Саволхо аз фанни макроиктисод

@1.

Дефлятори МММ ҳамчун таносуби байни чунин нишондиҳандаҳо ҳисоб карда мешавад:

$A) МММ реалӣ нисбат ба МММ-и номиналӣ; $B) ММД-и номиналӣ бар МММ-и номиналӣ; $C) МММ-и номиналӣ бар МММ-и реалӣ; $D) ММД-и номиналӣ бар ММД-и реалӣ; $E) МММ-и реалӣ бар ММД-и реалӣ;

@2.

Барои муайян кардани ҳаҷми даромади миллӣ бояд:

$A)аз ҳаҷми МММ суммаи андозҳои ғайримустақимро барорем;

$B) ҳаҷми ММД-ро ба миқдори  хўрдашавии фондҳои асосӣ кам намоем; $C)аз ҳаҷми ММД фонди истеҳлок, андозҳои ғайримустақим ва ёрдампулиҳоро барорем; $D) аз ММД суммаи маблағҳои трансфертии давлатиро тарҳ созем; $E) аз ММС андозҳои ғайримустақимро ихтисор намоем;

@3.

 Хароҷотҳои шахсии истеъмолии хоҷагиҳои хонагӣ ин:

$A) хароҷотҳои  хоҷагиҳои хонагӣ барои ба даст овардани молњои истеъмолии дарозмуддат; $B) хароҷотҳои  хоҷагиҳои хонагӣ барои ба даст овардани молњои истеъмолии дарозмуддат ва кўтоҳмуддат; $C) пардохтҳои трансфертӣ ва андозҳо;

$D) хароҷотҳои  хоҷагиҳои  хонагӣ барои ба даст овардани молу хизматҳо ва пардохти андозҳои шахсӣ; $E) њамаи љавобњо нодурустанд;

@4.

 Сарчашмаи даромадҳои шахсӣ инҳоянд:

$A) даромад аз  моликият; $B) даромад аз иҷораи хона; $C) пардохтҳои трансфертӣ; $D) музди кор,; $E) њамаи љавобњо дурустанд;

@5.

 Даромади шахсии дар ихтиёрбуда ин:

$A) даромади шахсӣ тарҳи андозҳои шахсӣ ва пардохтҳои ғайриандозї; $B) суммаи маблағҳое, ки музди кор, ҳаққи меҳнат ва даромадро дар шакли фоиз аз сармоя дорад; $C) музди кор, ҳаққи меҳнат, фоиз аз гардиши сармоя тарҳи андоз аз даромади шахсӣ; $D)маблаѓе,ки шахс ёфтааст;$E) ҳамаи ҷавобҳои боло нодурустанд;

@6.

 Ҳисоби дубора ҳангоми муайян кардани МММ ва ММС дар чунин ҳолатҳо љой дошта метавонад:

$A) ҷамъ кардани арзиши аслии маҳсулот дар соҳаҳои саноати коркард; $B) афзоиши захираҳо дар саноати истеҳсоли орд; $C) истеҳсоли оҳан ва пӯлод; $D) арзиши иловашуда, ки дар соҳаи саноати ордистеҳсолкунӣ ва савдои он ба вуҷуд омадааст; $E) ҳаҷми умумии молҳои истеъмолї  ва воситаҳои истеҳсолии   харидкардашуда;

@7.

 Кадоме аз бузургии агрегатҳои номбаркардашуда ҳангоми ҳисоби ҳаҷми даромади миллӣ ба эътибор гирифта намешавад:

$A) фоидаи корхонаҳо; $B) маблағҳои трансфертии давлатӣ; $C) фоизе, ки соҳибкорон барои сармояи ба қарз гирифташуда мепардозанд; $D) даромади рентавӣ;   $E) музди кор ва ҳаққи меҳнат;

@8.

 Даромади шахсӣ ин:

$A) арзиши молу хизматҳои дар як сол истеҳсолшуда; $B) даромаде, ки хоҷагиҳои хонагӣ дар давоми соли  ҷорӣ гирифтаанд; $C) тамоми даромади шахсие, ки баъди супоридани андозҳо боқӣ мемонад; $D) суммаи пасандозҳо аз сарчашмаҳои хусусие, ки дар ҳамин давлат мавҷуд аст;  $E) МММ тарҳи аммортизатсия;

@9.

