, фаҳмиши васеъ;  $D) 2-сатҳ; фаҳмиши васеъ ва махсус;   $E) дорои хусусияти умумӣ аст;

@41.

Эгоизм чист?

$A) калимаи лотини «ego» -«Ман»-худдустдорист, ки ба маънои хешро аз дигарон боло гузоштан; $B) Калимаи ҳиндугии «ёга»- буда ба маънои «баланд»- фаҳмида мешавад; $C) Т.Парсонс дар назарияи «Функсионализми сохтори»- и худ онро истифода кардааст; $D) Э.Дюркгейм онро ҳамчун яке аз синонимҳои «аномия» истифода кардааст; $E) Ф.Энгелс дар асари худ бо номи «Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат» ба он диққати махсус зоҳир намудааст;

@42.

 Сохтори илми ахлоқ иборат аст аз?

    $А) Рафтори нек, гуфтори нек; $B)шуури ахлоқӣ, рафтор ва фаъолияти ахлоқӣ, муносибати ахлоқӣ;  $C) Арзишҳои ахлоқӣ, некӣ ва бадӣ;  $D) Ахлоқи динӣ, ахлоқи касбӣ ва шуури ахлоқӣ;   $E) Илми ахлоқ, категорияҳои ахлоқ ва вазифаҳои ахлоқ;

@43.

Ҳамдардӣ чист?

$A) Методологияест дар бораи тарзу усули дарки дигарон; $B) Позитивизм, феноменология; $C) Эҳсосотест, ки тавассути он ғаму ғусса ва андуҳи дигарон дарк мегардад ё маҳорати худро баҷои дигарон гузоштан; $D) Хоҳиши ба дигарон кӯмак расонидан аст; $E) ин ёри расонидан аст;

@44.

Синонимҳои мафҳуми «арзишро» номбар намоед?

$A) Пӯшида ва кушода; $B) Хурд ва бузург; $C) Бисёрнасла ва дунасла; $D) қадр, қиммат, неъмат, манфиат, фоида, шаън ва ғ; $E) Сарват, манфиат, дорои, накуаҳволи ва ғ;

@45.

 Вазифаҳои илми ахлоқро номбар кунед?

$А)ояндабинӣ, маърифатӣ, ҷаҳонбинӣ; $B) танзимнамоӣ, маърифати, тарбиявӣ, баҳогузорӣ-арзишӣ, гумнистӣ;   $C)илмӣ, маърифатӣ, ҷаҳонбинӣ, касбӣ; $D)динӣ, танзимкунӣ, батартибдарорӣ;  $E) назорати, маърифатӣ, ҷаҳонбинӣ, ояндабинӣ, илмӣ;

@46.

Ба сифати арзишҳои ахлоқӣ чӣ баромад менамояд?

$A) Ба сифати арзишҳои волои ахлоқӣ мафҳумҳои ниҳоят муҳим ва аввалиндараҷа, ба монандӣ: «хайр, вафо, меҳр, некӣ, виҷдон. адолат ва ғайраҳо»  баромад менамоянд; $B) Арзиши ахлоқӣ, фаъолияти амалӣ ва маънавии инсон аст; $C) Арзишҳои ахлоқӣ воситаи танзимнамоии муносибатҳои ахлоқӣ аст;  $D) Арзишҳои ахлоқӣ ифодагари таззодҳои ҷомеа аст; $Е) Арзишҳои ахлоқӣ такондиҳандаи ҳама гуна ноадолатиҳо аст;

@47.

Мафҳуми арзиш аввалан маротиба кай ба адабиёти фалсафӣ ворид гардид?

$A) Дар соли 1994; $B) Дар асрҳои миёна; $C) Дар солҳои 60 –уми асри XX; $D) дар солҳои 60 –уми асри XIX; $E) Дар замони атиқа;

@48.

«Этикаи бузург» ва «Этикаи Никомах»  ба кадоме аз ин мутафаккирон таалуқ доранд?

$A) Ситсерон;  $B) Афлотун;   $C) Фалес;  $D) Суқрот; $Е) Арасту;

@49.

Объекти омӯзиши илми этика чист?

