Ҳамкории тоҷикистон дар доираи сҳш

  1. Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи СҲШ
  2. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи СҲШ

Дар сиёсати хоричи Чумхурии Точикистон дар бораи хамкорихои дучониба бо кишвархои хоричи хамчунин ба хамкорихои бисёрчониба бо созмонхои бонуфузи байналмилали ва минтакави, аз кабили Созмони Миллали Муттахид (СММ), Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САХА),Иттиходи Аврупо (ИА),Созмони шартномаи атлантикаи шимоли (СШАШ-НАТО), Созмони Конфронси исломи (СКИ), Созмони хамкории иктисоди (СХИ-ЭКО), ИДМ, ЕврАзЭС, Созмони Шартномаи амнияти дастачаъми (СШАД-ОДКБ) ва муассисахои  молиявии байналмилали ва минтакави, Бунёди байналмилалии асъор (ББА-МВФ), Бонки умумичахони (БУ), Бонки исломии рушд (БИР), Бонки аврупои рушд ва бозсози (БАРБ-ЕБРР) ва гайра афзалият медихад ва онро яке аз асоситарин самтхои фаъолияти худ мешуморад.

Чумхурии Точикистон пас аз дарёфти истиклоли давлати 2-марти соли 1992 дар Ичлоссияи 46-уми Мачмаи умумии СММ бо як овоз ба узвияти СММ, 26-феврали 1992 ба узвияти Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САХА), мохи декабри 1992 ба узвияти Созмони Конфронси исломи (СКИ), 28-ноябри 1993 ба узвияти Созмони хамкории иктисоди (СХИ), дар хамин сол ба узвияти Созмони байналмилалии хавошиноси, созмони умумичахонии тандурусти, Анчумани байналмилалии рушд, Ширкати байналмилалии молия, Агентии байналмилали оид ба тазмини сармоягузори, Бонки умумичахони бозсози ва рушд, Бунёди байналмилалии асъор, ЮНЕСКО, ЭСКАТО ва ЮНИСЕФ пазируфта шуд. Агар ба эълони истиклолияти давлати дар мохи сентябри 1991 Чумхурии Точикистон заминаи хукуки вуруди хешро ба чомеаи чахони ба сифати узви комилхукук ва фаъолияти (субъекти) хукуки байналмилали омода набуда бошад, бо шомил гардидани хеш ба созмонхои бонуфузтарини байналмилали ва минтакави амалан ба чомеаи чахони пайваст ва ба равандхои сиёсию ичтимои, иктисоди ва фархангии он шарик шуд.

Мутаасифона, Точикистон дар огози даврони дарёфти истиклолияти давлати ва ворид гардидани хеш ба чомеаи аз ду-се мохи пазируфта шудани хеш ба созмонхои бонуфузи байналмилали ва минтакавие, монанди СММ ва САХА дучори чанги шахрвандии тахмили гардид. Накши созмонхои байналмилали ва минтакави, ки кишвари мо узви комилхукуки онхо дар солхои 90-уми асри гузашта шуда буд, дар халли мусолиматомези низои Точикистон, будани шакл, халкунанда буд.

Миссияи СММ дар шахри Душанбе 1-феврали 1993 боз шуд.Аммо хамкории бевоситаи Чумхурии Точикистон хеле барвакттар хануз дар мохи сентябри 1992, яъне хамаги пас аз чор мохи чанги шахрванди дар ин кишвар огоз гардида буд. 18-сентябри 1992 бо даъвати рохбарони Точикистон ва бо супориши бевоситаи Дабири кулли СММ Бутрос-Голи ба Душанбе директори Департаменти масъалахои сиёсии котиботи СММ Раймонд Соммерейнс бо максади шиноси бо вазъи сиёсию ичтимоии Точикистон ва омода кардани гузориш аз он ба Дабири кулли СММ омад. Дар тули се рузи сафари хеш хайати мазкур бо Раиси Шурои Оли, и.в Президенти Точикистон А.Искандаров, вазири корхои хоричи Х.Холикназаров, намояндагони хизбхои сиёси, харакатхо ва чамъиятхои милли, харбиён ва сархадбонон ва козиёти Чумхури вохурда, дар сафоратхои ИМА ва Чумхурии исломии Эрон дар Душанбе сухбатхо дошт.

29-сентябри 1992 и.в.Президенти Точикистон, Раиси Шурои Оли А.Искандаров ба номи Дабири кулли СММ паём фиристод ва дар он зикр намуд, ки “дар танзими низои байни тарафхои даргир ва ба эътидол овардани вазъи чумхури ба ёри ва дастгирии чомеаи байналмилали умед мебандад”. Ин даъвати хукумати Точикистон аз тарафи Ичлосияи 47-уми Мачмаи умумии СММ дастгири ёфт. 28-октябри 1992 Шурои амнияти СММ вазъи Точикистон ва мавзуъ накши СММ дар танзими низои ин кишварро барраси намуд ва карор кард, ки ба Чумхурии Точикистон Миссияи нияти некро бо сардории намояндаи шахсии Дабири кулли СММ, директори Департаменти масъалахои сиёсии китоботи созмон Раймонд Соммерейнсро, ки як мох пештар аз Точикистон баргашта буд, дубора ба он кишвар бифиристад.

Дар санаи 20-ноябри 1992 Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов, ки хамаги як руз пеш аз ин дар Ичлосияи Хучанд ба ин вазифа интихоб гардида буд, дар нома ба унвони Дабири кулли СММ Бутрос Бутрос-Голи фиристодани хайати нозирони СММ-ро талаб кард. 23-декабри 1992 Шурои амнияти СММ карорро дар бораи ба Точикистон фиристодани хайати нозирон ба муддати се мох кабул намуд. Ва 21-январи 1993 хайати нозирони СММ дар Душанбе ба кор сар кард. 26-апрели 1993 Сафир Исмат Киттани Намояндаи Дабири кулли СММ дар Точикистон мукарар шуд. Хайати нозирони СММ дар Точикистон (ХНСММТ) дар зарфи 7- солу 4- мохи фаъолияташ дар хамкори бо хукумати чумхури кори зиёдеро на танхо дар мусоидат ба халли сиёсии низои точикон, балки дар арзёбии холати гуманитари, баргардонидани гурезахо ва дар нихояти кор дар танзими лоихахои баркарорсозии баъд аз низои ва рушди устувори кишвар ба анчом расонид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.