 Кадоме аз нишондиҳандаҳои номбаршаванда ба таркиби МММ дохил карда мешавад:

$A) хизмати соҳибхоназан; $B) аз ҳамсоя харидани автомашинаи  истифодашуда; $C) хариди саҳмияҳои нав аз миёнарав; $D) хариди заём аз корхонаи корпоративӣ; $E) арзиши китоби нав аз мағозаи китобфурушӣ;

@10.

Предмети омӯзиши макроиқтисод чист:

$А) дараҷаи бекорї дар кишвар; $B) муқаррар намудани нарх дар бозори омилҳои истеҳсолот; $C) дараҷаи тақозои маблағгузорї дар иқтисодиёт;  $D)таъсири сиёсати фискалї ба рушди иқтисодӣ; $E) ҳамаи љавобҳо дурустанд;

@11.

 Кадоме аз ин нишондиҳандаҳо субъекти асосии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад:

$А) Бонкњои тиљоратї; $B) хоҷагиҳои хонагӣ;  $C) фирмаҳо;  $D)бозори мол ва хизматҳо; $E) давлат;

@12.

Модели макроиқтисодӣ барои чӣ сохта мешавад:

$А) тасвири мақсади ҳаракати иқтисодиёт; $B) муайян намудани ҳолати дурусти иқтисодиёт; $B) ошкор намудани алоқаҳои асосии иқтисодї;  $D)таҳлили таъсири ҳодисаҳои берунӣ ва дохилӣ; $E) ба вуҷуд овардани ояндабинии иқтисодӣ;

@13.                                   

Дар таҳлили дурусти макроиқтисодӣ ҳолати зерин ба вуҷуд оварда мешавад:

$А) асоснок намудани рафтори субъекти иқтисодӣ; $B) омӯзиши натиҷаи таъсири субъектони иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ; $B) тавсияи дуруст барои истифодаи воситаҳои сиёсати иктисодӣ;  $D) дарки дурусти назарияи тахмин (гипотез); $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@14.

Кадоме аз ин хароҷотҳои хоҷагиҳои хонагӣ ба ҳаҷми МММ дохил карда мешавад:

$А) хариди автомашинааз шахси шинос; $B)  хариди аксияи нав аз брокер; $B) хариди облигатсияи амонатӣ аз Бонки тиҷоратӣ; $D)хариди ручка нав ба ҷои ручкаи гумшуда; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@15.

 Кадоме аз ин нишондиҳандаҳо ҳангоми ҳисоби ҳаҷми МММ бо усули даромадҳо ба назар гирифта намешавад:

$А) андозҳои ғайримустақим; $B) даромади фирмаҳои хориҷии дар кишвари мазкур ҷойгирифта; $B) музди кори шахсони хориҷии дар кишвари мазкур фаъолияткунанда; $D)дивиденди шахсони дохили аз ҳисоби фирмаҳои хориҷӣ;  $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@16.

 Маблағҷудокунӣ барои сармояи истеъмолшуда ин:

$A) инвеститсияҳои соф; $B) инвеститсияҳои софи хориҷӣ; $C) амартизатсия ( истеҳлок); $D) фондҳое, ки барои хариди молҳои истеъмолӣ истифода намешаванд; $E) воситаҳое, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ равона шудааст;

@17.

 Омилҳои маљмўи тақозоро ки ба рушди иқтисодӣ таъсир мерасонад, муайян кунед:

$A) миқдор ва сифати захираҳои табиӣ; $B) сармояи асосӣ; $C) миқдори аҳолии қобили меҳнат;  $D) музди кор; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@18.

 Омилҳои экстенсивии рушди иқтисодиро ҷудо намоед:

$A) рушди миқдории қувваи коргарӣ; $B) рушди сармоя; $C) рушди замин ва ашьёи хом; $D) захираҳои сузишворӣ ва энергетика; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;  

@19.

Иқтисодиёти пӯшида танҳо ду намуди маҳсулот ( себ ва нок) истеҳсол мекунад. Истеҳсол ва нархи онҳо дар давоми ду сол чунин аст.

