Глобализатсия ва шаклҳои идоракунии олам

 

Мулоҳизаҳои муосир, ки ба раванди муносибатҳои ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари амрикомарказӣ ва махсусияти он сарчашма мегиранд, такя ба ғояҳо ва тарҳҳои тотаҷрибавӣ ва махфидории ҳолати объективӣ  мекунанд, ки ҳокимияти умумиҷаҳонии барои глобалистон (глобократия) лозимаро пешбинӣ менамояд. Глобализатсия  ё худ раванди  ҷаҳонишавӣ, ки  асосҳои идеологии онро ғояҳои неолиберализм, сотсиал-дарвинизм, неокнсерватизми амрикоӣ, нажодпарастӣ ва кўшишҳои ташкил ва таъмини идорашавандагии олам ба манфиати глобократҳо ташкил медиҳанд, тамоюли интиқоли  ваколатҳои стратегии идоракунии давлатӣ ба зинаҳои фаромиллӣ мебошад, ки «ба сифати бесарусомонии идоршаванда, ҳамчун яроқи иҷтимоии ҷаҳондорони меҳвари системаи сармоядорӣ дар мубориза баҳри бадастории назорат аз болои олам истифода мегардад»[1].  Омили ҳавасмандкунандаи глобализатсия проблемаи махсусият (исключительность) ё худ имтиёзнокии Амрико мебошад, ки оқибатҳои ниҳоии онро муайян менамояд.  Тамоюлҳои калидии байналхалқии асри бистуяк, хусусиятҳои ташаккули тартиботи ҷаҳонии муосир,  мавқеи давлатҳои хурду бузург дар сиёсати байналхалқӣ, мавқеъ ва аҳамияти омилҳои энергетикӣ, ҳарбиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотиву технологӣ ва ғайра аз ҳалли проблемаи мазкур вобаста хоҳанд буд.  Моҳияти глобализатсия дар он аст, ки бояд ҳар як давлат на ба халқи худ, балки ба тиҷорати фаромиллӣ ҳамчун «канселярия»  ё  «аробача» дар «маркази савдои худ» хизмат намояд. Зери пардаи мафҳуми глобализатсия ҷанги репрессивии ҷаҳонӣ, лабораториякунонии инкишофи ҷаҳонӣ, ба «нафаси сунъӣ» гузаронидани инсоният, табдили олам ба анбуҳи глобалии кишварҳои стерилизатсиякардашуда  ва ба таври зурӣ дар чорчубаи якқутбият нигаҳдории олам  рафта истодааст, ки худро ҳақ бароварда натавониста истодааст. Глобализатсия ин таъмини олами якқутба ҳаст, ки имрўз ҳарду ҳам ба бўҳрон гирифтор гардиданд.

Муайяннамоии нисбатан амиқи глобализатсияро формулаи  «баҳамвобастагии нобаробар»  метавонад тақвият диҳад.  Ба ҳайси субъекти асосӣ, «мудири» раванди мазкур Ғарби пасосаноатӣ баромад мекунад, ки ба боқимонда олам ҳамчун ба  объект муносибат мекунад. Чунки «он муносибатҳое, ки мо онҳоро ҳамчун «азҳамвобастагӣ» муайян менамоем, ҳеҷ кафолате буда наметавонад, ки ба фоидаи тарафайн анҷом ёбанд»[2].  Дар Ғарб пинҳон намедоранд, ки глобализатсия танҳо ба давлатҳои мутараққӣ манфиат меорад. З. Бжезинский тасдиқ мекунад, ки «глобализатсия идеологияи ғайрирасмии элитаи сиёсиву кории  ШМА гардид: вай нақши Амрикоро дар олам муайян намуда, онро бо неъматҳои эҳтимолие, ки марҳилаи нав бо худ меорад, тавъам медонад».  Бо ошкорбаёнии бесобиқа нисбати нақши ШМА дар раванди глобализатсия Г. Киссинҷер дар яке аз маърузаҳояш чунин гуфт: «Таҳдиди асосӣ дар он аст, ки он чиро ки глобализатсия меноманд, дар асл мафҳуми нав барои ишоракунӣ, номи дигари (ба ҷои империализм) нақши  ҳукмрони Штатҳои Муттаҳида мебошад»[3].

