Саволхои менеҷмент

@1. Сабади истеъмолӣ – ин:

$A) арзиши истеъмолии молу хизматҳоро дарбар мегирад; $B) молу хизматҳое мебошад, ки барои як сол ҳисоб карда мешавад; $C) истеъмолоти солонаи аҳолиро нишон медиҳад; $D) нишондиҳандаест, ки дараҷаи истеъмоли аҳолиро нишон медиҳад; $E) миқдори молу хизматҳое мебошад, ки барои қонеъгардонии талаботҳои оилаи миёна зарур аст.

@2. Зудҳаракатии иҷтимоӣ – ин:

$A) дараҷаи сабукиест, ки ба воситаи он инсон метавонад мавқеи ҷамъиятии худро тағйир диҳад; $B) иваз карда тавонистани мавқеи худро дар минтақа меноманд; $C) муайян кардани мавқеъро дар ҷамъият меноманд; $D) гузариш аз як гурӯҳ истеъмолкунандагон ба гурӯҳи дигар мебошад; $E) ҳолати зудҳаракатии қувваи кориро ифода менамояд.

@3. Кадом омилҳо ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ таъсир мерасонад?

$A) афзоиши дараҷаи нарх; $B) шумораи дастнигарон дар оила; $C) бад шудани шароити иқлим; $D) паст шудани сатҳи даромад; $E) паст шудани дараҷаи нарх ва афзоиши даромад.

@4. Кадом омилҳо ба паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонанд?

$A) афзоиши даромад; $B) беҳтар шудани шароити иқтисодӣ; $C) авҷ гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ; $D) афзоиши даромади миллӣ; $E) паст шудани дараҷаи нарх.

@5. Ба сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон дохил мешавад:

$A) расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон; $B) ҳифзи иҷтимоии камбизоатон; $C) дастгирии молиявии нафароне, ки кор карда наметавонанд; $D) барномаи суғуртаи иҷтимоӣ; $E) барномаҳое, ки барои кирояи қуваи корӣ мусоидат мекунанд.

@6. Ба барномаи суғуртаи иҷтимоӣ чӣ дохил намешавад?

$A) дастгирии музди кор; $B) дастгирии нафақа; $C) дастгирии музди кори бекорон; $D) ҷубронкунии нафақа, музди кор ва нафақа; $E) барномаи кӯмаки давлатӣ.

@7. Дар Ҷ.Т. кадоме аз нишонаи зерин камбизоатиро муайян менамояд?

$A) гуруснагӣ; $B) дастрас набудани оби нушокӣ; $C) афзоиши шумораи зиёди аҳолии бесавод; $D) набудани маблағ барои харидани молҳои мӯҳлати истифодаашон дурудароз; $E) тамоми нишондиҳандаҳои дар боло оварда шуда дараҷаи камбизоатиро муайян мекунад.

@8. Сиёсати иҷтимоии давлат гуфта:

$A) чорабиниҳои мушаххасро оиди такмили ихтисоси кормандон меноманд; $B) чорабиниҳои мушаххасро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ меноманд; $C) чорабиниҳои мушаххас оиди баландбардории сатҳи зиндагии аҳолӣ меноманд; $D) чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии аҳолӣ равона шудааст; $E) чорабиниҳои мушаххас оиди беҳтар кардани шароитҳои корӣ мебошад.

@9. Кӯмаки давлати ба киҳо пешниҳод карда мешавад?

$A) ба кормандоне, ки дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанд; $B) ба нафароне, ки музди корашон паст мебошад; $C) ба нафароне, ки музди корашон баланд мебошад; $D) ба нафароне, ки меҳнат карда наметавонанд ва онҳое, ки дар оилаашон кӯдаки бисёр доранд; $E) барои нафароне, ки фарзандонашон дар хизмати ҳарбӣ мебошанд.

@10. Сифати зиндагӣ кадом нишондиҳандаро дарбар мегирад?

$A) бехатарии меҳнат, инкишофи ҷисмонӣ, дараҷаи маданӣ; $B) дараҷаи молу хизматҳои истеъмолшаванда; $C) фаъолияти зист; $D) мувофиқати дараҷаи истеъмолот бо бузургии сабади истеъмолӣ; $E) истеъмоли неъматҳои истеъмолӣ.

@11. Ба хислатҳои хоси хоҷагии ҷаҳонӣ дохил намешавад:

$A) пайдошавии иқтисодиёти нави кӯшод; $B) ташаккули муносибатҳои нави молиявию қарзӣ; $C) ҳамгироии иқтисодии байни ҳавзаҳо; $D) ҷойивазкунии омилҳои истеҳсолот; $E) маҳдуд сохтани инфраструктураи ҷаҳонӣ.