$А) Муносибати ахлоқии ҷомеа;  $B)Ба танзимдарории муносибатҳои ахлоқӣ;  $C)Ахлоқ;  $D) Муносибати бошуурона;  $Е) Адаб;

@50.

Муаллифи асари «Насиҳатнома» кист?

$А) А.Ғаззолӣ;  $B) Сино;  $C) Саъдӣ;  $D) Кайковус ;  $Е) Ҷомӣ;

@51.

Рукнҳои ахлоқии зардуштия кадомҳоянд?

$А) Гуфтори нек, нигоҳи нек, пиндори нек;  $B) Касбу кори нек, рафтори нек, гуфтори нек; $C) Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек;   $D) Пиндори нек, иродаи нек, гуфтори нек; $Е) Таақули нек, нигоҳи нек, иродаи нек.

@52.

Ҷавҳарии асосии динро чӣ ташкил медиҳад?

$А)Одоб;  $B) Ахлоқ;  $C) Ирода;  $D) Қоида;  $Е) Рафтор;

@53.

Муаллифи асари «Насиҳат-ул-мулук» кист?

$А) Ҷомӣ;  $B) Мискавайҳ;  $C) Ғаззолӣ;  $D) Саъдӣ;  $Е) Саноӣ;

@54.

 Кадом мутафакир бар зиди ақидаи Юм (нақши ҳисиёт дар шуури ахлоқӣ чигунааст) буд?

$A) Ситсерон; $В) Афлотун; $С) спиноза; $D) Шоисматуллоев; $E) Конт;

@55.

Муаллифи асари «Назарияи адолат кист»?

$A) Ситсерон; $B) Ролз;  $C) Арасту; $D) Суқрот; $E) Пифагор;

@56.

Ба ақидаи Юм  нақши ҳисиёт дар шуури ахлоқӣ чигунааст?

$A) Ба ақидаи ӯ ҳисиёт дар шуури ахлоқӣ ягон нақш надорад;

$B) ӯ ақида дошт, ки таҷрибаи ҳиссӣ сарчашмаи принсипҳои ахлоқӣ мебошанд; $C) Ӯ ақида дошт, ки ахлоқ характери ақлӣ (ратсионалӣ) дорад ва ҳисиёту рағбат ба он пайваст нест; $D) Ӯ ақида дошт, ки ҳисиёт дар ташкил шудани шуури омма зиёд аст; $Е) Ӯ дар ин маврид ақида баён накардааст;

@57.

Таълимоте, ки масъалаи марказии он некиву бади мебошад нишон диҳед?

$А) антропология;  $B) аксоилогия;  $C) этика;  $D) диншиносӣ;  $Е) онтология;

@58.

Арзишҳои ахлоқиро муайян намоед?

$А) Саховат, шаҳомат, шар;  $B) Вафо, муҳаббат, разолат;  $C) Некӣ, ростӣ, муҳаббат;  $D)Разолат, хайр, шар;  $Е) Меҳр, вафо, хиёнат;

@59.

Кадоме аз ин унсурҳо сохтори этикаро ташкил мекунанд?

$A) Ахлоқ, расму одат ва урфу анъана; $B) Тахрихи ахлоқ, назарияи ахлоқ ва ахлоқи амалӣ;  $C) ахлоқи амалӣ ва ахлоқи назариявӣ, рафтору кирдор;  $D) Пайдоиш, сарчашма ва моҳияти ахлоқ, некиву бадӣ ва хайру шарр; $Е) Шуури ахлоқӣ, рафтори ахлоқӣ ва меъёру муносибатҳои ахлоқӣ;

@60.

Адолат чист?

$A) Адолат тавсифномаи муносибатҳои инсонӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аст, ки муносибатҳои байни одамонро танзим намуда, арзишҳои иҷтимоиро тақсим менамояд;  $B) Адолат баробарӣ ва баробарҳуқуқии зану мард, подшоҳ ва гадо. дузду ғоратгар ва ғ. аст;  $C) Адолат бекор намудани ҳама гуна муҷозот ва азобу шиканҷаҳо аст;  $D) Адолат сабру таҳаммул дар мушкилиҳо аст; $Е) Адолат тавсифномаи хайр ва шар аст;

@61.

