Савохои тести аз фанни Менечменти сармоягузори

Менеҷменти сармоягузорӣ

@1. Функсияҳои асосии менеҷмент?

$A) Банақшагирӣ, ташкилӣ, мутобиқат, ҳавасмандӣ, назорат;

$B) Кадрӣ, стратегӣ, лоиҳавӣ, фармондеҳӣ,тактикӣ ;

$C) Ахборотӣ, навоварӣ, озмоишӣ, маркетингӣ,ташкилӣ;

$D) Коммуникатсионӣ, амалӣ, назариявӣ, стратегӣ,навоварӣ;

$E)Коммуникатсионӣ, озмоишӣ, назариявӣ, тактикӣ, ташкилӣ.

@2.Амалигардонии функсияи «Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии ҷолибии сармоягузории лоиҳаҳои алоҳида ва интихоби самараноктар аз онҳо» ин?

$А)Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад;

$B)Низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад;

$C) Пешниҳоди ҷорӣ дар бозори сармоягузорӣ омӯхта мешавад; барои омӯхтани лоиҳаи сармоягузорӣ стратегияи мувофиқтари сармоягузории фирма интихоб карда мешавад ва таҳлили пурраи он гузаронида мешавад;

$D)Таклифотҳои мутобиқи воситаҳо дар бозор дида баромада мешавад;

$E)Барои таъмини идоракунии оперативии сандуқи сармоягузории ташкилшуда намудҳои гуногуни нақшаҳои ҷорӣ кор карда мешавад.

@3. Мафҳуми сармоягузорӣ аз калимаи лотинии «investire» ин?

$А) Кафолатдиҳиро ба ягон объект мефаҳмонад;

$B) Варақаи суғуртавии шахс;

$C)Хариди молҳои гаронарзиш;

$D) Ба мӯҳлати тӯлони гузоштани сармоя ба ягон объект;

$E) Маблағгузори ба иқтисодиёти кишвар.

@4.Маҷмӯи амалиётҳое, ки тавасути он менеҷер тайёркунӣ ва амалигардонии қарорҳои алоҳидаро таъмин мекунад ин?

$А) Идоракунӣ;

$B) Усулҳои идоракунӣ;

$C) Воситаҳои меҳнати идоракунӣ;

$D) Меҳнати идоракунӣ;

$E)Элементҳои  меҳнати идоракунӣ.

@5.Субъекти идоракунӣ ин?

$А) Элементҳое, ки фаъолияти идоракунӣ ба онҳо равона карда шудааст;

$B) Ахборот оиди проблемаи мавҷуда ва усулҳои бартарафкунии он;

$C) Фаъолияти идоракуниро ба роҳ монанда;

$D)Маҷмӯи амалиётҳое, ки тавасути он менеҷер тайёркунӣ ва амалигардонии қарорҳои алоҳидаро таъмин мекунад;

$E)Коргарони қатории фаъолияти ташкилот.

@6.Воситаи меҳнати идоракунӣ  ин?

$А) Ахборот оиди проблемаи мавҷуда ва усулҳои бартарафкунии он;

$B) Маҷмӯи амалиётҳое, ки тавасути он менеҷер (роҳбар) тайёркунӣ ва амалигардонии қарорҳои алоҳидаро таъмин мекунад;

$C) Ҳама он чизе, ки амалигардонии амалиётро бо ахборот имконият медиҳанд;

$D) Таъсири мақсадноки идоракунанда ба ҳисоб меравад;

$E)Маҷмӯи амалиётҳо оиди омӯзиши проблема ва коркарди вариантҳои ҳалли он.

@7.Меҳнати эвристикӣ ин?

$А) Меҳнате, ки асосан ба ӯҳдаи роҳбарон вогузор аст;

$B)  Ҳама он чизе, ки амалигардонии амалиётро бо ахборот имконият медиҳанд;

$C) Ахборот оиди проблемаи мавҷуда ва усулҳои бартарафкунии он;

$D) Маҷмӯи амалиётҳо оиди омӯзиши проблема ва коркарди вариантҳои ҳалли он;

$E)Таъмини техникии ҷараёнҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ бо ахборотҳои лозима.

@8.Амалигардонии функсияи «Баҳодиҳии сифатҳои сармоягузории воситаҳои молиявии алоҳида ва интихоби самараноктар аз онҳо» ин?

$А)Таклифотҳои мутобиқи воситаҳо дар бозор дида баромада мешавад, нишондиҳандаҳои алоҳидаи сифатҳои сармоягузории онҳо баҳо дода мешавад, ҳисоббаробаркуниҳои арзиши бозории онҳо гузаронида мешавад ва аз байни онҳо самараноктараш интихоб карда мешавад;

$B)Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад ва вазъияти ҷории бозори сармоягузорӣ ва омилҳои муаянкунандаи он таҳлил карда мешавад;

$C) Ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ ва бандҳои он, ки бо фаъолияти фирма алоқаманди дорад тартиб дода мешавад;

$D) Низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад;

$E)Талаботи умуми ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабини карда мешавад, имкониятҳои ташкили захираҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои худи муайян карда мешавад.

@9.Ҳама он чизе, ки амалигардонии амалиётро бо ахборот имконият медиҳад ин?                                                                                                                                                                               $А) Меҳнати идоракунӣ;

$B) Ахбороти идоракунӣ;

$C) Меҳнати эвристикӣ;

$D) Воситаҳои меҳнати идоракунӣ;

$E)Усулҳои идоракунӣ;

@10. Ба сифати сармоягузорони хориҷӣ дар ҶТ киҳо баромад мекунанд?                           $А) Давлатҳои хориҷӣ;

$B) Ташкилотҳои байналмилалӣ;

$C) Шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;

$D) Шаҳрвандони хориҷӣ;

$E)Ҳамаи ҷавобҳои боло дурустанд.