@12. Равиши бо ҳамдигар наздикшавӣ ва ҳамбаста шудани иқтисодиёти алоҳидаи мамлакатҳо чиро мефаҳмонад?

$A) якҷояшавии давлатро; $B) ҳамгироии байни давлатҳоро; $C) баланд бардоштани иқтисодиёти давлатро; $D) ҷудошавии хоҷагиҳои миллиро; $E) маҳдуд сохтани сиёсати ягонаро.

@13. Сиёсати автаркия чигуна сиёсат мебошад?

$A) барпо намудани мингтақаҳои озод; $B) воридоти озоди сармоя; $C) сиёсати савдои кӯшод; $D) маҳдуд сохтани воридот; $E) паст намудани боҷҳои гумрукӣ.

@14. Кадоме аз мамлакатҳои ҷаҳон аввалин маротиба ба истеҳсоли абрешим машғул шудааст?

$A) Амрико; $B) Фаронса; $C) Чехия; $D) Шветсария; $E) Чин.

@15. Мамлакатҳои ҷаҳони муосирро ба кадом гуруҳҳо ҷудо мекунанд?

$A) мамлакатҳои саноатӣ, баъди саноатӣ, саноатинадошта; $B) мамлакатҳои тараққикарда, рӯ ба таққӣ ва қафомонда; $C) мамлакатҳои бузург, миёна ва хурд; $D) мамлакатҳои пешқадам ва қашшоқ; $E) мамлакатҳои мутараққӣ ва қафомонда.

@16. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом гуруҳҳи давлатҳо дохил мешавад?

$A) қафомонда; $B) тараққикарда; $C) қашшоқ; $D) баъди саноатӣ; $E) рӯ ба тараққӣ.

@17. Аввалин маротиба кадоме аз давлатҳои режими сотсиалистӣ дошта рӯ ба иқтисоди бозорӣ намуд?

$A) Чехославакия; $B) Югославия; $C) ҶумХурии Халқии Хитой; $D) давлатҳои сотсиалистии Европаи Шарқӣ; $E) ИҶШС.

@18. Равияи намоёнтарини робитаи байналхалқии иқтисоди кадом аст?

$A) савдои байналхалқи; $B) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат; $C) харакати ҷаҳонии сармоя ва қувваи корӣ; $D) робитаҳои илмию техникӣ; $E) муносибатҳои асъорӣ.

@19. Ин формула МС=МВ чиро ифода мекунад?

$A) баробарии нархи молҳои истеҳсолшуда ва фурӯхташударо; $B) баробарии хароҷот ва даромадро; $C) мувозинати байни нархи молҳои содиротӣ ва воридотиро; $D) баробарии сармоя ва меҳнатро; $E) баробар ҳаракат кардани қувваи корӣ ва сармояро.

@20. Ба оқибатҳои манфии савдои берунӣ (протексионизм) дохил мешавад:

$A) ҳифзи иқтисод аз рақобати беруна; $B) кӯмакрасонӣ ба соҳаҳои нав; $C) мусоидат ба афзоиши истеҳсолот; $D) танзими иқтисодиёт; $E) дар сатҳи баланд мондани нархҳо.

@21. Равияи нодурусти ҳаракати қувваи коргарии ҷаҳонро нишон диҳед:

$A) аз мамлакатҳои тараққикунанда ба мамлакатҳои мутараққӣ; $B) аз мамлакатҳои қафомонда ба мамлакатҳои тараққикунанда; $C) аз мамлакатҳои мутараққӣ ба тараққикунанда; $D) дар дохили мамлакатҳои тараққикунада; $E) дар дохили мамлакатҳои қафомонда.

@22. Ба кишварҳои тараққикардаи саноатӣ кадом давлатҳоро дохил намудан мумкин аст?

$A) Австралия, Канада, Ҷопон; $B) Бразилия, Мексика, Испания; $C) Ирландия, Эфиопия, Арабистони Саудӣ; $D) Кореяи Ҷанубӣ, Португалия, Сингапур; $E) Туркия, Чин, Бангладеш.

@23. Ба субъектҳои иқтисодии ҷаҳон дохил мешавад:

$A) шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили давлат; $B) шаҳрвандони дохилӣ дар хориҷ; $C) тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ; $D) вазорату идораҳо; $E) корхонаю ширкатҳои саҳомӣ.

@24. Ҳаҷми содирот ва воридот вобаста аст, аз:

$A) боҷи гумрукӣ; $B) сиёсати тиҷорати байналхалқӣ; $C) ҳаҷми истеҳсолот; $D) дахолати давлат; $E) маблағи дар муомилотбуда.

@25. Ба сабабҳои ғайрииқтисодии кӯчиши қувваи корӣ дохил мешавад:

$A) вазъи оилавӣ, сиёсӣ, миллӣ; $B) зиёд шудани сафи бекорон; $C) паст будани музди кор; $D) камчинии ҷойҳои кории холӣ; $E) зиёд шудани тақозо ба қувваи кории тахассуснок дар дигар давлат.