Г. Киссинҷер   муаммои асосии марҳилаи ҳозираи глобализатсияро «ақибмонии ҷиддии глобализатсияи «сиёсӣ»  аз бахши иқтисодии он»[4]  меҳисобад. Чунки, бо назардошти системаи инкишофи ҷамъиятии имрўза – капитализм аз ҷиҳати иқтисодӣ системаи бесарҳад ё худ бозори ҷаҳонист. Аз руи тарҳи сиёсӣ бошад маҷмуи давлатҳост. «Насаби духтарии (аслии) глобализатсия» – ин бартараф кардани зиддияти (номувофиқатии) порча-порчагии сиёсӣ ва яклухтии иқтисодии  системаи сармоядорӣ  мебошад, ки вазифаи амалинашаванда аст.  Дар шароити нав  бартарафнамоии зиддияти мазкур дар шакли бунёди низоми нави глобалии иқтисоди тақсимкунанда – моҳиятан шакли бесобиқаи назорати қатъии «кишварҳои истеъмолкунанда» аз болои «кишварҳои истеҳсолкунанда» ба роҳ монда мешавад.  Кўшишҳои хастагинопазири нухбагони синфи сармоядории ҷаҳонӣ баҳри бартараф кардани монеаҳо  аз пеши роҳи сармоя  ва бунёди механизме чун ҳукумати глобалӣ (болосохти фаромиллӣ) аз ин ҷо сарчашма мегиранд, ки давоми асри XIX ҳамчун заминаи идорашавандагӣ ва тарҳрезишавандагии таърих пайдо шуданд ва ба ҳайси масъалаи таъхирнопазир гузошта шуданд.

Имрўзҳо нобурдбориҳо  дар самти  «демократикунонии олам», «мубориза бо терроризм», буҳрони иқтисодии олам,  дигаргунӣ дар тавозуни ҷаҳонии қувваҳо ба эрозияи гегемонияи амрикоӣ («передозировка однополярности») ҳамчун усули ташкили муносибатҳои байналхалқӣ оварда истодааст, ки натиҷаи лаззатбардории глобалии ШМА аз васвасаи идоракунии умумиэволютсионӣ мебошад.  Ҳолати мазкур элитаи Амрикоро маҷбур мекунад, ки  роҳҳои альтернативии беҳбудии миллӣ ва ҷаҳонсозиеро дарёфт намоянд, ки боз Амрико аз сари нав  қувваи бартариятдоштаи ҳукмрон гардад.  Барои ноилгардӣ ба ин ҳадафҳо ба Амрико шакли нави идоракунии олам  ва «нафасросткунӣ» лозим аст.  Дар ин бора роҳбари яке аз институтҳои зеҳнии геостратегияи амрикоӣ, «Шўро оид ба муносибатҳои байналхалқӣ» (Council on  Foreign Relations, CFR) Ричард Хаас  дар консепсияи беқутбии[5]   худ, ки дар он сохтори глобалии олам ва нақши субъектони  фаромилливу  Амрикоро дар  он дида баромадааст ва ҳамчунин олимони дигари амрикоӣ Чарльз Капчан ва Адам Маунт менависанд.  Аз нигоҳи  Р. Хаас марҳилаи пас аз барҳамёбии ИҶШС  марҳилаи якқутбӣ  не, балки лаҳзаи якқутбӣ  мебошад, ки камтар аз 15 сол давом кард. Ба андешаи ў олами якқутба  ба беқутба  иваз мешавад.  Тафовути хосаи олами беқутба  дар он зоҳир мегардад, ки  субъектони қавии марҳилаи мазкур на давлат, балки акторҳои ғайридавлатӣ, даҳҳо субъектони дигар, ки мансубияти муайяни давлативу фазои надоранд: шабакаҳои террористиву ҷиноятӣ, наркокартелҳо,  ташкилотҳои байналхалқӣ, содиркунандаҳои бузурги захираҳои энергетикӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бузургтарин ширкатҳои фаромиллӣ, қисмҳои ғайридавлатии ҳарбикунонидашуда, доираи васеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҳамчунин вирусҳои воқеиву виртуалӣ ва ғайра  мебошанд ва хоҳанд буд.  Ба андешаи Хаас, ҳоло ҳокимият дар даст ва маконҳои гуногун қарор дорад.  Беқутбигиро ҳамчун натиҷаи ногузири глобализация, ки «ҳаҷм, суръат ва аҳамияти ҷараёнҳои фароҳудудиро зиёд гардонид»,  муайян намуда, Ричард Хаас  қайд мекунад, ки «олами беқутбаро» худи Амрико ба вуҷуд овард.  Мутобиқан муносибати Хаас ба сиёсати ҷаҳонӣ гузариш ба концепцияи «бесарусомонии идорашаванда» мебошад, ки бо воситаи содироти нооромиву буҳронҳо ба амал бароварда мешавад.  Намунаи озмоишии боварибахши тағйири  муносибатҳои назариявӣ ба сиёсати ҷаҳонӣ  муносибат ба Шарқи Наздик гардид, ки субъектони ғайридавлатӣ (дар қатори онҳо  «Давлати исломӣ») дар миқёс ва шакли нав ба кор андохта шуданд.