@11.Элементҳое, ки фаъолияти идоракунӣ ба онҳо равона карда шудаанд ин?                                                                                                                                                             $А) Субъекти идоракунӣ;

$B) Субъектҳои фаъолияти идоракунӣ;

$C) Меҳнати идоракунӣ;

$D) Объекти идоракунӣ;

$E) Роҳбарони ташкилот.

@12.Гурӯҳбандии сармоягузорӣ аз рӯи объекти сармоягузорӣ?                                                                                 $А) Сармоягузории бевосита, сармоягузории бавосита;

$B) Сармоягузории кутоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат;

$C) Сармояи ҳақиқӣ, сармояи молиявӣ, сармояи ғайримоддӣ;

$D) Сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ;

$E) Сармоягузории дохилӣ ва берунӣ.

@13. Предмет ва маҳсули меҳнат дар идоракунӣ  ин?                                                                                      $А) Ҳама он чизе, ки амалигардонии амалиётро бо ахборот имконият медиҳанд;

$B) Маҷмӯи амалиётҳо оиди омӯзиши проблема ва коркарди вариантҳои ҳалли он;

$C) Таъмини техникии ҷараёнҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ бо ахборотҳои лозима;

$D) Ахборот оиди проблемаи мавҷуда ва усулҳои бартарафкунии он;

$E) Замин ва олоти ба он таъсиррасон.

@14. Идоракунӣ ин?

$А)Маҷмӯи амалиётҳое, ки тавассути он роҳбар тайёркунӣ ва амалигардонии қарорҳои алоҳидаро таъмин мекунад;

$B) Элементҳое, ки фаъолияти идоракунӣ ба онҳо равона карда шудаанд;

$C) Фаъолияти мақсаднок ва шуурноки инсон мебошад, ки ба ин восита элементҳои муҳити атрофро ба манфиати худ танзим ва тобеъ мегардонад;

$D)Маҷмӯи тарзу воситаҳои таъсиррасонии субъекти идоракунанда ба объекти идорашаванда барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни корхона;

$E) Маҷмӯи амалиётҳо оиди омӯзиши проблема ва коркарди вариантҳои ҳалли он.

@15.Сармоягузорӣ аз рӯи шакли моликияти сармоягузор?                                                       $А) Зеҳнӣ ва корӣ;

$B) Бевосита ва бавосита;

$C) Ҳақиқӣ ва молиявӣ;

$D) Хусусӣ ва давлатӣ;

$E)Моддӣ ва ғайримоддӣ;

@16.Сармоягузориҳои ғайримоддӣ ин гузоштани сармоя ба?

$А) Саҳмияҳо ва қоғазҳои қимматнок;

$B) Шаҳрвандони хориҷӣ;

$C) Соҳаи иқтисодиёт ва корхона;

$D) Арзишҳои ғайримоддӣ;

$E) Биноҳои сохтмонӣ.

@17.Мақсади менеҷменти сармоягузорӣ ин?$

А)Таъмини суръати баланди рушди иқтисодии ташкилот аз ҳисоби фаъолияти сармоягузории самаранок;

$B)Таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии фирма дар ҷараёни амалигардонии фаъолияти сармоягузорӣ;

$C) Интихоби сармояе, ки манфиати зиёдтарро бо таваккали камтар дода метавонад;

$D)Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма;

$E)Гузоштани сармояро дар соҳаҳои иқтисодиёт.

@18. Сармоягузорӣ аз рӯи аломати минтақавӣ?

$А) Дохила ва беруна;

$B) Хусусӣ ва давлатӣ;

$C) Ҳақиқӣ ва молиявӣ;

$D) Кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат;

$E) Ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ.

@19.Сармоягузории ҳақиқӣ ин гузоштани сармоя ба?                                                               $А) Саҳмияҳои дигар ташкилот;

$B) Соҳаи иқтисодиёт ва корхона;

$C) Тайёркунии кадрҳо;

$D)Саҳмияҳо ва қоғазҳои қимматнок;

$E)Корхонаҳои ғайридавлатӣ.

@20. Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад; вазъияти ҷории бозори сармоягузорӣ ва омилҳои муайянкунандаи он таҳлил карда мешавад ин функсияи?

$А)Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма;

$B)Коркарди стратегияи ташкил намудани захираҳои сармоягузории фирма;

$C)Ташкил намудани сандуқи сармоягузорӣ ва баҳодиҳии он аз рӯи фоиданокӣ, тавакал ва бозоргирӣ;

$D) Татқиқотбарии муҳити берунаи сармоягузорӣ ва ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ;

$E)Банақшагирии ҷорӣ ва идоракунии оперативии амалигардонии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории алоҳида.

@21. Муносибатҳои идоракунӣ ба амал бароварда мешавад тавассути?

$А) Субъектҳои фаъолияти идоракунӣ;

$B) Объектҳои идоракунӣ;

$C) Субъектҳои идоракунӣ;

$D) Меҳнати идоракунӣ;

$E)Усулҳои идоракунӣ.

@22. Менеҷменти сармоягузорӣ- ин?                                                                                             $А) Гузоштани сармоя ба ташкилот; $B) Омӯзиши бозори сармоягузорӣ;

$C) Идоракунии ҷанбаҳои фаъолияти сармоягузории ташкилот; $D) Идоракунии фаъолияти тиҷоратӣ ва молиявии ташкилот; $E)Идоракунии ҳалли проблемаҳои тиҷоратии ташкилот.

@23. Идоракуние, ки объекти асосиашро инсон ташкил медиҳад ин?

$А) Идоракунии иҷтимоӣ;

$B) Идоракунии техникӣ; $C) Идоракунии табии;$D) Идоракунии идеологӣ;

$E) Идоракунии воситаҳои моддӣ.

@24.Интихоби сармояе, ки манфиати зиёдтарро бо таваккали камтар дода метавонад ин?

$А) Функсияи менеҷменти сармоягузорӣ; $B) Мақсади менеҷменти сармоягузорӣ;

$C) Усули менеҷменти сармоягузорӣ; $D) Яке аз қисматҳои муҳими идоракунии иқтисодии ташкилот; $E)Менеҷменти сармоягузорӣ.

