Сиёсат ва муносибатҳои миллӣ

  1. Муносибатҳои миллию этникӣ
  2. Роҳҳои таҳкими худшиносии миллӣ

Олами муосир  аз ҷихати  миллию этникӣ хеле гуногун мебошад. Дар ҷаҳон қариб  3 ҳазор халқхо зиндагӣ  доранд. Масъалаи миллӣ  яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ба шумор меравад ва асосии онро умумияти этникии одамон  ташкил менамоянд. Умумияти этникӣ асоси гурўҳи одамон  буда, аз авлодҳо, халқият, миллатҳо  иборат мебошанд.

Ҷиҳати характерноки нишонаҳои  муносибатҳои миллӣ дар он зоҳир мешавад, ки онхо доимо дар инкишоф буда, як сифатро гум карда, ба худ дигар сифатро  мегиранд.

      Миллат ин шакли олии умумияти  таърихӣ, этникии одамон буда, дар асоси умумиятҳои ҳаёти иқтисодӣ, забон, ҳудуд, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психология ташаккул меёбад.

Нишонаҳои дар боло зикршуда на ҳама вақт дар як ҳолат нигоҳ дошта  мешаванд, вобаста ба шароиту муҳити таърихӣ қисме аз онҳо метавонанд дигаргун шаванд.

Дар шароити ҳозираи инкишофи муносибатҳои миллӣ, умумиятҳои махсус  низ вучуд  доранд, ки то  андозае ба  моҳияту хусусиятҳои муносибатҳои иҷтимоию этникӣ тағҳирот мебахшанд. Умумияти субъэтникӣ ва метаэтникӣ аз ҳамин қабиланд.

Дар   муносибатҳои  байниҳамдигарии  сиёсат  ва   равандҳои  иҷтимоию  этникӣ,  муносибатҳои  миллӣ   мафҳуми  «масъалаи  миллӣ»  накши  зарурӣ  дорад.  Аксари  энсиклопедияҳо  ва  дастурҳо  онҳо   ҳамчун   муносибатҳои  миллӣ  ба   қалам   мадиханд,  ки  нодуруст  аст. «масъалаи  миллӣ»  маҷмўи  муносибатҳои  иқтисодӣ,  сиёсӣ,  идеологӣ  ва  фарҳангии  байни  миллату  халқиятҳо  ва  умумиятҳои  этникӣ  мебошад.

Яке  аз  масъалаҳои  муҳим  дар  худмуайянкунии  миллатҳо  ин  шуури  худмуайянкунии  онҳо  мебошад,  ки  дар  он  ҷамъи  ақидаҳо,  ҷаҳонбинӣ,  муносибатҳои  гурўҳҳои  этникӣ  дар  инкишофи   таърихашон  инъикос  меёбанд.  Худшиносии  миллӣ  асоси  шуури  миллиро  ҳамчун  ҷамъи  ақидаҳои  иҷтимоли,  сиёсӣ,  динии  миллатҳоро  дар   раванди  инкишофи  таърихӣ  нишон  медиҳад.

Худшиносии  миллӣ  яке  аз  соҳаҳои  ташакулёбии  умумияти  иҷтимоию  этникӣ  ва  ҳамчун  субъекти  сиёсат  ба  шумор  меравад.  Дар  ин  ҷо  худшиносии  миллӣ  метавонад  роли  дуҷонибаро  бозӣ  намояд.  Аз  як  тараф  ин  раванд  роли  прогресивӣ  бозида,  дар  инкишофи  миллат  аз  ҳар  ҷиҳат  имкониятҳои зиёдаро  таъмин  менамояд. Вале  аз  ҷониби  дигар ин  раванд  на  бояд  фақат  барои  баланд  бардоштани  мақоми  миллати  худ  равона  шавад  ва  манфиати  дигар  миллатҳоро  паст  занад.  Дар   ин  ҳолат  худшиносии  миллӣ  метавонад  характери  реаксионӣ гирад  ва  ҳуқуқи  озодиҳои  миллату  халқиятҳои  дигарро  паймол  кунад  ва  бартарии  миллати  худро  аз  болои  миллатҳои  дигар  ҷорӣ  намояд.

