ВАҲДАТ- дар майдони муқовимати мафкуравӣ

  1. Дастовардҳои ваҳдати миллӣ
  2. Таҳкими идеяи ваҳдати миллӣ

То имрўз фишанг ва ё коди генетикӣ, ки бо воситаи он бозтавлиди тамаддуни пешрафта, ки он дар худ фарҳанг, анъана, эътиқот, вафодории оилавӣ ва гайраҳоро фаро мегирад,  таъмин намоем,  ҳанўз афсона аст. Фақат ягона роҳ – ин тарбияи ҷавонон, ғани гардонидани мафкураи онҳо, дар ҷавҳари ҷавонон мухабати ба ватану миллатро  парваридан аст. Вокеан хам, неруи бузурги пешбари чомеаи навини точикон чавонон мебошанд ва шаклгирии чадид ин чомеа бо афкори тозаву устувори ҷавонон алокаманд аст. Барои тасдики ин таъкид кифоя аст як мисоли омори орем: тибки омори расми соли 2010 дар Точикистон захирахои мехнатие, ки синашон аз 20 то 34 сола хастанд (1985,4 хаз.наф.) беш аз 87 фоизи ахолии аз нигохи иктисоди фаъолро  (2280 хазор нафар) ташкил доданд.  Чи тавре,  ракамхо шаходат медихад эъмору бунёдгари имрузи кишвар махз онхо мебошанд.

Таҳргирии устувор, натиҷахои судманди шаклгирии ҷомеаи нав, пеш аз ҳама, маҳсули таҳавулоти мафкуравии гудохташуда, дар мизони ақлу фитрати солим баркашидашудаи чавонон мебошад. Ин тамсилаи мафкурвӣ, ки  минбаъд тадриҷан амалӣ мегардад (ашёгардии он), дар ниҳояти кор меёрҳои иҷтимоии солимро рўи майдон меорад. Меёрхои иҷтимоии каблии ҳоким, ки дар зери мошини бузурги мафкурави дар давоми 70 соли даврони Шурави ташаккулу пойдор гашта буд, дар ин давраи гузариш, тадриҷан шикаста шуд. Ба хотир меорем, ки солҳои 90-ум истифода аз вакуми иттилооти рақобати тезу тунди миёни мафукураҳои нусхабастаи кўхан, ҳизбҳои мухталиф, мазхабиву динӣ ошкоро сурат гирифта мардуми кишварро ба вартаи ҷанги бародаркуш ҳавола дода буданд. Ниҳоят, пас аз оштиву ризояти миллӣ (соли 1997) ғояи ваҳдати миллӣ, дарки зарурати он барои миллат чун омили таъмини суботу пешрафти ҷомеа, танинандоз шуд.  Воқеан ҳам тақдиру бақои миллати тоҷик, пойдории соҳибистиқлолии кишвар аз сатҳи амалигардии ғояи ваҳдати миллӣ ва ҳадафҳое, ки дар атрофи он мардуми кишвар мутаҳид шудааст, вобаста аст. Ва ин ғоя –  бахусус дар марҳилаи трансформатсия,  шаклгирии ҷомеаи навини тоҷикон чавҳари ғояи миллиро ташкил медиҳад. Аммо, новобаста аз он, ки чавонон, умуман мардуми кишвар арзишҳои вахдати миллиро дарк намуданд ва онро ҳифз хам мекунанд, аммо шаклгирии меёрҳои нави ҷомеаи имрўзи мо ба сатҳи комил нарасидааст. Ҳанўз меёрҳову арзишҳои нави иҷтимоии солим (фаъолияти бошуурона дар доираи инсофу адолати иҷтимоӣ,  иқтисодӣ, риояи қоидаву қонунҳо ва тартиботи ҷомеа ва ғ.) устувор нагаштааст (асосан факат меёрҳое, ки бо империали бозорӣ омезиш ёфтааст ҳоким аст).  Бинобарон, муковимат, муборизахои ошкору пинҳонии мафкуравӣ масоили шаклбандии ин арзишҳо хануз хам идома дорад. Ин чо, хатаровараш он аст, ки дар майдони бахсу талошхои мафкуравӣ акидаҳое, ки решаи беруна доранд ва ё бо истилло “воридотӣ” мебошанд (ҳарчанд қонун манъ карда бошад ҳам) истифода аз омилҳои дохилӣ (тарафдорони дохилиашон) ҷуръат доранд ҷойгоҳ пайдо намоянд.

Чуноне, ки аз расонаҳои ахбори омма, гузоришхои кормандони макомоти хивзи хукуки иттило мегирем, мафкураҳои тундраву мазхаби, ки аслан берун аз доираи арзишҳои миллӣ қарор доранд, арзишҳои мазҳабиро афзалтар медоранд, боз рўи майдон омада истодааст, бештар ҷавононро ба худ ҷалб намудааст. Масалан, макомотхои кудрати амалхои аъзоёни Харакати исломии Чумхурии Узбекистон, харакати “Дъват-ул таблиг” салафия ва гайрахоро, ки фаъолияти онхо дар кишвар конун ман шудааст, дунболгири менамоянд, ба фаъолону аъзоёни онхо парвандаи чинои кушодаанд

test

Добавить комментарий