Паёми президент ва самтҳои сиёсати дохилӣ

1.Аҳамияти омўзиши Паём, дар самтҳои мухталифи ҷомеа

  1. Нуқтаҳои муҳими Паём дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ

Мутафаккири маъруф А.Эйнштейн самимона навишта буд: … аз кулли халқҳо ҳамон халқ доимо барҷаста мемонад, агар вай дар соҳаи тафаккуру дониш аз дигарон афзалият дошта бошад.

Гегел бовар дошт, ки бо баробари расидан ба «худшиносии мутлақ» одамон ба зинаи рўҳии демократия қадамҳои устувори худро тамкинона мегузоранд. Зимнан бо ощози давраи нав (модернизм) одамон ба эҷоди таърихи худ ва идеалҳои худсози мегузаранд. Ҳар ваыте, ки кас дар хусуси ягон назария андеша ронад, бегумон  раванди бемайлони ҳамгироии бошиддати савдои озоди байналхалқӣ  ҳамчун шабаҳи васлкунандаи тулўи боҳашамати офтоб намоён мегардад. «Ҷомеаи кушод» – и К.Поппер, «Хотимаи таърих» -и  Ф.Фукуяма, «Тахтаи бузурги шоҳмот» -и З.Бжезинский ва чандин персонажҳои ҷаҳонро ҳушдоркунандае ба миён омаданд, ки назария ва методологияи ин асарҳоро мебояд ҳар фарди соҳибфикр аз кунжи назари васеъи фалсафӣ нигоҳ карда, дар таҳлили семантикаи «тарозуи ақлони» баркашидан. «ҳар инсон бояд, ки бо зиреҳи ақл ва истеҳкоми рўи зиндагии худро аз балою офат эмин бидорад» –  мақоми чунин ҳикмати дар «Гамлет» омадаи Шекспирро метавон дар фалсафаи сиёсии  Паёми Сарвари давлат Э.Раҳмон ҳамчун як ҳақиқати бебаҳси таърих мушоҳида кард.

Руссо ҳамеша даъво мекард, ки «меҳнат манбаи ҳар гунна сарват ва ҳар гунна маданият мебошад». Чунин таълимоти Руссоро Маркс ҳеҷ гоҳ дар сотсиализми илмиаш напазируфта буд, зеро ин методи диалектики оқибати на ҳар гуна меҳнатро сарват медонист. Гап дар сари он нест, ки мо назарияҳои сирф илмии рушд эҷод менамоем, балки формулаи ин назарияҳо то куҷо назики ба ҳаёти амали доранд, аҳамият дорад. Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ  аст, ки чандин драммаи методологияҳои  илмӣ, аз лиҳози назариявӣ мантиқан суст баромаданд ва ҷомеаро роҳ ба сўи утопияи қафобаранда ҳидоят намуданд. Чуноне, ки нависандаи бад хонандаро раҳгум менамояд, идеалогия ва идеяи бад низ  ҷомеаро бо роҳи ғалат мебаранд. Акнун тулўи боҳашамати офтоби озодӣ дар болои сари миллат-давлатҳо нур мепошад ва ҳар яки онҳо дар кўшишҳои идеали ҳастанд.  Бинобарон иддае аз файласуфон ба идеяи «аввал амал буд» мўтаҳиди доранд. Ин тўҳфаи тақдир аст, ки тоҷикон низ рў ба идеалҳои азалии худӣ оварданд ва идеяи давлати миллиро муайян намуданд.

Самтҳои кулли ва ҳадафҳои асосии тарақиёти минбаъдаи кишварамон дар «Стратегияи миллии рушди Тожикистон» то соли 2015 тарҳрези шудаанд. Зимнан гуфтаи ҳамон Э.Ренан ба хотир меояд, ки миллатро ҳамчун рўи тасвир сохта буд. Яъне барои ҷаҳишҳои ақли  фаро милли бояд идеаи  «рўҳи   ҳамафарогире» зарур аст, то ҳамаи одамони дар як ваўт зиндаги кунандаро ба остонаи давраи нав фаро орад. Акнун бояд фалсафа, сиёсат ва иқтисодиёт эътироф намояд, ки дар ташаккули давлатдории нав Тоҷикистон бар марҳилае расидааст, ки тавонмандии идеалҳои азалии мардуми Ориёзаминро  ҳамчун идеяи милли дастурамали ҳаёти худ   қарор диҳад. Тасаввуроти таърихии то имрўзаи мо гувоҳ аст, ки фикри оид ба ҳамаи самтҳои ҳаёт ва  дастурамале ҳамчун «Паёми президент» дида нашудааст. Мутафаккири маъруф А.Турсон дар соли сипаришуда хулосаҳояшро оид ба тамоилҳои иытисодии паёми призидент нигоҳи жолиб намуда, онро ба чор зинаи ташаккул муайян кард: 1) вуҷуд доштани сарватҳои табиии барои саноат муҳим 2) захираи бузурги нерўи обц 3) заминаҳои ҳосилхези ҳанўз корамнашуда 4) миқдори фаровони одамони қобили кор. Мутафаккири Амрикои Макмилиан ҳаракати таърихро аз амали бещаразонаи рафтори субъекҳои сиёсӣ маънидод мекард. Чунин таълимоти пасомодернистие, ки  ҳадафаш аз тарбият инсоне сохтан дар фикри худсозист дар паёми сарвари давлат ҳамчун «идеали муқаддас» пазируфта мешавад. Яъне душмани намудан ба ҳар гуна идеалҳои ғаразмандонаи коррупсионӣ ва авомфиреби, ки чизҳое бадтар аз марганд ғайри қабул дониста шуданд. Дар Паёми Призидент мафҳуми «андешаи неку созанда» мушоҳида гардиданд, ки реша бар ҳурмати фард дорад ва идеалҳои баробарпарастиро дар рўзгори инсони муосир муаррифи месозад. Файласуф Кейнс бовар дошт, ки идеяи сиёсатмадорон ва иродаи онон инсониятро ба фаолияти созандаи фикри оварда аз ҳар гунна бўҳрони ақли раҳо мебахшад. Бинобар ин хатти паралелии таърихро маҳз онҳо муайян менамоянд. Гузошта шудани идеяи «Худшиносии сиёсӣ» ва «таҳамулгароии фалсафӣ» ки онро кайҳо Гегел оғози пайванди ба демократияи олӣ ва «ҳайиҳати худ» медонист дар Паёми Призидент ҳамчун шабеҳи чархе гардида бори дигар моро ба мавҷҳои пурошўби фалсафаи таърих ҳидоят мекунад. Дар замони пасомадерали  фаҳмидани он душвор нест, ки имрўз чандин ипизотҳои сиёсии миллат-давлатҳо дар бархўрди андешаҳо қарор доранд, бинобар ин мутафакири амрикои С.Хантингтон ба ҷаҳониён гуфтан мехост, ки олам ба марҳилаи тазодноке омада дар он низо на миёни муносибатҳои иқтисодц, сиёсӣ, балки миёни фарҳанги тамаддунҳо рўй хоҳад дод. Илова бар ин Ф.Фукуяма (файласуфи японитабори амрикои) «Хотимаи таърих ва инсони охирин» – ро навишт ва интиҳои идеяҳои эволютсионии инсониятро бо тафаккури тамаддуни Ғарб маънидод кард.

test

Добавить комментарий