В-2

@26. Ба муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дохил мешавад:

$A) низоми робитаҳои гуногуни хоҷагидории иқтисоди миллии мамлакатҳои гуногун, ки дар тақсимоти байналхалқии меҳнат асос ёфтааст; $B) муносибатҳое, ки дар ҳукумати мамлакатҳои ҷаҳон иҷро мегардад; $C) маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии байни мамлакатҳои алоҳида бо иттиҳодияҳои минтақавии онҳо; $D) фаъолияти иқтисоди берунии ширкатҳои ҷаҳонӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@27. Ба субъектҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дохил намешавад:

$A) фирмаҳои шахсӣ, корхонаҳо, соҳибкорони алоҳида, ки дар асоси пеш бурдани алоқаҳои хоҷагидорӣ ташкил шудаанд; $B) ташкилотҳои байналхалқӣ; $C) сохторҳои давлатӣ, бевосита органҳои ҳукумативу давлатӣ; $D) симпозиум ва конференсияҳои байналхалқӣ; $E) фирмаҳо, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн фаъолият мекунанд.

@28. Мувофиқи таълимоти назарияи иқтисодӣ фарқияти байни содирот ва воридот чунин ном дорад:

$A) содироти мусбӣ; $B) содироти манфӣ; $C) содироти соф; $D) воридоти соф; $E) воридоти мусбӣ.

@29. Ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муомилотӣ мувофиқи ақидаи ҷонибдорони протексионизм ба чӣ оварда мерасонад?

$A) ба ҳимояи соҳаҳои иқтисоди миллӣ; $B) ташакулёбии монополияҳои дохилӣ; $C) коҳишёбии қобилияти мудофиавии мамлакат; $D) афзоиши шуғли аҳолӣ; $E) ихтисори шуғл дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ.

@30. Аз тарафи кадом олими машҳур Принсипи бартарияти мутлақ пешниҳод шудааст:

$A) А.Смит; $B) К.Маркс; $C) Ҷ.Кейнс; $D) Д.Рекардо; $E) Э.Хекшер.

@31. Ба сифати асъори байналхалқӣ дар низоми стандарти тиллоӣ чиро истифода мебурданд:

$A) асъори миллиро; $B) пулҳои нақдиро; $C) фулузотро; $D) тиллоро; $E) асъори хориҷиро.

@32. Дар конфронси Ямайка кадом низоми асъор ташкил шудааст:

$A) низоми асъори мустақим; $B) низоми асъори озод; $C) низоми стандарти тиллоӣ; $D) низоми асъори миллӣ; $E) низоми асъори хориҷӣ.

@33. Ба унсурҳои низоми байналхалқии асъор дохил намешавад:

$A) воситаҳои пардохт; $B) механизми нигоҳ доштан ва муайян кардани қурби асъор; $C) шароити қобили табдил будани асъор; $D) ташкилотҳои байналхалқӣ; $E) корхонаҳои хусусӣ.

@34. Дар мавриде, ки агар қурби воҳиди хориҷи бо асъори миллӣ чен карда мешавад, пас ин ҳолатро чӣ меноманд:

$A) нархгӯзории расмӣ; $B) нархгузории мустақим; $C) нархгузории ғайри мустақим; $D) нархгузории ғайрирасмӣ; $E) қурби дуҷониба.

@35. Бозори озоди асъор дар он давлатҳое ҷой дорад, ки:

$A) агар дар муомилоти ҷорӣ маҳдудияти асъорӣ дида нашавад; $B) дар муомилот танҳо доллар фаъолият кунад; $C) хариду фурӯш танҳо бо евро сурат гирад; $D) дар муомилоти ҷорӣ маҳдудияти асъори вуҷуд дошта бошад; $E) дар муомилот танҳо пулҳои нақдро истифода баранд.

@36. Дар ҳолате, ки агар асъори мамлакат ба асъори давлатҳои дигар бе мамоният мубодила гардад, пас ин:

$A) мубодилаи озод мебошад; $B) мубодилаи беруни аст; $C) мубодилаи дохилист; $D) мубодилаи нисбӣ аст; $E) маҳдудияти мубодилаи асъорӣ дида мешавад.

@37. Ҳампоягии асъорӣ дар кадом маврид амал мекунад?

$A) агар қурби асъор бо фунтстерлинг ҳисоб карда шавад; $B) агар қурби асъор аз рӯи захираи евро ҳисоб карда шавад; $C) агар қурби асъор аз рӯи захираи тиллою доллар ҳисоб карда шавад; $D) агар қурби асъор аз рӯи асъори давлатҳо муайян карда шавад; $E) агар қурби асъор бо марка ҳисоб карда шавад.