Мафҳумҳои Хайр ва Шар бештар дар кадом  асарҳои қадимаи Шарқ ифода ёфтаанд?

$A) Авесто;  $B) Трипитака;  $C) Таврот;  $D) Муҳокима ва баҳс;  $Е) Сутраняя;

@62.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ кадоме аз ин нафарон тарғибгари адлу адолат муаррифӣ шудааст?

$A)Заҳҳок;  $B) Исфандиёр;  $C) Маздак;  $D) Афросиёб;  $Е) Сиёвуш;

@63.

Қарз чист?

$A) Қарз омили беҳтарсозии вазъи иқтисодии инсон аст; $B) қарз масъулияти фардии инсон аст, ки ӯро  ба иҷрои амал ва ҳадафҳои ниҳоӣ водор месозад;  $C)  Қарз мафҳуми шахсиятсоз аст; $D) Қарз бозгукунандаи олами ботинии инсон аст; $Е) Қарз муайянкунандаи мақоми инсон дар ҷомеа аст;

@64.

Этика чист?

$A) Этика илмест, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти моддиву маънавиро меомузад; $B) этика таълимоти фалсафист, ки предмети омузиши он ахлоқ ва масъалаи марказии он некиву бадӣ мебошад; $C) Таълимоти динист, ки худошиносӣ ва тоату ибодатро меомузад; $D) Илм дар бораи психика ва ҳодисаҳои психики афрод;  $Е) Илм дар бораи қонунҳои умумитарини табиат, ҷамъият ва рушду инкишофи ҷомеаи инсонӣ;

@65.

Этикет чист?

$A) Этикет илмест, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти моддиву маънавиро меомузад; $B) Калимаи фаронсавӣ буда маънояш тартибоди оддии ҷамъиятӣ мебошад; $C) таълимоти динист, ки худошиносӣ ва тоату ибодатро меомузад; $D) Илм дар бораи психика ва ҳодисаҳои психики афрод;  $Е) Илм дар бораи қонунҳои умумитарини табиат, ҷамъият ва рушду инкишофи ҷомеаи инсонӣ;

@66.

Нахустин мутафаккире ки этикаро ҳамчун илми мустақилу новобаста аз фалсафа пешбарӣ кард муайян намоед:

$A) Анаксимандр; $B) Арасту; $C) Суқрот; $D) Афлотун; $Е) Эпикур;    

@67.

«Некӣ ва бадиро на ба тариқи панду андарз, балки бо далелҳои ақлонӣ бояд  исбот намуд. Ба дин тариқ, як илми ахлоқи ақлиро бояд бунёд сохт». Суханони зерин ба кадоме аз ин донишмандони юнони қадим тааллуқ дорад?

$A) Суқрот;    $B) Фалес;    $C) Эпикур;    $D) Диаген;         $E) Зенон;

@68.

Категорияҳои асосии илми этикаро нишон диҳед?

$A) Ҷаҳонбинӣ, илмӣ, ростӣ, хубӣ;  $B) Некӣ, бадӣ, виҷдон, масъулият, беинсофӣ, дурӯғгӯӣ, зулм, ситам, хиёнат, вафо, меҳрубонӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ;  $C) Хирадмандӣ, заковат, ибодат, донишмандӣ;   $D) Илм, фалсафа, хирад, ақл;   $E) Сарватмандӣ, тавоноӣ, донишмандӣ, ҷаҳонбинӣ, маърифат;

@69.

Қонунҳои этика дорои кадом хусусият аст?

$A) Хусусиятҳои фардӣ; $B) Хусусиятҳои дохилӣ ва бурунӣ; $C) Хусусиятҳои объективӣ ва субъективӣ; $D) Хусусиятҳои такроршаванда;$E) Хусусиятҳои универсалӣ;

@70.

Этикаи касбӣ чист?