Р. Хаас се омилро қайд мекунад, ки ба хотимаи лаҳзаи якқутбӣ тасир расониданд:

– субъектони наве пайдо шуда истодаанд, ки ин равандро боз доштан ғайри имкон аст;

– Амрико  бо  рафтори худ мавқеи худро заиф сохта сабабгори пайдоиши олами беқутба мегардад (бо назардошти ҷанги Ироқ);

– глобализация суръат, ҳаҷм ва аҳамияти ҷараёнҳои фароҳудудиро зиёд мекунад.

Хаас таъкид мекунад, ки муносибатҳои байналхалқии шакли нав бояд дар асоси равобити бисёрҷониба, мультилатерализм бунёд ёбанд, ки алоқаро на дар сатҳи давлатҳо, балки дар сатҳи он субъектоне, ки  барои ҳалли масъалаҳои тактикӣ  бо онҳо муттаҳид шудан муфид аст, бояд ба роҳ монд.  Аз ин бармеояд, ки ташкилоте чун СММ барои ҳалли бисёр масъалаҳо ҷалб карда намешавад.   Роҳбари  CFR,  Хаас,  дар воқеъ системаи вестфалии давлатҳои  миллиро  ба  нобуди  маҳкум  намуда,   дар як вақт   ғояи империяи Амрикоро инкор накарда онро ба сатҳи нав мегузаронад, ки он на ҳамчун давлати миллӣ, балки ҳамчун сохтори шабакавии муайян  фаҳмида мешавад.  Илова бар зикри марҳилаи беқутбӣ, Хаас боз оиди «беқутбии мувофиқакардашуда»  (согласованная бесполярность) мулоҳиза меронад, ки аниқтараш нақши Амрикоро дар мувофиқакунонӣ мебинад.      Ричард Хаас таъкид мекунад, ки «Бунёди клуби  марказӣ бо дарбаргирии  ҳукуматҳо ва дигар субъектони  ба мультилатерализм содиқ қадами бузурге ба пеш мегардид.  Инро «беқутбии мувофиқакардашуда» меномем».  Хаас мувофиқакунониро дар он мебинад, ки Амрико дар амалкарди худ ба розигии  дигар қудратҳо эҳтиёҷ надорад, ба он ёрии онҳо лозим аст, то ки муваффақият ба даст орад.  Дар маҷмуъ олами беқутбӣ ғояи назорат ва ҳукмфармоии глобалии Амрикоро рад  намекунад.

Ба андешаи Хаас, дар натиҷаи ҷанги Ироқ  нақш ва таъсири ШМА кам гардид.  Дар масъалаи камшавии иқтидори глобалии Амрико ҳаминро қайд кардан зарур меҳисобам, ки  бо иштироки Россия дар амалиётҳои ҳарбӣ дар мубориза бар зидди «Давлати исломӣ»  монополияи ШМА ва пайравони он  дар истифодаи қувва  барои дурнамои дарозмуддат вайрон гардид.   То ин вақт Амрико бо интихоби худсарона ба маконҳои муносибдида метавонистанд мушак партоянд,  зарба зананд ва бомбаборон намоянд.  Назорати  глобалии олам аз ҷониби Амрико маросимҳо ва механизмҳои навро талаб мекунад.  Чунки дар доираи як системаи рационалии ҷаҳонӣ  халқҳо ва ҳудудҳоро муттаҳид карда наметавонад.  Ба ҷои он принципи «бесарусомонии идорашаванда»-ро дар музофоти ҷаҳонӣ роҳандозӣ  ва механизми шабакавии назорати глобалиро  аз болои нуқтаҳои «рушди лозима» ба роҳ мемонанд, ки ҳадаф ва мазмуни консепсияи Хаас ҳам ҳамин мебошад.