@38. Дар бозори асъор чӣ амалиётҳо гузаронида мешавад?

$A) пулҳои миллӣ бо асъори хорҷӣ иваз карда мешавад; $B) пулҳои нақдӣ бо пулҳои қарзӣ иваз карда мешаванд; $C) пулҳои қоғазӣ бо танга иваз карда мешавад; $D) пулҳои кӯҳна бо пулҳои нав иваз карда  мешаванд; $E) чекҳоро бо векселҳо иваз мекунанд.

@39. Девалватсия чиро мефаҳмонад?

$A) Баланд бардоштани нархҳоро; $B) интишор намудани пули навро; $C) дар муомилот ҷорӣ намудани пулҳои металиро; $D) расман паст намудани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро; $E) расман баланд кардани асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро.

@40. Ревалватсия чиро мефаҳмонад?

$A) паст намудани меъёри андозро; $B) баланд бардоштани фоизи қарзро; $C) интишори пулҳои фулузиро; $D) расман паст намудани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро; $E) расман баланд кардани асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро.

@41. Низоми асъорӣ “Бреттон-Вудск” чигуна низом мебошад?

$A) низоми асъори озод; $B) низоми асъори мустаҳкам; $C) низоми асъори нисбӣ; $D) низоми асъори ягона; $E) низоми асъори маҳдуд.

@42. Ҳампоягии асъорӣ – ин?

$A) муносибати байни ду давлатро меноманд; $B) муносибати байни ду асъор мебошад; $C) сиёсати асъории давлат аст; $D) қурби асъори давлатҳо мебошад; $E) пасту баландшавии қурби асъорро меноманд.

@43. Ба қурби асъор кадом омилҳо таъсир мерасонад?

$A) омилҳои дохилӣ ва беруна; $B) омилҳои мусбӣ ва манфӣ; $C) омилҳои дарозмӯҳлат, кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат; $D) омилҳои моддӣ ва маънавӣ; $E) омилҳои субъективӣ ва объективӣ.

@44. Бозори асъорро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?

$A) дохилӣ ва берунӣ; $B) давраи стандарти тиллоӣ, мустаҳкам ва озод; $C) мустақим ва ғайри мустақим; $D) фулузӣ, қоғазӣ, қарзӣ; $E) нақдӣ ва ғайринақдӣ.

@45. Кадом омилҳо қурби асъоррро муайян мекунанд?

$A) вазъи тавозуни пардохт; $B) суръати таваррум; $C) қобилияти харидории воҳиди пулӣ; $D) сатҳи меъёрии фоиз; $E) ҳамаи ҷавобҳо дуруст.

@46. Мафҳуми асъор чиро мефаҳмонад?

$A) даромади муайянро; $B) ҳаракати сармояи судхӯриро; $C) гардиши пулро дар муносибатҳои байналхалқӣ; $D) гардиши пулро дар дохили як кишвар; $E) моли байни ду давлатро.

@47. Намудҳои асосии асъор аз рӯи миқёси фаъолият?

$A) нисбӣ, мутлақ, бадалнашаванда; $B) миллӣ, хориҷӣ, умумиҷаҳонӣ; $C) ҳамҷоя, бадалнашаванда, нисбӣ; $D) давлатӣ, миллӣ, ҳамҷоя; $E) хусусӣ, давлатӣ, хориҷӣ.

@48. Кадоме аз ин намуди баланс дар робитаҳои иқтисодии берунии давлатҳо истифода бурда намешавад?

$A) баланси содироту воридоти молҳо; $B) баланси воситаҳои қарзӣ; $C) баланси пардохт; $D) баланси ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ; $E) баланси корхона.

@49. Солҳои 1870-1914-ро дар системаи асъории ҷаҳонӣ чигуна ном мебаранд?

$A) давраи системаи Бреттон-Вудск; $B) давраи баъдиҷангӣ; $C) давраи стандарти тиллоӣ; $D) системаи шинокунандаю танзимшаванда; $E) системаи танзимшаванда.

@50. Қоидаи муайяне, ки дар конфронси Ямайка соли 1976 оиди низоми асъори озод пешбиниӣ шудааст, кадом мебошад?

$A) нархи мустаҳками расмии тилло бо нархҳои бозорӣ иҷозат дода шуд; $B) иваз намудани доллар бо тилло барои бонкҳои Марказӣ ва органҳои давлатӣ манъ карда шуд; $C) ҳуқуқи ташкили асъорҳои минтақавӣ эътироф карда шуд; $D) ба сифати пулҳои ҷаҳонӣ асъорҳои минтақавӣ низ барои истифода иҷозат дода шуд; $E) ҳамаи ҷавобҳои овардашуда дурустанд.

test

Добавить комментарий