         Истеҳсолот                       Нарх
     Себ ҳаз.тонн         Нок     ҳаз.тонн   ҳаз.сом барои 1 тонн   Ҳаз.сом барои 1 тонн
Соли 1 250 130 12 35
Соли 2 260 190 10 48

Индекси истеъмолии нархҳои соли 2 нисбати соли 1 баробар аст ба.

$A) 1,16; $B) 1,20; $C) 1,32; $D) 1,41; $E) 1,55;

@20.

 Агар аз даромади миллӣ андоз аз фоидаи корхона, фоидаи                                         тақсимнашудаи корхона ва аъзоҳақӣ ба фонди суғуртаро тарҳ карда маблағҳои софи трансфертиро ҷамъ кунем, пас суммаи ҳосилшуда ин:

$A) даромади шахсӣ; $B) даромади шахсии дар ихтиёрбуда; $C) МММ; $D) ММС; $E) аммартизатсия ( истеҳлок);  

@21.

Ҳаҷми истеъмол ва ҳаҷми пасандоз ин:

$A) ҳаҷми даромад; $B) афзоиши даромад  ҳангоми рушди иқтисодӣ; $C) ҳамеша аз даромад камтар аст; $D) ҳамеша аз даромад зиёдтар аст; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@22.

 Майли миёнаи истеъмол ин:

$A)таносуби бузургии истеъмол ба бузургии даромад; $B)таносуби бузургии истеъмол ба дараҷаи даромад; $C)таносуби ҳаҷми даромади истеъмолшаванда ба даромади умумӣ; $D)таносуби зиёдшавии истеъмол ба даромад; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@23.

 Њадди интињоиимайли  пасандоз(MPS):

$A) ҳамеша  аз 1 зиёд аст; $B) ҳамеша аз 0 зиёд аст; $C)ба 1 баробар аст; $D) ба 0 баробар аст;       $E) ҳамаи чавобҳо нодурустанд;

@24.

 Њадди интињоии майли истеъмол (MPC)  ин:

$A) нисбати афзоиши  истеъмол баафзоиши  пасандоз аст; $B) муносибати байни ҳаҷми истеъмол ва даромад аст; $C) зиёдшавии ҳаҷми истеъмол ба 1 – воҳиди даромад аст; $D) муносибати байни ҳаҷми даромад ва хароҷот аст; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@25.

Самараи фузунсоз чиро нишон медиҳад:

$A) тағирёбии даромад ҳангоми афзоиши маблағгузорињо; $B) тағирёбии даромад ҳангоми камшавии маблағгузорињо; $C) тағирёбии даромад ҳангоми бетағир мондани маблағгузорињо; $D) тағирёбии даромад ҳангоми тағирёбии маблағгузорињо; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; 

@26.

 Дар ҳолати љой доштани рушди иқтисодӣ таносуби  байни истеъмол ва пасандоз чӣ гуна аст:

$A) тағир намеёбад; $B)ба 1 баробар аст; $C) аз 1 калон аст;   $D) аз 1 хурд аст; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@27.

 Маҷмўи тақозо дар макроиқтисод ин:

$A) харочотҳои давлатӣ ва маҷмӯи маблағгузорињои  корхонаҳо; $B) маҷмӯи харољотњои  хоҷагиҳои хонагӣ ва содироти соф;   $C)қобилияти харидории субектҳои макроиқтисодӣ; $D) маҷмӯи харољотњои хоҷагиҳои хонагӣ ва маҷмӯи маблағгузории корхонаҳо; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@28.

 Пасандози давлатї ин:

$A) S=T-G; $B) S=Y-T-C; $C) S=Y-C-G; $D)  S=S2-Sp; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@29.

 Истеъмол ин:

$A) қисми даромади хоҷагиҳои хонагӣ, ки барои хариди молу хизматҳо сарф мешавад; $B) қисми даромаде, ки барои хариди молу хизматҳо дар оянда пешбинї шудааст; $C) қисми даромади дар бонкҳо андўхташуда; $D) қисми даромаде, ки барои пардохти андоз пешбинї шудааст; $E)  ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@30.