@25. «Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма» ҳангоми амалигардонии ин функсия?

$А)Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад; вазъияти ҷории бозори сармоягузорӣ ва омилҳои муаянкунандаи он таҳлил карда мешавад; $B)Талаботи умуми ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабини карда мешавад; $C) Барои таъмини идоракунии оперативии сандуқи сармоягузории ташкилшуда намудҳои гуногуни нақшаҳои ҷори кор карда мешавад; $D)Низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад;

$E)Бо дарназардошти имконияти ҷалбкунии ҳаҷми захираҳои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои ҳисобкардашудаи фоиданокӣ ва сатҳи тавакал оид ба ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ ва воситаҳои молиявӣ интихоби онҳо барои амалигардонии бевосита иҷро карда мешавад.

@26.Амалигардонии функсияи «Коркарди стратегияи ташкил намудани захираҳои сармоягузории фирма» ин?$

А)Низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад; $B)Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад; $C)Вазъияти ҷории бозори сармоягузорӣ ва омилҳои муаянкунандаи он таҳлил карда мешавад; $D)Талаботи умумӣ ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабинӣ карда мешавад, имкониятҳои ташкили захираҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои худи муайян карда мешавад;

$E)Пешниҳоди ҷорӣ дар бозори сармоягузорӣ омӯхта мешавад; барои омӯхтани лоиҳаи сармоягузорӣ стратегияи мувофиқтари сармоягузории фирма интихоб карда мешавад; таҳлили пурраи он гузаронида мешавад;

@27.Қонуни ҶТ дар бораи «Сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҶТ» кадом сол қабул шудааст?

$А) Соли 1999; $B) Соли 2008; $C) Соли 1990; $D) Соли 1992; $E) Соли 1993.

@28.Дар ҷараёни амалигардоннии функсияи «Татқиқотбарии муҳити берунаи сармоягузорӣ ва ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ»?

$А)Низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад;

$B)Шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад; вазъияти ҷории бозори сармоягузорӣ ва омилҳои муаянкунандаи он таҳлил карда мешавад; $C)Талаботи умумӣ ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабини карда мешавад; $D)Пешниҳоди ҷорӣ дар бозори сармоягузорӣ омӯхта мешавад; барои омӯхтани лоиҳаи сармоягузорӣ стратегияи мувофиқтари сармоягузории фирма интихоб карда мешавад; $E)Таклифотҳои мутобиқи ин воситаҳо дар бозор дида баромада мешавад; нишондиҳандаҳои алоҳидаи сифатҳои сармоягузории онҳо баҳо дода мешавад; ҳисоббаробаркуниҳои арзиши бозории онҳо гузаронида мешавад.

@29.Фаъолияти сармоягузорӣ- ин?

$А) Интихоби сармояе, ки манфиати зиёдтарро бо таваккали камтар дода метавонад; $B) Маҷмӯи амалиётҳо оид ба бадаст овардани фоидаи пулӣ;  $C) Маҷмӯи амалиётҳо оид ба омӯхтани вазъи бозори сармоягузорӣ; $D) Амали сармоягузор вобаста ба  гузоштани сармоя ба истеҳсоли маҳсулот ва (ё) тарзи дигари истифодаи он бо мақсади ба даст овардани (фоида) ва (ё) муваффақ шудан ба натиҷаи дигари назаррас; $E)Маҷмӯи амалиётҳо оид ба истеҳсоли бевоситаи мол ва хадамот.

@30.Дар  ҷараёни амалигардоннии ин функсия низоми мақсадҳои фаъолияти сармоягузорӣ ва самтҳои асосии он дар мӯҳлати дароз, муайян кардани бартарияти вазифаҳо дар мӯҳлати наздик, ташкил карда мешавад- ин функсияи?

$А)Коркарди стратегияи ташкил намудани захираҳои сармоягузории фирма;

$B)Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма;

$C)Татқиқотбарии муҳити берунаи сармоягузорӣ ва ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ; $D)Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии ҷолибии сармоягузории лоиҳаҳои алоҳида ва интихоби самараноктари онҳо; $E)Ташкили мониторинги амалигардонии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории алоҳида.

@31.Гурӯҳбандии сармоягузорӣ аз рӯи тавсифи иштирок?

$А) Сармояи ҳақиқӣ, молиявӣ ва ғайримодӣ;

$B) Сармоягузории бевосита ва бавосита;

$C) Сармоягузории кутоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат;

$D) Сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ;

$E) Сармоягузории дохилӣ ва берунӣ.

@32.Дар ҷараёни амалигардоннии ин функсия талаботи умумӣ ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабинӣ карда мешавад, имкониятҳои ташкили захираҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои  худи муайян карда мешавад- ин функсияи?

$А)Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма;

$B)Ташкили мониторинги амалигардонии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории алоҳида;

$C) Татқиқотбарии муҳити берунаи сармоягузорӣ ва ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ;

$D)Коркарди стратегияи ташкил намудани захираҳои сармоягузории фирма;

$E)Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии ҷолибии сармоягузории лоиҳаҳои алоҳида ва интихоби самараноктари онҳо.

@33.Сармоягузории дохила ин гузоштани сармоя ба?

$А) Таъмини устувории молиявӣ;

$B) Объектҳое, ки дар ҳудуди давлат ҷойгиранд;

$C) Қоғазҳои қимматнок ва асъори озодгардишкунанда;

$D) Моликияти зеҳнӣ;

$E)Объектҳои давлатҳои хориҷа.

@34.Танзими андозбандии фаъолияти сармоягузорӣ ин?

$А) Расонидани кӯмакҳои молиявӣ барои рушди минтақаи алоҳида ё соҳаи алоҳида пешбини карда шавад;

$B) Додани ҳуқуқи амалигардонии астеҳлоки босуръат барои соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, элементҳои фондҳои асосӣ ва намудҳои дастгоҳҳо; $C) Таъмини самти сармоягузорӣ ба соҳаи бартаридоштаи иқтисодиёт тавасути гузоштани фоизҳои мувофиқи андоз ва имтиёзҳои андозӣ;

$D) Мувофиқи қонунгузориҳои амалкунанда ҳама лоиҳаҳо ва барномаҳои сармоягузорӣ санҷиши ҳатмии давлатиро мегузаранд;

$E) Маҷмӯи амалиётҳо оид ба омӯхтани вазъи бозори сармоягузорӣ.

