Осиёи марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналхақӣ

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ
  2. Осиёи Маркази дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ

 

Дар охири солҳои  80 ва авали солхои  90-уми  асри ХХ дар сиёсати байналхалқӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои тағйироти қатъӣ ба амал омаданд. Дар давоми ин солҳо тамоми системаи сиёсии ҷаҳон бо аз байн рафтани системаи ҷаҳонии сотсиализм ва шикаст  хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Агар  табаддулотҳои  глобалии гузашта  ба  ҷангҳои якум ва  дуюми ҷаҳонӣ оварда бошанд, шикаст хўрдани системаи ҷаҳони  сотсиалистӣ нисбатан ба таври осоишта гузашт, ки ин ба аз байн рафтани ҷанги сард асос гузошт.

Бо аз байн рафтани ҷанги  сард давраи  дуқутбаии сиёсати байналхалқӣ ба охир расид. Акнун  сиёсати ҷаҳонӣ як қутба шуд ва дар  ин сиёсат мақоми ИМА хеле назаррас мебошад.

Яке аз масъалахои муҳими сиёсӣ ин мувофик омадани принсипи дохилӣ ва берунии сиёсати давлатҳо мебошад.

Нақши пешбарандагии сиёсат дар муносибатҳои байналхалқӣ аз чунин шартҳо вобастагӣ дорад:

– муносибатҳои байналхалқию сиёсие,к ибо муносибатҳои иктисодӣ зич алоқаманд мебошанд;

– муносибатҳои байналхалқию сиёсие,  ки дар худ на ин ки  фишангҳои муҳими  идоракунии сиёсии байналхалқӣ, инчунин равандҳои ғайрисиёсии  байналхалқиро  фаро мегиранд(СММ ва ғайра);

– сиёсати байналхалқие,ки рўз то рўз  тамоюли  амиқи ҷаҳонӣ мегирад, барои  ба танзим  даровардани ин тамоюлҳо механизмҳои нав заруранд;

– сиёсати байналхалқие, ки дар тартиботи ҷамъиятии ҷаҳон тасири калон  расонида, барои амалиёти  давлатҳо ва дигар  институтҳои байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам  меоварад.

Имрўз  тамоми  ҷаҳон  ба минтақаҳои  таъсири сиёсии ин  ё он гурўҳҳо, блокҳо тақсим шудааст ва дар шароити  хеле душвор ва зиддиятнок муносибатҳои сиёсии байналхалқӣ ташаккул ёфта истодаанд.

Яке аз масъалахои муҳим сиёсати  байналхалқӣ ин масъалаи мустаҳкамшавии бехатарии ҷаҳонӣ мебошад, ки  дар асоси он бояд  яроқи ядроӣ дар ҷаҳон паҳн карда нашавад.

Таркиши сахти геополитики охири асри ХХ ба  хамаи масъалаҳои ҳалнашудаи инсоният таъсири калон расонид, ки онхо  чунинанд:

  • Масъалаҳои характери иҷтимоию сиёсӣ дошта; пешгирии чанги ядроӣ, қатъ намудани мусаллаҳшавии бошитоб, ҳалли моҷарохои минтақавӣ, байнидавлати, бунёди ҷаҳони бетаҳдид ва зўроварона, ба амал баровардани боварии байни халқҳо; мустаҳкам намудани бехатарии умум;
  • Масъалаҳое, ки характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд: бартарф намудани ақимонии иқтисодӣ, ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли бартараф намудани кризисҳои энергетикӣ, захираҳо ва озуқаворӣ; ба тартиб андохтани раванди демографӣ;
  • Масъалаҳои иҷтимоӣ-экологӣ: бехтар кардани муҳити зист, тоза кардани муҳити атроф ва атмосфера аз газҳои зарарнок, тоза кардани табиати зинда ва мурда; ба таври оқилона истифода бурдани бойгарихои зеризаминӣ ва захираҳои оби нўшокӣ, ҷангалзорҳо ва дигар наботот; пешгирӣ кардани  таъсири бади амалиётҳои ҳарбӣ ба табиат;
  • Масъалаҳои инсон: риоя намудани ҳуқуқи иҷтимоӣ, инкишофи мадании шахс, аз байн бурдани бегонашавии шахс аз табиат, ҷамъият, давлат ва натиҷаҳои фаъолияти  меҳнатӣ.   Ҷомеаи ҷаҳонро, ки  имрўз зиёда аз  6 млрд. одамон ва 230 давлатҳои хурду калон фаро гирифтааст, вазифадор аст, ки ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ диққати махсус диҳад ва  онҳоро бо назардошти манфиатҳои халқҳои тамоми ҷаҳон хал намоянд. Дар таҳким ва ҳалли ин масъалаҳо мақоми  ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтакавӣ хеле калон  мебошад. Махсусан дар ин раванд  нақши Созмони  Милали  Муттаҳид хеле назаррас  мебошад. Баъди  ҷанги  дуюми ҷаҳонӣ  бо ташаббуси мамалакатҳои  кооалитсияи  зидди гитлерӣ  рузи 24 октябри соли 1945  СММ ойинномаи худро ба  ҳукми қонун  дароварда,  ташаккул ёфт. Маркази СММ дар шаҳри  Ню-Йорк ҷо гирифтааст. Ташкилотҳои муҳимтарини СММ чунинанд: ассамблеяи  генералии СММ , ки дар кори он  ҳамаи  давлатҳои аъзои СММ  иштирок мекунад ва  қарор қабул менамоян. Ин ташкилот аз  15 аъзои Шўрои  бехатарӣ иборат мебошад, ки даҳтои онҳо доимӣ нестанд ва ҳар ду сол пас иваз карда  мешаванд. Давлатҳои  Чин, Русия, англия, ИМА ва Фаронса аъзоёни доимӣ он мебошанд.

Яке аз ташкилотҳои муҳими  СММ -Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  мебошад. Ташкилоти дигари он  Суди байналхалқӣ буда, маркази он дар  ш. Гаагаи Нидерландия ҷойгир   мебошад. Ташкилоти дигари он  Котиботи СММ буда, тамоми ҳуҷҷатҳои СММ, аз ҷумла  протоколҳо, шартномаҳо, содирот, воридоти аъзоҳақӣ ва  дигар корҳои муҳими СММ ро ба ҷо меорад ва дар муддати  панҷ сол  таъин  карда мешавад.

Инчунин чунин  комитетҳо ва комиссияҳо чун  ЮНЕСКО-оид ба масъалаҳои  маориф, маданият ва илм, ташкилоти байналхалқии  тандурустӣ (ВОЗ), Агентии байнихалқии асъор (МВФ), Агентии байналхалқии оид ба энергияи атом(МАГАТЭ), Конфедератсияи оид ба савдо ва тараққиёт(ЮНКТАД), ташкилоти байналхалқии мехнат(МОТ) –ро СММ фаро мегирад. Инчунин  беш 2500

ташкилотҳои ҷаҳоние мебошад, ки  бо масъалаҳои фурўши нефт, иқтисод, истифодаи  энергетика, Конфедерасияҳои исломӣ , Ташкилоти байналхалқӣ  политсияи  ҷиноятӣ(ИНТЕРПОЛ), Салиби сурх(МКК) вуҷуд доранд ва дар  раванди инкишофи муносибатҳои сиёсии ҷаҳонӣ  мақоми  калон доранд.

Дар  инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ як қатор тамоюлҳои ҷиддие ба амал  омадаанд, ки дар инкишофи  минбаъдаи  муносибатҳои байналхалқӣ таъсири мусбӣ мерасонанд:

  • Тамоюли ғайриидеологии шудани муносибатҳои байналхалқӣ.
  • Гузаштан аз зиддиятҳо баҳамкорӣ.
  • Аз байн рафтани ҳукмронии дуқутба, дар сиёсати ҷаҳонӣ.
  • Демократиякунонӣ ва гуманизатсиякунонии сиёсати  ҷаҳонӣ.
  • Васеъшавии муносибатҳои байналхалқӣ.

Чунин тамоюл имконият медиҳад, ки  аҳолии курраи замин ба воситаи ташкилотҳои байналхалқию минтақавӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ходимони алоҳидаи давлатию сиёсӣ масъалаҳои хеле нозуки ҳалталабро  бо хуби ҳал намоянд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.