 Маблағгузорӣ ин:

$A) қисми даромади дар давраи муайян истеъмолнашуда; $B) тамоми захираҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии гузошташуда; $C) азхудкунии амвол; $D) аз худ намудани молҳои истифодаашон дурудароз, инчунин асъор ва тилло; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@31.

 Чанд шакли маблағгузориро аз ҳамдигар ҷудо менамоянд:

$A) 4 – намуд; $B) 3 – намуд; $C) 5 – намуд; $D) 1 – намуд; $E) 2 – намуд;

@32.

 Сарчашмаи маблағгузорӣ ин:

$A) истеъмол; $B) пасандоз; $C) андозҳо; $D) сарват; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@33.

 Асосгузорони назарияи фузунсоз кадом мактаби иқтисодӣ ба ҳисоб меравад:

$A) меркантилизм; $B) физиократҳо; $C) кейнсионӣ; $D) маржинализм; $E) монетаризм;

@34.

 Омилҳои интенсивии рушди иқтисодро ҷудо намоед:

$A) баланд шудани  ҳосилнокии меҳнат; $B) беҳтар шудани сифати қувваи корӣ; $C)баланд шудани сатњи технология; $D) беҳтар шудани  сифати сармояи маҳсулдеҳ; $E) ҳамаи  ҷавобҳо дурустанд;

@35.

 Кадом нишондињанда омили муайянкунандаи  сатҳи зиндагии одамон ба њисоб муравад:

$A) шумораи коргароне, ки дар ҷараёни истеҳсолот банд ҳастанд; $B) миқдори музди кори миёна; $C) маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба сари аҳолӣ;

$D) миқдори ҳақиқии маҷмӯи маҳсулоти миллӣ; $E) маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;

@36.

 Асосгузорони назарияи сармояи инсонӣ инҳо мебошанд:

$A)  Г. Беккер  ва  Т. Шултс; $B) Кейнс ва В. Олин; $C)   Арасту ва Афлотун; $D)   К. Маркс ва Ф.Энгелс; $E)   А. Смит ва Д. Рекардо;

@37.

 Сармояи инсонї аз дигар намудҳои сармоя бо  хусусиятњои зерин фарќ мекунад:

$A)  аз тарафи маблағгузорон соҳибӣ карда мешавад; $B)  давлат худ соҳибӣ мекунад; $C)   танҳо аз тарафи молик  идора карда мешавад; $D)   хусусияти афзун шуданро дорад; $E)   аз рӯи арзиш  баҳо дода мешавад;

@38.

 Мафҳуми шуғли пурра ифода мекунад:

$A)  100 % бо кор таъмин будани аҳолии қобили меҳнат; $B) бекорї мутлаќо мављуд нест;  $C)   бекории даврї мављуд нест;  $D)   вуҷуд надоштани бекории таркибиро; $E)   ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@39.

 Бекории даврї  бекориест, ки дар натиљаи:

$A)  њиљрати қувваи корӣ ба вуҷуд омадааст; $B)  тағироти технологӣ дар истеҳсолот ба вуҷуд омадааст;  $C)  муфлисшавии корхонаҳо ба вуҷуд омадааст;  $D)   камшавии музди кор ба вуҷуд омадааст; $E)   дар натиҷаи дигаргун шудани талабот ба вуҷуд омадааст;

@40.

 Роњњои паст кардани сатњи бекорї :

$A)  баланд бардоштани музди кори коргарон; $B)баланд бардоштани дараљаи дониши ќувваи коргарї; $C)  таъсис додани  низоми ахборотї оиди љойҳои кории холї; $D)  ташкил кардани  ярмаркаҳои ҷойҳои кории холї;  $E)   Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@41.

 Мувофиқи қонуни Оукен агарсатњиреалии  бекорӣ аз сатњи табии бекорӣ 1% зиёд шавад,  пас  ҳаҷми МММ  чї қадар кам мешавад:

$A) 2% ; $B) 2,5 % ;  $C) 3%;  $D) 3,5 %; $E) 4 %;

@42.

