Самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷи Ҷумхурии Тоҷикистон

  1. Ҳамкориҳои ҶТ бо ИДМ
  2. Ҳамкориҳои дипломатии ҶТ бо ИДМ

Профессор И.Усмонов дар рисолааш Таърихи сиёсии Точикистон сохибистиклол аз хусуси вокеаи мухиму сарнавиштсоз будани Ичлосияи 18 Шурои Олии Чумхурии Точикистон сухан ронда, вокеъ бинона ва дуруст навиштааст,ки анчоми Ичлосия анчоми чанг ва шуруи сулх набуд, балки он гардише барои муайян кардани роххи сулх гардид.Ин гуфта асоси вокеи дорад. Дар вокеъ,Э.Ш.Рахмонов хамаги пас аз як рузи ба вазифаи Раиси Шурои оли интихоб гардиданаш, яҳне 20 ноябри соли 1992 ба номи Дабири кулли СММ Бутрос Бутрос-Голи нома фиристод ва дар он ба Точикистон фиристодани хайати нозирони СММ-ро барои мусоидат намудан ба халли низои точикон талаб намуд.

23 декабри 1992  дар мачлиси Шурои амнияти СММ Дабири кулли СММ Бутрос-Голи расман эҳлон кард ки дар бораи ба Точикистон фиристондани хайати нозирон ба муддати 3 мох карор кабул шуд ва ба он мутахассисони сиёси, низоми ва башардусти шомиланд. Дар огози соли 1993 хайати начандон калони ходимони СММ ба Душанбе омад ва 21 январи хамон сол хайати нозирони СММ дарТочикистон (ХНСММТ) ба фаъолият огоз намуд. 26 апрели соли 1993 Сафир Исмат Киттани Намояндаи Дабири кулли СММ дар Точикистон таъин гардид.

14-15 сентябри 1992 дар Стокголм Ичлосияи Шурои машварати оид ба амният ва хамкори дар Аврупо (СБСЕ) дар сатхи вазирони корхои хоричи баргузор шуд ва дар он масъалаи вазъи Точикистон баррасид ва карор кабул гардид.

Э.Ш.Рахмонов ба хайси Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар нутке, ки 11- марти соли 1996 дар Ичлосияи махсуси Мачлиси Олии ЧТ, ки карор буд дар он рохбарияти Иттиходи нерухои оппозитсионии точик (ИНОТ) хам иштирок кунанд, аз чи гуна огоз гардидани гуфтушинидхои байни точикон ва заминахои он ёд оварда, аз аввалин кадамхое, ки хукумати нави Точикистон дар чараени Ичлосияи Хучанд ва баъд аз он дар рохи расидан ба сулх ва ошти бардоштааст, зикр намудааст.

Точикистон яке аз он 5-6 кишварест, ки амалиети сулххохонаи СММ дар тули фаъолияти беш аз 50-солааш ба самар расидааст. Амалиети сулххохонаи СММ дар Точикистон 16- декабри 1994 бо Карори Шурои амният шуруъ гардида буд, агарчи амалан СММ фаъолияташро дар ЧТ аз охири соли 1992 сар карда буд. Аз ин ру, тамоман табиист, ки сарпарасти Бюрои СММ оид ба мусоидат ба сулхсози дар Точикистон Ивон Петров ба каноатманди изхор дошта буд, ки Точикистон бо раванди сулхи худ ба СММ дар Соли Фарханги дуне тухфае бахшид.

Примаков, ки бархак яке аз поягузорони асосии Музокироти сулхи точикон ба шумор меравад,дар китобаш” Солхое, ки дар майдони сиёсати бузург будам”,дар фасли чудогонае зери унвони “Роххои халли оштии точикон (Аз Ахмадшох то ба Нури)” ба таври фошофош бо овардани далелхои муътамади мантики таъкид намудааст, ки “идомаи минбаъдаи вазъи номуътадил дар Точикистон хам барои Русия ва хам барои Эрон манфиат надошт ва ба чуз аз музокирот чораи дигаре набуд”.Бинобар гуфтаи у, Русия манфиатдор ба он буд,ки:

а) Амният дар сархадоти чануби, ки хам барои Точикистон ва хам барои худи Русия ва хам барои ИДМ муштарак мехисобид, таъмин намояд;

б)Нуфузашро дар минтакаи Осиёи Маркази аз даст надихад;

в)Пеши рохи густариши афкори чудоиталаби (сепаратизм)-ро бигирад;

Эрон манфиатдор ба он буд,ки:

а)Нуфузи худро дар минтака хифз намояд.Эрон аз суст шудани мавкеаш дар Афгонистон баъд аз шикасти тарафдоронаш-чомеаи шиамазхабон нигарони дошт;

б)бо истифода аз фурсати муносиб робитаашро бо Русия тахким бахшад ва бо хамин аз тахримоти сиёси дар микёси байналмилали берун барояд;

в)макоми Афгонистонро ба хайси як давлати мустакил ва як порча нигох дорад.Тарафи Эрони бар он акида буд,ки каробати мухолифони точик бо Иттиходи шимоли Афгонистон, бо рохбарони точиктабори он Бурхониддини Раббони ва Махмадшохи Масъуд, боиси ба бахшхои чудогона кисмат шудани Афгонистон мегардад”.

Ҷонишини аввали вакти вазири корхои хоричии Русия А.Л.Адамишин казияи бо хам як шудани Шимоли Афгонистон ва Точикистонро дар мусохибааш бо хабар нигори “Независимоя газета”(20-июли 1993) масъалаи кайхо хал шуда ва як кори техники номида, ба вукуъ пайвастани онро ба сифати фалокати сиёси ва як манбаи вазъи муташаннич дар сар то сари дунё муаррифи мекунад.

Дар натича тарафи ИНОТ ба таври расми танхо 7 декабри 1993 он хам пас аз чандин маслихату машварат дар шахрхои чудогонаи Афгонистону Покистон ва бори охир пеш аз огози Музокирот дар Техрон пас аз вохури бо чонишини аввали онвактаи вазири корхои хоричии Русия А.Адамишин дар таърихи 6- декабри соли 1993 рузи дигар ба хам нишаста ба ифока расидан ва санади “Пешниходхо барои халли мусолихатомези низои харбию сиёси дар Чумхурии Точикистон”-ро ба вучуд оварданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.