@35.Сармоягузории портфелӣ- ин?

$A) Сармояе,ки ба саҳмияҳо, вомбаргҳо  ва дигар қоғазҳои қимматнок гузошта намешавад;

$B) Сармоягузориҳои начандон зиёд,ки ба соҳибони онҳо имкон намедиҳад,назорати муассисаро таъмин намоянд;

$C) Навъи қоғази қимматноке,ки ҳамчун воситаи сармягузорӣдар муомилот буда,иштирок ё ягон манфиати шахси харидорикунандаи қоғази қимматноки ширкатро дар амвол ва даромади ин ширкат исбот мекунад;

$D) Сармоягузории молиявӣ;

$E)Сармоягузории иқтисодӣ.

@36. Сармоягузорӣба активҳои ғайримоддӣ гуфта маблағузориҳоеро меноманд,ки?

$A)Барои ба даст овардани ҳуқуқи моддӣ;$B)Барои васеъ намудани корхонаи амалкунанда, афзоиши истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва тавоноии истеҳсолии корхона аст;$C)Барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот;$D) Барои ба даст овардани ҳуқуқҳои моддӣ ва ғайримоддӣ;

$E) Барои бадаст овардани даромади пурраи фирма.

@37. Яке аз воситаҳои хусусии корхонаҳое,ки барои маблағгузории асосӣ истифода бурда мешаванд иборатанд  аз?

$A)Қисми фоидаи ба даст омада; $B) Фоидаи пурра ба даст омада; $C) Фоидаиактивҳои фирма; $D)Қисими даромади активҳои фирма; $E)Қисми нопурраи фоидаи активҳои фирма.

@38.Бозори муташаккилона барасмиятдароварда ва мунтазам амалкунанда, ки дар он хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок анҷом дода мешавад ин?

$A) Бозори умумӣ; $B) Биржаи мол; $C)Биржаи асъор; $D) Бозори қоғазҳои қимматнок; $E) Бозори кор.

@39. Сиёсати сармоягузорӣ-ин?

$A)Фаъолияти бонки тиҷоратӣ,ки дорои дараҷаи таваккал буда,дар заминаи амалиёти фаъол бо қоғазҳои қимматнок таъсис ёфта, барои таъмини даромаднокӣ ва бозоргирии дороии бонкӣ равона гардидааст; $B)Фаъолияти навъи қоғазҳои қимматноке, ки ҳамчун воситаи сармоягузорӣ дар муомилот буда, иштирок ё ягон манфиати шахси харидорикунандаи қоғази қиматнокро дар бар мегирад;

$C)Фаъолияти муассисаи молиявие, ки дар бозори қоғазҳои қимматнок фаъолияти касбӣ анҷом медиҳанд; $D)Фаъолияти гуруҳи шахсони воқеие, ки бо мақсади сармоягузории пулҳои худ муттаҳид шудаанд;  E) Фаъолияти муассисаи сармоягузорие, ки дар бозори қоғазҳои қимматнок хизмати машварати ва сиёсӣ мерасонад.

@40.Ба саромоягузорӣ кадом омилҳо таъсир расонида метавонанд?

$A)Вақт,беқурбшавӣ,омили номуайянӣ ва таваккал; $B) Омили азнавистеҳсоли васеъ, тағиротҳои сохторӣ дар ҷумҳурӣ,баландбардории рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ; $C)Навкунии фондҳои асосӣ,рушди сатҳи техникӣ, омили мӯътадилкунии вазъи молиявӣ; $D)Баландбардории даромаднокии объекти сармоягузорӣ, пастгардонии таваккали фаъолияти сармоягузорӣ; $E) Омили молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ.

@41.Сохтани механизми амалии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати сармоягузорон ин?

$A)Роҳҳои асосии фаъолгардонии фаъолияти сармоягузорӣ

$B)Функсияҳои асосии менеҷменти сармоягузорӣ;

$C)Принсипҳои асосии фаъолияти сармоягузорӣ;

$D)Омилҳои асосии механизми фаъолияти сармоягузорӣ;

$E) Усулҳои асосии фаъолияти сармоягузорӣ.

@42.Сармоягузории давлатӣ-ин?

$A)Ин гузоштани маблағ, ки аз тарафи шаҳрвандон ва инчунин ташкилотҳои ғайридавлати амалигардонида мешавад;

$B)Ин гузоштани маблағ аз тарафи мақомотҳои идораи ҳокимияти марказӣ ва маҳалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет, фондҳои ғайрибуҷавӣ ва воститаҳои қарзӣ ва инчунин ташкилотҳои давлати аз ҳисоби маблағҳои воситаҳои худӣ;

$C)Ин гузоштани маблағ ба объектҳое, ки дар ҳудуди давлати худ ҷойгиранд;

$D)Дар худ гузоштани сармояро ба ягон соҳаи иқтисодиёт ё корхона мефаҳмонад, ки дар натиҷаи он сармояи нав ташкил мешавад ё сармояи мавҷудбуда зиёд мешавад;

$E) Ин гузоштани маблағ ба ташкилотҳои нав таъсис.

@43.Фаъолияти сармояузорӣ чанд бузургиҳоро дар бар мегирад?

$A)5;

$B)6;

$C)2;

$D)3;

$E)8;

@44.Сармояҳое, ки дар бозор зуд ба фурӯшравандае, ки аз истифодаи муваққатии маблағҳои зиёдатии дар ҳисоботи тавозунӣ ҳамчун сармояи гардон инъикосёбанда ба вуҷуд меоянд ин?