$A) Этикаи ксбӣ- гуфта муносибати инсонро ба касбу ихтисоси муаян равона намуда муносибатҳои ахлоқии одамонро дар соҳаҳои меҳнатӣ ба танзим медарорад; $C) Этикаи касбӣ- ин муносибати ҷиддӣ доштан ба касби интихобкарда мебошад; $D) Этикаи касбӣ-ин вобаста ба истеъдоду қобилият мутахассисонро ба кор таъмин намудан аст; $E) Этикаи касбӣ ин маҷмуи принсипҳои ахлоқӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои рафтори мутахассис дар вақти кору фаъолият ва муносибати ахлоқии ӯ бо ҳамкорон аст;

@71.

Касб чист?

$A) Иавъи меҳнате ки инсон интихоб менамод; $B) Ин машғулият ва як навъи фаъолияти меҳнатӣ, ки дониш ва малакаҳои муҳимро талаб намуда дар натиҷаи омӯзиш ва таҷрибаи дурударози меҳнатӣ ҳосил мешавад,; $C) Фаъолияти меҳнатии барои инсон лозима; $D) Вазифае, ки давлат барои инсон муайян менамояд; $E) Фаъолияти еҳнатӣ, ки ба инсон нафъ меорад;

@72.

Асоси этикаи касбиро чи ташкил мекунад?

$A) муносибати инсон ба касб ва меҳнат; $B) Интихоби касб; $C) Эҳтироми ҳамкорон; $D) Риояи қоидаҳои тартибии дохилии корхона;   $E) Таҷрибаи зиёди корӣ доштан;

@73.

Кадом калима барои ифодаи мафҳумҳои «инсондӯстӣ, раҳмдилӣ» истифода мешавад?

$A) Гедонизм; $B) Эгоизм; $C) Прагматизм; $D) Гуманизм; $E) Алтруизм;

@74.

Мафҳуми «гуманизм» чи маъно дорад?

$A) Мансабпарастӣ; $B) Худписандӣ; $C) Инсондӯстӣ; $D)Дунёпарастӣ;  $E) Дунёбезорӣ;

@75.

Мафҳуми «эгоизм» чи маъно дорад?

$A) Муҳаббат ва ишқ; $B) Мансабпарастӣ; $C) Инсондӯстӣ; $D) Худбинӣ, худпарастӣ; $E) Сарватпарастӣ;

@76.

Аз рӯи кадом омилҳо нишонаҳои шахсиятро муайян менамоянд?

$A) Нерӯмандии фикрии шахсият, тавоноии амалии шахсият, фазилат ва тарбияти шахсият;  $B) Андешаи шахсӣ, тавоноии ҷисмонӣ, муҳити оилавӣ;  $C) Мавқеи иҷтимоӣ, шуури ахлоқӣ;  $D) Мутамарказии зеҳну ҷисм, хиради соф;   $E) Олами ботинӣ, ҳамоҳангии шуур ва амалия, ғаризаи биологӣ;

@77.

«Бунёди тарбия ҳунар, мусиқӣ, шеър ва расму оинҳо аст». Сухани зерин ба қалами кадоме аз ин донишмандон тааллуқ дорад?

$A) Суқрот;     $B) Конфутсӣ;     $C)Лаотсӣ;    $D) Пифагор;    $E) Фаробӣ;

@78.  

Истилоҳи «Морал» чи маъно дорад?

$A) Маънои ҳамдардӣ ва меҳр варзидан ба дигаронро дорад; $B) Маънои бузӯргманиширо дорад; $C) Маънои адолати иҷтимоиро дорад; $D) ҳамаънои истилоҳи этика ва ахлоқ буда, маънои хулқу одоб ва рафтору кирдорро дорад; $E) Маънои қаноатмандиро дорад;

@79.

«Бар кас маписанд ҳар он чӣ бар худ намеписандӣ»?

$A) Буддо;  $B) Зардушт;   $C) Конфутсӣ; $D) Сино; $E) Монӣ;

@80.

«Адолат созишномаест, ки тибқи он на ба касе зиён расон, на аз касе озор бин ва на озорро таҳаммул кун». Ҳикмати зерин ба қалами кадоме аз ин донишмандон тааллуқ дорад? 

$A)  Афлотун;    $B) Эпикур;   $C) Суқрот;      $D) Диаген;   $E)  Ситсерон;

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.