Глобализация ин кўшиши таъмини  якқутбият мебошад. Он чиро  ки Хаас «беқутбӣ»  мегуяд,  махфидории ҳолати объективӣ,  намунаи ягонаи универсалии ғарбиро дар назар дорад.   Концепцияи беқутбии Хаас тасаввурот ва  гузариш ба ҳолати амрикомарказӣ дар низоми ҷаҳонӣ  мебошад ва фазои геополитикии умумиҷаҳонӣ дар тасаввуроти ў чунин тасвир шудааст, ки равандҳои калидии ҷаҳонӣ аз ҷониби ягона субъекте идора,  назорат ва ба самтҳо равона карда мешаванд, ки он фаъолияти хориҷии худро мустақилона  ва дар ҳолати ба худ муносибдида бо ёрии иттифоқчиён ва кишварҳои тобеъ ба Ғарб ба амал мебарорад.  Олами якқутбаи пас аз барҳамёбии Иттиҳоди Шўравӣ бунёдкардаи Амрико бо назардошти он ки аз ҳисоби буҳрони  иқтисодӣ-молиявии охир (2008)  ноустувор гардид, дар гузашта намемонад.  Амрико дар як вақт суверенитет ва  системаи хоҷагидориҳои миллиро вайрон карда, глобализацияи  умумии хоҷагидории ҷаҳониро дар асоси арзишҳои ғарбии англосаксонӣ  пеш  мебарад.

Оиди эҳтиёҷоти Амрико ба шакли нави идоракунии олам ва «нафасросткунӣ» олимони амрикоӣ Чарльз Капчан ва Адам Маунт дар мақолаи худ «Идоракунии автономӣ»[6] менависанд.  Ба андешаи онҳо Амрико нуфузи худро аз даст дода истодааст ва бояд  бо назардошти тағйирёбии воқеият дар муносибатҳои худ тағйирот дароварда ба сохтори давлатҳои гуногун, аз ҷумла ғайридемократӣ  аҳамият надиҳад.  Талаботи асосӣ – давлатҳо  бояд «хушинтизом» ва «масъул» бошанд, ки ин ба шаҳрвандони худ ситамгарӣ накарданро талаб менамояд.  Аз руи муайяннамоии муаллифон меъёрҳои «хушинтизомӣ»  инҳо мебошанд:  давлатҳо бояд ба беҳбудбахшии ҳаёти шаҳрвандони худ тибқи талаботи онҳо кўшиш намоянд; ба аҳолии худ ситам накунанд; аққалиятҳои миллиро дучори маҳрумият нагардонанд; ба терроризм мусоидат накунанд ва монанди инҳо.  Давлатҳои ба ин нишондодҳо ҷавобгў набуда  «дарранда», яъне ваҳшӣ  эълон карда мешаванд ва дар ин ҳолат роҳандозии «ҳуҷуми  профилактикӣ ва гуманитарӣ»  ба амал омада боиси эътироф мегардад.  Муаллифон менависанд, ки агар давлат «идоракунии худро ба манфиати шаҳрвандони худ ба роҳ монад, ба чунин давлатҳо   бояд кафолати истиқлолияти ҳудудӣ  дода шавад».  Капчан ва Маунт бо истифода аз талаботҳои возеҳ асоснокнакардашудаи «хушинтизомӣ»   ва  «беинтизомӣ»  мафҳуми «давлат-дарранда» – ро фаъол мегардонанд, ки чунин давлатҳо  дар қиёс бо давлатҳои «муртад»  ягон имконияти мавҷудияти шоиста  надоранд. Яъне ки «дарранда» маҳкуми маҳв мегардад, дар ҳоле ки «муртад» бошад бо муҳосира ва фишор раҳоӣ меёбад. Нисбат ба талаботи демократикунонӣ  дида ин меъёрҳо барои бунёди заминаи дахолати беруна муосидат мекунанд.  «Рафтори ваҳшиёнаро»  бо ҳар роҳ метавон ба вуҷуд овард, ки  амали ҷавобиро ба дунбол хоҳад овард.  Дар ягон давлат тоифа ё гурўҳе вуҷуд надорад, ки аз чизе шикоят нанамояд.  Рафти даҳсолаҳои охир нишон дод, ки ба шумори «дустон» ва «даррандаҳо»    ворид гардидан аз руи сатҳи тобеият ва кушодагӣ дар муносибат бо Амрико  ва омодагии ба он «туҳфа» кардани захираҳои табиӣ муайян мегардад.  Давлатҳои нофармонбардор ва дорои захираҳои  бой метавонанд сазовори тамғаи «дарранда» гарданд, ки ин  метавонад аз паи худ дахолати берунаро ба вуҷуд орад, давлат ё қисми ҳудуди он зери тобеият ва идоракунии беруна гузарад.    Аз он ки  ба давлатҳои «хушинтизом» суверенитетро лоиқ мебинанд, фақат ба онҳо боварӣ карда мешавад, ки  давлатҳои «даррандаро»   ҷазо диҳанд.  Аз эътирофи муаллифон бармеояд, ки Ғарб дигар имконияти дар алоҳидагӣ  идоракунии оламро надорад.   Онҳо   қайд мекунанд, ки қувваи Ғарб барои идоракунии бевоситаи олам (автономӣ ва бовосита лозим)  намерасад.