$A) Фоизи сармояҳои муваққатӣ;

$B) Ҳисоби муваққатӣ;

$C) Нархҳои муваққатӣ;

$D) Сармоягузориҳои муваққатӣ;

$E) Ҳисобдории муваққатӣ.

@45. Пастшавии расмии қурби асъор ин?

$A) Девалоризатсия;

$B) Девалватсия;

$C) Дедвейт;

$D) Девиация;

$E) Дегрессия.

@46.Функсияи мутобиқсозандаи менеҷменти сармоягузорӣин?

$A)Амалигардонии стратегия ва сиёсати сармоягузории   коркардашуда;

$B)Ҷараёни идоракунӣ, ки дар он коркарди стратегияи сармоягузорӣ ва сиёсати сармоягузорӣ амалӣ гардонида мешавад;

$C)Тартиб додани бизнес-нақшаи лоиҳаи сармоягузорӣ;

$D)Гирифтани натиҷаи самаранок аз фаъолияти сармоягузорӣ  ва  дар ҳар як давраи ҷараёни сармоягузорӣ гузаронидани мониторинг;

$E) Марҳилаи ҷараёни идоракунӣ, ки дар он коркарди стратегияи сармоягузорӣ ва сиёсати сармоягузорӣ амалӣ гардонида мешавад.

@47.Аз рӯи шакли моликияти сармоягузорон,  сармоягузорӣ тақсим мешавад ба?

$A)Сармоягузории хусусӣ, сармоягузории давлатӣ, сармоягузории хориҷӣ;

$B)Сармоягузории дохилӣ, сармоягузории беруна, сармоягузории хусусӣ;

$C)Сармояи ҳақиқӣ,сармояи молиявӣ,сармояи ғайримоддӣ;

$D)Сармоягузории портфелӣ, сармояи молиявӣ,сармояи ғайримоддӣ;

$E) Сармоягузории молӣ, сармоягузории иқтисодӣ, сармоягузории қарзӣ.

@48. Яке аз вазифаҳои менеҷменти сармоягузорӣ  ин?

$A)Таъмини рушди иқтидори иқтисодӣ ва истеҳсолии субъекти хоҷагидор; $B)Муайянкунии стратегия ва тактикаи сармоягузорӣ; $C)Коркарди сиёсати сармоягузорӣ; $D)Баландбардории рақобатпазирӣ; $E) Тарзи дурусти ташкили кор дар корхона.

@49.Ташкили мониторинги амалигардонии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории алоҳидаин?

$A)Ташкили системаи нишондиҳандаҳои мушоҳидашавандаи аввалин, ки бо амалигардонии ҳар як барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории алоҳида алоқаманд аст; $B)Дар ҷараёни амалигардоннии ин функсия таклифотҳои мутобиқи ин воситаҳо дар бозор дида баромада мешавад; $C)Дар ҷараёни амалигардоннии ин функсия талаботи умуми ба захираҳои сармоягузории барои амалигардонии стратегияи сармоягузории коркардашуда аз рӯи давраҳои амалигардонии он ояндабини карда мешавад; $D)Дар ҷараёни амалигардоннии ин функсия шароитҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар маҷмӯъ татқиқ карда мешавад; $E) Дар ҷараёни амалигардонии ин функсия шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар алоҳидагӣ татқиқ карда мешавад.

@50.Менеҷери сармоягузорӣ кадом функсияҳои асосиро иҷро мекунад?

$A)Баҳодиҳии ояндабинии ҷолибии сармоягузорӣ ва интихоби лоиҳаҳои аниқ;

$B)Баландбардории рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ; $C)Таъмини камкунии бозорҳои сармоягузорӣ; $D)Таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии фирма дар ҷараёни амалигардонии фаъолияти сармоягузорӣ; $E) Таъмини дурусти иҷроиши вазифаҳо дар корхона.

@51.Дар давраи равнақ паст мефарояд, дар марҳилаи буҳрон меафзояд?

$A)Ҳаҷми захираҳои молӣ;

$B)Ҳаҷми МММ;

$C)Қурби қоғазҳои қимматнок;

$D)Сатҳи бекорӣ;

$E)Пастшавии сармоягузорӣ.

@52.Дар марҳилаи равнақ мушоҳида мегардад?

$A)Сатҳи бекорӣ;

$B)Камшавии воридгардии андозҳо;

$C)Пастшавии сармоягузорӣ;

$D)Афзудани талабот ба меҳнат;

$E)Афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ.

@53.Дар давраи буҳрон меафзояд?

$A)Қурби қоғазҳои қимматнок;

$B)Хароҷоти истеъмолкунанда;

$C)Сатҳи музди кор;

$D)Меъёри фоиз;

$E)Бекорӣ.

@54.Ба давраҳои иқтисодӣ аз ҳама таъсири пурзӯр мерасонад?

$A)Афзоиши сармоягузорӣ ба захираҳои молӣ;

$B)Сармоягузориҳо ба бойгариҳо;

$C)Ҳароҷоти истеъмолӣ;

$D)Хароҷоти давлатӣ;

$E)Хараҷоти корхона.

@55.Сармоягузорӣ аз кадом омилҳо иборат аст?

$A)Ҳаҷми захираҳои молӣ;

$B)Ҳаҷми МММ;

$C)Қурби қоғазҳои қимматнок;

$D)Сатҳи бекорӣ;

$E)Аз дараҷаи андозаи фоизи сармоягузорӣ.

@56.Маблағгузорие,ки ба ҷараёни такрористеҳсолкунии фондҳои асосӣ дар корхона алоқаманд аст ин?

$A)Реинвеститсия;

$B)Экстенсивӣ;

$C)Ибтидоӣ;

$D)Активҳои моддӣ;

$E)Маблағгузории портфелӣ.

@57.Маблағгузории ҳақиқӣ ба чанд гуруҳ тақсим мешаванд?

$A)5;

$B)6;

$C)7;

$D)8;

$E)3.

@58.Харидагирифтан, ба иҷора гирифтан, гирифтани патент барои навоварӣ, нишонаи молӣ ин?

