Тоҷикистон  дар  остонаи  асри  глобалӣ

  1. Мавқеи Тоҷикистон дар остонаи асри глобалӣ
  2. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон

Дар қатори масъалаҳои  байналхалқи, масъалаҳои глобалӣ низ  яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъияти ба шумор мераванд. Худи  мафҳуми «global»  аз забони фаронсавӣ гирифта шуда  маънои  умумӣ ва фарогирандаи умумии тамоми  сайёраи заминро дорад. Аввалин шуда ин мафҳумро  олими  амрикоӣ Р.Робертсон дар асари худ «муҳокимаи глобалӣ » истифода намудааст.

Дар зери  масъалаҳои глобалӣ  чунин  ҷиҳатҳои ҳаётии одамон фаҳмида шудаанд ва аҳолии курраи заминро фаро гирифтаанд: ҳолати  экологӣ, нигоҳ доштани сулҳ, аз байн бурдани  бемориҳои  хавфнок, таъмини  аҳолии курраи замин бо озуқа, ба танзим андохтани  таваллуди кудакон, аз байн бурдани ақибмонии минтақаҳо, таъмини  захираҳо , аз худ намудани  баҳрҳои чахонӣ, истифода  бурдани фазои кайҳони, нигоҳ доштани маданияти умумиҷахонӣ ва анаъанаҳои ахлоқии инсоният.

Аксарияти  масъалахои  глобалӣ ба монандӣ: масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, гўруснагӣ, касалиҳои оммавӣ, ҷихатҳои фарқкунандаи инкишофи баъзе мамлакатҳо ва минтақаҳои сайёра решаи чуқури таърихӣ доранд. Инкишофи замин  ҳамавақт  зиддиятнок буд,  масъалан, инсоният  дар натиҷаи хеле ғайриоқилона истифода  бурдани бойгариҳои табиат, сохтумони шаҳрҳо, обанборҳо, сотумони роҳҳои автомобилгарду роҳҳои оҳан, инкишофи саноати металлургияю химиявӣ ба табиату замин хеле  зарари калон овард. Муссалаҳшавии бошитоб, дар қатори пешравиҳо ба инсоният инчунин бадбахтиҳо низ овард. Ихтирои борут, динамит ва истифодаи онҳо бисёр харобиҳо овард.

Тамаддуни  имрўза ба зиддиятхои сахттарини солҳои 60-70 асри  ХХ бархўрд. Дар ин давра дастовариҳои  илмию техникӣ ба дараҷаи баланд инкишоф  ёфта бошанд хам, ин ҳолат натавонист зиддиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодии байни одамонро хал намояд, баръакс масъалаҳои  вазнини экологиро ба миён  овард.

Дар замони ҳозира масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон на ин ки таваҷҷуҳи олимон ва  як қатор ҳаракатҳоро ба худ кашидааст. Инчунин  дар арсаи байналхалқӣ харакати  зидди глобалӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфта истодааст, ки  онҳо  ба таври радикалӣ зидди  глобалитсия баромад мекунанд.  Раванди глобализатсиякунонӣ дар инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифодаи олими  фаронсавӣ Б.Бадио дар се ченак асос меёбад:

– пешрафти доимии раванди таърихӣ;

– якшавӣ ва характери универсалӣ гирифтани ҷахон;

– аз байн рафтани сархадҳои миллӣ.

Ченаки дуюми  глобализатсиякунонии хаёти ҷахонӣ, ки  баякшавӣ ва характери универсалӣ гирифтани  ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад, ин маънои ташкили деҳаи ягонаи ҷаҳониро дорад, ки дар он бошандагони тамоми  курраи замин ё ин ки хукумати ягонаи умумиҷаҳонӣ ҷамъ оварда мешавад.

Дигар ченаки тамоюли глобализатсиякунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки Б.Бадио нишон дода буд, ин аз байн рафтани сарҳадҳои давлатӣ мебошад. Ин аз дараҷаи муносибатҳои байни давлатӣ ва  мубодилаи доду гирифти байни онҳо  вобастагӣ дорад. Яке аз чунин омилҳо барои  аз байн рафтани сарҳадҳо ин ташкили бозори  молҳо, хизматрасонӣ, системаи молиявию коммуникатсионии байни давлатҳо мебошад. Иттиҳоди давлатхои Европа, ки ҳоло 25 давлатро муттаҳид менамояд ва масъалаи сарҳадӣ дар он қариб аз байн рафтааст, мисоли равшани ин раванд шуда метавонад.

Масъалаҳои  глобалӣ дар натиҷа бо фаъолияти инсон вобастаги доранд ва онҳоро шартан ба чор намуд тақсим кардан мумкин аст:

Масъалаҳои глобалии иҷтимоию сиёсӣ- ин комплекси калони  вазифаҳои таъмини сулҳ ва бехатарии байналхалқиро фаро мегирад.