Онҳо интиқоли ваколатҳоро ба берун аз Ғарб (ба ғайр аз ШМА – Аврупо –Ҷопон),  бартариятан ба  сохторҳои минтақавӣ  зери роҳбарии кишварҳои «хушинтизом» ва «масъули» «ғайридемократӣ»   дар шакли «идоракунии бисёрҷониба» эътироф мекунанд. Маҳз ба субъектони минтақавӣ интиқол додани ваколатҳо дар ҳалли мушкилоти оламро муносиб мебинанд.  Яке аз вазифаҳои интиқоли ваколатҳо ба сохторҳои минтақавӣ дар зери роҳбарии кишварҳои авторитарӣ ин ба сарфакорӣ маҷбурнамоии онҳо ва маҳдудкунии рушди иқтисодии рақибон мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки  аз ташкилотҳои минтақавии Авру-Осиё  ёдовар намешаванд, дар ҳоле ки Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Ташкилоти Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ (ТШАД) дар бартарафсозии буҳронҳои минтақавӣ пуриқтидор ва босамар мебошанд.  Фикр мекунам, ки муаллифон бо такя ба бартарияти манфиатҳои ғарбӣ ва нодидагирии априории воқеияти муосир дар коркарди «идоракунии автономии» худ  пешакӣ хостаанд, ки дар дохили ташкилотҳои мазкур кишварҳои «нохушинтизом»  вуҷуд дошта бошанд.

Капчан ва Маунт талаб менамоянд, ки ташкилотҳои ғарбӣ (НАТО) бигузор берун аз ҳудудҳои минтақавии худ фаъолият накунанд ва ҳалли мушкилот дар дигар гушаҳои олам ба таври «идоракунии автономӣ» – ба кишварҳои ғайриғарбӣ ва авторитарӣ вобаста карда шавад. Чунин вонамуд мешавад, ки гуё институтҳои пештара ташкилкардашуда вуҷуд надоранд.

Муҳаққиқони амрикоӣ ошкоро қайд мекунанд, ки «Бо ба ҳисобгирии он далеле, ки  амалиётҳои дар Ироқ ва Афғонистон идомаёфтаистода аз Ғарб хароҷоти зиёдро талаб мекунад, махсусан дар шароити буҳрони иқтисодӣ ба ташкилотҳои минтақавӣ вогузор кардани ваколатҳои васеъ ба демократияҳои атлантикӣ имкон медиҳад, ки қисми бори гаронро бар души дигар иштирокчиёни раванди ҷаҳонӣ гузошт». Ба кишварҳои ғайриғарбӣ ва ғайрилибералӣ вогузор кардани вазнинӣ маънои онро надорад, ки Ғарб аз нақшаҳои моҳиятан тағйирнаёбандаи худ даст мекашад. Ин аз як танаффус беш нест, ки Капчан ва Маунт ба Амрико   эълон карданиянд:  «Парвариши иштирокчиёни нави раванди ҷаҳонӣ, ба бозингарони минтақавӣ ваколатгузорӣ кардани масъулият аз болои муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳамчунин гузариши иқтисоди ҷаҳонӣ ба таҳкурсии нисбатан устувор ба ШМА танаффуси лозимаро муҳайё мекунанд, то ки барои барқароркунии таҳкурсии пешрафти миллӣ худро ба даст гиранд».