$A) Маблағгузорӣ ба активҳои ғайримоддӣ;

$B) Маблағгузорӣ ба активҳои моддӣ;

$C) Маблағгузории портфелӣ;

$D) Маблағгузории ҳақиқӣ;

$E) Маблағгузории ибтидоӣ.

@59.Сармоягузории портфелӣ ин?

$A) Шакли сармоягузорӣ;

$B) Намуди сармоягузорӣ;

$C)Функсияи сармоягузорӣ;

$D) Таркиби сармоягузорӣ;

$E)Гуруҳбандии сармоягузорӣ.

@60. Сохтмони нав, реконструксиякунӣ, васеъкунӣ ин?

$A) Маблағгузории ибтидоӣ;

$B) Маблағгузории ҳақиқӣ;

$C) Маблағгузорӣ ба активҳои ғайримоддӣ;

$D) Маблағгузории асосӣ;

$E)Маблағгузории экстенсивӣ.

@61.Маблағгузорӣ барои васеъ намудани афзоиши истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва тавоноии истеҳсолии корхона ин?

$A) Реинвеститсия;

$B) Маблағгузории ибтидоӣ;

$C) Маблағгузории экстенсивӣ;

$D) Маблағгузории портфелӣ;

$E) Маблағгузорӣ ба активҳои ғайримоддӣ.

@62. Гузоштани маблағ ба қоғазҳои қимматнок бо мақсади ба даст овардани фоида аз ҳисоби тағйироти қурб ё ба даст овардани дивидент ин?

$A) Маблағгузории бевосита;

$B) Маблағгузории бавосита;

$C) Маблағгузории ибтидоӣ;

$D) Маблағгузории экстенсивӣ;

$E) Маблағгузории асосӣ.

@63. Мақсади асосии менеҷменти сармоягузорӣ ин?

$A) Таъмини роҳҳои самараноктари амалигардонии стратегияи сармоягузории фирма;

$B) Тақсими маблағҳои пулӣ;

$C) Гуруҳбандии шаклҳои сармоя;

$D) Гузоштани маблағ ба объектҳое, ки берун аз ҳудуди давлатӣ ҷойгиранд;

$E) Фаъолияти лизингиро самараноктар намудан.

@64.Аз рӯи объект, тавсиф, муҳлат, шакли моликият, аломати минтақавӣ сармоягузорӣ иборат аст аз?

$A) Гуруҳбандии шаклҳои сармоя;

$B) Функсияҳои сармоягузорӣ;

$C) Намудҳои сармоягузорӣ;

$D) Шаклҳои сармоягузорӣ;

$E) Аломатҳои сармоягузорӣ.

@65.Шахси воқеи ё ҳуқуқӣ, ки барои иҷрои амалиёти миёнаравӣ дар бозори қоғазҳои қимматнок аз ҳисоби муштарӣ ва бо супориши вай ҳуқуқ дорад амал кунад ин?

$A) Дилери сармоягузорӣ;

$B) Брокери сармоягузорӣ;

$C) Мушовири сармоягузорӣ;

$D) Бонки сармоягузор;

$E) Сармоягузори хориҷӣ.

@66.Ҳар гуна қоғазҳои қимматнокро барои пардохти даромадҳои лозимӣ ба саҳмдорони худ харидорӣ мекунад ин?

$A)Хазинаи сармоягузорӣ;

$B) Портфели сармоягузорӣ;

$C) Трести сармоягузорӣ;

$D) Бонки сармоягузорӣ;

$E) Ширкати сармоягузорӣ.

@67. Қоғазҳои қимматноке, ки даромадро на камтар аз як саҳмия таъмин намуда вале дар маҷлиси умумии ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи овозро намедиҳад ин?

$A) Суратҳисоби сармоягузорӣ;

$B) Қарзи сармоягузории андоз;

$C) Тасдиқномаи сармоягузорӣ;

$D) Варақаи ҳисобрасӣ;

$E) Портфели сармоягузорӣ.

@68. Муассисаи сармоягузорӣ дар шакли ҷамъияти сармоягузорӣ, ки захираҳои он аз ҳисоби барориши қоғазҳои қимматноки худӣ ва фурӯши онҳо ба сармоягузорони хурд бо мақсади ҷалби пасандозҳои табақаҳои васеи аҳолӣ ташаккул меёбанд ин?

$A) Трести сармоягузорӣ;

$B) Суратҳисоби сармоягузорӣ;

$C) Хазинаи сармоягузорӣ;

$D) Дилери сармоягузорӣ;

$E) Брокери сармоягузорӣ.

@69.Ширкати сармоягузорие, ки саҳмияҳои он дар биржаи қоғазҳои қимматнок фурӯхта мешавад ва худи сармоя нисбатан бетағйир мемонад ин?

$A) Ширкати сармоягузории шакли пӯшида;

$B) Ширкати сармоягузории шакли кушода;

$C) Ҷамъияти маъсулияташ маҳдуд;

$D) Ҷамъияти маъсулияташ номаҳдуд;

$E) Ташкилотҳои молиявии хориҷӣ.

@70. Гуруҳи шахсони воқеие, ки бо мақсади сармоягузории пулҳои худ муттаҳид шудаанд ин?

$A) Брокерони сармоягузор;

$B) Дилерони сармоягузор;

$C) Маҳфили сармоягузорон;

$D) Мушовирони сармоягузор;

$E) Сармоягузорони молиявӣ.

@71.Дар раванди истеҳсолот дер боз  бе гум кардани шакли табиии худ иштирок мекунанд ин?

$A) Сармояи асосӣ;

$B) Воситаҳои асосӣ;

$C) Активҳои асосӣ;

$D) Меъёри асосии фоиз;

$E) Сармояи гардон.

@72.Дороиҳои ғайримоддӣ ин?

$A) Замин, иморат, мошин, таҷҳизот;

$B) Қоғазҳои қимматноки худӣ, сармоягузориҳо, мошин, таҷҳизот;

$C) Патент, иҷозатнома, лоиҳаҳо;

$D) Қитъаҳои замин ва объектҳои табиат, биною иншоот;

$E) Арзиши сохтмони асосии нотамом ва маблағгузориҳо барои ободонии қитъаҳои замин таалуқ доранд.