Фаъолияти биржаи меҳнатро кадоме аз самтҳои номбаршуда тавсиф менамояд:

$A)  ба рӯйхатгирии бекорон; $B)  ба қайдгирии ҷойҳои корӣ; $C)  паст кардани сатњи  маблағгузорӣ;   $D)   додани кӯмакпулӣ барои бекорон;  $E)  пањн намудани иттилоот  оиди бозорӣ меҳнат;

@43.

 Ба сафи бекорон дохиланд:

$A)  ахолии қобили кор, ки дар биржаи меҳнат номнавис шудаанд; $B)  аҳолии фаъоли иқтисодї; $C)  шахсони ба кор мӯҳтоҷ набуда.  $D) қувваи меҳнатие, ки дар муҳоҷирати меҳнатї қарор доранд; $E) њамаи љавобњо нодурустанд;

@44.

 Аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ – инҳоянд:

$A)  аҳолии қобилияти корӣ надошта; $B)  маъюбон ва беморон;  $C)  сарватмандоне, ки ба кор эҳтиёҷ надоранд;  $D)   хонандагони мактабҳо;$E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@45.

Монометализм – ин:

$A) намуди ислоҳоти пулӣ; $B)намуди системаи пулӣ дар мавриде, ки нақши пул қонунан ба тилло ва нуқра мустаҳкам шудааст; $C) системаи пулӣ дар мавриди як металл  ҳамчун эквиваленти умумӣ хизмат мекунад ва асоси муомилоти пулӣ мебошад; $D) системаи пулӣ, ки дар он нигоҳдории вазни металл бо асъори миллӣ дастур дода намешавад; $E) интишори пул;

@46.

 Вазифаҳои пул дар он аст, ки:

$A) пул ҳамчун андозаи  арзиш ва андӯхт  хизмат мекунад; $B) пул ҳамчун воситаи муомилот ва воситаи пардохт мебошад; $C) пул ҳамчун пули ҷаҳонӣ баромад мекунад; $D) пул ҳамчун воситаи андозаи арзиш, воситаи муомилот ва воситаи андӯхт мебошад; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@47.

 Пардохтпазирии (ликвидность) нисбатан баланд  кадом нишондиҳанда дорад:

$A) маҳсулоти хўрока; $B)молҳои истифодаашон дуру дароз; $C) ҷавоҳирот; $D) пулҳои нақд. $E) пулҳои ғайринақдӣ;

@48.

 Фарқи пулҳои қоғазӣ аз қарзӣ дар чӣ аст:

$A) пулҳои қоғазӣ нақдӣ мебошанд, пулҳои қарзӣ бошанд дар суратҳисоби бонкӣ ба қайд гирифта мешаванд; $B) пулҳои қоғазӣ набояд аз марзи давлат берун шаванд; $C) пулҳои қоғазӣ қобилияти харидории бартариятнок доранд, пулҳои қарзӣ бошанд ин вексели бонки пулбарор мебошад; $D) пулҳои қоғазӣ барои пардохти молҳои арзон муайян шудаанд, пулҳои қарзӣ бошанд барои пардохти молҳои қиммат ва хизматрасонии қиммат истифода бурда мешавад;         $E) ягон фарқе надорад;

@49.

Қарзи тиҷоратӣ ин:

$A) қарзи бонкҳои тиҷоратӣ;  $B) қарз бо фоизи баланд; $C) қарзи байни корхонаҳо; $D) қарз бо фоизи паст; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодуруст;

@50.

 Вазифаи бонкҳо аз чӣ иборат аст:

$A) қоғазҳои қимматнокро хариду фурӯш мекунанд; $B) бо мизоҷони худ амалиёти ҳисоббаробаркунӣ мебаранд; $C) бо хариду фуруши пул машғуланд; $D) қарз медиҳанд; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@51.

 Даромади бонкӣ ин:

$A) фарқият байни меъёри фоизи қарз ва амонат; $B) фарқият байни тамоми хароҷотҳо ва даромадҳои бонк; $C) фоизи қарзӣ бонкӣ; $D) фоизи амонатҳои бонкӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@52.

 Арзиши пул метавонад:

$A) ҳамеша як хел монад; $B) бо болоравии нарх баланд шавад; $C) ҳамеша паст бошад; $D) пасту баланд шавад; $E) бо болоравии нарх паст шавад;

@53.