Глобализация характери буҳронии сармояандузии глобалӣ мебошад. Бо сармоякунонии Хитой ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки олам пурра капиталистӣ гардид,  глобализация барои сармоя дигар ҳудудҳои нав пайдо кунонида наметавонад.  Амрико низ дигар  қувват ва воситаҳои бе ҷанг идоракунии оламро надорад.  Қариб чоряк аср инҷониб ҳарчи қадар Амрико ҳарбӣ кунонида шуда истода мавқеи оламро «танг» карда истодааст, ҳамон қадар мавқеъ ва иқтидори худро низ маҳдуд ва аз даст дода истоддаст.  Акнун Капчан ва Маунт шабеҳи «олами беқутбаи мувофиқакардашуда» – и Ричард Хаас бо каме  тафовут ва шеваи дигар аздастравии қобилияти гегемонии Амрикоро  дар тақсимнамоии уҳдадориҳо ба якчанд субъектони қавӣ – ҳамчун ақибнишинӣ дар  шакли идоракунии автономии олам институтсионалӣ карданро тавсия менамояд.  Ҳифзи манфиатҳои «глобалии»  Амрико ба роҳбарияти давлатҳои бузурги ғайримузофотӣ вогузор карда мешавад, ки онҳо бо дарёфти ваколат ва ҳуқуқҳои муайян  метавонанд дар муайяннамоиву муҷозоти «даррандаҳо», азхудкунии мустақилият ва захираҳои онҳо иштирок намоянд ва аз ҳиссаи маҳсулоти глобалии мусодирашуда баҳраманд гарданд. Ҳамин тавр як «плюрализми коллективӣ».

Ба ғайр аз ташкилотҳои минтақавии ТШАД ва ТҲШ, муаллифон Хитойро низ «надидаанд», ки он нақши тобеъро қабул намекунад. Капчан ва Маунт дар масъалаи чи тавр ба шакли автономии идоракунии олам (ШАИО) ҳамроҳ кардани Хитой ҷавоб дода наметавонанд.

Олимони амрикоӣ  дар доираи геополитикаи заиф  (постгеополитика) мулоҳиза меронанд, ки вазифаи он ба дигар тараф бурдани диққат аз болои сохти воқеии олам мебошад.  Тибқӣ геополитикаи заиф, пас аз аз байнравии девори Берлин, пас  аз аз байн бардоштани тақобул фарҳанги ғарбӣ  умумиҷаҳонӣ мегардад.  Баҳр, ки хушкиро шуста  вайрон мекунад, глобализация ҳам  ҳаммонандиҳои миллӣ-маҳаллиро ҳамшакл мегардонад.  Гўё дигар сарбанди ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Аммо худи далелҳои авзои воқеияти муосир ба чунин муносибат ва нигоҳи амрикоӣ ба олам мухолифт мекунанд.   Тасдиқ кардан мумкин аст, ки  гузариш ба ШАИО  интиқоли Ғарб ба олами нав мебошад, ки дар он мақоми бузургқудрати ягона вуҷуд дошта наметавонад. Идомаи пирўзии  хотимаёбандаи Ғарб (Амрико)  аз чи гуна суратгирӣ ва паси саркунии «танаффус»  ва ба дарозо кашидани раванди нигоҳдории «роҳбарии олами мувофиқакунонидашуда» вобаста аст.

Чи гунае, ки мо дар баҳодиҳии глобализация кўшиш накунем вай раванди олами якқутбаро мефаҳмонад.  Кўшишҳои ҳамаҷонибаи рўйпўшнамоии хусусияти якқутбии глобализация дар  баёни «демократикунонии муносибатҳои байналхалқӣ», «идоракунии автономӣ»,  «мувофиқакунонӣ»,  «бисёрҷонибагӣ» ва ғайра инъикос мегарданд.  «Бархурди тамаддунҳо», «Мубориза бар зидди терроризм»  ва акнун «даррандаҳо» – ин шиорҳо барои ҳақбарории зуроварие мебошанд, ки   Амрико  бо ба худ муносиббинии легитимияти болоҳуқуқӣ ва кўшиши табдили ҳуқуқи зурии худ ба ҳуқуқи универсалӣ  дар тамоми гушаву канори олам ва дар ҳар лаҳза ба он даст мезанад. Яке аз воситаҳои чунин ҳақбарорӣ  истеҳсолоти судии байналхалқӣ  ва системаи ҳуқуқии наве  мебошад, ки дар сатҳи глобалӣ бар ғояи «ҳифзи ҳуқуқи инсон» асос ёфтааст ва дар амалияи ҳуқуқии боломиллӣ ба аз байн бурдани истиқлолият ва  системаи ҳуқуқии кишварҳо  аз руи принсипи «ғайриқонунӣ, вале легитимӣ» нигаронида шудааст. Хотимаи маҷмўии асри бист ба таври боварибахш нишон медиҳад, ки  ҳама гуна шаклҳо ва натиҷаи якқутбабинии олам харобиовар мебошад. Яке аз муҳимтарин таркиботи ҷаҳонсозии  нави амрикоии  имрўза  ин мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ мебошад, ки худи Амрико  сабабгори пайдоиш ва эквиваленти маънавии  он мебошад.