@73. Нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ, ки ҳамаи сармояи корхона, ширкатҳо ҳам аз нигоҳи табиӣ ва ҳам пулӣ бо пул нишон медиҳад ин?

$A) Воситаҳои асосӣ;

$B) Сармояи асосӣ;

$C) Меъёри асосии фоиз;

$D) Амалиёти биржавӣ;

$E) Амалиёти лизингӣ.

@74.Маблағи ба қоғазҳои қимматноки баровардаи ширкатҳои хусусӣ ва давлат, инчунин амонатҳои бонкӣ гузошташуда ин?

$A) Сармоягузориҳои молиявӣ;

$B) Воситаҳои молиявӣ;

$C) Ширкатҳои молиявӣ;

$D) Фючерси молиявӣ;

$E) Вексели молиявӣ;

@75. Сармоягузории умумӣ ба иқтисод дар давоми давраи муайян ин?

$A) Гардиши умумӣ;

$B) Валоризатсия;

$C) Даромади умумӣ;

$D)Воситаи гардон;

$E) Сармоягузории умумӣ.

@76.Арзиши маҷмӯии маҳсулот, молҳо, хизматрасонии бо нархҳои ҷорӣ андозагиришударо,ки дар давоми сол дар мамлакат ба вуҷуд оварда шудааст ин?

$A) Гардиши умумии амалиётии пул;

$B) Гардиши умумӣ;

$C) Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ;

$D) Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ;

$E) Арзиши изофии умумӣ.

@77.Муассисаи молиявие, ки Созмони Иқтисодии Аврупо бо мақсади мусоидат намудан ба инкишоф, ҳамгироӣ ва ба ҳам наздикшавии кишварҳои Ҷомеаи Иқтисодии Аврупо ва аъзои вобастаи он таъсис додааст ин?

$A) Фонди иҷтимоии Аврупо;

$B) Опсиони Аврупоӣ;

$C) Иттиҳоди Аврупо;

$D) Фонди рушди сармоягузории аврупо;

$E) Бонки Аврупоии сармоягузорӣ.

@78. Фонди аз ҷониби Чомеаи Иқтисодии Аврупо  таъсис ва маблағгузоришаванда бо мақсади мусоидат ба инкишофи иҷтимоию иқтисодии аъзои вобастаи ҷомеа ин?

$A) Ҷомеаи иқтисодии Аврупо;

$B) Иттиҳоди Аврупо;

$C) Фонди ҳамкории асъории Аврупо;

$D) Фонди рушди Аврупо;

$E) Созмонҳои Аврупо.

@79.Маблағи умумии сармояи саҳомӣ, ки бо он бақайдгирии ширкат мутобиқи санади таъсиси он анҷом дода мешавад ин?

$A) Сармояи оинномавӣ;

$B) Фонди оинномавӣ;

$C) Фонди идорашаванда;

$D) Сармояи қарзӣ;

$E) Сармояи захиравӣ.

@80. Барориши саҳмияҳо ба андозаи маблағе, ки аз арзиши дороиҳои холиси ширкат зиёд мебошад ин?

$A) Уҳдадориҳои барзиёд;

$B) Сармоянамоии барзиёд;

$C) Хароҷоти фавқулода;

$D) Даромади холиси сармоягузорӣ;

$E) Сармояи холиси гардон.

@81. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хусусии дохилӣ тарҳи маблағҷудокуниҳои истеҳлокӣ ин?

$A) Сармоягузориҳои холиси хусусии дохилӣ;

$B) Даромади холиси сармоягузорӣ;

$C) Сармояи холиси гардон;

$D) Сармояи саҳомӣ;

$E) Сармояи пешпардохт.

@82. Гардиши сармояи қарзӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, ки бо пешниҳоди захираҳои асъорӣ ва молӣ бо шартҳои баргаштпазирӣ, муҳлатнокӣ ва пардохти фоизҳо асос ёфтааст?

$A) Қарзи хориҷии молиётӣ;

$B) Қарзи хориҷӣ;

$C) Сармоягузории хориҷӣ;

$D) Бонки хориҷӣ;

$E) Уҳдадориҳои хориҷӣ.

@83. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба ягон кишвар сармоягузорӣ мекунанд ин?

$A) Бонкҳои хориҷӣ;

$B) Бонкдори сармоягузорӣ;

$C) Муассисаҳои молӣ;

$D) Сармоягузорони хориҷӣ;

$E) Сармоягузорони ниҳодӣ.

@84. Сармоягузории беруна ин?

$A) Гузоштани маблағ ба объектҳое,ки берун аз ҳудуди давлат қарор доранд;

$B) Гузоштани маблағ ба объектҳое, ки дар ҳудуди давлатӣ худ ҷойгиранд;

$C) Гузоштани маблағ аз тарафи шаҳрвандони воқеӣ, ҳуқуқӣ;

$D)Гузоштани маблағ аз тарафи мақомотҳои  идораи ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби буҷет, фондҳои ғайрибуҷавӣ;

$E)Ин гузоштани маблағ, аз тарафи шаҳрвандон ва инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар дохили давлат сурат мегирад.

@85.Даромад дар шакли фоиз ва дивиденд, ки шаҳрвандони як кишвар аз шаҳрвандони дигар кишварҳо ба даст меоранд, тарҳи фоиз ва дивидендҳое, ки шаҳрвандони кишвар ба шаҳрвандони дигар кишварҳо пардохт мекунанд ин?

$A) Воридоти холис;

$B) Даромади холиси сармоягузорӣ;

$C) Сармояи холиси гардон;

$D) Қарздиҳандаи холис;

$E) Сармоягузориҳои холиси хусусии дохилӣ.

@86. Баландшавии устувор ва доимии сатҳи умумии нарх ин?

$A) Омили беқурбшавӣ;

$B) Омили вақт;

$C) Омили таваккал;

$D) Омили номуайянӣ;

$E)Омилииқтисодӣ.

