Нақши сиёсати дохилӣ дар бунёди идеяи “ваҳдати миллӣ”

  1. Таҳкими роҳҳои мустаҳкамнамоии идеяи ваҳдати миллӣ
  2. Нақши сиёсати давлати дар таҳкими ааҳдати миллӣ

Тоҷикистони азизи мо чун дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар давраи гузариш қарор дорад, аниқтариш марҳалаи трансформатсионӣ ва ё шаклгирии ҷадидро аз сар гузаронида истодааст. Яъне, кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва мафкураи ҷомеа дар маҷрои  шаклгирии нав, ки ҳанўз комил нагаштааст, карор дорад. Маъмул аст, ки маҳз инсон, одамон созандаи тамаддунҳо ва ҷомеаҳои навин мебошанд. Воқеан ҳам, инсоният дар тўли таърихи худ, тамаддунхои бешумори оламгирро (масалан тамаддуни ориёӣ) эчод намудааст, аммо афсўс, ки дар занҷири устувори меросгирии иҷтимоӣ ҷой дода натавонистааст.  Чаро, ки аксаран бо туфайли афзалгирии мафкураи ғаразпечи тоифаҳои алоҳидаи ҷомеаи инсонӣ, тамаддунҳо ба гирдоби таназул рў ба рў гаштаанд,  имконияти аз насл ба насл интиқол намудани арзишҳо ва меёрҳои солими иҷтимои эчоднамудаи аҷдодон низ аз даст додаанд. Чунин шикастшавии занҷири меросиро қавми тоҷик дар қарни гузашта, гумон мекунем, ки боз ҳам шадидтар аз сар гузаронид. Солҳои 20-уми асри гузашта аз алифбои ниёгони худ маҳрум шуд, ин маҳрумият занҷири фарҳангиву мафкуравиро барои насли нав комилан шикаст ва имрўз, ки шароити сохиби кардани мероси ниёгон комилан арзи хасти дорад, аммо афсус аксари мардуми мо факат дар тарҷумаи крилӣ метавонанд бо осори ниёгон шинос шаванд. Аз тарафи дигар, моро омўзонд, дар мафкураамон чой дод, ки дар сохти гузаштаи ҷомеа нуксон чуем, фақат нигохи танқиди дошта бошем: масалан, ҷараёни пурошўби он замон, бо ном “пролеткулт”, қариб ки арзишҳои  фарҳангии моро дар як чазираи ноаёни укёнуси тарих ҳавола диҳад. Баррасии инкишоф аз нигоҳи танқиди сохту давраи гузашта ва ё танқиди пешвоёни каблии коммунстон аз тарафи роҳбарони нави он чун ҳукми анъана буд. Ин меёри нусхабаста солҳои 90-ум, ки собиқ ҷумҳуриҳои Шўравӣ соҳибистиқлол шуданд, боз эҳё шуд, бархе сиёсатмадорони ин кишварҳо, бидуни мафкураи кофӣ доир ба ҷомеаи навине, ки бояд минбъад шакл гирад, (холо онро насохта) факат бо танқиди сохту афкори шўрави овора буданд. Ҳамин рўхия  ҳоло хам арзи ҳасти дорад, дар рўзнома ва дигар васоити аҳбор баъзан, дар мавриди таҳлили коргоҳ ва ё сохторҳои давлати давраи роҳбарии нав ва кўхнаро қиёс менамоянд, ки  аксаран ҷомаи танқидӣ ҳам дорад. Ин раванд метавонад бархўрди манфиатҳо, низо ва ё ихтилофи мафкураии гурўҳи одамонро дар ҷомеа созгор шавад. Ба назари банда, ин меёри нусхабаста бояд аз мафкура берун равад, то ин ки боз занҷири пайвандгари имрўзу фардо нашиканад. Чи тавре, ки нависандаи бузурги догистони Расул Гамзатов гуфта буд: мо агар гузаштаро ба туфангча паронем, пас ояндхо моро бо туп мепаронанд. Аслан гояхои солим, аризишхои баланди инсони човидон мебошанд, одам мефавтад, аммо онхо намиранда хастанд. Масалан, он гояхо барои мардуми Шарк бо тарики васияти (чун гени ичтимои) волидайн, устодон ва пешвоёни миллат ба фарзандону шогирдон ва мардум интикол мешуд, амали мегардид ва ё идома меёфт. Охир, ин занчири ичтимоиро ниёгони мо мохирона эчод карда буданд, акнун мо бояд онро дар сатхи баланд эхё намоем ва дар маркази амалхои ичтимоиамон, рафтору одатохи худ чой дихем.

Дар таффакури ҳар як фард бояд моҳияти чунин маҷрои диалектики ҷой гирифта бошад: хар як давр ва ё марҳила дар фазову вақти муаяйн арзи ҳастӣ мекунад, пайваста бо тазодҳои манфиву мусбӣ инкишоф менамояд, ходисоти мусбии он давр метавонад минбаъд ба ходисоти манфи табдил ёбад ва ё баракс. Аммо, ба хотир дошт, ки марҳилаи гузашта заминаест барои инкишофи оянд ва ниёз ба падидаҳои ҷадиди пешбаранда маҳз дар давраи гузашта пайдо мешавад. Вазифаи субъектҳои марҳилаи чадид – на чуиши  нуксону норасоии он давр, балки  мусоидат барои инкишофи самтхои чадид бошад. Ташкили иҷтимоии чунин раванди занҷири таффакури ҷавононро дар ин самт, ки онҳо аслан инъикосгари даврони гузаштаву имруз ва фардо мебошанд, устувор мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.