Муносибатҳои  миллӣ  яке  аз  категоряҳои  душвори  ҳаёти  иҷтимоию   сиёсӣ  буда,  ҳамчун  шакли  махсуси  муносибати  иҷтимоӣ  ба  шумор  мераванд.  Азбаски  сиёсат  дар  байни  гурўҳҳои  иҷтимоии  калон  ва  хурд  меравад, моҳияти  бо  ҳам  алоқамандии  миллатҳо  ва  халқиятҳоро  ҳокимияти  давлатӣ  ба  танзим  меандозад  ва  бо   ҳамин  муносибатҳои  миллӣ  характери  сиёсӣ  мегиранд.  Ин   аз  фаъолияти  давлат  ҳамчун  омили  муҳими  ташаккул  ва  инкишофи  миллатҳо  ва  халқҳо   вобастагӣ  дорад.

Ба   ҳолатҳои  асосии  консептуалии  сиёсати  миллӣ  чунин  проблемаҳо  дохил  мешаванд:  эътирофи  ҳуқуқи  миллатҳо   барои  худмуайянкунии  баробар  халкхо;  ҳамкории  байниҳамдигарии фоидаовар;  эҳтироми манфиатҳои  байни  ҳамдигарӣ;  оштинопазирӣ  нисбат  ба  миллатчигӣ  ва  ножодпарастӣ;  маҳфумкунии  сиёсӣ  ва  ахлоқии  шахсоне,  ки  мехоҳанд  аз  ҳисоби  дигар  халқҳо  бой  шаванд;  ба  назар  гирифтани  манфиатҳои  гурўҳҳои  майдаи  миллӣ.

Яке  аз  принсипҳои  дагари  демократии  ҳалли  масъалаи  миллӣ  ки  класикони  марксизм- лененизм  пешниҳод  карда  буданд,  ин  принсипи  муттаҳидии  ихтиёрии  миллатҳо  ва  халқҳо  дар  як  давлатӣ  федератавӣ,  конфадеративӣ, иттиҳоди  ва  ҳуқўқи  ҷудошавию  худмуайянкунӣ  низ  доштани  онхо  мебошад.

Сиёсати  миллӣ  ду  вазифа  дорад: а)  вазифаҳои  стратегии  дур,  ки  як  давраи  муайяни  таърихиро  дар  бар  мегирад; б) сиёсате, ки  давраи  наздики  ҷориро  фаро  мегирад.  Дар  чунин  ҳолат  шароити  минтақаҳоро  ба   назар  гирифта,  сиёсати  фарқкунанда  бурдан  лозим  аст. Инчунин  омилҳои  географӣ,  раванди  демографӣ,  хусусиятҳои  таърихии  ташакул  ва  инкишофи  миллатҳо,  халқиятҳо,  ҳайати  миллӣ  ҷиҳатҳои  динӣ,  анъанаҳо  ва  психологияи  миллатҳоро  ба  назар  гирифтан  зарўр  аст.  Дар  сурати  ба  назар  нагирифтани  ин  масъалаҳо  муносибатҳои  байнимиллӣ  тезу  тунд  мешаванд  ва  ин  ба  моҷароҳои  байни  миллатҳо  оварда  мерасонад.

Баъди  ғалабаи  инқилоби  Сотсиалистии Октябр соли 1917 дар тамоми олам ҳаракатҳои миллӣ  озодихоҳӣ бархестанд, ки онҳоро ба моҷараҳои иҷтимоию синфӣ зич  алоқаманд буданд. Пеш аз ҷанги  дуюми ҷаҳон ва баъди он, дар даҳсолаи авали баъди ҷангӣ, ҳаракатҳои миллии халқҳо ва  гурўҳҳои этникӣ боз  ҳам авҷ гирифтанд. Давлатҳои собиқ мустамлика озодии сиёсӣ ба даст оварда  бошанд ҳам, низоъҳои дохилӣ барои бартараф  кардани ақибмондагии  иқтисодию иҷтимоӣ то як  андоза боқӣ мондаанд ва ин низоъҳои  байни гурўҳҳои этникии ин мамлакатҳо дурру дароз давом ёфтанд.

test

Добавить комментарий