Ба ин пешгирӣ кардани ҷангҳои локалӣ ва ҳалокати ҷаҳон аз аслиҳаи ядроӣ;  решакан кардани  зуҳуроти зуроварӣ нисбат ба одамон ва  ба таври осоишта ҳал намудани низоъҳо; манъ кардани мусаллаҳшавии  бошитоб ва бесилоҳкунӣ; дар байни халқхо ташкил намудани муносибатҳои боваринок, ҳамсоягии дўстона ва ҳамкорӣ дохил мешаванд.

     Масъалаҳои глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, ба онҳо  чунин проблемаҳо дохил мегарданд: ақибмонии иқтисодии давлатҳое, ки қариб ними аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд , демографӣ, озуқаворӣ ва захираҳо.

Ба омилҳои асосии ҳолати қашшоқии мамлакатҳо инҳо дохиланд:

  • Характери аграрӣ доштани иқтисодиёт ва аз сар нагузаронидани тараққиёти саноатӣ, сифати паст доштани маҳсулоти истеҳсолшуда;
  • Ғайримақсад истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ, зиёд будани ҳолати бекорӣ, паст будани дараҷаи истеҳсолоти меҳнатӣ, нарасидани мутахассисон ва корчалонҳо, хавасманд набудан ба меҳнат, васеъ паҳн шудани коррупсия дар ҳамаи звеноҳои ҳокимияти давлатӣ, нагузаронидани ислоҳотҳои замин, қонунгузорӣ ва инкишофи принципҳои иқтисоди бозоргонӣ имконият намедиҳанд, ки ҳаёти иқтисодию иҷтимоииин мамлакатхо пеш равад;
  • Иқлими ҷойгиршавии аксарияти мамлакатҳои аксарияти мамлакатҳои ақибмонда хеле душвор  буда, заминҳо барои зироаткорӣ намерасанд ва бар  замми ин моли истеҳсол мекардагии онҳо камсифат ва меҳнатталаб буда, дар бозори ҷаҳонӣ бо нахри арзонтарин ба фурўш меравад ва илова бар ин онҳо маҳсулоти давлатҳои тараққикардаро бо нархҳои балантарин харидорӣ мекунанд, ки ин раванд ба гардани онҳо карзҳои хеле гаронро бор мекунад.

     Масъалаҳои демографӣ, яке аз масъалаҳои муҳимтарини  глобалии замони ҳозира буда, ду масъалаи ба ҳам алоқамандро фаро мегирад:

якум, ҳамчун масъалаи  глобалӣ бо «таркиши демографӣ» дар  мамлакатҳои  тараққикардаистода алоқамандӣ дорад;

дуюм, кам шудани саршумори таваллуд дар мамлакатҳои  тараққикарда.

Таркиши  демографӣ ин бо суръати баланд зиёд  шудани аҳолии ҷаҳон буда, дар нимаи дуюми асри ХХ шумораи аҳолии курраи замин хеле афзуд. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ барои табиат хатарнок  низ мебошад, чунки  аз ҳад зиёд истемоли захирҳои  табиӣ ба нобудшудани онҳо  оварда мерасонад.

Ин масъала  дар  Тоҷикистон низ  ҳалталаб мебошад. Аҳолии Тоҷикистон ҳоло бо суръати баланд  инкишоф ёфта истодааст.  Соли 2002 дар  Тоҷикистон  6, 3 млн. одамон зиндагӣ  мекарданд, ки аз солҳои  1926  панҷ маротиба аз соли 1991  сӣ фоиз зиёд мебошад. Хисоби миёнаи як ойла ба  6 нафарро ташкил менамояд. Зиёд шудани таваллуд  ба кам шудани  аҳолии қобилияти меҳнат  ва зиёд шудани сафи пиронсолон, нафақахўрон  оварда мерасонад.

Бинобар ин  дар  ҷаҳон бояд дувазифаи демографии  ба роҳ монда шавад: ба танзим андохтани таваллуд  дар мамлакатҳои  тараққикарда истода,  ва муътадил кардани  таваллуд дар  мамлакатҳои  тараққикарда.

Дигар масъалаи муҳими глобалӣ ин сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ мебошад. Аз табиат  ҳама  чизро ба зўри гирифта намешавад,  ин сабабҳои худро дорад:

-аввалан захираи бойигариҳо хеле кам  шуда истодаанд ва   аз сари нав барқарор намегарданд;

-дуюман,  истеҳсоли оммавии захираҳои  табиӣ ба муҳити атроф зарари калон  расонида, таносуби байни табиату истеҳсоли захираҳои табииро вайрон мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.