 Қобилияти харидории пул дар ҳолати таваррум чӣ гуна мешавад:

$A) кам мешавад; $B) зиёд мешавад; $C) тағир намеёбад; $D) метавонад баланд ё паст шавад; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@54.

 Сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби кӣ гузаронида мешавад:

$A) ҳукумат; $B) тамоми муассисаҳои молиявию қарзии давлат; $C) бонки марказӣ; $D) вазорати молия; $E) танҳо бонкҳои тиҷоратӣ;

@55.

 Шартњои додани ќарз инњоянд:

$A) пардохт, муҳлат, баргардонӣ; $B) пардохт, парохтпазирӣ, бехатарӣ; $C) парохтпазирӣ, муҳлат суроға; $D) муҳлат, бехатарӣ, баргардонӣ; $E)  ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@56.

 Сиёсати маҳдудкунандаи пулию қарзӣ дар кадом ҳолат гузаронида мешавад:

$A) дар шароити устувор будани  вазъи иқтисодӣ; $B) бо мақсади паст кардани таваррум; $C) барои ҳавасмандгардонии кордонон; $D) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@57.

 Агар Шумо аз бонк бо маблағи 10ҳазор сомонӣ қарз ба муҳлати 2 сол бо 100% солона гирифта бошед, пас  аз расидани муҳлат чӣ қадар ба бонк маблағи қарзро пардохт менамоед:

$A) 10 ҳ.с; $B) 30 ҳ.с; $C) 40 ҳ.с; $D) 60 ҳ.с; $E) 20 ҳ.с;

@58.

 Сенёраж – ин:

$A) даромаде, ки аз фуруши замин ба даст меояд; $B) даромаде, ки аз интишори пул ба даст меояд; $C) даромаде, ки аз фуруши маҳсулотҳои беҳтарин ба даст меояд; $D) даромаде, ки аз фуруши қоғазҳои қимматнок ба даст меояд; $E) даромаде, ки аз беќурбшавии  пул ба даст меояд;

@59.

 Ба вазифаҳои Бонки Марказӣ дохил  намешавад:

$A) хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавии корхонаҳо; $B) таъмини дараҷаи зарурии пардохтахпазирии системаи бонкӣ; $C) муайян намудани меъёри минималии захираҳои ҳатмӣ; $D) муайян намудани ставкаи молиякунонӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@60.

 Сиёсати экспансионии пулию қарзӣ ин:

$A) сиёсати пулҳои қиммат; $B) сиёсати пулҳои арзон; $C) сиёсате, ки ба мувозинати даромад ва хароҷотҳои буҷаи давлатӣ равона шудааст; $D) сиёсати фискалӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурстанд;

@61.

 Маҷмӯи арза – ин:

$A) маҷмӯи ҳамаи арзаҳои инфиродӣ; $B) суммаи пулии ҳамаи молу хизматҳои пешниҳодшаванда; $C) арзаи пул ва суръати гардиши он; $D)тамоми пешнињоди ањолї; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@62.

Афзоиши ҳаҷми МММ-и соли ҷорӣ нисбат ба МММ-и соли гузашта аз ҳисоби нарх чиро мефаҳмонад:

$A) МММ-и имконпазир; $B) МММ-и воқеӣ; $C) МММ-и номиналӣ; $D) МММ-и ҳақиқӣ; $E) МММ-и холис;

@63.

МММ-ро вобаста ба шуғл ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд:

$A) ду; $B) се; $C) чор; $D) панҷ; $E) шаш;

@64.

 Нишондиҳандае, ки ҳаҷми МММ-ро бе назардошти фонди истеҳлок нишон медиҳад, чӣ ном дорад:

$A) МММ-и имконпазир; $B) МММ-и воқеӣ; $C) МММ-и номиналӣ; $D) МММ-и ҳақиқӣ; $E) МММ-и холис;

@65.

Кадом омилњо ба афзоиши МММ мусоидат мекунанд:

$A) меҳнат ва технология; $B) шуғл ва нарх; $C) пул ва тилло; $D) сарвати миллӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@66.

Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ иборат аст, аз:

$A) истеҳсолоти миллӣ ва хориҷӣ; $B) истеҳсолоти молию моддӣ; $C) истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ; $D)соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ; $E) соҳаи маориф ва тандурустӣ;

@67

Таркиби сарвати миллӣ иборат аст, аз:

$A) пулҳои наќд; $B) канданиҳои фоиданок; $C) захираҳои истеҳсолӣ; $D) активњои моддї ва молиявї; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@68.

Барои ҳисоб намудани МММ аз рӯи хароҷотҳо кадоме аз ин нишондиҳандаҳо истифода бурда намешавад:

$A) маблағгузории умумӣ; $B) хароҷотҳои давлатӣ; $C) содироти соф; $D) рента; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@69.

Кадоме аз ин нишондиҳандаҳо натиҷаи тағирёбии фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳад:

$A) тараққиёти иқтисодӣ; $B) рушди иқтисодӣ; $C) пастшавии сатњи таваррум; $D) баланд шудани сатњи шуғли аҳолӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@70.

Маҷмӯи даромади моликони омилҳои истеҳсолот ин:

$A) даромади миллӣ; $B) даромади шахсӣ; $C) даромади дарихтиёрбуда;$D) даромади ҳақиқӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@71.

Назарияи макроиқтисод аз тарафи кӣ ба вуҷуд оварда шудааст:

$A) К. Маркс ва Ф. Энгелс; $B) А. Смит ва Д.Рикардо; $C) Афлотун ва Арасту; $D) А. Рӯдакӣ ва  А. Сино; $E) Кейнс ва Леонтьев;

@72.

Масъалаҳои пешниҳодшудае, ки ҳамчун объекти омӯзиши макроиқтисод ба ҳисоб намераванд:

$A) маҷмӯи арза ва тақозо; $B) таваррум; $C) рушди иқтисодӣ; $D) арзиш; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@73.

МММ мувофиқи чанд усул андоза карда мешавад:

$A) як; $B) ду; $C) се; $D) чор; $E) панҷ;

@74.

Диведенд дар кадом тарзи њисоби  МММ  ба назар гирифта  мешавад:

$A) аз рўи даромад; $B) аз рўи хароҷот; $C) бо усули иловашуда; $D) бо  усули фаврӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@75.

Бузургии активҳо  бар  истиснои бузургии пассивҳо ин:

$A) активҳои миллӣ; $B) активҳои молиявӣ; $C) активҳои маънавӣ; $D) активҳои холис; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@76.

 Барномаҳои компютерӣ ба кадом намуди активҳои сарвати миллӣ дохил мешавад:

$A) активҳои моддии такроршаванда; $B) активҳои моддии такрорнашаванда; $C) активҳои холис; $D) активҳои молиявӣ; $E)  ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд; 

@77.

Замин ба кадом намуди активҳои сарвати миллӣ дохил мешавад:

$A) активҳои моддии такроршаванда; $B) активҳои моддии такрорнашаванда; $C) активҳои холис; $D) активҳои молиявӣ; $E)  ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@78.

Қарзи кӯтоҳмӯҳлат чанд солро дарбар мегирад:

$A) то 1 сол; $B) то 5 сол; $C) то 10 сол; $D) то 6 моњ; $E) то 3 моњ;

@79.

Қарзи миёнамӯҳлат чанд солро дарбар мегирад:

$A) то 1 сол; $B) то 2 сол; $C) то 3 сол; $D) то 5 сол; $E) то6 моњ;

@80.

Кадом шакли қарз дар шакли сармояи пулӣ дода мешавад:

$A) қарзи молӣ; $B) қарзи пулӣ; $C) қарзи молию пулӣ; $D) қарзи сармоявӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

@81.

 Сиёсати пулї- қарзии давлат:

$A) аз сиёсати андоз  вобаста нест; $B) аз танзими ғайридаврї вобаста нест; $C) аз сиёсати фискалї ва дигар воситаҳои танзими иқтисодии давлат  вобаста аст; $D) аз сиёсати молиявї вобаста нест; $E) ҳамаи љавобхо нодурустанд;

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.