@87. Дар сатҳи умумии иқтисодӣ сармоя талаб карда мешавад барои?

$A) Тағйиротҳои сохторӣ дар ҷумҳурӣ;

$B) Навкунии фондҳои асосӣ;

$C) Рушди босубот;

$D)Такмилдиҳии ихтисоси ҳайати кадрӣ;

$E) Рушди сатҳи техникӣ.

@88.Беҳтаркунии муҳимтарини иқлими сармоягузорӣ, муътадилӣ ва пешгӯишавандагии шароитҳои субъектони иқтисодӣ, таъмини ҳавасмандгардонии сармоягузорон ба гузоштани воситаҳо ин?

$A) Омили механизми амалии ҳимояиҳуқуқ манфиати сармоягузорон;

$B) Дастгирии давлатии лоиҳаҳои сармоягузории бартаридошта;

$C) Омили фаъолгардонии фаъолияти сармоягузорӣ;

$D) Омили номуайянӣ ва таваккал;

$E) Омили баландбардории рақобатпазирӣ.

@89. Дар бизнеси сармоягузорӣ нақши муҳимро кадом давра мебозад?

$A) Давраи таваккал;

$B) Давраи холдингӣ;

$C) Давраи гирифтани фоида;

$D) Давраи дастгирии давлатии лоиҳаҳои сармоягузории бартаридошта;

$E) Давраи ташаккули механизми самараноки суғуртакунии сармоя.

@90. Гуруҳбандии шаклҳои сармоя аз рӯи объекти маблағгузорӣ ин?

$A) Маблағгузории бевосита;

$B) Маблағгузории бавосита;

$C) Сармоягузории дохилӣ;

$D) Сармоягузории беруна;

$E) Сармоягузории ҳақиқӣ.

@91. Ба вазифаи менеҷери сармоягузорӣ чиҳо дохил мешавад?

$A) Таъмини рушди иқтидори иқтисодӣ ва истеҳсолии субъекти хоҷагидор;

$B) Баландбардории даромаднокии объекти сармоягузорӣ;

$C) Пастгардонии таваккали фаъолияти сармоягузорӣ;

$D) Баландбардории рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ;

$E) Баҳодиҳии самаранокии барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, қабули қарорҳои комилан мувофиқ ва расонидани онҳо то иҷроиш.

@92.Бонке, ки ба сифати кафил ё иштирокдори консортсиум оид ба барориши вомбаргҳо ё саҳмияҳо амал мекунад, яъне ҷойгир кардани қогази қимматнокро барои пардохти даромадҳои лозимӣба  саҳмдорони худ таъмин мекунад ин?

$A) Дороиҳои сармоягузорӣ;

$B) Муассисаҳои сармоягузорӣ;

$C) Бонки сармоягузорӣ;

$D) Бонкдори сармоягузорӣ;

$E) Ширкати сармоягузорӣ;

@93. Сармоягузорӣ ба қоғазҳои қимматнок дар бозори қоғазҳои қимматнок, ки бо истифода аз маҷмӯи меъёрҳои собити марбут ба вобастагии муайян муқаррар карда мешавад ин?

$A) Сармоягузорӣ аз рӯи формула;

$B) Сармоягузории портфелӣ;

$C) Сармоягузории молиявӣ;

$D) Сармоягузории иқтисодӣ;

$E) Сармоягузории ҳақиқӣ.

@94. Сармоягузорӣ бевосита ба объекти сармоягузоришаванда ин?

$A) Сармоягузории ғайримустақим;

$B) Сармоягузории мустақим;

$C) Сармоягузории асосӣ;

$D) Сармоягузории молиявӣ;

$E)Сармоягузории иқтисодӣ.

@95. Сармояи пулӣ, сармоя дар шакли маблағҳои пулӣ ин?

$A) Муассисаи молиявӣ;

$B) Назорати молиявӣ;

$C)Бӯҳрони молиявӣ;

$D) Сармояи молиявӣ;

$E)Леверҷи молиявӣ.

@96. Маблағгузорӣ ба объектҳои вобаста ба зерсохтори истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ ин?

$A) Сармоягузории мустақим;

$B) Сармоягузории асосӣ;

$C) Сармоягузории ғайримустақим;

$D) Сармоягузории иқтисодӣ;

$E) Сармоягузории молиявӣ;

@97. Фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун «Дар бораи сармоягузорӣ»кай ба танзим дароварда шуда буд?

$A)12 майи соли 2007;

$B)10 октябри соли 2000;

$C)5 июли соли 1997;

$D)25 августи соли 2002;

$E) 12 сентябри соли 1994.

@98. Мутобиқи қонунгузори чунин объектҳои фаъолияти сармоягузориро ҷудо намудан мумкин аст?

$A)Молу мулки ғайриманқул, қоғазҳои қимматнок, моликияти зеҳнӣ;

$B)Ҳуқуқи амволӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, моликияти зеҳнӣ;

$C)Моликият ба шакли амволи манқул, қоғазҳои қимматнок, ҳуқуқи муаллифӣ;

$D)Миёнаравӣ дар баровардани қоғазҳои қимматнок,тиҷоратӣ, дилерӣ, молу мулки ғайриманқул;

$E)Фаъолияти комиссионӣ аз рӯи қоғазҳои қимматнок, фаъолияти тиҷоратӣ оид ба қоғазҳои қимматнок, идораи маҷмӯи қоғазҳои қимматнок.

@99. Давлат барои сармоягузорони хориҷӣ кадом имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад?

$A) Кафолати муҳофизати сармоя ва ҷубронӣ зарари сармоягузори хориҷӣ;

$B) Харидани қоғазҳои қимматноки корхонаҳои хориҷӣ;

$C) Харидани қоғазҳои қимматноке, ки ба сармоягузорони хориҷӣ таалуқ доранд;

$D)Сохтану кушодани шуъбаҳои корхонаҳои хурд;

$E) Кафолати муҳофизати сармоя.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.