Бо назардошти кўтоҳшавии вақт, США ҳамчун кластери ширкатҳо ва сохторҳои фаромиллӣ ҳама вақт кўшиш менамоянд, ки дар як вақт    якчанд стратегияро  пеш баранд.  Агарчи Хаас мегуяд,  ки ҳокимият дар даст ва  маконҳои гуногун қарор дорад,  Капчан бошад мегуяд,  ки онро бояд ба акторҳои «боэътимод»  тақсим кард. Дар ҳарду ҳолат ҳам стратегияи «нафасросткунӣ» дида мешавад. Олами беқутбаи Хаас  ин бесарусомонии идорашаванда мебошад, ки  яке дигареро пурра менамояд.  Ҳолати якқутба  дигар имконнопазир аст, аммо бесарусомонӣ ногузир аст, ки системаи нави муносибатҳоро ба вуҷуд меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати   Осиёи Марказӣ,  ки имрўз дар геоиқтисод (хатҳои коммуникатсионӣ, уран, газ, тилло, нефт) ва геополитикаи  ҷаҳонӣ ҳамчун минтақаи гузаргоҳи нақлиётӣ,  захираҳои обӣ,  интиқоли мухаддирот ва майдон барои мушкилсозии  Россия,  Хитой ва Эрону Ҳиндустон марказияти навро касб карда истодааст,  дар зери «микроскоп» ва дурбини  қудратҳои бузург  қарор дорад ва  дар  канори равандҳои глобализтсионӣ  нест ва буда ҳам наметавонад.  Бо  назардошти он ки имрўз аз нав ташкилдиҳии Шарқи Наздик ба ҳайси  воситаи мубориза баҳри тасарруфи Авруосиё рафта истодааст, сохтор ва қувваҳои манфиатдор  ҳаматарафа кўшиш ва чораандешӣ мекунанд, ки нооромиро дар Осиёи Марказӣ паҳн кунанд,  берун бароранд ва бо мушкилсозии Хитой алангаи нооромии минтақаи мазкурро бо алангаи  шарқиназдикии он аз руи принсипи бесарусомонии муташаккил пайваст намоянд. Аз ин ру шинохти «афзалият»  ва  номусоидиҳо дар равандҳои таъсиротии глобализатсионӣ ва шаклгириҳои нави олам хеле актуалист.

[1] Фурсов А. И. Русский мир в глобальном мире: внутренные и внешные факторы развития (Обзор докладов  на 17-м и 18-м заседаниях Русского интеллектуального клуба). // Знание. Умение. Понимание. 2008. № 2. С. 15.

 

[2] Роберт О. Кохейн,  Джозеф С. Най мл. Реализм и взаимозависимость. //http://lib.exdat.com/docs/957/index-10346-1.html

[3] Нигаред ба: Фурсов А. И. Как России выжить и победить в XXI веке? //http://devec.ru/almanah/futurology/935-andrej-fursov-kak-rossii-vyzhit-i-pobedit-v-xxi-veke.html

[4] Нигаред ба: Генри Киссинджер. Как сконструировать Новый мировой порядок. //http://www.globalaffairs.ru/global-processes/Kak-skonstruirovat-Novyi-mirovoi-poryadok-16911

[5] Ричард Хаас. Эпоха бесполярного мира. // Россия в глобальной политике. № 4, Июль-Август 2008.

[6] Чарльз Капчан, Адам Маунт. Автономное управление. // Россия в глобальной политике. № 3. 2009.   http://www.globalaffairs.ru/number/n13203

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.